Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (38) – Паймони зарр

Матни китоб:

والميثاق الذي أخذه الله تعالى من آدم وذريته حقّ

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (р) гӯяд:) Аҳду паймоне, ки Худованди Мутаъол аз Одам (а) ва зуррийяи ӯ гирифта ҳақ аст…

* * *

Шарҳ:

Паймоне, ки Худованд аз зуррийяи Одам гирифт чист?

Дар ин қисмат аз гуфтор, Имом Таҳовӣ (р) ишора кардааст ба оятҳои 172-174 сураи Аъроф, ки мефармояд:

وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتَ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى شَهِدْنَا أَن تَقُولُواْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَذَا غَافِلِينَ. أَوْ تَقُولُواْ إِنَّمَا أَشْرَكَ آبَاؤُنَا مِن قَبْلُ وَكُنَّا ذُرِّيَّةً مِّن بَعْدِهِمْ أَفَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ الْمُبْطِلُونَ. وَكَذَلِكَ نُفَصِّلُ الآيَاتِ وَلَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

Ба хотир биёвар замонеро, ки парвардигорат аз пушти фарзандони Одам зуррийяи онҳоро баргирифт ва онҳоро гувоҳ бар хештан сохт ва фармуд: Оё ман парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Оре, гувоҳӣ медиҳем. (Чаро чунин кард?) Барои ин ки дар рӯзи растохез нагӯед, мо аз ин ғофил будем, ё нагӯед, падарони мо қабл аз мо бутпарастиро ихтиёр карданд ва мо ҳам фарзандоне баъд аз онҳо будем (ва чорае ҷуз пайравӣ аз онон надоштем), оё моро ба он чӣ ботилгароён анҷом доданд муҷозот мекунӣ? Ва инчунин оятҳоро тавзеҳ медиҳем ва шояд ба сӯйи ҳақ бозгарданд.”

Комилан равшан аст, ки ин аҳд ва паймоне, ки аз фарзандони Одам гирифта шуда, аҳду паймон ба ин аст, ки ӯ Таъоло рабби (парвардигори) эшон аст ва ҷуз Ӯ худое нест. Ва фарзандони Одам низ ба ин иқрор ва гувоҳӣ додаанд. Ба сухани дигар, оятҳои фавқ дар ҳақиқат ишора доранд ба “тавҳиди фитрӣ” ва ин ки вуҷуди имон ба Худо, дар аъмоқи руҳи одамӣ аст.

Худованд рӯйи суханро дар ин оят ба Паёмбар (с) карда, нахуст чунин мегӯяд: Ба хотир биёвар мавқеъеро, ки парвардигорат аз пушти фарзандони Одам зуррийяи онҳоро баргирифт ва онҳоро гувоҳ бар хештан намуд ва аз онҳо пурсид: Оё ман парвардигори шумо нестам? Онҳо ҳамагӣ гуфтанд: Оре, гувоҳӣ медиҳем.

“Зуррийя” чунон ки донишмандони луғат гуфтаанд, дар асл ба маънои “фарзандони кучак ва камсинну сол” аст, вале ғолибан ба ҳамаи фарзандон гуфта мешавад. Дар бораи решаи ин луғат эҳтимолоти мутаъаддиде дода шудааст. Баъзе онро аз “заръ” ба маънои “офариниш” медонанд, бинобар ин мафҳуми “зуррийя” бо мафҳуми махлуқ ва офаридашуда баробар аст. Ва баъзе онро аз “зарр”, ки ба маънои мавҷудоти бисёр кучак‏ ҳамонанди зарроти ғубор ва мӯрчаҳои бисёр рез мебошад донистаанд, аз ин назар, ки фарзандони инсон низ дар ибтидо аз нутфаи бисёр кучаке оғози ҳаёт мекунанд. Севвумин эҳтимол, ки дар бораи он дода шуда ин аст, ки аз моддаи “зарв” ба маънои “пароканда сохтан” гирифта шуда ва ин ки фарзандони инсонро зуррийя гуфтааанд ба хотири он аст, ки онҳо пас аз зоду валад ба ҳар сӯ дар рӯйи замин пароканда мешаванд.

Сипас ишора ба ҳадафи ниҳоии ин суолу ҷавоб ва гирифтани паймон аз фарзандони Одам дар масъалаи тавҳид намуда мефармояд: Ин корро Худованд ба ин ҷиҳат анҷом дод, ки дар рӯзи қиёмат нагӯед, мо аз ин мавзӯъ (тавҳид ва шиносоии Худо) ғофил будем: “Барои ин ки дар рӯзи растохез нагӯед, мо аз ин ғофил будем”.

Дар ояти баъд ишора ба ҳадафи дигари ин паймон карда ва мегӯяд: Ин паймонро ба хотири он гирифтем, ки нагӯед, падарони мо пеш аз мо бут‏параст буданд ва мо ҳам фарзандони баъд аз онҳо будем ва чорае ҷуз пайравӣ аз онҳо надоштем, оё моро ба гуноҳи онҳо муҷозот мекунӣ? Оре, ин гуна мо оятҳоро тавзеҳ медиҳем ва равшан месозем, то бидонанд нури тавҳид аз оғоз дар руҳи онҳо буда.

То ин ҷойи матлаб тамомии донишмандон ва фирақи исломӣ иттифоқи назар доранд ва ихтилофе миёни онҳо вуҷуд надорад.

Вале дар чигунагии ба вуқӯъ пайвастани ин гуфтугӯ ва кайфияти он, миёни донишмандон ихтилофи назар вуҷуд дорад, ки дар зайл ба муҳимтарини онҳо ишора мешавад:

1. Ҳангоме ки Одам офарида шуд, фарзандони ояндаи ӯ то охирин фарди башар аз пушти ӯ ба сурати заррот берун омаданд ва онҳо дорои ақл ва шуъури кофӣ барои шунидани сухан ва посух гуфтан буданд. Дар ин ҳангом аз тарафи Худованд ба онҳо хитоб шуд: Оё Парвардигори шумо нестам? Ҳамагӣ дар посух гуфтанд: Бале, гувоҳӣ медиҳем!

Ривоятҳо бо ин мазмун фаровонанд, ба унвони намуна Табарӣ дар тафсири худ аз Ибни Аббос (р) овардааст:

أخذ الله الميثاق من ظهر آدم بنَعْمَان — يعني عرفة — فأخرج من صلبه كل ذرّية ذرأها، فنثرهم بين يديه كالذرِّ، ثم كلمهم قَبَلا فقال: ألست بربكم؟ قالوا: بلى شهدنا، أن تقولوا الآية، إلى ما فعل المبطلون

Худованд мисоқ (паймон)-ро аз пушт ва сулби Одам дар Наъмон яъне Арафа гирифт; ба ин сурат, ки аз пушти ӯ тамоми зуррийяи ӯро, ки офарида берун овард, пас ҳамаи онҳоро пеши худ мисли зарроти рез пошид, сипас бо эшон рӯ дар рӯ сухан гуфт ва фармуд: Оё ман Парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Бале, гувоҳӣ медиҳем…” То охири ояти 174.

2. Тафсири дуввум он аст, ки: манзур аз ин олам ва ин паймон ҳамон “олами истеъдодҳо” аст; ба ин маъно, ки ба ҳангоми хуруҷи одамизод ба сурати “нутфа” аз сулби падар ба раҳми модар — ки дар он ҳангом зарроте беш нест — Худованд истеъдоди пазириши ҳақиқати тавҳидро дар ӯ ниҳодааст; ҳам дар ниҳод ва фитраташ ин сирри илоҳӣ ба сурати як ҳисси дарунӣ ба вадиъа гузошта шуда ва ҳам дар ақл ва хирадаш ба сурати як ҳақиқати худогоҳ. Бинобар ин, ҳамаи афроди башар дорои руҳи тавҳиданд. Ва суоле, ки Худованд аз онҳо карда, ба забони таквин ва офариниш аст ва посухе, ки онҳо додаанд низ ба ҳамин забон аст. Ва ба қавли Аллома Замахшарӣ, “аз боби тамсил аст”.

Ин гуна таъбирҳо дар гуфтугӯҳои рӯзона низ кам нест. Масалан, мегӯем: Ранги рухсора хабар медиҳад аз сирри дарун. Ё мегӯем: Чашмони баҳам рехтаи ӯ мегӯяд дишаб ба хоб нарафтааст. Аз яке аз адибон ва хатибони араб нақл мекунанд, ки дар суханони худ чунин мегуфтааст:

سل الأرض من شقّ أنهارك، وغرس أشجارك؟ فإن لم تجبك حواراً، أجابتك اعتباراً

Аз ин замин бипурс, чӣ касе роҳи наҳрҳои туро гушуда? Ва дарахтонатро кошта? Агар замин бо забони қол ба ту посух нагӯяд, ба забони ҳол ҷавобатро хоҳад дод.” (Тафсири Фахри Розӣ)

Дар Қуръони Карим низ сухан гуфтан ба забони ҳол дар баъзе аз оятҳо омадааст, монанди:

فَقَالَ لَهَا وَلِلْأَرْضِ اِئْتِيَا طَوْعًا أَوْ كَرْهًا قَالَتَا أَتَيْنَا طَائِعِينَ

Худованд ба осмон ва замин фармуд: Бо майл ё аз рӯйи иҷбор биёед ва сар бар фармон ниҳед. Онҳо гуфтанд: Мо аз рӯйи майл омадем ва сар бар фармон ниҳодем.” (Сураи Фуссилат, ояти 11)

Тафсири дуввум, ки ҷамъе аз муфассирон аз ҷумла Аллома Замахшарӣ ихтиёр кардаанд, дуруст ба назар мерасад. Зеро бино бар тафсири аввал, ишколоте ворид аст, ки баёни онҳо берун аз ҳавсалаи ин навиштор аст.

Дар қисматҳои баъдӣ ба шарҳу баррасии гуфтори дигари Имом Таҳовӣ (р) мепардозем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: