Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (28) – Руъяти Худо (5)

Нақду баррасии баъзе аз ҷумлаҳои матни Таҳовӣ

1. Имом Таҳовӣ мегӯяд: “Ва тафсири чунин дидоре, ба ҳамон гунаест, ки Худои Таъоло ирода карда ва дониста. Ва ҳар он чӣ дар ин замина аз ҳадиси саҳеҳ аз Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расида, ба ҳамон суратест, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуда ва маънояш ҳам ба ҳамон шакле аст, ки Худо ирода карда.”

Чунон ки пештар гуфта будем, Имом Таҳовӣ ва ҳамчунин ҷумҳури уламои аҳли суннат чун аз оғоз фарзро бар ин гирифтаанд, ки оёт ва ривоёти ворида дар бораи руъяти Худо аз сӯйи  мӯъминон дар рӯзи қиёмат, руъйати ба чашмон аст, ва аз тарафе ҳам, чун лозимаи қавл ба руъйати Худо ба чашмон, навъе қоил шудан ба ҷисмоният ва ҷиҳат доштани Худост, аз ин рӯ гуфтаанд: аввалан, чунин дидане бидуни кайфият аст, то ҳам аз ҳар гуна ишколе худро эмин нигаҳ дошта ва ҳам танзеҳи Худоро риоят карда бошанд. Ва сониян, дар мақоми тафсири чунин руъйате, гуфтаанд, бояд пойбанд ба ҳамон маъное бошем, ки Худо ва Расул (с) ирода кардаанд ва набояд поямонро фаротар аз он ниҳем.

Албатта, эшон гуфтанӣ нестанд, ки чун Худо дида мешавад, пас метавон зоти ӯро тасаввур намуд, балки муродашон ин аст, ки чун руъйат ба далели оят ва ривоятҳо собит мебошад, аз ин рӯ мо чорае ҷуз ин ки як навъ руъйатеро собит намоем, надорем. Аммо ин ки чунин руъйате ба чӣ кайфияте мебошад, бароямон маълум нест. Ва ба иборати дигар: мехоҳанд бигӯянд, мо на мисли Мӯътазила руъйатро аз реша нафй карда ва руъйати ворида дар оят ва ривоятҳоро таъвил мекунем ва на мисли Мушаббиҳа руъйатро як навъ иҳотаи илмӣ пайдо кардан ба Худо тафсир намоем.

Бар ҳамин асос аст, ки Имом Таҳовӣ дар идомаи суханонаш мегӯяд: “Ва мо ба таъвил ва дидгоҳҳои худ дар ин маҷол ворид намешавем ва аз рӯйи ҳавас ва хиёл ба таваҳҳум ва гумоназанӣ намепардозем.” Яъне, на бояд мисли Мӯътазила руъйатро ба маънои дигар ба таъвил бурд ва на мисли Мушаббиҳа чунин бипиндорем, ки Худо чун дида мешавад, пас метавон зоти ӯро дар зарфи пиндор тасаввур намуд. Аз ин рӯ таъкид мекунад: “Ва саҳеҳ (ва дуруст) намешавад имон ба руъйат (-и Худованд) барои аҳли дори салом аз барои он кас аз эшон, ки руъйатро “пиндор” (яъне тасаввури Худо дар зеҳн) лиҳоз намояд ва ё онро ба “фаҳм” таъвил кунад. Чун таъвили руъйат ва таъвили ҳар маъное, ки ба рубубият изофа мешавад, (бояд) ба тарки таъвил ва лузуми таслим (ва гарданниҳӣ ба ҳамон маъное, ки дар китобу суннат ворид шуда) бошад ва дини мусалмонон бар ҳамин асос (устувор) аст.”

Ва низ хотирнишон мекунад: “Зеро дар дини худ солим намонда магар касе, ки таслими Худо (Азза ва ҷалла) ва Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шуда (ва ҳама чизро ба онҳо вогузошта) ва дониши он чиро барояш муштабаҳ (ва ба таври дақиқ номаълум) шуда, ба олим (ва доно)-и он вогузор карда. Ва (бояд донист, ки) қадами (касе, ки) ислом (оварда) собит (ва побарҷо) нагардад, магар бар маркаби таслим ва гарданниҳӣ. Пас, ҳар ки қасди дониши чизеро намояд, ки дониши он аз ӯ мамнӯъ шуда ва фаҳмаш ӯро қонеъ ба таслим шудан (ва қабул кардан) насозад, чунин қасде ӯро аз тавҳиди холис ва маърифати соф ва имони саҳеҳ боздорад ва он гоҳ миёни куфру имон, тасдиқу такзиб ва иқрору инкор дудила ва дар ҳоли васваса, гумроҳ ва шаккок бимонад, на мӯъмини тасдиқкунанда ва на инкоркунандаи такзибсоз.”

Ҳол, мо гӯем: оре, ин дуруст аст, ки дар тафсири порае аз маорифи динӣ, бояд таслими сад дар сади Худо ва Расулаш (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шуд ва дониши онро ба олими он — ки ҷуз Худо ва Расулаш нестанд — вогузор кард. Ба унвони мисол, фаҳми ин ки фариштагон чӣ мавҷудоте ҳастанд ва ё ин ки аҳволи рӯзи қиёмат чӣ гуна хоҳад буд ва ё ин ки Меъроҷ ва Исрои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба чӣ шакл таҳаққуқ пазируфта ва аз ин қабил маориф, барои ҳеч касе ҷуз аҳли он муяссар нест. Ва иллаташ ҳам возеҳ аст, чун васоили маърифатӣ ва шинохтие, ки мо одамиён ба онҳо муҷаҳҳаз ҳастем, роҳе барои дарки ҳақиқати ин умур надорад, то ба онҳо пай бибарем.

Албатта, ин ба маънои он ҳам нест, ки чашмбаста ва бе бакоргирии ақл маорифи ёдшударо пазируфта бошем, балки чунин маорифе низ як такягоҳи ақлӣ ҳам доранд. Ва он ин ки: аз онҷо, ки мо ба далелҳои қатъии ақлӣ пазируфтаем, ки офаридгори ҳастӣ барои ҳидояти башар паёмбароне фиристода, то мардумро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунанд ва низ чун бароямон собит шуда, ки ҳар он чӣ дар китобҳои осмонӣ омада ва ҳар он чӣ паёмбарон мегӯянд, ҳама рост мебошад, аз ин рӯ вақте дар ин китобҳо ва ё дар суханони паёмбарони илоҳӣ маорифе ворид шуда бошад, ки мо натавонем ба ақли хеш ба моҳияти онҳо пай бибарем, роҳе ҷуз ин ки он маорифро бипазирем надорем. Ва далеле ҳам надорем, ки онҳоро − ба хотири он ки роҳе барои даркашон надорем − рад намоем. Зеро аз ҷониби касе содир шуда, ки суханонаш сад дар сад рост ва содиқ аст.

Аммо бо ин вуҷуд, бар хилофи ақидаи Имом Таҳовӣ, масъалаи руъйати Худо ба чашмон — ки эшон аз оғоз фарзро бар ин гирифтаанд, ки руъйати Худо дар қиёмат аз барои мӯъминон ҷуз ба чашмон нест — аз масоиле нест, ки дар ҳадди зоти худ маъқул буда, вале ҳақиқаташ бароямон номаълум бошад. Чунин нест. Балки руъйати Худо ба чашмон, аз маҳолоти ақлӣ аст, яъне ақл ба ҳукми қатъии худ, ба адами имкони он ҳукм мекунад (чунон ки дар мабоҳиси гузашта исбот кардем), на ин ки ба худии худ мумкин буда ва танҳо ҳақиқаташ бароямон номаълум бошад.

Асосан, дини ислом на чизи маҳоле гуфтааст ва на мӯъминонро ба қабули амри маҳоле мулзам сохта; зеро мулзам сохтан ба якчунин чизе, айни мулзам кардани мӯъминон аст ба адами тасдиқи асли дин ва кулли маорифи он.

Тавзеҳ он ки: агар дар китобҳои осмонӣ ва ё дар суханони паёмбарони илоҳӣ фаразан − ба фарзи маҳол − маорифе ворид омада бошад, ки бо аҳкоми қатъии ақл сари созгорӣ надоранд (на ин ки ақл тавоноии дарки онҳоро надорад, на, балки ақл ба ҳукми қатъии худ бар хилофи онҳо ҳукм намояд), дар чунин мавориде, таклифи мо чист? Масалан, фарз кунед − ба фарзи маҳол − ки китоби осмонӣ ва ё паёмбар гуфта, ки Худо дутост ва ё Худо камбуде дорад ва ё ин ки Худо мӯъҷизаи хешро ба дасти дурӯғгӯе — ки иддаъои паёмбарӣ ҳам мекунад — ҷорӣ месозад. Оё дар ин маворид, бо ин ки ақл бар хилофи онҳо ҳукм мекунад, аммо мо ба ин далел, ки гӯяндаи чунин суханон ростгӯст, бояд чашмбаста онҳоро қабул кунем ва нақши ақлро дар мавриди онҳо таътил намоем?

Посух ин аст, ки: аввалан, дар китобҳои осмонӣ − ақаллан дар китоби осмонии мо мусалмонон, ки ҳеч таҳрифе дар он роҳ наёфта − ва низ дар забони паёмбарони илоҳӣ, ба хусус Паёмбари Хотам ҳеч матлабе, ки бар хилофи аҳкоми қатъии ақлӣ бошад, вуҷуд надорад. Ва ҳатто он маорифе ҳам, ки аҳёнан зоҳирашон чунонанд ва баъзеҳо ба онҳо чанг мезананд, ё дар фаҳми онҳо диққати лозим нашуда ва саросемавор дар бораи онҳо доварӣ шуда ва ё ин ки аҳодисе, ки дарбардорандаи онҳост, мардуд ва мавриди инкор мебошанд.

Ва сониян, бар фарзи ин ки чунин маорифе дар китоб ва ё суннат вуҷуд дошта бошад − ва ҳол он ки вуҷуд надорад − лозимаи пушт кардан ба аҳкоми қатъии ақлӣ дар ин маворид ва қабули хилофи онҳо ин аст, ки роҳ ба сӯйи адами тасдиқи тамоми маорифи динӣ ва аз ҷумла адами тасдиқи паёмбарон дар иддаъоҳояшон, бароямон боз шавад.

Тавзеҳ ин ки: аз онҷо, ки аҳкоми қатъии ақлӣ (мисли 2X2=4 ва ё ин ки “ҳар маълуле иллате дорад” ва ғайра) истисно намепазиранд (яъне чунин нест, ки дар ҷойе ҳуҷҷат бошанд ва дар ҷойи дигар аз ҳуҷҷият биафтанд), аз ин рӯ агар дар ҷойе − ба ҳар далеле − ҳуҷҷияташонро напазирем, далеле надорад, ки дар ҷойи дигар барояшон ҳуҷҷият қоил бишавем. Бинобар ин, агар дар китоби осмонӣ ва ё дар суханони паёмбар матлабе ворид шуда бошад, ки бар хилофи ҳукми қатъии ақл аст, мисли ин ки бигӯяд, Худо дутост ва ё нақс ва камбуде дорад, агар мо дар инҷо чунин матлаберо ба ин далел, ки дар китоб ва ё суннат ворид шуда бипазирем ва ақлро (ки бар хилофи он ҳукм мекунад) аз ҳуҷҷият биандозем, чаро ҷоиз набошад дар асли ҳаққонияти китоби осмонӣ ва ё паёмбарии паёмбар ҳам (ки ақл ба онҳо ҳукм мекунад) аз ҳуҷҷият бияндозем? Ин аст, ки гуфтем, лозимаи қабули чунин чизе он аст, ки роҳ ба сӯйи адами тасдиқи асли дин ба рӯямон боз шавад.

Ба ҳамин далел аст, ки мегӯем, дар китоб ва суннат маҳол аст, ки матлабе ворид омада бошад, ки бар хилофи ҳукми қатъии ақл аст. Ва масъалаи мавриди баҳс низ — яъне масъалаи руъйати Худо — ки дар китоб ва суннат аз он сухан ба миён омада, руъйати ба чашмон нест, то мо биёем ва бигӯем, ки чун дар китоб ва суннат ворид шуда, роҳе ҷуз ин ки онро бипазирем надорем ва ақлро ҳам, ки мегӯяд чунин чизе маҳол аст канор занем. Зеро ақл қотеъона ба адами имкони он ҳукм мекунад.

* * *

2. Имом Таҳовӣ гӯяд: “Нест дар маънои ӯ касе аз халқ ва волост ӯ аз ҳудуд, ғоятҳо, рукнҳо, аъзо ва васоил, ӯро ҷиҳатҳои шашгона (боло, пойин, қафо, пеш, тарафи рост ва тарафи чап) дарбар нагирад, чунон ки соири (мавҷудоти) сохташударо (дарбар мегирад).”

Имом Таҳовӣ дар ин қисмат аз каломи худ мехоҳад ба Муҷассима ва Мушаббиҳа, ки руъйати Худоро як навъ иҳотаи илмӣ пайдо кардан ба Худо ва тасаввур шудани зоти поки ӯ тафсир кардаанд, посух диҳад, бад-ин тартиб, ки: лозимаи чунин тафсир ва бардошт, ҷисм донистани Худои Субҳон ва дар як ҷиҳат қарор гирифтани зоти поки ӯ мешавад, ки ба далели ақлу нақл мардуд аст.

Мо дар баҳсҳои гузашта ба ин нукта ишора карда будем, ки мафоҳиме, ки мо башар ба онҳо ошноӣ дорем ва ба кор мегирем, ё ҳикояткунандаи ҷанбаи камол мебошанд мисли мафҳуми вуҷуд, илм, қудрат, ҳаёт ва ғайра, ки дар истилоҳ ба онҳо “мафоҳими вуҷудӣ” гӯянд, ва ё мафоҳиме ҳастанд, ки ҳикоят аз ҷанбаи нуқсон ва камбуд доранд мисли мафҳуми нестӣ, ҷаҳолат, заъф, марг ва ғайра, ки дар истилоҳ ба онҳо “мафоҳими адамӣ” гӯянд. Ва низ ба ин матлаб ҳам ишора намуда будем, ки мафоҳими адамӣ ба ҳеч ваҷҳ дар мавриди зоти муқаддаси илоҳӣ ба кор намеравад, чун зоти поки ӯ комили мутлақ аст ва ҳеч нуқсон ва камбудие дар мавриди ӯ роҳ надорад. Оре, дар мавриди зоти поки ӯ метавон мафоҳими вуҷудиро ба кор гирифт, вале он ҳам ба гунае ки муносиб бо зоти поки ӯ бошад. Масалан, агар мо Худоро ба сифати илм ва ё қудрат васф менамоем, илм ва қудрати бепоёнро барояш қоилем.

Ва равшан аст, ки ҳадду марз доштан, ғоят ва ниҳоят доштан, дорои аъзо ва васоиле мисли дасту по будан, дар иҳотаи ҷиҳоти шашгона (боло, пойин, қафо, пеш, тарафи рост ва тарафи чап) қарор гирифтан, ҳамагӣ маъноҳое мебошанд, ки ҳикоят аз ҷанбаи адамӣ ва нуқсон доранд. Зеро лозимаи ин ки ҳадду марзе дошта бошем он аст, ки вуҷуди мо дар ҷойе поён ёбад ва ниҳояте дорад ва комил нест. Ва лозимаи он ки дасту по дошта бошем ин аст, ки мо ҷисм бошем ва қатъан ҷисм будан, яъне маҳдуд будан ва дар макон ва замон қарор доштан аст. Ва лозимаи ин ки дар иҳотаи ҷиҳоти шашгона қарор гирифта бошем он аст, ки дар ҷиҳати муайяне бошем.

Дар баҳсҳои гузашта хондем, ки Худои Субҳон зотест комили мутлақ ва маҳол аст, ки маъноҳои номбурда дар мавриди ӯ ҷараён пайдо кунад.

Аммо мутаассифона дар ҷаҳони ислом касоне будаанд ва ҳастанд, ки барои Худои Субҳон маъноҳоеро, ки дар мавриди инсонҳо ба кор меравад, ба кор мегиранд ва истидлол мекунанд, ки ин маъноҳо дар Қуръон ва суннат дар бораи Худои Субҳон ба кор гирифта шудааст. Дар яке аз баҳсҳое, ки гузашт, зимни фарқ гузоштан байни “зуҳури ҳарфӣ” ва “зуҳури ҷумалӣ” перомуни ин масъала ба тафсил сӯҳбат ба амал оварда будем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: