Таъассуб ва яксӯнигарӣ; ду вижагии барҷастаи “рӯшанфикрони” навини Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

(Тазаккур: Фарди мавриди ишора дар ин навиштор, ҷаноби Шодибой Атоев ҳастанд ва инҷониб фикр мекардам, эшон камокон дар “Маркази омӯзишҳои равандҳои муосир ва оянданигарии Окодемии улуми Тоҷикистон” машғуланд ва бо ҳамин ақида ин марказро ба унвони мухотаби худ қарор додаам, вале ҳаминак ба ман иттилоъ доданд, ки ҷаноби Атоев наздик ба як сол аст, ки дар ин марказ машғул ба кор набудаанд. Бинобар ин, мухотаби инҷониб маркази номбурда нест, балки ҷаноби Атоев аст.)

* * *

Ахиран, дар сафҳаи дуктур Абдуссалом Одиназода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, гуфтугӯи тунду тезе миёни эшон ва шуморе аз кормандони “Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Окодемии улуми Тоҷикистон” ҷараён дошт. Муруре кӯтоҳ бар изҳори назарҳои кормандони ин марказ дар вокуниш ба дидгоҳҳои ҷаноби Одиназода дар бораи ислом, нишон медиҳад, то чӣ ҳадд ин азизон яксӯнигар ва мутаъассиб мебошанд! Вижагие, ки аслан бо мақоми як рӯшанфикр – ки иддаъояшро доранд — намехонад. Довариҳо ва қазоватҳои ин азизон дар бораи ислом, комилан якҷонибагароёна ва ғайри мунсифона аст.

Дар ҳамин оғоз лозим аст бигӯям, ки банда ба ҳеч ваҷҳ мухолифи изҳори назар нестам; аз сӯйи ҳар касе, ки бошад, хоҳ диндор аст ва хоҳ бедин, хоҳ мусалмон аст ва хоҳ зартуштӣ. Замон замони озодии баён аст ва аҳадеро ҳаққи манъи касе аз ибрози андеша нест. Валекин интизор аз касе, ки иддаъои донишманд будан ва рӯшанфикр будан мекунад ин аст, ки дар изҳори назарҳои худ, аз ҷоддаи инсоф берун нашавад.

Дар ин ҷустор, бино надорам ба исботи он чӣ — аз маорифи исломӣ — ки мавриди инкори ин азизон аст бипардозам. Баҳсаш ҷойи дигар аст. Балки мехоҳам ба сурати кӯтоҳ ба ду се маврид аз мавориде, ки ҳикоятгари яксӯнигарӣ ва таъассуби ин азизон аст, ишора кунам:

1. Мавриди аввал:

Иддаъо мекунанд, “хирадварзӣ ҳама вақт дар ҷаҳони ислом инкор шудааст”. Тасаввур намеравад инчунин иддаъое аз тарафи касе бишавад (агарчи ғайримусалмон), ки як огоҳии ҳарчанд сатҳӣ ва сарсарӣ бо маъорифи исломӣ — бахусус Қуръон ва суннат – дошта бошад, ҷуз он ки таъассуби кӯру кар домангираш шудааст.

Оё маъқул аст якчунин тӯҳмат ба дине зада бишавад, ки Қуръонаш дар бисёре аз оятҳои худ инсонҳоро ба иллати таъаққул накардан ва ақли худро ба кор набурдан, танбеҳ ва тавбех мекунад?! Бо иборатҳое монанди:

أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Оё ақли худ ба кор намебаред?! (Сураи Оли Имрон, ояти 65)

أَفَلاَ تَتَفَكَّرُونَ

Оё намеандешед?! (Сураи Анъом, ояти 50)

Иборатҳое, ки беш аз 20 мартиба дар Қуръон ба кор рафтааст.

Оё маъқул аст чунин тӯҳмате ба домани ойине зада бишавад, ки иллати дӯзахӣ шудани дӯзахиёнро ин медонад, ки онон ақли худ ба кор намеандохтанд?! Он ҷо, ки аз забони дӯзахиён мефармояд:

وَقَالُوا لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ مَا كُنَّا فِي أَصْحَابِ السَّعِيرِ

Гӯянд: Агар шунида будем ва таъаққул карда будем, дар миёни дӯзахиён набудем! (Сураи Мулк, ояти 10)

Оё маъқул аст гуфта бишавад, “ислом мункири хирадварзӣ аст” дар ҳоле ки ин дин бадтарини мавҷудот назди Худоро касоне медонад, ки ақли худ ба кор намебанданд?! Он ҷо, ки мефармояд:

إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ

Қатъан, бадтарини ҷунбандагон назди Худо карону лолоне ҳастанд, ки ақли худ ба кор намегиранд.” (Сураи Анфол, ояти 22)

Оё маъқул аст исломро ба душмании бо хирад ва хирадварзӣ муттаҳам бикунем, дар ҳоле ки ин дин инсонҳоро аз пайравии чизе, ки донише нисбат ба он надоранд манъ намудааст?! Он ҷо, ки мефармояд:

وَلاَ تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْؤُولًا

Чизеро, ки ба он илм надорӣ дунбол макун; зеро гӯшу чашму қалбҳо ҳама мавриди пурсиш воқеъ хоҳанд шуд.” Яъне ҳамаи инҳо масъуланд. (Сураи Исро, ояти 34)

2. Мавриди дуввум:

Иддаъо кардаанд, ки “дар фазои ислом илмҳои табиатшиносӣ илм ҳисоб намешаванд”. Ин иддаъои газоф ба кадом далел гуфта мешавад? Оё зимни таҳқиқ ва пажӯҳиш дар манобеи исломӣ ва нигоҳ ба торихчаи улум дар давраи исломӣ, ё аз забони мухолифони ин дин, чӣ дар ғарб ва чӣ дар шарқ, ки ҳар чӣ ба даҳонашон омад мегӯянд хусусан имрӯзҳо, ки бозори ин иттиҳомзаниҳои газоф ва бепоя бисёр равнақ пайдо кардааст?! Касе, ки худро донишманд ва тоза рӯшанфикр ҳам мешуморад, гуфтаҳо ва навиштаҳо ва иддаъоҳояш бояд ҳамагӣ мустанад ба далел ва ҳуҷҷат бошанд, на сухани ину он дар шабакаҳои телевизиюнӣ. Асосан, муруре бар иддаъоҳои рӯшанфикрони навини тоҷик нишон медиҳад, зоҳиран инон ба ҷойи мутолеа машғули тамошои барномаҳои телевизиюнии музахраф ва нақли суханони бепояи ҳамонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Мароми як рӯшанфикр ин нест.

Ин навиштор гунҷоиши онро надорад, ки ба баёни ҷойгоҳи улуми табиӣ ва таҷрибӣ дар ислом бипардозам, аз ин рӯ аз азизон мехоҳам китоби “Назари мутафаккирони исломӣ дар бораи табиат”, таълифи профессор Сайидҳусайни Наср (устоди донишгоҳ дар Омрико)-ро мутолеа кунанд ва он гоҳ метавонанд пиромуни ин мавзӯъ изҳори назар намоянд.

3. Мавриди севвум:

Иддаъо мешавад, ки “равшанфикрро ҷаҳони ислом намепазирад”. Хуб, ин чӣ ҳарфе аст?! Албатта, мабнои ин иддаъои пуч он аст, ки тараф аз падидаи “рӯшанфикрӣ” як таърифи хоссе дар зеҳнаш дорад ва онро ҳақиқате мусаллам ва инкорнопазир меангорад ва сипас бар мабнои ҳамин таъриф, ба қазоват ва доварӣ мепардозад. Ғолибан, дар зимни ин навъ аз таъриф аз рӯшанфикрӣ (ки решааш ба ғарби пас аз ренусонс бармегардад) имон, дин, Худо, паёмбар ва хулоса ҳар он чӣ марбут ба моварои табиат аст, “хурофа” фарз шуда ва раҳосозии ҷомеа аз ин “хурофаҳоро” вазифаи як рӯшанфикр медонад. Хуб, ин таъриф аз рӯшанфикрӣ дар фазои Урупои масеҳӣ (дар оғозҳои даврони ренусонс) қобили фаҳм аст ва то ҳадде дуруст ҳам ҳаст, бо таваҷҷӯҳ ба масеҳияти таҳрифшуда, ки дар он фазо ҳукмфармо буд; масеҳияте, ки “шаҷараи мамнӯа”-ро огоҳӣ ва маърифат дониста ва бар ин ақида аст, ки Худованд Одам (а)-ро аз тановули ин шаҷара манъ ва шайтон аммо ӯро водор ба хӯрданаш карда буд.

Ҳол, оё ин бардошт аз дин, дар мавриди ойини ислом содиқ аст? Тамоми масъала ҳамин ҷост. Зоҳиран, рӯшанфикрони навини тоҷик аз ислом ҳамон тасаввуреро дар зеҳни худ доранд, ки як донишманди урупоӣ дар бораи масеҳият дошт (ва дорад) бидуни кучактарин ихтилоф ва тафовут. Инон ба худ ин заҳматро намедиҳанд, ки биёянд ва маорифи исломро, чунон ки ҳаст, мутолеа кунанд, бе он ки дар ин росто ба суханон ва изҳори назарҳои амсоли Кант ва дигарон таваҷҷӯҳ намоянд. Яъне тақлидро бигузоранд канор ва ба сурати мустақил ба таҳқиқи ин ойин бипардозанд. Ин заҳматро ба худ намедиҳанд. Чун агар медоданд, ки ҳаргиз суханоне бепоя ва асос аз онон шунида ва дида намешуд. Ин азизон фикр мекунанд, ҳукми ҳар дине, чӣ ислом бошад ва чӣ масеҳият, чӣ зартуштӣ бошад ва чӣ яҳудият, воҳид ва якнавохт аст. Таърифи ғарбиён аз рӯшанфикриро “ваҳйе мунзал” мепиндоранд, ки гӯӣ ҳеч ишкол ва эродеро дарбар надошта ва мункираш “кофар” аст! Мушкили ин азизон дақиқан ҳамин ҷост.

Ба ҳамин делал аст, ки гуфтам, инон мутаъассиб ва яксӯнигаранд. Ин азизон, бо қабули ин таъриф аз рӯшанфикрӣ ва мусаллам ангоштани он, дақиқан ба маразе мубтало ва гирифтор шудаанд, ки диндоронро ба он мараз муттаҳам мекунанд; яъне марази таъассуб ва яксӯгинарӣ. Ту агар як нафар мусалмони диндорро ба ин далел, ки ҳақиқатро дар ислом мунҳасир медонад муттаҳам ба таъассуб мекунӣ, оё худат дар арзёбиҳоят дар бораи ҷаҳони пиромун ва дар бораи ислом ва дар бораи мусалмонон, ба марази инҳисоргароӣ мубтало нашудаӣ?! Шумо пеш аз доварӣ дар бораи дигарон ва дар бораи ойини онон, аввал нигоҳе наққодона ба худатон, ба ҷаҳонбиниатон ва тасаввурот ва мафрузҳои хеш андохта ва бибинед, оё ҳама воқеан мусаллам ва инкорнопазир ва “ваҳйи мунзал” аст?!

Як саре аз иддаъоҳои дигаре ҳам мекунанд, ки иншоаллоҳ сари фурсат ва дар мақолае ҷудо ба баррасии онҳо хоҳам пардохт. Феълан ба ҳамин андоза иктифо мекунам.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , ,

1 reply

  1. Муҳтарам Сайидюнус, шумо бо ин ки даъвои як мутафаккири олами ислом буданро доред, аммо то ҳанӯз ба ин натоиҷ нарасидед, ки донишҳои динӣ донишҳои ақлӣ набуда, балки донишҳои ҳиссианд ва иртибот бо бовару эътиқоди пуч доранд, то ба ақлу мантиқ. Аз ин рӯ, ҷоиз нест ҳарчиро донитаву надониста, танҳо ба хотири гумроҳкардани авомуннос ва ба худбохтагиву беҳувиятӣ расонидани ҳаводорони худ, ки мутаассифона аксари онҳо шаҳрвандони кишвари Тоҷикистонанд, равона намоед. Ҷаноби Сайидюнус, мусаллам аст, ки динҳо ва тафаккуроти динӣ ҳеҷ гоҳ бо илму мантиқ созгор набуданд ва омили пешрафте дар зиндагии башар набудаанд. Мутаассифона шумо баринҳо ҷаҳони порсизабононро бо идеяҳои нокомилу бепоя ба хотири аҳдофи бегонагон, ки аслан манофеи онҳоро ифодагар аст, тули 1400 сол эрониёни бузургманиш ва соҳибтамаддунро гумроҳу вопасгаро намудед.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: