Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (34) – Шафоат (2)

Шафоати ғалат ва шафоати саҳеҳ

Шафоат ақсоме дорад, ки бархе аз онҳо нодуруст ва золимона аст ва дар дастгоҳи илоҳӣ вуҷуд надорад, вале бархе саҳеҳ ва одилона аст ва вуҷуд дорад. Шафоати ғалат барҳамзанандаи қонун ва зидди он аст, вале шафоати саҳеҳ ҳофиз ва таъйидкунандаи қонун.

Шафоати ғалат он аст, ки касе бихоҳад аз роҳи ошнобозӣ ҷилави иҷрои қонунро бигирад. Дар ин шафоат, ҷинояткор бар хилофи хости қонунгузор ва бар хилофи ҳадафи қонун иқдом мекунад ва аз роҳи тавассул ба ошно, бар иродаи қонунгузор ва ҳадафи қонун чира мегардад. Ин гуна шафоат дар дунё зулм аст ва дар охират ғайримумкин. Эродҳое, ки бар шафоат мешавад, бар ҳамин қисм аз шафоат ворид аст ва ин ҳамон аст, ки Қуръони Карим онро нафй фармудааст.

Шафоати саҳеҳ навъе дигар аз шафоат аст, ки дар он на истисно ва табъиз вуҷуд дорад ва на нақзи қонун ва ғалаба бар иродаи қонунгузор. Қуръон ин навъ шафоатро сареҳан таъйид кардааст. Албатта, шафоати саҳеҳ ба навбаи худ ба ду қисм аст, ки ба зудӣ ба шарҳи он мепардозем.

Шафоати ғалат

Навъи нодурусти шафоат, ки ба далоили ақлӣ ва нақлӣ мардуд шинохта шудааст ин аст, ки гуноҳкор ба василае чанг бизинад ва ба воситаи он аз нуфузи ҳукми илоҳӣ ҷилавгирӣ кунад; дуруст ҳамон тавре, ки дар ошнобозиҳои ҷомеаҳои башарӣ дида мешавад.

Бисёре аз авомми мардум шафоати Паёмбарро чунин мепиндоранд. Яъне гумон мекунанд, ки Пайғамбари Акрам (с) аз чунон нуфузе бархӯрдор аст, ки дар дастгоҳи Худо эъмоли нуфуз мекунад, иродаи Худоро тағйир медиҳад ва қонунро нақз мекунад.

Аъроби замони ҷоҳилият низ дар бораи бутҳое, ки шарики Худованд қарор медоданд, ҳамин тасаввурро доштанд. Онон мегуфтанд, халқ ва офариниш фақат кори дасти Худост ва касе бо ӯ дар ин кор шарик нест, вале дар идораи ҷаҳон бутҳо бо ӯ ширкат доранд. Ширки аъроби ҷоҳилият ширки дар “Холиқ” набуд, ширки дар “Рабб” ва ҳамчунин ширки дар “Маъбуд” буд. Рабб яъне касе, ки идораи ҷаҳони ҳастӣ дар дастони ӯст.

Медонем, ки дар миёни афроди башар гоҳе касе муассисаеро ба вуҷуд меоварад, вале идораи онро ба дигаре вогузор менамояд, ё дар идораи он муассиса худаш бо дигарон ба таври муштарак даст андар кор мешавад. Ақидаи мушрикон дар бораи Худо ва ҷаҳон ва дар идораи ҷаҳон, ба ин шакл буд. Қуръони Карим ба шиддат бо он мубориза кард ва ба такрор эълом намуд, ки барои Худо шарике нест; на дар холиқият ва на дар рубубият ва на дар улуҳият. Ӯ ба танҳоӣ, ҳам падидоварандаи ҷаҳон аст ва ҳам тадбиркунандаи он ва ҳам танҳо зоте, ки шоистаи парастиш аст.

Мушрикон, ки мепиндоштанд идораи ҷаҳон байни Худо ва ғайри Худо тақсим шудааст, бар худ лозим намедонистанд, ки дар садади ҷалби ризо ва хушнудии “Аллоҳ” бошанд. Мегуфтанд, метавон бо қурбониҳо ва парастишҳое, ки дар баробари бутҳо анҷом медиҳем, ризояти “рабб”-ҳои дигарро ба даст оварем ва назари мувофиқи онҳоро ҷалб кунем, ҳарчанд мухолифи ризои “Аллоҳ” бошад. Агар ризояти инҳоро касб кунем, онҳо худашон ба наҳве корро дар назди “Аллоҳ” ҳал мекунанд.

Агар дар миёни мусалмонон ҳам касе чунин мӯътақид шавад, ки дар канори дастгоҳи салтанати рубубӣ салтанати дигар ҳам вуҷуд дорад ва дар муқобили он даст андар кор аст, чизе ҷуз ширк нахоҳад буд. Агар касе гумон кунад, ки бадастоварии ризо ва хушнудии Худои Мутаъол роҳе дорад ва дастёбӣ ба ризо ва хушнудии Паёмбари Акрам (с) роҳе дигар дорад ва ҳар як аз ин ду ба сурати ҷудогона мумкин аст саодати инсонро таъмин кунанд, ӯ дучори гумроҳии бузурге шудааст. Дар ин пиндори ғалат чунин гуфта мешавад, ки Худо бо чизҳое розӣ мешавад ва Паёмбар (с) бо чизҳое дигар. Масалан, Худо бо анҷом додани воҷибот тавассути банда монанди намоз, рӯза, ҳаҷҷ, ҷиҳод, закот, ростӣ, дурустӣ, хидмат ба халқ, эҳсон ба волидайн ва амсоли инҳо ва бо тарки гуноҳон аз қабили дурӯғ, зулм, ғайбат, шаробхорӣ ва зино розӣ мегардад, вале Паёмбар (с) бо ин корҳо коре надорад, ризои ӯ дар ин аст, ки масалан барояш як ҷашн бигиранд. Хулоса, ҳисоби Паёмбар (с) аз ҳисоби Худо ҷудост. Ба дунболи ин тақсим, чунин натиҷа гирифта мешавад, ки дастёбӣ ба ризои Худо душвор аст, зеро бояд корҳои зиёдеро анҷом дод, то ӯ розӣ гардад, вале дастёбӣ ба хушнудии Паёмбар (с) саҳл аст, кофист масалан барояш ҷашне бигирем. Ва замоне ки хушнудии Паёмбар (с) ҳосил гардад, ӯ дар дастгоҳи Худо нуфуз дорад, шафоат мекунад ва корҳоро дуруст мекунад, ҳисоби намозу рӯзаю ҳаҷҷу ҷиҳоду ғайра, ки анҷом надодаем, ҳама тасфия мешавад ва гуноҳон ҳар чӣ бошад, бо як “шафоат” аз байн меравад.

Инчунин тасвире аз шафоат на танҳо ботил ва нодуруст аст, балки ширк дар рубубият аст ва ба соҳати поки ҳазрати Паёмбар (с) — ки бузургтарин ифтихораш убудият ва бандагии Худост — низ иҳонат аст.

Акнун бибинем шафоати саҳеҳ кадом аст?

Шафоати саҳеҳ

Диққат дар ривоятҳои ворида дар мавриди шафоат нишон медиҳад, ки шафоати саҳеҳ бар ду қисм аст: яке, шафоате аст, ки метавон онро “шафоати пешвоӣ” унвон кард, ки ба зудӣ ба баёни он мепардозем. Ва дигар шафоате аст, ки нозир ба аз байн бурдани азоб ва мағфирати гуноҳон аст. Номи ин навъ шафоатро метавон “шафоати мағфират” гузошт. Ва ин ҳамон аст, ки дар бораи он Расули Акрам (с) фармудааст:

خُيِّرْتُ بَيْنَ الشَّفَاعَةِ وَبَيْنَ أَنْ يَدْخُلَ نِصْفُ أُمَّتِي الْجَنَّةَ فَاخْتَرْتُ الشَّفَاعَةَ لِأَنَّهَا أَعَمُّ وَأَكْفَى أَتُرَوْنَهَا لِلْمُتَّقِينَ لَا وَلَكِنَّهَا لِلْمُذْنِبِينَ الْخَطَّائِينَ الْمُتَلَوِّثِينَ

Ман байни шафоат ва байни ин ки нисфе аз умматам вориди биҳишт бишаванд мухайяр шудам, пас ман шафоатро ихтиёр кардам, зеро шафоат фарогиртар ва кофитар аст. (Пурсиданд:) Оё шомили парҳезгорон ҳам мешавад? (Фармуд:) На, балки танҳо шомили гунаҳкорони хатокори олуда аст.” (Сунани Ибни Моҷа, 12/369), Ашшомила)

Шафоати пешвоӣ

Барои тавзеҳи ин навъ аз шафоат лозим аст аввал матлаберо ёдовар бишавем. Ва он ин ки: қаблан гуфта будем, ки аъмол ва кирдорҳое, ки инсон дар дунё муртакиб мешавад, дар ҷаҳони дигар таҷассум пайдо мекунанд ва ҳақиқати айнии онҳо ҷилвагар мешавад. Ҳол меафзоем, дар охират на танҳо аъмол таҷассум пайдо мекунанд, балки “равобит” низ муҷассам мегарданд. Яъне равобити маънавие, ки дар ин ҷаҳон байни мардум барқарор аст, дар он ҷаҳон сурати айнӣ ва малакутӣ пайдо мекунанд.

Замоне, ки як инсон сабаби ҳидояти инсони дигар мешавад, робитаи пешвоӣ ва пайравӣ дар миёни онон дар рӯзи растохез ба сурати айнӣ дармеояд ва “ҳидояткунанда” ба сурати пешво ва “ҳидоятёфта” ба сурати пайрав зоҳир мегардад.

Дар бораи таҷассуми пешвоии Фиръавн нисбат ба қавми худ дар охират мефармояд:

 يَقْدُمُ قَوْمَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَأَوْرَدَهُمُ النَّارَ

Фиръавн пешопеши қавмаш ва пайравонаш ҳаракат мекунад, пас дар оташ воридашон месозад…” (Сураи Ҳуд, ояти 98)

Фиръавн — ки дар ин ҷаҳон пешвои гумроҳон буда ва гумроҳон қадам ба қадами ӯ мегузоштанд — дар он ҷаҳон низ ба сурати пешвои онон муҷассам мешавад. Фиръавн шафеъ ва воситаи қавми худ мебошад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират. Шафеъе аст, ки дар дунё мӯҷиби гуноҳон ва залолатҳо будааст ва дар охират воситаи расонидан ба дӯзах ва оташ. Шафеъ ва восита будани ӯ дар бурдани қавм ба дӯзах дар ҷаҳони охират, ҳамон таҷассуми восита будани ӯ дар ҷаҳони дунё дар гумроҳии қавмаш аст.

Нуктаи ҷолиб дар таъбири Қуръон ин аст, ки мефармояд, Фиръавн қавми худро дар он ҷаҳон вориди дӯзах месозад. Қуръон, бо ин таъбири худ, таҷассуми таъсири Фиръавнро дар гумроҳии пайравонаш гӯшзад мекунад ва мегӯяд, ҳамон тавр ки дар дунё Фиръавн онҳоро вориди гумроҳӣ кард, дар охират онҳоро вориди дӯзах мекунад ва балки ворид кардани онҳо ба дӯзах дар он ҷаҳон, айнан зуҳур ва таҷассуми ворид кардани онҳо дар гумроҳӣ дар ин ҷаҳон аст. Ба сухани дигар, агар масалан ғайбат кардан, ба сурати хӯрдани гӯшти ҷасади ғайбатшаванда муҷассам мешавад, таҷассуми пешвоии Фиръавн дар ин дунё ва дунболаравии иддае аз вай, айнан ҳамон ворид кардани пайравонаш ба дӯзах аст.

Албатта равшан аст, ки ҳамон тавре ки дар ин ҷаҳон пешвои ҳақ ва ботил дорем, дар ҷаҳони дигар ҳам чунин хоҳад буд. Бинобар ин, ҳамаи касоне, ки аз нури ҳидояти Расули Акрам (с) рӯшноӣ гирифтаанд ва аз шариати он ӯ (с) баҳраманд шудаанд, ба дунболи ӯ хоҳанд буд ва ӯ (с) пешво ва парчамдори некӯкорон аст, ки дар қиёмат “парчами сипос”-ро дар даст дорад:

أَنَا سَيِّدُ وَلَدِ آدَمَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَلَا فَخْرَ وَبِيَدِي لِوَاءُ الْحَمْدِ وَلَا فَخْرَ وَمَا مِنْ نَبِيٍّ يَوْمَئِذٍ آدَمُ فَمَنْ سِوَاهُ إِلَّا تَحْتَ لِوَائِي

Ман сарвари фарзандони Одам дар рӯзи растохезам, ва ин ифтихоре ҳам нест, ва ливои ҳамд (парчами сипос) ба дасти ман аст, ва ин ифтихоре ҳам нест, ва дар он рӯз паёмбаре нест – аз Одам то ғайри ӯ – магар он ки таҳти парчами ман хоҳад буд…” (Сунани Тирмизӣ, 12/61, Ашшомила)

Дар ҳамин маъно аз шафоат аст, ки Расули Акрам (с) шафеи ҳамаи халқ аз аввалинҳо то охиринҳо ва ҳатто тамоми паёмбарон аз Одам то ба соири паёмбарон мебошад. Яъне паёмбарон ҳар чӣ доранд, ба воситаи Расули Акрам (с) доранд.

Дар ривояте саҳеҳ аз Убай ибни Каъб аз ҳазрати Паёмбар (с) аст, ки фармуда:

 إذا كان يوم القيامة كنت إمام النبيين و خطيبهم و صاحب شفاعتهم غير فخر

Дар рӯзи қиёмат ман пешвои паёмбарон ва хатиби онон ва соҳиби шафоати эшон ҳастам, ва ин ифтихоре ҳам нест.” (Алҷомеус сағир ва зиёдатуҳ, 1/79, Ашшомила)

Ӯ шафеъ аст ин ҷаҳону он ҷаҳон,

Ин ҷаҳон зӣ дину онҷо зӣ ҷинон.

Ин ҷаҳон гӯяд, ки ту раҳшон нумо

В-он ҷаҳон гӯяд, ки ту маҳшон нумо.

Пешааш андар зуҳуру дар кумун,

“Иҳдӣ қавмӣ иннаҳум ло яъламун”.

Бозгашта аз дами ӯ ҳар ду боб,

Дар ду олам даъвати ӯ мустаҷоб.

Баҳри ин хотам шудаст ӯ, ки ба ҷуд

Мисли ӯ на буду на хоҳанд буд…

Садҳазорон офарин бар ҷони ӯ,

Бар қудуму даври фарзандони ӯ.

Он халифазодагони муқбилаш

Зодаанд аз унсури ҷону дилаш.

Гар зи Бағдоду Ҳиро ё аз Раянд,

Бе мизоҷи обу гил насли ваянд.

Шохи гул ҳар ҷо, ки рӯяд, ҳам гул аст,

Хумми мул ҳар ҷо, ки ҷӯшад, ҳам мул аст.

Гар зи Мағриб барзанад хуршед сар,

Айни хуршед аст, на чизи дигар.

(Мавлавӣ)

Пас, шафоати Паёмбар (с) ба ин маъно ҳамон ҳидоятҳое аст, ки дар ин ҷаҳон эҷод кардааст ва дар ҷаҳони дигар муҷассам мешавад. Дар шафоат ба ин маъно, ҳазрати Паёмбар (с) шафеи касоне аст, ки аз мактаби ӯ ҳидоят ёфтаанд, ӯ шафеи касоне нест, ки мактабашро василаи гумроҳӣ сохтаанд.

Аз ин нукта набояд ғафлат варзид, ки ҳамон тавре ки аз Қуръони Карим гурӯҳе ҳидоят ёфтаанд ва гурӯҳе гумроҳ шудаанд, аз мактаби Паёмбар (с) низ гурӯҳе ҳидоят шуда ва гурӯҳе гумроҳ гаштаанд ва ин марбут ба худи мардум аст.

Худо дар бораи масалҳои Қуръон мефармояд:

یُضِلُّ بِهِ كَثِیراً وَیَهْدِی بِهِ كَثِیراً وَما یُضِلُّ بِهِ إِلاَّ اَلْفاسِقِینَ

Ба сабаби Қуръон гурӯҳеро гумроҳ месозад ва гурӯҳеро ҳидоят мекунад, ва ҷуз бадкоронро гумроҳ намесозад.” (Сураи Бақара, ояти 26)

Мавлоно тамсили олӣ ва зебое барои ин матлаб овардааст, мегӯяд:

Аз Худо мехоҳ, то з-ин нуктаҳо

Дарналағзиву расӣ дар мунтаҳо.

З-он ки аз Қуръон басе гумраҳ шуданд,

З-он расан қавме даруни чаҳ шуданд.

Мар расанро нест ҷурме, эй ануд!

Чун туро савдои сарболо набуд.

Расан яъне ресмон, таноб. Бо таноб, ҳам мешавад аз чоҳ берун омад ва ҳам мешавад ба даруни чоҳ рафт, бастагӣ дорад ба ин ки кадомро интихоб кунем.

Қуръон ва мактаби Паёмбар (с) ресмонҳое ҳастанд, ки қудрат доранд башарро аз чоҳи бадбахтӣ ба авҷи саодат боло баранд. Агар касе аз ин ду ресмони илоҳӣ суистифода намуд, айб аз ресмон нест, иллат ин аст, ки ӯ дар сар савдои боло рафтан надоштааст ва албатта чунин мардуме ба василаи Қуръон ва мактаби Паёмбар (с) ба қаъри дӯзах бурда мешаванд ва ин ҳақиқат дар ҷаҳони дигар чунин муҷассам мегардад, ки ба фармони Қуръон ва Паёмбар (с) ба дӯзах афканда мешаванд.

Дар ривоят аз Расули Акрам (с) омадааст:

القرآن مشفع وماحل مصدق من جعله إمامه قاده إلى الجنة ومن جعله خلف ظهره ساقه إلى النار

Қуръон шафоаткунандае аст, ки шафоаташ пазируфтааст ва сиояткунандае аст, ки сиояташ пазируфта мешавад. Ҳар ки онро пешвои худ қарор дод, ӯро ба биҳишт мебарад ва ҳар ки онро пушти сар гузошт, ӯро ба дӯзах мебарад.” (Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 1/323, Ашшомила)

Ҳақиқатан таъбири аҷибе аст. Мефармояд, Қуръони Карим, ҳам шафеи мӯъминон ва некӯкорон аст ба сӯйи биҳишти саодат, ва ҳам хасми кофирон ва муҷримон аст ба сӯйи дӯзах. Воситае аст, ки ононро ба биҳишти барин ва инонро ба дӯзах мекашонад.

Равшан аст, ки ҳеч як аз ишколоти шафоат ба ин навъ аз шафоат – ки гуфтем шоиста аст “шафоати пешвоӣ” биномем — ворид нест.

* * *

Навъи дуввум аз шафоат — ки ба “шафоати мағфират” ном ниҳодем – аст, ки омоҷи ишколот ва эродҳо қарор гирифтааст, ки дар қисмати баъдӣ дар бораи он баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: