“Мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад, на Омрико ва Ангилис”

Дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон изҳор дошт: “Мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад ва на Омрико ва на Ангилис ва мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад ва на силоҳи теруристҳо.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар суханоне дар 30-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ изҳор дошт: “Тавҳид ба маънои ваҳдати ҷомеа зери парчами “Ло илоҳа иллаллоҳ” аст. Расули Акрам (с) эҳтиром ба ҳамаи адёни иброҳимиро ба мо омӯхт. Ислом мукаммили адёни гузашта аст ва тавсияи Паёмбар (с) ваҳдати мусалмонон ва зиндагии мусолиматомез бо соири адён буд. Исломи мо фармони ваҳдат бо ҳамаи адёни тавҳидиро додааст.”

Раисиҷумҳури Эрон хотирнишон кард: “Чӣ шудааст моро, ки ба ҷойи ваҳдат бо ҳамаи адёни осмонӣ ва тавҳидӣ, имрӯз ҳатто барои мазоҳиб ва тафаккуроти мухталифи исломӣ ҳам мехоҳем фазое боқӣ нагузорем?! Ҳеч чиз бадтар аз инҳисор ва ҷумуд нест.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки рӯзе буд, ки ҷаҳони ислом гирифтори истеъмори истеъморгарон ва қудратҳои мутаҷовизи хориҷӣ буд, гуфт: “Мусалмонон дар баробари ин муъзали бузург, бо ҷиҳод, иҷтиҳод ва ваҳдат истиқлоли худро дар баробари истеъморгарон ба даст оварданд. Магар ҳавзаи илмияи Наҷаф набуд, ки барои истиқлоли Либӣ ва муборизаи мардум дар баробар истеъмори Итолиё фатво дод? Ва дар баробари таҷовузи қудрати шимолии Эрон, барои миллати Эрон фатво дод? Ва ҳамзамон барои миллати Ироқ дар баробари истеъмори Ангилис фатво дод?

Вай изофа кард: “Ин ифтихори ҳавзаи илмияи Наҷаф аст, ки дар замони воҳид дар 3 мавзӯи муҳимми дунёи ислом ва алайҳи истеъмори хориҷӣ фатвои ҷиҳод содир мекунад. Мо ба он ҷиҳоде ифтихор мекунем, ки тибқи мантиқи Қуръон бошад ва магар ҷиҳод ва ҷанге ҷуз ба мафҳуми дифоъ дар ислом мешиносем?

Раисиҷумҳури Эрон дар идомаи суханони худ изҳор дошт: “Ҷиҳод ба маънои истодагӣ дар баробари зулм аст, ҷиҳод дар ислом ба маънои истодагӣ дар баробари таҷовуз ва дифоъ аз иззат ва истиқлоли мусалмонон аст. Аз чӣ замоне ҷиҳод ба маънои куштани мусалмонон дар баробари мусалмонон, ҷанги мусалмонон дар баробари мусалмонон он ҳам бо ишораи қудратҳои бузург, ки руасои онон тарбиятшудаи истеъмори онон ва мустабиддини бузурги торих ҳастанд, шудааст?!

Руҳонӣ бо тарҳи ин суол, ки оё метавон хушунатро бо хушунат ва хунро бо хун шуст, гуфт: “Магар метавон бо хунрезӣ ва куштани бегуноҳон ба паёмбарон, ислом ва Қуръон наздик шуд? Суннат ва каломи Паёмбар (с) дар канори ишқ ба Паёмбар ва Оли Паёмбар аст ва ин ду ҳаргиз аз якдигар ҷудо нахоҳанд шуд.

Вай дар идома хотирнишон кард: “Мусалмонон дар шароите, ки тавонистанд дар баробари истеъмори хориҷӣ пирӯз шаванд ва дар шароите, ки тавонистанд дар баробари истибдоди дохилии бархе кишварҳои исломӣ муқовимат кунанд ва кишвари худро аз фасод ва табоҳӣ, зулм ва диктотурӣ наҷот диҳанд, муъзали севвуме пеши пойи мусалмонон гузошта шуд, ки зоҳираш на истеъмор аст ва на истибдод, аммо ботинаш, ҳам истеъмор аст ва ҳам истибдод ва ҳам бадтар аз ҳар дуи инҳо.”

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: “Ин чӣ фоҷеаи бузурге барои дунёи ислом аст, ки душманони ислом тавонистанд гурӯҳҳое аз мусалмононро ҷазби андешаҳои инҳирофӣ кунанд ва ононро дар масире қарор диҳанд, ки бунёнҳои фикрии ботилро дар зеҳни онон илқо кунанд.”

Руҳонӣ идома дод: “Ин чӣ фоҷеаи бузурге аст, ки ба ҷойи ин ки кинаи истеъморгарон ва кинаи ононе, ки қарнҳо манобеи мусалмононро ғорат карданд ва ба ҷойи кинаи режиме, ки ба унвони бузургтарин хатари минтақа ҳудуди 70 сол аст, ки минтақаро ба ихтилоф, ҷанг, низоъ ва таҷовузи худ кашонда ва ба ҷойи кинаи душманони ислом, кинаи ҳамдигарро ба дил гирифтем?!

Вай бо баёни ин ки мо мусалмонон дар усул дар канори ҳам ҳастем ва дар канори бисёре аз фурӯъ низ ҳамонанди ҳам меандешем гуфт: “Мо мусалмонон, ки рӯзе бо ваҳдат ва қудрати худ кохҳои истибдод ва истеъмори ҷаҳонро ба ларза даровардем, имрӯз хоби роҳати худамонро аз мо гирифтаанд ва чӣ гуна шуда, ки барои душманони ислом рӯзҳо ва соатҳо роҳат ва хушнудӣ фароҳам кардем?!

Раисиҷумҳури Эрон идома дод: “Оё дар Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон, Покистон ва Либӣ тавсиаеро барои мардум ба армуғон овардаанд? Ва ё ихтилофро ба армуғон овардаанд? Фақр ва бечорагиро костанд? Дар илм ва дониши ҷавонон афзуданд? Илм ва фанновариро барои мусалмонон офариданд ё ҷӯйбори хун ба роҳ андохтанд? Ҳалаби зебо ва Мавсили зеборо вайрон карданд. Бисёре аз мардуми бегуноҳро сар буриданд ва аз хонаҳояшон овора карданд. Гуноҳи ин бар гардани кист?! Албатта дар қадами аввал гуноҳи он бар ӯҳдаи истеъморгарони бузург, қудратҳои ғарбӣ ва ишғолгарон дар ин минтақа аст, ки ба ин гурӯҳакҳо роҳи терурро омӯхта ва силоҳи терурро ба онон доданд ва нафти дуздиро аз дасти онон хариданд ва осори фарҳангии музеҳои вайроншударо дар бозори ғарб фурӯхтанд.”

Руҳонӣ идома дод: “Албатта, ки онон бузургтарин масъули ин ҷиноят ҳастанд, аммо истибдодгарон дар бархе кишварҳои исломӣ ва ҳомиёни минтақаии қудратҳои ғарбӣ, ки ба ин гурӯҳакҳо пул ва силоҳ медоданд, масъули дуввум ҳастанд.”

Вай бо ишора ба масъулияти уламои ислом дар хусуси мавзӯоти ҷаҳони ислом гуфт: “Магар бархе аз афкори мунҳарифи дунёи имрӯз дар бархе мадориси динӣ парвариш пайдо накарданд? Хушунат зидди ислом аст, чӣ аз шиа бошад чӣ аз суннӣ. Одамкушӣ нораво ва мардуд аст, аз сӯйи ҳар касе бошад.”

Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки аз гурӯҳҳои теруристӣ наметавон ба унвони абзор барои манобеи худ истифода кард, гуфт: “Агар қудратҳои ғарбӣ ва бархе истибдодгарон дар бархе кишварҳои исломӣ ҳисс карданд бо ин гурӯҳакҳо метавонанд манофеашонро дар минтақа тасбит кунанд, дар хатои бузурге ба сар мебаранд. Бархе кишварҳои исломии диктотур ва вобаста ба ҳукуматҳои бузург фикр карданд бо ин гурӯҳакҳои теруристӣ метавонанд барои султаи худ дар минтақа иқдом кунанд, онон ҳам иштибоҳ карданд.”

Руҳонӣ идома дод: “Хуб аст ба ёд оваранд, ки Фаллуҷа озод шуд, дирӯз низ Ҳалаб озод шуд ва ба ёд оваранд ҳамаи Сурия ва Ироқ аз дасти теруристҳо озод хоҳад шуд. Қатъан бо ваҳдат ва тамассук ба сираи Паёмбар (с) ба рӯзе, ки ҳамаи мусалмонони минтақа душмани бузурги минтақаро режими саҳюнистӣ бидонанд, бармегардем. Ҳамчунин ба рӯзе, ки шоҳиди бародарӣ ва ваҳдат миёни ҳамаи кишварҳои исломӣ бошем, ба рӯзе, ки мардуми Яман иззат ва озодагиашонро ҳамроҳ бо тавсиа шоҳид бошанд ва ба рӯзе, ки ононе, ки бо силоҳ ва пул ба теруристҳо дар минтақа кӯмак карданд, дар баробари уммати ислом шарманда бошанд, бармегардем.”

Вай дар идома изҳор дошт: “Мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад ва на Омрико ва на Ангилис ва мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад ва на силоҳи теруристҳо. Истодагӣ ва муқовимати мо мусалмонон метавонад уммати воҳидаро барои мо бисозад.”

Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба ин мавзӯъ, ки имрӯз чароғи умед дар пеши рӯйи ҷавонони мусалмон равшан шудааст, гуфт: “Агар қудратҳои бузург ва саҳюнистӣ, ки талош мекунанд умедро нобуд кунанд ва гурӯҳакҳоро ба куштори мусалмонон оварданд, то ҷавонони мо аз ислом ва ҷиҳод фосила бигиранд ва агар фикр карданд бо басоти хуне, ки дар минтақа роҳ андохтаанд, умедро аз ҷавонон мегиранд, бидонанд ноумедӣ ва яъс ба зудӣ домани худашонро фаро хоҳад гирифт ва уламои ислом насли ҷавони моро бо тамоми қудрат ба исломи воқеӣ ва ахлоқи Муҳаммадӣ (с) даъват хоҳанд кард.”

Руҳонӣ дар идомаи суханони худ хотирнишон кард: “Мо дар сояи ислом ва ишқ ба Паёмбар (с) ва суннат ва Аҳли Байт ва хонадони рисолатамон масири Иброҳим (а) дар торихро ва Паёмбари исломро, ки идомадиҳандаи роҳи анбиё ва мукаммили роҳ онон буд, тай хоҳем кард.”

Вай бо таъкид бар ин ки зарфиятҳои бузурге дар дунёи ислом вуҷуд дорад, гуфт: “Мо набояд бигузорем душманони ислом ин зарфиятҳои бузургро аз мо бигиранд ва нобуд кунанд ва фосилаҳоро миёни мусалмонон зиёдтар кунанд.”

Раисиҷумҳури Эрон идома дод: “Ҳамаи мо солҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекардем, якдигарро бо эҳтиром мехондем, ба бузургони мазоҳибамон тавҳин намекардем, ба ҳамаи саҳоба эҳтиром мегузоштем ва ба Аҳли Байти Паёмбар (с) эҳтиром мегузоштем. Ин шиъа нест, ки дар баробари суннӣ истода ва ё суннӣ дар баробари шиъа, балки Имом Хумайнӣ (р) фармуданд, ин исломи омрикоӣ аст, ки дар баробари исломи ноби Муҳаммадӣ (с) истодааст.”

Руҳонӣ бо таъкид бар ин ки ҳам “ҳилоли шиъӣ” ва ҳам “мусалласи суннӣ” сухани нораво ва ғалате аст, гуфт: “Суннӣ ва шиъа бародар ва пайрави роҳи Қуръон ва сираи Паёмбар (с) ҳастанд. Бояд ҷавононро бедор кунем ва базри ваҳдатро бияфшонем.”

Тасовире аз маросими ифтитоҳияи 30-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ дар Теҳрон:

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Салафият, Сиёсат, Такфир, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: