Оё ислом фақир буданро ситоиш ва сарватманд буданро мазаммат кардааст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аллома Аҳмади Дониш дар фасли аввали “Наводирул-вақойеъ”, ки дар бораи муъзали кашмакашҳо ва ҷудоиҳое, ки миёни падарон ва фарзандон ва миёни арӯсҳо ва модаршавҳарҳо – ки маълум мешавад, дар замони ӯ ба унвони як муъзали иҷтимоӣ матраҳ будааст — сухан гуфта ва хостааст, ин муъзалро бо таваҷҷӯҳ ба мавозини шаръӣ ҳалл бикунад, сарватманд буданро аз барои як мусалмон нописанд дониста ва фақрро ба унвони як арзиш матраҳ кардааст ва барои таъйиди ин дидгоҳ, ба порае аз оёт ва ривоёт низ истинод намуда. Албатта, бо таваҷҷӯҳ ба андешаҳои ӯ дар боқии фаслҳои ин китоб, наметавон гуфт, ки ӯ чандон ҳам тарафдори ниҳодина шудани фарҳанги фақр ва надорӣ дар як ҷомеаи исломӣ буда, аммо зоҳири суханонаш дар фасли аввал чунин аст.

Шоистаи тазаккур аст, ки Аҳмади Дониш дар ин замина танҳо нест; зеро чунин дидгоҳе дар миёни баъзе аз гурӯҳҳои сӯфия дар ҷаҳони ислом ривоҷ дошта ва Аллома низ дар воқеъ раъйи ҳамонҳоро таъйид ва нақл кардааст.

Ба ҳар сурат, ин мавзӯъ дар хӯри таҳқиқ ва пажӯҳиш аст ва бояд дид, оё воқеан ислом тарафдори фақру надорӣ буда ва сарватманд будан мавриди накӯҳиши он аст? Дар ин навиштор саъй шудааст, бо такя бар оёт ва ривоёти исломӣ, ба ин пурсиш посух бидиҳем.

Молу сарват дар ислом

Дар манобеи исломӣ дар бораи молу сарват, ба ду даста аз оёт ва ривоёт бархӯрд мекунем:

1. Дар як даста аз оёт ва ривоёт, дар зоҳир аз ҷанбаи манфӣ ба мол нигоҳ шудааст. Ба унвони намуна, дар ривояте, ки Бухорӣ овардааст, мехонем, ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд:

اطَّلَعْتُ فِي الْجَنَّةِ فَرَأَيْتُ أَكْثَرَ أَهْلِهَا الْفُقَرَاءَ

Ба биҳишт сар задам ва дидам, ки аксари биҳиштиён аз фуқаро ҳастанд…”

2. Дар дастае дигар аз оёт ва ривоёт, молу сарват мадҳ шудааст. Дар Қуръон мехонем:

الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا

Мол ва фарзандон зинати зиндагонии дунявӣ ҳастанд.” (Сураи Каҳф, ояти 46)

Ҳамчунин, сарват дар чанд ҷойи Қуръони Карим “хайр” номида шудааст, монанди ояти зерин:

 كُتِبَ عَلَيْكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ إِن تَرَكَ خَيْرًا

Бар шумо муқаррар шудааст, ки чун яке аз шуморо марг фаро расад, агар хайре (моле) бар ҷой гузорад…” (Сураи Бақара, ояти 180)

Расули Худо (с) мефармояд:

نِعْمَ الْمَالُ الصَّالِحُ لِلْمَرْءِ الصَّالِحِ

Чӣ қадр моли солеҳ барои марди солеҳ хуб аст!” (Муснади Аҳмад, 36/165, Ашшомила)

Имом Муҳаммади Боқир (а) мефармояд:

نِعْمَ الْعَوْنُ الدُّنْيا عَلى الآخِرَةِ

Чӣ қадр кӯмаки дунё барои таҳсили охират хуб аст!” (Миръотул-уқул, 8/283, Ашшомила)

* * *

Пас, бо диққат ва таъаммул дар ин ду даста аз оёт ва ривоёт, равшан мешавад, ки асли молу сарват дар ислом мазмум нест ва балки аз он ҷиҳат, ки васила ва абзорест барои расидан ба охират, мамдуҳ ва писандида аст. Дар ислом касби мол дар мавориде ҳатто воҷиб аст. Вале молпарастӣ дар баробари Худопарастӣ, сарзаниш шудааст. Дар дини ислом мол василае барои расидан ба саодати ухравӣ ва тақарруб ба Худост, на ҳадаф.

Аз ин ҷост, ки дар Қуръони Карим мехонем:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُلْهِكُمْ أَمْوَالُكُمْ وَلَا أَوْلَادُكُمْ عَن ذِكْرِ اللَّهِ

Эй касоне, ки имон овардаед! Амвол ва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо ғофил насозад.” (Сураи Мунофиқун, ояти 9)

Бинобар ин, оёт ва ривоёте, ки дар онҳо молу сарват мазаммат шудаанд, нозир ба мазаммат ва сарзаниши молпарастӣ ҳастанд, на молу сарват доштан. Фарқ аст байни молу сарват доштан ва байни алоқа ва парастиши молу сарват. Чӣ басо сарватманде, ки ҳеч алоқае ба мол надорад ва дар муқобил, чӣ басо фақир ва надоре, ки молпараст аст.

Ривоятеро ҳам, ки дар боло аз Имом Бухорӣ оварда шуд — мабнӣ бар ин ки Расули Акрам (с) фармудааст, аксари аҳли биҳишт фақирон ҳастанд – ин ҳадисро ривояте дигар тафсир мекунад ва манзур аз “фақр” дар ин гуфторро бароямон баён медорад. Абӯзар (р) аз Расули Акрам (с) нақл мекунад, ки ҳазраташ (с) фармуд:

يا أبا ذر، أترى كثرة المال هو الغنى؟ قلت: نعم يا رسول الله، قال: فترى قلة المال هو الفقر؟ قلت: نعم يا رسول الله، قال: إنما الغنى غنى القلب، والفقر فقر القلب

Эй Абӯзар! Оё фузунии молро ғино (бениёзӣ) медонӣ? Гуфтам: Бале, эй Расули Худо! Фармуд: Оё камии молро фақр мепиндорӣ? Гуфтам: Бале, эй Расули Худо! Фармуд: Ғино (бениёзӣ) бениёзии қалб аст, ва фақр фақри қалб.” (Мустадраки Ҳоким, 18/304, Ашшомила)

Тавлиди сарват дар ислом

Ислом мусалмононро ҳам дар ҷанбаи фардӣ ва ҳам дар ҷанбаи иҷтимоӣ ба тавлиди сарват даъват кардааст. Расули Худо (с) мефармояд:

طلب الحلال فريضة بعد الفريضة

Ба дунболи рӯзии ҳалол рафтан фарз аст баъд аз фарз.” (Табаронӣ, Алмуъҷамул-кабир, 10/74)

Имом Сарахсӣ дар “Мабсут” ин ривоятро аз Паёмбари Акрам (с) нақл карда, ки:

الجهاد عشرة أجزاء تسعة منها في طلب الحلال للإنفاق على العيال

Чиҳод аз даҳ ҷузъ иборат мебошад, ки нӯҳ ҷузъи он дар талаби ҳалол нуҳуфтааст, ба ҷиҳати таъмини нафақаи аҳлу иёл.”

Асосан, пӯёӣ ва ҳаёти ҷомеа дар партави истиқлоли иқтисодӣ ва сарватманд будани он аст. Ниёзмандӣ баробар бо асорат ва бардагӣ аст. Аз ҳамин ҷост, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд:

كاد الفقر أن يكون كفرا

Наздик аст, ки фақр ба куфр бианҷомад.” (Мишкотул-масобиҳ, 3/95, Ашшомила) Ва аз тарафе ҳам, ислом иҷоза намедиҳад, ки ғайри мусалмон бар мусалмон тасаллут дошта бошад.

وَلَن يَجْعَلَ اللّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا

Худованд ҳаргиз кофиронро бар мӯъминон тасаллуте надодааст.” (Сураи Нисо, ояти 141) Яъне Худо ҳаргиз розӣ нест, ки кофирон бар мӯъминон тасаллут пайдо бикунанд.

Ва ин ҳадаф замоне таъмин мегардад, ки мусалмонон даст ба сӯйи бегонагон дароз накунанд ва аз истиқлоли иқтисодӣ бархӯрдор бошанд. Тавлиди сарват сабабсози ин мақсуд аст.

Тавзеи сарват дар ислом

Аз назари ислом, баъд аз ин ки сарват тавлид шуд, ин сарват бояд ба сурати одилона дар ҷомеа тавзеъ гардад. Аз ҳамин ҷост, ки Қуръони Карим мефармояд:

كَيْ لَا يَكُونَ دُولَةً بَيْنَ الْأَغْنِيَاء مِنكُمْ

Яъне сарват набояд танҳо дар миёни сарватмандон гардиш дошта бошад (Сураи Ҳашр, ояти 7), балки бояд ба дасти мустамандон низ бирасад. Аз ин рӯ дар ислом таколифи мухталифи молӣ монанди: закот ва ушр ва садақа вазъ шудааст, то сарвати ҷомеа ба фуқаро низ бирасад ва шикоф ва ихтилофи табақотӣ байни афроди ҷомеа камтар шавад ва дар ниҳоят аз байн биравад.

Сарватандӯзӣ дар ислом

Сарватманд шудан агар аз роҳҳои машрӯъ буда бошад, аз назари ислом ҳеч ишколе надорад. Ва шевае, ки ислом барои таъдили сарват мепазирад, ҷилавгирии афрод аз расидан ба сарватҳои боло нест, балки барои онҳо вазоиф ва таколифи молӣ муқаррар месозад.

Ва чунон ки гуфта шуд, сарватандӯзӣ агар инсонро аз ёди Худо ғофил кунад, мазмум аст ва дар ислом аз он наҳй шудааст. Дил бастан ба сарват ва тарҷеҳи дунё бар охират саҳеҳ нест. Вале агар ин сарвати фаровон дар роҳи Худо масраф шавад, бисёр писандида ва қобили ситоиш мебошад, ки ҳазрати Хадиҷа (р) аз ин гуна сарватмандон буд, ки сарвати худро барои пешрафти ислом ва густариши он масраф кард.

Бинобар ин, Қуръони Карим касонеро, ки сарватандӯзӣ мекунанд ва онро дар роҳи Худо масраф наменамоянд, ба азоби дарднок башорат медиҳад:

وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلاَ يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللّهِ فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Ва касоне, ки зару симро ганҷина (захира) мекунанд ва онро дар роҳи Худо ҳазина намекунанд, эшонро аз азобе дарднок хабар деҳ.” (Сураи Тавба. Ояти 34)

Имом Фахри Розӣ (ва ҳамчунин соири муфассирон) дар зайли ҳамин оят гуфтааст:

فقال الأكثرون هو المال الذي لم تؤد زكاته وقال عمر بن الخطاب رضي الله عنه ما أديت زكاته فليس بكنز وقال ابن عمر كل ما أديت زكاته فليس بكنز وإن كان تحت سبع أرضين وكل ما لم تؤد زكاته فهو كنز وإن كان فوق الأرض

Аксар мӯътақиданд, ин зару сими захирашуда (ки дар ин оят омада ва барои соҳибаш азобе дарднок ваъда шуда) он аст, ки закоташ пардохт нашуда бошад. Умар ибни Хаттоб (р) гӯяд: “Он чӣ закоташ пардохт шуда, дигар ганҷ (ки дар ин оят омада) маҳсуб намешавад.” Ибни Умар (р) гӯяд: “Ҳар он чӣ закоташ пардохт шуда, ганҷ нест ҳарчанд зери ҳафт қабати замин бошад, вале ҳар он чӣ закоташ пардохт нашавад, он ганҷ (ки дар ин оят аз он сухан рафтааст) ба шумор меояд, агарчи дар рӯйи замин бошад.” (Тафсири Кабири Фахри Розӣ, 16/36)

* * *

Пас, бо таваҷҷӯҳ ба матолиби ёдшуда равшан мешавад, ки агар як мусалмон сарватманд шуд, ҳеч ишколе надорад. Он чӣ мазмум аст, дил бастани мусалмон ба дунёст.



Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: