Гурезе аз ваҳдат нест

Ба баҳонаи ҳафтаи ваҳдати исломӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сухан гуфтан аз зарурати ваҳдат ва ҳамдилии мусалмонон дар шароити имрӯз, шояд ба назари бисёреҳо хандаовар менумояд; дар шароите, ки мусалмонони Ховари Миёна ва балки кулли ҷаҳони ислом дар як хусумат ва адоват ва душманӣ бо ҳам – ки собиқае инчунинӣ дар торих надорад – ба сар мебаранд ва рӯ дар рӯи якдигар қарор гирифтаанд ва хунҳои ҳазорон бегуноҳ рехта шуда.

Аз як тараф, суннӣ дар баробари шиъа истода ва шиъа дар муқобили суннӣ ва ҳар як аз шикасти дигаре хушҳол ва аз пирӯзии ӯ ғамгин аст. Ва аз тарафи дигар, ҳар кадом аз шиъа ва суннӣ, дар даруни худ бо анвоъ ва ақсоми ихтилофот ва дудастагиҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар шиъа, яке тарафдори “вилояти фақеҳ” аст ва дигаре зидди “вилояти фақеҳ” ва душмании ин ду гурӯҳ агар нагӯем шадидтар аз хусумати шиъа ва суннӣ аст, аз он камтар ҳам нест, то ба ҷое, ки ҳамдигарро такфир ва тафсиқ мекунанд.

Ва дар аҳли тасаннун низ, яке салафӣ аст, дигаре сӯфӣ, севвуме ҳизбӣ ва чаҳоруме тобеи як ҷараёни дигар. Ва худи салафӣ низ ба навбаи худ ба ҷиҳодӣ, мадхалӣ, мӯътадил ва ғайра муншаъиб шуда ва ба такфиру тафсиқу муртад унвон кардани ҳамдигар машғул ва адармонанд. Ва хулоса:

كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ

Ҳар ҳизбе ба он чӣ пеши худ аст дилхуш шуданд.” (Сураи Рум, ояти 32)

Оре, дар якчунин шароите, сухан гуфтан аз зарурати ваҳдат ва ҳамдилӣ на танҳо хандаовар ва балки баъид ҳам нест касеро, ки ба сӯйи он мехонад, ба хаёлпардоз будан муттаҳам бикунанд. Магар имкон дорад имрӯз як суннӣ дар канори як шиъа қарор бигирад ва ӯро бародар бихонад ва худро шарики хушҳолӣ ва андӯҳи вай созад, дар ҳоле ки ба назари вай, бародарони сунниаш дар Сурия ба дасти шиъаён кушта мешаванд? Магар мумкин аст имрӯз як шиъа худро бародари як суннӣ бидонад, дар ҳоле ки бародарони шиъааш дар Ироқ ва Яман ва Сурия ба дасти гурӯҳҳое, ки хештанро “мудофеъи аҳли тасаннун” медонанд, қатли омм ва масоҷид ва машоҳиди онон ба унвони “амокини ширку куфр” тарконда мешаванд?

* * *

Аммо бо ин ҳама, мусалмонон — бахусус дар шароити имрӯз, ки дар он ҳастанд — гурезе аз ваҳдат ва ҳамдилӣ бо ҳам надоранд. Ва ин имконпазир аст агар иродаи ҷиддӣ дошта ва бихоҳанд дӯстро аз душман бишносанд ва зимни пойбандӣ ба Қуръон ва суннати Паёмбар (с), ба “фиқҳи авлавиёт” қоил ва ба он амал кунанд. (Фиқҳи авлавиёт яъне ташхис ва мартибандии масоили исломӣ, ки кадом як аз онҳо дар амал дар мартибаи аввал қарор дорад ва кадомин дар мартибаи дуввум ва ғайра). Бале, ваҳдат ва тақриб ва ба ҳам наздик шудани пайравони мазоҳиб ва гурӯҳҳои мухталифи исломӣ – бо вуҷуди ихтилофоти фимобайни онон — имконпазир аст агар ба ин шурут пойбанд бошанд.

Балки болотар аз ин, мусалмонон – ки дар ин панҷ шиш соли ахир – ҷудоӣ ва адоват ва душманӣ бо ҳамро таҷриба карда ва имрӯзҳо дар ҳоли чашидани маззаи талхи он ҳастанд, ҳатман ба зарурат ва вуҷуби ваҳдат ва ҳамдилӣ миёни ҳам пай бурда ва ҳикмати ин фармудаи Худованди Мутаъол дар ин ояти карима, ки мегӯяд:

وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ

Бо ҳам низоъ макунед, ки суст мешавед ва обрӯи шумо аз байн меравад…” (Сураи Анфол, ояти 46)–ро фаҳмида бошанд.

Баъд аз ин ҳама ногувориҳо ва таҷрибаҳои талх, шояд фаҳмида бошанд, ки наметавон бо ҳақ пиндоштани худ ва ботил ангоштани дигармазҳабон, кӯшиш дар ҳазфи эшон аз арсаи зиндагӣ бикунанд. Шояд дарк карда бошанд, ки натиҷаи талош барои ҳазфи дигармазҳабон, ҳазфи худашон ҳам ҳаст.

Асосан, масъала ин нест, ки кӣ ҳақ аст ва кӣ ботил. Балки масъала он аст, ки ман битавонам дар айни он, ки ақоид ва боварҳои худро ҳақ медонам ва ҳозир нестам аз онҳо кӯтоҳ биёям, бо як дигарандеш ва дигармазҳаб ҳамзистӣ дошта бошам, хусусан бо дигарандеше, ки ӯро мусалмон медонам. Зеро аксари уламои шиъа сунниро мусалмон медонанд ва бештари уламои аҳли тасаннун шиъаро мусалмон мехонанд, бо вуҷуди ихтилофоте, ки бо ҳам доранд ҳатто дар масоили эътиқодӣ; чунон ки Мулло Алӣ Қорӣ дар рисолаи “Шаммул-авориз фи заммир-равофиз”-и худ дар айни интиқод аз ақоиди шиъа, онҳоро мусалмон дониста ва қавли уламоро дар ин маҷол нақл кардааст.

Пас, агар мусалмонашон медонӣ, ин мусалмон донистани ту лавозиме дорад, ки яке аз онҳо ҳурмати рехтани хуни ӯст, мӯҳтарам шумурдани номуси ӯ ва моли ӯст.

Он ҷо ҳам, ки Худованди Мутаъол ба ваҳдат ва якпорчагӣ миёни мусалмонон хондааст, якпорчаҳоро нахонда, балки парокандаҳоро ба сӯйи он хонда, ки ихтилофоти худро канор гузоред ва даст ба дасти ҳам бидиҳед:

وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُواْ

Ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда нашавед…” (Сураи Оли Имрон, ояти 103)

Пас, воҷиб ин аст, ки мусалмонон — бо вуҷуди ихтилофоти фимобайн – даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва пароканда нашаванд.

* * *

Ин нукта ҳам қобили ёдоварист ва пештар ҳам гӯшзад карда будам, ки даргириҳое, ки имрӯз дар Сурия ва Ироқ ва Яман шӯълавар аст ва баъзеҳо исрор доранд – дониста ё надониста – онҳоро мазҳабӣ ҷилва диҳанд, ин ҷангҳо сирф сиёсӣ аст ва ҳаргиз мазҳабӣ ва ҷанги шиъа ва суннӣ набуда ва нест. Бале, теъдоде аз худобехабарон аз ҳамон аввал ва ба хотири таъмини манофеъ ва масолеҳи дунявӣ ва сиёсии худ, рӯйи ин даргириҳо унвони мазҳабӣ гузошта ва эҳсосоти пайравони мазоҳибро барангехтанд. Аммо ҳақиқат он аст, ки ин ҷангҳо рабте ба мазҳаб надорад.

Албатта, доираҳои муайяне дар ҷаҳон, ки ба далоили қатъӣ пушти сари ин ҷангҳо истодаанд, дӯст доранд ин ҷангҳоро мазҳабӣ нишон дода ва дар расонаҳои худ мураттаб ном аз шиъа ва суннӣ бибаранд. Роқими сутур аз ҳамон ибтидои ин ҷангҳо тамоми гузоришҳо ва таҳлилҳое, ки дар расонаҳои муҳимми ҷаҳонӣ бахусус омрикоӣ ва исроилӣ оварда шудааст, якҷо ҷамъ карда ва бойгонӣ кардаам ва иншоаллоҳ рӯзе ҳамаи онҳоро бознашр ва як ба як мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор хоҳам дод, то равшан бишавад, пушти сари ин ҳама мусибатҳо чӣ касоне истодаанд.

Дар соли 2009 – замоне ки ҳанӯз аз ин ҷангҳо хабаре набуд – ман дар пойгоҳи Кимиёи саодат (пойгоҳи пешин), гузоришеро аз гирдиҳамоии бузурги коршиносон ва назарияпардозони саҳюнистӣ дар Ҳертзилиё (яке аз шаҳрҳои Фаластини ишғолӣ) ба нақл аз расонаҳои исроилӣ нашр карда будам. Он вақт дар ҳошияи ин гузориш, баъзеҳо бандаро тавтиапиндор унвон карда ва навишта буданд, ки дӯст дорам тамоми мусибатҳои олами исломро бар гардани саҳюнистҳо ва омрикоиҳо бор кунам. Ба ҳар ҳол, ин гирдиҳамоӣ дуруст пас аз се ҷанги “Исроил” баргузор шуда буд. Яъне ҷанги Ҳизбуллоҳ бо “Исроил” дар соли 2006 ва ду ҷанги муқовимати Фаластин бо ин кишвари ҷаълӣ дар солҳои 2008. Дар ҳар сеи ин ҷанг “Исроил” бо шикасте шармовар рӯ ба рӯ шуда буд ва аз тарафе ҳам, бар олами ислом бар асари ин се ҷанг ваҳдат ва ҳамдилии камназире соя афканда буд. Хулоса, чунон ки дар ҳамон гузориш омада буд, дар суханрониҳои чанд нафар аз назарияпардозони саҳюнист дар ин гирдиҳамоӣ гуфта шуд, ки “танҳо роҳи халосӣ аз муқовимати Фаластин ва муқовимати Лубнон (Ҳизбуллоҳ) эҷоди як даргирӣ миёни сунниҳо ва шиъаён аст, ки мусалмононро аз фикри Фаластин ва чира шудан бар “Исроил” андармон ва машғул бисозад, вагарна агар вазъ бар ҳамин минвол идома биёбад, то чанд соли дигар аз “Исроил” дигар номе боқӣ нахоҳанд монд.” Ин гузориш ҳатто дар рӯзномаҳои маъруфи ҷаҳон низ дар ҳамон замон нашр шуда буданд.

* * *

Албатта, банда гуфтанӣ нестам, ки тамоми тақсир ва айб дар ин ҷанҷолҳо бар ӯҳдаи дигарон аст. Ҳаргиз чунин гуфтанӣ нестам! Дар ин миён ҷаҳолат ва кӯтаҳназарӣ ва таъассуби тӯдаи мусалмонон низ бетаъсир нест. Агар мусалмонон огоҳ мебуданд ва ба дурустӣ ба шароити ҳоким дар ҷаҳон ва тавтиаҳои душманон мутталеъ мебуданд, ҳаргиз ба ин ҷангҳои сохтагӣ ва ҷаълӣ ва таҳмилӣ роҳ намедоданд.

Асосан, ҷаҳолат ва ноогоҳии тӯдаи мусалмонон, дар имрӯз бесобиқа аст. На динро дуруст шинохта ва мешиносанд ва на дунёро дуруст фаҳм кардаанд. Мутаассифона, ин як воқеият аст ҳарчанд талх. Бо кучактарин тавтиа ва барангехтани эҳсосот ва авотифи эшон, метавон онҳоро алайҳи якдигар басиҷ кард. Як идда худобехабар, ки номи шиъа ҳам доранд, дар Ландан ва яке ду шаҳри Омрико шабакаи телевизионӣ роҳ андохта ва корашон 24 соат дар шабонарӯз тохтан ба ақоид ва боварҳои аҳли суннат ва ҷариҳадор кардани эҳсосоти онҳост. Ҳамин барномаҳои онон аст, ки тӯдаеро дар миёни шиъаён ба вуҷуд овардааст, ки имрӯза ҳеч ҳамму ғамме надоранд ҷуз ин ки мусалмонони аҳли суннатро пайравони Язид бидонанд ва шабу рӯз ба онҳо иҳонат кунанд. Шумо дар шабакаҳои маҷозӣ ҳам мебинед, ки ин идда тамоми корашон ҳамин аст. Роқими сутур пештар ҳам дар мақолоти мутаъаддид навишта будам, ки дар шӯълавар кардани ин ҷангҳо ва шиъа-суннӣ гардонидани он, саҳми ин худобехабарон агар нагӯем бештар аз душманони дин аст, камтар аз он нест. Ва бадтар аз ин он аст, ки шуморе аз аҳли тасаннун ҳастанд, ки аз вуҷуди ин шабакаҳо ибрози хушҳолӣ мекунанд ва бар ин боваранд, ки ин шабакаҳо намоёнгари ҳақиқати шиъа аст ва дар дили аҳли суннат нисбат ба шиъаён танаффур эҷод мекунад. Яъне дӯст доранд миёни шиъа ва суннӣ душманӣ ва адоват на ин ки мутваққиф, балки бештар шавад.

Ва аз он тараф низ, иддае ба унвони “мудофеъони аҳли тасаннун” шабакаҳое роҳандозӣ карда ва корашон 24 соат тохтан алайҳи шиъаён ва бофтани анвоъ ва ақсоми тӯҳматҳо ва ифтироот алайҳи шиъаён аст, ки азизон дигар медонанд ин касон чӣ касоне ҳастанд ва ниёз ба ёдоварӣ ҳам нест. Аз назари ин идда худобехабар, сунниҳо имрӯз танҳо як душман доранд, ва он ҳам шиъаён ва ба қавли онҳо “равофиз” аст, ки ҷаҳон бояд аз “лавси” вуҷуди онҳо пок бишавад ва вақте ҳамаи шиъаён “хафа” шуданд, он вақт навбати соири душманон, масалан саҳюнистҳо мерасад. Тасреҳ мекунанд, ки “шиъа бадтар аз яҳуд аст” ва ибое ҳам аз гуфтани ин сухан надоранд. Ҳаминҳо ҳастанд, ки саҳми асосӣ дар барангехтани эҳсосот ва авотифи ҷавонони ғайриогоҳ ба дин дошта ва боиси рафтани онҳо ба майдонҳои ҷанг дар Ироқ ва Сурия барои ҷанг алайҳи шиъаён шудаанд.

Асосан, агар таҳриз ва барангехтанҳои ин ба ном мубаллиғони динӣ — ки баъзеяшон худро “олим” ва “донишманд” ҳам мешуморад — набуд, бовар кунед миёни ҳеч мусалмоне адоват ва душманӣ ва ихтилофе ҳам набуд.

Дар Қуръони Карим як оят ҳаст, ки мефармояд, рисолати дин (ё лоақал яке аз рисолатҳои он) – аз Одам то ба Хотам – ин рафъ ва бартараф кардани ихтилофот миёни башар будааст. Яъне дин омадааст ва паёмбарон омадаанд, то ихтилофотро аз миёни инсонҳо бардоранд. Оят мегӯяд, инсонҳо дар аввал чун зиндагии содае доштанд, ҳеч ихтилофе ҳам миёни онҳо набуд, аммо замоне ки зиндагии иҷтимоӣ печида шуд ва масалан яке худро бартар аз дигаре донист, он вақт ихтилоф миёни онҳо падид омад, ҳаминҷо буд, ки Худо паёмбарони худро фиристод, то ихтилофоти мобайни онҳоро рафъ созад:

كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُواْ فِيهِ

Мардум (дар оғоз) як даста буданд (ва тазодде дар миёни онҳо вуҷуд надошт, аммо ба тадриҷ, ки ҷомеаҳо ва табақаҳо падид омад ва ихтилофот ва тазоддҳое дар миёни онҳо пайдо шуд) Худованд паёмбаронро барангехт, то мардумро башорат ва бим диҳанд, ва китоби осмонӣ, ки ба сӯйи ҳақ даъват мекард, бо онҳо нозил кард, то дар миёни мардум дар он чӣ ихтилоф доштанд, доварӣ кунанд…

Сипас, ин ояти карима аз як ихтилофи дигар миёни башар баъд аз омадани паёмбарон сухан мекунад. Ба гуфтаи муфассирон, ин ихтилофи дуввум ба сабаби тазоддҳо дар зиндагии иҷтимоӣ нест, балки ихтилоф дар дин аст. Яъне пас он ки паёмбарон таълимоти худро оварданд ва аз дунё рафтанд, миёни башар дар дини паёмбарон ихтилоф афтод. Ва аҷиб он аст, ки Қуръон сабаби ин ихтилофи дуввумро касоне донистааст, ки ба истилоҳ олим ва донишманди динӣ ҳастанд. Яъне, ихтилоф дар дин, сабабаш худи дин нест, ҳаргиз – зеро дин омада то ихтилофотро бартараф созад – балки сабабаш ситамгариҳо ва худхоҳиҳои ба ном олимони дин аст. Мефармояд:

وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلاَّ الَّذِينَ أُوتُوهُ مِن بَعْدِ مَا جَاءتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ

Ва ихтилоф накарданд дар он магар касоне, ки китоби осмониро дарёфт карда буданд ва пас аз он ки нишонаҳои равшан ба онҳо расида буд, ба хотири инҳироф аз ҳақ ва ситамгарӣ ва ҳасад…” (Сураи Бақара, ояти 213)

Бинобар ин, агар шумо дар ин ихтилофот ва мушоҷираҳо ва кашмакашҳо дар масоили динӣ, ки миёни пайравони мазоҳиб ва ё ҳатто миёни пайравони як мазҳаб ва як ҷараён барпост, нек диққат ва таваҷҷӯҳ кунед, мебинед, сабабаш ситамгариҳо ва ҳасадҳо ва ба қавли Қуръон “бағй” миёни онҳост, на асли дин ва маорифи динӣ. Хеле вақтҳо мебинед, онҳо метавонанд ҳамдигарро бифаҳманд ва таҳаммул бикунанд агар таҳриз ва барангехтанҳои касоне, ки худро “олими динӣ” медонанд, набошад. Яъне ин мубаллиғи динӣ аст, ки бо як ҳарфи беҳисоб эҳсосотро бармеангезад ва пайравони як мазҳабро алайҳи пайравони мазҳаби дигар мешӯронад.

Ин ки аз сӯйи бархе душманони дин гуфта мешавад, ки сабаби ин ҷангҳо ва кашмакашҳо худи дин аст ва аз ин рӯ агар бихоҳем дар ҷомеа ҷанҷоле набошад ва оромиш дар он барқарор бошад, бояд ё аз асли дин даст бардошт ва ё лоақал динро аз ҷомеа дур нигаҳ дошта ва дар дохили масоҷид маҳсур ва маҳдуд кард, ин ҳарф ҳарфи беҷо ва беасосе аст. Ҷомеаи бедин ҳам зарару зиёнаш ба инсон, ба маротиб бадтар аз ҷомеае аст, ки масалан миёни диндоронаш ҷанҷол ва кашмакаш бошад.

* * *

Ба ҳар сурат, мо мусалмонон имрӯз ба ваҳдат ва якпорчагӣ ва ҳамдилӣ беш аз ҳар замони дигар ниёз дорем. Агар аз андаке хирад ва ақл бархӯрдор ва пеш аз мусалмон будан аввал оқил бошем, мефаҳмем, ки чӣ қадр имрӯз ҷойи ваҳдат ва тақриб ва наздикии уламои мазоҳиб ба ҳам ва тафоҳуми онҳо бо якдигар холист.

Ваҳдати пайравони мазоҳиби исломӣ бо ҳам, чунон ки борҳо ва дар мақолоти мутаъаддид таъкид кардаам, ин нест, ки ҳар як ба мазҳаб ва бовари худ пушт кунанд ва як мазҳаби ҷадид ва ба истилоҳ оше бипазанд, ки маззаи ҳамаи онҳоро дошта бошад, балки мурод аз ваҳдат ин аст, ки ҳар як дар айни пойбанд будан ба мазҳаб ва ҷараёни худ, ба пайравони соири мазоҳиб ба унвони мусалмон нигоҳ карда ва дар масоили муштарак бо ҳам ҳамкорӣ бикунанд.



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои қуръонӣ, Такфир, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: