Наводирул-вақойеъ (4)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи (1) онон (1)

Рӯзе маҷлисе барпо буд бо ҷамъе аз дӯстон. Дар ин маҷлис боби шикоят аз бемеҳриҳои рӯзгор боз буд ва ҳар як аз чизе шикоят мекард. Ҷамъе аз бепулӣ менолиданд ва ҷамъе дигар аз дастгоҳи айшу хуррамӣ. Гурӯҳе аз душвории касбу зироат шикоят мекарданд ва гурӯҳе дигар аз сахтии роҳи ишқу муҳаббат. Яке аз бетаваҷҷӯҳии амир менолид, дигаре аз номардии вазир. Яке аз сахтии сафар шикоят мекард ва дигаре аз бетартибии ҳузур дар шаҳр.

Яке мегуфт: “Падарам ҷафокор аст”. Дигаре мегуфт: “Модарам саросар озор”, то он ки сухан дар бораи ҳадду марзи ҳуқуқи волидайн ва меъёри уқуқи эшон қарор гирифт. Ҳар касе дар ин боб тавҷеҳе ба кор мебурд ва ба итоат аз падару модар дар ҳамаи ҳолатҳо, бидуни истисно, тарғиб мекард.

Яке мегуфт: “Чун ман бо падарам зиндагӣ мекунам ва нафақаам бар гардани вай аст, агар изҳори эҳтиёҷ кунам ва дар талаби ҳаққи худ исрор биварзам, ҳукм ба куфр ва нофармонии ман мекунад”. Дигаре мегуфт: “Агар ба корҳое даст биёзам, ки аз назари шариат ва ҷавонмардӣ гуноҳе надорад, модарам садои оқ кардан ва ҷудо шудан сар медиҳад”. Яке гуфт: “Падар маро барои харҷи рӯзона ба корҳои номашрӯъ вомедорад ва агар сар боз бизанам, дилозурда мешавад ва оққам мекунад”. Дигаре мегуфт: “Модарам мутриба (овозхон) аст, хоҳарамро ба рақсу овозхонӣ тарғиб мекунад, хоҳарам мутанаффир аст, аммо агар худдорӣ кунад, модарам бонги ҷудоӣ бар ӯ мезанад”.

Яке фатво хост ва пурсид: “Азизон чӣ гӯянд дар ҳаққи падаре, ки фарзанде дорад ва ин фарзанд бар тибқи сиришт ва фитрати инсонӣ, моил ба некӣ аст, аммо падараш як роҳзан. Падар замоне ки ба роҳзанӣ барояд, писарро бо худ барад, то машқаш диҳад. Баъд аз задани корвон ва гирифтории эшон, ба писар дастур диҳад, ки сари яко-яки раҳзадашудаҳоро бибурад, ки “мурғи сарбурида бонг наёрад”, чун агар яке аз раҳзадашудаҳо зинда монда ба шаҳр биёяд, эҳтимол дорад хидматгузорони ҳукуматӣ ва ҳокимро хабар кунад ва барои ҷустуҷӯи дуздон биёварад. Он писар — ки тибқи замири инсонӣ ҳатто ҷуръат надорад гунҷишкеро сар бибурад – монда бошад миёни ду кори нораво: агар даст ба ҷиноят бизанад ва сари бегуноҳонро бибурад, замираш иҷозат намедиҳад, ва агар иқдом ба ин ҷиноят накунад, бар хилофи хости падар рафтааст ва оқ гашта. Таклифи ин писар чист?”

Дигаре ҳам фатво хост ва гуфт: “Модаре дорам пир шуда. Агар сарриштаи корҳои манзилро ба ӯ вогузорам, аз ӯҳдааш барнамеояд. Агар ба дасти ҳамсарам супорам, модар розӣ нест, ӯ бар сари ҳар обу таом ғавғо барпо медорад ва зиёдасарию зиёдаталабӣ мекунад, ба ҳадде ки гӯӣ дигарон ҳеч ҳаққе надоранд ва ҳама азони ӯст ва барои ӯ. Ва ба хотири ин хулқу хӯйи модарам, пештар ду зан аз ман ба талоқ ҷудо шуданд ва инак дар зани сеюм низ ҳол ҳамон аст, ки дар аввал ва дуввум буд. Бо ҳеч кадом намесозад ва ҳамеша сухан аз оқ кардану ҷудо шудан мезанад. Агар ҳуқуқи занро баҷо оварам, модарам нохушнуд аст. Ва агар хушнудии модарро бихоҳам, роҳе надорад ҷуз он ки ҳамсарамро дилнохоҳ талоқ бидиҳам. Ҳадду марзи ҳуқуқи занон бар дӯстон равшан аст, вале ҳадду марзи уқуқи модарон номаълум. Ман наметавонам дуруст ташхис бидиҳам, ки риояти ҷониби кадом тарафро кунам? Агар ҷониби модар гирам, ҳаққи зан поймол мешавад. Ва агар тарафдории зан кунам, бояд, ки оқи модарро ихтиёр намоям. Ва ҳол он ки шариат бар риояти ҳар ду тараф таъкид карда, ки воҷиб аст ба он амал намоям. Ва дар бораи эҳсон ва некӯкорӣ ба падару модар нусуси (2) равшан ворид аст ва дар хусуси уқуқи онҳо ваъиди (3) ҳавлнок вуҷуд дорад. Охир, мавриди эҳсон ва некӯкорӣ кадом синф аз волидайн бошанд? Кирдоре, ки фарзанд ба хотири он ба уқуқи волидайн гирифтор меояд, кадом аст? Меъёри эҳсон ва некӯкорӣ чист ва то куҷост? Ҳадду марзи исён ва нофармонӣ кадом ва дар куҷо? Ва сабаб чист, ки дар китобҳои роиҷ дар ин боб чизе ба сароҳат нагуфтаанд ва ҳадду марзе муқаррар нанамуда, то волидайн аз онҳо таҷовуз накунанд ва писарон низ ба он тан диҳанд ва нофармон нашаванд. Дар додгоҳҳо, ки даъвоҳои инчунинӣ – аз ҷанҷолу ҷудоиҳои падарон бо писаронашон ва кашмакашҳои занҳо бо модаршавҳаронашон – мавриди муҳокима қарор мегирад ва ғолибан писарон ва занҳояшон маҳкум шуда ва аз ирс маҳрум мешаванд, чаро ҳазрати муфтӣ тафтиш намекунад, ки ин писар ба кадом ҷурм аз мерос маҳрум мешавад ва ин зан ба кадом гуноҳ ба талоқи боин дучор мегардад? Фақат ба ҳамин гуноҳ, ки ин писар дар як кори номашрӯъ итоати падар накарда ва зан бар тибқи майли модаршавҳар нарафта?”

* * *

Баъд аз шунидани ин масъала, ёрон ҳар кадом дар шакку шубҳа афтода, ба зоҳири оятҳо ва ривоятҳо чанг зада, ҷавобе мегуфтанд: баъзе ҷониби модарро тарҷеҳ медоданд, ки “дар ҳамаи ҳолатҳо фарзанд бояд ба ризои модар амал кунад”. Баъзе ҷониби занро риоят мекарданд, ки “раъфат ва меҳрубонӣ бар занон амрест, ки ба он дастур шуда”. Ва баъзе таҳдид мекарданд, ки “итоати волидайн, агарчи фосиқ бошанд, воҷиб аст”.

Ҳеч як муваффақ ба додани посухе, ки дили пурсанда ба он ором гирад ва ишкол бартараф гардад нашуд. Ва инҷо буд, ки рӯй ба муҳаррири ин сутур (Аҳмади Дониш) оварданд, ки “туро дар дарки масоил фаҳме худододӣ аст, ки бо саъю талош наметавон ба он расид, агар дар ин нусуси шаръӣ нигоҳе биандозӣ, шояд битавонӣ ишколро бартараф намоӣ ва ҳадду марзи оқ шудан ва ҳуқуқи волидайнро маълум бикунӣ”.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Уқуқ ба маънои нофармонӣ ва саркашӣ аз падару модар ва буридан аз эшон мебошад. (Лисонул-араб, ҷ.1, с.254) Оққи волидайн дар мавриди фарзанде гуфта мешавад, ки падару модараш аз ӯ норозӣ ва ӯро нафрин карда бошанд.

(2) Нусус: чамъи насс аст ва “насс” дар луғат ба маънои ошкор, ва дар истилоҳ каломе сареҳ ва ошкор аст, ки эҳтимоли хилоф ва таъвил дар он набошад ва чуз як маъно аз он барнаёяд, ба тавре ки ғайри он маъно дар калом эҳтимол дода намешавад.

(3) Ваъид, ки аз ваъд гирифта шудааст, хабарест, ки фақат дар ваъдаи шарр ва таҳдид истеъмол мешавад.

* * *

Матни аслӣ:

Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо (1)

Аз иттифоқоти ҳасана рӯзе тарҳи маҷлисе афтода буд бо ҷамъе аз аҳбоб [ва адавоти айш аз ҳама боб омода аз маю мутрибу шоҳиди сода] ва дари шикоят аз бемеҳриҳои гардун аз ҳар тарафе кушода. Дар фаслу боби маҷлис баъзе аз бедирамӣ менолиданд ва бархе аз дастгоҳи айшу хуррамӣ ва ҷамъе аз душвории касбу зироат, ҷавқе аз суубати роҳи ишқу муҳаббат. Яке аз беилтифотии амир, дигаре аз бемурувватии вазир, яке аз сахтии сафар ва дигаре аз безабтии ҳазар. Яке мегуфт: “Падарам ҷафокор аст”. Дигаре мегуфт: “Модарам саорсар озор”, то сухан дар ҳадди ҳуқуқ ва меъёри уқуқи абавайн қарор гирифт. Ва ҳар касе дар ин боб тавҷеҳе ба кор мебурданд ва ба итоати абавайн ба ҳама ҳол тарғиб мекарданд. Яке мегуфт: “Чун ман дар иёли падарам, агар изҳори эҳтиёҷ кунам ва дар мутолаба ибром барам, ҳукм ба куфру исёни ман мекунад”. Дигаре мегуфт: “Дар умури саҳлатулҳусул, ки карду нокарди он дар шариату футувват базаҳ ва исме надорад, агар иқдом намоям, модар садои иқоқу шиқоқ мезанад”. Яке гуфт: “Падар маро барои инфоқи явмия ба умури номашрӯъ рухсат медиҳад ва агар ибо кунам, озурда мешаваду оҳ мекунад”. Дигаре мегуфт: Модарам мутриба аст, хоҳарамро ба рақсу самоъ тарғиб мекунад, вай мутанаффир аст, бонги шиқоқ бар ӯ мезанад”. Яке ба тариқи мустафтӣ савол мекард, ки “азизон чӣ гӯянд дар ҳаққи падаре, ки фарзанде дорад ба тақозои ҷибиллат моил ба салоҳ аст ва ин падари хунӣ ва роҳзан дар авқот, ки қатъи роҳ бармеояд, писарро бо худ мебарад, то машқ диҳад. Баъд аз задани корвон ва гирифтории эшон, писарро бифармояд, ки ягон-ягони эшонро сар бурад, ки “мурғи сарбурида бонг наёрад”, мабод, ки аз инон яке дар шаҳр ояд ва аъвон ва ҳокимро барои ҷустуҷӯи дуздон барорад, ки писар бо он ки “ба буридани сари гунҷишк” бинобар утуфати замир ҷуръат надорад, агар дар он амри хатир иқдом кунад, дилаш рухсат намедиҳад ва агар накунад, бар хилофи марзии падар рафта бошад ва оқ гашта”.

Дигаре истифто менамуд, ки “модаре дорам хариф шуда, агар саранҷоми муҳимми манзил ба модар супорам, аз ӯҳда барнамеояд, агар ба дасти зан ниҳам, норозӣ аст. Ва бар сари ҳар обу таом ғавғо бунёд мекунад ва зиёдасарию зиёдаталабӣ мекунад, то ҳадде ки [гӯӣ] дигаронро ҳеч ҳаққе намемонад, гӯё ҳама азони ӯст ва барои ӯ. Собиқ ду зан аз ман ба талоқу фироқ овард ва дар зани сеюм низ ҳол ҳамон аст, ки дар аввал ва дуввум. Ва ба ҳеч кадом мувофақат кардан наметавонад ва ба сари ҳар хон нуқле, ки дар миён ниҳад, ақоқу шиқоқ аст. Агар ба ҳуқуқи зан қиём орам, модарам хушнуд намешавад, магар ба талоқ, ки ҷабрӣ ихтиёр кунам. [Ва] ҳадди ҳуқуқи занон бар ҳамгинон равшан аст ва ҳадди уқуқи модарон номутаайин, ман ташхис натавонам кард, ки риояти кадом тараф кунам. Агар ҷониби модар гирам, бояд ки аз ҳаққи зан даст бардорам ва агар тарафдории зан кунам, бояд, ки оқи модарро ихтиёр намоям. Ва ҳол он ки риояти тарафайн мансусун биҳи ва воҷибул-итён аст. Ва дар эҳсон бо абавайн нусуси боҳира ворид аст ва дар уқуқи онҳо ваиди ҳоила нозил. Охир мавриди эҳсон кадом синф аз абавайн бошанд? Ва фарзанд ба кадом ҷарима ба уқуқи онҳо гирифтор ояд ва меъёри эҳсон чист ва то куҷост ва ҳадди исён кадом ва дар куҷо? Ва сабаб чист, ки дар кутуби мутадовила дар ин боб чизе тасреҳ накардаанд ва ҳадде муқаррар нанамуда, то абавайн аз он таҷовуз накунанд. Ва писарон низ бад-он тан дардиҳанд ва осӣ нашаванд. Бо ин ки дар ҳар шаҳри ободе маҳкамаи қозӣ ва равнақи доруламора аз ғавғои ақоқу шиқоқи падару писар ва зану модаршӯ мешавад, то ки авлодро маҳрум аз ирс мекунанд. Ва чаро ҳазрати муфтӣ тафтиш намекунад, ки ин писар ба кадом амал маҳрум аз мерос мешавад ва ин зан ба кадом ҷарима ба талоқи боин мубтало мегардад? Ба ҳамин гуноҳ, ки ин писар дар амри номашрӯъ итоати падар накардӣ ва зан бар тибқи марзии модаршӯ нарафта”.

Баъд аз истимои ин масъала асҳоб ҳар кадом мутараддид шуда, тамассук ба зоҳири нусус аз ҳадису оят намуда, ҷавобе мегуфтанд. [Ва] баъзе ҷониби модарро тарҷеҳ медоданд, ки “ба ҳама ҳол фарзанд ба ризои модар равад”. Баъзе ҷониби занро риоят мекарданд, ки “утуфат ва раъфат бар занон маъмурун биҳи аст”. Ва баъзе таҳдид мекарданд, ки “итоати волидайн, агарчи фосиқ бошанд, воҷиб аст”.

Ва ҳеч як ба ҷавобе, ки ташаффии дили соил кунад ва ишкол аз миёна бархезад, муваффақ ношуда, руҷӯъ ба муҳаррири сутур намуданд, ки “туро дар идроки ҳақоиқи умур фаҳме худодод аст, ки дасти саъю касб бад-он ҷо намерасад. Агар дар мавориди нусус бинӣ, яҳтамил, ки пардаи ишкол аз миёна барчинӣ ва ҳадди ақоқу ҳуқуқи абавайн маълум кунӣ”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”



Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: