Наводирул-вақойеъ (2)

Бахше аз пешгуфтори марҳум Алиқул Девонақулов

Аҳли илму адаб ва умуман хонандаи тоҷик то имрӯз бо баъзе фаслу бобҳои “Наводирул-вақоеъ” аз рӯи нашри осори мунтахаби ӯ шиносо буд. Дар соли 1957 Р. Ҳодизода бо унвони “Порчаҳо аз Наводирул-вақоеъ” бори аввал аз осори Дониш мунтахабе ба табъ расонд, ки хонандагони тоҷик аз он намунаҳои беҳтарини ин асарро мутолиа намудаанд. Баъди ду сол, яъне соли 1959 муаллифи номбурда маҷмӯаи дигареро бо унвони “Асарҳои мунтахаб” нашр намуд, ки дар он бобҳои наве аз “Наводирул-вақоеъ” ва матни қариб пурраи рисолаи таърихии “Таърихча”-и Аҳмади Дониш дохил шуда буд. Дар соли 1960 бо унвони “Путешествие из Бухары в Петербург”, (тарҷумаи М. Н. Османов ва Л. Н. Демидчик, таҳияи матн аз Р. Ҳодизода), мунтахаби осори Аҳмади Дониш ба забони русӣ чоп шуд ва дар он чандин бобҳои “Наводирул-вақоеъ” ба русӣ гардонда шуд. Аммо нашри мукаммал ва илмию интиқодии ин асар то имрӯз анҷом нагирифта ва барои ин шароиту заминаи зарурӣ ҳам ҳозир набуд.

Аз ин рӯ ба муносибати ҷашни 150-солагии (с. 1976) таваллуди ин донишманди закӣ ходими Сектори Нашри Осори Фалсафии Шӯъбаи Фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон барои тайёр кардани матни илмӣ-интиқодии “Наводирул-вақоеъ” ба ҳуруфоти имрӯзаи тоҷикӣ ва дертар ба ҳуруфоти арабӣ қарор қабул карда, ба кор шурӯъ намуданд.

Дар захираҳои дастнависҳои Иттифоқи Советӣ то ҳол вуҷуд доштани ҳашт нусхаи “Наводирул-вақоеъ” маълум аст. Аз ҷумла як нусха таҳти рақами В-176 дар ШЛ ИШ, чор нусха таҳти рақамҳои № 2095, 4266, 814, 5693/XII дар Тошканд ва се нусха таҳти рақамҳои 2012, 761, 862 дар Душанбе (Институти Шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон) маҳфуз мебошанд. Дар байни ин нусхаҳо дастнависи В-716-и ШЛ ИШ дастхатти худи муаллиф буда, арзиши бузурги илмӣ дорад. Вале чунон ки адибон қайд намудаанд, Аҳмади Дониш худ боз чанд таҳрири “Наводирул-вақоеъ”-ро доштааст, таълифи онҳоро дар вақти ҳаёташ анҷом дода будааст.

Дар натиҷаи муқобала ва тасҳеҳ равшан гардид, ки нусхаи рақамҳои 2012, 761-и Институти Шарқшиносии Тоҷикистон аз нусхаҳои беҳтарин мебошанд. Аз ин ҷиҳат, нусхаи в-716-и ШЛ ИШ, ки бар хатти худи Аҳмади Дониш китобат шудааст, асоси матни ин нашр интихоб шуда, нусхаҳои 2012 ва 761-и Душанбе барои такмил ва тасҳеҳи матн интихоб гардид.

Дар натиҷа матни илмӣ-интиқодие, ки ҳоло хонандагони арҷманд дар ихтиёр доранд, дар асоси ҳамин се нусхаи мӯътабар мураттаб гардидааст. Нусхаи В-716, ки соли 1209 ҳ. (1881 м) навишта шудааст, асосан саҳв надошта баъзан гузаштҳои қаламӣ дорад, ки аз онҳо матни дастнавис халалпазир нагардидааст. Нусхаи рақами 2012 ба фармудаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё дар соли 1316 ҳ. (1908 м) аз ҷониби Абдулвоҳид ибни Бурҳон (Мунзим) китобат шудааст. Ин нусха яке аз нусхаҳои беҳтарини “Наводирул-вақоеъ” мебошад, ки дар он низ саҳви ҷиддие роҳ наёфтааст. Нусха бо аломати шартии “А” ишора мешавад.

Нусхаи рақами 761 аз ҷониби котибон – Мирзо Қамар ва Ҳабибулло Махдум дар соли 1355 ҳ. (1936 м) китобат шудааст. Ин нусха аз ҷиҳати сиҳҳати матн нисбат ба нусхаи 2012 каме пасттар меистад, вале аз дигар нусхаҳои “Наводирул-вақоеъ” хуштар ва хонотар аст. Мо ин нусхаро бо аломати шартии “Б” ишора намудем.

Тарзу услуби матни интиқодии ҳозиршудаи “Наводирул-вақоеъ” асосан ба талаботи тайёр намудани матни интиқодии маъмулӣ мувофиқ аст. Бинобар он ки мо дар ихтиёр қариб ду навъи асарро дорем, яъне нусхаи В-716-и асоси корро ташкил дода аз нусхаҳои таҳрирёфта тафовут дошта, аз бисёр порчаҳою қисматҳо холӣ буда дар он тағйиру табдили калима, ибора ва ҷумлаҳоро фаровон дучор меоем. Дар натиҷа ба тайёркунандагони матни илмӣ-интиқодӣ лозим омад, то ки он қисматҳою порчаҳо ва калимаю ибораҳои дар нусхаҳои “А” ва “Б” мавҷуда, ки барои такмил додани маънои матни нусхаи асосӣ хидмат менамуданд, дохил кунанд. Калима, ибора, ҷумла ва порчаҳое, ки аз ду нусхаи сонӣ ба асл ворид гардиданд, ба қавси чоркунҷа [] гирифта шуданд. Агар калима, ибора, истилоҳ ва ҷумлаю порчаҳо аз нусхаи “А” дохил шуда бошанд, бо аломати қавси чоркунҷаи нуқтадор []* ва агар аз нусхаи “Б” бошанд, он гоҳ бо аломати қавси чоркунҷаи дунуқтадор []** ишора шудаанд. Тафовут ва тобишҳои маъноӣ доштани ин ё он калима, ибора ва қисмати ҷумлаҳо дар поварақ бо нишондоди рақамҳо оварда шудаанд. Бинобар зарурати нашриёт ҳар як боби асар алоҳида ба тариқи муттасил шуморагузорӣ шудааст. Ин ё он калимае, ки маъноро халалпазир карда, ба ҳусни китоб зарар меовард, қайд нагардидаанд. Калимаи дар нусхаи асл буда, вале дар ду нусхаи ёрирасон вуҷуд надоша, бо аломати ситорача (*) ишора шуд. Ибора, истилоҳ, ҷумла ва порчае, ки дар нусхаи асл буда, вале дар нусхаҳои “А”, “Б” вуҷуд надошта бошанд, дар болои калимаи аввал аломати ситорачаи дефисдор (*-) ниҳода дар охири он аломати ситорача (*) гузоштан раво дониста шуд.

Агар калима танҳо дар нусхаи “А” вуҷуд надошта бошад, он гоҳ бо аломати ситорачаи якнуқтадор (*.) ишора карда шуд. Ҳамин воқеа бо нусхаи “Б” рӯй дода бошад, бо аломати ситорачаи дунуқтадор (*..) ишора кардем. Дар мавриди вуҷуд надоштани ибора, истилоҳ ва ҷумла агар аз нусхаи “А” бошад, дар калимаи аввал аломати ситорачаи дефисдор (*-) дар охири он ситорачаи якнуқтадор (*.) гузошта шудааст. Чунин воқеа бо нусхаи “Б” рӯй дода бошад, он гоҳ дар болои калимаи аввал аломати ситорачаи дефисдор (*-) дар охири он аломати ситорачаи дунуқтадор (*..) гузоштан маъқул дониста шуд.

Порчаҳое, ки аз ҷиҳати дарбар кардани маъно ба ҳамдигар қаробат дошта, вале сохти ҷумлаҳо дорои тафовути зиёде бошад, онгоҳ чунин порчаву қисматҳоро ба тариқи мулҳақот дар охири китоб таҳти сарлавҳаи “Илова” оварда шуда, дар поварақи он саҳифа “Нигаред ба илова” қайд гардидааст.

Баъзе калимаҳое, ки аз одоб берун буда, хондану шунидани он дилхоҳ нестанд, лозим дониста шуд, ҳарфи аввал ва охири он оварда шуда, дар байнашон сенуқта (…) гузошта шаванд. Ба воқеаҳои ҷойивазшавии ҷумлаҳо, порчаҳову абзатсҳо дучор омадем, ки онҳоро дар поварақ ба таври “Пеш ё пас аз ду ё се абзатс ё ҷумла омадааст”, — гӯён ишора кардем. Китоб бо тавзеҳоти зарура таъмин карда шуда, дар охири он додани луғот ҷоиз шумурда шуд. Ибора, истилоҳот ва ҷумлаҳои арабӣ дар нохунак гирифта шуда, тарҷумаи тоҷикии он дар охири китоб бо нишондоди саҳифа оварда шудааст. Дар болои калимаҳои тавзеҳдодашуда ва ибора, истилоҳу ҷумлаҳои тарҷумашуда, аломати чамъ (+) гузошта шудааст.

Дар муқоисаю муқобалаи матни ҳозиршуда ва тарҷумаи калима, ибора, истилоҳоту ҷумлаҳои арабӣ ходими калони илмӣ – И. Ализода ва ходмони илмӣ М. Исоев, Н. Икромов, М. Бобоев ва С. Раҳимзода фаъолона иштирок намуданд.

Бинобар он ки ба ҳуруфоти имрӯзаи тоҷикӣ ба нашр расондани матни илмӣ-интиқодӣ таҷрибаи аввалин аст, лаҳзаҳои аз назару диққати тайёркунандагон берун мондан ва то андозае ба саҳву гузаштҳо низ бархӯрдан мумкин аст. Умедворем, ки хонандагони мӯҳтарам фикру ақидаашонро изҳор намуда, барои беҳтар намудани сифати матнҳои илмӣ-интиқодие, ки минбаъд бо ҳуруфоти имрӯзаи мо нашр хоҳанд шуд, кӯмак мерасонанд.

Имконияти нашриётро ба инобат гирифта, асарро ба ду қисм тақсим намудем. Нашри қисми сонӣ баъд аз нашри қисми аввал ба амал хоҳад омад.

А. Девонақулов

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: