Наводирул-вақойеъ (7)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (4)

Ёрон гуфтанд: Чун сухан бо фарҳехтагон аст, на фурӯмоягон, аз ин рӯ мард агар ба дарёфти сухани ҳақ муваффақ шавад, аз гуфтан ва навиштани он худро барканор надонад ва коре ҳам ба радду қабули дигарон надошта бошад, то шукри неъмати илоҳӣ гузорда бошад, ки:

“Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад”. (Иқтибос аз Бедил)

Афлотун ҳикмате мегуфт ва ноқисулақле эътироз кард, ки ин сухан аз ту ҳеч кас қабул накунад. Фармуд: Ба гуфтан ё навиштани сухани дуруст (ва ҳикматомез) фитрат иҷозаам дода ва балки фармонам кардааст ва маро лозим нест ба мардум бигӯям, ки онро аз ман бипазиред.

Пас, ҳикмати маданӣ ва манзилӣ (1) иқтизо дорад, ки афрод ба навъе кӯмаккунанда ва ёридиҳандаи ҳамдигар бошанд ба дасту забону кирдор. Ва ҳадаф аз ин ҳамкорӣ бояд ислоҳ ва басомонии ҷомеа ва манзил бошад, на фасод ва табоҳии он, ба далели ин фармудаи Худованди Мутаъол, ки:

وَتَعَاوَنُواْ عَلَى الْبرِّ وَالتَّقْوَى وَلاَ تَعَاوَنُواْ عَلَى الإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

(Эй мӯъминон! Дар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳ ва таъаддӣ дастёри ҳам нашавед…” (Сураи Моида, ояти 2)

* * *

Чун ёрон беш аз ҳадд исрор варзиданд, гуфтам: Инак, ба хотири ёрон, маворидеро, ки сабаби ҷудоӣ миёни волидайн ва фарзандон мешавад, бармешумурам. Ва ҳамчунин нусусеро, ки дар боби риояти падару модар ва ҳамсар ворид шуда, баён медорам.

Баъд аз он, албатта ҳуқуқи ҳар кадом зоҳир мешавад, ки мард дар кадом гуноҳ нофармони волидайн мегардад ва эшон дар кадом маврид фарзандро гунаҳкор бидонанд ва итоати падару модар то куҷо лозим аст ва мавориди эҳсон ва некӯкорӣ кадом як аз волидайн ҳастанд?

Ва ҳамчунин, бо таваҷҷӯҳ ба зиёд будани ҳуқуқи ҳақдорон, сабаби барҷастагии танҳо як навъ ҳақ — аз миёни ҳамаи ин ҳуқуқ — чӣ будааст? Ба сухани дигар, бо таваҷҷӯҳ ба зоҳири нусус (-и Қуръон ва суннат), мавориди эҳсон ва некӯкорӣ танҳо падару модар нестанд, балки илова бар онҳо шомили хешовандон, ҳамсояҳо, ятимон, мискинҳо, хидматгузорон ва ғайра мешавад. Ва дар ҳоле ки ҳеч кас ба ҳоли ин ҳақдорон таваҷҷӯҳ намекунад ва ба ҳаққи ҳеч кадом, чунон ки бояд, намепардозад ва бо анҷом надодани он, хештанро нофармон ва гуноҳкор намедонад, аммо дар боби ҳуқуқи волидайн бар худ меларзад ва фавран нофармон ва оқ мешавад. Ҳамаи инҳоро баён хоҳам кард.

* * *

Гуфтанд: Бале, матлаб ҳамин аст, ки ин ишколро аз миён бардорӣ ва ҳақиқати ҳолро чунон ки ҳаст шарҳ бидиҳӣ.

* * *

Гуфтам: Падару модар бешак мавриди эҳсон (некӯкорӣ) ва сипосанд, аммо ба шарте, ки солеҳ ва некӯкор бошанд ва ба фарзанди худ некихоҳанда ва салоҳи ҳоли ӯро ҷӯянд. Вале агар фосиқ буда ва ба фарзанд некӣ нахоҳанд ва салоҳи ҳоли ӯро наталабанд, балки ҳадафи худро ҷӯянд, дар ин сурат машмули эҳсон, ки дар оятҳо ва ҳадисҳо омада, нестанд.

Албатта, ин ҳам ҳаст, ки ҳар як аз волидайн муддаиянд, “дар ҳама гуфтор ва кирдор, ки аз мо содир мешавад, мо хайри фарзандро мехоҳем”. Ҳол, дар ин сурат, бояд ин кирдору гуфторҳоро дар тарозуи шариат ва ақл ва ҷавонмардӣ гузошт ва арзёбӣ кард. Агар мувофиқи онҳост ва фарзанд саркаш ва хилофкор, дар ин сурат нофармон ва оқ аст. Вале агар кирдору гуфтори волидайн мухолифи оятҳо ва ҳадисҳост, дар ин сурат волидайн гунаҳкор ва даъвояшон ботил аст. Яъне бояд гуфтор ва кирдори волидайн хилофи шариат набошад ва дар дин ва мурувват (ҷавонмардӣ)-и фарзанд халал наёрад, то фарзанд барои дарёфти ризои онҳо, муртакиби корҳои ҳаром ва нораво нашавад.

Масалан, барои таъмини нафақаи рӯзонаи онҳо дуздию қимор ва раққосию шоҳидӣ пеша накунад, ё барои дарёфти хушнудии модар зани солеҳаи худро ба талоқ дода, ба фисқу фасод ва зинову ливот наяфтад.

Пас, уқуқе (оқ шудане), ки дар зоҳир миёни падару писар меафтад, ғолибан ба ҷиҳати он аст, ки падар, бо ин ки дорост, аз додани нафақаи фарзанд худдорӣ мекунад. Ва он гоҳ ки писар ба хотири эҳтиёҷ ҳаққи худро талаб мекунад ва аз падар сустӣ ва имрӯзу фардо мебинад, дар нофармонӣ ва саркашӣ меафтад ва кораш ба дуздию қимору гадоӣ мерасад. Ӯ ё мегурезад ё бо афроди лоқайду авбош дармеомезад ва шабҳою рӯзҳо ба хона намеояд. Саранҷом, ин ҳама нофармонӣ ва ҷудоӣ гиребони падарро мегирад ва ҳар ду гунаҳкор мешаванд. Ва гуноҳи падар бузургтар бошад, ки писарро ба исён овардааст.

Аммо агар падар аз тангдастон аст ва писар ба худраъйӣ нафақа биталабад ва ба касбу кор гардан наниҳад ва аз таълиму тааллум бигурезад, ё дар нафақаи мисли худ аз падар қаноат накунад ва барои исрофу велхарҷӣ пул бихоҳад, дар ин сурат писар нофармон ва оқ бошад.

Агар падар рӯзона тавони пардохти як дирам ба писарро дошта, вале ним дирам бидиҳад, дар ин сурат, агар писар исён кунад, падар гунаҳкор аст. Ва дар ҳамин сурат, агар писар беш аз як дирам бихоҳад, писар нофармон аст. Албатта, ин ҳақ то вақте ҳаст, ки таъмини нафақаи писар бар гардани падар бошад. (Аммо агар ӯ болиғ бошад ва таъмини нафақааш бар худаш аст, дар ин сурат бар падар ҳаққе надорад.)

Бинобар ин, агар падар ҳаққи писарро адо карда ва илми зарурии дин омӯхта ва касбу кори шоиста барояш пайдо карда ва ӯро зан додааст, дигар писарро ҳеч ҷойи бозхост нест, магар он ки аз рӯйи ҷавонмардӣ ҳаққе бар худ қоил бошад. Балки (дар ин сурат) агар писар тавонгар аст, бар ӯ фарз аст, ки ба падар эҳсон кунад, ҳатто бо вуҷуди бениёзии падар. Ва агар падар тангдаст аст, ба миқдори ниёз нафақа бидиҳад. Масалан, агар писар рӯзона тавони пардохти даҳ дирам дошта, вале бо додани ним дирам басанда кунад ва падар розӣ нашавад, дар ин сурат, писар нофармон аст. Аммо агар падар (дар ин сурат) зиёдахоҳӣ кунад ва беш аз даҳ дирам аз писар бихоҳад, падар золим ва гунаҳкор бошад.

* * *

Ва аммо уқуқе (ҷудо шуданҳо ва оқ шуданҳое), ки миёни писару модар меафтад, ё дар ҳоли муҷаррад будани писар аст, ё дар вақти зандории ӯ. Дар муҷаррадӣ ё ба ин ҷиҳат аст, ки модар тавонгар аст аст ва писар тангдаст ва дар нафақаи мисли худаш басанда намекунад ва мехоҳад, ки моли модарро ба исроф расонад ва ӯро меранҷонад. Ва ё он ки модар тангдаст аст ва писар тавонгар ва моли хеш дар роҳи хостаҳои муҷозаш сарф мекунад ва ҳаққи модарро намерасонад. Ва он гоҳ ба сабаби он ки модар бо насиҳатҳои сарду хунук монеи айши ӯ мешавад, ногузир модарро шум мегирад ва даст аз дилҷӯӣ ва ғамхории вай бармедорад, ки агар модар мудоро кунад, ҳеч фарзанде бо модари худ хилоф намеварзад, магар ин ки дар нутфааш ишколе бошад (яъне ҳаромзода бошад.) Дар сурати аввал фарзанд осӣ (нофармон) аст, на дар сурати дуввум; зеро худи модар боис шуда, ки писарро ба мухолифати худ барангезад.

Пас, агар писар мол дар маъсият харҷ мекунад ва модар насиҳат дар амри шариат мекунад ва ё барои таъмини нафақаи модар ба касбу кор гардан намениҳад, писар гунаҳкор ва нофармон аст.

Лекин лозим ба ёдоварист, ин оққу ҷудоиҳо, ки қабл аз никоҳи зан миёни писару модар воқеъ мешавад, ҳеч давому субот надорад ва ба андаке ҳалвову мавиз ва пашизе инъом бартараф мегардад, зеро шафқату раҳмати модарию фарзандӣ лаҳза ба лаҳза нав мешавад.

Ва аммо оқ шудане, ки ба адовату кина мунҷар шуда устувор ёфта субот мепазирад, пас аз издивоҷи фарзанд аст, ки ба ҷудоӣ ва дурӣ кашида шуда ва ба қатъи робита меанҷомад.

Аммо қабл аз издивоҷ, агар субҳ ҷанге кунанд, шом оштӣ бошанд. Ва дар ҳақиқат, дар пешгоҳи Худованди Мутаъол ин гуна оқ шуданҳо оқ ба шумор намеравад, ба хотири дахолати ангезаҳои ҳирсу афзунхоҳию худсарӣ.

Дар сурати зандор будани фарзанд низ гуноҳе, ки воқеъ мешавад, ба модар бармегардад, на фарзанд. Ва баёни ин мақом ва далели хусумати модар бо зани писарро дар одоби никоҳ гуфтаем. Дар ин ҷо фақат ҳамин миқдор гӯем, ки дар умури нафсонӣ ва дунявӣ — ки пашизе арзиш надоранд — мобайни зани писар ва модар ҷанҷол меафтад ва сипас ӯро душман мегирад ва намехоҳад, ки ин зан бо писари ӯ нишинад ё таоми серӣ бихӯрад ё либоси некӯ бипӯшад ё мехоҳад, ки ҳар он чӣ барои зан масраф мешавад, ӯ худ бидиҳад он чӣ хоҳад ё надиҳад. Ва мехоҳад, писар болои ӯ зани дигар гирад ё талоқаш диҳад.

Пас, дар ин сурат агар писар тибқи ризо ва хушнудии модар рафтор кунад, дар ҳаққи зан муқассир бошад. Ва агар ризои зан бихоҳад, ба модар нофармон бошад. Ва ҳол он ки ӯ амр шуда ба ин ки ҳаққи ҳар кадом аз онҳоро баҷо оварад.

Дар инҷо агар писар биноро бар амал ба зоҳири нусус гузорад, аз онҷо, ки итоати фармони модар воҷиб аст, дину дунёи худ ба зиён дода бошад ва талоқи беҷиҳат карда, ки:

أبغض الحلال إلى الله الطلاق

(Танаффуровартарин ҳалол пеши Худо талоқ аст. (Ривояти Ибни Моҷа)) Ва агар фарзандоне дорад, онҳоро зойеъ намуда ва маблағе ҳангуфт барои никоҳи дуввум аз ҳарому шубаҳот гирд овардааст. Дар никоҳи дуввум низ ин рафтор пеш ояд ва боз он ҷанҷол бе каму кост, балки зиёдатар барпо шавад. Бо ин вазъ ҳеч гоҳ ба ибодати Ҳақ натавонад пардохт ва ҷойе барои оромишу осоиш надошта бошад, магар ҷаҳаннам.

Аммо агар вифқи хушнудӣ ва ризои ҳамсар гом бардорад — чун ба он низ амр шудааст – ба ин сурат, ки барояш нафақоти шоиста бипардозад ва либоси маъруф фароҳам кунад ва дар умури хона кадхудоӣ ба дасти ӯ супорад ва модарро аммо ба мудоро вобидорад агар ҳамроҳи онҳост ва ё барояш нафақа таъйин кунад агар ҷойе дигар сукунат дорад, дар ин сурат, модар норозӣ шуда ва садои оқ кардан ба бому дар сар диҳад. Масалан, писар гӯяд: “Биё ва бар сари суфра бинишин ва ғизо тановул кун”, модар аммо нанишинад ва нахӯрад. Ва агар насибааш диҳанд, кам дониста рад кунад. Ва бинолад, ки агар мудоро кардӣ, хуб хидматаш кун. Ва чун саркашӣ кунад, гӯяд: “Бароям хидматгузоре бигир ё хонае алоҳида таҳия кун”. Дар ҳоле ки писар на бар таҳияи хонаи алоҳида қодир бошад ва на бар гирифтани ходима. Ва аз он тараф, зан бигӯяд: “Ман бо ҳамроҳи модарат нанишинам, дари дигаре барои ӯ муҳайё кун”.

Хуб, дар ин сурат, агар мард биноро бар амал ба зоҳири нусус гузорад — чун итоати фармони зан низ дар сурати тавоноӣ воҷиб аст — ва хонае дигар барои модар таҳия ва ӯро ҷудо кунад ва барояш ҳаққе муайян муқаррар гардонад, модар ҳам норозӣ бошад, ки “барои хотири зан аз ман гусехт”. Дар ин сурат низ дину дунёи мард ба зиён равад. Ва чун “нисбати мард ба хона, ба манзилаи нисбати дил ба бадан аст”, як дил метавонад масолеҳи як баданро ӯҳдадор шавад ва агар манзил ду шавад, мардро машғалаҳои ду манзил аз фикри маод (қиёмат) боздорад ва муртакиби корҳои ҳаром ва шубаҳот шавад ва толиби зиёдатӣ гардад. Ногузир ҷойе барои оромишу осоиш надошта бошад, магар ҷаҳаннам.

Пас, оққҳое, ки аз ин гузаргоҳҳо миёни волидайн ва фарзанд меафтад, ба ҳеҷ ваҷҳ эътибор нахоҳанд дошт, балки волидайн гунаҳкоранд, ки фарзандро ба бадбахтӣ ва шақовати дунёву охират хондаанд ва ба азоби сармад кашида.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Ҳикмат бар ду қисм аст: назарӣ ва амалӣ. Ҳикмати назарӣ он аст, ки дар бораи ашё — он чунон ки ҳастанд — баҳс мекунад. Ва ҳикмати амалӣ он аст, ки дар бораи афъоли инсон — он чунон ки бояд бошад — баҳс мекунад. Ҳикмати назарӣ дар қадим бар се қисм буд: илоҳиёт, риёзиёт ва табииёт. Ҳикмати амалӣ низ ба навбати худ тақсим мешуд ба илми ахлоқ, тадбири манзил ва илми сиёсат. Ба илми сиёсат “ҳикмати маданӣ” ва ба тадбири манзил “ҳикмати манзилӣ” мегуфтанд.

* * *

Матни аслӣ:

Асҳоб гуфтанд: “Чун рӯи сухан ба асҳоби фазилат аст, на ба арбоби разилат, мард агар ба дарёфти сухани ҳақ муваффақ шавад, аз гуфтану навиштани он худро маоф надонад ва аз қабулу радди касон наяндешад, то шукри неъмати илоҳӣ гузорда бошад, ки:

“Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад”.

Чи Фалотунро дар калимаи ҳикмате, ки мегуфт, ноқисе эътироз овард, ки ин сухан аз ту ҳеҷ кас қабул накунад”, фармуд: “Ман ба гуфтану набиштани калимаи савоб аз пешгоҳи фитрат маъзуну маъмурам ва маро лозим нест, ки мардумонро гӯям, ки онро аз ман бипазиред”.

Пас, ҳикмати маданиву манзилӣ ин иқтизо дорад, ки ҳар шахсе аз ашхос ба навъе аз анвоъ ба ҳамдигар мумидду муовин бошанд ба дасту забону гуфтор ва кирдор. Ва бояд, ки ғараз аз ин муованат салоҳи маданию манзилӣ бошад, на фасоди он, лиқавлиҳи Таоло: “(Ё айюҳал-лазина оману), таовану алал-бирри ват-тақво ва ло таовуну алал-исми вал-удвон”.

Чун иброми аҳбоб аз ҳадд таҷовуз намуд, гуфтам: “Хотири ёронро ман мавозеъе, ки сабаби иқоқу шиқоқ мешавад миёни абавайну валад, бармешумурам. Ва нусус, ки дар боби риояти абавайну зан ворид шуда, тақрир медиҳам. Баъд аз таъини мавоқеи хилоф, албатта, ҳуқуқи ҳар кадом зоҳир шавад, ки мард дар кадом ҷарима ба абавайн осӣ шавад ва эшон фарзандро ба кадом мартаба гунаҳкор ёбанд ва итоати абавайн то куҷо лозим аст ва мавориди эҳсон кадом аз абавайн бошанд?! Ва бо вуҷуди касрати ҳуқуқи аҳли истеҳқоқ сабаби шӯҳрати як навъ аз ҳақ барои чӣ будааст? Яъне мавриди эҳсон назар ба зоҳири нусус – падару модар ва ақрабову ҳамсоя ва айтому масокин ва хадаму ҳашаманд. Ҳеҷ касе ба ҳоли ин арбоби ҳуқуқ назар намеандозад ва ба ҳаққи ҳеҷ кадом, чунон ки бояд, намепардозад ва ба адами итёни он худро осим намедонад ва дар боби ҳуқуқи абавайн бар худ меларзад ва филфавр осӣ ва оқ мешавад”.

Гуфтанд: “Бале, матлаб ҳамин аст, ки ин ишколро аз пеш бардорӣ ва ҳақиқати ҳолро камоҳия мутобиқи офоқу анфус шарҳ диҳӣ”.

Гуфтам: “Падару модар мавриди эҳсону шукранд, бар тақдире, ки солеҳ бошанд ва ба фарзанди худ некихоҳанда ва салоҳи ҳоли ӯ ҷӯянд, ки агар фосиқ бошанду ба фарзанд некӣ намехоҳанд ва салоҳи ҳоли ӯро наметалабанд, балки ғарази худро меҷӯянд, мавриди ҳуқуқ, ки дар оёту аҳодис омада, нестанд. Ва ҳол он ки ҳар як аз абавайн муддаии инанд, ки “мо дар ҳама ақволу афъол, ки аз мо содир мешавад, хайри фарзандро мехоҳем”. Пас, ин кирдору гуфторро дар шаръ ва ақлу мурувват андоза бояд кард. Агар мувофиқу мутобиқи офоқу анфус аст ва фарзанд дар он мухолифу муонид, осӣ ва оқ аст. Ва агар ин кирдору гуфтор мухолифи офоқу анфус аст, волидайн осиманд ва дар даъвии худ мубтил. Яъне бояд, ки қавлу феъли абавайн муфзӣ ба хилофи шаръ нашавад ва дар дину муруввати фарзанд халал наёрад, то фарзанд барои дарёфти ризои онҳо муртакиби маҳзуроту муҳҷурот нагардад.

Масалан, барои нафақаи явмияи онҳо дуздию қимор ва раққосию шоҳидӣ пеша накунад, ё барои дарёфти хушнудии модар зани солеҳаи худро ба талоқ дода, ба фисқу фасод ва зинову ливот наяфтад.

Пас, уқуқе, ки дар зоҳир миёни падару писар меафтад, ғолибан аз он аст, ки падар дар инфоқ имсок мекунад бо вуҷуди қудрат. Ва писар аз ҷиҳати эҳтиёҷ мутолабат менамояд, чун аз падар эҳмол ва имҳол мебинад, пас дар исёну саркашӣ меафтад ва ба дуздию қимору суол кори ӯ оид мегардад ва бошад, ки бигурезад, ё ба қаландарон ихтилот намояд ва шабҳою рӯзҳо дар хона наёяд. Пас, ваболи ин ҳама исён ва иқоқу шиқоқи ӯ ба рӯзгори падар оид гардад ва тарафайн осим бошанд. Ва гуноҳи падар бузургтар бувад, ки писарро ба исён овардааст.

Пас, агар падар аз мӯъсирон аст, писар ба истибдод толиби нифоқ мешавад ва ба касбу ҳирфа гардан намениҳад ва аз таълиму тааллум мегурезад, ё дар нафақаи мисли худ аз падар қаноат намекунад ва барои исрофу итлоф ва завоид металабад, писар осӣ ва оқ бошад. Масалан, агар падар ба рӯзе як дирам додан тавонад, лекин ним дирам медиҳад, дар сурати исёни писар, падар осим аст ва агар аз дирам зиёда хоҳад, писар осӣ аст. Ва ин ҳаққ то ватқе ҳаст, ки писар дар иёли падар бошад.

Пас, агар падар ҳаққи писар адо кардааст ва илми зарурии дин омӯхта ва пешаи лоиқ таҳсил кунонида ва зан додааст, писарро ҳеҷ ҷои бозхост нест, магар ҳаққи муруввату одатӣ. Балки агар писар мӯъсир аст, фарз аст, ки бо падар эҳсон кунад, бо вуҷуди ғинои падар. Ва агар падар мӯъсир аст, нафақа диҳад ба қадри кафоф. Масалан, агар ба рӯзе даҳ дирам додан тавонад, бо ним дирам иктифо кунад, ки падар розӣ нашавад, писар осӣ шавад ва дар зиёдаталбӣ аз дирам падар золим бувад ва осим.

Ва аммо уқуқе, ки миёни писару модар меафтад, ё дар ҳоли таҷарруди писар аст, ё дар вақти зандории ӯ. Аммо ҳолатуттаҷарруд аз ин ҷиҳат аст, ки модар ғанийя асту писар мӯъсир дар нафақаи мисл иктифо намекунад ва мехоҳад, ки моли модар ба итлофу исроф расонад, меранҷонад. Ё он ки модар мӯъсир асту писар мусир, мол дар муштаҳаёти мубоҳаи худ сарф мекунад ва ҳаққи модар намерасонад, ба сабаби он ки модар монеъу мухилли айши ӯ мешавад ва ба насоеҳи борида, фалоҷарам, модарро шум мегирад ва аз назари тафаққуд меандозад, ки агар модар мувосо кунад, ҳеч фарзандро дил надиҳад, ки бо модар хилоф варзад, магар ки дар нутфа ғашш дорад. Дар сурати аввал, фазанд осӣ аст, на дар сурати сонӣ. Зеро ки худи модар ҳаққи худро ба итлоф овардаасту писарро ба мухолифати худ кашида.

Пас, агар писар мол дар маъсият харҷ мекунад ва модар насиҳат дар амри шариат мекунад, ё барои нафақаи модар ба пешаву ҳирфа гардан намениҳад, писар осиму осист. Лекин ин иқоқу шиқоқ, ки қабл аз никоҳи зан миёни писару модар воқеъ мешавад, ҳеч давому субот надорад ва ба ду се фалс ҳалвову мавиз ва андак атийя муртафеъ гардад. Ва шафқату раҳмати модарию фарзандӣ онан фа онан авд кунад.

Ва аммо он иқоқ, ки ба адовату кинаи нафсонӣ истеҳком ёбаду субот пазирад, ҳолатуттазаввуҷи фарзанд бошад ва он ба ҷалову сиво кашад ва ба қатъи сила анҷомад.

Ва аммо қабл аз тазаввуҷ, агар сабоҳ ҷанге кунанд, шом оштӣ бошанд. Ва филҳақиқа, индаллоҳ, ин уқуқ, низ собит намешавад ва ба сабаби имтизоҷу ихтилоли давоии ҳирсу шараҳ ва зиёдаталабию зиёдасарӣ. Базаҳ ва исме, ки воқеъ шавад, дар сурати издивоҷи фарзанд, ҳам роҷеъ ба модар аст, на ба фарзанд. Ва таҳқиқи ин мақом ва ваҷҳи хусумати модар бо зани писар дар одоби никоҳ гуфтаем. Дар ин ҷо барои рафъи тасдеъи нозир, ин миқдор гӯем, ки дар амри саҳл аз умури нафсонӣ ва дунявӣ, ки аз як фалс ба даҳ дирам нарасад, мобайни зани писар ва модар низое афтад. Баъдаҳу ӯро душман гирад, нахоҳад, ки ин зан бо писари ӯ нишинад, ё таоми серӣ бихӯрад, ё либоси некӯ бипӯшад, ё мехоҳад, ки ҳарчӣ занро масраф шавад, ӯ худ бидиҳад он чӣ хоҳад, ё надиҳад. Ва мехоҳад, ки писар болои ӯ зани дигар орад, ё талоқ диҳад ва дигар никоҳ кунад. Пас, агар дар ризои модар равад, дар ҳаққи зан муқассир бошад ва агар ризои зан хоҳад, ба модар осӣ бошад. Ва ҳол он ки омадан ба ҳаққи ҳар кадом маъмурун биҳи аст.

Пас, агар писар ба зоҳири нусус бино монад, чунки фармони модар аст ва воҷибулиттибоъ, дину дунёи худ ба зиён дода бошад ва талоқи беваҷҳ карда, ки “Абғазул-ашёи инди атталоқу”. Ва агар авлод дорад, онҳоро зоеъ намуда ва маблағи хатир дар никоҳи дуввум аз ҳарому шубаҳот маблағе гирд кунад ва ҳоказо. Дар ақди сонӣ низ ин муомила пеш ояд ва боз он низоъ бе каму кост, балки зиёдатар барпо шавад. Ва чанде ҳамчунин ҳамекунанд, то он ки гулханнишин шаваду махлас ёбад ва дину дунё аз даст дода. Зеро ки бо ин ҳама кашмакаш ҳеч ба ибодати Ҳақ натавонад пардохт ва ҷое оромишу осоиши ӯ набувад, илло ҷаҳаннам.

Пас, агар мард ба ризои зан равад, чунон ки маъмурун биҳи аст, ба нафақоти шоиста ва либоси маъруф ва иқтидор диҳад занро дар умури маош ва модарро ба мувосо ва мадоро бинишонад, дар сурати маъийят ва нафақа таъин кунад дар сурати мубоянат, модар норозӣ бошад ва ба ҳаққи хеш қаноат накунад ва садои иқоқу шиқоқ ба бому дар дардиҳад. Масалан, писар гӯяд: “Биёву бар сари хон бинишин ва тановул кун”. Нанишинад ва нахӯрад. Ва агар ҳиссааш диҳанд, кам гӯяд ва рад кунад. Ва бинолад, ки агар мувосо кардӣ, хидматаш кардандӣ ва чун саркашӣ кунад, накунанд, ва гӯяд: “Маро ҷорияе бояд, ё ходиме, ё хонае алоҳида”. Ва ҳол он ки писар бар таҷдиди хона ва ахзи ходим ва ҷория қодир набошад, то он ки зан гӯяд: “Ман бо ҳамроҳи модарат нанишинам, дари дигаре барои ӯ муҳайё кун”. Агар мард бино дар зоҳири нусус монад, чунки фармони зан воҷибулиттибоъ аст ба фарзи иститоат, агар ҳавлии дигаре барои модар гирад ва ӯро ҷудо кунад ва ҳаққи ӯ бояду шояд муқаррар гардонад, ҳам модар норозӣ бошад, ки “барои хотири зан аз ман гусехт”. Дар ин сурат низ дину дунёи мард ба зиён равад, ки “мард дар манзил чун дил дар бадан аст”. Як дил агар тавонад масолеҳи як баданро мутасаддӣ аст ва чун манзил ду шавад, мардро ашғоли алоиқи ду манзил аз фикри маод боздорад ва муртакиби муҳаррамоту шубаҳот шавад ва толиби зиёдатӣ гардад. Фалоҷарам, ҷои оромишу осоиши ӯ набувад, илло дӯзах.

Пас, уқуқе, ки аз ин мамаррҳо миёни абавайну фарзанд афтад, ба ҳеҷ эътибор натавон кард, балки абавайн осиму гунаҳкоранд, ки фарзандро ба шақовати дорайн хондаанд ва ба азоби сармад кашида.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”



Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: