Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (32) – Ҳавзи Кавсар

Матни китоб:

والحوض الذي أكرمه الله تعالى به غياثاً لأمته حق

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) ва Ҳавзе, ки Худованди Мутаъол Паёмбари Акрам (с)-ро барои кӯмак ба умматаш бо он гиромӣ дошта, ҳақ аст…

* * *

Шарҳ:

Имон ба Ҳавз

Яке аз шароити имон дар ислом эътиқод ба вуҷуди Ҳавз аст. Вожаи “Ҳавз” ҳарчанд дар Қуръони Карим наомада, вале муфассирон вожаи “Кавсар”-ро дар нахустин ояти сураи Кавсар ҳамин Ҳавз медонанд, онҷо, ки фармудааст:

إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ. فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ. إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ

(Мо туро (Ҳавзи) Кавсар додем. Пас, барои Парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ кун. Душманат худ бетабор хоҳад буд. (Сураи Кавсар)) “Кавсар” ба маънои “хайри фаровон” аст.

Дар робита бо “Ҳавз” ривоёт ва аҳодиси зиёде нақл шуда ва уламои исломӣ ҳадисҳои Ҳавзро мутавотир ва эътиқод ба вуҷуди онро аз шароити имон шумурдаанд.

Ва аммо дар иртибот бо ин ки мурод аз Кавсар чист, қавлҳои зиёде вуҷуд дорад, аз ҷумла: 1 — наҳрест дар биҳишт; 2 — ҳавзи хосси Расули Худо (с) дар биҳишт ва ё дар маҳшар; 3 — авлоди Расули Худо (с); 4 — асҳоб ва пайравони он ҷаноб (с) то рӯзи қиёмат; 5 — уламои уммати ӯ (с); 6 — Қуръон ва фазоили бисёри он; 7 — мақоми нубувват; 8 – осон кардани Қуръон ва сабук намудани шариат ва аҳком; 9 — ислом; 10 — тавҳид; 11 — илм ва ҳикмат; 12 — фазоили Расули Худо (с); 13 — мақоми маҳмуд; 14 — нури қалби шарифи Расули Худо (с) ва ғайра аз ақволи дигар, ки болиғ бар 26 қавл аст.

Аз миёни ҳамаи ин ақвол аммо се қавли аввалӣ машҳур буда ва ривоёте ҳам дар таъйиди онҳо вуҷуд дорад, аз ин рӯ, дар ин ҷустор фақат ба зикри он ривоёт иктифо мекунем:

1. Кавсар наҳрест дар биҳишт:

Бухорӣ аз Анас (р) ривоят мекунад:

عَنْ أَنَسٍ (ره) قَالَ: لَمَّا عُرِجَ بِالنَّبِيِّ (ص) إِلَى السَّمَاءِ قَالَ: أَتَيْتُ عَلَى نَهَرٍ حَافَتَاهُ قِبَابُ اللُّؤْلُؤِ مُجَوَّفًا، فَقُلْتُ: مَا هَذَا يَا جِبْرِيلُ؟ قَالَ: هَذَا الْكَوْثَرُ

Анас (р) мегӯяд: баъд аз ин ки Паёмбари Акрам (с) ба сӯйи осмон ба Меъроҷ бурда шуд, фармуд: ба наҳре расидам, ки дар ду тарафи он хаймаҳои сохташуда аз марвориди миёнтиҳӣ вуҷуд дошт. Пурсидам: эй Ҷабраил! Ин чист? Гуфт: ин Кавсар аст.

2. Ҳавзи хосси Расули Худо (с) дар биҳишт ва ё дар маҳшар:

Муслим аз Анас (р) ривоят кардааст:

بَيْنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ذَاتَ يَوْمٍ بَيْنَ أَظْهُرِنَا إِذْ أَغْفَى إِغْفَاءَةً ثُمَّ رَفَعَ رَأْسَهُ مُتَبَسِّمًا فَقُلْنَا: مَا أَضْحَكَكَ يَا رَسُولَ اللَّهِ، قَالَ: أُنْزِلَتْ عَلَيَّ آنِفًا سُورَةٌ فَقَرَأَ: بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ. إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ. فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ. إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ. ثُمَّ قَالَ: أَتَدْرُونَ مَا الْكَوْثَرُ؟ فَقُلْنَا: اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ. قَالَ: فَإِنَّهُ نَهْرٌ وَعَدَنِيهِ رَبِّي عَزَّ وَجَلَّ عَلَيْهِ خَيْرٌ كَثِيرٌ هُوَ حَوْضٌ تَرِدُ عَلَيْهِ أُمَّتِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ آنِيَتُهُ عَدَدُ النُّجُومِ فَيُخْتَلَجُ الْعَبْدُ مِنْهُمْ فَأَقُولُ رَبِّ إِنَّهُ مِنْ أُمَّتِي فَيَقُولُ مَا تَدْرِي مَا أَحْدَثَتْ بَعْدَكَ

Рӯзе Расули Худо (с) пеши мо буд, ки ногаҳон чурте (хобе сабук) зад ва сипас табассумкунон сари муборакашро бардошт. Арз кардем: чӣ чиз сабаби хандаи шумо шуда, эй Расули Худо (с)! Фармуд: ҳаминак бар ман сурае нозил шуд. Пас қироат фармуд: “Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон. Мо туро Кавсар додем. Пас, барои Парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ кун. Душманат худ бетабор хоҳад буд.” Сипас фармуд: оё медонед Кавсар чист? Арз кардем: Худо ва Расулаш донотар аст. Фармуд: Кавсар наҳрест, ки Парвардигорам Азза ва Ҷалла бар ман ваъда карда, (он) хайре аст касир ва фаровон. Ҳавзе аст, ки рӯзи растохез умматам бар он ворид шаванд, зарфҳояш ба адади ситорагон (зиёд) аст. Пас, бандае аз уммати ман аз вуруд ба ин ҳавз манъ мешавад, он гоҳ ман мегӯям: Парвардигоро! Ӯ аз уммати ман аст! Дар посух ба ман гуфта мешавад: намедонӣ, баъд аз ту чӣ бидъатҳое оварда.

Ва ҳам Бухорӣ аз Уммулмуъминин Оиша (р) ривоят мекунад:

عَنْ عَائِشَةَ رَضِي اللَّه عَنْهَا وَقَدْ سُئلَتْ عَنْ قَوْلِهِ تَعَالَى: إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ. قَالَتْ: نَهَرٌ أُعْطِيَهُ نَبِيُّكُمْ (ص) شَاطِئَاهُ عَلَيْهِ دُرٌّ مُجَوَّفٌ آنِيَتُهُ كَعَدَدِ النُّجُوم

Аз Оиша (р) дар мавриди ин сухани Худованди Мутаъол, ки мефармояд:

إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ

… пурсиданд. Гуфт: наҳрест, ки ба Паёмбари шумо ато шуда. Дар ду тарафи он, марворидҳои миёнтиҳӣ вуҷуд дорад ва теъдоди зарфҳои он монанди теъдоди ситорагон (зиёд) аст.

3. Авлоди Расули Худо (с):

Шуморе аз муфассирон аз ҷумла Имом Фахри Розӣ, Қозӣ Байзовӣ, Олусӣ ва дигарон мӯътақиданд, ки яке аз қавлҳо дар бораи Кавсар ин аст, ки мурод аз он авлод ва зуррияи ҳазрати Паёмбар (с) аст.

Имом Фахри Розӣ дар тафсири “Кабир” зайли ҳамин оят мегӯяд:

والقول الثالث: الكوثر أولاده قالوا: لأن هذه السورة إنما نزلت رداً على من عابه عليه السلام بعدم الأولاد، فالمعنى أنه يعطيه نسلاً يبقون على مر الزمان، فانظر كم قتل من أهل البيت، ثم العالم ممتلىء منهم، ولم يبق من بني أمية في الدنيا أحد يعبأ به، ثم أنظر كم كان فيهم من الأكابر من العلماء كالباقر والصادق والكاظم والرضا عليهم السلام والنفس الزكية وأمثالهم

Кавсар авлоди Паёмбар (с) аст; чун ин сура ба унвони рад бар гуфтори касоне нозил шуда, ки мегуфтанд: Паёмбар фарзанд надорад. Пас, маънои сура ин аст, ки Худованд ба Паёмбар (с) насле ато мекунад, ки дар тӯли замон боқӣ хоҳанд буд.”

Сипас Фахри Розӣ идома медиҳад: “Бингар, ки чӣ қадр аз Аҳли Байтро куштаанд, вале бо ин ҳама ҷаҳон пур аст аз онон. Ва лекин аз Бани Умайя (ки он ҷаноб (с)-ро ба бетаборӣ ва бенаслӣ муттаҳам мекарданд) касе боқӣ намонда. Сипас бингар, ки дар байни Аҳли Байт чӣ қадр аз бузургони уламо вуҷуд доштаанд, мисли: Боқир, Содиқ, Козим, Ризо алайҳимус салом ва Нафси Закийя ва амсоли онон.” (Фахри Розӣ, Тафсири “Кабир”, ҷ.17, с.242, Ашшомила)

Пурвозеҳ аст афроде, ки Фахри Розӣ ном бурда ва ҳамчунин соири авлоде, ки аз Паёмбар (с) дар саросари ҷаҳон ва дар кишварҳои мухталиф – аз шимоли Офриқо то Андунезӣ — парокандаанд ва ба унвонҳое мухталиф мисли “Сайид”, «Шариф», “Эшон”, “Хоҷа” ва ғайра шинохта мешаванд, насаби онон ба ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) мулаққаб ба Кавсар мунтаҳӣ мешавад. Асосан, авлоди Паёмбар (с) ҳамагӣ аз насли Фотима (а) аст.

Ва ин худ яке аз хабарҳои ғайбии Қуръони Карим аст, чун ҳамон тавр ки Фахри Розӣ мегӯяд, Худои Мутаъол баъд аз даргузашти он ҳазрат (с) баракате дар насли он ҷаноб (с) қарор дод, ки дар ҳамаи олам ҳеч насле баробари он дида намешавад, он ҳам бо он ҳама балое, ки бар сари зуррияи он ҷаноб (с) оварданд ва гурӯҳ-гурӯҳ аз эшонро куштаанд.

Дар тафсири “Аддурул-мансур”-и Имом Суютӣ аст, ки Ибни Саъд ва Ибни Асокир аз тариқи Калбӣ аз Абӯсолеҳ аз Ибни Аббос ривоят кардаанд, ки гуфт: бузургтарин фарзанди Расули Худо (с) Қосим, сипас Зайнаб ва он гоҳ Абдуллоҳ ва пас аз ӯ Умми Кулсум ва он гоҳ Фотима ва дар охир Руқайя буд. Қосим аз дунё рафт ва аввалин кас аз фарзандони он ҷаноб (с) буд, ки дар Макка аз дунё рафт ва баъд аз ӯ Абдуллоҳ аз дунё рафт. Ос ибни Воили Саҳмӣ (падари Амр ибни Ос) гуфт: насли Муҳаммад қатъ шуд, пас ӯ абтар ва беақиб аст. Дар посухи ӯ Худои Мутаъол ояти “Инна шониака ҳувал-абтар” (Ҳамоно душман ва бадхоҳи ту абтар ва бетабор аст)-ро нозил кард. (Аддуррул-мансур, ҷ.10, с.367, Ашшомила)

Ва дар ҳамон китоб аст, ки Зубайр ибни Баккор ва Ибни Асокир аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад аз падараш ривоят кардаанд, ки фармуд: Қосим писари Расули Худо (с) дар Макка аз дунё рафт ва баъд аз дафни ҷанозаи он ҷаноб Расули Худо (с) ба Ос ибни Воил ва писараш Амр ибни Ос бархӯрд. Ос вақте Расули Худо (с)-ро дид гуфт: алъон захми забоне ба ӯ мезанам. Ҳамин ки он ҷаноб (с) наздик шуданд, гуфт: чӣ хуб шуд, ки абтар (бенасл) шуд. Дар посухи ӯ ин оят нозил шуд: “Инна шониака ҳувал-абтар”. (Ҳамон манбаъ)

Ва низ дар ҳамон китоб аст, ки Ибни Абӯҳотам аз Садӣ ривоят карда, ки гуфт: Қурайшро расм чунин буд, ки вақте фарзанди зукури (писари) касе мемирад, мегуфтанд: “Батара фалон” (Фалонӣ абтар (думбурида) шуд). Ва чун фарзанди Расули Худо (с) аз дунё рафт, Ос ибни Воил гуфт: “батара” яъне фарзанди зукураш мурд ва ин фард (Расули Худо (с)) аз ҳама бештар абтар шуд, (чун ҳеч фарзанди зукур барояш намонд). (Ҳамон манбаъ)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: