Наводирул-вақойеъ (8)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (5)

(Ишора: Мулоҳизае ба ин бахш аз дидгоҳҳои Аллома Аҳмади Дониш ҳаст, ки дар мақолае ҷудо таҳти унвони “Оё ислом ба фақр фаро мехонад?” баён хоҳам дошт; мулоҳизае, ки ба назарам пардохтан ба он бисёр лозим аст.)

* * *

Агар гӯӣ: (Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ гуфтӣ,) пас фақат дар фарзи доро будан ва фароҳам будани шароит ва фарохии зиндагонӣ, метавон ризои волидайн, фарзанд, ҳамсар ва соири ҳақдоронро ба даст овард. Ва ҷудоӣ ва носозгорӣ ва набаромадан аз ӯҳдаи ҳуқуқ, дар ҳолати тангдастӣ собит аст, на дар ҳолати тавонгарӣ.

* * *

Гӯем: Чунин нест. Ҳол, як муқаддима баён мекунам, то масъала равшан гардад. Муқаддима он аст, ки: бар асоси мазмуни оятҳо ва ҳадисҳо, аз моли банда он миқдор барои ӯ ҳалол аст ва ҳисобу китоб надорад, ки бақои бадан ба он бошад ва битавонад ба ибодат ва ниёзҳои зарурии худ бипардозад. Ва зиёда аз он азони дигарон аст.

Дар “Фусусул-одоб” (1) овардааст, ки мадори наҷот ва растгорӣ, бар пойбандӣ ба се асл аст: яке, ба ҷо овардани фарзҳои Худо, чӣ андак бошад ва чӣ бисёр, чӣ осон бошад ва чӣ душвор. Дуввум, дурӣ аз ҳаромҳои Худо дар гуфтору рафтор, чӣ кабира бошад ва чӣ сағира. Севвум, тарки моли дунё, чӣ андак бошад ва чӣ бисёр, магар он миқдор, ки ниёзҳои зарурии инсонро бароварда созад. Ва ин миқдори зарурат ҳамон аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) истисно фармуда:

أربع من الدنيا وليست منها كسرة تسد بها جوعتك وخرقه تواري بها عورتك وبيت يكنك من القر والحر وزوجة صالحة تسكن اليها

(Чаҳор чиз аз дунёст, вале ба миқдори зарурат аз онҳо аз дунё маҳсуб намешавад: миқдоре (аз хӯрданӣ ва нӯшиданӣ), ки гуруснагии худро ба он бартараф созӣ, миқдоре порча, ки аврати худро ба он бипӯшонӣ, хонае, ки паноҳгоҳи ту аз гармову сармо бошад ва ҳамсаре солеҳа, ки ба он ором бигирӣ.) (2) Ва ҳар чӣ ғайр аз ин миқдор аст ва зиёда бар он, ҳеч касеро бар он ҳаққе нест.

Ҳар касе, ки аз ин се асли номбурда (анҷоми фароиз, дурӣ аз муҳаррамот ва тарки дунё) якеро ё дуторо ба ҷо орад ё аз баъзе ғайр аз баъзеи дигар (дар ҳаромҳо) дурӣ ҷӯяд, ӯ низ аз дараҷаи рухсат фурӯ афтода бошад (яъне аз миқдоре, ки иҷоза дода шуда таҷовуз кардааст) ва нафси худро ҳалок карда.

Шайх Абдулазизи Деҳлавӣ дар маънои ҳадиси:

حب الدنيا رأس كل خطيئة وتركه رأس كل عبادة

(Дӯст доштани дунё сари ҳар гуноҳ ва тарки он сари ҳар ибодат аст.) (3) — фармуда, ки сари гуноҳон куфр аст, пас дӯст доштани дунё куфр бошад. Ва сари ибодатҳо имон аст, пас тарки дунё имон бошад.

Пас, мадори наҷот ва растгорӣ бар панҷ асли ботинии шаръ бошад, ки иборатанд аз: хамӯшӣ, гуруснагӣ, шабзиндадорӣ, гӯшагирӣ ва зикр, на бар панҷ шарти зоҳирӣ, ки иборат бошанд аз: иқрор ба калимаи шаҳодат, намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ.

Бале, дар зоҳир мадори наҷотро бар ин панҷ асли зоҳирӣ ниҳодаанд ва ин бад-он ҷиҳат аст, ки то ҳикмати таъовун ва ҳамкории мардум бо якдигар дар умури зиндагонии иҷтимоӣ баҳам нахӯрад ва ҷаҳон обод бошад. Ва ҳақиқати ҳолро маҷҳул доштанд, то ҳар киро хоҳанд, аз ин миён ягон-ягон баргузинанд ва барояшон илми ҳақиқати ҳол диҳанд, то дар зоҳир фирефта нашаванд, балки ба асли кор раванд.

Зеро агар наҷот ва растгорӣ ба ишкампарварию танфарохӣ ҳам ба даст меомад, ҳеч касе аз уқало ва уламо ба тарки хӯрду хоб рӯй намеоварданд ва ба андак қаноат намекарданд, балки талаби зиёдат менамуданд ва ба ҷамъи молу сарват мекӯшиданд. Худо фармуда:

مَن كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ. أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الْآخِرَةِ إِلَّا النَّارُ ۖ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا فِيهَا وَبَاطِلٌ مَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ

(Касоне, ки зиндагии дунё ва зевари онро бихоҳанд, ба таври комил ба онон медиҳем ва кам дода нахоҳанд шуд. Инон касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ барояшон нахоҳад буд ва он чӣ дар дунё кардаанд, ба ҳадар рафта ва он чӣ анҷом додаанд, ботил хоҳад шуд. (Сураи Ҳуд, оятҳои 15 ва 16))

Ва ҳам фармуда:

مَّن كَانَ يُرِيدُ الْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُ فِيهَا مَا نَشَاءُ لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُ جَهَنَّمَ يَصْلَاهَا مَذْمُومًا مَّدْحُورًا

(Ҳар кас хоҳони дунёи зудгузар аст, ба зудӣ ҳар киро хоҳем, насибе аз он медиҳем, он гоҳ ҷаҳаннамро, ки дар он хор ва ронда дохил хоҳад шуд, барои ӯ муқаррар медорем. (Сураи Исро, ояти 18))

Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки анбиё ва авлиё (алайҳимуссалом) бо вуҷуди қудрату ҳукумат, ба қадри зарурӣ басанда мекарданд ва Сулаймону Довуд (алайҳимассалом) аз мол ба дастранҷи худ ва аз ғизо ба миқдори зарурат иктифо менамуданд. Ва он сарвар (с) ва асҳоби ӯ ба нони ҷавӣ ва андак таоме басанда карда ва ба намозу рӯза доиман кӯшо буданд. Ва сухан дар бораи риёзати зоҳидон аз ҳар уммате, беш аз он аст, ки ба шумориш дарояд.

Пас, сахткӯшии ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ва ҷонишинони ӯ худ далели равшанест, ки роҳи наҷот фақат вобаста бар анҷоми зоҳири шариат нест. Зеро, ки агар ба сирфи гуфтору рафтор бидуни риёзат, наҷот дастёфтанӣ мебуд, ҳеч кас ба умеди мавҳум, дил аз лаззатҳо ва баҳраҳои ориятии ҷисмонӣ барнамеканд.

Ва чунон ки гуфтем, агар ҳақиқати ҳол — чунон ки бояд — равшан мешуд, умури иҷтимоӣ ва манзилӣ халал меёфт ва табоҳ мегардид ва ҳеч кас ба ободии ҷаҳон майл пайдо намекард, балки ҷаҳон хароб мешуд. Масалан: агар шореъ ба болиғе (ва ё ҳатто ба мушрик ё кофире, то ислом биёварад) бигӯяд, ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” бигӯй ва ҷуз Ӯ Таъоло ба чизе маяндеш ва шабу рӯзи худро ба намозу рӯза гузарон ва ба дунё ва ҷамъи он машғул машав ва дар зиндагӣ ба қадри зарурат иктифо кун, то растгор шавӣ ва аз ҷумлаи муқаррабин гардӣ ва аз малоика бартар бошӣ, хуб, дар ин сурат равшан аст, ки ӯ гардан намениҳад ва итоат намекунад ва ба ихтиёр аз сари неъмати кунунӣ ба ваъдаи оянда барнамехезад. Аз ин рӯ, ночор ӯро бо умури мубоҳ фиребид ва қуввати тамаъварзии ӯро бо ваъдаи биҳишту ҳуру қусур барангехт, ки: на, на, агар ин калима (шаҳодатайн) бигӯӣ ва панҷ вақт намоз бихонӣ ва соле як бор моҳе рӯза бигирӣ ва агар мол дорӣ фалон маблағ аз молатро закот бидиҳӣ ва дар тамоми умр ба шарти тавоноӣ ҳаҷҷе баҷой биёварӣ, кофӣ ва басанда бошад ва ба ҳамин, ба биҳишт равӣ ва ба ҳуру қусур даст биёбӣ. Ё масалан, агар шореъ гӯяд, ки: касбу кор бикун, вале аз моли худ ба қадри гурусна намондан бихӯр ва зиёдиро ба ҳақдорон бидеҳ ва ҳаққи ту аз ризқу рӯзӣ он миқдор аст, ки ба он зинда бимонӣ ва бандагӣ ва тоат кунӣ. Хуб, дар ин сурат, аҳаде майл ба касбу шуғл намекунад ва аз барои дигарон ҷон намеканад. Ва бинобар ин аст, ки ночор ӯро ба умури мубоҳ дилгарм кард ва даҳон ва меъдаи ӯро ба ҳалвову равған бичарбид, ки: на, на, агар дусад дирам ҷамъ кунӣ ва аз он даҳ дирам диҳӣ ва аз чиҳил динор диноре бипардозӣ, биҳишт ҷойи ту бошад.

Пас, ҳирсу ғафлатро дар ӯ боқӣ гузошт, ки мард ҷон меканад ва дар ҷамъу нигаҳдории мол ва тиҷорату зироат мекӯшад. Ва аз он миён он киро баргузиданд, бардоранд ва он киро нахоҳанд, бигузоранд, то тиҷорату иморат кунад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки аҳли ҳақ, ба сирфи имон — ки фақат амал ба зоҳири нусус аст — басанда накарданд, балки ба асли имон — ки тарк асту таҷрид (гӯша гирифтан) ва мудовимат бар намоз асту рӯза – чанг заданд.

Сирфи имон, восита аст миёни нуру зулмат. (Зулмат куфр ва бединӣ бошад ва нур имон ва диёнати комил.) Пас, сирфи имон, ба зоҳири шариат будан аст, ва имони комил, ба ботини он рафтан. Сирфи имон, бино ба зоҳири шаръ имон маҳсуб мешавад, аммо наҷотдиҳанда нест; ғоят он ки аз куфр бартар аст ва ба наҷот наздиктар.

Дар “Фусулул-одоб” овардааст: “Кафр” (ба фатҳи коф) дар луғати араб “сатр” (пӯшондан)-ро гӯянд бар ҳар сиға, ки ояд мисли: кофир, куффор, кафур, макфур, каффора ва мукаффир. Ин алфоз, ҳам барои мадҳ ба кор мераванд ва ҳам барои замм (сарзаниш). Ҳол, бақои сифоти замима дар банда, ё таваҷҷӯҳи ӯ ба ғайри Худо, ё дидани ғайри Ҳақ дар дорайн (дунё ва охират), ё пиндоштани ин ки ғайри Ҳақ низ фоил (анҷомдиҳанда)-и афъол аст ва ё дигареро (ғайри Ҳақро) ба рубубият қабул кардан ва тоат доштан, мисли умаро ва ҳукком, ин чизҳо дар тариқат куфр ва ширки мазмум (нописанд) маҳсуб мешавад. Аммо куфри мамдуҳ (писандида) он аст, ки дунё ва охиратро бо ҳамаи неъматҳо ва лаззатҳояш бар худ бипӯшонӣ ва кофири тоғути нафси худ шавӣ, то дили ту ҷойгоҳи сифоти Ҳақ гардад ва аз ҳастии ту ҳеч намонад, то сирри ҳуввиятуллоҳ дар дилат падид ояд ва ҳақиқати имон дар он аён гардад, он гоҳ аст, ки мӯъмини ҳақиқӣ шавӣ, ки:

فَمَن يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِن بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ

(Пас ҳар кас ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, ба яқин ба дастовезе устувор, ки онро гусастан нест, чанг задааст. (Сураи Бақара, ояти 256)), яъне чанг задааст ба тавҳид, ки “Ло илоҳа иллоҳ” бошад. Ва ё куфри мазмум (нописанд) он аст, ки ҳақиқати дин пӯшида монда ва банда ба аъмоли зоҳирӣ ва тоатҳои расмӣ ва ибодатҳои тақлидӣ қонеъ шавад. Ва куфри мамдуҳ (писандида) он аст, ки завоҳир ботин гардад (яъне зоҳирҳо ҳама пӯшида шаванд) ва ботин дар ботин зоҳир шавад (яъне ботин зоҳир гардад) ва нури кашфи ҳақоиқ зулмати тақлидҳо ва одатҳоро мастур гардонад ва осору афъоли солик нопайдо ва гумном шаванд.

Шайх Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ ба писари худ навишт:

يَا وَلَدِي، سَتَرَ اللهُ عَنْكَ ظَاهِرَ الشَّرِيعَةِ، وَكَشَفَ لَكَ حَقِيْقَةَ الكُفْرِ، فَإِنَّ ظَاهِرَ الشَّريعَةِ كُفْرٌ، وَحَقِيْقَةَ الكُفْرِ مَعْرِفَةٌ جَلِيَّةٌ

(Эй писарҷон! Худованд зоҳири шариатро аз ту бипӯшонад ва ҳақиқати куфрро ба ту ошкор созад; зеро зоҳири шариат куфр аст, ва ҳақиқати куфр маърифате ошкор. (Сияру аъломин-нубало, 27/401, Ашшомила)

* * *

Пас, аз ин муқаддима зоҳир мешавад, ки шахс дар дунё он қадр ҳақ надорад, ки аз ӯ чизе зиёдӣ ояд, то ба ҳақдор бирасонад ва ӯҳдадори парасторӣ ва муроқибати дигарон шавад. (Зеро чунон ки гуфта шуд, ҳар чӣ беш аз миқдори зарурат аслан азони ӯ нест, ки ба дигарон бибахшад.) Дар урф гӯянд: “Гадо чӣ хӯрад ва ба кас чӣ диҳад”.

Ривоят аст, ки он сарвар (с) дар сафар буд, амр кард, ки нидо диҳанд, ки то ҳар касро, ки тӯшаҳояш аз вай зиёдӣ ояд, бояд ба касе диҳад, ки ӯро тӯша набошад. Ва ҳар касро маркабе зиёдатӣ бошад, ба касе диҳад, ки ӯро маркаб набошад. Ровӣ гӯяд: ҳамчунон ақсоми моли моро бармешумурд, то ҳадде, ки гумон бурдем, ки моро дар зиёдии моли худ ҳамон ҳақ аст, ки дигаронро.

Ва он чӣ аз адои ҳуқуқ, ки шореъ бар сарватмандон фармуда, на аз он ҷиҳат аст, ки эшонро дар пешгоҳи Худо бартарӣ ва дараҷае бошад, балки он дар ҳақиқат манъ ва сарзаниш аст, ки: ҳон! Туро намерасад, ки баноҳақ дар замин тасарруф кунӣ ва ҷамъ кунӣ ва захира намоӣ ва зиёда аз масолеҳи баданат биталабӣ, аз ин рӯ ё ба иҷбор ё ба ихтиёр бояд ин маблағ ба дигарон нафақа кунӣ. Худованди Мутаъол фамуда:

وَمَا أَمْوَالُكُمْ وَلَا أَوْلَادُكُم بِالَّتِي تُقَرِّبُكُمْ عِندَنَا زُلْفَىٰ إِلَّا مَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا 

(Ва амвол ва фарзандонатон чизе нест, ки шуморо ба пешгоҳи мо наздик гардонад, магар касоне, ки имон оварда ва амали шоиста карда бошанд… (Сураи Сабаъ, ояти 37))

Ва чун дар охури гов алафу беда бинад, ҳеч оқил ин гумон накунад, ки ин говро бо хоҷа тақаррубест ва васлате, балки саҳар юғе ба гардан барбандаду чӯб дар паҳлӯ зананд.

Пас, баъд аз ҷамъи дунё, адои ҳуқуқи ҳақдорон басе душвор бошад ва ҳар касе аз ӯҳдаи он барнаёяд ва ин дар ҳолест, ки сарватмандон ҳатто дар адои закоти шаръӣ ва ушру хироҷ аз рӯйи зоҳири шаръ, кӯтоҳӣ ва имрӯзу фардо мекунанд.

Ва ба илова, дар ташхиси ҳақдорон – ки оё воқеан мустаҳиққанд ё на – оҷиз мемонанд. Шояд тараф мустаҳиқ набошад. Агар ин сарватманд ҳарис бошад, аввалан аз закоту ушр (ки зоҳири шаръ дастураш дода) медуздад ва боқимонда ба дузди дигаре месупорад. Ва агар чизе ба дасти султон бирасад, вай низ маълум аст, ки ин маблағ ба куҷо сарф мекунад.

Ва агар худаш дар ташхиси ҳақдор аз ғайри ӯ камар бибандад, душвор бошад. Ва агар касеро дар ин кор вакил кунад, шояд вакил ҳақ ба ҳадор нарасонад ва дар гуноҳон харҷ кунад, ки дар ин сурат гуноҳи он ба гардани хоҷа бор шавад. Ва агар имсол дар дахли ӯ дусад танга зиёдӣ ояд, ҳаққи дигаре дар зиммаи ӯ таъаллуқ гирад. Масалан, порсол ба даҳ дарвеш нафақа медод, имсол ёздаҳ шавад.

Ва ҳамчунин, расидагӣ ба ҳоли хадаму ҳашам низ дар ин миён ҳаст, ки бояд ғуломро зан диҳад ва ҷорияро шавҳар, то фисқ наёранд, ки гуноҳи эшон ба гардани хоҷа афтад, чунон ки гуноҳи фарзанд ба хотири адами издивоҷ ба гардани падар бор шавад. Расули Акрам (с) – чунон ки дар “Мишкот” омадааст – фармуда:

من ولد له ولد فليحسن اسمه وأدبه فإذا بلغ فليزوجه فإن بلغ ولم يزوجه فأصاب إثما فإنما إثمه على أبيه 

(Касе, ки барояш фарзанде мутаваллид бишавад, пас барои ӯ нек исме баргузинад ва нек адабаш намояд ва он гоҳ ки ба синни булуғ расид, занаш диҳад. Чун агар болиғ гардад ва барояш зан надиҳад ва ба ин ҷиҳат гуноҳе анҷом бидиҳад, гуноҳи он бар гардани падар аст. (Мирқотул-мафотиҳ шарҳу мишкотил-масобиҳ, 3138))

Ва ба хотири душвории адои ҳуқуқ будааст, ки аҳли ҳақ ба тарку таҷрид (гӯша гирифтан) иктифо намуданд ва дар фалсафаи вуҷуди одамӣ биандешиданд, ки ӯ барои додани алафу ҷави гову хар офрида нашуда, балки барои ибодати холиқи онҳо ӯро ба дунё овардаанд, пас, ночор чашм аз неъматҳо ва лаззатҳои дунё пӯшидаанд ва ҷӯёи асли асл шуданд.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) “Авродул-аҳбоб ва фусулул-одоб” асаре аст ба забони форсӣ аз Абулмафохир Яҳё ибни Аҳмад машҳур ба Бохарзӣ ё Абулмафохири Бохарзӣ (вафот 763 ҳ.қ) Ин китоб яке аз манобеи муҳимми тасаввуфи исломӣ дар баёни сайру сулуки ботинӣ мебошад. Ва Абулмафохири Бохарзӣ аз машойихи орифони кубравия ва наводаи Шайх Абулмаъолии Бохарзӣ аст.

(2) Ин ҳадис, ки Бохарзӣ аз Абуннаҷиб Зиёуддини Суҳравардӣ дар китоби “Одобул-мутааллимин” нақл кардааст, ба ин лафз дар ҳеч як аз манобеи мӯътабари ривоӣ ворид нашуда. Балки дар Муснади Аҳмад, Ҳилятул-авлиё, Торихи Бағдод, Муснади Баззор, Мустадраки Ҳоким, Адмуъҷамул-авсати Табаронӣ, Маҷмаъуз-завоиди Ҳайсамӣ ва ғайра аз китобҳои ривоӣ, ривоёте наздик ба ҳамин мазмун ворид шуда. Масалан, дар Ҳилятул-авлиё овардааст, ки ҳазраташ (с) фармуд:

من أصبح معافى في بدنه آمنا في سربه عنده قوت يومه فكأنما حيزت له الدنيا بحذافيرها يا ابن جعشم يكفيك منها ما سد جوعتك ووارى عورتك وإن كان بيتا يواريك فذاك فلق الخبز وماء الجر وما فوق ذلك حساب

“Ҳар кас субҳ кард дар ҳоле ки тандуруст ва осудахотир (ё дар молу чорпоёнаш дар амният) буда ва қути рӯзонаашро дошта бошад, гӯӣ ки тамоми дунёро ба даст овардааст. Эй Ибни Ҷаъшам! Аз дунё туро ҳамин миқдор басанда аст, ки гуруснагиатро бартараф созад ва аврататро бипӯшонад ва агар манзиле доштӣ, ки туро паноҳгоҳ бошад, пас бошад, буридае нон ва об, ва дар афзун бар инҳо, мавриди ҳисобу китоб қарор хоҳӣ гирифт.” (Ҳилятул-авлиё, 5/249, Ашшомила)

(3) Он чӣ дар манобеи ривоӣ ворид шуда, фақат қисмати аввали ин ҳадис аст, яъне:

حب الدنيا رأس كل خطيئة

— он ҳам бино бар назари баъзе аз муҳаддисон ҳадисе заъиф аст, ҳарчанд бисёре аз уламо бо таваҷҷӯҳ ба шавоҳид ва қароин, саҳеҳаш донистаанд.

* * *

Матни аслӣ:

Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо (5)

Агар гӯӣ, “ба фарзи истеъдоду ҷамъияти асбобу вусъати маош ризои абавайн ва фарзанду зан ва соири арбоби истеҳқоқ тавон ёфт, зеро ки иқоқу шиқоқ ва иброи зимма назди уср мутаҳаққиқ гардад, на дар юср”.

Гӯем: “Назар ба муфоди нусус аз оёту аҳодис аз ризқ он миқдор ҳалолу беҳисоб аст, ки қивоми бадан бад-он рост шавад ва ба ибодату ҳавоиҷи зарурӣ тавонад пардохт. Ва мозодае аз он, азони касон ва дигарон аст.

Дар “Фусуси одоб” оварда, ки мадори наҷоту фалоҳ бар илтизоми се асл аст: яке адои фароизи андак ва бисёр, осон ва душвор. Дуввум, иҷтиноб аз маҳорим қавлан ва феълан, хоҳӣ кабира бошад, хоҳ сағира. Севвум, тарки дунё андак бувад, ё бисёр, магар он миқдор, ки “мо лобудда минҳу” бошад. Ва он аст, ки соҳиби шариат саллаллоҳу алайҳи ва саллам истисно фармуд: “Арбаъун минад-дунё ва лайсат минҳо: кисратун ташудду биҳо ҷуъака ва хирқатун туворӣ биҳо авратака ва байтун юкуннука минал-қарри вал-ҳарри ва завҷатун солиҳатун ли таскуна илайҳо”. Ва ҳар чӣ ғайр аз ин аст ва зиёда бар ин, ҳеч касеро бар он ҳаққе нест. Ва ҳар ки аз ин се асл якеро ба ҷо орад, ё баъзеро, аз баъз иҷтиноб кунад дуна баъзин, аз дараҷаи рухсат ҳам фурӯ афтода бувад ва нафси худро ҳалок карда.

Ва Шайх Абдулазизи Деҳлавӣ дар маънии ҳадиси “Ҳуббуд-дунё раъсу кулли хатиатин ва таркуҳу раъсу кулли ибодатин” фармуда, ки [ҳар гаҳ] сари ҳар гуноҳ куфр аст, пас, муҳаббати дунё куфр бошад, ва сари ҳар ибодат имон аст, пас, тарки дунё имон бувад. Пас, мадори наҷот бар панҷ асли ботинии шаръ бошад, ки самту ҷӯъ ва саҳару узлат ва зикр аст, на бар панҷ шарти зоҳирӣ, ки ба забон иқрор ба калима бошад, салоту закот ва савму ҳаҷҷ. Ва аммо дар зоҳир мадори наҷотро бар ин панҷ асл ниҳодаанд, то ҳикмати тамаддуну муованат барҳам нахӯрад ва ҷаҳон обод бошад. Ва ҳақиқати ҳолро маҷҳул доштанд, то ҳар киро хоҳанд, аз ин миён ягон-ягон баргузинанд ва илм диҳандаш ба ҳақиқати кор, то дар зоҳир ғарра нашавад, балки асли кор равад, ки агар кор ба ишкампарварию танфарохӣ ба анҷом расидӣ, ҳеҷ кас аз уқало ва уламо ба тарки хӯрду хоб нагуфтӣ ва ба андак қаноат нанамудӣ, балки талаби зиёдат кардӣ ва ба ҷамъи амлоку зиёъ ва иқорату тиҷорат кӯшидӣ; қолаллоҳу азза исмуҳу: “Ман кона юридул-ҳаётад-дунё ва зинатаҳо нуваффи илайҳим аъмолаҳум фиҳо ва ҳум фиҳо ло яюхасун. Улоикал-лазина лайса лаҳум фил-охирати иллан-нору ва ҳабита мо санаъу ва ботилун мо кону яъмалуна.” Ва қавлуҳу таоло: “Ман кона юридул-оҷилата аҷҷално лаҳу фиҳо мо нашоу лиман нуриду сумма ҷаъално лаҳу ҷаннама юслоҳо мазмуман, мадҳуро”.

Ва аз ин ҷиҳат аст, ки анбиёву авлиё алайҳимуссалом бо вуҷуди қудрату ҳукумат, ба қадри зарурӣ иктифо мефармуданд. Ва Сулаймону Довуд алайҳимассалом ба дастранҷу садди ҷӯъ иқтисор менамуданд. Ва он сарвару асҳоби ӯ ба нони ҷавӣ ва андак (таом) қаср мекарданд ва давом ба қиёму сиём муҷоҳид буданд.

Ва риёзати арбоби зуҳд аз ҳар уммате зиёда аз он аст, ки ба ҳадду ҳаср дарояд. Муҷоҳадаи соҳиби шаръ ва авсиёву авлиёи ӯ санад аст, ки роҳи наҷот мавқуф бар итёни зоҳири шариат нест, ки агар ба муҷарради қавлу феъл бе риёзат наҷот мутаҳаққиқ шавад, ҳеч кас ба умеди мавҳум дил аз лаззоту ҳаззоти мустаори ҷисмонӣ барнаканад. Пас, агар ҳақиқати кор, чунон ки бояд равшан кунанд, ҳамаи умури маданию манзилӣ мухталл гардад ва ҳеч кас ба ободии ҷаҳон майл наёрад, балки ҷаҳон хароб шавад. Масалан, агар шореъ ба мушрике, ё кофире ва болиғе бигӯяд, ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” гӯй ва тавассул ба ғайри ӯ таоло мабар ва илтиҷо ба васоиту васоил макун ва авқоти шабу рӯз ба қиёму сиём сарф кун ва ба дунёву ҷамъи он шуғл манамо ва айшу танаъум ба қадри зарур кун, то растгор шавӣ ва аз ҷумлаи муқаррабин гардӣ ва аз малоика афзал бошӣ, албатта, гардан дар рибқаи итоат наниҳад ва ба ихтиёр аз сари неъмати оҷил ба ваъдаи аҷал барнахезад. Фалоҷарам, ӯро бо ибоҳот бифиребанду қуввати томеаи ӯро ба ваъдаи биҳишт ва ҳуру қусур бичарбиданд, ки: “не-не, агар ин калима бигӯӣ ва панҷ вақт намоз бикунӣ, бас бошад ва соле як бор моҳе соим бошӣ, кифоя кунад ва агар мол дорӣ, дар ин маблағ ин миқдор закот диҳӣ, басанда бувад ва дар тамоми умр ба шарти иститоат ҳаҷҷе вофӣ бошад, онгоҳ дар биҳишт равӣ ва ба ҳуру қусур фоиз шавӣ”. Ё агар шореъ гӯяд, ки: “касб кун ва ба қадри садди ҷӯъ бихӯр ва мозода ба абнои ҷинс бахш кун ва ҳаққи ту аз касби ризқ он аст, ки бад-он қадр зинда бошӣ ва бандагию тоат кунӣ”, ҳеч аҳаде дар ин сурат майл ба касбу шуғл накунад ва аз барои дигарон ҷон наканад. Фалоҷарам, ӯро ба шеваи мубоҳот дилгарм карданд ва даҳону меъдаи ӯро ба ҳалвову равған бичарбиданд, ки: “не-не, чун дусад дирам ҷамъ кунӣ, даҳ дирам диҳӣ ва ба чиҳил динор диноре ва казолика аз амлоку иқору савоим, онгоҳ биҳишт ҷои ту бошад”.

Пас, ҳирсу ғафлатро ба ӯ бигумоштанд, то мард ба мулки мавҳум тараддуд ҳамекунаду ҷон меканад ва дар ҷамъу ҳиросат ва тиҷорату зироат мекӯшад. Пас, аз ин миён он киро баргузиданд, бардоранд ва он киро нахоҳанд, бигузоранд, то ҳиросату иморат кунад. Аз ин ҷиҳат, аҳли ҳақ бо имони мутлақ, ки омадан ба завоҳири нусус аст, иктифо нанамуданд ва тавассул ба асли имон, ки тарку таҷрид аст ва давоми қиёму сиём фармуданд; чи куфру бединӣ мартабаи зулмат ва асфали софилини буъду ҳирмон аст, имону диёнати комил мадориҷи нуру аъло иллиййин ҷавори қурби мабдаи ҳақиқист. Мутлақи имон восита аст миёни нуру зулмат, пас имони мутлақ ба зоҳири шариат будан аст ва имони комил ба ботини он рафтан. Имон бар зоҳири шаръ имон аст, аммо наҷотдиҳанда нест. Ғоят он ки аз куфр афзал аст ва ба наҷот қарибтар. Дар “Фусули одоб” оварда, ки “кафр”, ба фатҳи коф, дар асли луғати араб ситрро гӯянд, бар ҳар сиға, ки ояд. Масалан, “кофиру куффор ва кафуру макфур ва кафораву мукаффир”. Ин алфоз дар маҳалли мадҳу замм ояд. Пас, бақои сифоти замима дар банда, ё таваҷҷӯҳи ӯ ба ғайр, ё дидани ғайри Ҳақ дар дорайн, ё фоили афъоли ғайри Ҳақро дидан, ё дигареро ба рубубият қабул кардану тоат доштан, чун умарову ҳукком, дар тариқат ин ҷумла куфру ширки мазмум аст. Аммо куфри маҳмуд он аст, ки дорайну манзилайнро ба ҳамаи ниъаму лаззоташ бар дили худ бипӯшонӣ ва кофири тоғути нафси худ шавӣ, то дили ту мастури сифоти Ҳақ ва истеъдоди зотии худ гардад ва аз ҳастии ту ҳеч намонад, то сирри ҳуввиятуллоҳ дар дил падид ояду ҳақиқати имон аён гардад, он гоҳ мӯъмини ҳақиқӣ шавӣ, ки: “Фа ман якфуру бит-тоғути ва юъмину биллоҳи фақад истамсака бил-урватил-вусқо”, яъне биттавҳиди ва ҳува “Ло илоҳа иллоҳу”. Ё куфри мазмум он аст, ки ҳақиқати дин пӯшида бошад ва банда ба аъмоли ваҷҳӣ ва тооти расмӣ ва ибодати тақлидӣ қонеъ ояд. Ва куфри маҳмуди ҳақиқӣ он аст, ки завоҳир ботин гардад ва ботин дар ботин зоҳир шавад. Ва нури кашфи ҳақоқиқ мар зулмати тақлидоту одотро мастуру макфур гардонад ва асмову сифот осору афъоли соликро матмусу мағмур созад.

Шайх Ҳусайни Мансур ба писари худ навишт, ки “Ё валадӣ! Сатараллоҳу анка зоҳираш-шариати ва кашафа лака ҳақиқатал-куфри фа инна зоҳираш-шариати куфрун (хафийюн) ва ҳақиқатал-куфри маърифатун ҷалийятун”.

Пас, аз ин тамҳидот зоҳир мешавад, ки шахс дар дунё он қадр ҳақ надорад, ки аз ӯ фозил ояд, то ба аҳли истеҳқоқ бирасонад ва мутасаддии тимору тааҳҳуди дигарон шавад. Дар урф гӯянд: “Гадо чӣ хӯрад ва ба кас чӣ диҳад”.

Ривоят аст, ки он сарвар саллаллоҳу алайҳи дар сафар буд, амр кард, ки мунодӣ кунанд, ки то ҳар касро, ки азвидаи ӯ аз вай фозил ояд, бояд, ки ба касе диҳад, ки ӯро зод набошад. Ва ҳар касро маркабе зиёдатӣ бошад, ба касе диҳад, ки ӯро сутур набувад. Ровӣ гӯяд: “Ҳамчунин аснофи моли моро бармешумурд, то ҳадде, ки гумон бурдем, ки моро дар фазлаи моли худ ҳамон ҳақ аст, ки дигаронро”.

Ва он чи иброи зимма ва адои ҳуқуқ, ки шореъ бар ағниё фармуда, на аз он ҷиҳат аст, ки эшонро индаллоҳ фазлеву дараҷае бошад, ё вақъеву маҳалле, балки он дар ҳақиқат заҷру тавбих аст, ки “ҳон, туро намерасад, ки бе истеҳқоқ дар замин мутасарриф бошӣ ва ҷамъ куниву захира ниҳӣ ва зиёда аз масолеҳи бадан талабӣ, ё ба курҳ, ё ба тавъ, бояд, ки ин маблағ ба дигарон нафақа кунӣ; қавлуҳу таоло: “Ва мо амволукум ва ло авлодукум биллати туқаррибукум индано зулфо илло ман омана ва амила солиҳан”.

Ва чун дар охури гов алафу майда (беда) бинад, ҳеч оқил ин гумон накунад, ки ин говро бо хоҷа тақаррубест ва васлате. Балки саҳар юғе ба гардан барбандаду чӯб дар паҳлӯ занад.

Пас, баъд аз ҷамъи дунё адои ҳуқуқи арбоби истеҳқоқ басе душвор бувад ва ҳар касе аз ӯҳдаи он барнаёяд. Ва ҳол он ки арбоби мукнат дар адои закоти шаръӣ ва иброи зимма аз ушру хироҷ аз рӯи зоҳири шаръ эҳмолу имҳол раво медоранд ва боз назар дар ҳоли арбоби ҳуқуқ, ки бамавқеанд, ё бемавқеъ, мустаҳаққанд, ё ғайри мустаҳаққ ташхис натавонанд кард. Ва ба фарзи диёнат, агар иброи зимма кунанд, ба тариқи мусомаҳа бошад, яъне ҷузв-ҷузви амлоку амволро куҷо дар ҳисоб меоранд?

Пас, агар ин мутамаввил ҳарис бувад, аввалан аз закоту ушр дар зоҳири шаръ медуздад ва мобақия ба дузди дигаре месупорад. Ва вай ҳамчунин то аз ғадуде ба султон расад, вай низ маълум аст, ки ин маблағ ба куҷо сарф мекунад.

Ва боз таҳқиқи аҳли истеҳқоқ, ки агар ба нафси худ мутасаддӣ шавад, таъаззури тамом дорад ва манофеи дастгоҳи мукнат.

Ва агар касеро вакил кунад, бошад, ки вай ҳақ “би ман лаҳул-ҳаққ” нарасонад ва дар маосӣ харҷ кунад ва базаҳи ӯ ба гардани хоҷа бор шавад. Ва агар имсол дар дахли ӯ дусад танга тафозул ояд, ҳаққи дигаре аз соҳибони ҳуқуқ дар зиммаи ӯ тааллуқ гирад. Масалан, порсол ба даҳ дарвеш нафақа медод, имсол ёздаҳ шавад. Ва боз тафаҳҳуси ҳоли хадаму ҳашам, ки дар ғулом зан диҳад ва дар ҷория шавҳар, то фисқ наёранд, ки исми эшон ба гардани мавло афтад, чунон ки базаҳ ва гуноҳи фарзанд аз ҷиҳати адами тазаввуҷ ба гардани падар бор шавад, камо фил-Мишкоти: ”Ман вулида лаҳу валадун фалюҳсин исмаҳу ва адабаҳу фа изо балаға фал-юзаввиҷҳу, фа ин балаға ва лам юзаввиҷҳу фа асоба исман фа иннамо исмуҳу ало абиҳи”.

Ва аз ҷиҳати суубати гузоридани ҳуқуқ аст, ки аҳли ҳақ ба тарку таҷрид иктифо намуданд ва дар иллати вуҷуд биандешиданд, ки одамӣ барои додани алафу ҷави гову хар махлуқ нагашта, балки барои ибодати холиқи онҳо ӯро ба дунё овардаанд. Фалоҷарам, чашм аз наиму лаззоти дунё пӯшидаанду ҷӯёи асли асл шуданд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”



Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: