Равоншиносӣ дар ислом

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин баҳс дар воқеъ посухест ба як пурсиш. Суол ин аст:

Дуруд устоди гиромӣ, саволе дорам, ки ҷавоб мехоҳад. Агар вақт буд менавиштед:

1. Илми психология аз нигоҳи ислом;

2. Фарқ байни психолог ва фолбин (аз назари худатон).

Сипосгузорам аз Шумо

Kamoliddin Hannoni

* * *

Посух: Равоншиносӣ илми мутолеаи рафтор ва фарояндҳои зеҳни мавҷуди зинда — бахусус инсон — бар асоси равиши илмӣ аст. Равоншиносӣ ба ин маъно, ба унвони як илм, дар ғарб умри чандоне надорад, ҳарчанд “равони инсон” аз кӯҳантарин мавзӯъҳое будааст, ки дар ғарбу шарқ аз дербоз мавриди таҳқиқ ва мутолеа қарор гирифтааст.

Аммо сарфи назар аз худи вожаи равоншиносӣ (psychology), агар маъно ва мафҳуми онро дар назар бигирем, метавон иддаъо кард, ки мо равоншиносии исломӣ дорем ва метавон Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (1058-1111)-ро бунёнгузори равоншиносии исломӣ ба ҳисоб овард, ҳарчанд пеш аз ӯ низ донишмандоне мисли Форобӣ ва Ибни Сино ба ин илм таваҷҷӯҳ доштаанд, вале Ғаззолӣ ба унвони як донишманди равоншинос, пояҳои равоншиносии исломиро дар китоби “Эҳёи улуми дин”-и худ тарҳрезӣ кардааст.

Шоистаи ёдоварист, асоситарин омили таваҷҷӯҳи андешамандони исломӣ ба равоншиносӣ, ин таъкиди шадиди Қуръони Карим ва аҳодиси ҳазрати Паёмбар (с) ва гуфтори бузургони дин аст, ки бо иборатҳои гуногун шинохт ва ислоҳи “нафс”-ро матраҳ фармудаанд, то онҷо, ки барои вусул ба Худошиносӣ, худшиносиро муқаддимаи он муаррифи фармудаанд:

من عرف نفسه فقد عرف ربه

Ҳар кӣ худашро шинохтааст, Худояшро шинохта.” Ва ё дар каломе, ки аз ҳазрати Алӣ (а) нақл шуда, мефармояд:

انفع المعارف معرفة النفس

Судмандтарини маърифатҳо, маърифати ба нафс аст.” Яъне ҳамон худшиносӣ.

Имом Ғаззолӣ дар китоби “Эҳёи улуми дин” ба тафсил баҳсҳои равоншиносонаи амиқе анҷом додаааст. Ба унвони намуна, баҳсҳои зеринро матраҳ карда:

1. Эътиқод ба маод ва таъсири он дар таъмини беҳдошти равонӣ;

2. Дастури издивоҷ ва ташкили хонавода ва таъсироти он дар оромиши фардӣ ва саломати муҳити иҷтимоъ;

3. Баррасии оятҳо ва ривоятҳо дар мавриди муҳаббат, силаи раҳм, бахшиш ба дигарон ва таъсироти мусбати он дар ҷомеа;

4. Мамнӯият суизанн (багумонӣ), таҷассус, тӯҳмат, ғайбат ва таъсироти онҳо бар ҷомеа ва фард;

5. Таъсири намоз бар оромиши равонӣ;

6. Даъвати оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ ба сабр ва таъсири он дар коҳиши фишорҳои равонӣ;

7. Дамидани руҳи умед ва мамнӯияти ноумедӣ дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва таъсири он ба коҳиши афсурдагӣ;

8. Даъвати оятҳои Қуръон ва аҳодиси исломӣ ба таваккул ба Худо ва таъсири он бар ҳалли мушкилот ва оромиши равонӣ;

9. Таъсири ёди Худо дар оромиши дил ва рафъи изтироб ва нигаронӣ;

10. Мамнӯияти худкушӣ дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва таъсири он дар пойин омадани омори худкушӣ дар ҷавомеи мазҳабӣ;

11. Таъкид бар муҳаббат ба падару модар ва таъсири он дар саломати равони хонавода.

Ва ғайра аз мавзӯъҳои дигар…

* * *

Ва аммо дар посух ба пурсиши дуввуми шумо арз кунам, ки равоншинос бо фолбин ҳеч иртиботе надорад. Равоншинос кораш фолбинӣ ва ин ҷур чизҳо нест, бале мумкин аст бо мутолеаи равони як инсон ба равиши илмӣ, чизеро дар бораи вай пешбинӣ бикунад, ин имкон дорад, вале ин ба ҳеч ваҷҳ фолбинӣ (ба маъное, ки маъруф аст) нест. Фолбинӣ як ҳирфаи бехуд аст ва мубтанӣ бар хурофот, ки асосе надорад, вале равоншиносӣ як илм аст.

Саломат бошед



Рубрики:Посух ба пурсишҳо

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: