Суханони Раиси Шӯрои исломии Фаластин дар 30-умин Конфронси Ваҳдати Исломӣ

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Шайх Намир Зағмут, раиси Шӯрои исломии Фаластин, дар ифтитоҳияи 30-умин Конфронси Ваҳдати Исломӣ, зимни тақдир аз кӯмакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Фаластин аз назари молӣ ва таслиҳотӣ ва мавозеъи маънавӣ ва сиёсии Эрон дар ин замина гуфт: “Масъалаи Фаластин, масъалаи аслии ҷаҳони ислом аст ва мо ҳамеша дар кишварамон ба дунболи пирӯзӣ буда ва ҳастем.”

Вай идома дод: “Мо дар Фаластин мемонем ва ба Ҳусайни Фаластинӣ лаббайк мегӯем. Исломро ҳифз мекунем ва мусалмонон ва ҳамаи касонеро, ки дар хатти Паёмбар (с) ҳастанд ва бо душманони ислом мубориза мекунанд, ҳимоят хоҳем кард.”

Намир Зағмут гуфт: “Озодии Фаластин ва Масҷидулақсо ҳамчунон барои мо орзуст ва мо бояд дарвозаи Фаластинро боз кунем ва ба душман бигӯем, ки ту бандаи Омрико ва дулор ҳастӣ ва бигӯем, ки шумо шикаст хӯрдаед ва мусалмонон дар Фаластин ҳоким хоҳанд шуд.”

Раиси Шӯрои исломии Фаластин гуфт: “Мо гомҳои мутаъаддиде барои озодии Фаластин бардоштаем ва аз Худо мехоҳем, ки фасоди саҳюнизмро ба худашон бозгардонад.”

Вай дар поён зимни қадрдонӣ аз баргузоркунандагони ин конфронс, хостори пирӯзӣ ва сарбаландии уммати ислом шуд.

Дамир-ҳазрат Муҳиддинов: “Ҳеч мусалмоне ҳақ надорад мусалмони дигареро баноҳақ такфир кунад ва кофир бидонад.”

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, муовини муфтии Русия дар суханони худ дар ифтитоҳияи 30-умин Конфронси Ваҳдати Исломӣ, таърифи дуруст аз робитаи имон ва куфрро яке аз заруратҳои ҳоли ҳозир баршумурд ва афзуд: “Аксари уламои шиъа ва суннӣ дар тӯли торих ва дар асри ҳозир мухолифи андешаҳои такфирӣ будаанд ва ваҳдати мусалмонон беш аз ҳар чизе мавриди ҳадафи ислом будааст, ки талошҳои динӣ бояд бар ин меҳвар устувор бошад.”

Вай бо баёни ин ки ваҳдати мусалмонон як асли муҳим дар Қуръон ва суннат аст, гуфт: “Ҳеч мусалмоне ҳақ надорад мусалмони дигареро баноҳақ такфир кунад ва кофир бидонад.”

Вай афзуд: “Даъват ба ваҳдат як даъват ва паёми қуръонӣ ва ваҳдати мусалмонон як асли муҳим дар Қуръон ва суннат аст, ки ҳама бояд ба он пойбанд бошем.”

Муовини муфтии Русия тасреҳ кард: “Мо дар ислом равишҳои мутаъаддиде барои дастёбӣ ба гуфтугӯ дорем, ки бояд бо ваҳдат ва якпорчагӣ бо чолишҳои хориҷӣ муқобила кунем.”

Муфтии собиқи Устролиё: “Мо бояд бо ҳамаи иқдомоти мухарриби гурӯҳҳои теруристӣ муқобила кунем”

Муфтии собиқи мусалмонони Устролиё бо ишора ба зарурати наҷоти ҷавонон аз хатари андешаҳои такфирӣ, гуфт: “Мо бояд бо ҳамаи иқдомоти мухарриби гурӯҳҳои теруристӣ муқобила кунем ва ба унвони як уммати воҳида дар канори якдигар бошем.”

Аллома дуктур Тоҷуддин Ҳилолӣ, муфтии собиқи мусалмонони Устролиё ва аз уламои Алазҳар, дар маросими ифтитоҳияи 30-умин Конфронси Ваҳдати Исломӣ, бо ишора ба ин ки ақли ҷавонони мо бо афкори ғалат шустушӯ дода шуда ва ба лабаи партгоҳ расидааст, гуфт: “Мо бояд барномаҳои фикрӣ эҷод кунем, то битавонем андешаи ҷавононро аз ин афкор наҷот диҳем.”

Вай таъкид кард: “Мо бояд бо ҳамаи иқдомоти мухарриби гурӯҳҳои теруристӣ муқобила кунем ва ба унвони як уммати воҳида дар канори якдигар бошем. Мо ба як биниши илмӣ ниёз дорем, то битавонем роҳи ҳалле барои муқобила бо ДОЪИШ ва дигар гурӯҳҳои теруристӣ пайдо кунем, то дигар шоҳиди барафрошта шудани парчами ДОЪИШ набошем.”

Вай дар поён ибрози умедворӣ кард, вазъияти кишварҳое мисли Ироқ, Либӣ ва ғайра ба ҳолати оддӣ баргардад ва аз теруристҳои ДОЪИШ наҷот пайдо кунанд.



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Такфир, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: