Наводирул-вақойеъ (6)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (3)

Гуфтам: Он чӣ азизон баён доштанд, ҳама дуруст аст ва ишколеро дарбар надорад. Зеро мардум ба хотири фасоди замон, дар банди дини тақлидӣ буда ва аз амал ба дин фақат ба “қолаллоҳ ва қоланнабӣ” (Худо чунин фармуда ва Паёмбар чунон гуфта) басанда кардаанд. Ҳокимон ба далели сангинии бори таклиф, ба уламо ҷиҳати тахфиф ва сабук кардани ин бор руҷӯъ мекунанд. Уламо низ ба навбаи худ ба хотири риёсатхоҳӣ, ҳақиқати дин ва диёнатро ба таъвил мепӯшанд. Аз ислом танҳо ҳамин аммомаҳо бар сар аст, ва аз шиори имон фақат ҳамон азон бар манора ва бар забонҳо “Қола Абӯҳанифа” (Абӯҳанифа чунин гуфт) ҷорист.

Ман боре бо яке аз уламои масеҳӣ ҳамсӯҳбат шудам. Ба ӯ гуфтам:

— Ҳазрати Масеҳ (а) дар зуҳду парзеҳгорӣ ба ҷойе расида буд, ки рӯзе Ҳаворийин ба ӯ гуфтанд: “Барои ту хонае бисозем, то туро аз гармову сармо паноҳгоҳ бошад”. Фармуд: “Ниёзе ба он надорам.” (1) Бо ин ҳисоб, ин иморати зарнигори ҳафтошёна, аз шумо – масеҳиёни имрӯз — суннати кӣ бошад?

Гуфт:

— Рост мегӯӣ. Ин дин — ки мо имрӯз дар онем — ойини ҳазрати Масеҳ нест, балки бофта ва сохтаи фалонӣ ва фалонӣ аст, ки дар фалон аср ба хотири қабули мақом ва раёсат аҳкоми Инҷилро ба таъвил тағйир доданд ва бештари ҳаромҳоро ҳалол намуданд. Ва ба далели ҷоиз будани нӯшидани шароб ва ҳаром будани хатна, рафта-рафта фисқу фасод дар мизоҷи мардуми мо то ба ҳадде ҷой гирифт, ки мумкин нест ислоҳ шавад. Ҳол, ту худат бигӯ, ин дине, ки шумо имрӯз доред ва ба забон калимаи шаҳодат мегӯед, чӣ шабоҳате ба дине, ки салафи солеҳ ва саҳобаи Паёмбар (с) ва тобеин бар он буданд, дорад? Он гоҳ он олими масеҳӣ бароям сираи салафро баршумурд ва ман ҳам ошуфта ва ҳайрон мондам.

Пас, дар чунин замон сухан аз ҳақиқати дин рондан, худро дар маърази қилу қолҳо ва эътирозҳои беҷои хавоссу авом қарор додан аст. Масалан, агар касеро – ки ба зино ва ё дуздӣ алоқаманд аст – наҳй кунӣ ва ба азоби Худо бимаш бидиҳӣ, гиребонат гирад ва гӯяд: “Оё ваъдаи Расули Худо (с)-ро мункирӣ, ки ба такрор фармудааст: гӯяндаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” ба биҳишт меравад, агарчӣ зино ва сирқат кунад?! Ва фармуда, ки дар дили касе агар заррае аз имон бошад, наҷот хоҳад ёфт?! Беҳуда мардумро матарсон ва монеи ба нозу неъмат зистани онон машав!”

Ин аблаҳ намедонад, ки он ваъдаи Расули Худо (с) ба ҷиҳати тарғиб аст, то мардум ба имон ва ислом тамоюл пайдо кунанд. Касе, ки дохил дар дин аст аз он берун нашавад ва он, ки берун аз он аст дохилаш гардад. Ё ба ин хотир аст, ки агар калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” бигӯяд, ин миқдор савоб дар номаи аъмоли ӯ сабт мешавад. Ё барои он аст, ки бо иштиғол ба зикр, дилу забонаш аз фаҳшу ҳарфҳои беҳуда, ба ин калима одат кунад. Вагарна, гадоён дар ҳар рӯзе ҳазорон бор “Аллоҳ, Аллоҳ” мегӯянд ва дар шариат собит нашудааст, ки ин “Аллоҳ, Аллоҳ” гуфтанҳои забонӣ ҳатто каффораи гуноҳони сағираи гӯяндааш шавад, то чӣ расад ба гуноҳони кабираи вай!

Пас, маънои сареҳи ин ваъда он бошад, ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” гӯяд ва ба ғайри Худо напардозад ва “Аллоҳ” аз қалб гӯяд, ки ҳавоҳо ва ҳавасҳои ботилро бисӯзонад.

Ва аммо ин ки ин ваъдаҳо мутлақ оварда шуда (ва муқайяд ба шарте нагардида) ба ин далел аст, ки дар садри ислом чун мӯъминон андак буданд, барои ташвиқи ҳозирон ва тарғиби ғоибон ҳамаи ваъдаҳо мутлақ оварда мешуданд. Вагарна баъд аз таъйини ҷазои дуздӣ ба қатъи даст ва сазои зино ба сангсор шудан, фасхи ин ваъда лозим меояд.

Пас, амсоли ин ваъдаҳо як навъ ишора ба пок кардани дил бошад аз ғайри Худо ба тариқи рамз, ки банда истеъдоди тақарруб пайдо кунад ба мабдаи хеш (Худованд).

Масалан, агар подшоҳ касеро аз ошпазхона ё оташхона (-ҳаммом) биталабад, ӯ ниёз ба шустушӯйи бадан ва покиза кардани либос дорад. Миёнҷӣ (воситаи подшоҳ) ӯро ба ҳамон ҳолат пеши подшоҳ намебарад, балки аввал ӯро амр ба покӣ ва назофат мекунад ва либоси тоза мепӯшонад ва равиши ҳузур ва дуою санои маҷлиси подшоҳонро барояш меомӯзонад, то шоистаи наздик шудан ба даргоҳ гардад.

Пас, оташхона дар ин мисол куфри мутлақ бошад, ислом дарё, имон либоси тоза, дуою сано аврод ва азкор, наздик шудан ба даргоҳ руҷӯъ ба мабдаи ҳақиқӣ (Худованд) бошад. Пас, муфоди ваъдаҳо ҳама амр бар покиза кардан бошад.

Ва ҳамчунин аст масъала дар мавриди ваъдаи ҳурулайн барои касоне, ки резаи хонро мечинанд. Мехоҳад бигӯяд, шукри неъмат он аст, ки боқимондаи таомро зери по наяфкананд, балки ба мурғон бидиҳанд ва дар таом хӯрдан аз ҳайвонот фарқ дошта бошанд. На ки маънояш ин бошад, ки таоми хушу лазиз бихӯранд ва боз резаи онро низ бардоранд, ки маҳрияи ҳури биҳишт хоҳад буд! (2) Ҳол он, ки рафтан ба биҳишт ва расидан ба ҳур ва қусур, агар муяссар шавад, дар тарки шаҳавот ва лазоиз аст ва қатъи ҳавою ҳавас; ба далели ин фармудаи Худованд, ки:

وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَىٰ. فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَىٰ

(Ва аммо касе, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш ҳаросид ва нафси худро аз ҳавою ҳавас боздошт, пас ҷойгоҳи ӯ ҳамон биҳишт аст. (Сураи Нозиъот, оятҳои 40-41)

Байт:

Нури дил дар тарки лаззоти ҷаҳон хобидааст,

Мум то олудаи шаҳд аст, натвон кард шамъ.

(Бедил)

Наими хулд ҳалол аст бар касе Соиб,

Ки дасту лаб ба наими ҷаҳон наёлояд.

(Соиби Табрезӣ)

Ва ҳамчунин аст дар мавриди ваъда ва шумораи савоб ба таълим ва тааллум, то навъи улум боқӣ монад, на чизе дигар. Ва ҳадиси:

علماء أمتي كأنبياء بني إسرائيل

(Уламои уммати ман монанди паёмбарони Банӣ Исроил ҳастанд.) (3) — ҳамл бар уламои илми охиратӣ мешавад; аз касоне, ки алоиқ ва ағрози дунявиро тарк ва ба тоату ибодат мепардозанд ва бар ботини шариат мераванд ва халқро аз гумроҳӣ ба ҳидоят мехонанд , на уламои русум, ки эшон тоҷиронанд ва илмро василаи касби ҷоҳу мансаб намуда ва шариатро маҳкуми амру ҳукм гардонидаанд ва

ليس الخبر كالمعاينة

(Шунидан кай бувад монанди дидан.) (4)

Намебинӣ, ки ба сабаби фурӯ гузошта шудани аркони дин ва майли уламо ба чоплусӣ ва зоҳирбинӣ ва гароиши ҳокимон ба зулму ҷавр, заъфи дин то ба куҷо расида?!

Уламо, ки пойдории миллат ба эшон аст, ба сабаби ҳубби мансабу риёсат фатвоҳои мулоим доданд ва гуфтанд: Дини ислом чизе ҷуз панҷ асл нест, ки иборат бошад аз: намоз агар узре набошад, рӯза агар қудрате бошад, ҳаҷ агар тавоноӣ бошад ва закот агар мол дошта бошад.

Ва гӯянд: Ва аммо дигар амрҳо ва дастуроти шаръӣ мисли ҷиҳод, азли (барканор кардани) ҳоким, тақсими байтулмол ба мустаҳиққин ва ғайра, ҳама муваққат (барои замони маҳдуд ва муайян) ва муаввал (таъвилшаванда) аст.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳокимони исломӣ ба шаҳавот гаройида, ҳадаф аз ҳукумат пеши эшон ҷамъоварии асбоби хушгузаронӣ ва ситондани моли мардумон гардида, даст аз фикри ҷиҳод бардоштаанд. Ва аз ислом ба ном иктифо намуданду ба айшу ишрат машғул гаштанд. Аз шаҳрвандон, он касе, ки дошт, ба ҳукком тақлид кард ва он, ки надошт, ҳам ба фикри гирд овардани дунё машғул шуд. Ва лаззатҳои зудгузари дунявӣ дар чашмҳо ширин шуд ва хӯрду хобу ҷимоъ аз рукни имондорӣ шуд.

Ва саранҷом аксари диёри ислом дар таҳти қаҳру ғалабаи куффор даромада, наздик аст, ки дини ҳаниф, ки дар аввал ҳамчу мори борик аз Макка баромада, монанди аждаҳо арсаи оламро иҳота намуда буд, боз ҳамчу мори борик шуда, дар Ясриб баргардад. Ва аз онҷо, ки ҷонҳо ба хотири танбалӣ, дар зоҳири шариат хӯ ва одат кардааст, агар сухан аз ботини шариат равад, ба гӯши ҳеч кас барнахӯрад, балки онро ба илҳоду зандақа ва куфр ҳамл кунад.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Ишорат аст ба ривояте, ки Ибни Асокир дар “Торихи Димишқ” (рақами ҳадис: 51125) нақл карда:

إِنَّ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ أَصَابَهُ الْحَرُّ وَهُوَ صَائِمٌ حَتَّى اشْتَدَّ بِهِ، فَقَالُوا: يَا رُوحَ اللَّهِ وَكَلِمَتَهُ، لَوْ بَنَيْنَا لَكَ بَيْتًا تَسْكُنُهُ وَيُكِنُّكَ مِنَ الْحَرِّ وَالْبَرْدِ، قَالَ: «لا حَاجَةَ لِي بِهِ»، فَأَلَحُّوا عَلَيْهِ، فَأَذِنَ لَهُمْ، فَبَنَوْا عَرِيشًا، فَلَمَّا دَخَلَهُ فَنَظَرَ إِلَيْه، قَالَ: «سُبْحَانَ اللَّهِ، أَعَادِيٌّ أَنَا؟ إِنَّمَا أَرَدْتُ بَيْتًا إِذَا جَلَسْتُ أَصَابَ رَأْسِي سَقْفُهُ، وَإِذَا اضْطَجَعْتُ أَصَابَ جَنْبِي حَائِطُهُ، وَلا حَاجَةَ لِي بِهَذَا»، فَلَمْ يَسْكُنْ بَعْدَهَا ظِلَّ بَيْتٍ حَتَّى رُفِعَ

Ҳазрати Исо ибни Марям (а) дар ҳоле ки рӯза буд гармо озораш медод. Ӯро гуфтанд: Эй Руҳуллоҳ ва калимаи Худо! Бароят манзиле бунёд кунем, то дар он сокин шавӣ ва аз гармову сармо дар он паноҳ орӣ?! Фармуд: Маро ниёзе ба он нест. Ва чун исрор варзиданд, розӣ шуд. Пас барои вай хаймае бино намуданд. Вақте дохили он шуд, нигоҳе ба он афканд, гуфт: Субҳоналлоҳ! Оё ман душмани нафси худ ҳастам?! Ман фақат утоқе хоста будам, ки ҳар гоҳ биншинам, сарам ба сақфаш бирасад, ва ҳар гоҳ дароз бикашам, паҳлӯям ба девораш бирасад, ман ниёзе ба ин хона надорам. Ҳазрати Исо (а) пас аз он дигар ҳаргиз зери сояи хонае сокин нашуд, то замоне ки ба осмон бурда шуд.

(2) Ишорат аст ба ривояте, ки Роғиби Исфаҳонӣ дар “Муҳозаротул-удабо” (1/737) нақл карда, ки:

روي عن النبي صلّى الله عليه وسلم: من أكل من فضالة ما يسقط من المائدة لم يزل في سعة من الرزق ما كان، ووقي هو وولده وولد ولده الحمق. وقيل: مهور الحور العين أكل فتات المائدة

Аз Паёмбари Акрам (с) ривоят шуда, ки фармуд: Ҳар касе, ки боқимондаи он чӣ аз суфра мерезад бихӯрад, пайваста дар фарохӣ аз ризқу рӯзӣ буда ва худаш ва фарзандонаш ва фарзандони фарзандонашро аз мубтало шудан ба аблаҳӣ нигаҳ доштааст. Ва гуфта шуда, ки: маҳрияи ҳурулайн хӯрдани резаҳои суфра аст.

(3) Ин ривоят, ки Имом Фахри Розӣ дар тафсираш ва низ баъзе аз уламо нақл кардаанд, асосе надорад ва бархе ҳам гуфтаанд, ҳадисе мавзӯъ ва ҷаълӣ аст.

(4) Ривоятест саҳеҳ, ки Аҳмад, Ҳоким, Табаронӣ ва дигарон нақл кардаанд.

* * *

Матни аслӣ:

Гуфтам: “Он чи азизон тақрир доданд, ҳама савоб ва масъалаи беҷавоб аст аз он ҷо, ки халқ ба ҷиҳати фасоди замон ба дини тақлидӣ муқайяданд ва аз амал ба қолаллоҳ ва қоланнабӣ иктифо намуда, ҳукком аз ҷиҳати сиқли бори таклиф руҷӯъ ба уламо барои тахфиф мекунанд. Ва уламо ҷиҳати майли раёсат ҳақиқати дину диёнатро ба таъвил мепӯшанд, аз аломати ислом ҳамин аммомаҳо бар сар аст ва аз шиори имон ҳамон азон бар манора ва бар забонҳо “Қола Абӯҳанифа” ҷорист. Аммо дар кирдор ва атвор тафовути фоҳиш дар миён аст, ки ба ҳеч миллат ошноӣ надорад.

Ман боре бо яке аз уламои масеҳӣ мусоҳиб будам, ба тақриб гуфтам, ки ҳазрати Масеҳ дар зуҳду тақво то он ҷо ҳиммати олӣ дошт, ки рӯзе ҳаворийин гуфтанд: “Барои ту хонае аз гил бикунем, то дафъи ҳарру бард кунад?” Фармуд: “Дар манзили ория лузум надорад”. Ин иморати зарандуди ҳафтошён аз шумо суннати кӣ бошад?

Гуфт: “Дуруст аст ва он чӣ гуфтӣ, рост аст. Ва ин дин, ки мо дар онем, на миллати Масеҳ аст, балки бофта ва сохтаи фалон ва фалон аст, ки дар фалон аср ва аҳд ҷиҳати қабули ҷоҳу раёсат аҳкоми Инҷилро ба таъвил тағйир доданд ва аксари муҳаррамотро ба ҳалолӣ оварданд. Ва аз ҷиҳати хамру ҳурмати хатна рафта-рафта фисқу фасод дар мизоҷи мардуми мо то бад-он ҷо қарор (ва) мутамаккин гашта, ки мумкин нест, ки тадорук шавад ва сухан дар ҳақиқати дину диёнат равад. Ва ту худ нек дарнигар дар ин дин, ки шумо доред ва ба забон иқрор ба калимаи тайиба доред ва мо ҳам ба забон мегӯем. Дар он дин, ки салафи солиҳину саҳобаи Расул ва тобиин доштанд, чӣ шабоҳате дорад?» Он гоҳ сирати салафро баршумурд ва мутаҳаййир бимондам.

Пас, дар чунин замон сухан аз ҳақиқати дин рондан, худро дар маърази хитоби хавоссу авом нишондан аст. Масалан, ба воситаи ҳубби зино ва сирқат агар касеро наҳй кунӣ ва ба таъзибу ҳалоки нафс таҳдид фармоӣ, гиребонат гирад ва гӯяд: “Ба ваъдаи Расул алайҳиссалом мункирӣ, ки фармуда ба такрору таъкид, ки гӯяндаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” ба биҳишт меравад, агарчи зиною сирқат кунад ва дар дили касе агар заррае аз имон бувад, ба наҷоту фалоҳ мерасад? Беҳуда мардумро матарсон ва аз танаъуму айш монеъ машав.»

Ин аблаҳ надонад, ки он ваъда маҳмул бар тарғиб аст, то халқ ба имону ислом майл оранд, дохилӣ хориҷ нашавад ва хориҷӣ дохил гардад. Ё агар ин калима бигӯяд, ин миқдор савоб дар номаи аъмоли ӯ сабт мешавад, барои музовалати зикр аст, то дилу забон аз фаҳшу лағв ба ин калима одат кунад. Пас мусмири савобу натиҷа шавад ва илло гадоён дар ҳар рӯзе як лак бор “Аллоҳ, Аллоҳ” мегӯянд, дар шавореъ собит нест, ки каффораи сағоир шавад, то ба кабоир чӣ расад. Пас, маънии сареҳи мустафодаи ин ваъда он бувад, ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” гӯяд ва ба мосиво напардозад ва “Аллоҳ” аз қалб гӯяд, ки эҳроқи ҳавои ботила кунад.

Ва аммо итлоқи ваъдаҳо ҷиҳати он аст, ки дар аввали ислом чун мӯъминон камтар буданд, барои ташвиқи ҳозирин ва тарғиби ғоибин ҳама ваъдаҳо бар итлоқ рафта ва илло баъд аз таъини ҷазои сирқат ба қатъи яд ва сазои зонӣ ба раҷм ва фазиҳат, фасхи ин ваъда лозим ояд. Пас, амсоли ин ваъдаҳо як навъ ишора ба ғуслу татҳири дил бошад аз мосиво ба тариқи рамз, ки банда истеъдоди тақарруб пайдо кунад ба мабдаи хеш, на ки дар зоҳири он иктифо кунад, балки ба маънии он амал орад. Масалан, агар султон касеро аз матбах ё гулхан биталабад, ӯ мӯҳтоҷи ғуслу татҳири либоси тоза бошад. Миёнҷӣ ӯро ба ҳамон ҳол пеши султон набарад, балки аввалан ӯро амр ба покӣ ва назофат кунад ва кисвати тоҳира бипӯшонад ва дуою санои маҷлиси мулук биёмӯзонад. Ва онгоҳ тариқи духул таъин кунад, то шоистаи бисоти қурб тавонад шуд. Пас, гулхан дар ин мисол куфри мутлақ бувад, ислом дарё, имон либоси тоза, дуою сано вазоифи аврод ва азкор, бисоти қурб руҷӯъ ба мабдаи ҳақиқӣ бошад.

Пас, муфоди ваъдаҳо ҳама амр бар танзиф ва татҳир бошад. Ва ҳамчунин аст ваъда ба чидани резаи хон, ки шукри неъматро мобақия аз неъмат ба таҳти по наяфкананд, балки ба мурғон диҳанд ва дар таом хӯрдан аз ҳайвонот мумтоз бошанд. На ки маънӣ ин бошад, ки таоми хушу лазиз бихӯранд ва боз резаи онро низ бардоранд, ки кобини ҳури биҳишт хоҳад буд ва ҳол он, ки рафтан ба биҳишт ва расидан ба ҳур ва қусур, агар муяссар шавад, дар тарки шаҳавот ва лазоиз аст ва қатъи ҳавою ҳавас. Лиқавлиҳи Таоло: “Ва аммо ман хофа мақома раббиҳи ва наҳан-нафса анил-ҳаво фа иннал-ҷанната ҳиял-маъво”.

Байт:

Нури дил дар тарки лаззоту ҳавас хобидааст,

Мум то олудаи шаҳд аст, натвон кард шамъ.

Наими хулд ҳалол аст бар касе Соиб,

Ки дасту лаб ба наими ҷаҳон наёлояд.

Ва ҳамчунин аст маънии ваъда ва шумораи савоб ба таълим ва тааллум, то навъи улум боқӣ монад. “Ва уламоу умматӣ каанбиёи Бани Исроил” маҳмул аст бар уламои илми охиратӣ аз асҳоби фақру таҷрид, ки бар ботини шариат мераванд ва халқро аз ғавоят ба ҳидоят мехонанд, на уламои русум, ки эшон тоҷиронанд ва илмро василаи касби ҷоҳу мансаб намуда ва шаръро маҳкуми амру ҳукм гардонидаанд: “Ва лайсал-хабару калмуоина”.

Набинӣ, ки ба сабаби фурӯгузошти аркони дин ва майли уламо ба мудоҳанату зоҳирбинӣ ва инҳирофи табъи ҳукком ба зулму ҷавр, заъфи дин то ба куҷо расида?! Ва уламо, ки қивоми миллат бад-эшон аст, ба сабаби ҳубби маносибу риёсат фатвоҳои мулоим доданд ва гуфтанд: Дини ислом чист, ғайр аз панҷ асл, ки болои манорае бароянду батаҳорату бетаҳорат нафире бардоранд. Агар узре набошад, панҷ намоз аз лавозим аст ва агар қуввате ва қудрат аст, савми рамазон аз мавоҷиб, агар тавоноӣ бошад, дар тамоми умр ҳаҷҷе аз мустаҳаббот ва агар мол доранд, дар соле чанд бор ҳамаро ё биннисф закот гирифтан аз фароиз.»

Ва гӯянд, “дигар авомири мансуса чун ҷиҳоду азли султон ва тақсими байтулмол ба масорифу сарфи закот дар маҳалл ва ғайрузолика, ҳама муваққату муаввал аст.»

Аз ин ҷиҳат, ҳуккому хулафои ислом моил ба шаҳавот гашта, ғараз аз хилофат ҷамъоварии асбоби нишот ва ахзи моли раият ақида намуда, даст аз тараддуди ҷиҳод бардоштаанд. Ва аз ислом ба ном иктифо намуданду ба айшу ишрат машғул гаштанд. Аз раоё, он ки дошт, бад-эшон тақлид кард ва он ки надошт, ҳам ба тараддуди гирд овардани дунё машғул шуд. Ва лаззоти мустаор дар чашмҳо ширин шуд ва ҷои чизе азиз гашту касе аз паи озори он барнахост ва хӯрду хобу ҷимоъ аз рукни имондорӣ шуд.

Фалоҷарам, аксари диёри ислом дар таҳти қаҳру ғалабаи куффор даромада, наздик аст, ки дини ҳаниф, ки дар аввал ҳамчу мори борик аз Макка баромада, монанди аждаҳо арсаи оламро иҳота намуда буд, боз ҳамчу мори борик шуда, дар Ясриб муовадат кунад. Чун нуфус аз ҷиҳати касалу коҳилӣ дар зоҳири шариат хӯ ва одат кардааст, агар сухан аз ботини шариат равад, ба гӯши ҳеч кас барнахӯрад, балки онро ба илҳоду зандақа ва куфр ҳамл кунад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”



Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: