Аз насиҳатҳои Паёмбар (с)

Насиҳатҳои ҳазрати Паёмбар (с) ба Абӯзари Ғифорӣ (р):

Абӯзар: Эй Расули Худо (с)! Маро тавсияе кун.

Паёмбар: Туро ба тақво ва парҳезгорӣ суфориш мекунам, чаро ки тақво дар раъси ҳамаи корҳои туст.

Абӯзар: Боз ҳам бифармоед, бештар.

Паёмбар: Бар ту бод Қуръон хондан ва ёди Худои Мутаъол, чаро ки тиловати Қуръон барои ту дар осмонҳо ёд аст ва дар замин нур. (1)

(Тақво унвони куллӣ аст, парвои аз Худо дар ҳама корҳо. Қуръон хондан ҳам, унси мустамир бо офаридгор ва каломи ӯст, ки тиловати ҳаррӯза барнома гирифтан аз ин маншури беназир ва ҷовидон аст. Абӯзар қонеъ нест, бештар мехоҳад ва бештар, аз ин рӯ, аз ҳазрат матолиби бештар ва мавъизаҳои балиғтар металабад. Ин гуфтугӯ идома меёбад.)

Абӯзар: Боз ҳам биафзой, эй Расули Худо (с)!

Паёмбар: Бар ту бод ҷиҳод, чаро ки раҳбонияти ойини ман ҷиҳод аст.

Абӯзар: Боз ҳам бештар, ё Расули Худо (с)!

Паёмбар: Бар ту бод сукут, магар он ҷо, ки ҳарфи нек бигӯӣ, чаро ки сукут ва хамушӣ шайтонро аз ту тард мекунад ва дар умури динӣ ҳам ёвари туст. (2)

(Ин ҳам ҷиҳод аст, лекин дар ҷабҳаи дарунӣ ва дар ҷиҳод бо нафс. Гоҳе назорати забон ва маҳор кардани суханон, аз як ҷанги берунӣ душвортар аст ва қуввате бештар металабад. Чӣ бисёр ҳарфҳо, ки бепоя ва бемоя аст ва хостгоҳи нафсонӣ дорад ва васвасаҳои иблисӣ ангезаи он гуфтор аст, пас хамӯшӣ гузидан ва риояти сукут ва камҳарфӣ бастани роҳи шайтон аст.)

Абӯзар: Эй Паёмбар! боз ҳам мавъизаам кун ва бештар!

Паёмбар: Аз хандаи зиёд бипарҳез, чаро ки дилро мемиронад ва нури чеҳраро аз байн мебарад.

Абӯзар: Боз ҳам, ё Расулаллоҳ!

Паёмбар: Ба пойинтар аз худат нигоҳ кун, на ба болотар аз хеш, чаро ки ин сабаб мешавад неъматҳои Худоро дар бораи худат кам машуморӣ. (3)

(Дар аҳодиси дигар ин нукта бо тафсили бештаре омадааст. Дар умури дунёӣ ва бархӯрдориҳо ва мол ва маишат ва зиндагӣ бояд ба поинтар аз худ нигарист, на болотар. Чун назар ба поинтар сабаб мешавад инсон он чиро ҳам, ки дорад қадр бишносад ва шукргузор бошад. Аммо агар ба болотар аз худ бингарад ва имконот ва рифоҳ ва хона ва ҳуқуқи дигаронро бибинад, ҳамеша эҳсоси камбуд мекунад ва ба дунёталабӣ мегарояд. Аммо дар умури ухравӣ ва маънавӣ инсон бояд ба болотар аз худ бингарад. Ин ҳам дар аҳодис омадааст. Ба он ки илми бештар, тақвои афзунтар, хулус ва садоқати бартар дорад ва маърифаташ бештар, ахлоқаш некӯтар ва руҳиёташ волотар аст. Инҳо қуллаҳои камоланд. Таваҷҷӯҳ ба ин гуна афроди болотар аз худ, сабаб мешавад, ки инсон ба заъфҳои ахлоқӣ ва маънавии худ воқиф гардад ва талоши бештар кунад, то ба он қулла бирасад ва ба он чӣ дорад қонеъ нагардад. Чаро ки маротиби камол ва маънавияти инсон то бениҳоят қобили рушд ва фазояндагӣ аст.)

Абӯзар: Эй Расули Худо (с) боз ҳам бар мавъизаҳои худ биафзой.

Паёмбар: Бо хешовандонат рафту омад дошта бош, ҳарчанд онҳо аз ту қатъи робита кунанд. Бенавоёни маҳрумро дӯст дошта бош ва бо онон муҷолисат ва ҳамнишинӣ кун. Ин кор сабаби зудудани такаббур мешавад ва гули тавозуъро бар шохаи зиндагиамон мешукуфонад.)

Абӯзар: Ё расулаллоҳ! Боз ҳам!

Паёмбар: Ҳақро бигӯ, ҳарчанд талх бошад!

Абӯзар: Боз ҳам, эй Паёмбар!

Паёмбар: Дар роҳи Худо аз маломат ва накӯҳиши маломатгарон натарс. (4)

(Дар таъорузи роҳи Худо ва писанди мардум кадом якро бояд баргузид? Касоне аз сарзаниш ва ҳарфҳои мардум меҳаросанд ва ба ҳамин хотир ҳарфи ҳақро намегӯяанд, ба вазифа амал намекунанд ва аз гирифтани як мавзеъ меҳаросанд. Аммо марди ҳақ дар роҳи Худо аз ҳеч маломате наметарсад. Дигарон ҳар чӣ мехоҳанд бигӯянд, агар корашон тибқи ризои Худо бошад, дигарон ва ҳарфҳояшон муҳим нест.)

Абӯзар (охирин суол): Ё Расулаллоҳ! Бештар мавъизаам кун!

Паёмбар: Эй Абӯзар! Он чӣ аз айб ва масоили хеш медонӣ, бояд туро аз пардохтан ба дигарон боздорад ва он чӣ худ анҷом медиҳӣ, бар дигарон ситам макун. Дар айби инсон ҳамин бас, ки аз айбҳои дигарон онро бишносад, ки аз худаш намешиносад. (5)

(Дар зарбулмасал низ ин гуна сухан зиёд аст, ки: сир як рӯз ба пиёз таъна мезанад, ки чӣ қадр бадбӯӣ! Пиёз мегӯяд: ту аз айби худ бехабарӣ, аз ин рӯ ба айбҷӯии дигарон пардохтаӣ. Сабаби пардохтан ба заъфҳо ва айбҳои дигарон он аст, ки аз айбҳои худ бехабарем ва ё фаромӯш мекунем ва чизеро бар дигарон нораво ва зишт мешуморем, ки дар худамон низ ҳамонҳо ёфт мешавад. Ин худ айбест бузург.)

Абӯзар мегӯяд: Паёмбар (с) он гоҳ даст бар синаам ниҳод ва фармуд: эй Абӯзар! Ҳеч ақле ҳамчун тадбир ва оянданигарӣ нест, ҳеч тақвое ҳамчун парҳез аз ҳаромҳои Худо нест ва ҳеч ифтихор ва шарофате ҳамчун ҳусни хулқ ва хушахлоқӣ нест. (6)

* * *

Пайнавишт:

(1)

يَا رَسُولَ اللَّهِ، أَوْصِنِي، قَال: أُوصِيكَ بِتَقْوَى اللَّهِ، فَإِنَّهَا رَأْسُ أَمْرِكَ

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، زِدْنِي. قَالَ: عَلَيْكَ بِتِلاوَةِ الْقُرْآنِ، وَذِكْرِ اللَّهِ، فَإِنَّ ذَلِكَ لَكَ نُورٌ فِي السَّمَوَات وَنُورٌ فِي الأَرْضِ

(2)

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، زِدْنِي. قَالَ: عَلَيْكَ بِالْجِهَادِ فَإِنَّهُ رَهْبَانِيَّةُ أُمَّتِي

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، زِدْنِي. قَالَ: عَلَيْكَ بِالصَّمْتِ إِلا مِنْ خَيْرٍ، فَإِنَّهُ مَرَدَّةٌ لِلشَّيْطَانِ عَنْكَ، وَعَوْنٌ لَكَ عَلَى أَمْرِ دِينِكَ

(3)

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، زِدْنِي. قَالَ: لا تُكْثِرِ الضَّحِكَ، فَإِنَّهُ يُمِيتُ الْقَلْبَ، وَيَذْهَبُ بِنُورِ الْوَجْهِ

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، زِدْنِي. قَالَ: انْظُرْ إِلَى مَنْ هُوَ دُونَكَ، وَلا تَنْظُرْ إِلَى مَنْ هُوَ فَوْقَكَ، فَإِنَّهُ أَجْدَرُ أَنْ لا تَزْدَرِيَ نِعْمَةَ اللَّهِ عِنْدَكَ

(4)

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، زِدْنِي. قَالَ: صِلْ قَرَابَتَكَ، وَإِنْ قَطَعُوكَ وأَحِبَّ الْمَسَاكِينَ وَجَالِسْهُمْ 

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، زِدْنِي. قَالَ: قُلِ الْحَقَّ وَإِنْ كَانَ مُرًّا

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ زِدْنِي. قَالَ: لا تَخَفْ فِي اللَّهِ لَوْمَةَ لائِمٍ

(5)

قُلْتُ: يا رَسُولَ اللّهِ، زِدْنِي. قال: يا أَبَا ذَرٍّ، لِيَرُدَّكَ عَنِ النّاسِ ما تَعْرِفُ مِنْ نَفْسِكَ وَلا تَجُرْ عَلَيْهِمْ فِيما تَاءْتِي، فَكَفى بالرَّجُلِ عَيْبا اءنْ يَعْرِفَ مِنَ النّاسِ ما يَجْهَلُ مِنْ نَفْسِهِ

(6)

ثُمَّ ضَرَبَ بِيَدِهِ عَلَى صَدْرِي، فَقَالَ: يَا أَبَا ذَرٍّ، لا عَقْلَ كَالتَّدْبِيرِ، وَلا وَرَعَ كَالْكَفِّ، وَلا حَسَبَ كَحُسْنِ الْخُلُقِ

(Ривояти мазкурро муҳаддисони зиёде аз ҷумла Табаронӣ дар “Макоримул-ахлоқ” овардаанд.)



Рубрики:Ахлоқи писандида, Барномаи зиндагӣ, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Суннат

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: