Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад

Ба баҳонаи вилодати босаодати Паёмбари Аъзам (с)

Гуфтугӯ бо Иброҳимии Динонӣ, устоди фалсафаи исломӣ дар бораи яке аз ғазалҳои Ҳофиз

Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад, 

Туро дар ин сухан инкори кори мо нарасад. 

Агарчи ҳуснфурӯшон ба ҷилва омадаанд, 

Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад. 

Ба ҳаққи сӯҳбати дерин, ки ҳеч маҳрами роз, 

Ба ёри якҷиҳати ҳақгузори мо нарасад.

Тафсири байти аввал:

Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад, 

Туро дар ин сухан инкори кори мо нарасад.

— Иддаъои Ҳофиз чӣ гуна содиқ аст ва муболиға нест?

— Инҷо Ҳофиз аз хулқ сӯҳбат карда ва камтар касе аз хулқи маъшуқ мегӯяд ва бештар ба халқ ва сурати зоҳир пардохта шудааст. Аммо хулқ маҷмӯаи малакоти ахлоқӣ ва ботинӣ аст, яъне беҳтарин сифот. Ҳофиз дар инҷо аз “ҳусни хулқу вафо” мегӯяд. Ҳусни хулқ яъне ҳамаи ахлоқаш хуб аст, ва вафо мазияте дигар аст, ки аз он ном бурдааст.

Ҳол, мегӯяд, ҳеч кас дар олами мулку малакут ба пойи ҳусни хулқи ёри мо ва вафодорияш намерасад. Ин иддаъои бузурге аст, аммо содиқ аст. Ҳоло чӣ вақт содиқ аст ва муболиға дар кор нест? Вақте ки мисдоқи онро пайдо кардем. Мисдоқи он ҳазрати Хатмимартибат (с) аст. Дар олами ҳастӣ, аз азал то абад, касе ба пойи ӯ намерасад.

Анбиё ҳама баргузидагони Ҳақ ҳастанд, ҳама мустафо ва муҷтабо ва баргузида ҳастанд. Аммо дар байни ин баргузидагон, баргузида будани ҳазрати Хатмимартибат (с) мутафовит аст. Ӯ мустафо (баргузида) аст ва илова бар баргузидагӣ, як сафо ва як ишқе ҳам дар ӯ ҳаст. Ҳеч кас дар хулқ ба пойи ёри мо намерасад ва худи Қуръони Карим фармуда:

وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ

Худованд хулқи Пайғамбарро азим хонда. Худое, ки азаматаш қобили тасаввур нест, ӯ ин хулқро азим донистааст. Ҳофиз ҳам ишора ба ҳамин оёт ва ривоёт дорад; ин ки ба ҳусни хулқу вафо ҳеч кас – мутлақан — ба ёри мо нарасад ва баъд таъкид мекунад, ки туро дар ин сухан “инкори кори мо нарасад” ва ҳеч кас наметавонад ин суханро инкор кунад ва агар инкор кунад, худро инкор кардааст. Яъне нодонии худро исбот карда, зеро ки ҳамаи анбиё ба омадани бузургтарин пайғамбар башорат додаанд ва худи Пайғамбар (с) низ худро Хотам донистааст.

— Хотам ва Хотим будани Паёмбар (с) ба чӣ маъност?

— Ҳазрати Хатмимартибат (с) ҳам Хотам аст ва ҳам Хотим. Хотим яъне охирин, яъне авҷи камоли нубувват ва нубувват бо ӯ ба поён расид ва хатм шуд ва ба авҷаш расид. Ва ҳазрат Хотам ҳам ҳаст, яъне нигини ангуштарӣ. Беҳтарин нақшро рӯйи нигини ангуштар мезананд, ки собиқ бо ин нигини ангуштар пойи варақ зада мешуд, яъне кор тамом шуд, пас ҳазрат ҷомеъият ва поёни калима ва нигини ангуштари нубувват аст ва хатми нубувват аст ва дар хулқ ҳам аъзам аст.

Агар касе ба сираи Пайғамбар (с) нигоҳ кунад ва торихи зиндагӣ ва рафтор ва кирдораш ва суханонашро бо мардум ва дунё бингарад, дар ниҳояти меҳрубонӣ, хушрафторӣ, хушсимоӣ, хушсуханӣ мебинад ва як нуқтаи заъф дар тамоми зиндагии Паёмбар (с) нест ва он рафторе, ки бо инсонҳо дошта ва баъд аз 14 қарни таълимоташ мисли хуршед медурахшад ва то қиёмат ва то охири олам мемонад. Ин ҳамон аст, ки Ҳофиз дар матлаъи ғазал мегӯяд:

Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёр мо нарасад.

Ҳазрат вафодор ҳам ҳаст, ба умматаш, ба башарият вафодор аст.

— Мо муддаъиёни пайравӣ аз Паёмбар (с) чӣ чизе аз ӯро бояд сармашқи дунёи имрӯзамон қарор диҳем?

— Ҳазрати Аллома Таботабоӣ дар зайли ояти:

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ

(Пас, ба (баракати) раҳмати илоҳӣ, бо онон нармхӯ (ва пурмеҳр) шудӣ. Ва агар тундхӯ ва сахтдил будӣ, қатъан аз пиромунат пароканда мешуданд… (Сураи Оли Имрон, ояти 159)) — ривоятеро нақл мекунад, ки Паёмбар (с) аз кӯчае убур мекард ва як яҳудӣ мудом хокрӯба мерехт. Рӯзе омад ва яҳудӣ хокрӯба нарехт ва ҳазрат гуфт: чӣ шуда? Гуфтанд: мариз аст. Пас ба иёдаташ рафт, ва ин оят нозил шуд. Ин ривоятро ҳама нақл кардаанд, ки яҳудӣ аз рӯйи инод ва душманӣ ин корро мекард.

Ҳамин ривоятро мо, ки пайрави ҳазрати Хатмимартибат (с) ҳастем, бояд сармашқ қарор диҳем, ҳама мусалмонон ва ҳамаи инсонҳои покизаи олам.

Агар ту “фазз” ва “ғализулқалб” будӣ, яъне агар ту туршрӯ ва сахт будӣ ва ахлоқи тунду тезе доштӣ, ҳама аз атрофат мерафтанд. Аммо ҳар инсоне бо як сухани ҳазрат ва нигоҳи меҳрубононаи ӯ маҷзуб мешуд, магар касе ки иноди зотӣ дошт мисли Абӯҷаҳл, ки он ҳарфи дигаре аст.

Агар мо пайравони ҳазрат (с) ҳамин сармашқро дар дунёи имрӯз доштем — мо, ки набояд бе далел иддаъои пайравии ӯро дошта бошем, аммо мисли ӯ амал накунем, ин меҳрубонӣ, ки ҳазрат бо мардум ва бо душман дошта, хуб, агар мо бо мардум, бо ҳамнавъи худамон, ҳам мусалмон ва ҳам дигарон доштем ва хушрафтор будем — чӣ иттифоқе меафтод? Ҳамон, ки дар замони Пайғамбар (с) афтод, ҳуснат ба малоҳат ҷаҳон гирифт, ҷаҳонро мегирифтем.

Он замон агар асри ҷоҳилият номида мешуд, набояд ғалат бардошт шавад. Ҷоҳилият ба маънои ҷаҳли илмӣ нест, арабҳои ҷоҳилият бисёр ҳам зирак буданд ва сиёсат доштанд, ҳол, саводро хеле аз ҷоҳо ҳам надоштанд, аммо ин ҷоҳилият яъне инҳитоти ахлоқӣ. Асри ҷоҳилият ба маънои доштани инҳитоти ахлоқӣ аст. Ҳамон мардуме, ки ҳазрат дар миёни онҳо мутаваллид шуд, рафторашон бад буд, кинатӯзӣ, душманӣ ва адоват доштанд ва дурӯғ мегуфтанд ва ба ҳамаи фасоди ахлоқӣ мубтало буданд. Ҳоло, ҳазрат дар миёни ин мардум дар муддати 23 соли даъват чӣ мекард? Байни ин мардуми бадхӯ, бадхулқ, бадавӣ, ваҳшӣ, мутаъассиб ва муонид?

Аммо рафтори ҳазрат чунон буд, ки мӯъминони садри ислом маҷзуби ӯ буданд. Ҳазрат бо инҳо, ки бетараф буданд ва муонид набуданд, ҷанг накард. Онҳо бо рафтор ва кирдор ва сухани Паёмбар (с) маҷзуб шуданд. Ва мо бояд дар имрӯзи дунё ин сармашқро аз ҳазрат бигирем ва бо халқи ҷаҳон меҳрубон бошем. Тундхӯ ва ситезаҷӯ набошем. Бехудӣ душманӣ накунем, душманиро бо душманӣ ҷавоб надиҳем. Меҳрубонӣ яке аз вижагиҳои инсон аст, ки дар ҳеч мавҷуде ба ин андоза вуҷуд надорад. Меҳрубонии ақлонӣ болотар аз меҳрубонии ғаризӣ аст. Мо ин меҳрубониро биёмӯзем. Ҳофиз худаш ҳам меҳрубон аст ва ба ин нукта таваҷҷӯҳ карда ва бо ин байт бисёр ба мо таълим дода, насиҳати мустақим нест, аммо ба таври ғайримустақим насиҳат аст. Касе, ки дунболи ёр аст, бояд ин вижагиҳоро аз ҳазрат (с) биёмӯзад. Ислом дини меҳрубонӣ аст.

Аз Пайғамбар (с) хостанд, ки ин ҳама озору азият дидӣ (ва дар ривоёт ҳаст, ки шиками гӯсфанд бар сараш мерехтанд), ин мардумро нафрин кун! Гуфт: Ман паёмбари нафрин (лаънат) нестам, ман паёмбари раҳматам:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ

(Мо туро ҷуз раҳмат барои ҷаҳониён нафиристодем. (Сураи Анбиё, ояти 107)) Ба ин калимаи “лил-ъоламин” (барои ҷаҳониён) таваҷҷӯҳ кунед, ки на фақат барои муслимин, балки барои ҳама аст.

Тафсири байти дуввум:

Агарчи ҳуснфурӯшон ба ҷилва омадаанд, 

Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад.

Ҳофиз дар инҷо он зиракӣ ва андешаеро, ки дорад, дар байти дуввум изҳор кардааст. Ҳуснфурӯшон ва зебоён дар олам зиёданд. Хелеҳо ҳастанд: ҳакимон, шуаро ва ғайра… Ҳар кадом ҷилвае доштанд ва асаре дар мардум кардаанд, ва ҳеч тардиде нест, аммо дар инҷо Ҳофиз ҳусн ва малоҳатро дар Пайғамбар (с) тавъам донистааст. Ҳусн ва малоҳат агар бо ҳам ҷамъ бишаванд, оре ба иттифоқ метавон ҷаҳон гирифт…

Оре, ҳазрат ҳам ҳусн дорад, ҳам малоҳат, ки аз дигарон болотарашро дорад: зебоии калом, сухан, ҷамол, ботин, зоҳир ва ғайра…

— Фарқи ҳусн ва малоҳат дар чист?

— Ҳусн ба маънои “мавзун будан” аст, яъне аҷзоъ ва аносури як шайъ сари ҷойи худаш бошад, ин ҳасан ва зебост. Ба Микелонж (Michelangelo) гуфтанд: чӣ кардӣ, ки асари ҷовидона офаридӣ? Гуфт: коре накардам, танҳо завоидашро бардоштам. Ҳарф ҳарфи муҳимме аст, завоид мухилли зебоӣ аст: сухани зиёд, нигоҳи зиёд (ва ғайра…) Ғизо агар яке аз аносураш зиёд бошад, таъми ғизо баҳам мехӯрад. Ва зебоӣ яъне эътидол ва мавзун будани аносуре, ки дар як шайъ ба кор меравад.

Аммо малоҳатро наметавон таъриф кард, яъне таърифи он мушкил аст. Дар форсӣ “намакин будан”-ро малоҳат мегӯянд. Албатта мавзун будан шарти аввалияи он аст, аммо як чизе бештар аз мавзун будан аст. Малоҳат ғайр аз зебоӣ аст. Мумкин аст ҳама чиз мавзун бошад, аммо малоҳат чизи дигаре аст ва сахт мешавад тавсиф кард. Ҳоло, агар зебоӣ бо малоҳат бо ҳам тавъам шавад, ки Ҳофиз дар инҷо ишора кардааст, ки ёри мо ҳам ҳусн дорад ва ҳам малоҳат. Малоҳатро мешавад фаҳмид, аммо намешавад тавсиф кард.

Тафсири байти севвум:

Ба ҳаққи сӯҳбати дерин, ки ҳеч маҳрами роз,

Ба ёри якҷиҳати ҳақгузори мо нарасад.

Бибинед, Ҳофиз чӣ мегӯяд? Ин калимот шӯхӣ нест. Ёри худро якҷиҳат медонад. Ӯ дар ин якҷиҳат будан, комилан ба як ҷанбаи маънавӣ ишора мекунад. Аммо дар ёр якҷиҳат будан хуб нест, маъшуқи зоҳирӣ агар атвор надошта бошад ва фақат як ҷиҳат дошта ва танаввӯъ надошта бошад, матлуб нест. Ин ёри якҷиҳат, ки Ҳофиз мегӯяд, ҷиҳати тавҳидиро мегӯяд:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّهِ

(Ҳар куҷо рӯй оваред, онҷо рӯйи Худост. (Сураи Бақара, ояти 115)) Ваҷҳи Ҳақ якест. Мумкин аст, ки роҳҳои мухталиф дошта бошад, аммо аз ҳар тараф биравӣ, якест, тавҳиди ваҷҳи Ҳақ аст. Инки мегӯяд, ёри якҷиҳат, ҷиҳат ваҷҳ аст, яъне мутанаввеъ нест ва роҳҳои мутанаввеъ надорад, як роҳ дорад ва он роҳ тавҳид аст.

Яъне бузургтарин муваҳҳиди олам аст ёри мо. Тавҳиде аз тавҳиди Хатмимартибат (с) болотар нест. Охирин марҳилаи камоли тавҳидиро ба башар дар Қуръони Карим таълим дода:

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ ۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

(Худост аввал ва охир, зоҳир ва ботин ва ӯст ба ҳама чиз огоҳ. (Сураи Ҳадид, ояти 3)) Яъне аввал ва охираш якест, аввалаш ғайри охираш нест ва охираш ғайри аввалаш нест, зоҳираш ғайри ботинаш нест ва ботинаш ғайри зоҳираш нест, зоҳиру ботин якест, аввалу охир якест:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّهِ

Ба ҳар тараф ҳам, ки нигоҳ кунӣ, саранҷом як тараф дорӣ, ки Ҳақ аст. Ба кадом самт метавонӣ биравӣ, ки ба Ҳақ набошад?! “Ба куҷо равад кабӯтар, ки асири боз бошад…

Чаро роҳе ба ҷуз Ҳақ надорӣ? Яъне Ҳақ Таъоло муҳит аст. Ва то касе иҳота ва қайюмияти Ҳақро нафаҳмад, маънои “ваҷҳ”-ро намефаҳмад. Вақте иҳотаи лоятаноҳии қайюмии Ҳақ Таборак ва Таъолоро фаҳмидӣ, ки ҳеч чиз хориҷ аз Ҳақ нест ва муҳит аст ба ҳастӣ аз азал то абад, он вақт роҳ яке бештар нест, аз ҳар тараф биравӣ, Ҳақ аст. Куҷо мехоҳӣ биравӣ, ки хориҷ аз мулки Ҳақ бошад? Куҷо мехоҳӣ биравӣ, ки аз мазоҳири сифоти Ҳақ берун бошад? Ҳар куҷо биравӣ, ваҷҳи Ҳақ аст, мулки Ҳақ аст.

Ҳар куҷо биравӣ, ваҷҳи Ҳақ аст, ин вақте маъно пайдо мекунад, ки шумо иҳотаи қайюмии Ҳақро бидонӣ ва ин дар маърифат маъно пайдо мекунад. Ин аст, ки Ҳофиз аз ягонагии ҷиҳат сӯҳбат мекунад. Дар маъшуқи зоҳирӣ ягонагии ҷиҳат матлуб нест. Ин ягонагии ҷиҳат комилан тавзеҳ медиҳад, ки маъшуқ чӣ маъшуқе аст. Ва аз калимоти Ҳофиз мефаҳмем ва ин тафсир бо истишҳод ба калимоти Ҳофиз аст.

Khabaronline

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Инсони муваффақ, Омӯзаҳои набавӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: