Даргузашти модари Додоҷон Атовуллоев

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Мутаййибаи Муллоалӣ – модари сиёсатмадори маъруфи мухолиф Додоҷон Атовуллоев рӯзи 15 декабр дар синни 85 аз олам чашм пӯшид.

Тибқи ин гузориш, модари Додоҷон Атовуллоев рӯзи 15 декабр дар синни 85 дар манзилаш – деҳаи Рукнобод (Шӯрча)-и ноҳияи Панҷакент аз олам чашм пӯшид.

Наздиконаш дар сӯҳбат бо сомонаи Ахбор гуфтанд, ки Мутаййибаи Муллоалӣ дар охирин нафасҳои зиндагиаш ҳам аз фарзанди фирориаш суроғ кардааст: «Вақте мехостанд ӯро дар бистари бемориаш ба паҳлӯ гардонанд, гашту боз аз Додоҷон пурсид, ки омад ё на? Гуфтем, ки на. Баъди лаҳзае дидем, ки ҷон додааст.”

Намози ҷанозаи Мутаййибаи Муллоалӣ рӯзи ҷумъа, 16 декабр, дар Рукнобод баргузор мешавад. Модари Додоҷон Атовуллоев тайи қариб як моҳи охир бемори бистарӣ буд ва ба гуфтаи наздиконаш, то охирин лаҳзаҳо умедвор буд, ки писараш меояд.

Дар соли 2013 як гурӯҳи мақомоти Панҷакент ҳамроҳ бо наворбардор ба манзили модари Додоҷон Атовуллоев омада, аз ӯ хостанд, ки дар пешорӯи камера писарашро насиҳат ва маҳкум кунад. Баъдан дар Интернет навори 27-дақиқаие ҳам нашр шуд, вале Мутаййибаи Муллоалӣ дар ин навор, бо вуҷуди исрори «мусоҳибон” ҳарфи баде дар бораи Додоҷон Атовуллоев нагуфт.

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон ва муассиси нашрияи дар солҳои 90 маъруфи «Чароғи рӯз”, аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз поёни соли 1992 ба ин тараф дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад.

Додоҷон Атовуллоев то миёнаҳои солҳои 2000-ум дар Маскав зиндагӣ мекард, вале баъди дарёфти мақоми паноҳандаи сиёсӣ ба Олмон кӯчид.

Ӯ дар инҷо ҷунбиши «Ватандор” ва сипас Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистонро ташкил дод, ки яке аз ташаккулҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ ба шумор меояд.

Дар моҳи ноябр, бино ба гузоришҳои дарёфтӣ, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон талошҳое барои ба Ватан даъват кардани бархе раҳбарон ва фаъолони мухолифин сурат гирифтанд. Аз ҷумла гуфта мешуд, яке аз онҳое, ки ҳукумат мехоҳад ба Тоҷикистон баргардонад, Додоҷон Атовуллоев аст.

Додоҷон Атовуллоев аз нимаи дуввуми моҳи октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет мисли даавраҳои қабл фаъол нест. Худи вай дар як тамоси қаблӣ бо Ахбор гуфт, ғайб заданаш аз мазҳари ом як амри муваққатист ва ба нигарониҳои амниятӣ рабт дорад.

Манобеи наздик ба раҳбарони мухолифини тоҷик дар Урупо мегӯянд, мақомоти амниятии Олмон моҳи октябр аз як талоши сӯиқасд ба ҷони Додоҷон Атовуллоев пешгирӣ кардаанд ва дар робита ба ин қазия чанд нафар, аз ҷумла зодагони Тоҷикистону ҷумҳуриҳои Қафқози шимолии Русия дастгир шуда, худи Додоҷон Атовуллоевро ба хотири таъмини амнияти ҷонаш ба як ҷои амн интиқол додаанд.

* * *

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) пешгоҳи бародари азизам ҷаноби Додоҷон Атовуллоев ба ҷиҳати даргузашти модари азизаш таслият арз мекунам ва аз Худованди Мутаъол барои марҳума мағфират ва барои бозмондагон сабри ҷамил мехоҳам.

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: