Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Муҳаммад Иқбол

Ба қалами: Ҳафиз Холиқзода

(Тазаккур: Дидгоҳҳое, ки дар бораи Аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ ва андешаҳои ӯ дар ин мақола ироа шудааст, сирфан мутаъаллиқ ба соҳиби он (яъне ҷаноби Ҳафиз Холиқзода) буда ва лузуман намоёнгари дидгоҳҳои соҳиби пойгоҳи Кимиёи саодат намебошад ва балки дар мавориде хилофи дидгоҳҳои ҷаноби Холиқзодаро мӯътақид аст, ки дар фурсате муносиб ба нақди онҳо хоҳем пардохт. С.И)

* * *

Муқаддима

Муҳаммад Иқбол (1877‑1938) ([1]) шахсияти барҷастаи оғози асри 20 мебошад, ки дар таъсис додани яке аз аввалин давлатҳои исломии ҷаҳон – Покистон саҳмгузорӣ кардааст. Осори шеърӣ ва насрии ӯ аз арзишҳои исломӣ дифоъ мекунад ва мардуми мусулмони қораи Ҳинд, Афғонистон ва дигар кишварҳоро ба ташкили хилофати умумиҷаҳонии исломӣ ҳидоят мекунад. Дар муддати зиёда аз 20 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз фаъолиятҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии равшанфикрони тоҷик маҳз ба тарғиби осор ва афкори ин шахсият равона гардидааст. Бешубҳа, чунин фаъолиятҳо имкон додаанд, ки дар зеҳни мардум зарурат ва шароити исломишавӣ ташаккул ёбад. Ҳамин гуна, тарғиби ғайриилмии Иқбол ва дигар шахсиятҳои динии таърихи фарҳанги форсу тоҷик яке аз далелҳои устувори теологизатсия (дингароӣ)‑и илму фарҳанги тоҷик дар даврони муосир мебошад.

Қарор аст, ки дар ин мақола баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Иқбол аз нуқтаи назари нақди фалсафӣ баррасӣ карда шавад. Бо ин ба эҷодиёти ин шахс арҷ мегузорем, вале дар айни ҳол доираи илмию фарҳангиро даъват мекунем, ки дар шинохту тарғиби осор ва афкори ӯ ба дингароӣ роҳ надиҳанд.

Муҳаммад Иқбол роҳу равиши фалсафию ҷаҳоншиносии худро мустақил медонад:

Накардам аз касе дарюзаи чашм,

Ҷаҳонро ҷуз ба чашми худ надидам (199)

Аммо дар ҳақиқат Иқбол системаи ягона ва фарогири фалсафӣ надорад. Дар шинохти ҳастии инсон ӯ баъзан бардоштҳое аз фалсафаҳои қудратмеҳварии аврупоӣ (Фихте ва Нитше – рубоиҳои 133‑134, саҳ. 203) дорад ва тамоми олами ҳастӣ ва падидаҳои онро ба инсон маҳдуд ва тобеъ мекунад. Дар мавриди баъзе масъалаҳои ахлоқ[1] сиёсату зӯроварӣ[2] ва ҳалли мушкилии Марг аз маслаки Иродаи қудрат, яъне таълимоти Нитше кор мегирад.[3]

Шеъри «Панди боз ба бачаи хеш» (саҳ. 217‑218) дар назар Иродаи қудрати Нитшеро тарғиб мекунад, вале дар асл шоир ин консепсияи Нитшеро ба хотири тасдиқи тасаввуроти динӣ-ирфонии худ истифода мебарад.[4] Ба ҳамин монанд, шеъри дигари Иқбол «Агар хоҳӣ ҳаёт андар хатар зӣ» (саҳ. 230) забони фалсафии Нитшеро ба кор бурдааст, вале ба хотири таълимоти ирфонӣ. Ин тарзи истифодаи андешаи фалсафии Нитшеро дар дигар шеърҳои Иқбол низ мушоҳида карда метавонем. Масалан, мавқеи Нитшеро дар байти зер чунин ифода мекунад:

Мисли ойина машав маҳви ҷамоли дигарон,

Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон.

Дар байтҳои минбаъдаи ҳамин шеър мебинем, ки Иқбол ин мавқеъро, аввал, ба хотири Худо истифода бурда, баъд, онро дар байти минбаъдаи ҳамин шеър рад мекунад:

Эй ки наздиктар аз ҷонию пинҳон зи нигаҳ,

Ҳаҷри ту хуштарам ояд зи висоли дигарон (саҳ. 255).

Дар мавридҳои дигар Иқбол аз шеваи Шопенҳавер дар ҳастишиносӣ пайравӣ мекунад, ки тибқи он ҳар як чизи олами вуҷуд аз худ ирода ва худнамоии ҳаётӣ ба намоиш мегузорад (байти 20, саҳ. 187). Вале дар назарияи маърифат ӯ аз мавқеи теологӣ-ирфонӣ ҳимоя мекунад. Дар баъзе мавридҳо Хайёмона ба масъалаи абадӣ кардани ҳаёти инсон ишора мекунад[5] ва ҳадаф аз зиндагиро дар амалӣ кардани майлҳои табиии инсон мебинад.[6] Дар ҳоле ки дар аксарияти мавридҳо ба масъалаи абадият аз назари динӣ‑ирфонии ваҳдати вуҷудӣ (пантеистӣ) баҳо медиҳад. Аксаран шеърҳои Иқбол мазмуни динӣ‑ирфонӣ доранд ва фақат аҳёнан (масалан, дар шеъри «Ба яке аз сӯфия навишта шуд», саҳ. 252-253) ғайриимкон будани ишқи илоҳӣ ё худ тариқат ва маърифати худоро ишора мекунад.

Новобаста ба ин, бисёр шеърҳои Иқбол ба он ишора мекунанд, ки ӯ дар ҳеч сурат файласуф ва андешаманди хирадгаро ва ақлпазир нест. Чун намуна, дар шеъри зер ӯ фалсафӣ будани худро рад ва ориф буданашро тасдиқ мекунад:

Зи куништи фалсафиён дар о ба ҳарими сӯзу гудози ман (саҳ. 255)

Баъзе шеърҳои Иқбол зоҳиран фалсафӣ, вале дар асл динӣ‑ирфонӣ мебошанд. Баёни мухтасари назарҳои файласуфон ва донишмандон дар “Ҷовиднома” (Шопенҳавер, Нитше, Толстой, Маркс, Ҳегел, Маздак, Эйнштейн, Байрон, Ҷалол, Петефи, Огюст Комт, Гёте, Бергсон, Ленин, Локк, Кант, Румӣ…) ба забони шеър кофӣ нест, ки мо Иқболро чун файласуфи мустақил ва соҳибмактаб муайян кунем.

Дар осори шеърӣ ва насрии худ, Муҳаммад Иқбол мавқеъ ва ақидаҳои динӣ‑ирфонии худро ошкоро баён мекунад. Ӯ ҳатто дар “Эҳёи фикри динӣ дар Ислом” дар пеши худ вазифа мегузорад, ки “…фалсафаи динии исломро эҳё ва навсозӣ кунам”.[2] Ба ҳамин монанд, ашъори Иқбол як гуна тарҷумаи ҳоли ӯ ҳамчун пайрави содиқи мазҳаби суннат ва ҷамоати дини ислом мебошанд. Ӯ борҳо содиқ будани худро ба дини Ислом ва ба суннати пайғамбар таъкид мекунад[7]:

Табу тоби буткадаи Аҷам нарасад ба сӯзу гудози ман,

Ки ба як нигоҳ Муҳаммади арабӣ гирифт Ҳиҷози ман (255).

Дар як шеъри худ (саҳ. 257) Иқбол мегӯяд, ки ҷисмаш аз Кашмир (Ҳинд), наво ва ё тарзи гуфтори Шероз (забони форсӣ) ва аз ҳама муҳим, дил аз ҳарими Ҳиҷоз дорад. Ҳиҷоз яке аз образҳои маъруфи ашъори Иқбол аст, ки ба маънои маркази фарҳангӣ ва маънавии олами ислом мебошад. Дар ин ҷо ӯ ба мусулмони асил будани худ ишорат мекунад.

Дар бахшҳои алоҳидаи ин мақола мавқеи асосии Муҳаммад Иқбол, ки дар заминаи эътиқоди динӣ дар доираи суннат ва тасаввуфи исломӣ ташаккул ёфтааст, шарҳу баён мегардад. Ин бахшҳо фарогири мавзӯъҳое чун 1) абадият, 2) назарияи маърифат, 3) ҳадафи зиндагии инҷаҳонӣ ва 4) назарияи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Шояд ин мавзӯъҳо барои худи Иқбол якумдараҷа набуданд, вале ба назари ман, онҳо масъалаҳои асосие мебошанд, ки дар шинохти ҷаҳонбинии як нафар донишманд ва ё ҳунарманд аҳамияти якумдараҷа доранд. То чӣ андоза андешаи як файласуф ва ё эҷоди як ҳунарманд созанда ва ояндадор аст, ба тарзи ҳалли ин масъалаҳо вобаста аст. Иқбол дар ҳалли ин масъалаҳо мавқеи динӣ‑ирфонӣ дорад. Ин мавқеъ садсолаҳо санҷида шудааст, вале натиҷае аз он барои ҳалли мушкилиҳо ва муаммоҳои вуҷудӣ ва иҷтимоии инсон ба даст наомадааст. Баъд аз тафсил додани масъалаҳои номбаршуда дар бахшҳои зер, дар хулоса нуктаҳои муҳимтарини ҷаҳонбинии Иқбол аз дидгоҳи Ҷаҳонбинии оянда (ҷаҳонбинии алтернативӣ) ва методологияи “бехатарии вуҷудӣ” нақду баррасӣ мегарданд.

* * *

Абадият

Абадият яке аз мавзӯъҳои меҳварие мебошад, ки Муҳаммад Иқбол дар осори шеърӣ ва насрии худ пешниҳод ва баҳс мекунад. Дар ин робита, ӯ дар оғози асари насрии худ – “Эҳёи фикри динӣ дар Ислом” чунин саволгузорӣ мекунад: «Хусусият ва сохтмони умумии ҷаҳоне, ки дар он зист мекунем, чӣ гуна аст? Оё дар сохтмони ин ҷаҳон ҳеч унсури абадӣ ва собите вуҷуд дорад? Иртиботи мо ба он чӣ гуна аст? Чӣ мақоме дар ҷаҳон дорем ва ба мақоме, ки ишғол кардаем, чӣ ахлоқ ва рафтор шоиста ва дархӯр аст? Ин суолот миёни дину фалсафа ва шеъри олӣ муштарак аст».[3]

Иқбол дар масъалаи абадият пайрави ду таълимот аст: 1) таълимоти иродаи қудрати фалсафаи Ғарб ва 2) таълимоти пантеистӣ (ваҳдати вуҷудӣ)‑и исломӣ. Аниқтараш, ӯ аз таълимоти иродаи қудрат баъзан истифода мебарад ва аксаран ба таълимоти пантеистии исломӣ пойбанд мемонад.

Иқбол таълимоти иродаи қудратро дар доираи фаҳмиши Нитше истифода мебарад. Мувофиқи назари Нитше, ҳама чизҳои олами ҳастӣ дар ҳаракат ҳастанд. Дар ин замина, ин файласуфи асри 19-и олмонӣ консепсияи Абармарди худро месозад, ки зоҳиран ба консепсияи Худии Иқбол таъсир мегузорад. Мувофиқи ин таълимот, ҳастии инсон иборат аз лаҳзаҳои хурдтарини замонӣ мебошад. Ҳар як лаҳзаи ҳозир дар як они воҳид ба гузашта табдил меёбад ва ин лаҳзаи инсонро низ аз байн мебарад. Ҳамин гуна, ӯ ба таври беохир пораҳои ҳаётии худро пушти сар мекунад ва ба гузашта табдил медиҳад. Гузашта Нестӣ мебошад, чунки дар доираи таъсири Ирода ба қудрат нест. Аз ин рӯ, инсон набояд ва наметавонад дар гузашта боқӣ монад. Лаҳзаҳо ва пораҳои ҳастии инсонро Иқбол «нақшҳо», «суратҳо» ва «тасвирҳо» меномад.[8]

Ин як роҳи ҳалли мушкилии нестӣ ва марг мебошад, ки Ҳераклит, Нитше, Ҳайдеггер ва Сартр пешниҳод мекунанд. Онҳо пурра аз идеяи абадияту ҷовидонагии ҷисмонӣ даст мекашанд. Абадиятро ба Қудрат марбут месозанд. Дар мавридҳое Иқбол низ ба ин назар розӣ мешавад ва мегӯяд, каси қудратманд (чун Искандар) ҷовидон аст. Касе, ки умри абадӣ дорад (чун Хизр), вале қудратманд нест, аслан вуҷуд надорад. Инсони қудратманд лаҳзаҳои ҳозираро бо Иродаи худ меофарад ва месозад. Тасаллути замон маънои ҳастӣ ва абадият аст. Замон аз Дигарон нест, балки дигарон аз рӯи иродаи қудратманд зиндагӣ мекунанд. Онҳое, ки дар зери иродаи қудратманданд, моҳияти ҳастии худро ошкор намекунанд ва аз ин рӯ, вуҷуди онҳо ба нестӣ баробар аст.

Сикандар бар Хизар хуш нуктае гуфт:

«Шарики сӯзу сози зиндагӣ шав.

Ту ин ҷанг аз канори арса бинӣ,

Бимир андар набарду зиндатар шав.» (188)

Иқбол ин консепсияи фалсафаи аврупоиро ба хотири тарғиби мусулмонон ба сиёсат истифода мекунад. Ӯ ҳеч гуна барномаи комили фалсафие дар ин маврид надорад. Балки барномаи фалсафии ӯ барои ҳалли мушкилии нестӣ ва марг барномаи ирфонӣ-динии пантеизм мебошад. Аз он ҷумла дар мавриди консепсияи марказии худ дар бораи Худӣ, Иқбол ба натиҷаи пантеистӣ мерасад. Ӯ таълимоти пантеистии худро дар “Эҳёи фикри динӣ дар Ислом” чунин меорад: “Пас зиндагӣ намуди мунҳасир ба фардест… зиндагӣ навъе аз ваҳдат аст, ки чун аз дидгоҳи дигаре ба он назар шавад, худ як касрат аст”.[4]

Дар ашъори ӯ таъбири «қатраи об» ва «баҳр» барои ифодаи образи инсон ва худо ба сифати фард ва ваҳдат бисёр истифода бурда мешавад. Инсонҳо ба монанди қатраҳои об ба ҳамдигар ҳамранганд ва ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ вуҷуди Худоро далолат мекунанд. Хусусияте, ки Иқбол ба таълимоти ирфонии пантеизм (ваҳдати вуҷуд) ворид мекунад, аз фалсафаи аврупоӣ дар мавриди фардият сарчашма мегирад. Ҳар як инсон метавонад олами ботинии худро дар олами ҳастӣ таҷассум кунад. Ин зарраҳо хусусиятҳои фардӣ дошта, аз ҳамдигар фарқ доранд. Ҳатто шинохти байниякдигарии онҳо ғайриимкон аст. Ин таълимоти Иқбол ба «чиз-дар-худ»-и Кант алоқамандӣ дорад.

Дар асоси ҳамин биниши пантеистӣ ва фардгароӣ, Иқбол консепсияи Худӣ ва Бехудии худро ташаккул медиҳад ва бо ин мушкилии марги фардии инсонро ҳал мекунад. Марг ва нестшавӣ масъалаи марбут ба касрат ва ваҳдат мебошад: он чизҳое, ки ба шакли касрат арзи ҳастӣ мекунанд, дер ё зуд ба ваҳдат бармегарданд. Аз ин рӯ, он чизҳое, ки бояд набошанд, аз байн мераванд. Ва он чизҳое мемонанд, ки бояд бошанд, агарчи дар назар вуҷуд надоранд.[9] Ҳамин гуна, мурдан роҳи ҳалли мушкилии нестӣ ва марг мебошад:

Дилат меларзад аз андешаи марг,

Зи бимаш зард монанди зарирӣ.

Ба худ бозо, худиро пухтатар гир,

Агар мирӣ, пас аз мурдан намирӣ.

Иқбол дар доираи консепсияи Худӣ абадияти инсонро дар Рӯҳ мебинад. Барои расидан ба абадият Рӯҳро аз қафаси Ҷисм бояд раҳо кард. Образи инсоне, ки дар банди тан аст, мисли найе аст, ки аз ин ҳоли асорат нолон аст. Ин консепсияи Худии Иқбол ба таълимоти фитрат дар тасаввуфи исломӣ бармегардад, ки асли инсонро дугуна меҳисобад. Як асл аз Ҷисм ва дигар аз Рӯҳ сарчашма мегирад. Чун Рӯҳ аз қафаси Ҷисм раҳо ёфт, ба Худо мепайвандад ва аз ин роҳ инсонро ба абадият мерасонад. Касе, ки ба ҷисми худ ва ба ҷаҳони моддӣ дил мебандад ва роҳи наҷот аз маргро дар инҳо мебинад, иштибоҳ мекунад. Оқибат ҷисми ӯ аз байн меравад ва Рӯҳаш низ наҷот намеёбад. Ягона роҳи наҷот рӯҳи худро аз ҷисм ҷудо карда, ба худо пайвастан мебошад.[10]

Тақсимоти динии сомӣ, аз он ҷумла исломӣ дар мавриди аз ду асл иборат будани инсон аз мавзӯъҳои марказии ашъори Иқбол мебошад. Ин тақсимот аз устураи офариниши Одам сарчашма мегирад, ки мувофиқи он асли Рӯҳ илоҳӣ ва худӣ ва сиришти Ҷисм хокӣ ва ғайр мебошад.[11] Асли ростин ва майлҳои рӯҳонии инсон аз Худо сарчашма мегирад, ки зидди асли заминӣ ва майлҳои табиии ӯ мебошанд. Комплекси Одипи Иқбол Худо ва Либидои ӯ ишқи худо мебошад.

Тақсимот дар байни Ҷисм ва Рӯҳ Иқболро ба хулосаи иртиҷоӣ мерасонад, ки зиндагӣ дар ин-ҷаҳон беҳуда аст.[12] Дар ҳоле ки марг хоси ҷаҳони моддӣ-заминӣ мебошад, аз он бояд даст кашид. Шеъри «Суруди анҷум» (бо радифи «…менигарему меравем») дар мавриди гузаранда будани ин‑ҷаҳон, ҷисм ва беарзиш будани ақлу хирад ва ҷовидон будани он‑ҷаҳон, рӯҳ ва пурарзиш будани ишқ аст (215‑6).

Ҳамин матлабро Иқбол дар шеъри «Бӯйи гул» (дар маҷмӯаи «Лолаи Тур») (саҳ. 211) дар образи гул тасвир мекунад, ки ҳамагӣ барои як дам мерӯяд, зебоӣ ва бӯйи хуш медиҳад ва пажмурда мегардад. Дар ин ҷо ва дар дигар ашъори шоир «гул» рамзи ҷисми инсон мебошад, ки дер ё зуд аз байн меравад. Барои таъсирбахшии ифода, шоир дар дигар мавридҳо аз образҳои «кирмак» ҳамчун рамзи ҷисм ва «самандар» ҳамчун рамзи рӯҳ истифода мебарад.

Иқбол мегӯяд, ҳеч ҷои ғам хӯрдан ва бим доштан нест, ки ҷисми инсон аз байн меравад ва аз нигоҳи мо ин ҷаҳони моддӣ гум мешавад. Ӯ ҷустуҷӯи бемаргӣ ва абадияти ҷисмонии инсонро аз назари ахлоқӣ низ накӯҳиш мекунад ва онро «камталабӣ» меномад: «Талоши Чашмаи Ҳайвон далели камталабист», — мегӯяд ӯ (250). Набояд аз марг тарсид, чун Рӯҳи инсон миранда нест.

Махӯр, эй камназар, андешаи марг,

Агар дам рафт, дил боқист, ғам нест (202)

Ҷаҳонҳои бисёри абадие вуҷуд доранд, ки бо чашми рӯҳ онҳоро дида метавонем. Касе аз ҷисм даст кашид ва ба рӯҳ пайваст, дар ин ҷаҳонҳо абадан зиндагӣ хоҳад кард.[13] Роҳи ягонаи наҷот аз ҷисм ва майлҳои он даст кашидан ва ҳамин гуна ба абадият расидан пайвастан ба Худо мебошад.[14] Шартҳои асосии ба Худо пайвастан бошад, ба майлҳои илоҳии Рӯҳ рӯ овардан, аз он ҷумла қабули Марги ҷисм мебошад.[15] Аз ин рӯ, мурдан ё худ аз банди ҷисм раҳо кардани рӯҳ арзиши бартар аз зистан дорад.

Ба мулки Ҷам надиҳам мисраи Назириро,

«Касе, ки кушта нашуд, аз қабилаи мо нест» (248)

Аммо дар роҳи аз Ҷисм раҳо ёфтан ва ба шеваи Рӯҳ зистан монеаҳо бисёранд. Як монеаи ҷиддӣ майлҳои табиии Ҷисм ба ҷаҳони моддӣ мебошад. Ҷисм инсонро «асири олами кавну фасод» мекунад. Он тинатан душмани Рӯҳи инсон мебошад. Дар таъбири шоиронаи Иқбол «соҳил» рамзи ин ҷаҳон ва зиндагии инҷаҳонӣ мебошад. Барои инсон соҳил манзили доимии зист нест, балки пойгоҳе аст, ки худро ба баҳр меандозад. «Баҳр» дар ашъори Иқбол рамзи пантеизм, рамзи ҷаҳони рӯҳоние аст, ки мазҳари илоҳӣ дар он таҷассум ёфтааст. Оне, ки дар соҳил мемонад, яъне зиндагӣ ва ҳастии ҷисмонии худро афзалтар медонад, оқибат аз байн меравад.[16]

Монеаи дигар дар роҳи раҳоӣ аз Ҷисм Зан мебошад. Гирифтори зан шудан маънои пойбанд ба майлҳои табиии ҷисм шудан ва аз ин рӯ, дур шудан аз Худоро дорад.[17] Ба назари Иқбол, Зан дар зиндагии эҷодӣ, маърифатӣ ва амалии инсон (Мард) набояд саҳм дошта бошад. Барои ҳамин ҳам образи Зан дар ашъори Иқбол кам андар кам вомехӯрад. Балки чун дар адабиёти форсии асрҳои миёна (масалан, дар осори Ҳофиз ва дигарон) образи зан образи ирфонӣ аст. Он як баҳонаест, ки инсон Худ ва Худоро шиносад. Дар симои он Худоро дӯст дорад. Маҳз дар ҳамин замина Иқбол Ишқро дар шеъри “Кашмир” (235) чунин таъриф медиҳад.

Духтараке, бараҳмане, лоларухе, саманбаре,

Чашм ба рӯи ӯ кушо, боз ба хештан нигар.

Консепсияи Иқбол дар бораи ишқ ирфонӣ аст. Ишқи бартар ишқи илоҳӣ (ишқ бо Худо) аст, на ишқи ҷинсӣ (ишқ бо зан). Ишқе, ки шоир дар назар дорад, ҳеч рабте ба майли табиии мард ба зан ва зан ба мард надорад. Ишқ тариқи шинохт ва майлу рағбати рӯҳонӣ ба сӯи Худо мебошад. Ба иборати дигар, Ишқ худошиносӣ ва худоҷӯӣ мебошад (Лолаи Тур; саҳ. 184). Ишқ ҳам майли рӯҳонӣ ва ҳам фаъолияти маърифатии инсон барои ба Худо пайвастан мебошад.[18] Ин мафҳум дар шеърҳои Иқбол ба маънои имон ва майл ба сӯи Худо ва дини Ислом аст. Роҳи наҷоти инсон ва миллат “ишқи Мустафо” мебошад (183). Ба ҳамин хотир, Иқбол дар ашъораш таъбирҳои марбут ба устураи сомии Турро бисёр истифода мебарад ва аз ин рӯ, яке аз маҷмӯаҳои шеърияшро «Лолаи Тур» номидааст. Ин афсонаи яҳудӣ ба ишқи илоҳии Мӯсо ишора мекунад.

Намегардад кӯҳан афсонаи Тур,

Ки дар ҳар дил таманнои Калим аст (189).

Монеаи сеюм дар роҳи раҳоӣ аз Ҷисм фарҳанг ва илми Аврупо мебошад. Он на фақат мусулмонони оддӣ, балки мубаллиғони исломиро низ мафтуни худ кардааст. Шоир онҳоро даъват мекунад, ки беҳуда вақти худро сарфи фарангиён накунанд. Мазҳаби онҳо мазҳаби «ҳавас» аст ва аз ин рӯ, ба «ҳадиси ишқ», яъне ба дину худо кор надоранд. Аврупоиён илмро барои ҳавасҳои ҷисмонии худ истифода мебаранд, дар ҳоле ки Ислом идеяҳои рӯҳониро тарғиб мекунад (237). Дар «Ҳикмати Фаранг» Иқбол илми Фарангро илми маргпарастӣ меномад, чун он дар бораи чизҳоест, ки миранда ва фанопазиранд (231-232). Илму фалсафаи аврупоӣ дар шинохти Ҳақиқат, ки Худо аст, оҷизанд. Чашми фалсафӣ «хуршедкӯр» аст, ки зидди дин буда, қавли Ҳақро барғалат шарҳ медиҳад.

Новобаста ба ҳамаи ин таълимоти Иқбол бар зидди ҷисм, зиндагӣ ва ҷаҳони моддӣ ва ба тарафдории марги ҷисмонӣ ва абадияти рӯҳонии инсон, ӯ дар баъзе мавридҳо ташвишу нигаронии худро аз Марг баён мекунад. Ӯ пурра боварӣ надорад, ки Худо ӯро аз ин мусибат наҷот медиҳад. Ягона роҳ, чуноне ки худи шоир мегӯяд, умед бастан ва дар айни замон бим доштан яъне бовар надоштан ба ин роҳи наҷоти динӣ-ирфонӣ мебошад.

Даруни синаам бошӣ пас аз марг?

Ман аз дасти ту дар уммеду бимам (202).

Гарчанде Иқбол ба роҳи ҳалли динии тақдири инсон пас аз марг ва умуман ба худоҷӯии инсон боварии маҳкам надорад, ба ҳар сурат дар мавқеи динӣ-ирфонӣ боқӣ мемонад.

Гуфтам, ки: «Шавқи сайр набурдам ба манзиле»,

Гуфто, ки: «Манзилаш ба ҳамин шавқ музмар аст» (231).

* * *

Назарияи маърифати Иқбол

Муҳаммад Иқбол дар назарияи маърифат низ пешниҳоди наве надорад, балки боз ҳам ба таълимоти исломӣ-ирфонии пантеизм ва тақсимот дар байни Рӯҳ ва Ҷисм рӯ меорад. Ӯ худ ба таври возеҳ таъкид мекунад, ки шинохти ҳақиқат ба ҷуз шинохти исломӣ-қуръонӣ ғайриимкон мебошад. Ҳақиқате, ки Иқбол дар назар дорад, дарбаргирандаи Худо, олами улвӣ ва фариштагон аст.[19] Ӯ чун орифони исломӣ бартарии инсонро аз фариштаҳо дар он мебинад, ки инсон дар ҷустуҷӯи ин ҳақиқат мебошад. Маҳз ҳамин бартарияти инсон, ки ба Рӯҳи ӯ марбут аст, камбудии ӯро, ки Ҷисм аст, ҷуброн мекунад. Дар шинохти ин ҳақиқат афзорҳои ҷисмонии ақлу мантиқ ҳамеша ба нуқсону кӯтоҳӣ мебаранд:

Назари ту ҳама тақсиру хирад кӯтоҳӣ,

Нарасӣ ҷуз ба тақозои Калимуллоҳӣ (258).

Пантеизм хусусияти асосии назарияи маърифати Иқбол мебошад. Худо дар ҳама ҷо ҳаст, аз он ҷумла дар вуҷуди инсон. Инсон саропо аз наззораи худо пур буда, нотамомии ӯ аз сабаби дуриаш аз маърифати худо аст. Аз ин рӯ, ҷараёни худшиносӣ бо худошиносӣ ва падидаи Худӣ бо Худо баробар ҳастанд.[20] Инсоне, ки иддаои худшиносӣ мекунад, вале Худоро инкор мекунад, ҳанӯз ба маърифати ростини ҳақиқат нарасидааст.

Пантеизми Иқбол агностикӣ мебошад.[21] Ҳамаи мавҷудот чун зарраҳо хусусиятҳои фардӣ дошта, аз ҳамдигар фарқ доранд. Шинохти байниякдигарии ин ҷузъҳо ва аз ин рӯ, хусусиятҳои куллии ҳақиқат ғайриимкон аст. Ҳар кас ҷузъи фардии ҳақиқат – Худоро, ки ба ҳастии ӯ марбут мебошад, фаҳмида метавонад. Дар таъбири шоиронаи Иқбол, уқоб, ки рамзи инсони ба Ҳақ расида мебошад, баҳрро сароб мебинад. Мурғ бошад рамзи инсонест, ки ба Хирад такя мекунад ва барои ҳамин баҳрро ба ҷуз баҳр чизи дигаре дида наметавонад. Моҳӣ чун рамзи инсони аз ҳама нигоҳ ғулом баҳрро як чизи дар печутоб мебинад, ки ӯро мубтало мекунад (шеъри «Ҳақиқат», саҳ. 221). Таъбирҳои дигари Иқбол дар бораи инсон, чун «ҷӯи об» ва «қатраи об» низ ба пантеизми агностикии ӯ далолат мекунанд. Қатраҳои об аз назари куллӣ ба ҳамдигар монанданд, вале аз ҷиҳати ҷузъӣ ба якдигар монанд нестанд ва ҳар кадоми онҳо фақат Худии худро мешиносанд ва дар ниҳоят ба алоҳидагӣ ба Худо васл мешаванд.[22]

Дар ҷавоб ба ин гуна пантеизми агностикӣ, методологияи «бехатарии вуҷудӣ» категорияҳои маърифатии фаҳм (назарияи дониш) ва ҳамдардӣ (эстетика)-ро пешниҳод мекунад. Одамон дар як масъала ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдардӣ мерасанд. Ин масъала ва ё мушкилӣ, ки ба ҳамаи онҳо баробар дахл дорад, мушкилии Марг мебошад. Инсон аз ин нуқтаи назар ҳақиқати олами ҳастиро дарк мекунад ва аз агноститсизм раҳо меёбад. Муаллифи ин мақола дар бораи ин консепсия дар мавриди алоҳида ба таври алоҳида гуфта гузаштааст.

Дигар хусусияти барҷастаи назарияи маърифати Иқбол ба тақсимоти мутлақ дар байни Хирад ва Ишқ асос ёфтааст. Ин тақсимоти ӯ низ аз тақсимот дар байни Рӯҳ ва Ҷисм сарчашма мегирад. Ишқ восита ва ё афзори шинохти ҳақиқат тавассути Рӯҳ мебошад. Таъбири «хаёл», ки Иқбол бисёр истифода мебарад, ба маънои олами улвӣ ва ҳақиқати илоҳӣ мебошад, ки танҳо тавассути «дил» ё худ ишқ шинохта мешавад. Иқбол дар шеъри «Ишқ» (229) аз Ақлу Хирад даст кашидан ва ба Ишқ рӯ оварданашро нақл мекунад.[23] Дар асоси ҳамин боварӣ, Иқбол афкори худро бо шеър баён мекунад, чунки шеърро ӯ василаи асосии изҳори Ишқ ё худ маърифати рӯҳонии ҳақиқат медонад (шеъри «Ҳикмату шеър»).

Хирад ё Ақл раванди шинохти ноқис ва иллюзорӣ тавассути афзорҳои ҳиссии Ҷисм мебошад. Роҳи раҳоӣ ёфтан аз ин нигоҳи «дубин»-ро Иқбол дар сарфи назар кардани афзори ҷисмонии Хирад мебинад.[24] Хирад дар кори шинохти ҳақиқат қодир нест ва фақат инсонро ба сароб ва тасаввуроти нодуруст дар бораи ҳақиқат мерасонад. Ақлу хирад, ки хоси Фаранг, яъне Ғарб аст, шеваи ҷавзанӣ (Ҷавзан – соҳирони Ҳинди Қадим) ё соҳирӣ мебошад, ки бо роҳи фиребгарӣ ва раҳзанӣ инсонро аз роҳи худошиносӣ берун мекунад. Иқбол ба афсонаи сомии Одам ва ронда шудани ӯ аз биҳишт рӯ оварда, ақлро фусункору роҳзан меномад (261). Ҳамин гуна, ақлу хиради Фаранг соҳирӣ, ҷодугарӣ ва “шишагарӣ” мекунад ва меомӯзонад (256). Он ба монанди шиша ҳақиқатҳое месозад, ки абадӣ нестанд, дер ё зуд мешикананд ва аз байн мераванд. Ақл ҳар чӣ қадар ривоҷ кунад, гирифтортар мешавад, чуноне ки ақлгароӣ бемори фарангӣ (аврупоӣ)-ро бемортар ва табоҳтар кардааст (260). Аз фарҳанги Аҷам ҳам бояд даст кашид, ки майл ба фарҳанги пешазисломии худ дорад ва аз ин рӯ, дар ботини худ ба ислом вафодор нест. Балки Иқбол ба ҷои Аврупо ва Аҷам «дашти Араб», яъне фарҳанги исломиро тарғиб мекунад.

…Фаранг гарчи сухан бо ситора мегӯяд,

Ҳазар, ки шеваи ӯ ранги ҷавзанӣ дорад.

…Дигар ба дашти Араб хайма зан, ки базми Аҷам

Майи гузаштаву ҷоми шикастанӣ дорад (250).

Ин назари худро шоир дар асари насрии худ “Эҳёи фикри динӣ дар Ислом” тақвият медиҳад. Ғарб фикри исломиро истифода карда, дар андеша ва амал пеш рафт. Мо бояд аз он омӯзем, вале набояд шефтаи зоҳири он шавем ва дастовардҳои ботиниашро фаромӯш кунем. Мо бояд пеш аз ҳама дастовардҳои ботиниашро омӯзем. Аммо дар Осиёи Миёна раванди тамоман зидди аз байн бурдани дастовардҳои ботинии дини ислом ва ба ҷиҳатҳои зоҳирии Ғарб побанд шудан сурат мегирад.[5]

Нахустин сарчашмаи ботили Хирад ҷаҳони моддӣ мебошад. Ҷаҳони моддӣ фиреби назар,[25] ангора, сароб ва ё иллюзияе мебошад,[26] ки на воқеият, балки маҳсули афзорҳои ҳиссӣ мебошанд. Хирад моро ба ин сароб машғул медорад ва барои дарки ҷаҳони ҳақиқӣ – улвӣ ва илоҳӣ монеа эҷод мекунад (р. 156, саҳ. 206).

Дигар сарчашмаи ботил будани Хирад Ҷисми инсон мебошад. Ҷисм аз майлу хоҳишҳо ва ғаризаҳои дурӯғу ботил иборат мебошад. Онҳо инсонро ба бутпарастӣ мерасонанд, ки аз бутҳо, яъне ғайр аз Худо ҳақиқат метарошанд.[27] Аз ин рӯ, Иқбол ба он даъват мекунад, ки дар шинохти ҳақиқат ба афзорҳои рӯҳонӣ-имонӣ такя кунем, на ба афзорҳои ақлӣ-мантиқӣ.[28] Ҷараёни хирад тавассути узвҳои ҳис дар шинохти ҳақиқат на фақат заифу нотавон аст,[29] балки инсонро ба гумроҳӣ мебарад. Таъбирҳои шоиронаи Иқбол, ба мисли «бут», «парда» ва ғайра ба ҳамин ҷиҳат – фиребанда ва ноқис будани шинохти ақлӣ далолат мекунанд.[30]

Ин гуна тақсимот дар байни Рӯҳ ва Ҷисм Иқбол ва дигар орифони исломиро ба хулосаи реаксионӣ мерасонад, ки Ақлу Хирад наметавонанд ҳақиқатро шиносанд. Онҳо ҳақиқатро ба Худо ва дигар арзишҳои динӣ маҳдуд мекунанд.[31] Иқбол дар шеъри «Кирми китобӣ» Ишқ – афзори рӯҳонии маърифати ҳақиқатро бар Хирад, ки афзори ҷисмонии маърифат мебошад, бартар мегузорад. Шинохти ҳақиқат тавассути хирад (дар мисоли Сино ва Форобӣ) ғайриимкон аст. Дар шеъри дигар бо номи «Ҳикмату шеър» низ шоир ин тақсимоти теологиро дар байни Ишқ ва Хирад дар мисоли Румӣ ва Сино идома медиҳад:

Ин фурӯтан рафту то гавҳар расид,

Он ба гирдобе чу хас манзил гирифт (саҳ. 220)

Ин назарияи маърифати Иқбол теологӣ мебошад, ки дар байни воситаҳо ва афзорҳои гуногуни маърифат табақабандӣ эҷод мекунад. Он як афзор ва намуди маърифатро бар дигар афзор ва намуди маърифат бартар мегузорад. Ишқро афзори бартар ва беҳтари шинохти ҳақиқат ва Хирадро афзоре медонад, ки ҳақиқатро дуруст ва муътамад шинохта наметавонад. Оламе, ки Хирад таҳқиқ мекунад, олами берун аст ва оламе, ки Ишқ кашф мекунад, олами дарун мебошад.

Иқбол дар “Эҳёи фикри динӣ дар Ислом” ин тақсимотро дар байни Ҷисм ва Рӯҳ чун сарчашмаҳои дугунаи маърифати олами ҳастӣ то андозае ба тарзи дигар шарҳ медиҳад. Иқбол андеша ва ишроқ (интуитсия)-ро аз як реша медонад, чунки ҳар дуи онҳо як ҳақиқатро мешиносанд. Ин ҳақиқат ба худо мансуб аст. Яке ҳақиқатро пора-пора ва дигаре якпорча ва ба сурати куллӣ мебинад. Андеша ба ҷанбаи гузарон ва интуитсия ба ҷанбаи абадии ҳақиқат назар дорад. Ишроқ ва ё дарунбинӣ навъи олитари ақл аст, чуноне ки Бергсон мегӯяд. Фикр ба худии худ ҳувият надорад, балки аз кулли бузургтари «лавҳи маҳфуз» реша мегирад ва дар Замон худро зуҳур мекунад. Фикр алоқа ва мулоқоте аст миёни мутаноҳӣ (инсон, ҷисм) ва номутаноҳӣ (худо).[6]

Ба ҳар сурат, тақсимоти Иқбол дар байни ду асли инсон, ду сарчашма ва афзори шинохт ва ду олам аз бисёр ҷиҳат хатарнок мебошад. Пеш аз ҳама, Хирадро афзори номуътамади таҳқиқу шинохти ҳақиқат донистан, олами материалиро фиреби назар ва ё ҳақиқати дуюмдараҷа шумурдан ва олами ботиниро тавассути Хирад даркнашаванда пиндоштан хилофи талаботи Ҷаҳонбинии оянда ва методологияи он – методологияи “бехатарии вуҷудӣ” мебошанд. Ин пешниҳоди теологӣ-мистикии Иқбол афзорҳои маърифатӣ ва олами ҳастиро ба ду категорияи баҳамзид – афзори муътамад (Ишқ) ва афзори номуътамад (Хирад) ва ҳастии ростӣ (Рӯҳ) ва ҳастии дурӯғ (Ҷисм) ҷудо мекунад, ки хилофи талаботи фалсафӣ-илмии Ҷаҳонбинии оянда мебошад. Дар ҷавоб, ду талаботи муҳими маърифатшиносии Ҷаҳонбинии оянда инҳоянд: 1) Хирад маҷмӯи афзорҳои мӯътамади шинохт мебошад ва 2) Тақсими олами ҳастӣ ба рост ва дурӯғ хато аст.

* * *

Ҳадафи зиндагӣ

Дар заминаи масъалаҳои абадият, тақсимот дар байни Рӯҳ ва Ҷисм ва шинохти ҳақиқат Иқбол чун орифони дигар таълимоти худро дар бораи ҳадафи зиндагӣ пешниҳод мекунад. Ба таври куллӣ, пешниҳоди Иқбол аз он иборат мебошад, ки баробари зиндагӣ кардан мо бояд аз он, яъне аз арзишҳо ва манфиатҳои моддӣ ва ҷисмонӣ дар ин ҷаҳон даст кашем.[32] Ин андешаи Иқбол нав нест. Балки андешаи қадимаи харобкори динӣ ва сӯфиёна аст, ки зиндагии инҷаҳониро ҳеч медонад. Он аз тафаккури ғоратгарии биёбонӣ реша мегирад, ки зиндагӣ кардан ба маънои ҳуҷум ва ғорат кардани манзилҳои сари роҳ мебошад.[33]

Бо чунин тафаккури динӣ ва сӯфиёна, Иқбол ҳидоят мекунад, ки аз баҳри зиндагии ҷисмонӣ гузарем ва ҳадафи мавҷудияти худро расидан ба олами улвӣ донем.[34] Ҳадафи зиндагӣ пушти сар кардани хоҳишҳо, майлҳо ва ғаризаҳои ҷисмонии инсон, аз онҳо раҳо ёфтан ва аз ин роҳ, ба олами рӯҳонӣ расидану пайвастан мебошад. Аз ин рӯ, зиндагӣ кардан шеваи «сафар кардан» ва аз ин «манзил» гузаштан мебошад. Ин ҷаҳон, яъне ҷаҳоне, ки бо узвҳои ҳис онро мебинем, дар таъбири шоиронаи Иқбол, «манзил», «санги роҳ» ва «реги равон»[35] номида мешавад. Ин монеа бояд пушти сар шавад. Мисле ки корвон аз биёбон мегузарад ва шабро дар корвонсарой рӯз мекунад, вале наметавонад то охир дар корвонсарой боқӣ монад.

Дар тафаккури ғоратгарии биёбонӣ, ки зиндагии инҷаҳониро беарзиш медонад, афсонаи сомии офариниши Одам ва ронда шудани ӯ аз биҳишт мавқеи марказӣ дорад. Офариниши Одам аз хоки паст ба он далолат мекунад, ки ҷисми ӯ бадасл аст. Чун Одам фиреб хурд, ки ҷаҳони моддӣ ҷаҳони асл аст ва аз ин рӯ, ба асл будани олами рӯҳонӣ шак овард, аз он (ҷаннат) ронда шуд. Акнун ӯ бояд аз асорати ҷисм ва ақлу ҳуш халос шавад ва ба ҷаҳони асл боз баргардад.[36] Дар «Ҷовиднома» Иқбол бо афсонаи худ дар мавриди «Нахустин рӯзи офариниш» пастию дунии Заминро баён мекунад. Ба назари ӯ, танҳо вуҷуди одамони диндор ин манзили тираро равшан карда метавонанд (369-370). Дар партави ин афсона, яке аз образҳои шоиронаи инсони идеалӣ, ки Иқбол бисёр истифода мебарад, «ғунча» мебошад. «Рамзи ҳаёт» бояд аз ғунча омӯхт, ки аз «хоки тира» мерӯяд, вале «нигоҳаш бар шуои офтоб аст» (199).

Образи дигаре, ки Иқбол барои ифодаи тафаккури динию сӯфиёна (биёбонӣ)-и худ истифода мебарад, қаҳрамони ғоявии ӯ – Сорбони Ҳиҷоз мебошад. Ҳиҷоз рамзи фарҳанг ва маънавиёти исломӣ ва Сорбон рамзи касе мебошад, ки барои ин фарҳангу маънавиёт аз баҳри биёбон, яъне ҷаҳони моддӣ мегузарад. Яъне қаҳрамони ӯ касе аст, ки ин ҷаҳонро чун биёбоне меҳисобад, ки ба хотири арзишҳои исломӣ онро пушти сар мекунад. Дар шеъри «Ҳудо (Нағмаи сорбони Ҳиҷоз)» (222‑223) образи инсоне тасвир шудааст, ки ба ин ҷаҳон меҳр надорад ва ҳар чӣ зудтар мехоҳад ба чаҳони рӯҳонӣ сафар кунад.

Образҳои дигари шоир, ки ба даст кашидан аз ҷаҳони моддӣ-заминӣ ва зиндагии ҷисмонӣ ҳидоят мекунанд, «қатраи об», «оби ҷӯй», «шоҳин» ва «кирмаки шабтоб» мебошанд. Дар шеъри «Кибру ноз» Иқбол бо таъбири «оби ҷӯй» инсонро тасвир мекунад. Чуноне ки оби ҷӯй аз кӯҳсору марғзор мегузарад ва ба баҳр мерезад, инсон низ бояд дар ин ҷаҳон қарор нагирад ва ба сӯи Худо равад. («Ҷӯйи об», саҳ. 233). Инсон чун ҳамаи мавҷудоти дигар монанд ба «қатраи об» аст. Он бояд ба «баҳр», яъне ба Худо баргардад. Касе, ки «қатра»‑и худро имтиёзе медиҳад ва мехоҳад онро мустақил аз дигар мавҷудот донад, мағрур аст. Шарт ин аст, ки ҳар фарди инсонӣ қатраи худро ба гавҳар табдил диҳад, вале дар оғӯши қулзум (баҳр), ки образи Худо аст, боқӣ монад.[37] Ҳамин гуна, дар мавриди дигар Иқбол шоҳинро мисол меорад, ки аз ҷаҳон вораста шудааст ва дар оғӯши Худо бехатар парвоз мекунад («Шоҳин ва моҳӣ», 225‑226).

Ин гуна образҳои шоирона ва сӯфиёнаи Иқбол зиндагисозу иҷтимоӣ нестанд ва манофеи умумро ҳимоя намекунанд. Аз ин қабил образҳо “кирмаки шабтоб” аст, ки дар шеъри «Кирмаки шабтоб» (226) тасвир ёфтааст.[38] Он ба худафрӯзии худ дар шаби тира машғул аст. Шаби тираро агар ҷомеа фарзи мисол гирем, кирмаки шабтоб тирагиҳо ва мушкилиҳои ҷомеаро ҳал намекунад, балки ба худаш машғул ва маҳдуд мебошад.

Образи дигари хилофи арзишҳои заминӣ ва зиндагии Иқбол дар шеъри «Танҳоӣ» (226‑227) тасвир ёфтааст. Танҳоиро ӯ арзиши баланди маънавӣ ва иҷтимоии инсон медонад. Ба ҷуз танҳоӣ инсон наметавонад дар ҷаҳони моддиёт ва дар ҷомеа мақоми дигар дошта бошад, чунки олами иҳотакарда ва мавҷудоти он, аз қабили баҳр, кӯҳ, моҳ, ситораҳо ва ғайра майлу хоҳишҳои ботинӣ ва рӯҳонии ӯро эҳсос ва дарди ӯро даво карда наметавонанд. Аз ин рӯ, инсон аз баҳри ин ҷаҳон мегузарад ва ба сӯи Худо рӯ меорад.

Муҳаммад Иқбол мавзӯи арзиши зиндигиро дар “Эҳёи фикри динӣ дар Ислом” низ идома медиҳад. Дар ин асари насрӣ ӯ мехоҳад исломро ба воситаи консепсияи ҷаҳони моддӣ модернсозӣ кунад. Ба ҳамин хотир, ӯ кӯшиш мекунад, ки дар байни моддӣ ва маънавӣ робита барпо кунад. «Дар ислом фикрӣ ва воқеӣ ё маънавӣ ва моддӣ ду нерӯи мухолиф нестанд, ки бо ҳам созгор набошанд». Бояд моддӣ дар хизмати маънавӣ бошад ва ба он ҷазб шуда нуронӣ шавад.[7]

Дар асл, ин пешниҳоди Иқбол ҳеч гуна навоварие нест, чун ӯ принсипи аслии динро нигоҳ медорад, ки зиндагиро тобеи охират мекунад. Инсон ба хотири ҷаҳони охират зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҳеч як дине, аз он ҷумла исломро наметавон куллан модерн кард ва маънавиётро дар хизмати зиндагии инҷаҳонӣ қарор дод. Бинобар ҳамин, нуронӣ шудани моддӣ ғайримкон аст, вагарна идеяи асли маънавӣ сохта намешуд. Аслан барҳам додани ҷудоӣ дар байни моддӣ ва маънавӣ боиси аз байн рафтани дин низ мегардад. Чаро? Чунки моддӣ азбайнраванда аст, гирифтори марг мешавад ва онро нуронӣ ва муқаддас гуфтан маънои онро дорад, ки гӯем: марг ба олами улвӣ низ даст дорад.

Иқбол барои модернсозии ислом дар робита ба консепсияи ҷаҳони моддӣ оятҳои 38-39-и сураи Зухруфи Қуръонро мисол меорад ва ба тарзи нав тафсир мекунад: «Осмон ва Замин ва он чиро дар миёни онҳо аст, ба бозӣ наёфаридаем. Онҳоро ҷуз ба ҳақ ва ростӣ наёфаридаем, вале бештари эшон намедонанд».[8] Ин гуна мисолҳои «ба беҳуда наофаридани Осмону Замин»-ро Иқбол аз сураи Оли Имрон (оятҳои 190-191), сураи Фотир (ояти 25), Анкабут (ояти 20), сураи Нур (ояти 44), сураи Луқмон (ояти 20), сураи Наҳл (ояти 12) низ меорад. Бо ин Иқбол иддао мекунад, ки дар вуҷуди ин ҷаҳон аломоти вуҷуди худо дида мешавад.

Аммо ин консепсиясозӣ рӯҳу мароми Қуръонро ифода намекунад. Он чизе, ки масалан дар сураи Зухруф дар назар дошта мешавад, ба назари Иқбол мувофиқат намекунад. Дар ояҳои 10-11‑и сураи мазкур таъкид аз «замину осмон» ба он хотир аст, ки мардум онҳоро чун қудрати худованд донанд ва аз ин рӯ, «ҳидоят» шаванд. Ин ҷо ҳадаф ҳидоят кардани мардум ба дин аст, на муҳим гардондани замину осмон, яъне ҷаҳони моддӣ. Баръакс, дар худи ҳамин сура, дар ояти 13 гуфта мешавад, ки инсон қудрати онро надорад, ки чорпоёнро ром кунад, яъне кори ҷаҳонро дуруст кунад. Балки худо ҳаст, ки пешакӣ, пеш аз он ки одамро офарид, ҳама кори ҷаҳонро дуруст кард. Дар ин ҷо нақши пассиви инсон ва қудрати фаъоли худо нишон дода шудааст. Ҳамчунин, дар ин сура дар назар дошта мешавад, ки инсон ба табиат чун ба неъмат бояд муносибат кунад. Ба ӯ чунин имконе дода мешавад, ки табиатро истисмор кунад ва аз худо шукр кунад. Ин ҷо консепсияи «неъмат» боис мегардад, ки инсон табиатро хароб кунад ва дар фикри беҳбуд кардани табиат нашавад. Ҳамчунин, консепсияи «шукр» ин ҷо пайдост, ки инсонро ба пассив, туфайлӣ ва пурра дар зери иродаи худо табдил медиҳад. «Шукр», яъне диндорӣ омили асосии дастрасӣ ба «неъмат» дониста мешавад.[9]

Дар худи ҳамин сура, консепсияи ҷаҳони моддӣ бори дигар бо мафҳуми «дунявӣ» таъкид мешавад. Дар ояти 35 меояд: «Ва ҳамаи инҳо бархурдории ночизи дунявӣ аст, ҳол он ки охират дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст».[10] Ин бар хилофи кӯшиши Иқбол барои модернсозии Ислом аст. Дар Қуръон консепсияи дунявият комилан хилофи охират аст. Дунявият иборат аз моддигароии сирфи дунёӣ аст. Қуръон аз нуқтаи назари душманӣ ба мулкдорону сарватмандон ба ин ҷаҳон менигарад ва онро инкор мекунад. Роҳи дигари дунявиятро пешниҳод намекунад. Масалан, роҳи Маздакро, ки мехост сарватҳоро баробар дар байни мардум тақсим кунад. Балки тақсимоти нобаробарро азалӣ ва ислоҳнопазир дониста, ҳамчун алтернатива охиратро пешниҳод мекунад. Ба камбағалону бечорагон мегӯяд, шумо сабр кунед, то ки дар охират соҳиби ҳама чӣ шавед.

Иқбол таълимотҳо ва вазъиятҳоро эпизодӣ ва пора-пора мебинад. Дар кулл онҳоро тасаввур карда наметавонад ва ба ҳадафи «эҳёи фикри динӣ» андармон шуда, намехоҳад таълимоти қуръониро дар бораи ҷаҳони моддӣ ба сурати куллӣ тасаввур кунад. Барои шинохти сурати куллии ин таълимоти қуръонӣ ӯ бояд ҷанбаҳои гуногуни онро ба ҳисоб мегирифт, аз он ҷумла консепсияҳои «неъмат», «дунявият», «охират», «имон», «шукр», «носипосӣ», тақсимоти куллӣ дар байни «дунявият» ва «охират» ва ғайра, ки ҳамагӣ дар ҳама ҷои Қуръон ва ба таври алоҳида дар сураи Зухруф, ки худ аз он мисол меорад, оварда шудаанд. Ҷамъулҷамъ 89 ояти сураи Зухруф дар мавриди имон овардан ва мукофоти он мебошанд, на аз ин зиёда. Он чӣ «замину осмон» гуфта мешавад, бо далели мӯъҷизаи илоҳӣ буданашон мардумро ба дин овардан аст. Он чӣ «неъмат» гуфта мешавад, бар ивази имон дода мешавад. Иродаи худо дар офаридани чизҳо ва дуруст кардани корҳои ин ҷаҳон муҳимтар дониста мешавад. Инсон аз назари амал пассив дониста мешавад. Диндорӣ шарти асосии ба неъматҳои дунявӣ даст ёфтан ҳисобида мешавад. Охират чун консепсияе пешниҳод карда мешавад, ки дар муқобили «дунявият» гузошта мешавад. Аз як ҷиҳат гуфта мешавад, ки одамони муъмин ба неъматҳои дунёӣ дастрасӣ меёбанд. Аз дигар ҷиҳат гуфта мешавад, ки неъматҳои дунёӣ барои кофирон аст ва мардуми муъмин дар охират соҳиби ҳама чӣ мешаванд.

Хулоса, таълимоти қуръонӣ дар мавриди ҷаҳони моддӣ ва зиндагии инсон пур аз таззод мебошад. Он истисмори табиат ва инсонро аз тарафи муъмин машрӯъ мегардонад. Он инсонро дар эҷод кардани технологияи нав пассив медонад. Он нобаробарии иҷтимоии одамонро дуруст меҳисобад. Охиратро бар дунявият бартар мешуморад.

Ҳамин гуна, агар ба масъалаи ҷаҳони моддӣ ва амал ба таври куллӣ ва системавӣ нигоҳ кунем, назарияи маърифат ҳам бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Худи Иқбол аз сураи Бақара оятҳои 30-33-ро мисол меорад, ки дар он ҷо гуфта мешавад: «Пок Худоё, моро донише нест ҷуз он чи ба мо омӯхтӣ…»[11] Савол ин аст, ки чӣ гуна мешавад, ки инсон дар амали худ мустақил бошад ва амали худро бар асоси дониш кунад, дар ҳоле ки ӯ қудрати мустақилона ба даст овардани донишеро надорад. Дар сурате ки дониш «ҷуз он нест, ки худо ба инсон меомӯзад», дар навбати аввал, зинаҳо ва ё табақаҳои маротиби маърифат ба миён меояд. Дар ҷомеае, ки ба ин бовар асос меёбад, як гурӯҳи одамоне пайдо мешавад, ки ба дониши мӯътабар ва мӯътамад дастрасӣ доранд. Инҳо, пеш аз ҳама, пайғамбарон, имомон ва ҳатман олимони дин мебошанд. Намояндагони фалсафа ва илм, ки хилофи дин чизе мегӯянд, чунин дониши мӯътамадро дошта наметавонанд. Дар натиҷа, эҷоди илму дониш ва амалҳои ба онҳо асосёфта аз принсипу ҳикматҳои гузаштаи динӣ реша мегиранд. Ҳар он чизи наве, ки хилофи ин принсипу ҳикматҳо бошад, рад карда мешавад. Ин гуна дониш худ аз худ одамони бисёрро пассив мекунад ва амалҳои онҳоро ба пайравӣ ва тақлид маҳдуд месозад. Як гурӯҳи кӯчаке чун пайғамбарону имомон ва дигар баргузидаҳо ё дар гузашта мемонанд ва ё дар замони ҳозира аксарияти омро ба тақлид аз гузашта ҳидоят мекунанд. Амали пассивона иборат аз пайравию тақлид ва итоаткорию хоксорӣ мешавад. Он дигар қудрати эҷод надорад. Аммо ин хусусиятро Иқбол ба инобат намегирад.

* * *

Назарияи сиёсӣ‑иҷтимоии Иқбол

Чун дигар мутафаккирони исломӣ, таълимоти сиёсӣ ва ҷомеашиносии Муҳаммад Иқбол ба чанд мавриди пароканда марбут мебошад. Ӯ ҳеч гуна пешниҳоди куллӣ ва фарогир надорад ва дар айни замон назарияҳои дигаронро ба таври парешон такрор мекунад. Дар шинохти муносибатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ӯ ноогоҳона аз консепсияи марксистии муборизаи синфӣ истифода мебарад. Зоҳиран Иқбол бевосита марксизмро наомӯхта буд ва ҳатто онро барои манфиати иқтисодиро омили асосии ташаккули шахсият ва инкишофи таърихию ҷамъиятӣ донистан накӯҳиш мекунад. Вале шояд танҳо бо сабаби актуалӣ будани таълимоти марксистӣ аз он таъсир пазируфта буд. Ӯ ҳаёти сиёсиро ба муборизаи синфии бою камбағал ва ё хоҷаю ғулом маҳдуд ва тақсимоти манофеъро аз рӯи тааллуқияти синфии одамон ба сармоядор ва муздур тасдиқ мекунад (273).

Ин гуна дихотомия, ки хоси таълимоти марксистӣ мебошад, дар бисёр ашъори сиёсӣ ва даъватии Иқбол ба мушоҳида мерасад. Аз рӯи ҳамин гуна тақсимоти марксистии синфҳои иҷтимоӣ ӯ Ғарби имеприалистиро душмани Шарқи мусулмонӣ медонад. Маҳз ҳамин Ғарб боиси ба ғулом табдил ёфтани мусулмонон гардидааст. Яке аз Шарқҳои ғулом Кашмир аст («Соқинома», саҳ. 224‑225). Шоир роҳи наҷотро аз ин ҳолати ғуломӣ ба хоҷагони империалистии Ғарб ва надимони маҳаллии онҳо дар таҳкими дини ислом ва сохтани давлати исломӣ мебинад.[39] Инсон бояд аз ғуломии Хоҷа даст кашад ва чокарӣ ва бандагии Худоро қабул кунад. Барои Иқбол озодии инсон аз бутҳои маънавие чун Худо мавзӯи бегона аст. Балки ба назари ӯ бандагии Худо ҳадафи олии зиндагӣ мебошад. Ин идеяи «бандагии Худо»-ро шоир дар шеъри «Бандагӣ» тасвир мекунад (236).[40] Идеяи ғуломии одам аз тарафи одам дар шеъри «Ғуломӣ» (236) баён мегардад.[41] Иқбол ин матлабро дар дигар шеърҳояш ҳам идома медиҳад (256).

Ҳамин гуна, Иқбол тарафдори системаи сиёсии динии Умам, яъне Хилофати ягонаи мусулмонони ҷаҳон мебошад. Фақат бо чунин системаи давлатдорӣ метавон аз арзишҳои абадии дини Ислом ҳимоят кард, дар ҳоле ки дигар системаҳо, аз он ҷумла шоҳигарӣ ва демократия аз арзишҳои моддӣ ва ҷисмоние ҳимоят мекунад, ки гузаранда ва фанопазиранд (рубоии 135, саҳ. 203). Дар шеъри “Ҷумҳурият” (саҳ. 237) шоир мухолиф будани худро ба низоми демократӣ ошкор мекунад. Дар таъбири шоиронаи ӯ «хар» образи мардум мебошад, ки салоҳият ва тавони муайян кардани самти инкишофи таърихро надорад. Дар шеъри “Алмулку лиллоҳ” (саҳ. 233) Иқбол ҳатто зиёдаравӣ карда, имконияти исломӣ кардани тамоми ҷаҳон ва дар зери итоати Хилофати умам овардани онро изҳор мекунад. Дар ин маврид ӯ қиссаи Ториқро меорад, ки ба Андалус расид ва ба саволи ҷанговарон, ки “Дурем аз саводи ватан, боз чун расем?” чунин ҷавоб дод: “Ҳар мулк мулки мост, ки мулки худои мост” (саҳ. 233). Бо чунин пешниҳод шоир идеяи кӯҳнашуда ва зиддиинсонии ҷиҳодро дар ҷаҳони муосир аз сари нав ба миён мегузорад, гарчанде ин пешниҳод ноогоҳона ҳам бошад.

* * *

Хулоса

Баррасии нуктаҳои муҳими ҷаҳонбинии Иқбол дар ин мақола нишон дод, ки ӯ роҳу равиши мустақили фалсафӣ ва ҳунарӣ надорад. Аз ин рӯ, мақсад аз ин мақола шикастани бути Иқбол мебошад, ки дар зеҳни зиёиён ва мардуми оддӣ таҷассум ёфтааст. Бе таҳлилу баррасии ҳаматарафаи шахсият ва асарҳои ин донишманди Ҳинду Покистон мо аз ӯ шахсияти пайғамбарона сохтаем.

Мақолаи мазкур нишон дод, ки дар ҳастишиносӣ Иқбол пантеист ва дар маърифати ҷаҳони ҳастӣ агностик мебошад. Ӯ ба ғайр аз худо вуҷуди мустақилонаи дигар мавҷудотро рад мекунад. Иқбол аз фалсафаи аврупоӣ, бахусус таълимот дар мавриди ирода ба ҳаёт ва қудрат (Шопенҳауер ва Нитше) ва ҳамчунин худӣ (Фихте) барои исботи мавқеи динӣ-ирфонии худ истифода мебарад. Дарки ӯ аз мактабҳо ва намояндагони фалсафаи аврупоӣ сатҳӣ мебошад. Худи Иқбол дар бисёр мавридҳо фалсафӣ буданашро рад мекунад ва тасдиқ мекунад, ки ба таълимоти суннатии дину ирфони исломӣ майл дорад. Унсурҳои муҳимми ҷаҳонбинии Иқбол ба таври зер мебошанд:

1. Ӯ хирад, ақл ва узвҳои ҳисро чун сарчашмаи мӯътамади шинохт ва маърифати олами ҳастӣ инкор мекунад. Ба ҷои онҳо рӯҳро мегузорад.

2. Хилофи андешаи фалсафӣ, Иқбол Худоро ягона Ҳақиқати олами ҳастӣ медонад. Дигар падидаҳо, аз он ҷумла инсон ва ҷаҳони чизҳои моддиро чун сароб (мираж) ва хаёл (иллюзия) меҳисобад. Дар ҳоле ки фалсафа, баръакс, Худоро маҳсули хаёли инсон медонад.

3. Иқбол зиндагии инсонро дар ҷаҳони моддӣ аз рӯи ченакҳои динӣ-ирфонии Ислом баҳогузорӣ мекунад. Ӯ зиндагиро барои инкор кардани ҷисм ва ба олами рӯҳонӣ пайвастан зарур медонад. Чун таълимоти динӣ, ҷисм ва моддаро асли бадӣ меҳисобад. Роҳи раҳоӣ ва наҷотро аз ин асли бадӣ дар тариқати ирфонӣ мебинад.

4. Муҳаммад Иқбол дар ҳалли муаммои марказии фалсафа – ҳастӣ ва нестӣ мавқеи динӣ дорад. Ӯ арзиши ҳаёти инсонро дар ин ҷаҳон дуюмдараҷа ва хушбахтию ҷовидонагиро дар давомияти рӯҳонии инсон дар ҷаҳони улвӣ медонад. Ӯ ҷустуҷӯи бемаргии ҷисмонӣ ва фардии инсонро дар ин ҷаҳони моддӣ накӯҳиш карда, онро камназарӣ ва камталабӣ меномад.

5. Чун орифон ва мутакаллимони асримиёнагии исломӣ, Иқбол дар байни Ҷисм ва Рӯҳ фарқияти мутлақ мегузорад. Ҷисмро мазҳари хокӣ ва Рӯҳро асли илоҳӣ мешуморад. Ҷисм сарчашмаи эҳсосот, маърифати фиребанда ва дур аз ҳақиқат ва Рӯҳ бошад афзори шинохти Ҳақиқат мебошад. Ҷисм чун чизҳои дигари моддӣ гузаранда ва миранда аст, дар ҳоле ки Рӯҳ абадӣ боқӣ мемонад. Аз ин ҷо таълимоти Иқбол дар бораи ҳастишиносӣ ва назарияи маърифат реша мегирад. Дар ин робита, дар саросари ашъори худ Иқбол афсонаҳои диние чун офариниши инсонро мисол меорад.

6. Консепсияи Иқбол дар бораи Ишқ ирфонӣ мебошад. Ишқе, ки ӯ дар назар дорад, ҳеч рабте ба ишқи заминӣ дар байни зану мард надорад. Балки ишқ ҳам майли рӯҳонӣ ва ҳам фаъолияти маърифатии инсон барои шинохти Худо ва пайвастан бо он мебошад. Дар ин маврид, Иқбол се чизро монеаи расидан ба маърифати ҳақиқат ва ё худо мешуморад: 1) ҷаҳони моддӣ ва майлҳои табиии инсон ба он; 2) зан ва майлҳои шаҳвонӣ ба он ва 3) илм ва фарҳанги аврупоӣ.

7. Ҷиҳати барҷастаи афкори сиёсӣ-иҷтимоии Иқбол тарафдории ӯ аз хилофати исломӣ мебошад, ки на фақат ҳамаи мусулмонҳо балки тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониёнро бояд фаро гирад.

* * *

Пайнавишт:

[1] Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Куллиёти форсӣ (таҳияи матн ва таҳқиқи илмии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шарафнисо Пӯлодова). Душанбе: Дониш. 2013. – 669 саҳ.

[2] Муҳаммад Иқбол, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом. Душанбе: Эр‑граф. 2010. – Саҳ. 14

[3] Ҳамон ҷо. Саҳ. 16

[4] Ҳамон ҷо. Саҳ. 69

[5] Муҳаммад Иқбол, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом. Душанбе: Эр‑граф. 2010. – Саҳ. 24-25

[6] Ҳамон ҷо. Саҳ. 18, 22-23

[7] Муҳаммад Иқбол, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом. Душанбе: Эр‑граф. 2010. – Саҳ. 26

[8] Ҳамон ҷо. Саҳ. 26

[9] Қуръони маҷид (тарҷумаи Абдулмуҳаммади Оятӣ). Теҳрон: Нашри Замон. 1380 (2001). – Саҳ. 491

[10] Ҳамон ҷо. Саҳ. 493

[11] Муҳаммад Иқбол, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом. Душанбе: Эр‑граф. 2010. – Саҳ. 30

[1] Зишту неку зодаи ваҳми худованди туст,

Лаззати кирдор гир, гом бинеҳ, ҷӯй ком (209)

[2] Теғи дурахшандаӣ, ҷони ҷаҳоне гусил…

Бозуи шоҳин кушо, хуни тазарвон бирез (209)

[3] Марг бувад бозро зистан андар куном (209)

[4] Зи рӯи замин дона чидан хатост,

Ки паҳнои гардун худододи мост (218)

[5] Маро рӯзе гули афсурдае гуфт:

«Намуди мо чу парвози шарор аст.

Дилам бар меҳнати нақшофарин сӯхт,

Ки нақши килки ӯ нопойдор аст.» (193)

[6] Чу мирам, бо сабо хокам биёмез,

Ки ҷуз тавфи гулон коре надорам (194)

[7] Бо Худо дар парда гӯям, бо ту гӯям ошкор,

Ё расуллулоҳ! Ӯ пинҳону ту пайдои ман (260)

[8] Дамодам нақшҳои тоза резад… (189)

[9] Он чӣ будасту набояд, зи миён хоҳад рафт,

Он чӣ боисту набудаст, ҳамон хоҳад буд (263)

[10] Яке бар дил назар вокун, ки бинӣ

Ями айём дар як ҷом ғарқ аст (193)

[11] …Нигоҳам бартар аз гардун, танам хок (189);

Ки ҷонам дигар асту дигарам ман (198);

Сафоламро майи ӯ ҷоми Ҷам кард (190)

…Зи тан барҷастатар шуд маънии ҷон… (198)

…Чӣ сон гунҷид дил андар гили мо (198)

[12] Напайвастам дар ин бустонсаро дил… (190)

[13] Чӣ ғам, гар як ҷаҳон гум шуд зи чашмам

Ҳанӯз андар замирам сад ҷаҳон аст (200).

[14] Бе ту аз хоби адам дида кушудан натавон… (251)

[15] Зи ҳукми ғайр натвон ҷуз ба дил раст,

Ту, ай ғофил, диле пайдо накардӣ (190)

[16] Маҷӯ соҳил, ки дар оғӯши соҳил,

Тапидан як даму марги давом аст (200)

[17] Дил аз хубони бепарво нигаҳ дор,

Ҳаримаш ҷуз ба ӯ додан ҳаром аст (191)

[18] Ишқро нозам, ки аз бетобии рӯзи фироқ

Ҷони моро баст бо дарди ту пайванде дигар (241)

[19] Хирад андар сарам бутхонае рехт,

Халили Ишқ дайрамро ҳарам кард (190)

[20] Талоши ӯ кунӣ, ҷуз худ наёбӣ,

Талоши худ кунӣ, ҷуз ӯ наёбӣ (195)

[21] Дил аз дил, ҷон зи ҷон бегона кардӣ (188)

[22] Зӣ баҳри бекарона чӣ мастона меравад,

Дар худ ягона, аз ҳама бегона меравад («Ҷӯи об», саҳ. 233)

[23] Ҷуз ишқ ҳикояте надорам…

Аз ҷилваи илм бениёзам… (229)

[24] Нигоҳи мо дубин афтод, варна

Ҷаҳони ҳар касе андар дили ӯст (185)

[25] Ин зеру забар чист? Фиреби назари мост (шеъри «Шабнам», саҳ. 227‑228)

[26] Ҷаҳони мо, ки ҷуз ангорае нест… (198)

[27] Хирад зинҷирии имрӯзу дӯш аст,

Парастори бутони чашму гӯш аст (190).

[28] Туро Ҳақ дидаи равшантаре дод,

Хирад бедору дил хобида магзар (202)

[29] …Барнахезад як шарар аз ҳикмати нозойи ман (259)

[30] Хирад бар чеҳраи ту пардаҳо бофт… (191)

[31] Зи Розӣ маънии Қуръон чӣ пурсӣ?

Замири мо ба оёташ далел аст (191)

Ё худ:

Эй ки дар мадраса ҷӯӣ адабу донишу завқ,

Нахарад бода кас аз коргаҳи шишагарон (241)

[32] Дил аз манзил тиҳӣ кун, по ба раҳ дор (197)

[33] Магӯ аз муддаои зиндагонӣ,

Туро бар шеваҳои ӯ нигаҳ нест.

Ман аз завқи сафар он гуна мастам,

Ки манзил пеши ман ҷуз санги раҳ нест (193)

[34] Зи манзил ҷодаи печида хуштар (194)

[35] Нишони роҳ аз реги равон гир (203)

[36] Шаке бо ҷони ҳайронам даровехт,

Ҷаҳон буд, он ки тасвири ҷаҳон буд? (198)

[37] Гуҳар шав, дар оғӯши қулзум бизӣ («Қатраи об», саҳ. 223)

[38] Агар шаб тиратар аз чашми оҳуст,

Худафрӯзам, чароғи роҳи хешам (226)

[39] Аз он май фишон қатрае бар каширӣ,

Ки хокистараш офаринад шароре (225)

[40] Гарди роҳем, вале завқи талаб ҷавҳари мост,

Бандагӣ бо ҳама ҷабрути худоӣ мафурӯш (236)

[41] Одам аз бебасарӣ бандагии одам кард… (236)



Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: