Шарҳи Маснавӣ (154) – Баёни ҳақиқати самоъ

Мужда бурдани харгӯш сӯйи нахҷирон, ки шер дар чоҳ афтод (2)

* * *

Ҷонҳои баста андар обу гил,

Чун раҳанд аз обу гилҳо шоддил.

Ҷонҳое, ки дар зиндони обу гил ҳастанд, ҳамин ки аз обу гил ва ҷисмоният бираҳанд, шодмон ва дилшод шаванд.

Дар ҳавои ишқи Ҳақ рақсон шаванд,

Ҳамчу қурси бадр бенуқсон шаванд.

Ҷонҳое, ки дар ҳавои ишқи Ҳақ Таъоло мерақсанд, монанди моҳи комил ҳастанд ва ҳеч костӣ ва нуқсоне надоранд.

Баёни ҳақиқати самоъ

Яке аз одоби сӯфиён самоъ аст. Самоъ дар луғат ба маънои шунидан аст, аммо дар истилоҳи сӯфиён, иборат аст аз хондани овоз ва таронаи ирфонӣ тавассути як ё чанд нафар қаввол ва шунидан ва тавоҷуд кардани дигар ҳуззор дар маҷолиси зикри ҷалӣ. Гоҳ низ ин ашъор ва таронаҳо дастаҷамъӣ хонда мешавад ва маъмулан бо даффу наю танбӯру рубоб ҳамроҳӣ мегардад. Аз онҷо, ки истимоъи алҳони орифона ба ваҷду рақс меанҷомад, ғолибан нағмаҳои созу овозу тавоҷуду рақс ҷумлагӣ таҳти унвони “самоъ” қарор гирифтааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.437)

Ва аз онҷо, ки Мавлоно ва бисёре аз сӯфия ишқро ҷорӣ ва сорӣ дар тамоми коинот медонанд ва ҳаракати ҷаҳонро низ бар асоси ҳуббу ишқ ба камол тафсир мекунанд, самоъро низ рамзе аз ҳаракати камолии инсон мешумуранд.

Сӯфия ба хусус Мавлоно ақида доранд, ки рақсу самоъ аз гардиши ситорагон ва каҳкашонҳо гирифта шудааст. Албатта ин назар мубтанӣ бар орои Фисоғуриси ҳаким аст. Бинобар ин, самоъ ҳамоҳангии инсон аст бо ҳаракати куллияи мавҷудоти ҷаҳон. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.437)

Ба таври куллӣ, сӯфия дар боби самоъ орое мухталиф доранд. Ҷамъе бо он мухолифанд ва ҷамъе мувофиқ. Мавлоно аз мувофиқони рақсу самоъ аст. Мувофиқони самоъ дар аҳаммияти он гӯянд: “Самоъ сабаби ҷамъияти ҳоли соликон аст.” (Лубби лубоби Маснавӣ, с.343) Боз гуфтаанд, ки самоъ ороми дили ошиқон ва сурури синаи содиқон ва ғизои ҷони соирон ва давои дарди соликон аст. (Ҳамон манбаъ, с.343)

Шамси Табрезӣ гӯяд: “Ин таҷаллӣ ва руъяти Худо мардони Худоро дар самоъ бештар бошад.” (Мақолоти Шамси Табрезӣ, с.83)

Мавлоно ба самоъ сахт алоқаманд буд ва дар ҳар замону маконе самоъ барпо мекард. Овардаанд, ки Мавлоно рӯзе аз ҳаволии бозори заркӯбон мегузашт, ки садои заработи чаккуши заркӯбонро шунид ва шӯре аҷиб бар ӯ ғолиб шуд ва ногоҳ ба чарх даромад. Салоҳуддини Заркӯб ба шогирдони дӯконаш ишорат кард, ки лаҳзае ист накунанд ва даст аз зарб барнадоранд, то Мавлоно худ аз самоъ фориғ шавад. Гуфтаанд, ки Мавлоно аз вақти намози зуҳр то намози аср муттасилан дар самоъ буд. (Маноқибул-орифин, ҷ.1, с.429)

Албатта аҳли таҳқиқ ва яқин ва пухтагони тариқ самоъро барои ҳар касе таҷвиз накардаанд. Аз ин рӯ Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) самоъро ба се қисм тақсим кардааст:

Қисми аввал ва дуввуми онро, ки ғафлат мезояд ва авсофи замима падид меоварад, мардуд мешуморад. Ва танҳо қисми севвумро раво медонад. Қисми севвум он ки: дар дили вай сифате маҳмуд бошад, ки самоъ онро қувват диҳад. (Кимиёи саодат, ҷ.1, с.373) Ва ҳам ӯ гӯяд: “Бидон, ки самоъ аввали кор аст ва он дар дил ҳолате пайдо оварад, ки онро ваҷд гӯянд.” (Эҳёи улуми дин, ҷ.1, с.266)

Бинобар ин, аз ҳамон оғоз машойихи сӯфия ва акобири урафо самоъро барои ҳар касе ҷоиз намедонистаанд. Аз ин рӯст, ки Имом Қушайрӣ гӯяд: “Самоъ ҳалол нест, магар касеро, ки нафси вай мурда бошад.” (Тарҷумаи рисолаи қушайрия, с.102)

Бад-ин тартиб, агар Мавлоно самоъро мақбул ва маҳбуб шумурда аз он рӯст, ки вай марҳилаи “хомӣ” ва “пухтагӣ”-ро пушти сар ниҳода буд ва ба марҳилаи “сӯхтагӣ” даромада буд ва солиёне мадид бар тариқи риёзат ва таҳзиб ва такмили нафс сулук карда буд ва ба қавли худаш, “рӯшноии субҳ дамида буд, ки шамъро кушт”, вагарна самоъ бад-ин маънӣ нест, ки аҳли ғафлат ва батолат кори поконро қиёс аз худ бигиранд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.438)

Ҳақир (Сайидюнуси Истаравшанӣ) гӯяд: вуҷуди самоъи орифона имрӯза барои иддае Худобехабар баҳонае шуда, то ҳар рақсу суруд ва овозу нағмаи ҳаром аз назари шаръро дуруст ҷилва дода ва бадтар аз он, ба он чеҳраи шаръӣ ҳам бидиҳанд. Дар ҳоле ки он чӣ аз инон дида мешавад – ҳарчанд ба зоҳир шабоҳат ба самоъи орифона дошта ва раққосон хирқаи сӯфиёна бар тан намуда ва кулоҳи даровиша бар сар карда ва ҳаракоте шабеҳ ба самоъро аз худ ба намоиш мегузоранд – бидуни кучактарин шакке мардуд ва аз назари шаръ ҳаром ва ғайримуҷоз аст. Ва аз он сӯй ҳам, бархе аз муддаъиёни тариқат, ки фақат дар зоҳир ба сӯфия монанд буда вале дар ҳақиқат фарсахҳо аз омӯзаҳои ирфон ба дуранд ва аз тасаввуф ҷуз номашро намедонанд ва тариқатро низ аз падаронашон ба ирс бурдаанд, бо тартиб додани маҷолиси ба истилоҳ “зикр”, дӯкондорӣ мекунанд ва инон низ корашон агар нагӯем бадтар аз гурӯҳи аввал аст, лоақал метавон гуфт, дар ҳаром будан камтар аз раққосон ва овозхонҳо нестанд. Ва тибқи фармудаи Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р), маҷолис ва барномаҳои инон аз қисми аввал ва дуввум аст, ки ғафлат мезояд ва авсофи замима падид меоварад.

Ҷисмашон дар рақсу ҷонҳо худ мапурс

В-он ки гирди ҷон, аз онҳо худ мапурс.

Ҷисми самоъкунандагони ҳақиқӣ дар ҳоли рақс аст, вале аз ҷонашон суол макун, ки ҳақиқати авсоф ва аҳволи дарунии ҷони эшон дар баён намегунҷад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: