Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (35) – Шафоат (3)

Шафоати мағфират

Дуввумин навъи шафоат миёнҷигарӣ дар мағфират ва афв ва бахшидани гуноҳон аст. Ин маъно аз шафоат аст, ки омоҷи ишколҳо ва эродҳои мунтақидон қарор гирифтааст, вале бо тавзеҳе, ки уламои динӣ дар бораи он додаанд, равшан мегардад, ки на танҳо эроде бар он ворид нест, балки яке аз маорифи олӣ ва гаронқадри ислом аст.

Дар оғоз, шоиста аст ин нукта ёдовар бишавад, ки барои найл ба саодат, илова бар гомҳое, ки худи инсон бармедорад, як ҷараёни дигаре низ ҳамеша дар ҷаҳон аст. Ва он ҷараёни раҳмати Парвардигор аст. Дар дуо ҳаст, ки:

يا من سبقت رحمته غضبه

Эй касе, ки раҳмати ӯ бар ғазабаш тақаддум дорад!

Дар низоми ҳастӣ, яке аз ҷилваҳои раҳмати илоҳӣ татҳир ва пок кардан аст. Дастгоҳи офариниш дорои хусусияти шустушӯ ва татҳир аст. Ин ки дарёҳо ва гиёҳон гози карбони диоксид (carbon dioxideа)-и ҳаворо мегиранд ва фазоро тасфия мекунанд, яке аз ҷилваҳои татҳир ва тасфия аст. Агар ҳавое, ки ба василаи танаффуси мавҷудоти зинда ва сӯхта шудани маводди сӯхтӣ олуда шудааст, ба василаи полоишгоҳи гиёҳ ва дарё пок намешуд, фазои замин дар муддати кӯтоҳе салоҳияти зистанро аз даст медод; зеро танаффус дар он ғайримумкин мегашт.

Ҳамин гуна ки дар моддиёт ва қавонини олами табиат ҷилваҳое аз татҳир ва тасфия вуҷуд дорад, дар маънавиёт ҳам ҷилваҳое аз барои татҳир ва шустушӯ ёфт мешавад. Мағфират ва маҳви паёмадҳои бади гуноҳ, аз ин қабил аст. Мағфират иборат аст аз шустушӯ додани дилҳо ва равонҳо — то ҳадде, ки қобили шустушӯ бошанд — аз паёмадҳо ва осори гуноҳон.

Асли мағфират як падидаи истисноӣ нест, балки як қоидаи куллӣ аст, ки аз ғалабаи раҳмат дар низоми ҳастӣ натиҷа шудааст. Аз инҷо дониста мешавад, ки мағфирати илоҳӣ омм ва фарогир аст ва ҳамаи мавҷудотро — дар ҳудуди имкон ва қобилияти онҳо — фаро мегирад. Ин асл дар найл ба саодат ва наҷот аз азоб, барои ҳамаи растгорон муассир аст, аз ин рӯ Қуръони Карим мефармояд:

مَّن يُصْرَفْ عَنْهُ يَوْمَئِذٍ فَقَدْ رَحِمَهُ

Ҳар кас, ки дар он рӯз (қиёмат) аз азоби Худо наҷот ёбад, машмули раҳмати Худо қарор гирифтааст…” (Сураи Анъом, ояти 16) Яъне агар раҳмат набошад, азоб аз аҳаде бардошта намешавад.

Расули Акрам (с) дар хутбае, ки дар охирҳои умри шарифашон барои мусалмонон эрод карданд, ин нуктаро гӯшзад фармуданд, ки барои наҷот ва растгорӣ ду омил ва ду рукни асосӣ вуҷуд дорад: амал ва раҳмат.

Қисмате аз он хутба ин аст:

ایّها النّاس انّه لیس بین اللّه وبین احد نسب ولا امر یؤتیه به خیرا او یصرف عنه شرّا الاّ العمل، الا لا یدّعینّ مدّع ولا یتمنّینّ متمنّ. والّذی بعثنی بالحقّ لا ینجی الاّ عمل مع رحمة، ولو عصیت لهویت. اللّهمّ هل بلّغت 

Эй мардум! Байни Худо ва ҳеч кас робитаи хешовандӣ нест ва ҳеч робитаи дигаре ҳам, ки мӯҷиби ҷалби манфиат ё дафъи зарар шавад вуҷуд надорад, ҷуз амал. Бингаред! Ҳеч кас иддаъои газоф накунад, ҳеч кас орзуи хом дар дил напарварад. Қасам ба Худое, ки маро ба ростӣ барангехт, чизе ҷуз амал тавъам бо раҳмати Худо сабаби растгорӣ намегардад. Ман худам ҳам агар гуноҳ мекардам, суқут карда будам.” Он гоҳ фармуд: “Худоё! Таблиғ кардам?” Яъне матлабро расондам? (Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷул-балоға, ҷ.10, с.106-107)

Робитаи мағфират ва шафоат

Мағфирати илоҳӣ чӣ иртиботе бо шафоат дорад? Посух он ки: мағфирати илоҳӣ монанди ҳар раҳмати дигар, дорои низом ва қонун аст. Имкон надорад ҳеч як аз ҷараёнҳои раҳмати Парвардигор бидуни низом анҷом гирад. Ба ҳамин далел, мағфирати Парвардигор ҳам бояд аз тариқи анбиё ва солеҳин ба гуноҳкорон бирасад, ва ин лозимаи низом доштани ҷаҳон аст.

Ба ҳамон далеле, ки раҳмати ваҳй бидуни восита анҷом намегирад ва ҳамаи мардум аз ҷониби Худо ба нубувват барангехта намешаванд ва ҳеч раҳмати дигар ҳам бидуни восита воқеъ намешавад, раҳмати мағфират ҳам бевосита мумкин нест таҳаққуқ пайдо кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шафоат ҳамон мағфирати илоҳист, ки вақте ба Худованд — ки манбаъ ва соҳиби хайрҳо ва раҳматҳост — нисбат дода мешавад, бо номи “мағфират” хонда мешавад ва ҳангоме ки ба воситаҳои ҷараёни раҳмат мансуб мегардад, номи “шафоат” ба худ мегирад.

Шароити шафоат

Возеҳ аст, ки ҳар шарте, ки барои мағфират ҳаст, барои шафоат низ ҳаст. Аз назари ақлӣ, шарти мағфират чизе ҷуз қобилият доштани шахс барои он нест. Агар касе аз раҳмати Худо маҳрум гардад, сирфан ба мӯҷиби қобил набудани худи ӯст, на он ки дар раҳмати Худо маҳдудият бошад. Раҳмати илоҳӣ номаҳдуд аст, вале қобилҳо мутафовитанд. Мумкин аст касе ба куллӣ фоқиди қобилият бошад ва натавонад аз раҳмати Худо баҳрае бигирад.

Аз назари мутуни динӣ ин андоза мусаллам аст, ки куфр ба Худо ва ширк, монеи мағфират аст. Қуръони Карим мефармояд:

 إِنَّ اَللّهَ لا یَغْفِرُ أَنْ یُشْرَكَ بِهِ وَیَغْفِرُ ما دُونَ ذلِكَ لِمَنْ یَشاءُ

Худо ширкро намеомурзад, ва он чӣ пойинтар аз ширк аст, барои ҳар касе, ки бихоҳад, мебахшад.” (Сураи Нисо, ояти 116)

Агар имон аз даст биравад, робитаи инсон бо мағфират якбора бурида мешавад ва дигар баҳрабардорӣ аз ин лутфи азим имкон нахоҳад дошт. Замоне ки бар дили одамӣ мӯҳри куфр зада шавад, монанди зарфи дарбастае мегардад, ки агар дар ҳамаи уқёнусҳои ҷаҳон фурӯ бурда шавад, қатрае об ба даруни он нахоҳад рафт. Вуҷуди чунин фарде ҳамчун шӯразоре мегардад, ки оби раҳмати Ҳақ дар он ба ҷойи гул бӯтаҳои хор падид меоварад.

Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,

Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас.

(Гулистони Саъдӣ)

Агар дар шӯразор гул намерӯяд, аз камбуди борон нест, балки аз қобил набудани замин аст.

Қуръони Карим густардагии раҳмати Парвардигорро аз забони ҳомилини арш чунин баён мекунад:

الَّذِينَ يَحْمِلُونَ الْعَرْشَ وَمَنْ حَوْلَهُ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَيُؤْمِنُونَ بِهِ وَيَسْتَغْفِرُونَ لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا وَسِعْتَ كُلَّ شَيْءٍ رَّحْمَةً وَعِلْمًا فَاغْفِرْ لِلَّذِينَ تَابُوا وَاتَّبَعُوا سَبِيلَكَ وَقِهِمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ

Ҳомилони арш ва онон, ки дар гирди аршанд, ба ҳамду тасбеҳи парвардигорашон машғуланд ва ба вай мӯъминанд ва барои касоне, ки имон доранд омурзиш металабанд, ки: Парвардигоро! Раҳмат ва дониши ту ҳама чизро фаро гирифтааст, пас биёмурз ононро, ки ба сӯйи ту бозомадаанд ва роҳи туро пайравӣ намудаанд ва ононро аз азоби дӯзах ҳифз фармо!” (Сураи Ғофир, ояти 7)

Аз ин ояти карима метавон ҳам номаҳдуд будани раҳмати Худоро фаҳмид ва ҳам шарти асосии лиёқат барои истифода аз мағфиратро. Оре, аз оятҳои Қуръони Карим чунин истинбот мешавад, ки имон ба Худо шарти лозим ва зарурии найл ба шафоат ва мағфират аст, вале шарти кофӣ нест. Ҳеч кас ҳам наметавонад ҷамиъи шароитро ба сурати қатъӣ баён кунад, Худо худаш медонаду бас.

Дар ояте, ки мағфирати гуноҳони дигар ғайри ширкро навид медиҳад, қайди “барои ҳар касе, ки бихоҳад” вуҷуд дорад ва дар оятҳои шафоат ҳам қайди:

وَلا یَشْفَعُونَ إِلاّ لِمَنِ اِرْتَضی

Шафоат намекунанд, магар барои касе, ки Худо биписандад” (Сураи Анбиё, ояти 28) ҳаст, ва ин ҳар ду ба як маъност. Гӯӣ Қуръон нахостааст, ки ҳамаи шароити шумули шафоатро ба таври сареҳ баён кунад, хостааст қалбҳоро дар миёни хавфу раҷо нигаҳ дорад. Аз инҷо метавон фаҳмид, ки ишколе, ки мегӯяд: ақида ба шафоат мӯҷиби ҷуръати нафс ба гуноҳон мешавад, ин ишкол ворид нест.

Дар қисмати баъдӣ ба идомаи посухи эродҳо мепардозем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: