Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (36) – Шафоат (4)

Шафоат азони Худост

Фарқи асосии шафоати саҳеҳ бо шафоати ботил дар ин аст, ки дар шафоати саҳеҳ Худованд барангезонандаи васила яъне шафеъ аст. Ва дар шафоати ботил гуноҳкор барангезонандаи ӯст.

Дар шафоатҳои ботил — ки намунаи он дар дунё вуҷуд дорад – шафеъ, сифати васила буданро аз ноҳияи муҷрим касб кардааст; зеро ӯст, ки василаро барангехта ва ба шафоат водор кардааст. Вале дар шафоатҳои саҳеҳ васила будани шафеъ аз ноҳияи Худост. Худост, ки василаро васила қарор додааст.

Ба иборати дигар: дар шафоати ғалат шафеъ таҳти таъсири гуноҳкор қарор мегирад ва Худованд таҳти таъсири шафеъ қарор мегирад, вале дар шафоати саҳеҳ баръакс аст. Яъне Худованд иллати муассир дар шафеъ аст ва шафеъ таҳти таъсири ӯ ва ба хости ӯ, дар гуноҳкор муассир воқеъ мешавад. Силсилаҷунбони раҳмат, дар навъи ғалати шафоат, гуноҳкор аст ва дар навъи саҳеҳи он, Худост.

Оятҳое аз Қуръони Карим, ки мегӯяд, имкон надорад шафоат бидуни “изни Худо” (иҷозати Худо) сурат бигирад, нозир ба ҳамин нукта аст; махсусан дар ин бора таъбире фавқулъода ҷолиб ва аҷиб дорад, ки мефармояд:

قُل لِّلَّهِ الشَّفَاعَةُ جَمِيعًا

Бигӯ: шафоат яксара азони Худост.” (Сураи Зумар, ояти 44)

Ин оят дар камоли сароҳат шафоат ва висотатро таъйид мекунад ва дар камоли сароҳат ҳамаи шафоатҳоро аз Худо ва мутаъаллиқ ба Худо медонад; зеро Худост, ки шафеъро шафеъ қарор медиҳад.

Бурҳони ин матлаб аз лиҳози ақлӣ ин аст, ки дар фалсафаи илоҳӣ собит шудааст, ки “воҷибулвуҷуди биззот воҷиб аз ҷамиъи ҷиҳот аст”, яъне ҳамон тавре ки воҷибулвуҷуд дар зоти худ маълули ғайр нест, дар сифот ва афъоли худ низ имкон надорад, ки таҳти таъсири иллате қарор гирад. Ӯ муассири маҳз аст ва аз ҳеч чизе инфиъол ва таассур пайдо намекунад.

* * *

Аз он чӣ гуфтем, нуктае олӣ ва муҳим дар тавҳиди улуҳият (ибодат) ба даст меояд. Он нукта ин аст, ки дар тавассул ба анбиё ва авлиё ва талаби шафоат аз онон, аввал бояд таҳқиқ кард, ки ба касе ва аз касе бошад, ки Худованд ӯро васила қарор додааст. Қуръони Карим мефармояд:

 یا أَیُّهَا اَلَّذِینَ آمَنُوا اِتَّقُوا اَللّهَ وَاِبْتَغُوا إِلَیْهِ اَلْوَسِیلَةَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Худо парво кунед (тақвои ӯро пеша намоед) ва ба ӯ васила ҷӯед…” (Сураи Моида, ояти 35)

Ба таври куллӣ, тавассул ба васоил ва асбоб, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Худост, ки сабабро офаридааст ва Худост, ки сабабро сабаб қарор додааст ва Худост, ки аз мо хостааст аз ин васоил ва асбоб истифода кунем, ба ҳеч ваҷҳ ширк нест, балки айни тавҳид аст. Дар ин ҷиҳат, ҳеч фарқе миёни асбоби моддӣ ва асбоби руҳӣ, миёни асбоби зоҳирӣ ва асбоби маънавӣ, миёни асбоби дунявӣ ва асбоби ухравӣ нест; бо ин тафовут, ки асбоби моддиро аз рӯйи таҷриба ва озмоиши илмӣ метавон шинохт ва фаҳмид, ки чӣ чиз сабаб аст. Вале асбоби маънавиро аз тариқи дин, яъне аз тариқи ваҳй ва аз тариқи китоб ва суннат бояд кашф кард.

Сониян, ҳангоме ки инсон мутавассил мешавад ё талаби шафоат мекунад, бояд таваҷҷӯҳаш ба Худо ва аз Худо ба васила ва шафеъ бошад, зеро чунон ки гуфтем, шафоати саҳеҳ он аст, ки Худованд шафеъро барангехтааст барои шафоат. Ва чун Худо хоста ва ризоят додааст, шафеъ шафоат мекунад. Бар хилофи шафоати ботил, ки таваҷҷӯҳи аслӣ ба шафеъ аст, то асар бар рӯйи соҳиби қудрат (масалан, Худованд) бигузорад, аз ин рӯ муҷрим дар ин вақт ҳамаи таваҷҷӯҳаш ба шафеъ аст, ки биравад бо қудрат ва нуфузе, ки дар Худо дорад ӯро розӣ гардонад. Пас, агар таваҷҷӯҳи асил ба шафеъ бошад ва аз ноҳияи таваҷҷӯҳ ба Худо пайдо нашуда бошад, ширк дар ибодат хоҳад буд.

Феъли Худо дорои низом аст. Агар касе бихоҳад эътино ба низоми офариниш надошта бошад гумроҳ аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованди Мутаъол гуноҳкоронро иршод фармудааст, ки ба назди Расули Акрам (с) бираванд ва илова бар ин, ки худ талаби мағфират мекунанд, аз он бузургвор бихоҳанд, ки барои эшон талаби мағфират кунад. Қуръони Карим мефармояд:

 وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذ ظَّلَمُواْ أَنفُسَهُمْ جَآؤُوكَ فَاسْتَغْفَرُواْ اللّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُواْ اللّهَ تَوَّابًا رَّحِيمًا

Ва агар эшон ҳангоме ки (бо иртикоби гуноҳ) ба худ ситам карданд, назди ту меомаданд ва аз Худо омурзиш мехостанд ва Паёмбар ҳам барои эшон талаби мағфират мекард, Худоро тавбапазири меҳрубон меёфтанд.” (Сураи Нисо, ояти 64)

Хулоса:

1. Ҳамон тавре ки эътиқод ба мағфирати Худо мӯҷиби ҷуръат пайдо кардани банда ба анҷоми гуноҳ намегардад ва танҳо эҷоди умедворӣ мекунад, эътиқод ба шафоат ҳам мӯҷиби ташвиқ ба гуноҳ нест. Таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки шарти шумули мағфират ва шафоат, машиати Худо ва ризои ӯст равшан мекунад, ки асари ин эътиқод то ин андоза аст, ки дилҳоро аз яъс ва навмедӣ наҷот медиҳад ва ҳамвора байни хавфу раҷо нигаҳ медорад;

2. Шафоат бар ду навъ аст: ботил ва саҳеҳ. Иллати ин ки дар бархе аз оёти Қуръони Карим шафоат мардуд шинохта шуда ва дар бархе дигар исбот шудааст, вуҷуди ду навъ тасаввур аз шафоат аст. Қуръони Карим хостааст зеҳнҳоро аз шафоати ботил мутаваҷҷеҳи шафоати саҳеҳ бикунад;

3. Дар шафоати саҳеҳ тасаввури ин ки Худо таҳти таъсир қарор гирад вуҷуд надорад; зеро шафоати саҳеҳ ҷараёнест аз боло ба пойин, на аз пойин ба боло;

4. Дар шафоат ва ҳамчунин дар мағфират, истисно вуҷуд надорад. Раҳмати Парвардигор номаҳдуд аст ва ҳар ки маҳрум аст, аз он ҷиҳат аст, ки қобилиятро ба куллӣ аз даст додааст. Яъне маҳрумият аз ноҳияи қобил аст.

* * *

Дар қисмати баъдӣ, роҷеъ ба “дархости шафоат” баҳс мешавад ва ба дидгоҳи салафият дар ин маврид посух дода хоҳад шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: