Наводирул-вақойеъ (9)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (6)

Чун масъала бароят равшан шуд, ҳол як мисол бизанам, то возеҳтар гардад. Фарз кун, марде сарватманд аст — ва сарваташ ё мероси падарист ё касбу коре дорад ва ё корманди давлатист, ки аз байтулмоли давлат ба сурати ҳуқуқ (маош) ба ӯ мерасад – ва даромади ӯ дар сол ду ҳазор дирам аст.

Ҳол, ин мард, ки молики ин маблағ аст, фарз кун зану фарзанду ходиме дорад. Дар шароити имрӯз дахлу харҷи ҳар кадом (худаш, ҳамсараш, фарзандаш, ходимаш) дар сол ба дусад дирамӣ тамом мешавад. Пас, аз кулли ин маблағ (2000 дирам) он чӣ азони ин мард аст ва барояш ҳалол ва ҳисобу китоб надорад, 800 дирам хоҳад буд ва 1200 дирами боқимонда ҳаққи волидайн, ҳамсояҳо, хешовандон, ятимон, мискинҳо ва ғайра (аз ҳақдорон) аст – барои ҳар як ба миқдори зарурат — ва албатта ба тартиби авлавият, “наздиктар пас наздиктар”. (Яъне, аввал волидайн, сипас ҳамсояҳо ва то охир…)

Пас, агар ин мард ҳазор дирам барои худ инфоқ кунад ва ҳазор ё понсад дирам ба волидайн диҳад ва понсади боқимонда захира ниҳад, дар ин сурат, бо ин ки ин пул ҳалол аст, аммо аз назари шаръ ва дар пешгоҳи Худо, дар ҳуқуқи ҳақдорон хиёнат карда ва бар нафси хеш ситам намуда ва бозхост мешавад, магар он ки ҳуқуқи ин соҳибони ҳақро тасвия кунад.

Бо ин ҳисоб, ӯ дар сурате метавонад аз ӯҳдаи ин ҳуқуқ барояд ва бозхост нашавад, ки зиндагии фақиронае дошта ва дарвешсират бошад ва зару хок назди ӯ яксон бошанд. Аммо дар ғайри ин сурат, агар аз ин мард дар рӯзи қиёмат суол кунанд, ки: 800 дирам туро ва аҳлу аёлатро кифоят мекард, чаро 1000 дирам сарф кардӣ? Ё нафақаи волидайни ту 400 дирам буд, чаро 500 дирам додӣ? Ё чаро ин маблағ захира кардӣ ва ба соҳибони ҳуқуқ нарасондӣ? — мард аз ҷавоб нотавон ва оҷиз ояд ва тан ба хусрону зиён диҳад.

Ва маънои “ҳалолуҳо ҳисоб” (ҳалолаш ҳисобу китоб дорад) дар ривояти зерин:

قالوا لعلي بن أبي طالب: يا أبا حسن صف لنا الدنيا، قال: أطيل أم أقصر؟ قالوا: بل أقصر، قال: حلالها حساب و حرامها النار

(Алӣ ибни Абӯтолибро гуфтанд: Дунёро бароямон васф кун. Фармуд: Ба тафсил тавсифаш кунам ё ба сурати кӯтоҳ? Гуфтанд: Кӯтоҳ. Фармуд: Ҳалолаш ҳисобу китоб дорад ва ҳаромаш дӯзах. (Шуъабул-имон, 7/371, Ашшомила)) — ин аст, ки дар инфоқи зиёда аз миқдори зарурат, бозхост шавӣ. Ва аммо дар моли ҳаром, дигар ҳеч ҳисобу китобе дар кор нест, балки ҷазои он ҷаҳаннам бошаду бас.

Дар хабар аст, ки рӯзи растохез ҷамъе аз волиёнро биёваранд, дар ҳоле ки ғуллу занҷирҳо бар гардани эшон кашида шуда, Худо аз эшон бипурсад, ки: фалон ҷиноят ин ҳадд дошт ва фалон гуноҳ ин таъзир (муҷозот), шумо чаро дар ҷойе, ки ҳадд бисёр буд, кам кардед? Гӯянд: Мо бар бандагони ту раҳм кардем. Ва боз бипурсад, ки: чаро дар ҷойе, ки ҳадд кам буд, бисёр кардед? Гӯянд: Ба хотири он, ки туро нофармонӣ ва мухолифат карданд, бар ӯ хашм гирифтем. Худо гӯяд: Оё хашму раҳми шумо, бар хашму раҳми мо пешӣ гирад? Бигиред онро, ки биафзуд ва бигиред онро, ки бикост ва дар ҷаҳаннам андозед ва ин муҷримро маоф доред. (1)

* * *

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ гуфта шуд, ба посухи эродҳо мепардозем:

Аввалан: агар фарзанди муҷаррад доро ва тавонгар аст, ризои волидайн ӯро ба наҷот ва растгорӣ нарасонад, магар он ки ӯ ҳуқуқи тамомии соҳибони ҳаққро низ баҷой оварад. Зеро хушнудии волидайн бо мухолифати ризои Офаридгор ҳеч суде набахшад, ба далели фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), ки:

لَا طَاعَةَ لِمَخْلُوقٍ فِي مَعْصِيَةِ الْخَالِقِ

(Махлуқро тоате дар маъсияти Холиқ набошад.)

Инак, далелҳо бар ин матлаб:

Он чӣ дар насс (Қуръон ва суннати сареҳ) амр ба эҳсони волидайн шуда:

1. Яке дар сураи Бақара аст, ки фармояд:

وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ لاَ تَعْبُدُونَ إِلاَّ اللّهَ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَقُولُواْ لِلنَّاسِ حُسْنًا وَأَقِيمُواْ الصَّلاَةَ وَآتُواْ الزَّكَاةَ

(Ва чун аз фарзандони Исроил паймони муҳкам гирифтем, ки ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модар ва хешон ва ятимон ва мустамандон эҳсон (некӯкорӣ) кунед ва бо мардум хуш сухан бигӯед ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед… (Сураи Бақара, ояти 83))

Дар ин оят агарчи мухотаб Бани Исроиланд дар зоҳир, аммо ба лиҳози маъно мухотаб уммати исломӣ ҳастанд, ки: ҷуз Худойро напарастед ва ба волидайн ва хешони наздик ва ятимон ва бечорагон некӣ ва эҳсон кунед ва мардумонро сухани хуш гӯед, то сабаби дӯстӣ ва улфат шавад ва ҳикмати ҳамкорӣ ва таъовун баҳам нахӯрад ва намоз барпо доред ва закоти мол бидиҳед, то дар миёни шумо мискине намонад ва расми гадоӣ аз миёни шумо рахт барбандад. Ва маълум аст, ки дар амр ба эҳсон, мазмуни ин оят омм аст ва махсус ба волидайн нест; ғоят он ки аз ҷиҳати наздикӣ эҳсон ба волидайнро тақдим додаанд бар соири ҳақдорон. Яъне волидайн, дар ҳуқуқ, аз дигарон (яъне хешон ва ятимон ва мустамандон) муқаддам ҳастанд.

2. Дигар ин фармудаи Худованди Мутаъол аст, ки:

قُلْ مَا أَنفَقْتُم مِّنْ خَيْرٍ فَلِلْوَالِدَيْنِ وَالأَقْرَبِينَ وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ

(Бигӯ: Ҳар моле инфоқ кунед, ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва мискинон ва ба дар роҳмондагон таъалуқ дорад… (Сураи Бақара, ояти 215))

Яке аз саҳоба аз миқдори нафақа пурсид, ки: мол дорам, чӣ чиз нафақа кунам? Ҷавоб дар баёни масраф (ҷойи сарфи нафақа) омад. (2)

Пас, бино бар ояти мазкур, мавриди инфоқ аввалан волидайн бошанд, ба ҷиҳати наздик будани онон, ки мардро баъд аз худаш падару модар наздиктаранд. Сипас хешони наздик, ба хотири силаи раҳм. Он гоҳ ятимоне, ки қодир бар касбу кор нестанд, ба ҷиҳати шафқат ба ҳамнавъон. Сипас мискинон, ки чизе барои имрори маош ва касб надоранд, ба ҷиҳати ҳамкорӣ ва таъовун. Он гоҳ мусофирон ва дар роҳмондаҳо, ки хабари раҳмату раъфати одамиро ба олам баранд. Муфоди амр ба эҳсон дар ин оят низ омм аст.

3. Дигар дар сураи Нисо воқеъ шуда, ки фармояд:

وَاعْبُدُواْ اللّهَ وَلاَ تُشْرِكُواْ بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَى وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالجَنبِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ

(Ва Худоро бипарастед ва чизеро бо ӯ шарик магардонед ва ба падару модар эҳсон кунед ва дар бораи хешовандон ва ятимон ва мустамандон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишин ва дар роҳмонда ва бардагон некӣ кунед… (Сураи Нисо, ояти 36))

Дар ин оят низ амр ба парастиши зоти Ҳақ ва наҳй аз ширк шуда ва ба эҳсон бар волидайн ва хешовандон ва шафқат бар ятимон ва мискинҳо ва тараҳҳум бар ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамсӯҳбатон ва кӯмак ба дар роҳмондаҳо ва расидагӣ ба ҳоли ғуломон ва хидматгузорон.

Ва дар мартибаи аввал овардани парастиши Худо ва ширк наёвардан бо ӯ, ишорае латиф аст ба ин ки чун банда ба ибодати Офаридгор Таъоло машғул шавад, ҳамаи ин ҳуқуқ аз гардани ӯ соқит гардад; зеро ибодати ҳақиқӣ бе тарку таҷрид сурат намепазирад. Аз шахсе, ки худро аз ҳамаи таъаллуқоти дунявӣ буридааст, ҳеч оқиле ҳақталабӣ намекунад, магар дуои хайр. Ва паноҳ ба Худо, ки агар аз ибодати холиқи худ сар боз занад ва рӯй ба ғайр оварад ва ба дунё майл пайдо кунад, ки дар ин сурат соҳибони ҳақ ба доманаш овезанд ва ҳақталабӣ кунанд ва чӣ басо адои ҳеч ҳуқуқе ӯро ба наҷоту растгорӣ нарасонад, зеро аз ӯ аввал суол аз имон ва амал бошад ва тоати холис.

Пас, ба таъхир андохтани парастиши Ҳақ Таъоло ба мулоҳизаи риояти ҳуқуқи дигарон, ҳаргиз ҷуброни он чӣ аз ибодат, ки ӯро фавт шуда нагардад. Пас, агар аз ӯ суол бишавад, ки: туро чӣ бар он вобидошт, ки аз ибодати мо сар боззанӣ ва ба гирдоварии дунё машғул шавӣ ва хидмати гову хар кунӣ ва ушру закот ба ситамгарон диҳӣ, ки ба воситаи он фисқ кунанд, ё ба касоне диҳӣ, ки дар маъсият сарф кунанд, ва ҳол он ки мо рӯзии ту ва ғайри туро худ ӯҳдадор будем — ба далели:

وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا

(Ва ҳеч ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рӯзияш бар ӯҳдаи Худост. (Сураи Ҳуд, ояти 6)) – ва ту ба он рӯзии кифояткунанда қаноат нанамудӣ ва ба қавли мо эътимод накардӣ ва ӯҳдадори рӯзии дигарон гаштӣ, мо туро гуфтем, ибодат кун, аммо ту тиҷорату зироат кардӣ, дар ин мавқеъ, саҳна хеле тамошоӣ хоҳад буд агар касеро фурсат диҳанд ва бибинад, ки вақте аз ӯ мепурсанд, ки: чаро ин намоз ба зиён бурдӣ? – гӯяд, ки: “Кунҷора дар охури гов ниҳодам”.

Суол аз куҷову ҷавоб аз куҷо,

Тафовут бибин аз куҷо то куҷо?!

* * *

Гар офият аст, гар шикаст аст ин ҷо,

Аз соғари аъмоли ту маст аст ин ҷо,

Дастат гирад касе, ки дасташ гирӣ,

Музди ҳама кас даст ба даст аст ин ҷо.

(Иқтибос аз Бедил)

4. Дигар дар сураи Исро аст, ки:

وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلاَهُمَا فَلاَ تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا. وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا

(Ва Парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз ӯро мапарастед ва ба падару модари худ эҳсон кунед агар яке аз он ду ё ҳар ду дар канори ту ба солхӯрдагӣ расиданд, ба онҳо ҳатто уф магӯ ва ба онон пархош макун ва бо онҳо сухане шоиста бигӯ. Ва аз сари меҳрубонӣ боли фурӯтанӣ бар онон бигустар ва бигӯ: Парвардигоро! Он дуро раҳмат кун чунон ки маро дар хурдӣ парвариданд.” (Сураи Исро, оятҳои 23 ва 24))

Дар ин оят низ баъд аз наҳй аз ширк ва амр ба ибодати зоти Ҳақ Таъоло, амр ба эҳсони волидайн шуда. Ва чун навъи эҳсон фаровон аст, ин ҷо мурод кадом навъ аз он аст? Мефармояд, ки агар пеши ту яке аз волидайн ё ҳарду пир шаванд ва мӯҳтоҷи хидмати ту гарданд, ба эшон – он ҷо, ки аз хидмат хаста шудӣ — “уф” магӯ ва дилтанг машав; зеро ки калимаи “уф” дар мавриди кӯфтагӣ ва дилгирӣ ба забон ояд. Ва бар эшон садо баланд макун ва бонг мазан. Ва сухан бо эшон ба мулойимат ва нармӣ гӯй. Ва паст дор бар эшон болҳои шафқату марҳамат, чунон ки туро эшон дар хурдии синн он чунон медоштанд ва ба зери боли худ туро парвариш карданд. Ва бигӯ ва дуо кун, ки: Эй Парвардигори ман! Бибахшой бар эшон, ҳамчунон ки парварданд маро дар хурдии синну овони туфулият, ки оҷиз будам дар дафъи зарару зиён ва ҷалби манфиат ба худ.

Ва пас аз ин меояд ин сухани Ҳақ Таъоло, ки:

وَآتِ ذَا الْقُرْبَى حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ

(Ва ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ ва мустаманд ва дар роҳмондаро… (Сураи Исро, ояти 26))

Ва чун ин оёт низ омехта ба ҳуқуқи ҳамнавъон аст, зоҳир аст, ки ҳамаи ҳамнавъон дар ин амр (эҳсон) шариканд, ва агар дар мавриди волидайн тафсил шудааст, ба ҷиҳати авлавият ва тақаддуми эшон дар адои ҳақ аст.

5. Дар сураи Анкабут мефармояд:

وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْنًا وَإِن جَاهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا

(Ва ба инсон суфориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад, вале агар онҳо талош карданд, то чизеро, ки ба он илм надорӣ, бо ман шарик гардонӣ, аз эшон итоат макун… (Сураи Анкабут, ояти 8))

Яъне амр кардем одамиро, ки ба падару модари худ некӣ кунад, вале агар саъй кунанд, то ширк орӣ ба ман чизеро, ки туро ба ҳақиқати он донише нест, пас эшонро итоат макун. Ва зоҳир аст, ки мурод аз ширк бединӣ ва бетоатӣ ва аз Ҳақ ғофил мондан аст. Пас, агар волидайн ба коре, ки сабаби ғафлат аз Ҳақ шавад ва аз тоати ӯ Таъоло боздорад ва ба ҳаром бикашонад, фарзандро итоат аз онон ва иҷобат ба эшон лозим нест. Ва чунин ҳам нест, ки ояти мавриди назар танҳо нозир ба ширк буда ва шомили соири гуноҳон нашавад. Яъне фақат дар мавриди ширк итоат макун, аммо агар амр ба қатли шахсе кунанд, ё ба роҳзанӣ фармоянд ё ба дигар наҳйҳои шаръӣ иҷобат намой. Чунин нест. Ва албатта ҳукм ин аст, ки дар ҳеч амри мухолифи шаръ ва мурувват итоати эшон мафармой.

6. Ва дигар дар сураи Луқмон аст, ки фармуда:

وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ. وَإِن جَاهَدَاكَ عَلى أَن تُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا وَصَاحِبْهُمَا فِي الدُّنْيَا مَعْرُوفًا وَاتَّبِعْ سَبِيلَ مَنْ أَنَابَ

(Ва инсонро дар бораи падару модараш суфориш кардем, модараш ба ӯ бордор шуд сустӣ бар рӯйи сустӣ ва аз шир бозгирифтанаш дар ду сол аст. (Оре, ба ӯ суфориш кардем), ки: шукргузори ман ва падару модарат бош, ки бозгашти ҳама ба сӯйи ман аст. Ва агар туро водоранд, то дар бораи чизе, ки туро ба он донише нест, ба ман ширк варзӣ, аз онон фармон мабар, вале дар дунё ба хубӣ бо онон муошират кун ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки тавбакунон ба сӯйи ман бозмегардад… (Сураи Луқмон, оятҳои 14 ва 15))

Дар ин оят низ васият ба эҳсони волидайн ва наҳй аз итоати эшон дар амри ғайримашрӯъ ва мусоҳибати эшон ба некӣ ва пайравӣ аз каломи он, ки дар роҳи ҳақ ва савоб бошад шуда, ба далели:

الطفل يتبع خير الأبوين 

(Кӯдак аз некӯтари ҳар як аз волидайн пайравӣ мекунад.) Валекин баъзе муфассирон замири “أناب” (тавабакунон ба сӯйи ман бозмегардад)-ро ба ҳазрати Паёмбар (с) ё Сиддиқи Акбар (р) роҷеъ дониста. Дар ин ҷо барои эҳсон ва некӣ ба волидайн иллат баён шуда, то гумон наравад, ки амр ба эҳсон бе ваҷҳ бошад. Ва бордор будан ва аз шир бозгирифтан, ба унвони иллат барои эҳсон зикр гардида. Яъне эҳсони фарзанд дар муқобили ранҷи волидайн аст, то миннат наниҳад бар эшон. Ва ин таъкид аст дар некӣ ба волидайн ва зиёдатии ҳаққи онҳо ва тақдими онҳо бар соири соҳибони ҳақ, ва ин, сабаби суқути ҳуқуқи дигарон мешавад вақте фарзанд аз адои ҳаққи ҳамагон оҷиз ва нотавон бошад.

7. Ва низ дар сураи Аҳқоф омада:

وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ إِحْسَانًا حَمَلَتْهُ أُمُّهُ كُرْهًا وَوَضَعَتْهُ كُرْهًا وَحَمْلُهُ وَفِصَالُهُ ثَلَاثُونَ شَهْرًا حَتَّى إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَرْبَعِينَ سَنَةً قَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي

(Ва инсонро нисбат ба падару модараш ба эҳсон суфориш кардем, модараш бо таҳаммули ранҷ, ба ӯ бордор шуд ва бо таҳаммули ранҷ ӯро ба дунё овард ва бор бардоштан ва аз шир гирифтани ӯ сӣ моҳ аст, то он гоҳ ки ба рушди комили худ бирасад ва ба чиҳил сол бирасад, мегӯяд: Парвардигоро! Бар дилам бияфкан то неъматеро, ки ба ман ва ба падару модарам арзонӣ доштаӣ, сипос гӯям ва кори шоистае анҷом диҳам, ки онро хуш дорӣ ва фарзандонамро бароям шоиста гардон… (Сураи Аҳқоф, ояти 15))

Баъзе аз муфассирон ин оятро дар шаъни Сиддиқи Акбар (р) медонанд, ки шаш моҳ дар шиками модар буд ва ду соли тамом шир хӯрд ва ҳаждаҳсола буд, ки ба хидмати ҳазрати Паёмбар (с) расида, дар сафару ҳазар рафиқ гашт, ва чун чиҳилсола шуд, ин дуо бархонд. Ва асари иҷобати дуо буд, ки духтараш Оиша (р) модари мӯъминон гашт ва писараш Абдураҳмон ва Абӯатиқ мусалмон буданд. Ва авлоди ӯ то ин замон ҳама муттасиф ба салоҳ ва дурусткорӣ ҳастанд.

Мазмуни ин оят низ айнан ҳамон мазмуни ояти собиқ аст дар иллати эҳсон. Ва чун васиятшаванда дар ҳар ду оят инсон аст, албатта, инсони комил мурод аст, чун расулу набӣ ё авлиёи эшон ҳамчун Сиддиқи Акбар (р), на авомми чорпомонанд, ки лоиқи хитоби қудсӣ нестанд.

Пас, маънӣ чунин мешавад, ки: эй Расул ва эй Набӣ! Ба волидайни худ шукр гӯй ва эҳсон намо, ки сабаби вуҷуд ва маърифат ва имону яқини ту онҳо ҳастанд. Ва ба сабаби таҳорат ва покизагии онҳост, ки ба мақоми қурби илоҳӣ ноил гардидӣ ва мавриди лутфҳо ва иноятҳо ва хитобҳои мо қарор гирифтӣ, ки онҳо дар тарбияти ту ранҷҳо таҳаммул намуданд, аз ин рӯ, шоистаи эҳсон ва икроманд.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Ривоят ба ин сурат аст:

يُؤْتَى بِالْوُلَاةِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَيَقُولُ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ أَنْتُمْ كُنْتُمْ رُعَاةَ خَلِيقَتِي وَخَزَنَةَ مُلْكِي فِي أَرْضِي ثُمَّ يَقُولُ لِأَحَدِهِمْ لِمَ ضَرَبْت عِبَادِي فَوْقَ الْحَدِّ الَّذِي أَمَرْت بِهِ فَيَقُولُ يَا رَبِّ لِأَنَّهُمْ عَصَوْك وَخَالَفُوك فَيَقُولُ لَا يَنْبَغِي أَنْ يَسْبِقَ غَضَبُك غَضَبِي ثُمَّ يَقُولُ لِأَحَدِهِمْ لِمَ عَاقَبْت عِبَادِي أَقَلَّ مِنْ الْحَدِّ الَّذِي أَمَرْت بِهِ فَيَقُولُ يَا رَبِّ إنِّي رَحِمْتهمْ فَيَقُولُ تَعَالَى كَيْفَ تَكُونُ أَرْحَمَ مِنِّي خُذُوا الَّذِي زَادَ وَاَلَّذِي نَقَصَ فَاحْشُوا بِهِمَا زَوَايَا جَهَنَّمَ

“Рӯзи қиёмат волиён оварда мешаванд, пас Худованд Азза ва Ҷалла гӯяд: Шумо сарпарасти бандагони ман ва хазонадори мулки ман дар замин будед. Сипас ба яке аз онон гӯяд: Барои чӣ бандагони маро беш аз ҳадде, ки барояшон муқаррар карда будам, задӣ? Гӯяд: Парвардигоро! Барои он ки туро нофармонӣ ва мухолифат карданд. Худованди Мутаъол фармояд: Сазовор нест хашми ту бар хашми ман пешӣ гирад. Сипас ба яке дигар аз волиён гӯяд: Чаро бандагони маро ба камтар аз миқдоре, ки муқаррар намуда будам, муҷозот кардӣ? Гӯяд: Парвардигоро! Ман бар эшон раҳм кардам. Он гоҳ Худованд фармояд: Оё меҳрубонтар аз ман ҳастӣ? Бигиред онро, ки афзуда ва онро, ки коста ва ба ҷаҳаннам андозед.” (Маъолимул-қурба фи талабил-ҳисба, 1/286, Ашшомила) Ин ривоят аз Ҳузайфа (р) аст, ки дар Канзул-уммол, Ҷамъул-ҷавомеъ, Ҷомеъул-аҳодис ва Итҳофул-хияр низ бо камтар ихтилоф дар лафз ворид шуда.

(2) Зоҳиран ишора ба ин ҳадис аст, ки:

قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ تَصَدَّقُوا قَالَ رَجُلٌ عِنْدِي دِينَارٌ قَالَ تَصَدَّقْ بِهِ عَلَى نَفْسِكَ قَالَ عِنْدِي دِينَارٌ آخَرُ قَالَ تَصَدَّقْ بِهِ عَلَى زَوْجِكَ قَالَ عِنْدِي دِينَارٌ آخَرُ قَالَ تَصَدَّقْ بِهِ عَلَى وَلَدِكَ قَالَ عِنْدِي دِينَارٌ آخَرُ قَالَ تَصَدَّقْ بِهِ عَلَى خَادِمِكَ قَالَ عِنْدِي دِينَارٌ آخَرُ قَالَ أَنْتَ أَبْصَرُ

“Паёмбар (с) фармуданд: Садақа бидиҳед. Марде гуфт: Ман як динор дорам. Фармуд: Онро барои худат харҷ кун. Гуфт: Диноре дигар дорам. Фармуд: Барои ҳамсарат харҷ намо. Гуфт: Боз ҳам диноре дигар дорам. Фармуд: Барои фарзанди худ харҷ кун. Гуфт: Боз ҳам як динори дигар дорам. Фармуд: Барои ходими хеш харҷ кун. Гуфт: Боз ҳам диноре дигар дорам. Фармуд: Дигар ту худат бинотар ҳастӣ. (Яъне, бибин, чӣ касе назди ту аз ҳаққи бештаре бархӯрдор аст, барои ҳамон харҷ кун.) (Муснади Аҳмад, 15/153, Ашшомила))

* * *

Матни аслӣ:

Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо (6)

Чун ҳақиқати амр бишинохтӣ, як мисол ба тавсиъа тақдир кунем, ки марде ғанист ва моли мерос, ё ба ваҷҳи маснун касбе мекунад, ки дахли ӯ дар соле ду ҳазор дирам аст, ё бино бар аҳлият ин маблағ ба тариқи идрор аз байтулмоли султон бад-ӯ мерасад.

Ва ин мард бад-ин маблағ молику мутасарриф аст, зане дорад ва фарзандею ходиме. Агар ахзи мартабаи кафоф кунем, маоши ҳар кадом ба дусад дирамӣ тамом мешавад. Пас, ҳалол ва беҳисоб дахли ин мард ҳаштсад дирам бувад ва ҳазору дусад дирами мобақӣ ҳаққи абавайн ва ҳамсояву ақрабо ва айтому масокин бошад ва ғайруҳум ба қадри кафоф, ё садди ҷӯъ то куҷо, ки мунтаҳӣ шавад: “ал-ақрабу фалил-ақраб”.

Пас, агар ин мард ҳазор дирам бар нафси худ инфоқ кунад ва ҳазор дирам ба абавайн ё понсад ба абавайн диҳаду понсад захира ниҳад, дар ҳуқуқи арбоби истеҳқоқ ғадр карда бувад индаллоҳ ва индашшаръ. Бо он ки ваҷҳ ҳалол аст, золим бувад дар нафси худ ва муставҷиби бозхост гардад ва дар маърази ҳисобу хитобу итоб афтад, магар ки ҳуқуқи арбоби истеҳқоқ ало маротибиҳим ба тасвия бахш кунад. Ва ин сурат набандад, магар дар фақр, ки марди мутамаввил дарвешсират бувад ва зару хок назди ӯ яксон бошад. Пас, агар аз ин мард дар явмулҳисоб суол кунанд, ки “ҳаштсад дирам кафофи аҳлу аёли ту бувад, чаро ҳазор дирам сарф кардӣ, ё нафақаи абавайни ту чаҳорсад дирам бувад, чаро понсад дирам додӣ, ё чаро ин маблағ захира кардӣ ва ба соҳибони ҳуқуқ нарасонидӣ?” Мард аз ҷавоб оҷиз ояду тан ба хусрону зиён дардиҳад. Ва маънии “ҳалолуҳо ҳисоб” ин аст, ки бар инфоқи зиёда аз садди ҷӯъ мутолабат кунад. Ва аммо дар ҳаром ҳеч ҳисоб дар кор набувад ва ҷазои он ҷаҳаннам бошаду бас.

Дар хабар аст, ки рӯзи растохез ҷамъе аз вулотро биёваранд, ғулҳо ба гардан кашида ва аз эшон пурсанд, ки “фалон ҷарима ин ҳадд дошт ва фалон исм ин таъзир. Шумо чаро ҷое, ки бисёр буд, кам кардед?” – Гӯянд: “Мо бар бандагони ту раҳм овардем”. Ва боз пурсанд, ки “чаро ҷое, ки кам буд, бисёр кардед?” – Гӯянд: “Ба сабаби исёни ту бар ӯ хашм гирифтем. Гӯянд: “Чаро хашму раҳми шумо бар хашму раҳми мо пешӣ гирад?” – Бигиред онро, ки биафзуд ва бигиред онро, ки бикост ва дар ҷаҳаннам андозед ва ин муҷримро маоф доред”.

Пас, дар сурати юсри муҷаррад ризои абавайн муфзӣ ба наҷот набошад, то риояти ҳуқуқи тамоми аҳли истеҳқоқ накунад. Ва хушнудии абавайн бо мухолифати марзии офаридгор ҳеч суде набахшад, лиқавлиҳи алайҳис-салом: “Ло тоата лил-махлуқи фи маъсиятил-холиқ”.

Ва он чи дар насс амр ба эҳсони абавайн шуда, яке дар сураи Бақара (аст), қавлуҳу Таоло:

Ва из ахазно мисоқа Бани Исроила ло таъбудуна иллаллоҳа ва билволиданйи эҳсонан ва зилқурбо валятомо вал-масокини ва қулу линноси ҳуснан ва ақимус-салота ва отуззакота” (Ал-оя).

Дар ин оят, агарчӣ мухотаб Бани Исроиланд дар зоҳир, аммо маънан ин уммат мухотабанд, ки “ҷуз Худойро напарастед ва ба волидайну хешони наздик ва ятимону бечорагон некӯӣ ва эҳсон ба ҷо оред ва мардумонро сухани хуш гӯед, то сабаби дӯстӣ ва улфат шавад ва ҳикмати тамаддуну таовун барҳам нахӯрад ва намоз ба пой дореду закоти мол бидиҳед, то дар миёни шумо мискин намонад ва расми суол дар миёни шумо набошад. Ва маълум аст, ки дар амр ба эҳсон муфоди ин оят омм аст ва махсус ба волидайн нест. Ғоят он ки аз ҷиҳати ақрабият тақдим додаанд бар соири арбоби ҳуқуқ.

Дигар, қавлуҳи Таоло: “Қул мо афнақтум мин хайрин фалил-волидайни вал-ақрабина вал-ятомо вал-масокини ваб-нис-сабили”. Ин оят низ дар сураи Бақара аст.

Яке аз саҳоба аз миқдори нафақа пурсид, ки “мол дорам, чӣ чиз нафақа кунам?” Ҷавоб дар баёни масраф омад, “чӣ инфоқ вақте мӯътамадун беҳ” бувад, ки дар маҳалли худ воқеъ шавад.

Пас мавриди инфоқ аввалан абавайн бошанд, аз ҷиҳати қурбати томм, ки мардро баъд аз нафси ӯ волидайн қарибтаранд, пас хешони наздик ҷиҳати силаи раҳм, пас бепадарони сағир, ки қодир бар иктисоб нестанд, шафқати абнои ҷинсро, пас мискинон, ки моддаи маошу иктисоб надоранд ҷиҳати таовун, пас мусофирону гузарандагони роҳро, ки хабари раҳмату раъфати абнои ҷинсро ба олам баранд, то сабаби ҷамъият гардад. Муфоди амр ба эҳсон дар ин оят низ омм аст.

Дигар дар сураи Нисо воқеъ шуда, қавлуҳу азза исмуҳ: “Ваъбудуллоҳа ло тушрику биҳи шайъан ва бил-волидайни эҳсонан ва ва би зил-қурбо вал-ятомо вал-масокини вал-ҷори зил-қурбо вал-ҷорил-ҷунуби вас-соҳиби билҷанби ваб-нис-сабили ва мо малакат аймонукум”. (Ал-оя).

Дар ин оят низ амр ба парастиши зоти ақдас ва наҳй аз ширк шуда ва ба эҳсон ба волидайн ва хешовандон ва шафқат бар айтому масокин ва тараҳҳум бар ҳамсояи хешон ё ҳамсояе, ки хеш бувад. Ва ҳамсояи бегона ва ҳамсӯҳбатон аз руфақои ҳазару сафар ва ионат бар роҳгузариён ва тараффуҳу тафаққуд бар ҳоли ғулому ҷаворӣ ва ходим.

Ва дар тақдими ибодату адами ширк ишораи латиф аст бар ин, ки чун банда ба ибодати офаридгори Таъоло шуғл гирад, ҳамаи ин ҳуқуқ аз гардани ӯ соқит аст, зеро ки ибодати ҳаққа бе тарку таҷрид сурат набандад. Аз шахси муҷаррад аз алоиқ ҳеч оқиле ҳақталабӣ накунад, магар дуои хайр. Ва алиёзу биллоҳ, ки агар аз ибодати холиқи худ сар боз занад ва рӯй ба ғайр оварад ва ба дунё майл кунад, арбоби ҳуқуқ ба доманаш овезанду ҳақталабӣ кунанд. Эй турфа, адои ҳеч ҳуқуқ ӯро ба наҷоту фалоҳ нарасонад, чи аввал суол аз ӯ аз имону амал бувад ва тоати холис.

Пас, таъхири парастиши Эзид Таоло ва Тақаддаса ба мулоҳизаи риояти ҳуқуқи ғайр ҳеч тадоруки “мо фота минал-ибодати” накунад. Пас, агар аз ӯ суол равад, ки “туро чӣ бар он дошт, ки аз ибодати мо сар боззанӣ ва ба ҷамъи дунё машғул шавӣ ва хизмати гову хар кунӣ ва ушру закот ба залама диҳӣ, ки ба воситаи он фисқ кунанд, ё ба касоне диҳӣ, ки дар маъсият сарф кунанд? Ва ҳол он ки мо ризқи ту ва ғайри туро худ мутакаффил будем”; ба муфоди: “Ва мо мин доббатин илло алаллоҳи ризқуҳо”.

Ту ба он ризқи моякфӣ қаноат нанамудӣ ва ба қавли мо эътимод наёвардӣ ва муткаффили ризқи дигарон гаштӣ. Мо туро гуфтем: “Ибодат кун”, ту тиҷорату зироат кардӣ. Дар ин мавқеъ хеле тамошоҳо ба кор равад, ки агар касеро фурсат диҳанд, бубинад, чӣ аз ӯ пурсанд, ки “чаро ин намоз ба зиён бурдӣ?” – Гӯяд, ки “Кунҷора дар охури гов ниҳодам”.

Суол аз куҷову ҷавоб аз куҷо,

Тафовут бубин аз куҷо то куҷо.

* * *

Гар офият аст, гар шикаст аст ин ҷо,

Аз соғари аъмоли ту маст аст ин ҷо,

Дастат гирад касе, ки дасташ гирӣ,

Музди ҳама кас даст ба даст аст ин ҷо.

Дигар дар сураи Бани Исроил, қолаллоҳу Субҳонаҳу: “Ва қазо раббука анло таъбуду илло ийёҳу ва бил-волидайни эҳсонан иммо яблуғанна индакал-кибара аҳадуҳумо ав килоҳумо фало тақул лаҳумо уффин ва ло танҳарҳумо ва қул лаҳумо қавлан кариман вах-физ лаҳумо ҷаноҳаз-зулли минар-раҳмати ва қул раббир-ҳамҳумо камо раббаёнӣ сағиран”.

Дар ин оят низ баъд аз наҳй аз ширк ва амр ба ибодати зоти ақдас, амр ба эҳсони волидайн шуда. Ва чун навъи эҳсон фаровон аст, кадом навъ бояд? Мефармояд, ки агар пеши ту яке аз абавайн ё ҳарду пир шаванду мӯҳтоҷи хидмати ту шаванд, эшонро аз ҷиҳати тааби хизмат “уф” магӯ ва дилтанг машав, зеро ки калимаи “уф” дар мавриди кӯфтагӣ ва дилгирӣ ба забон ояд. Ва бар эшон овоз бармадору бонг мазан. Ва сухан бо эшон ба мулоимату нармӣ гӯй. Ва паст дор бар эшон болҳои шафқату марҳамат, чунон ки туро эшон дар сиғари син он чунон медоштанд ва ба зери боли худ туро парвариш карданд. Ва бигӯ ва дуо кун, ки “эй парвардигори ман, бубахшой бар эшон, ҳамчунон ки парварданд маро дар сиғари синну овони туфулият, ки оҷиз будам дар дафъи мазорру ҷалби манофеъ.

Ва пас аз ин меояд қавлуҳу Таъоло: “Ва оти зил-қурбо ҳаққаҳу вал-мискина ваб-нас-сабили”. (Ал-оя). Ва чун ин оёт низ махлут ба ҳуқуқи абнои ҷинс аст, зоҳир аст, ки ҳамаи абнои ҷинс дар он умур шариканд ва тафсил дар мавриди абавайн аз ҷиҳати авлавияти эшон бошад. Ғоят он ки ба мулоҳизаи ухувват бародари муслиминро мегӯяд: “Раббирҳамҳум камо аонунӣ кабиран”. Яъне тариқи эҳсон ба ҳамаи бародарони мусулмон – ҳамин аст шарти иртиботу муҳаббат ва ободии тамаддунро. Ва дар сураи Анкабут ворид аст қавлуҳу Таъоло: “Ва вассайнал инсона би волидайҳи ҳуснан ва ин ҷоҳадока литушрика би мо лайса лака биҳи илмун, фало тутиъҳумо”. Яъне амр кардем одамиро, ки ба падару модар некӯӣ ба ҷо орад ва агар ҷаҳд кунанд абавайн, ки то ширк орӣ ба ман дар он чӣ нест туро ба ҳақиқати он донише, пас эшонро итоат макун. Ва зоҳир аст, ки мурод аз ширк бединӣ ва бетоатист ва аз Ҳақ ғофил мондан. Пас, агар абавайн ба коре, ки сабаби ғафлат аз Ҳақ шавад ва аз тоат боздорад ва ба илтизоми муҳаррамот орад, фарзандро таклиф кунанд, итоат ва иҷобат лозим наёяд. Ва иҷмол дар маҳалли тафсил ифодаи ҳазар кунад. Яъне дар ширк итоат макун, аммо агар амр ба қатли шахсе кунанд, ё ба қатъи роҳ фармоянд ё ба дигар манҳиёт иҷобат намой. Ва албатта ҳукм ин аст, ки дар ҳеч амри мухолифи шаръу мурувват итоати эшон мафармой.

Ва (дигар) дар сураи Луқмон ворид шуда: “Ва вассайнал инсона би волидайҳи ҳамалатҳу уммуҳу ваҳнан ало ваҳнин ва фисолуҳу фи омайни ва анишкур ли ва ли волидайка илайял-масир. Ва ин ҷоҳадока ало ан тушрика би мо лайса лака биҳи илмун, фало тутиъҳумо ва соҳибҳумо фид-дунё маъруфан ват-табиъ сабила ман аноба илайя”.

Дар ин оят низ васият ба эҳсони абавайн ва наҳй аз итоати эшон дар амри ғайримашрӯъ ва мусоҳабат ба эшон ба тариқи маъруф ва сутуда ва иттибоъ ба тариқи ҳар калом, ки дар роҳи ҳақ ва савоб бошад, ба муфоди “Аттифлу яттабиъу хайрал-абавайн”. Лекин баъзе муфассирин замири “аноба”-ро ба он сарвар ё сидиқи акбар роҷеъ доштанд, дар ин ҷо барои эҳсон иллат ва боис баён рафта, то гумон наравад, ки амр ба эҳсон бе ваҷҳ бошад ва бар муфт. Ва ҳол он ки эҳсон беиваз ва дар ин ҷо иваз низ мавҷуд аст, ки ҳамлу фисол бошад. Яъне эҳсони фарзанд дар муқобили ранҷи абавайн афтад, то миннат наниҳад бар эшон. Ва ин таъкид аст дар некӯӣ ба абавайн ва зиёдатии ҳаққи онҳо ва тақдими онҳо бар аҳли истеҳқоқ ва ин сабаби суқути ҳуқуқи ғайр мешавад назди аҷзи нафақа аз кулл.

Ва дар сураи Аҳқоф омада, қавлуҳу азза ман қол: “Ва вассайнал инсона би волидайҳи эҳсонан ҳамалатҳу уммуҳу курҳан ва вазаъатҳу курҳан ва ҳамлуҳу ва фисолуҳу салосуна шаҳран ҳатто изо балаға ашуддаҳу ва балаға арбаъина санатан қола раббӣ авзиънӣ ан ашкура ниъматакал-лати анъамта алайя ва ало волидайя ва ан аъмала солиҳан тарзоҳу ва аслиҳ ли фи зуррийятӣ…” илал-охир.

Муфассирони хос ин оятро барои Сиддиқи Акбар медонанд, ки шаш моҳ дар шиками модар буд ва ду соли тамом шир хӯрд ва ҳаждаҳсола буд, ки ба хидмати он сарвар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расида, дар сафару ҳазар рафиқ гашта. Ва чун чиҳилсола шуд, ин дуо бархонд ва асари иҷобати дуо буд, ки духтараш Оиша (разияллоҳу тало анҳо) уммулмӯъминин гашт ва писараш Абдураҳмон ва Абӯатиқ мусулмон буданд. Ва авлоди ӯ то ин замон ҳама муттасиф ба салоҳу садоданд. Муфоди ин оят низ биайниҳи ҳамон муфоди ояти собиқ аст дар иллати эҳсон. Ва чун мусо-беҳ дар ҳар ду оят инсон аст, албатта, инсони комил мурод аст, чун расулу набӣ, ё авлиёи эшон ҳамчун Сиддиқи Акбар на авоми калъаном, ки онҳо на лоиқи хитоби қудсианд.

Пас, маънӣ чунин мешавад, ки “эй расул ва эй набӣ, ба волидайни худ шукр гӯй ва эҳсон намо, ки сабаби вуҷуд ва маърифат ва имону ийқони ту онҳо гаштанд. Ва ба таҳорати онҳо истеҳқоқи тақарруби даргоҳи мо ёфтӣ ва мавриди алтоф ва хитобу инояти мо шудӣ, ки онҳо дар тарбияти ту ранҷҳо таҳаммул намуданд, пас, мӯҷиби эҳсон ва икроманд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: