“Имрӯз ба баргузории конфронси ваҳдат беш аз ҳар замони дигаре ниёз дорем.”

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Мавлавӣ Исҳоқ Маданӣ, аз уламои аҳли суннати Эрон ва узви Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, бо таъкид бар ин ки “имрӯз ба ҳафтаи ваҳдат ва баргузории конфронси ваҳдат беш аз ҳар замони дигаре ниёз дорем”, гуфт: “Иллати ин лузум, равшан ва возеҳ аст. Душманони ислом саъй дар эҷоди тафриқа байни мусалмонон доранд ва имрӯз ҳаракат ва фаъолияти худро дар ҷиҳати тафриқа бештар кардаанд ва аз имконоти бештаре баҳра мебаранд, хусусан ин ки гурӯҳҳоеро дар ҷаҳони ислом эҷод карданд, ки ба омили хушунатҳо ва ифротгароиҳо дар минтақа табдил шудаанд, аз ин рӯ имрӯз аз ҳар рӯзи дигаре ба фаъолиятҳои бештаре дар заминаи ваҳдат ва тақриб ниёз дорем.”

Мавлавӣ Исҳоқ Маданӣ дар идома, роҳкори муқобила бо ҷараёнҳои такфириро «рӯшангарӣ» тавсиф кард ва гуфт: “Мо бояд бо равшангарӣ ҳақиқати исломро ба тӯдаҳои мардум арза бидорем. Сираи Паёмбар (с)-ро муаррифӣ кунем ва таъолим, саҷоёи ахлоқӣ ва омӯзаҳои Набии Мукаррами Ислом (с)-ро ба мусалмонон бишносонем.”

Вай афзуд: ”Утуфат ва раҳмати исломиро, ки дар омӯзаҳои Паёмбар (с) вуҷуд дошт, ба мардум арза бидорем ва касонеро, ки саъй дар махдуш ҷилва додани таъолими исломӣ доранд расво кунем.”

Узви Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ бо маҳкум кардани иқдомоти такфириҳо изҳор дошт: “Иқдомоти ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ танҳо боиси ҷанг ва хунрезӣ байни мусалмонон мешавад, аз ин рӯ мо бояд ҳақиқати ин ҷараёнҳоро ба уммати исломӣ муаррифӣ кунем.”

Муфтии собиқи Буснӣ: “Имрӯз замони гирди ҳам омадан перомуни ду калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ ва Муҳаммадун Расулуллоҳ аст”

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Мустафо Серич, муфтии собиқи Буснӣ, дар маросими ифтитоҳияи 30-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ, бо ишора ба ваҳдати мусалмонон дар садри ислом изҳор дошт: “Чаро ин ваҳдат акнун ба тафриқа мубаддал шудааст? Далели аслии он ин аст, ки шоҳиди садоқат дар ҷаҳони ислом нестем.”

Муфтии собиқи Буснӣ бо ишора ба паёмадҳои такфир дар ҷаҳони ислом, баён дошт: “Имрӯз такфир бузургтарин шарр ва чолиш дар ҷаҳони ислом аст. Бо он ҳама собиқаи азими ваҳдат дар садри ислом, чӣ гуна аст, ки такфириҳо боиси эҷоди тафриқа дар ҷаҳони ислом шудаанд.”

Вай бо даъват аз раҳбарони ислом барои баланд кардани садои худ дар баробари такфириҳо, таъкид кард: “Имрӯз замони сулҳ дар ҷаҳони ислом ва гирди ҳам омадан перомуни ду калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ ва Муҳаммадун Расулуллоҳ аст.”

Муфтии Молезӣ: “Ҷаҳл ва бесаводӣ мӯҷиб шуда мусалмонон якдигарро такфир кунанд.”

Абдулҳодӣ Ованг, муфтии Молезӣ низ дар ифтитоҳияи ин Конфронс хотирнишон кард: “Душмани саҳюнистӣ ба дунболи иҷрои пружаи саҳюнистӣ ва мосунии худ дар саросари ҷаҳон аст ва нақшаи “Ховари Миёнаи Ҷадид” ва фатвоҳои тафриқаомез дар ростои ҳамин пружа аст.”

Вай афзуд: “Ҷаҳл ва бесаводӣ ва адами огоҳӣ аз дин монеи татбиқи ислом шуда ва шаётини бузург ва кучакро ба вуҷуд овардааст. Ҳамчунин боис шудааст, ки бархе мусалмонон ба якдигар нисбати куфр бидиҳанд.”

Муфтии Молезӣ бо таъкид бар ин ки ҳеч фарқе миёни шиъа ва суннӣ нест, идома дод: “Мутаассифона, бархе аз афроде, ки ба дунболи таъассуб будаанд, ба такфири якдигар мепардозанд. Аммо бояд бо аз байн бурдани ин таъассубот, миёни уммати исломӣ ваҳдат эҷод кард.”

Вай бо ишора ба таҷовузоти пай дар пайи режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва ҷануби Лубнон таъкид кард: “Агар муқовамат ва Ҳизбуллоҳи Лубнон набуд, ҳаргиз наметавонистем бар тавтиаҳои душманони ислом пирӯз шавем.”

Ованг дар поён аз уламо ва хубрагони кишварҳои исломӣ хост, ки барои таблиғи исломи асил дар саросари ҷаҳон бо якдигар муттаҳид шаванд.

Муфтии аъзами Сурия: “Он чӣ дар Сурия ва Ироқ шоҳидем, як ҷанги мазҳабӣ нест”

Шайх Бадруддин Ҳассун, муфтии аъзами кишвари Сурия дар ифтитоҳияи 30-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ гуфт: “Рӯзе мерасад, ки дар тамоми билоди исломӣ он рӯз ба исми Паёмбари меҳру раҳмат хоҳад буд ва ҷаҳон шоҳиди як рӯшноӣ ва нур хоҳад шуд.

Вай идома дод: “Паёмбари Акрам (с) бо рисолати худ рисолати аслии башариятро ба онҳо иблоғ кард ва фаҳмонд, зеро эшон ба ҷуз раҳмат ба ҷаҳониён наомадааст ва рисолати Паёмбар (с) барои тамомии башарият аст.”

Муфтии аъзами Сурия бо баёни ин ки аз чаҳор соли пеш мардуми Сурия гирифтори як балои хонумонсӯз буд, изҳор дошт: “Дар ин муддат як гурӯҳи мутаҷовиз ва бедин манобир ва меҳробҳоро ба яғмо бурданд ва садои азонро аз масоҷид буриданд, аммо бо муқовимати исломӣ ваъдаи илоҳӣ муҳаққақ шуд.”

Шайх Ҳассун бо тақдир аз баргузоркунандагони солонаи Конфронси Ваҳдати Исломӣ, аз раҳбари Эрон ва ҳимояти давлат ва миллати Эрон аз мардуми мазлуми Сурия дар баробари ситамгарон ва мутаҷовизон қадрдонӣ кард ва ин конфронсро дорои аҳдофи воло донист.

Вай таъкид кард: “Он чӣ дар Сурия ва Ироқ шоҳидем, як ҷанги фирқаӣ ва мазҳабӣ ва нажодӣ нест, балки як ҷанги ниёбатии истикбори истибдодӣ аст ва ба уммати ислом таҳмил шудааст.”

Муфтии аъзами Сурия дар бахши дигаре аз суханони худ ба вазифаи муҳимми уламои ислом дар ин шароит ишора кард ва изҳор дошт: “Нақши уламои ислом ҳамчун раҳбарони Эрони Исломӣ ҳимоят аз мардум ва миллатҳои мазлум ва ситамдида ва меҳвари муқовимати исломӣ аст.”

Тасовире аз маросими ифтитоҳияи 30-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ дар Теҳрон:

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: