Наводирул-вақойеъ (11)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (8)

(Идомаи баррасии аҳодис ва ривоёте, ки дар бораи ҳуқуқи волидайн ворид шудаанд)

6. Дигар, ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), ки:

ما من ولد بار ينظر نظرة رحمة إلا كتب الله بكل نظرة حجة مبرورة. قالوا: وإن نظر كل يوم مائة مرة؟ قال: نعم الله أكبر وأطيب

(Нест фарзанди некӯкоре, ки нигоҳе меҳрубономез ба волидайн кунад, магар ин ки Худованд дар баробари ҳар назаре ҳаҷҷе мақбул барои ӯ нависад. Пурсиданд: Ва агар ҳар рӯз сад бор инчунин нигоҳ кунад? Фармуд: Бале, Худованд бузург ва некӯст. (Шуъабул-имон, 6/186, Ашшомила))

Бирр (некӯкорӣ ва эҳсон) дар тинати фарзанди борр (некӯкор), ғолибан аз эҳтиёти падару модари некӯкор сиришта шавад ва ҳар назар ба инчунин волидайн баробари ҳаҷҷи мақбул бошад. Ва шарр дар тинати фарзанди бадкор, аксаран аз беэҳтиётии падару модари шақӣ сироят кунад. Пас, дидори падаре, ки писарро ба рақсу шоҳидӣ супорад, ё дидори модаре, ки духтарро ба фоҳишагӣ гузорад, кай ва куҷо баробари ҳаҷҷи мабрур бошад? Ва ризои инчунин волидайн бо ризои Парвардигор ва хашми эшон бо хашми Ӯ Таъоло чӣ сон баробар ояд?

7. Дигар, ин гуфтори он ҳазрат (с), ки:

كل الذنوب يغفر الله منها ما شاء إلا عقوق الوالدين فإنه يعجل لصاحبه في الحياة قبل الممات

(Тамомии гуноҳонро Худованд бибахшояд — аз онҳо ҳар чӣ бихоҳад — магар оққи волидайнро; зеро муҷозоти оққшударо дар ҳамин дунё пеш аз марг шитобонад. (Мишкотул-масобиҳ, 3/72, Ашшомила))

Дар ин ҳадис низ падару модари некӯкор лиҳоз шудаанд, ки агар фарзанд аз эшон оққ шавад, дар дунё ва охират мавриди муҷозот қарор бигирад. Албатта ҳадиси мазкур ҳаққи бардаро низ шомил аст. Ва зикри волидайн бахусус, ба эҳтимоли шаън аст. Худованди Мутаъол ба ҷиҳати раъфат ва раҳмати оммаш, агар хоҳад, аз ҳамаи ҳуқуқи хеш мегузарад. Вагарна, ҳаққи барда, ки соҳибаш бояд ӯро аз худ розӣ кунад, ҷойи худаш боқист.

8. Дигар, ривояте аст аз Ибни Умар, ки гӯяд:

كَانَتْ تَحْتِي امْرَأَةٌ وَكُنْتُ أُحِبُّهَا وَكَانَ عُمَرُ يَكْرَهُهَا فَقَالَ لِي طَلِّقْهَا فَأَبَيْتُ فَأَتَى عُمَرُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَذَكَرَ ذَلِكَ لَهُ فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ طَلِّقْهَا

(Маро ҳамсаре буд, ки дӯсташ доштам, вале Умар (падарам) аз ӯ хушаш намеомад, ба ман фармуд, талоқаш бидеҳ, ман фармон набурдам. Он гоҳ Умар хидмати Расули Худо (с) расид ва моҷароро барояш таъриф кард, Паёмбар (с) фармуд, ки талоқаш кун. (Сунани Абудовуд, 13/349, Ашшомила))

Аз ин ҳадис истифода мешавад, ки муҳаббат ва алоқаи беандоза ба зан, зиштиҳои ӯро пеши чашмони мард мепӯшонад. Умари Форуқ (р) ба нури вилоят зиштие дар мизоҷи зани писар ташхис карда, амр ба ҷудоӣ бо ӯ намуд. Ва ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар, бо ин ки ин нуктаро медонист, вале ба ҷиҳати муҳаббати зиёд рӯй барметофт. Он гоҳ ҳазрати Форуқ (р) ба ҳазрати Паёмбар (с) шикоят бурд ва ташхиси худро эълом кард. Он сарвар (с) донист, ки ҳақ ба ҷониби Умар аст, аз ин рӯ амр ба талоқ кард. Ва агар Форуқи Аъзам (р) салоҳ дар он издивоҷ медонист, ҳаргиз ба ҷудоӣ розӣ намешуд. Зеро ки падарони некӯкор ҷуз салоҳи фарзанд нахоҳанд. Ва ҳамчунин ҳазрати Паёмбар (с) бо он ҳама тавсияҳое, ки дар мавриди мудоро бо занон фармудааст, ҳаргиз беҳуда дастур ба талоқи ҷабрӣ намефармояд.

Ва аммо ин ки чуну чарои он зиштӣ баён нашуда (ки он зиштӣ чӣ будааст, ки мӯҷиби талоқаш шуда), аз ин нукта метавон истифода кард, ки умматро раво нест тафаҳҳус ва таҷассуси замоир ва сароир бикунанд ва бояд ба мазмуни:

استر كما ستر الله عليك

(Айбҳои мардумонро бипӯшон, чунон ки Худованд бар ту пӯшондааст) амал кунанд.

Дар хабар аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) ҳар гоҳ ҳамроҳи ёрон аз сафар бармегашт агар ҳангоми шаб бошад, вориди Мадина намешуд, то ин ки субҳ шавад, он гоҳ дохил мешуд. Ва мефармуд, касе шабона вориди он нашавад. Ҳикмати ин рафтори ҳазраташ (с) ин буда, ки шояд занон дар ҳолате бошанд, ки дӯст надоранд шавҳаронашон эшонро дар он ҳолат бибинанд.

* * *

(Чанд оят ва ривоят дар боби ҳуқуқи ҳамсарон)

Аз он ҷо, ки бештари оққ шуданҳо ва ҷудо шуданҳо ба сабаби ҷанҷол миёни модарон ва ҳамсари писаронашон воқеъ мешавад ва модарон онҳоро соҳиби ҳеч ҳаққе намедонанд ва балки дар қатори ҷорияҳо ва хидматгузорон ҳам ба ҳисоб намеоваранд, аз ин рӯ лозим аст барои исботи ҳаққи ҳамсар ду се оят ва ривоят оварда шавад:

1. Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим фармуда:

وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ

(Ва монанди ҳамон (вазоифе), ки бар ӯҳдаи занон аст, ба таври шоиста ба нафъи онон (бар ӯҳдаи мардон) аст. (Сураи Бақара, ояти 228)) Яъне занонрост аз ҳуқуқ мисли он ҳуқуқ, ки мардонро бар эшон аст; аз ҳусни муошират ва расидагӣ ба аҳволи ҳамдигар ва муҷомалат ва мудоро кардан дар умури зиндагӣ. Аз ин оят мусовот ва баробарии марду зан дар ҳақгузорӣ ва ҳақталабӣ лозим меояд.

Ва аммо сарпарастии мардон бар занон аз ин оят, ки мегӯяд:

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاء

(Мардон сарпарасти занонанд. (Сураи Нисо, ояти 34)) собит аст ва занонро нарасад, ки (дар амри сарпарастӣ) бо мардон дами мусовот ва баробарӣ бизананд.

Ва он чӣ дар ҳадиси зерин омада (дар боби “Ишратун-нисо” аз “Мишкот”), ки ҳазраташ (с) фармуда:

استوصوا بالنساء خيرا فإنهن خلقن من ضلع وإن أعوج شيء في الضلع أعلاه فإن ذهبت تقيمه كسرته وإن تركته لم يزل أعوج فاستوصوا بالنساء

(Ҳамдигарро нисбат ба риояти ҳуқуқи занон ба хайр суфориш кунед. Онон аз устухони данда офарида шудаанд. Ва каҷтарини дандаҳо болотарини онҳост. Агар бихоҳӣ онро рост кунӣ, онро мешиканӣ. Ва агар ба ҳоли худ раҳо кунӣ, ҳамвора каҷ хоҳад монд. Пас, нисбат ба занон ба хайр суфориш кунед. (Мишкотул-масобиҳ, 2/235, Ашшомила)) — тарғиб аст ба муҷомалат ва мудоро ва расидагӣ ба занон ва раҳмат бар онҳо ва гузашт аз нуқсон ва костиҳои онҳо. Зеро ки онҳо аз устухони паҳлӯи чапи Одам (а) офарида шудааанд; каҷтарин устухони қабурғаи тарафи болои ӯ. Агар хоҳӣ рост кунӣ, бишканад ва агар раҳо созӣ, каҷ бимонад.

Байт:

Зан аз паҳлӯи чап шуд офарида,

Кас аз чап ростӣ ҳаргиз надида.

(Ҷомӣ)

Пас, агар ин каҷӣ дар тинати зан сиришташуда аст, ҳамчунин дар тинати модаршӯ ва модарзан низ сиришта бошад. Пас, ба иғвои ноҳаққи модарон набояд мардон аз ҷой раванд ва ба қавли зӯри эшон эътимод намоянд.

2. Дигар, ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), ки:

خيركم خيركم لأهله وأنا خيركم لأهلي وإذا مات صاحبكم فدعوه

(Беҳтарини шумо беҳтарини шумост барои аёлаш, ва ман беҳтарини шумо барои айлам ҳастам. Ва ҳар гоҳ дӯсти шумо вафот ёфт, барояш дуо кунед. (Мишкотул-масобиҳ, 2/238, Ашшомила))

Дар ин ҳадис низ таъкид аст дар муҷомалат ва эҳсон дар ҳаққи занон, то дуо кунанд ба хайр баъд аз мавти эшон.

3. Дигар, ин ҳадис аст:

قلت: يا رسول الله! ما حق زوجة أحدنا عليه؟ قال: أن تطعمها إذا طعمت وتكسوها إذا اكتسيت ولا تضرب الوجه ولا تقبح ولا تهجر إلا في البيت

(Ровӣ гӯяд: Эй Расули Худо! Ҳаққи ҳамсари яке аз мо бар мо кадом аст? Фармуд: Бихӯронӣ ҳар гоҳ бихӯрӣ, бипӯшонӣ ҳар гоҳ бипӯшӣ, бар рухсораш мазанӣ, тақбеҳаш нанамоӣ ва таркаш макунӣ ҷуз дар манзил. (Мишкотул-масобиҳ, 2/240, Ашшомила))

Дар ин ҳадис меъёри эҳсон ва некӯкорӣ баён шуда; ин ки мардро нашояд, ки зиёда аз зан бар нафс инфоқ кунад. Ва аз ҳар чӣ бипӯшад, занро бипӯшонад ва аз ҳар чӣ бихӯрад, занро бихӯронад, ва чун кор ба зарб анҷомад, ба рӯй мазанад ва дар дурӣ аз фирош, ба хонаи дигар ҷудоӣ нагузинад.

4. Дигар, ин ҳадис аст, ки Паёмбар (с) фармуда:

إن من أكمل المؤمنين إيمانا أحسنهم خلقا وألطفهم بأهله

(Комилтарини шумо дар имон, хушахлоқтарини шумо ва меҳрубонтарини шумост ба аёлаш. (Мишкотул-масобиҳ, 2/241, Ашшомила))

Бале, мардумони бузургманиш мағлуб ва мақҳури занон бошанд ва мардумони фурӯмоя қоҳиру ғолиб бар онон. Ва агар қаҳру ғалаба ҷойе дошта бошад, пас бар мардон бошад, на бар занон.

5. Дигар, ривояти зерин, ки ҳазраташ (с) фармуда:

ليس منا من خبب امرأة على زوجها أو عبدا على سيده

(Аз мо нест касе, ки занеро бар шавҳараш ё бардаеро бар хоҷааш бад кунад. (Мишкотул-масобиҳ, 2/240, Ашшомила))

Ин як ҳушдор ва бим аст дар ҳаққи касоне, ки миёни зану шавҳар ва ғулому хоҷа ҷудоӣ андозанд ва якеро аз он дигар навмед гардонанд.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки модари писар, ки писарро ба талоқи бе ваҷҳ мехонад, ҳолаш чист?

Идома дорад

* * *

Матни аслӣ:

Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо (8)

Дигар, қавлуҳу алайҳиссалом: “Мо мин валадин боррин янзуру назрата раҳматин илло катабаллоҳу бикулли назратин ҳаҷҷатан мабруратан. Қолу: Ва ин назара кулла явмин миата марратин? Қола: Наъам, Аллоҳу акбар ва атябу.”

Оре, бирр дар тинати валади борр, ғолибан аз эҳтиёти абавайни мабрур мухаммар гардад ва ҳар назар ба дидори ин абавайн мувозии ҳазор ҳаҷҷи мабрура афтад. Ва шарр дар тинати валади ширрир, дар аксар аз адами эҳтиёти абавайни шақӣ сироят кунад. Пас, дидори падаре, ки писар ба рақсу шоҳидӣ супорад, ё дидори модаре, ки духтар ба қаҳбагӣ гузорад, кай ва куҷо баробари ҳаҷҷи мабрура бошад? Ва ризои инчунин абавайн бо ризои Рабб ва сахати эшон бо сахати Ӯ чӣ сон баробар ояд?

Дигар, қавлуҳу алайҳиссалавоту вассалом: “Куллуз-зунуби яғфируллоҳу минҳо мо шоа илло уқуқал-волидайни фаиннаҳу юъаҷҷилу ли соҳибиҳи фил-ҳаёти қаблал-мамоти.”

Ва дар ин ҳадис низ бирри волидайн малҳуз аст, ки агар аз аброр бошанд, албатта, фарзанд ба уқуқи онҳо дар дунё ва охират маъхуз шавад.

Дар ин ҳадис низ шомил аст ҳаққул-абдро. Тахсиси абавайн аз ҷиҳати эҳтимол ба шаън аст, ки Ӯ Субҳонаҳу ғании мутлақ аст, аз ҷиҳати раъфат ва раҳмати омм, агар хоҳад, аз ҳамаи ҳуқуқи хеш ба мусомаҳа ва фазл мегузарад. Ва илло ҳаққул-абд, ки бояд ӯро аз худ розӣ кунад, ба мубодалаи савоби худ ба хатои ӯ, (кашидани ранҷу азоби ӯ), то растгорӣ ёбад.

Дигар: “Ва ъан Ибни Умар қола: Конат таҳти имраатун уҳиббуҳо ва кона Умару якраҳуҳо. Фақола ли: Таллиқҳо. Фа абайту. Фа ато Умарун-Набийя саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фа закара золика лаҳу. Фақола салаллоҳу алайҳи ва саллам: Таллиқҳо.”

Аз ин ҳадис мустафод мешавад, ки ғалабаи ҳубби муфрит қабоеҳи маҳбубро мепӯшонад. Форуқ, разияллоҳу Таъоло анҳу, ба нури вилоят қубҳе дар мизоҷи зани писар ташхис карда, амр ба тафриқ намуд. Ва ҳазрати Абдулло, бо илм бад-он, аз ҷиҳати муҳаббати муфрит ибо мефармуд. Пас, ҳазрати Форуқ ба он сарвар шикоят бурд ва ташхиси худ эълом кард. Он сарвар саллаллоҳу алайҳи ва саллам донист, ки ҳақ ба ҷониби Умар аст, амр ба талоқ кард.

Ва агар Форуқи Аъзам салоҳ дар он издивоҷ донистӣ, ҳеч ба тафриқ розӣ нашудӣ, зеро ки падарони борр ҷуз салоҳи фарзанд нахоҳанд. Ва ҳамчунин соҳиби шаръ бо он ҳама васоё, ки дар мувосою мудоро бо занон фармуда ва аз талоқ наҳй фармуда, ҳеч амр ба талоқи ҷабрӣ нафармояд. Ва аммо он чӣ иллат дар ин талоқ мубайян нашуда, таълим мар умматрост, ки тафаҳҳус ва таҷассуси замоир ва сарир накунанд. Ва ба мазмуни: “Устур камо сатараллоҳу алайка” қиём намоянд.

Ва дар хабар ворид аст, ки он сарвар аз сафар расид ва дар ҳаволии Мадина нузул фармуда ва мунодо кард, ки мабод, ки имшаб касе ба шаҳр андарравад, магар алас-сабоҳ. Ду кас мухолифат карданд ва занонро бар қабоеҳ диданд. Ғарази он сарвар он буд, ки занон дар шаҳр бешавҳаранд, мабод, ки худро носохта монанд ва шавҳар ба болои онҳо ногоҳ дарравад, ки муфзӣ ба кашфи сатр гардад.

Ва чун аксари иқоқ ва шиқоқ ба воситаи зани писар воқеъ мешавад, модар писари худро соҳиби ҳақ мепиндорад ва зани писарро ғайри мустаҳиқ, балки аз ҷаворӣ ва хадами худ низ адд намекунад. Барои исботи ҳаққи зан ду-се нусусу санад оварда мешавад:

Қолаллоҳу Субҳонаҳу фи муҳками танзилиҳи: “Ва лаҳунна мислуллазӣ алайҳинна бил-маъруфи”. Яъне мар занонрост ҳуқуқ мисли он ҳуқуқ, ки мардонро бар эшон аст, ба ҳусни муоширату тафаққуди аҳволи ҳамдигар ва муҷомалат ва мувосо кардан дар умури маош. Аз ин оят мусовоти марду зан лозим меояд дар ҳақгузорӣ ва ҳақталабӣ.

Ва аммо фазли мардон бар занон аз ин оят, ки “Арриҷолу қаввомуна алан-нисо” собит аст ва занонро нарасад, ки бо риҷол дами мусовот зананд.

Ва он чӣ дар ҳадиси зоҳира ворид шуда дар боби “Ишратун-нисо” лимо фи-Мишкоти: “Иставсу бин-нисои хайран, фа иннаҳунна хулиқна мин зилъин ва инна аъваҷа шайъин физ-зилъи аълоҳу. Фа ин заҳабта туқимуҳу касартаҳу, ва ин тарактаҳу лам язал аъваҷа. Фас-тавсу бин-нисои хайран” — тарғиб аст ба муҷомалат ва мудоро дар ҳолоти занон ва тафаққуду раҳмат бар онҳо ва афви нуқсоноти онҳо, зеро ки онҳо офарида шудааанд аз устухони паҳлӯи чапи Абулбашар Одам алайҳис-салом; каҷтарин устухони қабурғаи тарафи болои ӯ. Агар хоҳӣ рост кунӣ, бишканад ва агар бигузорӣ, ҳамон каҷии ӯ доимӣ бошад.

Байт:

Зан аз паҳлӯи чап шуд офарида,

Кас аз чап ростӣ ҳаргиз надида.

Пас, агар ин каҷӣ дар тинати зан мухаммар аст, ҳамчунон дар тинати модаршӯ ва модарзан низ мухаммар бувад. Пас, ба иғвои ноҳаққи онҳо бояд, ки мардон аз ҷой нараванд ва ба қавли зӯри эшон эътимод нанамоянд.

Дигар, қавлуҳу алайҳиссалом: “Хайрукум хайрукум ли аҳлиҳи ва ана хайрукум ли аҳлӣ ва изо мота соҳибукум фадъуҳу.” Дар ин ҳадис низ таъқид аст дар муҷомалат ва эҳсон дар ҳаққи занон, то дуо кунанд ба хайр баъд аз мавти эшон.

Дигар, суила: “Мо ҳаққу завҷати аҳадино алайҳи? Қола: Ан тутъимаҳо изо атъамта ва таксуваҳо изо иктасайта ва ло тазрибал-ваҷҳа ва ло туқаббиҳа ва ло таҳҷура илло фил-байти.

Дар ин ҳадис меъёри эҳсон баён шуда, то ки мардро нашояд, ки зиёда аз зан бар нафс инфоқ кунад ва аз ҳар чӣ бипӯшад, занро бипӯшонад ва аз ҳар чӣ бихӯрад, занро бихӯронад, ва чун кор ба зарб анҷомад, ба рӯи ӯ мазанад ва дар дурӣ аз фирош ба хонаи дигар ҷудоӣ нагузинад.

Дигар: “Инна мин акмалил-мӯъминина имонан, аҳсанаҳум хулқан ва алтафуҳум би аҳлиҳи.” Бале, мардумони каримуннафс мағлубу мақҳури занон бошанд ва мардумони лаимуннафс қоҳиру ғолиб, ва агар қаҳр ва ғалаба гунҷоиш дорад аз мардон, ба мардон ҷиҳате дорад ва на дар занон.

Дигар: “Лайса минно ман хаббаба имраатан ало завҷиҳо ав абдан ало сайидиҳи”. Ин ваъид ва инзор аст дар ҳаққи касоне, ки миёни зану шавҳар ва ғулому сайид ҷудоӣ андозанд ва якеро аз он дигар навмед гардонанд.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки модари писар, ки писарро ба талоқи бе ваҷҳ хонад, ҳолаш чист?

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: