Наводирул-вақойеъ (10)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (7)

(Хулоса:) Ҳуқуқе, ки аз ин нусус (оятҳо ва ривоятҳое, ки дар қисматҳои пешин оварда шуд) истифода мешавад, махсуси волидайн нест, балки омм буда ва ба ҷуз падару модар хешони наздик, ҳамсояҳо, ятимон, мискинҳо, дар роҳмондаҳо ва ходимонро низ шомил мешавад. Ва муқаддам доштани волидайн, ба ҷиҳати бартарӣ ва наздик будани эшон аст. Вагарна, эҳсон шомили ҳамаи ин гурӯҳҳо мешавад, ки ба шарти некӯкор ва дурусткор будани эшон ва ба муқтазои ҳикмати маданӣ ва манзилӣ, нисбат ба ҳар кадом аз онон эҳсон кунӣ; ба ин ки: бо эшон сухан ба нармӣ гӯӣ ва эшонро ба зери боли шафқат бигирӣ. Аз ин афрод касоне, ки ба ту некӣ кунанд ва дар ранҷи ту қадаме чанд туро ҳамроҳӣ намоянд, ё мӯйсафеду пир, ё касе, ки бо ту ҳамкорӣ намояд, ту мушт бар сари ӯ манеҳ, балки ту ҳам боли раҳмату раъфат бар сари ӯ дор ва дуои хайраш кун.

Ва чун волидайн ба хотири бордорӣ ва ширдиҳӣ ва парвариш ва ғайра, бар ҳамаи соҳибони ҳақ муқаддам ҳастанд, пас ҳаққи падару модарро бар ҳаққи ҳама муқаддам бидор. Агар тавоноӣ бошад, баъд аз эшон ба ҳаққи дигарон бипардоз.

Ва дар сурати набудани шароити эҳсон, ҳеч як аз соҳибони ҳақро нарасад, ки гиребони шахс бигиранд ва даъвои оқ кардан кунанд. Масалан, агар ҳамсояе дорӣ бисёр бадкирдор ва аз ту аспу шамшер бихоҳад, то ба роҳзанӣ машғул шавад, ё ходиме дорӣ, ки дар моли ту хиёнат мекунад, дар ин сурат агар дар адои ҳаққи ин ҳамсоя ва ин ходим кӯтоҳӣ кунӣ, оё гуноҳ карда бошӣ? Ҳошо! Балки дурусткор ва диндор будани ин соҳибони ҳақ шарт бошад. Ҳамчунин волидайнро нарасад, ки бе он ки дурусткор ва амонатдор бошанд, аз фарзанд талаби ҳақ намоянд ва даъвои оқ кардану ҷудо шудан сар диҳанд.

Ва аммо сабаби барҷаста будани ҳаққи волидайн дар миёни моён — бо вуҷуди зиёдии соҳибони ҳақ – аз он аст, ки падару модарон ба ҷиҳати эҳтиёҷ ва ё танбалӣ дар касбу кор, ба фарзандон зӯр меоранд. Агар сарватманд аст, дар молаш даст меёзанд, ва агар надор (ё варшикаста) аст, дар касбу кораш. Ва аз он ҷо, ки худро ба мискинӣ бароварда, аз байтулмол ё сарватмандон талаби ҳақ намудан, ё аз ҳамсояи тавонгар ҳоҷат хостан корест бисёр сахт ва ҳар касе ҳам ба он тан намедиҳад, ё барои таъмини маоши рӯзона ба кӯчаю бозор давидан корест душвор, аз ин рӯ ночор ба баҳонаи оқ кардану ҷудо шудан, фарзандонро зери фишор қарор медиҳанд. Ва фарзандон низ вақте чашм ба ҷаҳон кушоданд ва гӯш ба ҳар савту садо доданд, аввал нағмае, ки ба гӯши эшон мерасад, садои оққу ҳуқуқи падару модар аст ва аз ҳайбати он овоз бар худ меларзанд. Зеро онҳо бар ин ки ин ҳуқуқ омм аст (ва ба ҷуз волидайн дигаронро низ шомил аст) воқиф нестанд ва балки волидайн низ воқиф намебошанд. Ва ба фарз агар донанд ҳам, онро бармало намесозанд, то салобати “инак, оқ шудӣ ва инак, кофир гаштӣ”, аз пардаи гӯши фарзанд берун наравад. Аммо бақияи соҳибони ҳақ агар ба дасташон чизе диҳанд, мегиранд, ва агар на зӯроварӣ намекунанд. Бинобар ин, дар мавриди соири ҳуқуқ — ки мусовии ин ҳақ аст — он қадр ғавғо ва машғала барпо нест ва мушоҳида намешавад.

* * *

Ва аммо он чӣ аз ҳуқуқи волидайн, ки дар аҳодис ва ривоёт ворид шудааст:

1. Яке он чӣ дар “Мишкот” дар боби “Бирр ва сила” (Некӯӣ ва силаи раҳм) омада, ки:

عن أبي هريرة قال: قال رجل: يا رسول الله، من أحق بحسن صحابتي؟ قال: أمك. قال: ثم من؟ قال: أمك. قال: ثم من؟ قال: أمك. قال: ثم من؟ قال: أبوك. وفي رواية قال: أمك ثم أمك ثم أمك ثم أباك ثم أدناك أدناك

“Марде пурсид: Эй Расули Худо! Лоиқ ба ҳусни муошират (ва мусоҳибат) кист? Он сарвар (с) фармуд: Модар. Ба такрор суол рафт. Ҷавоб шуд: Модар. Ва дар ривояте, баъд аз такрор фармуд, ки баъд аз модар падар ва пас аз ӯ он, ки ба ту наздик аст дар қаробат. (Мишкотул-масобиҳ, 3/64, Ашшомила)

Пас, бар пояи ин ривоят, аввал ба эҳсон дар ҳаққи модар суфориш шудааст; зеро ки соҳиби ҳамл (бордорӣ) ва фисолу фитом (аз шир гирифтани кӯдак) аст, баъд аз он падар, чаро ки соҳиби инфоқ ва тарбият аст. Баъд аз он, хешовандон ба хотири силаи раҳм, баъд аз он агар тавоноӣ бошад, ҳуқуқи дигарон.

2. Дигар, ин фармудаи Паёмбар (с), ки:

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: رغم أنفه رغم أنفه رغم أنفه. قيل: من يا رسول الله؟ قال: من أدرك والديه عند الكبر أحدهما أو كلاهما ثم لم يدخل الجنة

Он ҳазрат (с) фармуд: Бар хилофи майли ӯ, бар хилофи майли ӯ, бар хилофи майли ӯ. Пурсиданд: (Бар хилофи майли) чӣ касе, эй Расули Худо? Фармуд: Касе, ки дарёбад яке аз падару модарашро ё ҳар дуро дар ҳолати пирӣ ва заъифӣ (ва хидматт эшон накунад) сипас вориди биҳишт нашавад”. (Ҳамон манбаъ, 3/64, Ашшомила)

Ва шомил аст ин ҳадис (ба иловаи волидайн) пир ва устод ва падари падарро ва модари модарро низ. Пас, агар волидайн пире “ҳарамшуда” бошанд, ки ҳеч сухан ва хидмат назди онҳо маъқул ва мақбул набошад, фарзанд дар кӯтоҳии хидмати онҳо гуноҳкор набошад; зеро дар дуои нақлшуда омадааст:

 اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْهَرَمِ

(Худоё! Паноҳ мебарам ба ту аз ҳарам!..) Ҳарам гандапир бошад. Ва маълум аст, ки мурод волидайни пири гандапир нест, зеро амр дар ҳаққи ӯ таклифе ба молоютоқ (таклифи беш аз ҳадди тавон) аст, балки мурод волидайне бошанд, ки мӯй дар тоату ибодат сапед кардаанд ва аз солеҳони умматанд, на аз фусақои миллат.

3. Дигар, ин гуфтори он ҳазрат (с), ки:

رضا الرب في رضا الوالد وسخط الرب في سخط الوالد

(“Хушнудии Парвардигор дар хушнудии падар аст ва хашми Парвардигор дар хашми падар”. (Мустадраки Ҳоким)) Оре, ризои офаридгор, рафтан дар чизе аст, ки ризои падар дар он бошад. Агар падар солеҳ ва дурусткор бошад — чун падари солеҳ ҳамаи ҳимматаш сарфи салоҳи фарзанд аст — ризои Парвардигор дар он бошад. Ва дар амри нописанд, падари солеҳ дар хашм ояд, ки хашми ӯ Таъоло низ дар он амри нописанд аст.

Аз ин ҳадис зоҳир мешавад, ки ризои Худованди Мутаъол дар ризои падари бадкор нест; зеро падари бадкор фарзандро ба фасод хонад; аз дуздию қимор ва шоҳидию мутрибию раққосӣ. Балки мумкин аст, ки агар писар ба ҳукми фитрат дар ин умур мухолиф бошад, ба ризои офаридгор бирасад.

4. Дигар, ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), ки:

وعن أبي أمامة أن رجلا قال: يا رسول الله، ما حق الوالدين على ولدهما؟ قال: هما جنتك ونارك

(“Марде аз он ҳазрат (с) пурсид: Эй Расули Худо! Ҳаққи падару модар бар фарзанд кадом аст? Фармуд: Падару модар биҳишт ва дӯзахи туст”. (Мишкотул-масобиҳ, 3/71, Ашшомила))

Оре, агар волидайн аз аҳли амонату диёнат бошанд, ҳамвора талқини амонату диёнат кунанд ва биҳишти фарзанд бошанд ва вай низ аз аҳли парҳезгорӣ гардад ва ба биҳишт равад. Ва агар аз аҳли шақоват ва хиёнат бошанд, дӯзахи фарзанд бошанд, ки аз шумии сӯҳбати онҳо ӯ низ шақӣ хоҳад шуд ва хоин гардад ва ба дӯзах дарафтад.

Мазмуни ин ҳадис, мазмуни ҳамон ҳадисе бошад, ки мегӯяд:

مَا مِنْ مَوْلُودٍ إِلَّا يُولَدُ عَلَى الْفِطْرَةِ فَأَبَوَاهُ يُهَوِّدَانِهِ وَيُنَصِّرَانِهِ وَيُمَجِّسَانِهِ

(Саҳеҳи Муслим, 13/126, Ашшомила) Яъне ҳар мавлуд бар фитрати имон ва ислом зода шавад, магар падару модари вай ӯро маҷусӣ ва насронӣ ва яҳудӣ мегардонанд.

Ва аммо зода шудани шақӣ аз саъид ва ё саъид аз шақӣ, ғолибан аз омехта шудани ҳаромҳо ва шубҳадорҳо дар луқма аст (дар мавриди аввал) ва парҳез аз онҳост (дар мавриди дуввум), ва ё рехтани нутфа аст дар раҳми зан дар вақтҳои наҳс (дар мавриди аввал) ва дар авқоти саъд (дар мавриди дуввум).

Дар ин ду ҳадиси ахир (яъне ҳадиси “Хушнудии Парвардигор дар хушнудии падар аст…” ва ҳадиси “Падару модар биҳишт ва дӯзахи туст…”) агар андаке таъаммул шавад, соҳиби фитрати салим ба хубӣ дармеёбад, ки ин нусус бар итлоқ нест (яъне ба сурати мутлақ нестанд), балки салоҳ ва дурусткории волидайн дар онҳо шарти зимнист дар ҳақталабӣ. Ва асосан, падару модари солеҳ ва некӯкор, аз фарзанд бе ҷиҳат талаби ҳақ намекунанд.

Пас, ба шарти салоҳи волидайн, итоати фарзанд аз эшон ва хидмат барои онҳо бар ӯ воҷиб мегардад ва савобу самараи онро дар дунё ва охират меёбад. Ва агар накунад, дар ҳар ду ҷаҳон ҳалок мегардад, магар ин ки эшон афв кунанд.

Ва ин ки волидайни солеҳ ва некӯкор аз фарзанд бе ҷиҳат талаби ҳақ намекунанд, ба далели ризои эшон ба қазо ва таслиму таваккули онон бошад. Ва он, ки бе ҷиҳат ҳақталабӣ мекунад, ба далели фасоди ҳоли ӯ ва ношӣ аз адами қаноат ва зиёдасарии вай бошад. Ва далел бошад бар ин ки ӯ корҳоро ба Худованд вонагузошта ва бар ӯ таваккул накарда ва ба қазову қадари илоҳӣ розӣ набуда.

5. Дигар ин гуфтори ҳазрати Паёмбар (с) аст, ки:

من أصبح مطيعا لله في والديه أصبح له بابان مفتوحان من الجنة وإن كان واحدا فواحدا، ومن أمسى عاصيا لله في والديه أصبح له بابان مفتوحان من النار وإن كان واحدا فواحدا. قال رجل: وإن ظلماه؟ قال: وإن ظلماه وإن ظلماه وإن ظلماه

Яъне “Ҳар касе субҳ бархезад дар ҳоле ки Худовандро дар ҳаққи падару модараш итоаткунанда бошад, ду дар аз биҳишт барои ӯ кушода гардад. Ва агар аз волидайн яке бошанд, як дар кушода гардад, ки аз он дар дарояд. Ва ҳар касе шом кунад дар ҳоле ки Худовандро дар ҳаққи волидайнаш нофармон бошад, ду дар аз дӯзах барои ӯ кушода шавад. Ва агар яке аз онҳо бошанд, як дар. Марде пурсид: Эй Расули Худо! Агарчӣ волидайн зулм кунанд бар фарзанд? Он ҳазрат (с) фармуд: Бале, агарчӣ волидайн зулм кунанд”. (Мишкотул-масобиҳ, 3/71, Ашшомила)

Мурод аз зулм дар инҷо он чӣ ба умури дунявӣ таъаллуқ гирад аст, на умури ухравӣ. Масалан, волидайн ба ҷиҳату заъф ва касолат, фарзандро амр ба анҷоми коре мофавқи тоқати ӯ кунанд (аз умури дунявӣ), мисли кандани чоҳ барои об, ё бардоштани чизе сангин, ё рафтан ба роҳи дур бе маркаб, ё мардикорӣ ва хидматкорӣ барои таъмини нафақаи онҳо, ки он фарзанд нафсе олӣ дошта ва ба корҳои паст тан намедиҳад, магар ҷиҳати дарёфти хушнудии волидайн қабул мекунад. Аммо агар фарзанд бадкор бошад, сар аз фармони онҳо боз мезанад ва амри онҳо баҷо намеоварад. Ва лекин агар ин зулм таъаллуқ ба умури ухравӣ гирад, мисли амри волидайн ба корҳои наҳйшуда — мисли дуздию қимор ва роҳзанӣ — ҳукм баръакс афтад. Яъне агар тибқи ризо ва хушнудии онҳо гом бардорад, дари ҷаҳаннам боз шавад. Ва дар нофармонӣ ба онҳо дар ин сурат, дари биҳишт кушода гардад.

Идома дорад

* * *

Матни аслӣ:

Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо (7)

Ва ҳуқуқе, ки волидайнро аз ин нусус мустафод мешавад, би хусусиҳ нест, балки муфоди он омм аст аз хеши қариб ва ҳамсояю айтом ва масокину ибни сабил ва хадаму ҷаворӣ. Тақдими волидайн аз ҷиҳати авлавияту ақрабият аст. Ва дар шумули эҳсон оммаи ин гурӯҳ дохиланд, ки ба шарти салоҳу садод ва ҳикмати маданӣ ва манзилӣ, ба ҳар кадом аз бародари муслимин (ва атбои худ) ин муомала пеш орад, сухан ба мулоимат гӯй ва эшонро ба зери боли шафқат гир. Аз ин ашхос касоне, ки бо ту некӣ кунад ва дар ранҷу ҳамли ту қадаме чанд мушояат кунад, ё мӯсафеду пир, ё касе, ки бо ту муованате намояд, ту мушт бар сари ӯ манеҳ, балки ту ҳам ҷаноҳи раҳмату раъфат бар сари ӯ дор ва дуои хайраш кун.

Ва чун эҳсон ба абавайн аз ранҷи эҳмолу фисол ва фитом зиёдатӣ дорад, бар ҳамаи аҳли истеҳқоқ, ҳаққи эшонро бар ҳуқуқи ҳама муқаддам дор. Агар тавоноӣ бошад, баъд аз эшон ба ҳаққи дигарон пардоз.

Ва назди фуқдони эҳсон, ҳеч як аз аҳли истеҳқоқро намерасад, ки гиребони шахс бигиранд ва даъвии ҳуқуқи уқуқ кунанд. Масалан, агар касе ҳамсояе дорад ширрир, аз ҷори худ аспу шамшер мехоҳад, то роҳ занад, ё бандаю ҷаворӣ дар моли хоҷа хиёнат кунанд, агар шахс таъаллул варзад дар эъто, бояд, ки базаҳкор шавад? Ҳошо, балки салоҳу диёнати ин соҳибони ҳуқуқ шарт бошад. Ҳамчунин абавайнро нарасад, ки бе салоҳу амонат аз фарзанд толиби ҳақ бошанд ва даъвии иқоқу шиқоқ дардиҳанд.

Ваҷҳи шӯҳрати ин ҳаққи умда (бо вуҷуди касрати аҳли ҳуқуқ) аз он аст, ки падарон ва модарон аз ҷиҳати эҳтиёҷ, ё коҳилӣ дар касб, ба фарзандон зӯр меоранд. Агар ғанӣ аст, дар молаш, ва агар муфлис, дар касбаш тавағғул менамоянд. (Ва) худро ба мискинӣ бароварда, аз байтулмол ё ағниё талаби ҳақ намудан, ё аз ҳамсояи ғанӣ ҳоҷат хостан амри саъбе аст (ва) ҳар нафсе бад-он тан дарнадиҳад, ё барои маоши явмия ба кӯчаю бозор давидан коре душвор, фалоҷарам, ба дабдабаи иқоқу шиқоқ авлодро зердаст намуда, коми нафс таҳсил намоянд. Ва авлод низ вақте ки чашм ба ҷаҳон кушоданд ва гӯш ба ҳар савту садо, аввал нағмае, ки ба гӯши эшон расад, садои уқуқу ҳуқуқи падар ва модар бошад, то аз ҳайбати он овоз бар худ биларзанд, чунки онҳо бар умуми ин ҳақ вуқуф надоранд, балки абавайн низ воқиф набошанд. Ва ба фарз агар донанд ҳам, барои ихтилоли матлаб лаби изҳор накушоянд, то салобату сатвати “инак оқ шудӣ ва инак кофир гаштӣ”, аз пардаи гӯши валад берун наравад. Аммо бақияи аҳли истеҳқоқ, агар ба дасташон чизе диҳанд, ахз мекунанд, вагарна зӯровар нестанд. Фалоҷарам, дар соири ҳуқуқ, ки мусовии ин ҳаққи умда аст, он қадр ғавғо ва машғала боздид намегардад.

Ва он чи ҳуқуқи абавайн ба аҳодис ворид ёфта, камо фил-Мишкоти фи “Бобил-бирр вас-силати”:

Қола раҷулун: Ё Расулаллоҳ! Ман аҳаққу би ҳусни саҳобати? Қола: Уммука. Қола: Сумма ман? Қола: Уммука. Қола: Сумма ман? Қола: Уммука. Қола: Сумма ман? Қола: Абука. Ва фи ривоятин қола: Уммука, сумма уммука, сумма абока, сумма аднока аднока”.

Пурсиданд, ки лоиқ ба ҳусни муошират (ва мусоҳабат) кист? Он сарвар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: Модар. Ба такрор суол рафт. Ҷавоб шуд: Модар. Ва дар ривояте баъд аз такрор фармуд, ки баъд аз модар падар, ва пас аз ӯ он, ки ба ту наздик аст дар қаробат. Пас аз ӯ ҳамчунин дар ин ҳадис тарғиб аст, аввалан ба гузориши эҳсон дар ҳаққи модар, зеро ки соҳиби ҳамлу фисолу фитом аст, баъд аз он падар, зеро ки инфоқ ва тарбият аст. Баъд аз он хешовандон ҷиҳати силаи раҳм, баъд аз он агар иститоат бувад, ба гузориши ҳуқуқи дигарон қиём мекунад.

Дигар, қавлуҳу алайҳиссалом:

Рағма анфиҳи, рағма анфиҳи, рағма анфиҳи. Қила: Ман ё Расулаллоҳ? Қола: Ман адрака волидайҳи индал-кибари аҳадуҳумо ав килоҳумо сумма лам ядхулил-ҷанната”.

Фармуд саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки: Хоколуд бод бинияш! мукаррар то се бор. Пурсида шуд, ки бинии кӣ? Гуфт: Бинии касе, ки дарёбад яке аз абавайнро ё ҳар дуро дар ҳолати пирию заъф ва хидмат накунад, то дохили биҳишт нашавад.

Ва шомил аст ин ҳадис пир ва устод ва падари падарро ва модари модарро. Пас агар абавайн пире бошанд, ки ҳарамшуда ва ҳеч сухан ва хидмат назди онҳо маъқул ва мақбул набувад, фарзанд дар эҳмоли хидмати онҳо базаҳкор набувад, чи дар дуое маъсур аст: ”Ва аъузу бика мин ал-ҳарами!” Ҳарам гандапир бувад? Ва маълум аст, ки абавайни пири гандапир набувад, чӣ амр дар ҳаққи ӯ таклифе ба молоютоқ бошад, балки мурод абавайнеанд, ки мӯй дар тоату ибодат сапед кардаанд ва аз сулаҳои умматанд, на аз фусақои миллат.

Дигар, қавлуҳу алайҳиссалом:

Ризар-Рабби фи ризал-волиди ва сахатур-Рабби фи сахатил-волид”.

Оре, ризои офаридгор дар марзои падар рафтан аст. Агар падар аз аҳли салоҳ бувад, чи падари солеҳ ҳамаи ҳимматаш масруф бар салоҳи фарзанд бошад, ки ризои Эзиди Субҳонаҳу дар он аст. Ва дар амри номарзӣ падари солеҳ дар хашм ояд, ки сахати ӯ Таъоло низ дар он амри номарзӣ аст.

Аз ин ҳадис зоҳир мешавад, ки ризои Эзиди Таъоло дар ризои падари толеҳ нест, зеро ки падари толеҳ фарзандро ба фасод хонад аз дуздию қимор ва шоҳидию мутрибӣ ва раққосӣ, балки мумкин аст, ки агар писар ба саодати фитрӣ дар ин умур мухолиф бошад, ба ризои офаридгор бирасад, то ба салоҳу садод майл орад ва сахати ин падар сабаби ризои Кирдугор гардад.

Дигар, қавлуҳу алайҳиссалом фи ҷавобин ман суила: Ё Расулаллоҳ! Мо ҳаққул волидайни? Қола: Ҳумо ҷаннатука ва норука.

Оре, агар абавайн аз аҳли амонату диёнат бошанд, ҳама талқини амонату диёнат кунанд, биҳишти фарзанд бошанд, ки вай низ аз аҳли вараъ бувад ва ба биҳишт равад. Ва агар аз аҳли шақовату хиёнат бошанд, дӯзахи фарзанд бошанд, ки аз шумии сӯҳбати онҳо вай низ шақӣ хоҳад шуд ва хоин шавад ва ба дӯзах дарафтад. Ва муфоди ин ҳадис ҳамон муфоди ҳадиси дигар аст, ки: “Мо мин мавлудин илло юладу алал-фитрати фа абавоҳу юҳаввидониҳи ва юнассирониҳи ва юмаҷҷисониҳи.”

Яъне, ҳар мавлуд бар фитрати имон ва ислом зода шавад, магар падару модари ӯ ӯро маҷусӣ ва насронӣ ва яҳудӣ мегардонанд. Ва аммо тавлиди шақӣ аз саид ва саид аз шақӣ ғолибан аз тахлити шубаҳот ва маҳзурот дар луқма аст ва танзеҳи он ё суқути нутфа дар авқоти масъуда ва манҳуса. Ва ҳукми зоҳири бар ағлабу аксар аст.

Дар ин ду ҳадис агар адно таъаммул равад, соҳиби фитрати салим медонад, ки нусус дар ҳуқуқи абавайн албата бар итлоқ нест, балки салоҳу садоди эшон шарт бувад дар ҳуқуқталабӣ. Балки абавайни солеҳ аз фарзанд ҳеч талаби ҳақ накунад. Ва ба муҷарради салоҳи эшон итоати фарзанд ва хидмати ӯ бар эшон воҷиб гардад, савобу самари он дар дунё ва охират биёбад. Ва агар накунад, ба ҳар ду ҷаҳон мустаҳлак бошад, магар ки эшон афв кунанд. Ва ин адами талаби ҳақ аз абавайни солеҳ, далели ризо ба қазо ва таслиму таваккул бошад. Ва он, ки ҳақталабӣ кард, далели фасоди ҳоли ӯ бошад ва он аз адами қаноату зиёдасарӣ бархезад ва далел бувад бар адами тафвиз ва таваккулу розӣ набудан ба қазову қадари илоҳӣ.

Дигар, қавлуҳу саллаллоҳу алайҳи ва саллам:

Ман асбаҳа мутиъан лиллоҳи фи волидайҳи, асбаҳа лаҳу бобони мафтуҳони минал ҷаннати. Ва ин кона воҳидан, фа воҳидан. Ва ман амсо осиян лилоҳи фи волидайҳи, асбаҳа лаҳу бобони мафтуҳони минан нор. Ва ин кона воҳидан, фа воҳидан. Қола раҷулун: Ва ин заламоҳу? Қола алайҳиссалому вас-салавот: Ва ин заламоҳу ва ин заламоҳу ва ин заламоҳу!” Вал муроду биззулми мо ятаъаллақу бил-умурид-дунявияти ло ал-ухравияти.

Яъне ҳар касе, ки сабоҳ бархезад, Худойро мутеъ бувад дар абавайн, ду дар аз биҳишт барои ӯ кушода бувад. Агар дар он рӯз бимирад, дар иотати эшон, гӯ аз ҳар кадом дар дарравад. Ва агар аз абавайн яке бошанд, як дари кушода бувад, ки аз он дар дарравад. Ва касе, ки шом кунад, Худойро дар абавайн осӣ бошад, ду дар аз дӯзах барои ӯ кушода бувад. Ва агар яке бошанд, як дар. Агар дар он шаб бимирад, дар исёни эшон аз ин абвоб дар дӯзах кашандаш. Марде пурсид, ки: Ё Расулаллоҳ! Ва агарчи абавайн зулм карда бошанд? Он ҳазрат муқаррар фармуд, ки: агарчи абавайн зулм кунанд ӯро.

Мурод ба зулм он чӣ таъаллуқ ба умури дунявӣ гирад, на умури ухравӣ. Масалан, абавайн аз ҷиҳати заъфу касал, ба амри мофавқи тоқати фарзанд бифармоянд (аз умури дунявӣ), ки мисли ӯ он кор натавонад кард, мисли кандани чоҳ барои об, ё ҳамли чизе гарон, ё рафтан ба роҳи дур бе маркаб, ё иртикоби муздурӣ барои нафақаи онҳо, ки он фазанд нафси олӣ дорад ва ба корҳои хасис тан дарнамедиҳад, магар ҷиҳати дарёфти хушнудии онҳо қабул мекунад. Ба хилоф, ки агар ширрир бувад, сар аз фармони онҳо боззанад ва амри онҳо баҷо наёварад. Ва агар ин зулм таъаллуқ ба умури ухравӣ гирад, чунон ки амри эшон дар ғайри мубоҳот бувад аз манҳиёт – мисли дуздию қимор ва роҳзанӣ — ҳукм боз баръакс афтад, ки агар дар ризои онҳо равад, дари ҷаҳаннам боз шавад, ки иқдом бо манҳиюн анҳу бошад. Ва дар исён ба онҳо дари биҳишт кушода гардад, ки тарки манҳиюн анҳу бувад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: