Баррасии иддаъои дигари “рӯшанфикрони” навини тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар идомаи нақду баррасии идаъаоҳое, ки ҷаноби Шодибой Атоев дар вокуниш ба изҳори назарҳои дуктур Абдуссалом Одиназода матраҳ кардааст — ва гуфтем, ки ҳикоят аз навъе яксӯнигарии эшон ва ҳамандешони ӯ мекунад — дар ин ҷустор ба баррасии яке дигар аз иддаъоҳои эшон мепардозем.

Мавриди чаҳорум:

Эшон иддаъо мекунад, “ҷаҳони ислом ваҳшигарӣ ва зӯргӯиҳои мусалмонҳоро нишони “хиради Аллоҳ” медонад, ки дар Қуръон омадааст”.

Росташ, маълум нест манзури эшон аз “ваҳшигарӣ ва зӯргӯиҳои мусалмонон” – ки тоза, ба иддаъои эшон, дар Қуръон ҳам омада будааст – чист?!

Агар муроди эшон рафтор ва кирдори гурӯҳе хосс аз мусалмонон бошад, равшан аст, ки ҳаргиз ба гардани ислом бор намешавад; зеро меъёри доварӣ ва қазоват дар бораи як дин – ҳар дине, чӣ ислом бошад ва чӣ масеҳият, чӣ яҳудият бошад ва чӣ зартуштӣ – манобеи он аст, на сулуки пайравонаш. Чун агар қарор бар ин бошад, ки рафтори пайравони дин ё мактаберо меъёри доварӣ дар бораи омӯзаҳои он қарор бидиҳем, дар ин сурат ҳеч дине ваҳшитар аз масеҳият ва ҳеч мактабе зӯргӯйтар аз мактаби либеролизм нахоҳад буд. Таваҳҳуше, ки пайравони ойини масеҳият дар қуруни вусто ба номи дин ҳангоми юриш ба сарзаминҳои исломӣ ва бахусус Фаластин — ки дар торих ба номи “ҷангҳои салибӣ” маъруф аст – ба намоиш гузоштаанд, назир надорад ва ин лаккаи нанг ҳанӯз аз пешонии онон пок нашуда. Ва зӯргӯиҳое, ки пайравони мактаби либеролизм аз қарнҳои 17 ва 18 ва то ба имрӯз нисбат ба миллатҳои ҷаҳони севвум карда (ва мекунанд), дар торих собиқа надорад. Аммо ҳеч оқиле дар ин дунё на рафтори теруристҳои салибиро бар гардани ойини масеҳият ва таълимоти ҳазрати Масеҳ (а) бор мекунад ва на кирдори истеъморгаронро бар ӯҳдаи мактаби либеролизм мегузорад.

* * *

Ва ҳатто бар фарз агар сулуки пайравонро ойинаи дин ё мактабе хосс бидонем, боз ҳам дар қазоват набояд аҷала кунем. Тавзеҳ он ки: довариҳои мо инсонҳо дар бораи ҳар падида, ғолибан бо таваҷҷӯҳ ба мақтаи замонии хоссе, ки дар он зиндагӣ мекунем аст, аз ин рӯ дар қазоват дар бораи як падида вазъи он дар замони худамонро дар назар мегирем. Ва ин гуна қазоват дуруст нест.

Ҳол, агар қарор бар ин бошад, ки сулук ва рафтори пайравонро меъёри доварӣ қарор бидиҳем, пас, муқтазои инсоф ин аст, ки рафтори онҳо дар кулли умри он дин ва ё мактабро меъёр қарор бидиҳем, на сулуки эшон дар як замони муайянро, чунон ки имрӯза дар мавриди мусалмонон ин корро мекунанд.

Хуб, ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба умри 1400 солаи ислом, бибинем пайравонаш дар ин муддат чӣ вазъе доштаанд?! Оё ҳамеша корашон ҷангу хунрезӣ будааст ва “ваҳшоният” вижагии онҳо?!

Инҷо намехоҳам сухани як мусалмонро бароятон биёварам, то бигӯед, сухани мусалмон дар бораи ойини худаш ҳуҷҷат нест, балки ба сухани як муаррих ва файласуфи комилан бетараф истинод мекунам.

Ибтидоан лозим аст ин нуктаро арз бикунам, бар касе пӯшида нест, ки ҷангу куштору хунрезӣ, дар сад соли ахир (қарни 20-ум), беш аз ҳар замоне дигар аз торихи башарият будааст. Ду ҷанги ҷаҳонӣ ва хонумонсӯз, ки беш аз 70 милюн (ё бештар) қурбонӣ дошта, дар ҳамин сад соли ахир ба вуқӯъ пайваста. Ҳол, суол ин аст, ки мусаббибони ин ду ҷанг чӣ касоне будаанд?! Мусалмонон ё афрод ва кишварҳое, ки худро “мутамаддин” мехонанд?! Яъне ғарбиҳо ва урупоиён?!

Вил Дуронт дар китоби “Торихи тамаддун”-и худ, онҷо, ки дар бораи ҳукумати хулафои исломӣ – аз Умавиён бигир то Аббосиён ва то Фотимиён ва Айюбиён ва Марвониён дар Анадалус (Испониё) ва ғайра – менависад, мегӯяд, дар замони ҳукумати ин хулафо, башар дар торихи худ давронеро суроғ дорад, ки дар муддати замонии ҳудуди сад сол (як қарн) аслан ҳеч ҷанге ба вуқӯъ напайваста. Он гоҳ Дуронт менависад, яке аз маъойиби торихнигорони исломӣ (мисли Табарӣ) ин аст, ки дӯст доштанд бештар аз ҷангу набард бинависанд ва лизо номи ин китобҳоро “ҷангнома” гузоштан муносибтар аст, то “торихнома”. Мехоҳад бигӯяд, агар мо имрӯз аз корномаи мусалмонон дар тӯли торих, аксаран аз ҷангу фатҳу футуҳоти онон медонем, ба хотири он аст, ки торихнигорони мусалмон бештар аз ҷангҳо навиштаанд ва гӯӣ шароити ғайри ҷангиро шоиста барои ёдоварӣ дар торих намедонистанд. Сипас Дуронт менависад, дар наздик ба 700 сол аз ҳукумати мусалмонон дар Андалус (Испониё), мо ҷангеро, ки қобили ёдоварӣ бошад, суроғ надорем, торихи мусалмонон дар Андалус ҳамааш дар бораи илм аст, дар бораи ҳунар аст, дар бораи шоирон аст, дар бораи донишмандон аст. Баъд Дуронт аз суқути ин кишвар ва ин тамаддун ба дасти масеҳиёни ваҳшӣ бисёр таассуф мехӯрад.

Ҳоло шумо инро муқоиса кунед бо вазъи пайравони соири адён ва макотиб ва тамаддунҳо дар тӯли умрашон. Инсофан, оё метавон назире пайдо кард бо торихи мусалмонон?!

Бинобар ин, меъёр қарор додани рафтори яке ду гурӯҳи муайян аз мусалмонон дар имрӯз барои қазоват дар бораи дини онҳо, бисёр ноҷавонмардона ва балки фикр мекунам, омидона ва олимона ин кор сурат мегирад.

* * *

Бале, як нукта ҳаст, ки инҷо бояд мутазаккир шавем. Ва он ки: аз миёнаҳои қарни 20 ва то ба имрӯз, мусалмонон (ё лоақал шумори қобили таваҷҷӯҳе аз онон, бахусус ҷавонони исломгаро) бештар руҳияи ҷангӣ ва интиқом дар худ доштаанд (ва доранд), ҳатто метавон гуфт, як навъ уқда дар дили онҳо пайдо шудааст. Ин ҳақиқат қобили инкор нест. Ҳол, оё ин руҳия реша дар омӯзаҳои диниашон дорад ё дар чизе дигар?! Мутаассифона, камтар касе ба ин воқеият мепардозад. Агар дар таҳлил ва баррасии ин мавзӯъ ва ёфтани посух ба ин масъала инсоф ба харҷ бидиҳем, ҳақиқат мисли хуршед бароямон равшан хоҳад шуд. Аммо дареғо, ки камтар касе аз муҳаққиқон ва таҳлилгарони ғайримусалмон (ва ҳатто мусалмон) ба ҳақиқати матлаб дар ин мавзӯъ ишора мекунанд. Аксар дӯст доранд сабаби онро омӯзаҳои динии мусалмонон муаррифӣ намоянд.

Ҳақиқат он аст, ки: вуҷуди руҳияи ҷангҷӯёна ва интиқомҷӯёна дар мусалмонон, бавижа ҷавонони исломгаро дар сад соли ахир ва бахусус дар се чаҳор даҳаи ахир, рабте ба асли ислом надорад. Бале, агар рабте ҳам дорад, рабташ ба ин далел аст, ки омӯзаҳои исломӣ ҳамеша ба мусалмон руҳияи иззат ва каромат медамад, ки дар ин хусус баъдҳо сухан хоҳам кард.

Ҳол, далели вуҷуди ин руҳия дар ин муддат он аст, ки мусалмонон ва куллан ҷаҳони ислом ва уммати исломӣ, дар сад соли ахир ба бадтарин шакл поймол шуданд, онҳо худро таҳқиршуда эҳсос мекунанд; ҳам аз ноҳияи бегонагон ва ҳам аз ноҳияи давлатҳо ва ҳукуматҳояшон, ки бештари ин ҳукуматҳо дастнишондаи бегонагон ва қудратҳост. Вақте ба гузаштаи худ нигоҳ мекунанд, мебинанд ҳама иззат аст, ҳама сарбаландӣ аст, ҳама шукӯҳ аст, ҳама каромат аст. Он гоҳ вақте ба ҳоли худ назар меандозанд, мебинанд, ҳама ақибмондагӣ аст, ҳама ҷаҳолат аст, ҳама табаият ва пайравӣ аз бегонагон аст, ҳама зиллат ва хорӣ аст. Баъд мераванд, то решаҳои ин инҳитот ва зиллат ва хориро пайдо бикунанд. Мебинанд, иллати умда, дар дахолати бегонагон будааст (албатта дар канори ҷаҳолати дарунӣ). Мебинанд, сарватҳояшон ба дасти бегонагон ба яғмо меравад. Мебинанд, ҳукком ва подшоҳон ва руасои ҷумҳурашон дар баробарои бегонаҳо хор, залил ва мулойим, вале дар муқобили мардумони худ зӯргӯ, хашин ва қулдуранд; ҳуккоме, ки ҳама дастнишондаи ҳамон бегонаҳоянд. Ин ҷост, ки руҳияи интиқомгирӣ аз он бегона ва нафрат ва кинае васфнопазир дар дили онон нисбат ба вай пайдо мешавад; ҳиссе, ки соҳибашро вомедорад он бегонаро сари ҷояш нишонад.

Ин ки мебинем, як ҷавони мусалмони бузургшуда дар қалби Урупо, як дафъа сару каллааш дар Ироқ ё Сурия ва ё Афғонистон пайдо мешавад ва ҳозир аст ба бадтарин шакл душмани худро ба қатл бирасонад ва ё ҳозир аст дар қалби Урупо — ҷойе, ки онҷо бузург шудааст – ҳамаро ба рагбор бизанад ва хештанро дар васати мардумон мунфаҷир кунад, инҳо ҳама натиҷаи вуҷуди ҳамин руҳия ва ҳисси интиқомҷӯӣ аст, то омӯзаҳои исломӣ. Ман намехоҳам ин навъ аъмолро тавҷеҳ кунам, ин аъмол аъмоле теруристӣ ҳастанд ва маҳкуманд, дар ин шакке нест. Аммо воқеият ин аст, ки бояд уқало дар решаҳои ин ҷангҳо биандешанд ва он решаҳоро бихушконанд. Ва решаҳо ҳаминҳост, ки арз шуд. Яъне дахолатҳои нораво дар умури кишварҳои исломӣ ва тасмимгирӣ ба ҷойи онҳо. Инҳо ҳама таҳқиранд ва таҳвин. Имрӯз кишварҳои абарқудрат мисли Омрико ва Урупо ва ғайра, ки мехоҳанд муъзали “теруризм” дар ҷаҳони ислом ҳаллу фасл бишавад, агар воқеан дар ин тасмим ҷиддӣ ҳастанд (ки нестанд), ҳаллаш бисёр саҳл ва осон аст. Ва он ин ки: гӯрашонро аз кишварҳои исломӣ гум кунанд ва даст аз дахолатҳои беҷо бардоранд. Бигузоранд, мусалмонон худашон ба дасти худ корҳояшонро сару сомон бидиҳанд. Ба ту чӣ?! Оё дӯст дорӣ дар умури дохилии ту бегона дахолат кунад?! Оё иззат ва кароматат бароят иҷоза медиҳад, ба ҷойи ту бегона тасмим бигирад?! Қатъан, на. Хуб, мусалмонҳо низ иззат доранд, каромат доранд ва билохира одаманд.

* * *

Нуктаи севвум ва ахир он ки: шояд ишораи ҷаноби Шодибой Атоев — онҷо, ки мегӯяд, ваҳшоният “дар Қуръон омадааст” – ба вуҷуди оятҳое дар Қуръони Карим аст, ки дар онҳо аз “ҷиҳод” сухан рафтааст. Бале, мо дар Қуръони Карим оёте дорем, ки мусалмононро ба пайкор ва ҷиҳод хондааст. Аммо, инсофан, оё ин оёт дар Қуръон, ба унвони ҳадаф матраҳ шудаанд, ё васила?! Ба сухани дигар: оё ҷиҳод дар ислом, як ҳадаф аст ё як васила, ки аҳёнан бояд мутавассил ба он шуд?! Банда аз азизоне мисли ҷаноби Атоев – ки дӯстонашон эшонро ба унвони як инсони ҳақиқатҷӯ ва ҳақиқатталаб мехонанд – тақозо дорам, боре ҳам, ки шуда, дар мавриди оёт ва ривоёти ҷиҳод таҳқиқе мунсифона анҷом бидиҳанд ва қазовати эшон мустанад ба далел бошад. Ба унвони намуна, яке аз аввалин оёти ҷиҳодро, ки ба мусалмонон иҷозаи пайкор додааст, инҷо меоварам, то бибинем, ҷиҳод барои чист?

 أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ

Ба касоне, ки бар онон ҷанг таҳмил шуда рухсати ҷиҳод дода шудааст, чаро ки мавриди зулм қарор гирифтаанд ва албатта Худо бар пирӯзии онон тавоност.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 39)

Ин оятро ба унвони намуна овардам, вагарна метавон соири оёти ҷиҳодро низ бо таваҷҷӯҳ ба шаъни нузули онҳо, мавриди баррасӣ қарор дод.

Чунон ки мебинед, оят мегӯяд, чун бар мусалмонон ҷанг таҳмил шуд (يُقَاتَلُونَ) ва мавриди зулму ситам қарор гирифтанд (بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا), Худо иҷоза дод, то пайкор кунанд ва аз худ дифоъ намоянд. Ҳол, ҳукми фитрати инсоне, ки барои худ эҳтиром қоил аст чист вақте мавриди таҷовуз қарор мегирад? Оё ин аст, ки иҷоза бидиҳад ба ӯ таҷовуз бишавад ва каромат ва номусаш поймол гардад, ё на, бояд аз худ дифоъ кунад ва мутаҷовизро сари ҷояш нишонад?! Кадомин?!

Ойини ислом ойини зиллат ва хиффат ва хорӣ нест, ки ба пайравонаш дастур бидиҳад, вақте ба як тарафи рӯят силӣ заданд, ту тарафи дигари чеҳраатро барои мутаҷовиз бинеҳ, то бизинад! Дини ислом якчунин дине нест. Балки мегӯяд, мутаҷовизро сари ҷояш нишон, то дигар ғалате накунад.

Ислом мегӯяд, вақте ба кишвар ва киёнат таҷовуз шуд, бар ту воҷиб аст (мисли вуҷуби намоз), ки силоҳ ба даст бигирӣ ва аз кишварат ва киёнат ва вуҷудат дифоъ намоӣ. На ин ки мисли тамошобин биншинӣ ва бибинӣ, ки кишварат чӣ гуна ғорат мешавад!

Ба касоне, ки бар онон ҷанг таҳмил шуда рухсати ҷиҳод дода шудааст, чаро ки мавриди зулм қарор гирифтаанд ва албатта Худо бар пирӯзии онон тавоност.”

Ҳол, фурсат нест, инҷо яко-яки оёти ҷиҳодро баршумурам ва чуну чароии онҳоро мавриди баррасӣ қарор бидиҳам, ҳатман дар як фурсати муносиб ин корро анҷом хоҳам дод. Ба ҳар ҳол, аз азизоне, ки мехоҳанд дар бораи ислом изҳори назар бикунанд, намегӯям мусалмон шавед, ин кори шумост, балки тақозо мекунам, дар қазоватҳо ва довариҳои худ ҷониби инсофро риоят кунед, на ин ки кӯр-кӯрона ва ба тақлид аз душманони қасамхӯрдаи ин дини ҷовидон, дар бораи ислом изҳори назар намоед.

Ду се иддаъои дигаре аз ҷаноби Атоев боқӣ монда, ки иншоаллоҳ сари фурсат ба посухи онҳо низ хоҳам пардохт. Ва агар ҷаноби Атоев мулоҳизае бар ин навиштаҳо доранд, бинависанд ва банда дар ҳамин пойгоҳ (Кимиёи саодат) нашрашон мекунам.

Саломат бошед!

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: