Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (37) – Шафоат (5)

Дархости шафоат

Дар чаҳор қисмати ахир, ба тафсил дар бораи шафоат — чӣ аз назари ақлӣ ва чӣ аз назари Қуръон ва ривоёт — баҳс кардем ва гуфтем, ки ҳамаи мусалмонон шафоатро дар рӯзи растохез, ба унвони як асли мусаллам, пазируфтаанд. Ва ҳамчунин гуфтем, ки шафоат кардани паёмбарон ва авлиёи Худо ва пазируфта шудани шафоати онон, бе қайду шарт нест. Дар дараҷаи нахуст аз ҷониби Худо ба шафоткунанда бояд “изн” (иҷоза) дода шавад, чунон ки мефармояд:

مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلاَّ بِإِذْنِهِ

Кист, ки дар назди ӯ (Худованд) ҷуз ба рухсати ӯ шафоат кунад?!” (Сураи Бақара, ояти 255)

Ва дар дараҷаи дуввум гунаҳкорон бояд дорои шароите бошанд, ки шоистаи шафоат шудан гарданд, ба гунае, ки пайванди имонии онон ба Худо қатъ нашуда бошад.

То инҷо тамомии мусалмонон, било истисно, дар ин масъала иттифоқи назар доранд.

Аммо дар ин миён як масъала ҳаст, ки пайравони мактаби эътиқодии Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб – ки ба ваҳҳобият ё салафият маъруфанд — бо соири фирақ ва ҷараёнҳои эътиқодии исломӣ дар он ихтилофи назар доранд. Ва он, масъалаи дархости шафоат аст. Онҳо, бо вуҷуди ин ки бо асли шафоат мушкиле надоранд ва шафоатро дар рӯзи қиёмат барои ҳазрати Паёмбар (с) ва соири анбиё собит медонанд, аммо мӯътақиданд, ки дархости шафоат аз шафеъ дар ин дунё (чӣ дар ҳоли ҳаёт ва чӣ баъд аз мамот) ҷоиз нест ва куфр ва ширк аст.

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мегӯяд:

من جعل بينه وبين الله وسائط يدعوهم ويسألهم الشفاعة ويتوكل عليهم كفر

Касе, ки байни худ ва Худо восита қарор диҳад ва он воситаҳоро бихонад ва аз онҳо талаби шафоат кунад ва бар эшон такя намояд, чунин фарде кофир аст…” (Рисолатут-тосиъа фи навқозил-ислом)

Бар ҳамин асос аст, ки мегӯянд, наметавон аз шофеон, чӣ дар ҳоли ҳаёт ва чӣ дар ҳоли мамот, талаби шафоат кард ва дар ҳар ду ҳолат ҳеч кас ҳақ надорад бигӯяд:

اشفع لنا يا رسول الله

(Моро шафоат кун, эй Паёмбар!), балки бояд бигӯяд:

اللّهمّ شَفِّع نبينا محمداً فينا يوم القيامة

Ва ё:

اللّهمّ شفّع فينا عبادك الصالحين و الملائكه

Яъне, бор илоҳо! Шафоати Муҳаммад (с) паёмбари моро дар рӯзи растохез дар ҳаққи мо бипазир! Ва ё бигӯем: Худоё! Шафоати бандагони солеҳ ва фариштагонро дар ҳаққи мо бипазир!

Дар посух гӯем: дархости шафоат ба шеваи дуввум, ки ваҳҳобиён мегӯянд, ишколе надорад ва дар ривоёт низ ҳаст, вале дар айни эътироф ба ин, мегӯем: дархости шафоати шофеон махсус ба ин қисм нест ва бар асоси ривоёти саҳеҳ (ки хоҳем овард) Худованди Мутаъол худаш роҳи дигареро низ ироа фармудааст, ки иборат аст аз: дархости шафоат аз шофеон.

Инак, мо далели ин муддаъоро ба сурати равшан бозгӯ мекунем:

1. Талаби шафоат дархости дуост:

Талаби шафоат ҷуз талаби дуо чизи дигаре нест. Аз он ҷо, ки паёмбарони илоҳӣ бандагони солеҳ ва гиромии даргоҳи илоҳӣ ҳастанд, инсони ниёзманд аз он бузургворон дархости дуо мекунад. Ва маънои:

اشفع لى عند الله

— ҷуз ин нест, ки аз Худо бихоҳ, ки масалан аз гуноҳи ман даргузарад.

Бухорӣ дар саҳеҳи худ таҳти бобе бо ин унвон:

 باب إِذَا اسْتَشْفَعُوا إِلَى الإِمَامِ لِيَسْتَسْقِىَ لَهُمْ لَمْ يَرُدُّهُمْ

(Агар мардум аз имом истишфоъ (дархости дуо) кунанд, ки Худо ононро аз тариқи ирсоли борон сероб созад, талаби ононро рад накунад) ин ривоятро овардааст:

جَاءَ رَجُلٌ إِلَى رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ هَلَكَتِ الْمَوَاشِى، وَتَقَطَّعَتِ السُّبُلُ، فَادْعُ اللَّهَ، فَدَعَا اللَّهَ

Марде хидмати Паёмбар (с) расид ва арз кард: Эй Расули Худо! Чорпоён ҳалок шуданд ва роҳҳо ҳама ба рӯямон баста шуданд, Худоро дуо кун, пас, Паёмбар дуо кард…” (Саҳеҳи Бухорӣ, 4/208, Ашшомила)

Хулоса, диққат дар ин ривоят ва шабеҳи он собит мекунад, ки моддаи “истишфоъ” ба маънои дархости дуо омадааст. Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки талаби шафоат ҷуз талаби дуо чизе нест, таҳрими он комилан бепоя аст. Ва шакке нест, ки Худо ба афроди мӯъмин фармон додааст, ки дар ҳаққи бародарони имонии худ дуо кунанд, ҳатто ба Паёмбар (с) мефармояд:

وَصَلِّ عَلَيْهِمْ إِنَّ صَلاَتَكَ سَكَنٌ

Ва барояшон дуо кун, зеро дуои ту барои ононт оромише аст…” (Сураи Тавба, ояти 103) Ва дар ояти дигар ба Паёмбар (с) дастур медиҳад, ки дар ҳаққи мӯъминон талаби омурзиш кун:

وَاسْتَغْفِرْ لِذَنبِكَ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ

Ва барои гуноҳи хеш омурзиш ҷӯй ва барои мардон ва занони мӯъмин талаби мағфират кун…” (Сураи Муҳаммад, ояти 19)

Агар Худо ба ин гурӯҳ фармон додааст, ки дар бораи гунаҳкорон дуо кунанд, оё мешавад дархости дуо дар ҳаққи онҳо ҳаром бошад?

2. Ҳадиси набавӣ ва дархости шафоат:

Тирмизӣ дар ривояте саҳеҳ аз Анас ибни Молик ва ӯ аз падараш нақл мекунад:

سَأَلْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ يَشْفَعَ لِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَقَالَ أَنَا فَاعِلٌ

Аз он ҳазрат хостам дар ҳаққи ман рӯзи қиёмат шафоат кунад ва ҳазрат фармуд: ҳатман ин корро мекунам…” (Сунани Тирмизӣ, 8/466)

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал овардааст:

كان مما يقول للخادم: ألك حاجة؟ قال: حتى كان ذات يوم فقال: يا رسول الله! حاجتي. قال: وما حاجتك؟ قال: حاجتي أن تشفع لي يوم القيامة. قال: ومن دلك على هذا؟ قال: ربي

Паёмбар (с) ҳамеша ба ходими худ мегуфт: Оё ҳоҷате дорӣ? То ин ки рӯзе ходим гуфт: Эй Расули Худо! Ҳоҷате дорам. Паёмбар (с) фармуд: Чӣ ҳоҷате дорӣ: Гуфт: Ҳоҷатам ин аст, ки дар рӯзи қиёмат барои ман шафоат кунӣ. Паёмбар (с) пурсид: Чӣ касе туро ба ин мавзӯъ роҳнамоӣ ва далолат намуд? Гуфт: Худои ман…” (Силсилаи саҳеҳаи мухтасара, 5/138, Ашшомила)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳеч мусалмоне наметавонад мункири ҷавози он бошад.

Агар гуфта шавад, ин далелҳо нозир ба ҷойе аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар қайди ҳаёт буданд, посух ин аст, ки паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ ҳаёти барзахӣ доранд ва пайванди мо бо онҳо барқарор аст, аз ин рӯ талаби шафоат аз онҳо баъд аз реҳлати эшон низ ҳеч ишколеро дарбар нахоҳад дошт. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки фуқаҳои исломӣ дар одоби зиёрати Расули Худо гуфтаанд, ки мусалмон дар баробари қабри шарифи он ҳазрат (с) меистад ва дархости шафоат мекунад.

Ҳол, ду се намуна аз гуфтори фуқаҳоро инҷо меоварам:

1. Дар “Фатҳул‒қадир” зимни баёни чигунагии зиёрати қабри шарифи ҳазрати Паёмбар (с) мегӯяд:

وَيَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى حَاجَتَهُ مُتَوَسِّلًا إلَى اللَّهِ بِحَضْرَةِ نَبِيِّهِ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ. وَأَعْظَمُ الْمَسَائِلِ وَأَهَمُّهَا سُؤَالُ حُسْنِ الْخَاتِمَةِ وَالرِّضْوَانِ وَالْمَغْفِرَةِ، ثُمَّ يَسْأَلُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الشَّفَاعَةَ فَيَقُولُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ ، يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ وَأَتَوَسَّلُ بِك إلَى اللَّهِ فِي أَنْ أَمُوتَ مُسْلِمًا عَلَى مِلَّتِك وَسُنَّتِك

Дар маҳзари ҷаноби Паёмбар (с) бо тавассул ба Худои Таоло аз Худо ҳоҷати хешро дархост мекунад. Бузургтарин ва муҳимтарини дархостҳо, ин дархости оқибатбахайрӣ, ризои Худо ва мағфирати ӯст. Сипас аз ҷаноби Паёмбар (с) талаби шафоат хоста мегӯяд: Эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам, эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам ва туро восита қарор дода, аз Худо дархост мекунам, ки маро мусалмон ва дар миллат ва суннати ту бимиронад… (Фатҳул-қадир, 6/249, Ашшомила)

2. Дар “Маҷмаъул‒анҳур фи шарҳи мултақал‒абҳур” низ дар боби кайфияти зиёрати қабри ҷаноби Паёмбар (с) мегӯяд:

ثُمَّ يَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى حَاجَتَهُ ، وَأَعْظَمُ الْحَاجَاتِ سُؤَالُ حُسْنِ الْخَاتِمَةِ وَطَلَبُ الْمَغْفِرَةِ وَيَقُولُ السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُكَ الشَّفَاعَةَ الْكُبْرَى وَأَتَوَسَّلُ بِكَ إلَى اللَّهِ تَعَالَى فِي أَنْ أَمُوتَ مُسْلِمًا عَلَى مِلَّتِكَ وَسُنَّتِكَ وَأَنْ أُحْشَرَ فِي زُمْرَةِ عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ

Сипас аз Худо дархости ҳоҷат мекунад ва бузургтарини ҳоҷатҳо дархости оқибатбахайрӣ ва талаби мағфират аст. Мегӯяд: Салом бар ту эй Расули Худо! Аз ту шафоати кубро металабам ва туро восита қарор дода, аз Худои Таоло дархост мекунам, ки мусалмон ва бар миллат ва суннати ту бимирам ва дар зумраи бандагони солеҳи Худо маҳшур гардам… (Маҷмаъул‒анҳур фи шарҳи мултақал‒абҳур, 3/26, Ашшомила)

3. Дар китоби “Фиқҳул‒ибодот” низ зимни баёни кайфияти зиёрати қабри Паёмбар (с) гуфтааст:

قال تعالى: «ولو أنهم إذ ظلموا أنفسهم جاؤوك فاستغفروا الله واستغفر لهم الرسول لوجدوا الله توابا رحيما». وقد جئناك ظالمين لأنفسنا مستغفرين لذنوبنا فاشفع لنا إلى ربك واسأله أن يميتنا على سنتك وأن يوردنا حوضك وأن يسقينا بكأسك غير خزايا ولا نادمين. الشفاعة الشفاعة يا رسول الله

Худо фармудааст: “Ҳар гоҳ бандагон бар хештан ситам карда, назди ту оянд (эй Паёмбар!), сипас аз Худо талаби мағфират намоянд ва ту ҳам барояшон аз Худо талаби омурзиши гуноҳон кунӣ, ҳар ойина Худоро тавбапазир ва меҳрубон хоҳанд ёфт”. Ба дурустӣ мо, ки ситамкорони нафси хеш ҳастем, барои гуноҳонамон талаби мағфират карда, ба назди ту омадем, пас барои мо дар пешгоҳи Парвардигорат шафоат кун. Аз ӯ дархост кун, ки моро бар суннати ту бимиронад ва бар ҳавзат ворид карда ва ба ҷоми ту моро сероб намояд, на хор гардем ва на пушаймон. Аз ту шафоат металабем, шафоат металабем, эй Расули Худо!... (Фиқҳул-ибодот, 1/207, Ашшомила)

Ва аммо дар посух ба ин ки мегӯянд, Паёмбар (с), ки аз дунё рафта, моро намешунавад, соҳиби китоби “Аннофеъул‒кабир”, аз фуқаҳои маъруф ва машҳури ҳанафӣ, сухане ҷолиб дорад, мегӯяд:

Байни авом овоза шудааст, ки гӯё ҳанафиҳо мӯътақид бошанд, ки мурдагон намешунаванд. Ҳақиқат он аст, ки ҳанафиҳо безор аз чунин нисбате ба онҳо мебошанд… Чӣ гуна қудамои асҳоби мо шунидани мурдагонро инкор мекарда бошанд ҳол он, ки нассҳое дорем, ки далолат бар шунидани мурдагон мекунад ва аксари саҳоба бар ин масъала иҷмоъ кардаанд… Уммулмуъминин Оиша (р) қабри бародари худ Абдурраҳмонро зиёрат карда ва бо ӯ сухан гуфтаанд, чунон ки Тирмизӣ ва ғайри ӯ ривоят кардаанд… (Сунани Тирмизӣ, 4/313, Ашшомила) Аз ин фаҳмида мешавад, ки шунаванда ва фаҳмкунанда руҳи инсон аст (на ҷасади ӯ) ва руҳ ҳам бо марг аз байн намеравад… Ба назари ман ҳаққонияти ин амр барои касоне, ки шунидани мурдагонро инкор мекунанд, баъд аз мурданашон ошкор хоҳад шуд, ҳарчанд дар ин ҳаёт онро инкор кунанд ва он гоҳ ба хато ва иштибоҳашон пай хоҳанд бурд, вале ҳайҳот, ки дигар суде барояшон надорад!” (1)

* * *

Ҳаминҷо баҳси шафоатро ба поён мерасонем, дар қисматҳои баъдӣ ба шарҳ ва баррасии идомаи матни Таҳовӣ мепардозем.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1)

ثم اشتهر بين العوام أن عند الحنفية لا سماع للموتى والحق أنهم بريئون عن ذلك… وكيف ينكر قدماء أصحابنا سماع الموتى مع ظهور النصوص الدالة عليه وإجماع أكثر الصحابة عليه وقد أنكرته عائشة (رضي الله عنها) لكن قد زارت قبر أخيه عبد الرحمن وخاطبت معه كما هو مروي في جامع الترمذي وغيره فعلم أنها رجعت إلى السماع والعقل أيضا يوافق السماع فإن السامع والفاهم إنما هو الروح وهو لا يفني بالموت وفناء البدن لا يقدح في ذلك ولعلمي قد ينكشف حقية هذا الأمر لمنكري السماع بعد موتهم وإن طال إنكارهم في حياتهم وعند ذلك يحصل معه التنبيه على خطأهم ولا يفيدهم ذلك

(Аннофеъул‒кабир, 1/242, Ашшомила)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: