Наводирул-вақойеъ (5)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (2)

(Ишора: Бо пайгирии тамоми ин “гуфтаму гуфтандҳо” равшан хоҳад шуд, ки Аллома Аҳмади Дониш дар ин баҳс – ки мехоҳад ба пурсиши суолкунанда посух бидиҳад ва ишколро дар масъалаи мавриди назар бартараф созад – аз як равиши бисёр моҳирона баҳра ҷуста. Ва он ин ки: ӯ дар ҳамин оғоз намехоҳад назари ниҳоии худ дар мавзӯи мавриди баҳсро иброз бидорад, балки дар ибтидо масъаларо чунон тарҳ мекунад, ки пурсишкунанда ва ҳамчунин ҳамнишинонаш — ки зоҳиран ҳама аҳли фазлу донишанд – даргири баҳс бишаванд, ба гунае ки онҳоро ба андеша ва тафаккур ва изҳори назар вомедорад. Дар инчунин равише, посухи дуруст гоҳе дар забони худи пурсишкунанда ва ё яке аз ҳозирин ҷорӣ мешавад. Ва ё ин ки ба назар чунин мерасад, ки дар воқеъ маҷлисе баргузор набуда, балки Аллома Аҳмади Дониш он чиро мехоҳад барои хонанда бирасонад, ба ин сурат ва ба ин равиш баён карда. Яъне, маҷлисе фарз карда, ки дар он чанд нафар ҳузур доранд ва миёни онҳо баҳсу гуфтугӯ дар масъалае барпо шуда ва ҳар як изҳори назар карда ва дар поён худи Аллома посухи дурустро баён намуда. Ин равиш ҳам дар интиқоли маъно ба хонанда, ба маротиб беҳтар аст аз ин ки матлаб ба сурати хушк матраҳ бишавад. С.И.)

* * *

Гуфтам: Бешубҳа оятҳо ва ҳадисҳое — ки дар боби ҳуқуқи волидайн ворид шудааст – мутлақ (1) ҳастанд ва муфассирон ва муҳаддисон низ бар ҳамин асос тафсир карда, ҳадду марзе барои он муайян нанамудаанд. Нусусро аз зоҳираш баровардан ҳам, вазифаи мо нест. Аз ин рӯ, он чӣ муфассирон ва муҳаддисон гуфтаанд, бояд аз он пайравӣ кард. Ва ҷоиз нест, ки барои худ дар нусуси шаръӣ маъноҳои зиёдӣ лиҳоз бикунем. Моро фармудаанд, ки “ба волидайн некӣ кун”, пас некӣ кунем, ва “бо зан некӣ кун”, пас некӣ кунем, агарчӣ он дигарӣ норозӣ бошад.

* * *

Гуфтанд: Ин мунҷар ба ҳараҷ (2) мешавад, ва ҳараҷ дар дини ислом нест. Ҳараҷ ҳам аз ин ноҳия аст, ки риояти ҳаққи дигарӣ (масалан, ҳамсар дар мисоле, ки пурсанда оварда) сабаби нохушнудии он дигар (модар) мешавад. Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин, эҳсон ва некӯкорие, ки дар баробари ин ду ба он маъмурем ва мунҷар ба ҳараҷ ҳам нашавад, кадом аст? Инро бояд мушахас кард. Зеро мо маъмур ба тафаққуҳ дар дин (3) ҳастем. Дар мисолҳое, ки оварда шуд ва ду насси шаръӣ (яке, дастур ба некӣ ба волидайн, ва дигаре, дастур ба раъфат ва меҳрубонӣ ба ҳамсар) ба ҳамдигар муноқиз (4) омадаанд, дар ин гуна маворид бояд дар хусуси муроди шореъ (Худо ва Паёмбар) пажӯҳиш ва таҳқиқ кунем, ва ба воситаи қиёс (5) ва бо таваҷҷӯҳ ба шавоҳид ва қароин (6) бояд маънои мавриди назари шореъро дарёбем, то шубҳа аз дин бархезад, ки дар шариат ҳеҷ гоҳ амр ба “Каҷ дору марез!” (7) накардаанд ва ҳеч ҳукме мофавқи тоқати бандагон (8) нанамудаанд.

* * *

Гуфтам: Қиёс ва истидлол низ вазифаи муҷтаҳид аст ва мо аҳли он нестем ва фурӯ рафтан дар маънои ояту ҳадис бидуни доштани қувваи иҷтиҳод тибқи:

من فسر القرآن برأيه فقد كفر

(Касе, ки Қуръонро ба раъйи худаш тафсир бикунад, ба таҳқиқ кофир шудааст) (9) – мамнӯъ буда ва аз он наҳй шудаем. Аз ин рӯ, набояд аз хатти кашидаи Саводи Аъзам (10) берун шуд ва он роҳе, ки падарон ва бобоён бар он рафтаанд, бояд рафт.

* * *

Гуфтанд: Амру наҳйҳои шаръӣ — ки мо маъмур ба анҷоми аввалӣ ва тарки дуввумӣ ҳастем — омм (11) аст, махсус ба гурӯҳе ғайр аз гурӯҳи дигар нест ва то рӯзи қиёмат имтидод меёбад, ва ҳамаи инсонҳо мухотабанд ба хитоби:

صلوا وزكوا ولا تسرفوا

(Намоз хонед ва закоти мол бипардозед ва исроф макунед!) Ва агар то вуқӯи растохез хитобҳои шаръӣ хосс (12) буданд, дар ин сурат ҳеч ҳукме аз замони Паёмбар (с) ба замони дигар мунтақил намешуд, зеро ки мухотаб он ҷаноб (с) ва саҳобаи ӯ ҳастанд. Дурудҳои Худо бар ӯ ва ҳамаи ёронаш!

Пас, дар ин оят, ки мефармояд: —

فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ

(Сураи Тавба, ояти 122), яъне чаро берун намераванд барои ҷиҳод аз ҳар қабила гурӯҳе, то гурӯҳе дигар бимонанд ва дар масоили динӣ ғавру таъаммул кунанд (яъне бояд ҳамвора гурӯҳе аз мӯъминон корашон тафаққуҳ дар дин бошад) – бо ин ки мухотаб дар ин амр арабҳоянд, вале медонем, ки ҳукми огоҳӣ ёфтан дар масоили динӣ ва амр ба ҷиҳод омм аст, махсус ба замоне ғайр аз замони дигар нест. Бар ҳамин асос аст, ки агар шароити ҷиҳод фароҳам ояд, ҷиҳод воҷиб мегардад. Ва ҳамчунин, вақте ҳукми як мавзӯъ ба сурати равшан аз китобу суннат истифода нашавад, тафаққуҳ дар он лозим меояд, то шубҳа дар дину эътиқод намонад. Ва фақоҳат (тафаққуҳ) дар дин иборат аст аз истихроҷи аҳком (аз манобеъ) мувофиқи хушоянди шореъ (Худо ва Паёмбар (с)), агарчӣ дар Қуръон ва ҳадис ба сароҳат наомада бошад.

Масалан, агар як ғулом дар натиҷаи ҳузури бардавом дар назди моликаш ва шунидани аҳкоми содира аз вай ва тафаккур дар амру наҳйҳои ӯ, ошно бо табиат ва салиқаи ӯ гардида, ба пояе бирасад, ки битавонад ҳатто дар ҳангоми набудани молик, тибқи хушоянди ӯ амал намояд — ба гунае ки агар молик ҳузур дошта бошад, амали ғуломро мувофиқи писанди худ биёбад – ин хислат хислате писандида ва боарзиш аст ва ғулом ба сабаби ин хислат пеши молик ҷойгоҳ пайдо мекунад.

Дар хабар аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) саҳобии ҷалилулқадр Маоз ибни Ҷабал (р)-ро фармуд: Чӣ хоҳӣ кард дар он вақт, ки дар набуди ман масъалае бар ту пеш ояд? (Яъне чӣ гуна доварӣ хоҳӣ кард?)

Арз кард: Тибқи он чӣ дар Қуръон омада доварӣ хоҳам кард.

Фармуд: Агар дар китоби Худо ёфт нашавад чӣ мекунӣ?

Гуфт: Ба суннати Расули Худо (с).

Фармуд: Агар дар он ҳам наёбӣ чӣ?

Гуфт: Ба иҷтиҳод ва раъйи худ.

Он сарвар дилшод гашт ва офарин гуфт. (13)

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) низ гуфтаст: вақте яке аз шумо дар бораи масъалае пурсида шуд, бояд аввал назар кунад ба китоби Худо; агар наёбад, ба суннати Расули Худо (с) нигоҳ андозад. Ва агар наёбад, бояд назар кунад дар чизе, ки мусалмонон иттифоқ кардаанд. Ва агар наёфт, ба раъйи худаш иҷтиҳод кунад. (14)

Аммо сабаби манъ аз иҷтиҳод он аст, ки имомони дин (Худо аз ҳамаи эшон хушнуд бошад!) ба ҳадде саъю кӯшиш намуда ва масоилро матраҳ фармудаанд, ки агар касе андак дарке дорад, ӯ ба қиёс ва истидлол, аз суханони эшон метавонад дар ҳар асре мувофиқи замон ва макон ишколро бартараф кунад. (Ва ба сухани дигар: касе, ки андаке аз малакаи иҷтиҳод бархӯрдор аст, метавонад фатвоҳои имомонро дар ҳар асру замон ва дар ҳар ҷову макон татбиқ намояд.) Ва дигар лозим нест, ки ӯ худ ӯҳдадори истихроҷи аҳком аз ояту ҳадис (манобеъ) бишавад, то мабод, ки билағзад ва худ ва халқро гумроҳ созад.

Ва шартҳое ҳам, ки барои иҷтиҳод гузошта ва таъкид кардаанд, ки набояд ҳар касе барои истихроҷи аҳком ҳиммат гуморад, ба ин хотир аст, ки мабод ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол дониста, ҳам худаш гумроҳ бишавад ва ҳам дигаронро гумроҳ бисозад. Аммо агар касе аз рӯйи сидқу амонат толиби рушду ҳидоят шуда, мутаваҷҷеҳи муроди ҳадис ва оят гардад, метавонад маъноҳои мавриди назари шореъро ба даст оварад ва ҳақ барояш равшан бишавад.

* * *

Пас, то вақте ки ҳукми як мавзӯъ дар Қуръон ва ҳадис ошкор ва зоҳир аст, иҷтиҳод дар он ҷоиз нест. Ва агар дар китобҳои муҷтаҳидон (китобҳои фиқҳӣ) хилофи он гуфта шуда бошад, бояд онро раҳо кард ва ба Қуръон ва ҳадис чанг зад. Вагарна, насхи Қуръон аз қавли муҷтаҳид лозим меояд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Абӯҳанифа (р) гуфтаст: “Агар қавли маро мухолиф ба ҳадис ёбед, ба девор занед”. (15) Ва ҳам ӯ гуфта: “Ҷоиз нест касеро амал намудан (ба сухани ман), то он ки надонад, ин сухан аз куҷо гуфтаам”. (16)

Аз ин рӯ, бепарво тамассук намудан ба қавли он имоми бузургвор, бидуни фикр ва далел, ҳаргиз хушоянди он имом нест.

Оё намебинӣ, ки шогирдони ин пешвоён чун аз қавли устодашон итминон ҳосил нашуд, доман аз он мақом барчиданд ва рафтанд?! Масалан, Имом Муҳаммадро он қадр хилоф бо устодаш Имоми Аъзам аст, ки агар дидгоҳҳои ӯро мазҳабе алоҳида гӯянд, баҷост. Ва оё намебинӣ, ки фуқаҳои пасин чӣ қадр суханони фуқаҳои пешинро беэътибор сохтаанд?!

Пас, агар ҳол ин аст, чӣ гуна метавон эътимод кард бар қавли як фақеҳи дилмурда ва аз зоҳир пай ба маънӣ набурда ё пойи ҳиммат дар майдони тааммул ва тадаббур наниҳода?! Касе, ки мисли дуздон назар дар кисаи ҳар ошною бегона меандозад ва кӯрона даст бар шонаи ҳар оқилу девона мегузорад?! Касе, ки аз дидани маънои Қуръон ва ҳадис ҷудо бошад ва ҳар сухане, ки дар китобе навишта бинад, хоҳ мувофиқи Қуръон ва ҳадис бошад ва хоҳ мухолиф, бе ҳеч таҳқиқ ва пажӯҳиш бипазирад ва ба он қоил шавад?!

Баъзе аз ин фақеҳнамоҳо мутлақо Қуръон ва ҳадисро надида. Ва агар дида, ба маънои он ғавру тааммуқ накарда. Ва агар карда, фақат дар насиҳатҳо ва қиссаҳо фикр карда. Аммо дар хусуси истинботи (17) аҳком бошад, ҷазм ба ин карда, ки он корест фориғшуда ва балки мӯътақид ба ин шуда, ки истинбот корест номумкин, то ки ҳеч кас ба худ ҷуръат надиҳад гом дар ин водӣ ниҳад, балки ба худ биларзад ва чашмпӯшӣ ва гурез аз ин корро ихтиёр кунад ва бар ҳамон тақлиди бемаънӣ бимонад. Ҳазрати Паёмбар (с) дар шаъни эшон фармуда:

رُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ غَيْرِ فَقِيهٍ

(Эй басо бардорандаи фиқҳ, ки фақеҳ нест.) (18)

Пас, дар масъалае, ки амал ба он мунҷар ба ҳараҷ мешавад, агар онро аз олиме инчунинӣ (олимнамое) бишунавем, ё дар китобе навишта ёбем, бояд аввал онро бо китоб (Қуръон) ва суннат бисанҷем; агар мувофиқат кунад, он гоҳ амал намоем.

Мардумоне (донишмандоне) ҳастанд, ки ба сабаби муморасат ва иштиғоли доим ба Қуръон ва ҳадис ва ғалабаи нури имон ва саломати ақлу зиракӣ, аксари масоил барояшон ба қиёс кашф мешавад, ба гунае ки ҳеч шакку тардиде дар дурустии он пешашон боқӣ намемонад ва ҳақ барояшон равшан мешавад. Пас, дар ҳар масъала, ки инчунин рӯй намояд, тақлиди касе раво надорад; чаро ки одамиро парастиш ба ақли худ хоҳад буд, на ба ақли дигарон. Имом Абӯҳанифа (р) гуфтааст:

لا تقلدني ولا مالكاً ولا غيره وخذ الاحكام من حيث أخذوا

(На аз ман тақлид бикун ва на аз Молик ва на аз ғайри ӯ, балки аҳкомро аз ҳамон ҷойе бигир, ки онҳо баргирифтаанд.) (19)

Ҳар гоҳ оят ё ҳадисе дошта бошем, ки агар ба зоҳири он амал шавад, чанде аз фарзу суннатро ба халал орад, бояд дар батни маънии он ғавру тааммуқ намоем ва муроди Худо ва манзури Паёмбар (с)-ро ба муқтазои замону макон муқаррар гардонем ва ҳадду марз ва миқдори он чиро, ки ба он амр шуда ташхис диҳем ва аз сираи Расули Худо (с) ва асҳоби ӯ қиёс гирем. Агар муҷмал (20) аст, маънои онро ба кӯмаки оятҳо ва ҳадисҳои дигар равшан созем. Ва агар муфассал аст, ба қадри эҳтиёҷ ба он амал намоем. Ва агар муғлақ (21) аст, ба ҳазфи зиёдиҳо ва изофаҳо маънои онро дарёбем, то нуқсон дар дин намонад ва ғайрро ҷойи эътироз набошад. Зеро сухани Худованди Мутаъол ва гуфтори Паёмбари Акрам (с) аз халалу нуқсон поканд. Агар ба назари касе ҳам ноқис намоён бишавад, ин ношӣ аз нуқсони худи ӯ бошад ва адами тафаккур ва тадаббури вай дар атрофи он ва адами риояти замону макон.

Масалан, амр ба эҳсон ва некӯкорӣ ба волидайн мутлақ ва муғлақ аст ва дар каломи Худованди Мутаъол ва гуфтори Паёмбари Акрам (с) дар мавориде чанд ворид шуда ва ҳадду марзи он таъйин нашуда. Агар онро мутлақ ангорем ва ҳар падару модареро мавриди эҳсон шуморем ва ҳоли эшонро шарт надонем, дар ин сурат бисёре аз фароизу сунанро раҳо кардаем ва ба бисёре аз корҳои наҳйшуда иқдом намудаем; аз дуздию қимору роҳзанӣ ва қатли бағайри ҳаққ ва талоқи дилнохоҳ ва қатъи нафақаи зан ва майхорагию раққосӣ, ки бисёре аз волидайн дар замони мо ба ин умур розианд ва фарзандонро ба анҷоми ин корҳо амр мекунанд.

Оре, тасарруф дар маънои ояту ҳадис мунҷар ба куфр ва зандақа мешавад агар ғараз он бошад, ки ба аркони дин зиён бирасонад ва амре ва наҳйеро соқит созад ва ҳаромеро ҳалол ва ҳалолеро ҳаром гардонад — аз соқит кардани вуҷуби рӯза ва намоз ба далели танбалӣ ва ҷоиз шумурдани никоҳи маҳрам ба сабаби шаҳватпарастӣ ва тарки ғуслу таҳорат ба хотири танпарварӣ — чунон ки баъзе аз уламои шиъа дар ин амри зишт фурӯ рафта, худро матруд ва малъун сохтаанд. (22) Ва аммо агар ғараз рафъи шубҳа ва ҳалли ишкол бошад, сабаби растгорӣ ва наҷот хоҳад буд.

Пас, агар бар тибқи замону макон ва аҳволу шароит, аз ботини нусус маъноҳои зиёда дар нафс ҳосил шавад — дар умури мустаҳабба ва ахлоқу назми маданӣ, ки халқро ба он фоида бошад – натиҷадиҳандаи фоидаҳои дунявӣ ва динӣ гардад. Масалан, дар насси:

وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا

(Ва барои Худо ҳаҷҷи Байтуллоҳ бар ӯҳдаи мардум аст (албатта бар) касе, ки битавонад ба сӯйи он роҳ ёбад… (Сураи Оли Имрон, ояти 97) – ки амн будани роҳ ва доштани пул ва вуҷуди ҳамроҳ ва саломатии нафсро шарт кардаанд – ин шартро ҳам изофа бикунӣ, ки ҳоҷӣ бояд бе зану фарзанд бошад, ва ё агар зану фарзанд дорад, занаш пир ва фарзандаш ба камол бошад. Ва дар ин шарт фоидаҳои динӣ ва дунявӣ вуҷуд дорад. Зеро эҳтимол меравад, дар набуди вай, фарзандаш зойеъ ва занаш ба фасод афтад. Дар ҳоле ки расидагӣ ба зану фарзанд ва тарбияти онҳо, аз воҷиботи шаръӣ аст. Агар бо зану фарзанд равад, дар ҳараҷу ташвиш меафтад, ки ба ранҷи сафар машаққати аёл афзуда мешавад ва ба ибодат ва маносики ҳаҷ роҳат натавонад пардохт ва бандагии холис натавонад кард.

Агар касе эътироз намояд, ки ин шартро муфассирон накардаанд ва дар китобҳо нанавишта, хуб, дар ин сурат, чӣ мегӯяд ин эътирозкунанда дар бораи зани ин ҳоҷӣ, ки ба ҳар бому даре биравад ва дар бораи писари вай, ки бо одамони беқайду лоуболӣ муошират кунад? Агар гӯӣ: зану фарзанд ба як одами мавриди эътимод месупорад. Гӯем: фаразан, ин марди мавриди эътимод бимирад ё ба сафар биравад, чӣ бояд кард?

Пас, ин тафсир дар батни ин ояи шарифа нуҳуфта, ки назар ба фасоди замон, дар хотири нозир меояд. Ва ин ба ҳеч ваҷҳ таъвил ва тағйири оят нест. Ва ғайри аблаҳон бар он эътироз накунанд.

Пас, агар ин ҳоҷӣ биноро бар шурути муфассирон гузорад, аз барои адои як фарз, сабаби судури ҳазорон гуноҳи кабира шуда ва дину дунёи худ хароб карда ва маблағи ҳангуфт дар ғурбат ба бод дода ва зану фарзанд ба фасод оварда ба муфоди ояти:

قُوا أَنفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا

(Худатон ва аҳлатонро аз оташе, ки сӯхти он мардум ва сангҳост ҳифз кунед… (Сураи Таҳрим, ояти 6)) Ҳифзи аҳл аз оташи дӯзах, дар ҳолати ҳузур мумкин аст, на дар сафар. (Яъне агар ту дар сафар бошӣ, наметавонӣ онҳоро ҳифз бикунӣ, бояд дар назди онҳо ҳузур дошта бошӣ.)

Ва он чӣ баъзе аз муфассирон дар мавориде маъноҳои бисёр баён карда ва дар баъзе муҷмал гузошта, ва дар тафсири дуввум муфассире дигар ба акси он рафта ва дар ҷойе муҷмал тафсир дода ва дар муфассал иҷмол намуда, ва дар тафсири севвум маъноҳое дида мешавад, ки мутлақо дар аввал ва дуввум баён нашуда, дар ин гуна маворид, эътирозкунандаро нарасад, ки гӯяд: “Ин маъниро фалон муфассир нагуфта!” Зеро он муфассиру муҳаддис бино бар шароити замону макону аҳвол, ба маъноҳое иктифо намуда, ба чизе зиёдӣ таваҷҷӯҳ накарда, ба далели бениёзии халқ ва адами эҳтиёҷи эшон. Бинобар ин, баъд аз он замон, муфассири дигар, ки ояд, бояд ба ҷиҳати тафовути аҳвол ва шароит ва танаввуи эҳтиёҷоти халқ, таваҷҷӯҳи комилтар кунад ва бар он маъноҳо чизе биафзояд ва ё бикоҳад ба ҷиҳати раво гардидани аҳком. Ва ҳамчунин, баъд аз ӯ низ ҳар касе ояд, чунин кунад, то қиёми қиёмат.

Яке аз ҷанбаҳои мӯъҷиза будани оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳои Расули Амин (с) ин аст, ки дар ҳар замон ва маконе метавон матолиби мавриди ниёзро аз онҳо берун овард ва истинбот кард. Ва то қиёмат чандон тафсирҳо дар Қуръон ва шарҳҳо дар ҳадис бикунанд, ки он маъноҳо дар зеҳни ҳеч як аз муфассирин ва муҳаддисини пешин хутур накарда.

Ва он чӣ то ба имрӯз муфассирон дар баёни зоҳири алфози Қуръону ҳадис ва маъонии онҳо навиштаанд, ба андозаи фаҳму зарфияти дарки худашон ва бар ҳасби истеъдоди худи онҳо будааст, вагарна Қуръон бас азимушшаън аст. Маъноҳои Қуръони Карим чунон нест, ки махсус ба ҷиҳате бошад ва дигар ҷиҳотро шомил нагардад, ё он ки ихтисос ба қавме ғайр аз қавме дигар дошта бошад, ё он ки мухтасс ба ҳолате танҳо бошад, ё он ки ихтисос ба вақте ва замоне, ё ақле дошта бошад. Зеро каломи Худо ҳамеша зинда аст ва монанди дарахт мева дорад, дар ҳар лаҳза самар медиҳад ба изни Худой. Ва сухани Худовандро маргу табоҳӣ рӯй надиҳад:

لَّا يَأْتِيهِ الْبَاطِلُ مِن بَيْنِ يَدَيْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ تَنزِيلٌ مِّنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ

(Аз пеши рӯйи он ва аз пушти сараш ботил ба сӯйяш намеояд, танзиле (фиристодашудае) аст аз ҳакиме сутудашуда. (Сураи Фуссилат, ояти 42))

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

* * *

(1) Мутлақ дар луғат ба маънои “раҳошуда” ва чизе аст, ки қайд надорад. Ва дар истилоҳ, ҳар гоҳ лафзе бар маъное густарда далолат кунад ба гунае ки шомили ҳамаи афроди он маъно бишавад, онро мутлақ мегӯянд.

(2) Ҳараҷ дар луғат ба маънои тангӣ аст, ва манзур аз ин ки ҳараҷ дар ин дин нест ин аст, ки таклифҳое, ки мӯҷиби машаққат ва сахтӣ барои мукаллаф аст, дар дин вуҷуд надорад.

(3) Тафаққуҳ аз моддаи “фиқҳ” аст ва фиқҳ ба маънои “фаҳми амиқ”. Тафаққуҳ дар дин яъне фаҳми амиқ ҳосил кардан дар масоили динӣ.

(4) Манзури Аҳмади Дониш аз “муноқиз” дар инҷо, “мутазоҳим” ба истилоҳи фиқҳ аст. Яъне ду чизе, ки музоҳими якдигар ва дар тазоҳум ҳастанд. Тазоҳум дар истилоҳ яъне носозгории ду ҳукм, ки ношӣ аз адами тавоноии мукаллаф бар ҷамъ миёни ду таклиф аст. Ба сухани дигар: тазоҳум дар ҷойест, ки мукаллаф наметавонад байни ду ҳукми шаръӣ ҷамъ намояд. Масалан, дар ҳамин мисоле, ки оварда, мукаллаф наметавонад миёни эҳсон ба волидайн аз як тараф ва некӯкорӣ ба ҳамсар аз тарафи дигар, ҷамъ кунад.

(5) Қиёс дар истилоҳи фиқҳ ба маънои истинботи ҳукми мавзӯе (фаръ) — ки дар мавриди он насс вуҷуд надорад – аз мавзӯи дигар (асл) аст, ки ба василаи насси мӯътабар ҳукми он баён шудааст, ба далели шабоҳати он ду мавзӯъ. Барои мисол, дар шаръ омада, ки “Хамр ҳаром аст” яъне дар мавриди хамр насс ворид шуда ва ҳукми он (ҳурмат) баён шудааст. Аз тарафи дигар, нисбат ба ҳукми оби ҷав шак вуҷуд дорад ва нассе дар даст нест. Дар ин маворид, ба хотири шабоҳате, ки оби ҷав бо хамр дорад (масалан ҳар ду масткунанда ҳастанд), аз ҳукми хамр (асл) ҳукми оби ҷав (фаръ) истинбот мешавад.

(6) Шавоҳид ҷамъи шоҳид аст ва қароин ҷамъи қарина ва ҳар ду маънои мушобеҳе доранд. Ва “қарина” дар истилоҳ ба маънои ҳар чизе аст, ки ба ҳамроҳи калом буда ва мухотабро ба он маъное, ки муроди мутакаллим аст, роҳнамоӣ мекунад.

(7) “Каҷ дору марез”, зарбулмасал аст ва дар ҷойе гуфта мешавад, ки масалан ба касе дастур бидиҳӣ, ки ҳам ливонро каҷ нигаҳ бидорад ва ҳам аз ӯ бихоҳӣ, ки оби дохили ливон нарезад. Яъне як таклифи душвор ва балки нашуданӣ.

Ба Хайём ин шеърро нисбат додаанд, ки:

Ё Раб, ту ҷамоли ин маҳи меҳрангез,

Омехтаӣ ба сунбули амбарбез.

Пас ҳукм ҳамекунӣ, ки бар вай манигар,

Ин ҳукм чунон бувад, ки “Каҷ дору марез!”

Ва ҳам инро низ ба ӯ нисбат додаанд:

Ҳукме, ки аз ӯ муҳол бошад, парҳез,

Фармудаву амр карда, к-аз вай бигрез.

Он гоҳ миёни амру наҳйаш оҷиз,

Дармонда ҷаҳониён, ки: “Каҷ дору марез!”

(8) Ишора аст ба ояти каримаи:

لاَ يُكَلِّفُ اللّهُ نَفْسًا إِلاَّ وُسْعَهَا

“Худованд ҳеч касро ҷуз ба қадри тавоноиаш таклиф намекунад.” (Сураи Бақара, ояти 286)

(9) Манбаи ин ривоят тафсири “Бурҳон” (ҷ.1, с.19) буда ва он чунин аст:

من فسر برأيه آية من كتاب الله فقد كفر

“Ҳар касе ки ояте аз Қуръонро ба раъйи худаш тафсир кунад, ба дурустӣ кофир шуда.” Албатта, дар кутуби мӯътабари ҳадисӣ ривояте ба ин мазмун нақл нашуда.

(10) Мурод аз “Саводи Аъзам” яъне ҷамоат. Ибни Моҷа дар ривояте аз Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) нақл карда, ки он ҷаноб (с) фармудаанд:

 فإذا رأيتم اختلافا فعليكم بالسواد الأعظم

“Ҳар гоҳ ихтилофе дидед, бар шумо бод Саводи Аъзам.”

(11) Омм дар истилоҳ лафзест, ки мафҳуми он ҳамаи афрод ва масодиқеро, ки салояти интибоқ бар онҳоро дорад, дарбар мегирад.

(12) Хосс муқобили омм буда ва ба лафзе гуфта мешавад, ки доираи шумули он бар афродаш нисбат ба омм маҳдудтар аст. Робитаи омму хосс робитаи нисбӣ аст. Яъне мумкин аст лафзе дар муқоиса бо як лафз омм ва нисбат ба лафзе дигар хосс бошад.

(13) Ҳадиси Маъоз дар Сунани Абӯдовуд ба ин сурат омада:

عن أناس من أهل حمص من أصحاب معاذ بن جبل: أن رسول الله صلى الله عليه وسلم لما أراد أن يبعث معاذا إلى اليمن قال: كيف تقضي إذا عرض لك قضاء؟ قال: أقضى بكتاب الله، قال فإن لم تجد في كتاب الله؟ قال فبسنة رسول الله صلى الله عليه وسلم، قال فإن لم تجد في سنة رسول الله صلى الله عليه وسلم ولا في كتاب الله؟ قال أجتهد رأيي ولا آلو؟ فضرب رسول الله صلّى الله عليه وسلّم صدره وقال: الحمد لله الذي وفّق رسول رسول الله لما يُرضي رسول الله

(14) Ҳадиси Ибни Масъуд дар китоби “Ҷомеу баёнил-илм ва фазлиҳи”-и Ибни Абдулбарр (ҷ.3, с.75) ба ин сурат нақл шудааст:

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ، قَالَ: مَنْ عَرَضَ لَهُ مِنْكُمْ قَضَاءٌ فَلْيَقْضِ بِمَا فِي كِتَابِ اللَّهِ، فَإِنْ جَاءَهُ مَا لَيْسَ فِي كِتَابِ اللَّهِ فَلْيَقْضِ بِمَا قَضَى بِهِ نَبِيُّهُ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَإِنْ جَاءَهُ أَمْرٌ لَيْسَ فِي كِتَابِ اللَّهِ وَلَمْ يَقْضِ بِهِ نَبِيُّهُ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَلْيَقْضِ بِمَا قَضَى بِهِ الصَّالِحُونَ، فَإِنْ جَاءَهُ أَمْرٌ لَيْسَ فِي كِتَابِ اللَّهِ وَلَمْ يَقْضِ بِهِ نَبِيُّهُ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَلَمْ يَقْضِ بِهِ الصَّالِحُونَ فَلْيَجْتَهِدْ رَأْيَهُ، فَإِنْ لَمْ يُحْسِنْ فَلْيُقِرَّ وَلا يَسْتَحي

(15) Ин сухан аз Имом Абӯҳанифа ба ин сурат нақл шудааст:

إذا قلت قولا يخالف كتاب الله تعالى وخبر الرسول صلى الله عليه وسلم فاتركوا قولي

“Агар қавле гуфтаам, ки мухолифи китоби Худо (Қуръон) ва ҳадиси Расули Акрам (с) бошад, қавли маро раҳо кунед.” (Фаллонӣ, “Алиқоз, с.50)

(16)

لَا يَحِلُّ لِأَحَدٍ أَنْ يُفْتِيَ بِقَوْلِنَا حَتَّى يَعْلَمَ مِنْ أَيْنَ قُلْنَا

(Албаҳрур-роиқ шарҳу канзид-дақоиқ, 13/300, Ашшомила)

(17) Истинбот дар истилоҳ ба маънои “базли ҷуҳду кӯшиш аст барои берун овардани аҳкоми шаръии фаръӣ аз манобеи фиқҳи исломӣ (китоб, суннат, иҷмоъ, қиёс)”.

(18) Ин ҳадис дар Сунани Абӯдовуд ба ин сурат нақл шуда:

رُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ لَيْسَ بِفَقِيهٍ

(Сунани Абӯдовуд, 10/76, Ашшомила)

(19) Ин гуфтор аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал аст, на Имом Абӯҳанифа, ва он ба ин сурат аст:

لا تقلدْني، ولا تقلد مالكًا، ولا الشافعي، ولا الأوزاعي، ولا الثوري، وخذْ من حيث أخذوا

“На аз ман тақлид бикун ва на аз Молик тақлид бинамо ва на аз Шофеӣ ва на аз Авзоӣ ва на Саврӣ, балки бигир (аҳкомро) аз онҷо, ки онҳо баргирифтаанд.” (Ибни Қайим, Эъломул-муқиъин, 2/302)

(20) Муҷмал (дар муқобили муфассал) баёни каломе ба сурати мухтасар ва сарбаста ва бидуни тафсил аст, аз ин рӯ ба оятҳое муҷмал гӯянд, ки феҳриствор ва бидуни тафсил нозил шуда бошанд ва аз зоҳири оят мурод ва маънои он ба равшанӣ маълум нашавад ва мӯҳтоҷи тавзеҳ бошад. Бештари оятҳои аҳком аз ин синханд, ки баёнкунандаи онҳо аҳодиси набавӣ аст.

(21) Муғлақ: мушкил, пӯшида.

(22) Аз ин навъ қазоватҳо ва довариҳои сарбаста мутаассифона дар суханони соири уламо ҳам дида мешавад ва бештар ба далели шунидаҳо ва ё хондани матолибе дар бораи як гурӯҳ ва ё фирқа на аз манобеи худи онҳо, балки аз китобҳое, ки дигарон (ва бештар хусуми фикрии эшон) дар бораи онҳо навиштаанд. Вагарна, уламои шиъа (имомия) барӣ ва пок аз ин гуна нисбатҳои нораво ҳастанд.

* * *

Матни аслӣ:

Гуфтам: Алҳақ, оёту аҳодис, ки дар боби ҳуқуқи абавайн ворид шудааст, бар итлоқ аст. Ва муфассирону муҳаддисон низ бар итлоқи маонӣ онҳоро тафсир дода, ҳадде муайян нанамудаанд. Нусусро аз зоҳир баровардан вазифаи мо нест ва он чи муфассирин ва муҳаддисин гуфтаанд, бад-он иқтидо бояд кард. Ва моро намерасад, ки барои худ дар нусус маонии зиёда малҳуз дорем. Ва моро фармудаанд, ки “ба абавайн некӯӣ кун”, некӯӣ кунем. “Ва бо зан некӯӣ кун”, некӯӣ кунем, агарчи [он] дигарӣ норозӣ бошанд.

Гуфтанд: Ин муфзӣ ба ҳараҷ аст ва ҳараҷ дар дини ислом нест, чи қиём ба ҳаққи дигарӣ чун сабаби адами ризои он дигар шавад. Он чӣ некӯӣ бошад ва мо маъмурем ба тафаққӯҳ дар дин, ки дар амсоли маворид, ки ду насс ба ҳамдигар муноқиз ояд, тафаҳҳус ва таҷассус дар маънии мақсударо дарёбем, то шубҳа аз дин бархезад, ки дар маҳкамаи шариат ҳеч вақте амр ба “Каҷ дору марез” накардаанд ва ҳеч ҳукме мофавқи тоқати бандагон нанамуда.

Гуфтам: Қиёс ва истидлол низ вазифаи муҷтаҳид аст ва мо на аҳли онем ва печидан дар маънии ояту ҳадис бе қуввати иҷтиҳодия ба муфоди “Ман фассарал-Қуръона бираъйиҳи фақад кафара” манҳиюн анҳу аст. Ва аз Саводи Аъзам, ки шоҳроҳи тақлид аст, берун набояд шуд ва он раҳе, ки обою аҷдод бар он рафтаанд, бояд рафт. Ва худро дар кашмакаши “лам ва ло нусаллим” набояд андохт.

Гуфтанд: Авомиру навоҳии нусус, ки мо ба феълу тарки он маъмурем, омм аст, махсус ба баъз дуни баъз нест ва он то нафҳаи аввалаи сур мумтадд меравад ва ҳамаи ашхоси инсонӣ мухотабанд ба хитоби “Саллу ва закку ва ло тусрифу”. Масалан то вуқӯи растохез, ки агар хитобот хос будӣ, ҳеч ҳукме аз замони соҳиби шаръ ба замони сонӣ авд накардӣ, зеро ки мухотаб набӣ ва асҳоби ӯянд: “Салавотуллоҳи алайҳи ва алайҳим аҷмаъин”. Пас, дар ин оят — ки “Фалавло нафара мин кулли фирқатин минҳум тоифатун лиятафаққаҳу фид-дин”, яъне чаро берун нараванд дар ғазва аз ҳар қабила яке ё ду ва тоифае бимонанд, то ғавру тааммул кунанд дар дин — мухотаб дар ин амр аъробанд ва аммо ҳукми фақоҳат ва амр ба ғазо дар дин омм аст. Махсус ба замоне дуни замоне нест. [Ва чунон чӣ, агар шароити ғазо мутаҳаққиқ шавад, ғазва воҷиб гардад, ҳамчунин ҳукме равшан аз китобу суннат мустафод нашавад, тафаққӯҳ дар он лозим ояд, то шубҳа дар дину эътиқод намонад]. Фақоҳат дар дин иборат аз истихроҷи аҳкомест мувофиқи марзии шореъ, агарчӣ дар Қуръон ва ҳадис мусарраҳ воқеъ нашуда бошад.

Масалан, агар ғуломе аз ҳузури мавло ва истимои каломи ӯ ё аз истимои аҳкоми мавло ва тааммул дар авомиру навоҳии ӯ, муддате дар анҷоми кор табиатшиносу марзидон гашта бувад ва пояаш бад-он ҷо расад, ки агар аз мавло дур афтад, дар ғайбати ӯ амре чунон ворид шавад, ки ҳукми он аз забони мавло нашунида ва дар мукотиботу авомири ӯ надида, ба сабаби шинохтаи мароми мавло, саранҷом он муҳим мувофиқи ризои мавло тавонад кард. Ин хислате ҷалилулқадр бувад, назди мавлои ӯ сабаби эътибор ва эъзоз гардад.

Ва дар хабар ворид аст, ки он сарвар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Маозро гуфт: “Чӣ хоҳӣ кард дар он вақт, ки корҳо дар ғайбати ман ба ту ҳозир хоҳанд шуд [бас, мушкил]?”

Арз намуд, ки “китобуллоҳро муояна хоҳам кард”.

Фармуд: “Агар дар он ёфта нашавад, чӣ кунӣ?”

Гуфт: “Суннати Расулуллоҳро тафаҳҳус хоҳам намуд”.

Гуфт: “Агар дар он ҳам наёбӣ?”

Гуфт: “Ба раъйи худ машварат хоҳам намуд”. Он сарвар дилшод гашт ва офарин гуфт.

Ғайримарфӯъ қавли Ибни Масъуд, ки гуфт: — чун пурсида шуд — яке аз шумо бояд, ки назар кунад дар китобуллоҳ. Пас, агар наёбад, онро назар кунад дар суннати Расулуллоҳ. Ва агар наёбад дар китобу суннат, бояд, ки назар кунад дар чизе, ки иҷтимоъ кардаанд мусулмонон бар он ва илло иҷтиҳод кунад. (Интаҳо, “Сафарус-саода” қ. 572)

[Аммо сабаби манъ аз иҷтиҳод барои он аст, ки аиммаи дин ризвонуллоҳи таоло алайҳим аҷмаин чандон саъю кӯшиш намуданд ва вазъи масоил фармуданд, ки агар касе андак фатонате дорад, ба қиёсу истидлол аз суханҳои эшон рафъи ишкол тавонад кард дар ҳар асре ва аҳде мувофиқи замон ва макон. Ва ӯро лозим набувад, ки худ мутасаддии истихроҷи масоил гардад аз ояту ҳадис, то мабод, ки ба иғвое лағзиш ёбад ва халқро ва худро гумроҳ гардонад. Ва он чӣ аз барои иҷтиҳод шартҳо кардаанд ва наҳй фармуда, то ҳар касе барои истихроҷи аҳкоми алоҳида шуғл наёрад ва бувад, ки ба иғвои нафс ҳалолеро ба ҳароме ва ҳаромеро ба ҳалоле орад ва зол(л) ва музил(л) гардад. Аммо агар касе ба тариқи сидқу амонат толиби рушду ҳидоят шуда, мутаваҷҷеҳи ҳадис ва оят шавад, маонии мақсуда мувофиқи матлуб таҳсил мекунад ва ба тарафи савоб ва ҳақ(қ) мулҳам мешавад].

Пас, то вақте ки ҳукм дар Қуръон ва ҳадис мусарраҳ ва зоҳир аст, иҷтиҳодро дар он дахл набояд дод. Ва хилофи он агар дар кутуби муҷтаҳидин ҳам барояд, аз он чашм бояд пӯшид ва тамассук бо Қуръон аз қавли муҷтаҳид лозим ояд. Аз ин ҷиҳат Абиҳанифа разияллоҳу анҳу гуфт: “Агар қавли маро мухолиф ба ҳадис ёбед, ба девор занед”. Дигар [боре] гуфт: “Ҷоиз нест амал намудан касеро, то он ки надонад, ки ин сухан аз куҷо гуфтаам”.

Ва бар қавли он имоми ҳумом бе муҳобо тамассук намудан ва фикр ва далоил ва қиёс нанамудан ҳаргиз марзии он имом набудааст.

Набинӣ, ки шогирдони аимма раҳимаҳумуллоҳро чун аз қавли асотиза итминон ҳосил нагашт, доман аз он мақом барчиданд ва бирафтанд, то ин ки Имом Муҳаммадро он қадр хилоф бо Имоми Аъзам аст, ки агар онро мазҳаби алоҳида гӯянд, баҷост. Ва мутааххирин чӣ қадр ақволи мутақаддиминро соқит намуданд.

Пас, агар ҳол ин аст, чигуна эътимод тавон кард бар қавли фақеҳи дилмурда ва аз зоҳир пай ба маънӣ набурда, ё пои ҳиммат дар майдони тааммул ва тадаббур наниҳода, ба таври дуздон назар дар кисаи ҳар ошною бегона меандозад ва кӯрона даст бар шонаи ҳар оқилу девона мегузорад?! Ва аз дидани маънии Қуръон ва ҳадис мавқуф ва маъзул бошад ва ҳар сухане, ки дар китобе навишта бинад, хоҳ мувофиқи Қуръон ва ҳадис бошад ва хоҳ мухолиф, бе такаллуф ва тафаҳҳус қоили он мешавад. Ва баъзе аз ин фуқаҳо мутлақо Қуръон ва ҳадисро надида ва агар дида, ба маънии он ғавру тааммуқ накарда ва агар карда ҳам, фикр дар насоеҳ ва ахбору қисас карда ва истинботи аҳкомро муфаррағун анҳо ҷазм намуда, балки мумтанеъ ақида карда, то ки бар худ биларзанд ва чашмпӯшию гурез аз он мақомро ихтиёр кунанд ва ба ҳамон тақлиди бемаънӣ ба мақарри худ раванд, ки мухбири содиқ дар шаъни эшон фармуд: “Рубба ҳомили фикҳин ғайри фақеҳин”.

Пас дар масъалае, ки амал бад-он муфзӣ ба ҳараҷ шавад, аз олиме бад-ин наҳҷ [сухан] бишунавем, ё дар китобе навишта ёбем, бояд, ки онро ба китобу суннат тавфиқ ва татбиқ диҳем, [агар мувофиқат кунад], он гоҳ амал намоем. Ва баъзе аз мардумро ба сабаби музовалат дар Қуръон ва ҳадис ва ғалабаи нури имон ва саломатии ақлу фатонат аксари масоил ба қиёс кашф мешавад ба вазъе, ки шакку тардидро дар он дахл боқӣ намемонад ва инкишофи ҳақ мешавад.

Пас, дар ҳар масъала, ки инчунин рӯй намояд, тақлиди касе раво надорад, чаро ки одамиро парастиш ба ақли худ хоҳад буд, на ба ақли дигарон. Ва бо вуҷуди илм, дар мухолифати ҳаққ албатта маъхуз хоҳад шуд. Қола Абуҳанифа раҳимаҳуллоҳу таоло: “Ло туқаллиднӣ ва ло туқаллиданна Моликан ва ло ғайраҳу ва хузил-аҳкома мин ҳайсу ахазуҳу”. Ва агар ояте ё ҳадис, ки агар ба зоҳири он амал равад, чанде аз фарзу суннатро ба халал орад, дар батни маънии он ғавру тааммуқ намоем ва муродуллоҳу муродуннабиро назар ба муқтазои замону макон муқаррар гардонем ва ҳадд ва миқдори мо умира биҳиро ташхис кунем ва аз сирати Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳоби ӯ разияллоҳу таоло анҳум қиёс гирем. Агар муҷмал аст, баъзе маонии ояи дигар ва ҳадиси дигар бар ӯ малҳуз дорем. Ва агар муфассал, то ба қадри эҳтиёҷ маъмул дорем. Ва агар муғлақ, ба ҳазфи завоид ва изофот маънии онро дарёбем, то нуқсон дар дин намонад ва ғайрро ҷои эътироз набошад, ки каломуллоҳу ҳадисуннабӣ мубарро аз халалу нуқсанд, ки дар назари нозир дарояд ҳам, аз нуқси ӯ бошад ва адами тафаккуру тадаббур дар атрофи он ва адами риояти замону макон.

Масалан, амр ба эҳсон ба абавайн мутлақу муғлақ аст ва дар каломуллоҳу ҳадисуннабӣ дар мавориди мутааддида ворид шуда ва ҳадди он мутаайин нагашта. Агар онро бар итлоқ донем ва мутлақи абавайнро мавриди эҳсон шуморем ва салоҳи ҳоли эшонро шарт надонем, бисёре аз фароизу сунанро ба зиён оварда бошем ва ба бисёр аз манҳиёт иқдом намуда, аз дуздию қимору роҳзанӣ ва қатли бағайри ҳаққ ва талоқи баҷабр ва қатъи нафақаи зан ва қаҳбагию раққосагӣ, ки бисёре аз абавайн “фи замонино” дар он ин умур розианд ва фарзандонро дар ин корҳо омир ва соиянд.

Оре, тасарруф дар маънии ояту ҳадис муфзӣ ба куфр ва зандақа мешавад агар ғараз он бувад, ки аркони дин ба зиён барад ва амре ва наҳйеро соқит гардонад ва ҳаромеро ба ҳалоле орад ва ҳалолеро ба ҳароме — аз суқути савм ва салот ҷиҳати коҳилӣ ва никоҳи маҳрам ҷиҳати шаҳватпарастӣ ва тарки ғуслу таҳорат ҷиҳати танпарварӣ — чунон ки дар ин амри шанеъ баъзе аз уламои шиаи шанеъа тавағғул намуда, худро матруду малъуни абадӣ сохтаанд, “аозаналлоҳу минҳу”. Ва аммо агар ғараз рафъи шубҳа ва ҳалли ишкол бувад, мӯриси фалоҳу наҷот хоҳад буд.

Пас, агар бар тибқи замону макон ва аҳволу авориз маонии зиёда дар нафс ҳосил шавад аз бавотини нусус дар умури мустаҳабба ва ахлоқу назми маданӣ, ки халқро бад-он интифоъ бувад ва дар анфусу офоқ мутобиқ бошад, мусмири фавоиди дунявӣ ва динӣ бошад. Масалан: дар насси Ва лиллоҳи ҳаҷҷул-байти ман истатоа илайҳи сабило” амни тариқу зар ва рафиқ ва саломатии нафсро шарт кардаанд, шарти дигар биафзоӣ, ки ҳоҷӣ бояд ки бе зану фарзанд бошад. Ба муҷарради мулоҳизаи фавоиди динию дунявӣ, ки фарзанди ӯ зоеъ мемонад ва зани ӯ дар фасод меафтад, магар зане пир дорад ва фарзанде ба камол. Чи тимори зану фарзанд аз мавоҷибот аст ва қиём ба тааҳҳуду тарбияти онҳо аз қуработ. Агар бо зану фарзанд равад, дар ҳараҷу ташвиш меафтад, ки бо ранҷи сафар кулфати аёл мунзамм мешавад ва ба ибодати ҳаққа ва маносики ҳаҷҷ бе машғала натавонад пардохт ва бандагии холис натавонад кард. Пас, агар касе эътироз орад, ки ин шартро муфассирон накардаанд ва дар китобҳо нанавишта, чӣ гӯяд дар ҳаққи зани ин ҳоҷӣ, ки ба бому дар дарравад ва дар ҳаққи ин писар, ки бо қаландарон ихтилот кунад? Агар гӯӣ: Зану фарзанд ба одаме мӯътамад месупорад, фаразан, ин мӯътамад бимирад, ё ба сафар равад, чӣ бояд кард? Пас, ин тафсир дар батни ин оя ҷузъ бошад, ки назар ба фасоди замон дар хотири нозир ояд ва ин таъвил ва тағйири оят набувад. Ва бар он ғайри суфаҳо эътироз наёранд. Пас, агар ин ҳоҷӣ бино бар шурути муфассирон ниҳад, аз барои адои як фарз масдари ҳазор кабираро сабаб шуда бошад ва надониста дину дунёи худ хароб карда, ки маблағи хатир дар ғурбат ба бод дода ва зану фарзанд ба фасод оварда ба муфоди: “Қу анфусакум ва аҳликум норан”, иттиқои аҳлу нафс дар ҳазар мумкин аст, на дар сафар. Ва он чи баъзе аз муфассирон маонии бисёр дар баъзе маворид баён карда ва дар баъзе муҷмал гузошта. Ва дар тафсири сонӣ дигаре аз муфассирон ба акси он рафта ва дар ҷое муҷмал тафсир дода ва дар муфассал иҷмол намуда. Ва баъзе маонӣ дар тафсири солис ҳаст, ки мутлақо дар аввалу сонӣ баён нарафта, мӯътаризро нарасад, ки гӯяд: “Ин маъниро фалон муфассир нагуфта”. Чӣ он муфассиру муҳаддис бино бар истеъдоди замону макон ва тавофуқи аҳвол ва аъроз ба маонии ҳозира иктифо намуда, ба мозода таваҷҷӯҳ накарда, аз ҷиҳати истиғнои халқу адами эҳтиёҷи эшон. Ва баъд аз он замон муфассири сонӣ аз ҷиҳати тафовути авориз ва танаввӯи эҳтиёҷи халқ таваҷҷӯҳи томтар кунад ва бар он маонӣ чизе бияфзояд ва ё бикоҳад ҷиҳати равоии аҳкомро; чӣ сувари илмия лозола аз лавҳи маҳфуз назди таваҷҷӯҳ бар замири софӣ аз маҳабби файз мерасад. Ва ҳамчунин баъд аз ӯ, ки ҳар кадом ба он дигар тавфиқ дорад, то қиёми соат; чӣ яке аз эъҷози каломи маҷид ва ҳадиси расули ваҳид ин аст, ки маонии мақсуда аз каломи мӯъҷазнизоми илоҳӣ ва аҳодиси қудсии оёти ҳазрати рисолатпаноҳӣ мувофиқи замону макон дар ҳар вақте мустахраҷ ва мустанбат шавад ва то нафхаи сур чандон тафсир дар калом ва шарҳ дар ҳадис кунанд, ки маонии он дар замири ҳеч як аз муфассирин ва муҳаддисини собиқ хутур накарда буд. Ва боз он маънӣ дар он калом ва ҳадис мутобиқ бошад ва маҳмуд бувад, чунон ки филфавр дар нафс қарор гирад. [Ва он чи муфассирон дар баёни зоҳири алфозу маонӣ ва атвори фасоҳат ва мавориди калом навиштаанд, ба қадри афҳом ва мадорики худашон бошад ва бар ҳасби истеъдоди худи онҳо бувад, вагарна Қуръон бас азимушшаън аст. Маонии Қуръони қадим чунон нест, ки махсус ба ваҷҳе бошад ва дигар ваҷҳро шомил нагардад. Ё он ки ихтисос ба қавме дошта бошад, ё он ки мухтасс ба ҳолате танҳо бошад, ё он ки ихтисос ба вақте ва замоне, ё ақлу маконе дониста бошад, зеро каломи худоӣ ҳамеша зинда аст ва монанди дарахт мева дорад, дар ҳар он самар медиҳад ба изни худоӣ. Ва сухани Худойро маргу табоҳӣ рӯй надиҳад. “Ло яътиҳил-ботилу мин байни ядайҳи ва ло мин халфиҳи танзилун мин ҳакимин ҳамид…

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: