Наводирул-вақойеъ (1)

Ба номи Худованди Маннон

Пешгуфтор

Ғолибан мо тоҷикҳо бо чеҳраҳои торихсози худ беш аз ин ки аз тариқи андешаҳои худи онон – ки дар китобҳо ва навиштаҳояшон намоён аст – ошно бошем, аз тариқи китобҳо, мақолот ва рисолаҳои илмӣ, ки муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон дар бораи онҳо навиштаанд ошно ҳастем; дар ҳоле ки ошноӣ бо як чеҳра ва афкори ӯ, аз лобалои навиштаҳои худаш, ба маротиб беҳтар аз он аст, ки ӯро аз равзанаи дидгоҳи касе дигар – бахусус як бегона — бишносем.

Ба илова, ҳар таҳқиқ ва пажӯҳише, ҳар андоза ҳам, ки соҳибаш дар кори худ диққат ба харҷ дода, аммо аз дахолатҳои андеша ва ҷаҳонбинии пажӯҳишгар дар нишон додани чеҳраи шахсияти торихӣ ва мунъакис кардани афкори вай масун намемонад, агар нагӯем дар порае аз таҳқиқҳо чеҳраҳо ва андешаҳояшон воруна нишон дода мешаванд. Бахусус дар китобҳо ва мақолоте, ки дар даврони Шӯравӣ дар бораи шахсиятҳои торихсози мо навишта шудааст, бештар метавон дахолатҳо ва воруна нишон доданҳоро мушоҳида кард.

Зеро ба далели сайтараи идеулужии ҳоким дар он даврон, яъне идеулужии кумунистӣ, чеҳраҳои торихӣ ғолибан ба унвони афроде, ки гӯӣ ҷаҳонбинии материалистӣ дошта ва идеяҳо ва “ғояҳои” кумунистӣ дар сар мепарварондаанд, муаррифӣ мешуданд. Дар он даврон, на шахсиятҳои адабии мо мисли Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ аз ин барчасбҳои беасос дар амон монда буданд ва на чеҳраҳои илмиамон назири Форобӣ ва Ибни Сино ва Берунӣ ва дигарон. Ва мутаассифона таҳрифи чеҳраҳо ва воруна нишон додани афкор ва андешаҳои онон, имрӯз ҳам, яъне пас аз истиқлол низ дида мешавад.

Бар ҳамин асос, роқими сутур мӯътақид аст, имрӯз ҷомеаи мо – бавижа донишҷӯёни азизамон — барои ошноӣ бо чеҳраҳои торихӣ ва андешаҳои онон, ба мутолеа ва хондани осори худи эшон ниёзманданд, то мутолеаи пажӯҳишҳо ва таҳқиқҳо дар бораи онон.

Албатта, қабул дорам, ки фаҳми дақиқи порае аз осор, бахусус осори илмӣ ва фалсафии донишмандоне назири Ибни Сино ва ё Форобӣ, ҷуз барои мутахассисон ва коршиносон муяссар нест, ва ҳатто фаҳми осори ғайриилмӣ низ ба далели забонашон, барои ҳамагон саҳлу осон намебошад. Ба ҳамин ҷиҳат, имрӯз яке аз вазоифи муҳимми коршиносон ва мутахассисон ба назари банда, барӯз кардани забони ин осор аст, албатта бидуни ҳеч гуна дахлу тасарруф. Дар бораи чигунагии барӯз кардани забони осор, ба зудӣ нукотеро ёдоварӣ хоҳам кард.

* * *

Аллома Аҳмади Дониш бетардид яке аз шахсиятҳои торихсози мо тоҷикҳо ба шумор меравад. Дар бораи ин шахсият ва муаррифии ӯ ва андешаҳояш, корҳои илмии зиёде дар замони Шӯравӣ анҷом гирифта ва бахусус талошҳои марҳум дуктур Расул Ҳодизода дар ин замина қобили тақдир ва таҳсинбарангез аст. Шояд ҳеч муҳаққиқе ба андозаи эшон дар муаррифии Аллома ва осори ӯ, чӣ ба забони тоҷикӣ (хатти кирил) ва чӣ ба русӣ, ҳиммат нагумошта; ҳарчанд ин таҳқиқот ва пажӯҳишҳо низ аз дахолати ҷаҳонбинии нависанда дар муаррифии чеҳраи воқеии Аҳмади Дониш ва андешаҳои ӯ масун намондааст.

Аммо муҳимтарин коре, ки дар ин маҷол сурат гирифта, баргардони китоби “Наводирул-вақойеъ” – умдатарин асари Аллома Аҳмади Дониш – аст аз хатти тоҷикӣ (порсӣ) ба хатти кирил бо кӯшиш ва таҳрири марҳум дуктур Расул Ҳодизода ва марҳум Алиқул Девонақулов, ки соли 1988 Интишороти “Дониш” ба чоп расонида. Аҳаммияти ин талош бавижа дар ин аст, ки шумо метавонед бо Аллома ва андешаҳои ӯ, бевосита ошно бишавед. Албатта чизе, ки ҳаст ин аст, ки бо мутолеаи ин матн ва ба ин сабк аз нигориш, баъид аст як хонандаи оддӣ ва ҳатто як донишҷӯ – на мутахассис ва коршинос – битавонад ба умқи он чӣ нависанда дар ин асари гаронбаҳояш яъне “Наводирул-вақойеъ” оварда пай бибирад. Ба унвони намуна, Аллома китобашро бо ин ҷумлаҳо оғоз карда:

Ҷавоҳири обдори ҳамду сано нисори атабаи уббуҳати султони қоҳири шомилқудрате, ки ҳоҷиби боргоҳаш Ҷабраил ва ақли кулл аст. Ва лаолии шоҳвори маҷду уло дисори суддаи салтанати қаҳрамони қодири комилиродате, ки ноиби даргоҳаш инсон “хулосаи обу гил ба маҳзи мавҳибати бе иллат Одамро воситаи эҷод ва ихтироъ гардонид ва хилъати хилофат дод ва тоҷе аз лавлок бар сараш ниҳод, то мунтазими низоми олами мулку малакут бошад...”

Ин чанд ҷумла, ки ҳудудан аз 58 вожа ташкил шуда, 37 вожаи он арабист, яъне беш аз 60 дарсади он вожагони арабист. Ва ба ҳамин қиёс аст боқимондаи ҷумлаҳои ин китоб. Аз ин рӯ, лозим аст ин асар барӯз гардад, то фаҳми он барои умум муяссар бишавад. Яъне бидуни ҳеч гуна дахлу тасарруф дар маъно ва мазмун ва ё шарҳу тавзеҳ (зеро ин асар аслан ниёз ба шарҳ надорад), танҳо забонаш бояд ба забони равони имрӯзи тоҷикӣ (порсӣ) табдил гардад.

Албатта, манзури мо аз барӯз кардан ва табдили забони ин асар ба забони имрӯз, ба ҳеч ваҷҳ “рӯзбакӣ” кардани он нест. (“Рӯзбакӣ” истилоҳест, ки бархе аз дӯстон барои забони роиҷ дар Тоҷикистони замони Шӯравӣ ниҳода.) Зеро ин кор як навъ масх кардани забони тоҷикӣ (порсӣ) аст. Балки мурод ин аст, ки забони ин асар забони тоҷикии (порсии) роиҷи имрӯз (забони меъёр) гардад; забоне, ки имрӯза барои ҳамагон қобили фаҳм аст ва китобҳо ва мақолот ва пажӯҳишҳо ва ҳатто бештари расонаҳо ба он менависанд.

* * *

Аз ин ҷо буд, ки банда – ба далели бархӯрдорӣ аз фароғати боли бештар дар имрӯзҳо — бар он шудам, то забони ин китоби гаронбаҳоро барӯз бикунам, то ҳамагон битавонанд ба маъноҳо ва мазмунҳои волои ин китоб огоҳ ва бо афкор ва андешаҳои Аллома Аҳмади Дониш ва саҳми ӯ дар тағйир ва дигарсозии биниш ва маърифати рӯшанфикрони тоҷик дар он замон ошно бишаванд.

Бино надорам дар ин пешгуфтор дар бораи кистии Аллома Аҳмади Дониш ва чистии афкор ва андешаҳои ӯ чизе бинависам. Зеро чунон ки дар оғози ин пешгуфтор ёдовар шудам, беҳтарин ва некӯтарин роҳ барои ошноӣ бо як шахсият ва афкори ӯ, мутолеа ва хондани осори худи ӯст, то хонанда худаш дар ин замина ба қазоват ва доварӣ бипардозад.

Дар поёни ин пешгуфтори кӯтоҳ лозим аст чанд нуктаро ёдовар бишавам:

1. Аз онҷо, ки такягоҳи банда дар ин талош, баргардони “Наводирул-вақойеъ” аз хатти тоҷикӣ (порсӣ) ба хатти кирил – ки ба кӯшиши марҳум дуктур Ҳодизода ва Алиқул Девонақулов сурат гирифтааст – мебошад, аз ин рӯ дар ибтидо қисмате аз гуфтори Девонақулов дар муқаддимаи ин китобро, ки дар бораи нусхаҳое аст, ки дар баргардони худ ба онҳо такя кардаанд, меоварам;

2. Равиши мо ба ин сурат хоҳад буд, ки ибтидо матолиби китоб ба забоне равон, яъне забони тоҷикии (порсии) имрӯзин баён ва сипас дар зайли он, айни ҳамон матолиб чунон ки дар матн омада (яъне забони асл) оварда хоҳанд шуд, то хонанда бо муқоисаи онҳо ҳамзамон битавонад бо забони Аллома ошноӣ пайдо кунад;

3. Дар мавориде, барои фаҳми матлаб ниёз аст баъзе аз вожаҳо таъриф бишаванд; вожаҳое, ки манзури муаллиф на маънои луғавии онҳо, балки маънои истилоҳии онҳо будааст, ки зоҳиран пеши доноёни он замон шинохташуда буда ва лизо Аллома тавзеҳашон надода. Аз ин рӯ, ҳарҷо лозим буд, тавзеҳ хоҳем дод;

4. Нуктаи дигар он ки дар баргардони ин китоб ба хатти кирил, дар мавориде ба иштибоҳ роҳ дода шуда, яъне як вожаи арабӣ нодуруст ба кирил багардон шуда ва ё дар мавориде ҳам, нуқта ё вергул дар ҷойе муносиб қарор нагирифта, ки гоҳе дар фаҳми мазмун таъсиргузор ҳастанд, аз ин рӯ, агар дар матне, ки хоҳем овард, тафовуте бо матни чопи Интишороти “Дониш” дида бишавад, иллаташ ҳамин аст;

5. Баргардони “Навоидрул-вақойеъ”, ки бо талоши дуктур Ҳодизода ва Девонақулов анҷом гирифта, бо вуҷуди ин костиҳои ҷузъӣ, аммо аз назари мутобиқат бо асли китоб — ки ба дасти худи Аллома навишта шуда – мувассақтарин матн аст ва марҳум Девонақулов низ дар муқаддимаи хеш ба он ишора кардаанд. Ва шояд ба ҳамин далел буда, ки дар таҳияи он ба хатти порсӣ, муҳаққиқони эронӣ беш аз он ки ба нусхаи порсии он такя бикунанд, ба ҳамин матни дуктур Ҳодизода ва Девонақулов такя кардаанд;

6. Нуктаи ахир он ки лозим медонам тақдир ва ташаккури амиқи худро ба азизоне, ки дар ин кор бандаро кӯмак мекунанд ва дӯст надоранд аз эшон ном бибарам, иброз бидорам. Баъзе аз дӯстон заҳмати тойпи асли китобро ба ӯҳда гирифтаанд ва баъзеи дигар ҳам, аз назари молӣ моро дар ин амри хайр дастгирӣ фармуданд. Аҷрашон бо Худо!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

15 озармоҳи соли 1395 мусодиф бо 5 декабри 2016



Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: