“Имрӯз ду ирода дар минтақа дар муқобили якдигар қарор гирифтааст: иродаи ваҳдат ва иродаи тафриқа”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, субҳи имрӯз (шанбе, 17.12.2016) дар дидори меҳмонони 30-умин Конфронси Ваҳдати Исломӣ таъкид кард: “Имрӯз ду ирода дар минтақа дар таъоруз бо якдигар қарор гирифтааст: иродаи ваҳдат ва иродаи тафриқа, ва дар ин авзоъи ҳассос, такя бар Қуръон ва таъолими илоҳии Паёмбари Аъзам (с), ба унвони доруи ваҳдатбахш, роҳи ҳалли мусибатҳои дунёи ислом аст.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари Эрон, вай бо табрики милоди масъуди ҳазрати Хатмимартибат Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ва вилодати босаодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) афзуд: “Аҳаммияти вуҷуди муқаддаси Паёмбари Ислом (с) ба ҳаддест, ки Парвардигори Карим дар Қуръони Маҷид ба хотири додани ин неъмати бебадил, бар башарият миннат мегузорад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо истинод ба таъбири қуръонии “раҳматан лил-ъоламин”, таъолими Паёмбари Аъзамро роҳе барои наҷоти ҳамаи башарият хонд ва афзуд: “Душманони башарият ва соҳибони зару зӯр бо ин таъолими саодатбахш мухолифанд ва ба ҳамин иллат Худованд ба Паёмбар (с) дастур медиҳад, зимни худдорӣ аз пайравӣ ва созиш бо куффор ва мунофиқин, бо онон ҷиҳод кун ва бар онон сахт бигир.”

Вай афзуд: “Ҷиҳод бо душманони ислом ва башарият албатта ба таносуби шароити мухталиф гоҳ низомӣ, гоҳ сиёсӣ ва дар шароите фарҳангӣ ё ҳатто илмӣ аст ва миллатҳои мусалмон бахусус мубаллиғони динӣ ва ҷавонон бояд бо мутолеа ва шинохти таъолими илоҳии Паёмбари Хотам (с), ин маҷмӯаи ҳаётбахшро мавриди истифода қарор диҳанд.

Раҳбари Эрон бо ёдоварии талоши рӯзафзуни истикбор ва истеъмор барои тафриқа ва тазъифи мусалмонон афзуд: “Дунёи ислом имрӯз дучори гирифториҳо ва ранҷҳои фаровоне аст, ки иттиҳод, ҳамафзоӣ, таъовун ва убур аз ихтилофоти мазҳабӣ ва фикрӣ дар зери сояи муштаракоти фаровони исломӣ, роҳи ҳалли ин мушкилот ва масоиб аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: “Дар сурати ваҳдати миллатҳо ва давлатҳои исломӣ омрикоиҳо ва саҳюнистҳо тавони таҳмили хостаҳои худ бар мусалмононро аз даст медиҳанд ва тавтиаи ба фаромӯшӣ супурда шудани Фаластин ноком хоҳад монд.”

Вай, рӯёрӯии мусалмонон дар минтақаи бисёр муҳимми ғарби Осиёро аз натоиҷи тавтиаҳои тафриқаангези мустакбирон хонд ва афзуд: “Дар ин авзоъ ва аҳвол, шиъаи ангилисӣ ва суннии омрикоӣ мисли ду лабаи як қайчӣ ба оташафрӯзӣ ва ихтилофафканӣ машғуланд.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба рӯёрӯии иродаи шайтонии тафриқа бо иродаи иззатбахши ваҳдат гуфт: “Сиёсати қадимии ангилисиҳо мабнӣ бар “тафриқа биандоз ва оқоӣ кун” дар дастури кори ҷиддии душманони ислом қарор дорад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, сиёсатҳо ва иқдомоти ангилисиҳо дар ду қарни ахирро ба унвони манбаи шарру никбат барои миллатҳои минтақа мавриди ишора қарор дод ва ёдоварӣ кард: “Дар рӯзҳои ахир ангилисиҳо дар ниҳояти бешармӣ, Эрони азизро “таҳдиди минтақа” номидаанд, аммо ҳама медонанд, ки бар хилофи ин иттиҳомот, ин ангилисиҳо ҳастанд, ки ҳамеша маншаъ ва манбаи таҳдид ва фасод ва хатар ва никбат будаанд.”

Раҳбари Эрон, афзоиши фаъолиятҳои зидди исломии мустакбирон баъд аз пирӯзии Инқилоби Исломиро нишонаи тарси онҳо аз истиқрор ва истимрори як низоми исломии қудратманд, пешрав ва улгу донист ва афзуд: “Душманон ҳатто агар иддаъои нармиш ва зоҳире ороста ҳам дошта бошанд, дар ботин ба тамоми маъно ваҳшӣ ва хашин ҳастанд ва миллатҳо бояд барои мувоҷеҳа бо ин душманони беахлоқ, бедин ва беинсоф омода бошанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, иттиҳодро муҳимтарин омодагии мавриди ниёзи дунёи ислом баршумурд ва афзуд: “Ҳамаи фирқаҳои исломӣ, чӣ шиъа ва чӣ суннӣ, аз эҷоди ихтилоф ҳазар кунанд ва вуҷуди нозанини Паёмбар (с), Қуръони Маҷид ва Каъбаи Шарифро меҳвари ваҳдат ва ҳамбастагӣ қарор диҳанд.”

Раҳбари Эрон, ҳушёрии миллатҳо ва давлатҳо дар муқобили шайтанатҳои султагаронро хостор шуд ва афзуд: “Чаро кишварҳое бо зоҳири исломӣ ҳарфи душманонро дар бораи таҳдидот ва душманиҳои дарунии ҷаҳони исломӣ қабул ва ба сароҳат аз сиёсатҳои онҳо табаият мекунанд?!

Ва дар поёни суханонаш хитоб ба миллати Эрон гуфт: “Тадовуми роҳи пурифтихори Имом Хумайнӣ (р) ва Инқилоб, истодагӣ дар муқобили душманон ва дифоъи бидуни мулоҳиза, аз ҳақ ва ҳақиқат бетардид иззат ва саодати дунё ва охиратро ба армуғон хоҳад овард.”

Пеш аз суханони раҳбари Эрон, Ҳасани Руҳонӣ , раисиҷумҳури ин кишвар дар суханоне, бо интиқод аз бархе давлатҳои исломӣ, ки аз муваффақиятҳои мардум ва артиш дар Ироқ ва Сурия дар мубориза бо теруризм изҳори нигаронӣ ва нороҳатӣ мекунанд, афзуд: “Мутаассифона бархе давлатҳои исломӣ ба ҷойи он ки нигарони мардуми мазлуми Сурия ва занон ва кӯдакон ва маҷрӯҳон ва оворагон дар Ҳалаб бошанд, нигарони сарнавишти теруристҳо ва ба дунболи солим хориҷ шудани онҳо аз Ҳалаб ҳастанд.”

Руҳонӣ, сира ва роҳи Пайғамбари Акрам (с)-ро мубориза бо зулм ва таҷовуз хонд ва гуфт: “Вогароии кишварҳои исломӣ, онҳоро аз азамат ва пешрафт бозмедорад ва танҳо роҳи наҷоти дунёи ислом ҳамгароӣ ва иттиҳод аст.”

Дар поёни ин дидор, ҷамъе аз уламои ширкаткунанда дар Конфронси Ваҳдати Исломӣ бо раҳбари Эрон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Тасовире аз дидор:



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Салафият, Такфир, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: