Ахлоқи ҷинсӣ (8, поёнӣ)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши поёнӣ

Ишқ ва иффат

Вил Дуронт мегӯяд:

Дар сар то сари зиндагии инсон, ба иҷмоъи ҳама, ишқ аз ҳар чиз ҷолиби таваҷҷӯҳтар аст. Ва таъаҷҷуб ин ҷост, ки фақат иддаи каме дар бораи реша ва густариши он баҳс кардаанд. Дар ҳар забоне дарёе аз китобҳо ва мақолот, тақрибан аз қалами ҳар нависандае, дар бораи ишқ пайдо шудааст ва чӣ ҳамосаҳо ва дромҳо (драмаҳо) ва чӣ ашъори шӯрангез, ки дар бораи он ба вуҷуд омадааст! Ва бо ин ҳама, чӣ ночиз аст таҳқиқоти илмии маҳз дар бораи ин амри аҷиб ва асли табиии он ва иллатҳои такомул ва густариши шигифтангези он…” (Лаззоти фалсафа, с.117)

Мо дар сафаҳоти қабл гуфтем, он чӣ маҷмӯан аз гуфтаҳои уламои қадим ва ҷадид дар бораи реша ва ҳадафи ишқ ва ягонагӣ ё дугонагии он бо майли ҷинсӣ истинбот мешавад, се назария аст. Ва гуфтем ишқ, ҳам дар ғарб ва ҳам дар шарқ аз шаҳват тафкик шуда ва амри қобили ситоиш ва тақдисе шинохта шудааст, вале ин ситоиш ва тақдис он тавр ки мо истинбот кардаем, аз ду ҷанбаи мухталиф будааст, ки қаблан тавзеҳ дода шуд.

Матлаби умда дар инҷо робитаи ишқ ва иффат аст. Бояд бибинем, ин истеъдоди олӣ ва табиӣ дар чӣ замина ва шароите беҳтар шукуфон мегардад? Оё онҷо, ки як силсила муқаррароти ахлоқӣ ба номи иффат ва тақво, бар руҳи марду зан ҳукумат мекунад ва зан ба унвони чизе гаронбаҳо дур аз дастраси мард аст, ин истеъдод беҳтар ба феълият мерасад ё онҷо, ки эҳсоси манъе ба номи иффат ва тақво дар руҳи онҳо ҳукумат намекунад ва асосан чунин муқаррароте вуҷуд надорад ва зан дар ниҳояти ибтизол дар ихтиёри мард аст? Иттифоқан, масъалае, ки ғайри қобили инкор аст ин аст, ки муҳитҳои ба истилоҳ озод, монеъи пайдоиши ишқҳои сӯзон ва амиқ аст. Дар ин гуна муҳитҳо, ки зан ба ҳоли ибтизол даромадааст, фақат замина барои пайдоиши ҳавасҳои онӣ ва муваққатӣ ва ҳарза шудани қалбҳо фароҳам аст.

Инчунин муҳитҳо муҳити шаҳват ва ҳавас аст, на муҳити ишқ ба мафҳуме, ки файласуфон ва ҷомеашиносон онро мӯҳтарам мешиносанд. Яъне он чизе, ки бо фидокорӣ ва аз худ гузаштагӣ ва сӯзу гудоз тавъам аст ҳушёркунанда аст, қувваҳои нафсониро дар як нуқта мутамаркиз мекунад, қувваи хиёлро пару бол медиҳад ва маъшуқро он чунон ки мехоҳад дар зеҳни худ расм мекунад, на он чунон ки ҳаст, халлоқ ва офаринандаи нубуғҳо ва ҳунарҳо ва ибтикорҳо ва афкори олӣ аст.

Беҳтар аст инҷо матлабро аз забони худи донишмандоне, ки тарафдори усули навине дар ахлоқи ҷинсӣ мебошанд, бишнавем. Вил Дуронт мегӯяд:

Юнонён шеъри ошиқонаро гарчӣ дар мавриди ғайри табиии он (ишқи мард ба мард) бошад мешинохтанд. Ва достонҳои “Ҳазору як шаб” нишон медиҳад, ки сурудҳои ошиқона аз қуруни вусто ҷилавтар буд, вале тарғиби иффат ва покдоманӣ аз тарафи калисо, ки ӯро ба иллати дур аз дастрас будан, ҷаззобият бахшид, мояи нузҷи ғазали ошиқона гардид. Ҳатто Ларошфуко, нависандаи нешзани бузург мегӯяд: “Чунин ишқе барои руҳи ошиқ монанди ҷон барои бадан аст…” Ин истиҳолаи майли ҷисмониро ба ишқи маънавӣ чӣ гуна тавҷеҳ кунем? Чӣ мӯҷиб мешавад, ки ин гуруснагии ҳайвонӣ чунон сафо ва лутф бипазирад, ки изтироби ҷисмонӣ ба риққати руҳӣ табдил шавад? Оё рушди тамаддун аст, ки ба иллати таъхир андохтани издивоҷ мӯҷиб мешавад, то амёли ҷисмонӣ бароварда нашавад ва ба даруннигарӣ ва тахайюл савқ дода шавад ва маҳбубро дар либоси рангоранге аз тахайюлоти амёли нобароварда ҷилвагар созад? Он чӣ биҷӯем ва наёбем азиз ва гаронбаҳо мегардад. Зебоии як шайъ чунон ки хоҳем дид, бастагӣ ба қудрати майл ба он шайъ дорад; майле, ки бо ирзо ва иқноъ заъиф мешавад ва бо манъ ва ҷилавгирӣ қавӣ мегардад.” (Лаззоти фалсафа, с.130)

Ҳам ӯ мегӯяд:

Ба ақидаи Вилём Ҷеймз, ҳаё амри ғаризӣ нест, балки иктисобӣ аст. Занон дарёфтанд, ки дастудилбозӣ мояи таъну таҳқир аст ва ин амрро ба духтарони худ ёд доданд… Занони бешарм ҷуз дар мавориди зудгузар, барои мардон ҷаззоб нестанд. Худдорӣ аз инбисот, ва имсок дар базлу бахшиш беҳтарин силоҳ барои шикори мардон аст. Агар аъзои ниҳонии инсонро дар маърази омм ташреҳ мекарданд, таваҷҷӯҳи мо ба он ҷалб мешуд, вале рағбат ва қасд ба нудрат таҳрик мегардид. Марди ҷавон ба дунболи чашмони пур аз ҳаё аст ва бидуни он ки бидонад, ҳисс мекунад, ки ин худдории зарифона аз як лутф ва риққати олӣ хабар медиҳад. Ҳаё (ва дар натиҷа азиз будани зан ва маъшуқ воқеъ шудани ӯ барои мард) подошҳои худро пасандоз мекунад ва дар натиҷа нерӯ ва шуҷоати мардро боло мебарад ва ӯро ба иқдомоти муҳим вомедорад ва қувваҳоеро, ки дар зери сатҳи ороми ҳаёти мо захира шудааст, берун мерезад.” (Ҳамон манбаъ, с.133)

Ҳам ӯ мегӯяд:

Имрӯз либосҳои сангини фишоровар, ки монанди мавонеъе буданд аз миён рафтаанд ва духтар имрӯз худро бо ҷасорати тамом аз дасти либосҳои мӯҳтарамонае, ки монеъи ҳамл буд раҳонидааст. Доманҳои кӯтоҳ бар ҳамаи ҷаҳониён ба ҷуз хайётон неъмате аст ва танҳо айбашон ин аст, ки қудрати тахайюли мардонро заъифтар мекунад. Ва шояд агар мардон қувваи тахайюл надошта бошанд, занон низ зебо набошанд!” (Ҳамон манбаъ, с.165)

Бертронд Росел дар китоби “Заношӯӣ ва ахлоқ” дар фасле, ки ба унвони “Ишқи румонтик” боз кардааст, мегӯяд:

Асли асосии ишқи румонтик он аст, ки маъшуқи худро бисёр гаронбаҳо ва ба даст оварданашро бисёр душвор бидонем… Баҳои зиёде, ки барои зан қоил мешуданд, натиҷаи равоншиносии ашколи тасарруфи вай буд.” (Заношӯӣ ва ахлоқ, с.36)

Ва низ мегӯяд:

Аз лиҳози ҳунарҳо мояи таассуф аст, ки ба осонӣ ба занон битавон даст ёфт ва хеле беҳтар аст, ки висоли занон душвор бошад бидуни он ки ғайри мумкин гардад… Дар ҷойе, ки ахлоқиёт комилан озод бошад, инсоне, ки билқувва мумкин аст ишқи шоирона дошта бошад, амалан бар асари муваффақиятҳои мутаволӣ ба воситаи ҷозибаи шахсии худ, нудратан ниёзе ба тавассул ба олитарин тахайюлоти худ хоҳад дошт.” (Ҳамон манбаъ, с.39-40) » (6)

Ва низ мегӯяд:

Касоне ҳам, ки афкори кӯҳнаро пушти сар гузоштаанд, дар маърази хатари дигаре дар мавриди ишқ ба мафҳуми амиқе, ки мо барои он қоилем қарор гирифтаанд. Агар марде ҳеч гуна родеъи ахлоқӣ дар баробари худ набинад, якбора таслими тамоюлоти ҷинсӣ шуда ва ишқро аз куллияи эҳсосоти ҷиддӣ ва авотифи амиқ ҷудо сохта ва ҳатто онро бо кина ҳамроҳ месозад.” (Ҳамон манбаъ, с.64)

Аҷабо! Оқои Росел дар инҷо дам аз ахлоқиёт мезанад. Мақсуди ӯ аз ахлоқиёт чист? Ӯ, ки иффат ва тақворо маҳкум мекунад, ҳатто издивоҷро монеъи ишқ, балки монеъи ҳеч гуна таматтуъ аз ғайри ҳамсари шаръӣ ва қонунӣ намедонад ва мӯътақид аст, ки зан фақат бояд коре бикунад, ки аз ғайри ҳамсари қонунӣ бордор нашавад. Ӯ, ки зиноро ҷуз дар сурати унф ва ё дар сурате ки садамаи ҷисмӣ бар тараф ворид шавад, муҷоз мешуморад! Ӯ, ки ахлоқро ҷуз татбиқ кардан ва ҳамоҳанг сохтани манофеи худ бо иҷтимоъ намедонад, ӯ, ки чунин фикр мекунад, чӣ тасаввури саҳеҳе аз ахлоқе, ки монеъ ва родеъи тамоюлоти ҷинсӣ ва парваришдиҳандаи эҳсосоти латифи ишқӣ бошад дорад?!

Ба ҳар ҳол, он чӣ мусаллам аст ин аст, ки муҳитҳои иштирокии ҷинсӣ ё шибҳииштирокӣ, ки оқои Росел ва амсоли ӯ пешниҳод ва орзу мекунанд, кушандаи ишқ ба мафҳумест, ки файласуфон аз он дам мезананд ва онро авҷи ҳаёт ва ҳадди аълои шӯри зиндагӣ мехонанд, аз ӯ ба унвони муаллим ва мураббӣ, илҳомбахш ва кимиё ёд мекунанд ва касеро, ки ҳамаи умр аз он бенасиб мондааст, лоиқи инсоният намешуморанд.

Ёдоварии ду нукта лозим аст. Яке ин ки: тафкики ишқ аз шаҳват ва ин ки ишқ, ҳам аз лиҳози кайфият, ҳам аз лиҳози ҳадаф, бо шаҳвати ҳайвонӣ ва ҷинсӣ муғойир аст, аз он ҷумла масоили руҳӣ аст, ки бо усули материалистӣ созгор нест, вале ба ҳар ҳол мавриди қабули касоне аст, ки дар масоили руҳӣ моддӣ фикр мекунанд. Росел якҷо эътироф мекунад, ки:

Ишқ чизе болотар аз майл ба равобити ҷинсӣ аст.” (Ҳамон манбаъ, с.62)

Дар ҷойи дигар мегӯяд:

Ишқ барои худ ғоят ва усули ахлоқии хоссе дорад, ки бадбахтона таъолими масеҳият аз як тараф ва инод алайҳи усули ахлоқии ҷинсӣ, ки қисмате аз насли ҷавон имрӯз толиби онанд (ва худи Росел оташафрӯзи ин инод аст!) аз тарафи дигар, онҳоро таҳриф ва вожгун месозад.” (Ҳамон манбаъ, с.65)

Нуктаи дигар ин ки: ба назар мерасад ин ҳолати руҳӣ, ки муғойир бо шаҳвати ҷинсӣ — лоақал аз лиҳози кайфият ва ҳадаф — шинохта шудааст, ду навъ аст ва ба ду сурати мухталиф зуҳур мекунад: яке ба сурати ҳолати пуршӯр ва пурсӯзу гудозе, ки дар натиҷаи дур аз дастрас будани маҳбуб ва ҳаяҷони фавқулъодаи руҳ ва тамаркузи қувваҳои фикрӣ дар нуқтаи воҳид аз як тараф, ва ҳукумати ифоф ва тақво бар руҳи ошиқ аз тарафи дигар, таҳаввулоти шигарфе дар руҳ эҷод мекунад, аҳёнан нубуғ меофаринд. Ва албатта ҳиҷрон ва фироқ шарти аслии пайдоиши чунин ҳолате аст ва висол мадфани он аст ва лоақал монеъ аст, ки ба авҷи шиддати худ бирасад ва он таҳаввулоти шигарфе, ки мавриди назари файласуфон аст ба вуҷуд оварад.

Ин гуна ишқҳо бештар ҷанбаи дарунӣ дорад. Яъне мавзӯи хориҷӣ баҳонае аст барои ин ки руҳ аз ботини худ биҷӯшад ва барои худ маъшуқе он чунон ки дӯст дорад бисозад ва аз дидгоҳи худ он тавр ки сохта — на он тавр ки ҳаст — бибинад. Кам-кам кор ба ҷойе мерасад, ки ба худи он сохтаи зеҳнӣ хӯ мегирад ва он хиёлро бар вуҷуди воқеӣ ва хориҷии маҳбуб тарҷеҳ медиҳад.

Навъе дигар, он меҳр ва риққат ва сафо ва самимияте аст, ки миёни завҷайн дар тӯли замон дар асари муоширати доим ва иштирок дар сахтиҳо ва сустиҳо ва хушиҳо ва нохушиҳои зиндагӣ ва интибоқ ёфтани руҳияи онҳо бо якдигар падид меояд. Агар иҷтимоъ пок ва ноолуда бошад ва таматтуъоти завҷайн ҳамон тавре ки усули ифоф ва тақво эҷоб мекунад ба якдигар ихтисос ёбад, ҳатто дар даврони пирӣ, ки шаҳват хомӯш аст ва қодир нест завҷайнро ба якдигар пайванд диҳад, он отифаи самимона сахт онҳоро ба якдигар мепайвандад.

Нафақа додани мард ба зан ва ширкати амалии зан дар моли мард, аз ҳама болотар ихтисоси конуни хонаводагӣ ба истимтоъоти (баҳрамандиҳои) ҷинсӣ ва ихтисоси муҳити бузург ба кор ва фаъолият, аз иллатҳои умдаи ин сафо ва самимият аст. Тадобире, ки ислом дар равобити завҷайн ва ғайра ба кор бурдааст сабаб шуда, ки дар муҳитҳои исломӣ — бар хилофи муҳити Урупои имрӯз — ин гуна самимиятҳо ва меҳру сафоҳо ва ишқҳо зиёд пайдо шавад.

Навъи аввал машрут ба ҳиҷрон ва фироқ аст, тозиёнаи фироқ руҳро ҳассостар ва оташинтар мекунад; бар хилофи ин навъ аз ишқ, ки мо онро сафо ва самимият меномем ва ихтисос ба завҷайн дорад ва дар асари висол ва наздикӣ камол меёбад.

Навъ аввал дар ҳақиқат парвоз ва куниш ва ҷазб ва инҷизоби ду руҳи мутабоъид (аз ҳам дур) аст ва навъи дуввум ваҳдат ва ягонагии ду руҳи муошир. Фаразан касе дар навъи аввал тардид кунад, дар навъи дуввум наметавонад тардид дошта бошад.

Дар ояти Қуръон, онҷо, ки пайванди завҷиятро яке аз нишонаҳои вуҷуди Худованди Ҳакими Алим зикр мекунад, бо калимаи “маваддат” ва “раҳмат” ёд мекунад (чунон ки медонем, “маваддат” ва “раҳмат” бо шаҳват ва майли табиӣ фарқ дорад), мефармояд:

وَمِنْ آیاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْواجاً لِتَسْكُنُوا إِلَیْها وَجَعَلَ بَیْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً

Яке аз нишшонаҳои Ӯ ин аст, ки аз худи шумо барои шумо ҳамсар офарид, то бо ӯ ором гиред ва миёни шумо меҳру муҳаббат қарор дод.” (Сураи Рум, ояти 21)

Мавлавӣ чӣ хуб ин нуктаро дарёфтааст онҷо, ки мегӯяд:

“Зуййина лин-нос” Ҳақ оростаст,

З-он чӣ Ҳақ орост, кай тонанд раст?

Чун пайи “яскун илайҳо”-ш офарид,

Кай тавонад Одам аз Ҳавво бурид?..

Инчунин хосийяте дар одамист,

Меҳр ҳайвонро кам аст, он аз камист.

* * *

Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад,

Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.

Вил Дуронт ин сафо ва самимиятро, ки пас аз хотимаи шаҳват низ давом пайдо мекунад, ин тавр тавсиф мекунад:

Ишқ ба камоли худ намерасад, магар он гоҳ ки бо ҳузури гарм ва дилнишини худ танҳоии пирӣ ва наздикии маргро мулоим ва матбуъ созад. Касоне, ки ишқро фақат майлу рағбат медонанд, фақат ба реша ва зоҳири он менигаранд. Руҳи ишқ ҳатто ҳангоме ки асаре аз ҷисм баҷо намонда бошад, боқӣ хоҳад буд. Дар ин айёми охири умр, ки дилҳои пир аз нав бо ҳам меомезанд, шукуфтагии маънавии ҷисми гурусна ба камоли худ мерасад.” (Лаззоти фалсафа, с.134)

Бо ҳамаи ихтилофе, ки миёни ин ду навъ ишқ вуҷуд дорад ва яке машрут ба ҳиҷрон аст ва дигаре ба висол, яке аз навъи нооромӣ ва кашиш ва шӯр аст ва дигаре аз навъи оромиш ва сукун, дар як ҷиҳат муштараканд: ҳар ду гулҳои ботаровате мебошанд, ки фақат дар иҷтимоъоте, ки бар онҳо ифоф ва тақво ҳукумат мекунанд, мерӯянд ва мешукуфанд. Муҳитҳои (иштирокии) ҷинсӣ ё шибҳииштирокии ҷинсӣ на қодиранд ишқ ба истилоҳи шоирона ва румонтик ба вуҷуд оваранд ва на метавонанд дар миёни завҷайн он чунон сафо ва риққат ва самимият ва ваҳдате — ки бад-он ишора шуд — ба вуҷуд оваранд.

Поёни китоб

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: