Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (30) – Исро ва Меъроҷ (2)

Дар ин қисмат аз баҳс, ба посухи пурсишҳое, ки дар атрофи ҳодисаи Исро ва Меъроҷ матраҳанд, мепардозем:

1. Шояд нахустин суоле, ки дар мавриди ин ҳодисаи эъҷозомез ва ривоятҳое, ки пиромуни он нақл шудааст дар зеҳнҳо хутур мекунад ин аст, ки: он чӣ дар ривоятҳо омада — аз қабили осмонҳои ҳафтгона ва шикофтани синаи ҳазрати Паёмбар (с) ва даровардани қалби он ҷаноб (с) ва шустушӯ додани он ва ғайра, ки ба тафсил дар ривоёт нақл шудаанд – оё ба ҳамон маъноҳое, ки зеҳни мо башар ба онҳо унс дорад ҳамл мешавад ё манзур чизе дигар аст?

Қабл аз посух ба ин пурсиш лозим аст муқаддимае баён бишавад. Ва он ин ки: вожаҳое, ки мо инсонҳо мешиносем ва дар гуфтугӯҳо ва навиштаҳои худ ба кор мебарем, ҳамаи онҳо, барои маъноҳое вазъ шудаанд, ки онҳоро идрок кардаем. Масалан, вожаи “қалб” барои аввалин бор барои узви санавбаришакле, ки дар тарафи чапи синаи мо қарор дорад вазъ шуда, ва ё вожаи “осмон” барои нахустин бор барои фазои бекароне, ки мебинем ва моҳу хуршеду ситораҳо дар он дар гардишанд вазъ шуда, ва ё вожаи “ташт” барои аввалин бор барои зарфе, ки ашёи худро дар он шустушӯй медиҳем вазъ гардида, ё феъли “дидан”-ро барои нахустин бор барои амали дидан ба чашмон вазъ кардаем ва ба ҳамин тартиб… Хулоса, ҳар лафзе, ки мешиносем ва ба кор мегирем, мадлули аввалияи онҳо ашё ва мавҷудоти моддӣ ҳастанд. Ва ҳатто мавҷудоти хиёлие, ки вуҷуди хориҷӣ надоранд ва барояшон лафз дуруст кардаем — мисли “симурғ” ва “деви якчашма” ва ғайра – вақте ин мавҷудоти хиёлии зеҳниро таҷзия мекунем, мебинем таркибе ҳастанд аз мафоҳиме, ки қаблан дар зеҳни мо мисдоқи онҳо мавҷуд будааст.

Ҳол, он чӣ дар ҳодисаи Меъроҷ бо ҳазрати Паёмбар (с) иттифоқ афтода (яъне дар сайри он ҷаноб (с) аз Масҷидулақсо ба осмонҳои ҳафтгона ҳамроҳ бо ҳазрати Ҷабраил (а) ва иттифоқоте, ки дар ин сайр анҷом гирифта) ҳамаи ин рухдодҳо дар олами моварои табиат иттифоқ афтода, на дар зарфи ин олами моддӣ, ки мешиносемаш. Зеро пурравшан аст, ки паёмбарони илоҳӣ — ки ҳазрати Паёмбар (с) бо онҳо дар осмонҳо мулоқот ва гуфтугӯ карданд — дар ин осмонҳо, ки мешиносемашон сокин нестанд ва низ мавҷудоте мисли Сидратулмунтаҳо ва ғайра ҳам, ҷояшон ин олам, ки нест. Ва аз он сӯй ҳам, олами моварои табиат ҳеч чизаш бо ашёи ин олам синхият надорад ва аз зарфи замон ва макон берунанд ва мо наметавонем ҳақиқати он олам ва мавҷудоти онро, чунон ки ҳастанд, дарк намеом. Асосан мо инсонҳо қодир нестем чизеро тасаввур намоем, ки аз қайди замон ва макон берун бошад, ин маҳол аст. Ва ҳеч лафзе – аз алфозе, ки мешиносем — зарфияти гуноҷоиши он маъониро, чунон ки ҳастанд, надорад.

Дар мақоми ташбеҳ (ҳарчанд ин ташбеҳ низ ишколбардор аст), метавон гуфт: нисбати олами моварои табиат бо олами моддие, ки дар он қарор дорем бо тамоми сайёрот ва каҳкашонҳояш, мисли нисбати олами мост бо раҳими модар, ки тифл то ҳангоми таваллуд дар он сокин аст. Раҳими модар низ барои тифл як олам аст. Ҳол, фарз кунед (ин фақат як фарз аст), ки иртиботе миёни тифл замоне ки дар раҳими модар аст ва миёни мо барқарор шуд ва мехоҳем барояш аз дарахтҳову боғҳову осмонҳову мавҷудоти олами худамон барояш бигӯем. Хуб, вақте барояш масалан бигӯем “дарахт мева дорад”, оё ӯ ин маъноро чунон ки дар воқеъ ҳаст, мефаҳмад? Ӯ на дарахте дида ва на мевае, олами вай ҳамон аст, ки ҳаст. Дар ин гуна маворид, шумо барои тафҳими манзури худ барои ӯ, чорае надоред ҷуз он ки ба суроғи ашёе (дар дохили олами вай, ки раҳими модар аст) биравед ва бибинед, чӣ чизе дар олами вай шабеҳи дарахт аст. Вақте чизеро дар онҷо пайдо кардед, ки шабоҳате ба дарахт дорад, ба ӯ мегӯед, дарахт яъне ҳамин! Ва ӯ ҳам бигӯяд, ҳоло фаҳмидам, ки дарахт чӣ чизе будааст… Зеро шумо дигар чорае надоред. Яъне дигар роҳе барои тафҳими манзури худ надоред.

Ҳол, гӯем: тамоми он чӣ ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи сайру сафари худ (яъне Меъроҷ) фармудаанд ва дар ривоёт омадааст — аз ин ки “шахсе омад ва синаамро то зери ноф шикофт, қалбамро берун овард, сипас таштеро, ки мамлув аз имон буд оварданд ва қалбамро дар он шустушӯ доданд ва онро пур аз имон карданд ва сари ҷояш гузоштанд” ва ин ки дар осмонҳои ҳафтгона бо паёмбарони илоҳӣ дидор ва гуфтугӯ карданд ва ин ки “Сипас боло бурда шудам, то ба Сидратулмунтаҳо расидам. Ногаҳон дидам, ки меваҳояш ба андозаи кӯзаҳои шаҳри Ҳиҷр ва баргҳои он ба андозаи гӯши фил аст… Ва дар он ҷо нигоҳам ба чаҳор наҳр афтод, ки дуто пинҳон ва дутои дигар ошкор буданд. Пурсидам: эй Ҷабраил! Инҳо чист? Гуфт: ду наҳри пинҳон наҳрҳои биҳиштанд. Ва аммо ду наҳри ошкор Нил ва Фурот мебошанд. Сипас Байтулмаъмурро ба ман нишон доданд. Он гоҳ бароям як зарфи шароб, як зарфи шир ва як зарфи асал оварданд. Ман ширро бардоштам…” ҳамаи инҳо ҳақиқат доранд, мунтаҳо ба маъноҳои моддие, ки зеҳни мо ба онҳо маънус аст ҳамл намешавад. Шикофтани сина ва шустушӯ ва покиза кардани он ва пур карданаш аз имон ва ҳикмат, баёни як ҳақиқатест, ки он ҷаноб (с) тарҷиба карда, на ин ки таште моддӣ дар кор бошад. Ва ҳамчунин “осмонҳои ҳафтгона” ин осмоне, ки мо мешиносемашон нест. Ва аммо ин ки аз он осмонҳо низ ба лафзи “осмон” таъбир шудааст, ба ҷиҳати шабоҳате, ки миёни осмони мо ва он осмон – аз ҷиҳате аз ҷиҳот – будааст мебошад, ва ҳамчунин дар соири маворид.

Бинобар ин, дар ривояти Бухорӣ, ки дар баҳси пешин овардем, ҳазрати Паёмбар (с) мушоҳидоти худ дар Меъроҷро, ба асҳоб ба вожаҳо ва алфозе, ки маънуси мо инсонҳост, баён кардаанд. Зеро маҳол аст он маъонӣ чунон ки ҳастанд, барои мо мунтақил бишаванд. Ҳеч лафзе надорем, ки зарфияти адои он маъониро ба ҳақиқаташ дошта бошад. Ва ҳатто дар худи Қуръони Карим вақте биҳишту ҷаҳаннам тавсиф мешавад, ин тавсифҳо ба ин сурате, ки дар зеҳнамон хутур мекунад нест, балки баёни ҳақиқате аст аз ҳақоиқи он олам ба алфозе, ки мешиносем ва бароямон маънус аст, ба хотири шабоҳате, ки миёни он ҳақоиқ ва мадлулҳои ин алфоз мавҷуд аст. На ин ки масалан боғҳои биҳишт, ки аз зераш наҳрҳо ҷорист, дуруст мисли боғҳои ин дунё бошад, ки аз зераш наҳр дар ҷараён аст. Ва ё оташи ҷаҳаннам дуруст мисли оташҳое бошад, ки мешиносемашон. Аслан он оташ бо ин оташ қобили қиёс нест. Асосан, азамати Қуръони Карим он аст, ки тавониста он маъониро ба алфозе, ки маънуси мост, баён бидорад.

* * *

2. Масъалаи дигаре, ки дар мавриди Исро ва Меъроҷи ҳазрати Паёмбар (с) матраҳ аст ин аст, ки оё ин ҳодиса дар ҳолати хоб иттифоқ афтода ё бедорӣ, оё ин рухдод ба бадани он ҳазрат (с) сурат гирифта ё ба руҳи ӯ ва ё ҳам ба руҳ ва ҳам бадани эшон?

Ривоёте ҳаст, ки зоҳирашон чунин мерасонад, ки ин ҳодиса дар хоб буда, на дар бедорӣ. Аз ҷумла Ибни Исҳоқ ва Ибни Ҷарир аз Муовия ибни Абӯсуфён ривоят кардаанд, ки ҳар вақт дар бораи масъалаи Меъроҷи Расули Худо (с) аз Муовия пурсиш мешуд, дар ҷавоб мегуфт:

كانت رؤيا من الله صادقة

Руъёи содиқа аз пеши Худо буд.” (Аддурул-мансур, ҷ.6, с.221 Ашшомила)

Ва низ Ибни Исҳоқ ва Ибни Ҷарир аз Уммулмуъминин Оиша (р) ривоят кардаанд, ки гуфт:

ما فقدت جسد رسول الله ولكن الله أسرى بروحه

Ман бадани Расули Худо (с)-ро аз бистарам ғоиб надидам ва дар он шаб Худованд руҳи ӯро ба Меъроҷ бурд.” (Аддурул-мансур, ҷ.6, с.221 Ашшомила)

Вале зоҳири ояти сураи Исро ва ҳамчунин оятҳои аввали сураи Наҷм ба дурустӣ мерасонанд, ки Исро ва Меъроҷ дар ҳоли бедорӣ иттифоқ афтода, на дар ҳолати хоб, чунон ки Имом Таҳовӣ низ дар матнаш бад-он тасреҳ карда онҷо, ки гуфта: “Ва меъроҷ ҳақ аст ва Паёмбар (с) исро шуд ва ҷисми он ҷаноб дар бедорӣ ба сӯйи осмон боло бурда шуд…”

Ва аммо дар хусуси ривояте, ки аз Уммулмуъминин Оиша (р) нақл шудааст, бояд гуфт: ин ривоят аз эътибор соқит аст, зеро тамоми ровиёни ҳадис ва торихнависон иттифоқи назар доранд, ки Меъроҷ қабл аз ҳиҷрат ба Мадина воқеъ шудааст ва издивоҷи Расули Худо (с) ва Уммулмуъминин Оиша (р) баъд аз ҳиҷрат ва дар Мадина иттифоқ афтодааст. Аз ин рӯ Қозӣ Аёз мегӯяд:

وأما قول عائشة ما فقدت جسده فعائشة لم تحدث به عن مشاهدة لأنها لم تكن حينئذ زوجه ولا في سن من يضبط ولعلها لم تكن ولدت بعد على الخلاف في الإسراء متى كان

Ва аммо сухани Оиша (р), ки гуфтааст: “Ман бадани Расули Худо (с)-ро аз бистарам ғоиб надидам…”, дар инҷо Оиша (р) мушоҳидаи худро баён накарда, зеро дар он замон вай на ҳамсари Паёмбар (с) буд ва на дар синну соле буд, ки битавонад ҳадис забт карда ва ба хотир бисупорад ва шояд дар ҳангоми он воқеа ба дунё наёмада буда бино бар ихтилофе, ки дар ҳангоми вуқӯи Исро вуҷуд дорад…” (Ашшифо би таърифил ҳуқуқил Мустафо, Қозӣ Аёз, 1/194, Ашшомила)

Дар робита бо ривояте, ки аз Муовия ибни Абӯсуфён нақл шуда низ бояд гуфт: аввалан, тибқи ривоёти машҳуре, ки нақл шуда, замони Исро ва Меъроҷи Паёмбар (с) қабл аз ҳиҷрат буд ва дар он замон Муовия мушрик буд ва ба гуфтаи муаррихоне мисли Ибни Асир, ӯ рӯзи фатҳи Макка мусалмон шуд, аз ин рӯ сухани вай дар ин мавзӯъ қобили қабул нест.

Бинобар ин, Имом Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, муфассир ва муаррихи машҳур мегӯяд:

والصواب من القول في ذلك عندنا أن يقال: إن الله أسرى بعبده محمد صلى الله عليه وسلم من المسجد الحرام إلى المسجد الأقصى، كما أخبر الله عباده، وكما تظاهرت به الأخبار عن رسول الله صلى الله عليه وسلم… ولا معنى لقول من قال: أسرى بروحه دون جسده

Сухани дуруст ва саҳеҳ назди мо дар ин мавзӯъ он аст, ки гуфта бишавад: Худованд бандааш Муҳаммад (с)-ро шабона сайр додааст аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо чунон ки худ (дар китобаш) хабар дода ва ривоёт аз ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи он фаровон аст… Ва сухани касе, ки гуфта ба руҳаш исро шуда на ҷасадаш, бемаъност…” (Тафсири Табарӣ, 17/350, Ашшомила)

Дар қисмати баъдӣ низ дар ин мавзӯъ баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: