Шарҳи Маснавӣ (155)

Мужда бурдани харгӯш сӯйи нахҷирон, ки шер дар чоҳ афтод (3)

* * *

Шерро харгӯш дар зиндон нишонд,

Нанги шере, к-ӯ зи харгӯше бимонд!

Харгӯш шерро ба зиндон афканд. Нанг бар он шере бод, ки ба дасти як харгӯш ба банд афтад!

Дар чунон нангеву он гаҳ ин аҷаб,

“Фахри дин” хоҳад, ки гӯяндаш лақаб.

Шигифто, ки бо вуҷуди он ҳама айбу нанге, ки бар ӯ ворид шуд, мехоҳад лақаби Фахри динро низ ба ӯ диҳанд.

Нукта: Ҷамъе аз шореҳон “Фахри дин”-ро ишора ба Фахруддини Розӣ (маъруф аб Имом Фахри Розӣ), мутакаллим ва ҳакими илоҳӣ ва соҳиби тафсири “Кабир” (вафотёфтаи соли 606 ҳ.қ) медонанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.439)

Эй ту шере дар таги ин чоҳ фард,

Нафс чун харгӯш хунат рехту х(в)ард.

Дар инҷо ҳазрати Мавлоно ба наҳви иршод ба инсон хитоб меоварад, ки: он шери шикастхӯрда тамсили ту ва нақди ҳоли туст, ки дар жарфои чоҳи зулмонии тан ва нафсониёт танҳо ҳабс шудаӣ, ва харгӯш тамсили нафси аммораи туст, ки туро фиреб дод ва хунатро рехт ва табоҳ кард.

Нафси харгӯшат ба саҳро дар чаро,

Ту ба қаъри ин чаҳи чуну чаро.

Нафси аммораи ту ҳамчун харгӯш дар саҳрои амёл ва шаҳавоти дунявӣ мечарад, дар ҳоле ки ту ҳанӯз дар чоҳи торики қилу қол ва баҳсу ҷидол мондаӣ. Яъне, эй, ки раҳи афсона задаӣ! Нафси ту инон гусехтааст ва ту аз он ғофилӣ ва дил ба алфози пуртамтароқ хуш кардаӣ.

Сӯйи нахҷирон давид он шергир,

К-“абширу ё қавмӣ из ҷоал-башир.”

Он харгӯши шершикор ба сӯйи нахҷирон давид ва гуфт: мужда бодо, ки муждадиҳанда биёмад!

Нукта: Бофти мисроъи дуввум таркибёфта аз ибороти қуръонӣ аст, бад-ин тартиб, ки “абширу” (муждадиҳанда) аз ояти 30 сураи Фуссилат гирифта шудааст. Ва “ё қавмӣ” (эй қавми ман!) низ дар Қуръон фаровон омадааст. Ва “ҷоал-башир” (муждадиҳанда омад) низ аз ояти 96 сураи Юсуф ахз шудааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.439)

Устод Фурӯзонфар мӯътақид аст, ки зоҳиран мисроъи дуввуми байти ахир аз ин сухани Анварӣ баромадааст:

Абширу ё аҳла Нишобура из ҷоал-башир,

К-андар омад мавкиби маймуни Мансури вазир.

(Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.480)

Шакке нест, ки Анварӣ ҳам мисроъи аввали байти худро аз ибороти қуръонӣ ахз кардааст, бинобар ин беҳтар ҳамон аст, ки мисроъи дуввуми байти Мавлоноро муқтабас аз Қуръон бидонем.

Мужда-мужда, эй гурӯҳи айшсоз,

К-он саги дӯзах ба дӯзах рафт боз.

Эй гурӯҳе, ки ба айшу ишрат саргарм шудаед! Мужда бод бар шумо, ки он саги дӯзахӣ дубора ба дӯзах рафт!

Мужда-мужда, к-он адувви ҷонҳо,

Канд қаҳри холиқаш дандонҳо.

Мужда-мужда, ки қаҳри Худои Мутаъол дандони он душмани ҷонҳоро аз реша барканд!

Он ки аз панҷа басе саҳро бикӯфт,

Ҳамчу хас ҷорӯби маргаш ҳам бирӯфт.

Он шере, ки бо панҷаҳои маргбораш бисёреро саркӯб кард, инак ҷорӯби марг ӯро монанди хасу хошок аз арсаи зиндагӣ рӯфтааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: