Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (33) – Шафоат (1)

Матни китоб:

والشفاعة التي ادّخرها لهم حقّ، كما روي في الأخبار

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) ва шафоате, ки Худованди Мутаъол барои Паёмбари Гиромияш (с) захира карда чунон ки дар ривоёт омада ҳақ аст…

* * *

Шарҳ:

Яке аз имтиёзҳое, ки Худованди Мутаъол ба мӯъминон ихтисос дода ин аст, ки агар шахси мӯъмин имони худро то ҳангоми марг ҳифз кунад ва бо имон аз дунё биравад, ба азоби абадӣ мубтало нахоҳад шуд. Гуноҳони кучакаш ба воситаи дурӣ аз гуноҳони кабира бахшуда мешавад ва гуноҳони кабира ба василаи тавбаи мақбул омурзида мегардад. Ва агар аз олудгиҳои гуноҳон пок нашуд, ба василаи “шафоат” — ки таҷаллии бузургтарин ва фарогиртарин раҳмати илоҳӣ дар Расули Акрам (с) мебошад — аз азоби дӯзах наҷот хоҳад ёфт. Дар ҳадисе саҳеҳ, ки Ибни Моҷа, Тирмизӣ ва Ҳоким ривоят кардаанд, Паёмбари Акрам (с) фармуда:

إِنَّ شَفَاعَتِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ لِأَهْلِ الْكَبَائِرِ مِنْ أُمَّتِي

Ҳамоно шафоати ман дар рӯзи растохез аз барои касоне аз уммати ман хоҳад буд, ки муртакиби гуноҳони кабираанд.” (Сунани Ибни Моҷа, 12/368, Ашшомила)

Пас, бузургтарин умеди мӯъминони гунаҳкор шафоат аст. Вале дар айни ҳол набояд ин умедбахшӣ сабаби бепарвоӣ ва бетаваҷҷӯҳии онон гардад, ки дар ин бора дар оянда сухан мекунем.

Шафоат чист?

“Шафоат” ба маънои миёнҷигарӣ, висотат ва дархости афв ва бахшоиш аст. Дар истилоҳи исломӣ шафоат ба ин маъност, ки шафоаткунанда (масалан ҳазрати Паёмбар (с)) барои касе талаби бахшиш намояд ва аз Худо рафъи ниёзи ӯро бихоҳад.

Баҳси мо дар мавзӯи шафоат ба ин сурат хоҳад буд, ки аввал суханони уламои исломӣ дар ин мавзӯъро меоварем ва сипас ба тафсил ба посухи эродҳо ва ишколоте, ки дар боби шафоат матраҳ аст мепардозем.

Шафоат дар суханони уламои исломӣ

1. Дар “Фиқҳи акбар” мегӯяд:

وشفاعة الْأَنْبِيَاء عَلَيْهِم السَّلَام حق وشفاعة النَّبِي صلى الله عَلَيْهِ وَسلم للْمُؤْمِنين المذنبين وَلأَهل الْكَبَائِر مِنْهُم المستوجبين الْعقَاب حق

Шафоати паёмбарони илоҳӣ (а) ҳақ аст ва шафоати Паёмбари Акрам (с) мар мӯъминони гунаҳкор ва аҳли кабираро, ки сазовори муҷозот будаанд ҳақ аст.”

2. Имом Абӯҳафси Насафӣ мегӯяд:

الشفاعة ثابتة للرسل والأخيار في حق الكبائر بالمستفيض من الأخبار

Шафоат барои паёмбарон ва бандаҳои хуби Худо дар мавриди аҳли гуноҳони кабира ба далели ахбор ва ривоятҳои фаровон собит шудааст.” (Ақоиди Насафӣ)

3. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар “Фатҳул-борӣ” гӯяд:

وَجَاءَتْ الْأَحَادِيث فِي إِثْبَات الشَّفَاعَة الْمُحَمَّدِيَّة مُتَوَاتِرَة وَدَلَّ عَلَيْهَا قَوْله تَعَالَى: عَسَى أَنْ يَبْعَثَك رَبُّك مَقَامًا مَحْمُودًا، وَالْجُمْهُور عَلَى أَنَّ الْمُرَاد بِهِ الشَّفَاعَة

Аҳодис дар хусуси исботи шафоати муҳаммадӣ (с) мутавотир аст ва ин ояти шарифа низ ба он далолат дорад, ки: “Умед аст, Парвардигорат туро ба мақоме маҳмуд (сутуда) бирасонад.” (Сураи Исро, ояти 79) ва ҷумҳури уламо бар ин назаранд, ки мурод аз “мақоми маҳмуд” дар ин оят мақоми шафоат аст…” (Фатҳул-борӣ, 18/403, Ашшомила)

4. Қозӣ Аёз (ба нақл аз Имом Нававӣ дар Шарҳи Саҳеҳи Муслим) гӯяд:

قال القاضي عياض رحمه الله مذهب أهل السنة جواز الشفاعة عقلا ووجوبها سمعا بصريح قوله تعالى: «يومئذ لا تنفع الشفاعة الا من أذن له الرحمن ورضى له قولا» وقوله: «ولا يشفعون الا لمن ارتضى» وأمثالهما وبخبر الصادق صلى الله عليه و سلم وقد جاءت الآثار التي بلغت بمجموعها التواتر بصحة الشفاعة في الآخرة لمذنبي المؤمنين وأجمع السلف والخلف ومن بعدهم من أهل السنة عليها

Аҳли суннат шафоатро ақлан ҷоиз ва (имон ба онро) нақлан воҷиб медонанд ва далели он (ояти 109 сураи Тоҳо) аст, ки мефармояд: “Дар он рӯз шафоат (ба касе) суд набахшад, магар касеро, ки (Худованди) Раҳмон иҷоза диҳад ва суханаш ӯро писанд ояд.” Ва низ (ояти 28 сураи Анбиё), ки фармояд: “Ва ҷуз барои касе, ки (Худо) ризоят диҳад, шафоат намекунанд.” Ва амсоли ин оёт ва низ ривоёти Паёмбари Акрам (с) мебошад. Ва ривоёти зиёде, ки маҷмӯи онҳо ба ҳадди тавотур мерасад, дар мавриди сиҳҳати шафоат дар қиёмат барои мӯъминони гунаҳкор ворид шудааст. Ва тамомии уламои аҳли суннат аз қабл то ба ҳоло бар сиҳҳати шафоат иҷмоъ доранд…” (Шарҳи Наваӣ бар Саҳеҳи Муслим, 3/35, Ашшомила)

5. Имом Фахри Розӣ гӯяд:

أجمعت الأمة على أن لمحمد صلى الله عليه وسلم شفاعة في الآخرة وحمل على ذلك قوله تعالى: عسى أن يبعثك ربك مقاما محمودا، وقوله تعالى: ولسوف يعطيك ربك فترضى

Уммати исломӣ бар ин матлаб иҷмоъ доранд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар қиёмат ҳаққи шафоат дорад, ва ин ду оят: “Умед аст, ки Парвардигорат туро ба мақоме маҳмуд бирасонад.” ва “Ба зудӣ Парвардигорат туро атое хоҳад дод, ки хурсанд гардӣ.” (Сураи Зуҳо, ояти 5)-ро ба ҳамин маъно ҳамл кардаанд.” (Тафсири Розӣ, 3/83, Ашомила)

Эродҳо ва ишколот

Он чӣ ба унвони эрод ва ишкол бар шафоат гуфта шуда ва ё метавон гуфт, аз ин қарор аст:

1. Лозимаи эътиқод ба шафоат ин аст, ки раҳмат ва шафқати шафоаткунанда (шафеъ) бештар ва васеътар аз раҳмати Худо дониста шавад; зеро фарз ин аст, ки агар шафоат набошад, Худо гуноҳкорро азоб мекунад;

2. Эътиқод ба шафоат сабаби ҷуръат пайдо кардани нафсҳои моил ба гуноҳ, балки мӯҷиби ташвиқи онҳо ба иртикоби гуноҳ мешавад;

3. Қуръони Карим дар порае аз оятҳо шафоатро мардуд донистааст. Масалан, Қуръон рӯзи растохезро чунин муаррифӣ мекунад:

وَاتَّقُواْ يَوْمًا لاَّ تَجْزِي نَفْسٌ عَن نَّفْسٍ شَيْئًا وَلاَ يُقْبَلُ مِنْهَا شَفَاعَةٌ

Ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеч кас чизе (аз азоби Худо)-ро аз касе дафъ намекунад ва на аз ӯ шафоате пазируфта хоҳад шуд…” (Сураи Бақара, ояти 48)

4. Шафоат бо асле, ки Қуръони Карим таъсис фармуда ва саодати ҳар касеро вобаста ба амали худаш дониста ва фармуда:

وَأَن لَّيْسَ لِلْإِنسَانِ إِلَّا مَا سَعَى

Барои инсон ҷуз ҳосили талоши ӯ нест.” (Сураи Наҷм, ояти 39) – мунофот дорад;

5. Лозимаи сиҳҳати шафоат ин аст, ки мӯътақид шавем Худо таҳти таъсири шафеъ қарор мегирад ва хашмаш табдил ба раҳмат мегардад, дар ҳоле ки Худо инфиъолпазир нест, тағйири ҳолат бар ӯ роҳ надорад ва ҳеч омиле наметавонад дар ӯ асар бигузорад;

6. Шафоат як навъ истисно қоил шудан ва табъиз ва беадолатӣ аст, дар ҳоле ки дар дастгоҳи Худо беадолатӣ вуҷуд надорад. Ба таъбире дигар: шафоат истисно дар қонуни Худост, ва ҳол он ки қонунҳои Худо куллӣ ва тағйирнопазир ва истиснонопазир ҳастанд:

وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا

Дар суннати (қонуни) Худо ҳаргиз тағйире нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Фатҳ, ояти 23)

Тавзеҳи ин ишкол он аст, ки: дар сурати шафоат гуноҳкорон ба ду гурӯҳ тақсим мегарданд: як идда ба хотири ин ки ошно доранд, аз чанголи муҷозот мегурезанд, ва иддае дигар ба далели ин ки ошно надоранд, гирифтори муҷозот мешаванд. Мо дар миёни ҷомеаҳое башарӣ ҷомеаҳоеро, ки қонун дар он дастхуши ошнобозӣ аст, фосид ва фоқиди адолат мешуморем, он вақт чӣ гуна мумкин аст дар дастгоҳи илоҳӣ мӯътақид ба ошнобозӣ шавем?! Дар ҳар ҷомеае, ки шафоат ҳаст, адолат нест.

Дар қисматҳои оянда ба тафсил ба посухи ин эродҳо ва ишколот хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: