Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (31) – Исро ва Меъроҷ (3)

Меъроҷ руҳонӣ буд ё ҷисмонӣ?

Чунон ки дар баҳси пешин гуфтем, яке аз ихтилофҳое, ки дар масъалаи Меъроҷи Паёмбари Акрам (с) миёни донишмандони исломӣ вуҷуд дорад, дар кайфияти Меъроҷ аст. Баъзеҳо гуфтаанд: ҳам руҳонӣ ва ҳам ҷисмонӣ буда, яъне Расули Худо (с) бо бадани хокии худ аз Масҷидулҳаром ба Байтулмуқаддас ва аз онҷо низ бо ҷасад ва руҳаш ба осмонҳо уруҷ намудааст. Ва ин, қавли бештари муфассирон аст.

Баъзе дигар гуфтаанд: бо руҳ ва ҷасадаш то Байтулмуқаддас ва аз онҷо бо руҳи шарифаш ба осмонҳо уруҷ намудааст. Ва ин, қавли гурӯҳе аз муфассирон аст.

Ва баъзеҳо ҳам гуфтаанд: бо руҳаш буда, ва ин ҳамон руъёи содиқае аст, ки Худованд ба пайғамбараш нишон дода. Ва ин қавлест нодир, чунон ки баҳсаш гузашт.

Ибни Шаҳрошуб дар “Маноқиб” мегӯяд:

اختلف الناس في المعراج فالخوارج ينكرونه وقالت الجهمية: عرج بروحه دون جسمه على طريق الرؤيا، وقالت الإمامية والزيدية والمعتزلة: بل عرج بروحه وبجسمه إلى بيت المقدس لقوله تعالى إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى، وقال آخرون: بل عرج بروحه وبجسمه إلى السماوات، روي ذلك عن ابن عباس وابن مسعود وجابر وحذيفة وأنس وعائشة وأم هانئ

Мардум дар мавриди Меъроҷ ихтилоф кардаанд: Хавориҷ онро инкор ва фирқаи Ҷаҳмия гуфтаанд, ки руҳонӣ ва ба сурати руъё будааст, вале фирқаи Имомия ва Зайдия ва Мӯътазила гуфтаанд: то Байтулмуқаддас руҳонӣ ва ҷисмонӣ буда, чун ояти шарифаи мефармояд: “…то Масҷиди Ақсо.” Дигарон гуфтаанд: аз аввал то ба охир ҳатто осмонҳоро ҳам бо ҷасад ва руҳи худ меъроҷ кардааст, ва ин қавл аз Ибни Аббос, Ибни Масъуд, Ҷобир, Ҳузайфа, Анас, Оиша ва Умми Ҳонӣ ривоят шудааст…” (Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, с.153)

Вале он чӣ сазовор аст дар ин хусус гуфта бишавад ин аст, ки: аз зоҳири ояти сураи Исро ва бисёре аз ривоёт истифода мешавад, ки ҳазрати Паёмбар (с) бо руҳ ва ҷасадаш аз Масҷидулҳаром то Масҷидулақсо рафта, ва аммо дар мавриди уруҷаш ба осмонҳо — бо таваҷҷӯҳ ба зоҳири оятҳои сураи Наҷм ва сареҳи порае аз ривоятҳо – метавон гуфт, ки бо руҳаш буда.

Ва лекин на он тавр ки қоилин ба меъроҷи руҳонӣ мӯътақиданд, ки ба сурати руъёи содиқа будааст. Зеро агар сирфи руъё мебуд, дигар ҷо надошт оятҳои Қуръон ин қадр дар бораи он аҳаммият дода ва сухан бигӯяд. Ва ҳамчунин дигар ҷо надошт Қурайш — вақте ки он ҷаноб (с) қиссаро бар эшон нақл кард —  он тавр ба шиддат инкор намоянд. Ва низ мушоҳидоте, ки он ҷаноб (с) дар байни роҳи Макка то Байтулмуқаддас дида ва нақл фармуда, бо руъё будани Меъроҷ намесозад.

Балки мақсуд аз руҳонӣ будани он ин аст, ки руҳи муқаддаси он ҷаноб (с) ба моварои ин олами моддӣ яъне он ҷойе, ки малоикаи мукаррамин манзил доранд ва аъмоли бандагон ба онҷо мунтаҳӣ ва тақдирот аз онҷо содир мешавад уруҷ намуда ва ҳақоиқи ашё ва натоиҷи аъмол барояш муҷассам шуда, арвоҳи анбиёро мулоқот ва бо онон гуфтугӯ карда, малоикаи киромро дида ва бо онон сӯҳбат намуда ва оятҳо ва нишонаҳои илоҳиро дида. Ин аст маънои меъроҷи руҳонӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: