Ҳазрати Муҳаммад (с) дар чанд сатр

mohamad0

Ба баҳонаи милоди босаодати паёмбари меҳрубониҳо, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с)

Ҳазрати Муҳаммад (с) «ростгӯтарини мардумон ва ба аҳди худ сахт пойбанд, аз ҳамаи мардум забонаш нармтар ва дар муъошират аз ҳама беҳтар буд.» (Алғорот с 59, Ансобул-ашроф ҷ 1, с 391, Табақотул-кубро ҷ 1, с 411-412)

«Ҳар кас бо ӯ муошират мекард, дӯстиашро ба дил мегирифт.» (Ансобул-ашроф, ҷ 1, с 392)

«Он гоҳ ки ба асҳобаш менигарист, лаҳазоти нигоҳро баробар миёнашон тақсим мекард.» (Биҳорул-анвор, ҷ 16, с 260)

«Вақте ба касе даст медод, пеш аз ӯ дасти хешро бознамекашид, ҳамчунон ки чеҳраашро аз ӯ барнамегардонид магар он ки ӯ баргардонад.» (Табақотул-кубро ҷ 1, с 378, Маҷмауз-завоид ҷ 9, с 15)

«Ӯ чеҳраи гушода дошт, тундхӯй ва маломатгар ва фаҳҳош ва мизоҳкунанда набуд.» (Ансобул-ашроф, ҷ 1, с 293)

«Сираи ӯ миёнаравӣ, суннати ӯ ҳидоят ва рушд, суханаш меъёри ҳақ ва ҳукмаш адл буд.» (Наҳҷул-балоға, с 139)

Яке аз ёронаш мегӯяд, ки ҳеч касро надидааст, ки «беш аз Расули Худо (с) бар лабонаш табассум бошад.» (Табақотул-кубро, ҷ 1, с 372-373)

Абӯсуфён, ки пас аз мусалмон шудан рафтори асҳобро бо Расули Худо (с) дид, гуфт: «То кунун надида будам, ки касоне соҳиби хешро он андоза, ки асҳоби Муҳаммад (с) ӯро дӯст медоранд, дӯст дошта бошанд.» (Ҳамон, ҷ 2, с 56)

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳусни муошират бо ҳамсарон намуна буд. Некрафторӣ бо занонро ба ёрон ва пайравонаш тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт: “Ҳамаи мардум дорои хислатҳои неку бад ҳастанд. Мард набояд танҳо ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ҳамсари худро тарк кунад; чун ки ҳар гоҳ аз як хислати ӯ нороҳат шавад, хислати дигараш мояи хушнудии ӯст ва ин дуро бояд бо ҳам ба ҳисоб овард”. (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор ҷ 2, с 251 то 263)

Бо фарзандон фавқулода меҳрубон буд, ба онҳо муҳаббат мекард, онҳоро рӯи домани хеш менишонд, бар дӯши хеш саворашон мекард, онҳоро мебӯсид, ва ин ҳама дар ҳолест, ки ин гуна рафтор бар хилофи хулқу хӯйи роиҷи он замон буд.

Дар ривоят аст, ки рӯзе дар ҳузури яке аз ашроф Паёмбар (с) яке аз наводаҳои хеш − Имом Ҳасани Муҷтабо (а)−ро бӯсид. Он мард гуфт: “Ман ду писар дорам ва ҳанӯз ҳатто як бор ҳеч кадом аз онҳоро набӯсидаам.” Паёмбари меҳрубонӣ (с) хитоб ба ӯ фармуд: “Касе ки меҳрубонӣ накунад, раҳмати Худо шомили ҳолаш намешавад”. (Ҳамон)

Нисбат ба фарзандҳои дигарон низ меҳрубон буд, онҳоро рӯи зонуи хеш нишонда, дасти муҳаббат бар сари онҳо мекашид. Гоҳ модарон кӯдакони хурдсоли хешро ба ӯ медоданд, ки барои онҳо дуо кунад. Аҳёнан чунин иттифоқ меуфтод, ки он кӯдакон рӯи ҷомаи он ҷаноб (с) идрор мекарданд. Модарон нороҳат мешуданд ва мехостанд монеъи идомаи идрори бачча шаванд. Паёмбари раҳмат (с) онҳоро аз ин кор ба шиддат манъ мекард ва мегуфт: “Монеъи идомаи идрори кӯдак нашавед. Ин ки ҷомаи ман наҷис бишавад, аҳаммият надорад, покаш мекунам”. (Ҳамон)

Бархӯрд ва таъомули ӯ бо бардагон — дар давроне ки бардадорӣ роиҷтарин одати мардумони асру замони ӯ ба шумор мерафт — мисолзаданист. Ба мардум мегуфт: “Инҳо бародарони шумоянд. Аз ҳар ғизое, ки мехӯред, ба онҳо бихӯронед ва аз ҳар навъ ҷомае, ки мепӯшед, онҳоро бипӯшонед. Кори тоқатфарсо ба онҳо таҳмил макунед, балки дар корҳо ба онҳо кӯмак кунед”. Мегуфт: “Онҳоро ба унвони “банда” ва ё “каниз” хитоб накунед; зеро ҳама мамлуки Худойем ва молики ҳақиқӣ Худост, балки онҳоро ба унвони “фато” (ҷавонмард) ё “фатот” (ҷавонзан) хитоб кунед.” Паёмбар (с) шуғли “наххосӣ”, яъне бардафурӯширо бадтарини шуғлҳо медонист ва мегуфт: “Бадтарини мардум назди Худо, одамфурӯшонанд”. (Ҳамон)

Дар амонатдорӣ ҳатто қабл аз паёмбариаш забонзади омму хос буд; чандон ки лақаби Муҳаммади Амин ёфта буд. Пас аз беъсат низ, Қурайш бо ҳамаи душмание, ки бо ӯ пайдо карданд, боз ҳам амонатҳои худро ба ӯ месупурданд.

Паёмбари хубӣ душмани танбалӣ ва бекорӣ буд, мегуфт: “Худоё! Аз касолат ва бенишотӣ, аз сустӣ ва танбалӣ ва аз аҷзу забунӣ ба Ту паноҳ мебарам!” (Алҷомеъус−сағир, ҷ 1, с 58) Мусалмононро ба кор кардан ташвиқ мекард ва мегуфт: “Ибодат ҳафтод ҷузъ дорад ва беҳтарин ҷузъи он касби ҳалол аст.” (Кофӣ, ҷ 5, с 78)

Ва аммо тавсифи зуҳд ва содазистии ӯ ба гунае аст, ки қалам аз баёни он оҷиз ва нотавон аст: сода ғизо мехӯрд, сода либос мепӯшид ва сода ҳаракат мекард. Зерандозаш ғолибан ҳасир буд. Бар рӯи замин менишаст. Бо дасти худ аз буз шир медӯшид ва бар маркаби бе зину полон савор мешуд, ва аз ин ки касе дар рикобаш ҳаракат кунад, ба шиддат ҷилавгирӣ мекард. Қути ғолибаш нони ҷав ва хурмо буд. Кафш ва ҷомаашро бо дасти хеш васла мезад. Дар айни содазистӣ аммо, тарафдори фалсафаи фақр набуд. Мол ва сарватро ба суди ҷомеа ва барои сарф дар роҳҳои машрӯъ лозим мешумурд. Мегуфт: “Чӣ некӯст сарвате, ки аз роҳи машрӯъ ба даст ояд барои одаме, ки шоистаи доштани сарват бошад ва бидонад чӣ гуна сарф кунад.” Ва ҳам мефармуд: “Мол ва сарват кӯмаки хубест барои тақво.” (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ 2, с 251 то 263)

Дар ташвиқ ба донишандӯзӣ Паёмбари дарснахонда ва муаллимнадида, назир ва ҳамтое надорад. Донишомӯзиро басон вуҷуби намозу рӯза як фаризаи илоҳӣ медонист, мегуфт: “Донишҷӯӣ, бар ҳар мусалмони марду зан фарзу воҷиб аст.” (Биҳорул−анвор, ҷ 1, с 177)

Ва ҳам фармуд: “Ҳикматро дар ҳар куҷо ва дар назди ҳар кас ёфтед, ҳарчанд мушрик ва ё мунофиқ, аз ӯ баргиред.” (Ҳамон, ҷ 2, с 97 ва 99 (бо андаке ихтилоф))

Ва ҳам фармуд: “Илмро ҷустуҷӯ кунед, ҳарчанд мусталзими он бошад, ки то Чин сафар кунед.” (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ 2, с 251 то 263)

Паёмбари ростӣ душмани хурофа ва ҷаҳолат буд, ҳаргиз аз нуқоти заъфи мардум ва ҷаҳолатҳои онон барои аҳдофи хеш баҳра нагирифт, балки баръакс, бо он нуқоти заъф мубориза мекард ва мардумро ба ҷаҳолаташон воқиф месохт. Рӯзе, ки Иброҳим, писари ҳаждаҳмоҳааш аз дунё рафт, иттифоқан он рӯз хуршед гирифт. Мардум гуфтанд: “Иллати ин ки кусуф шуд, мусибате аст, ки бар Паёмбари Худо (с) ворид шуда.” Паёмбар (с) дар муқобили ин хаёли ҷоҳилонаи мардум сукут накард ва аз ин нуқтаи заъф баҳра наҷуст, балки бар минбар рафт ва гуфт: “Эй мардум! Моҳу хуршед ду нишона аз нишонаҳои Худо ҳастанд ва барои мурдани касе намегиранд.” (Ҳамон)

Ва аммо дар таблиғ ва даъвати ба сӯи ойини хеш, бар хилофи бархе аз мусалмоннамоҳо, осонгир буд, на сахтгир. Дар ин кор, бештар бар муждаву башорат такя мекард, то бар тарсу таҳдид. Ба яке аз ёронаш, ки барои таблиғи Ислом ба Яман фиристод, дастур дод, ки: “Осон бигир ва сахт нагир, навид бидеҳ (майлҳоро таҳрик кун) ва мардумро мутанаффир масоз.” (Ҳамон)

Ҳазрати Муҳаммад (с) на танҳо аз забони дӯстон ва пайравонаш, балки дар забони душманон ва мухолифонаш низ чунон ёд шудааст. Ӯ дар ахлоқи воло ва фазоили некӯи инсонӣ; аз ростиву садоқату амонатдориву ғайра, чунон дурахшон буд, ки мухолифонаш дигар наметавонистанд онҳоро нодида ва мункираш шаванд.

Дар кутуби торихӣ омадааст, ки вақте номаи Паёмбари Акрам (с) ба имперотури Руми Шарқӣ (Бизонс) мерасад; номае, ки дар он, Паёмбар (с) ӯро ба Ислом даъват карда буд, қайсар фавран ба яке аз наздиконаш мефармояд, ки дар Шом касеро пайдо бикун, ки аз мухолифони ин муддаъии паёмбарӣ бошад, то ман аз вай дар бораи ӯ бипурсам. Дар ҳамон айём, Абӯсуфён бо гурӯҳе аз Қурайш барои бозаргонӣ ба Шом омада буд. Маъмури имперотур бо онҳо тамос мегирад ва ҳамаро ба ҳузури зимомдори Рум мебарад. Имперотур аз онон мепурсад: Оё дар миёни шумо касе ҳаст, ки бо Муҳаммад пайванди хешовандӣ дошта бошад?

Абӯсуфён мегӯяд: Мо бо Муҳаммад аз як тоифаем ва дар ҷадди чаҳорум (Абдиманоф) ба ҳам мерасем.

Имперотур дастур медиҳад, ки Абӯсуфён пеши рӯи ӯ биистад ва дигарон пушти сари ӯ қарор гиранд ва муроқиби суханони Абӯсуфён шаванд, ки ҳар гоҳ вай дар посухи пурсишҳои имперотур ғаразварзӣ кард, бедиранг ба хато ва ё дурӯғи ӯ ишора кунанд. Сипас имперотур шурӯъ ба пурсидан мекунад:

— Ҳасаби Муҳаммад чӣ гуна аст?

Абӯсуфён: Хонаводаи ӯ шариф ва бузурганд.

Имперотур: Дар ниёкони вай касе ҳаст, ки бар мардум салтанат карда бошад?

Абӯсуфён: На, ҳаргиз.

Имперотур: Оё пеш аз он ки иддаъои нубувват кунад, аз дурӯғ парҳез дошт ё на?

Абӯсуфён: Муҳаммад марди ростгӯе буд.

Имперотур: Чӣ табақае аз мардум аз вай тарафдорӣ мекунанд ва ба ойини ӯ мегараванд?

Абӯсуфён: Ашроф бо ӯ мухолифанд ва афроди оддӣ ва миёнаҳол ҳаводори ҷиддии ӯ ҳастанд.

Имперотур: Оё пайравони вай рӯ ба фузунӣ аст ва зиёд мешаванд ё кам?

Абӯсуфён: Рӯз аз рӯз бар шумори онон афзуда мешавад.

Имперотур: Оё касе аз пайравони ӯ то ҳол муртад шудааст (яъне аз дини ӯ баргаштааст)?

Абӯсуфён: На.

Имперотур: Оё ӯ дар набард бо мухолифон пирӯз аст ё мағлуб?

Абӯсуфён: Гоҳе ғолиб ва гоҳе бо шикаст рӯбарӯ аст.

Ин ҷо буд, ки имперотур ба мутарҷим чунин мегӯяд: ба Абӯсуфён ва дӯстони вай бигӯ, ки агар ин гузоришҳо дақиқ ва саҳеҳ бошад, ҳатман ӯ паёмбари мавъуди охируззамон аст. (Торихи Табарӣ, ҷ 2, с 290)

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Суннат

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: