Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (39) – Саодат ва шақоват

Матни китоб:

وقد علم الله تعالى فيما لم يزل عدد من يدخل الجنة وعدد من يدخل النار جملة واحدة، فلا يزاد في ذلك العدد ولا ينقص منه، وكذلك أفعالهم فيما علم منهم أن يفعلوه، وكل ميسر لما خلق له، والأعمال بالخواتيم، والسعيد من سعد بقضاء الله، والشقي من شقي بقضاء الله، وأصل القدر سرُّ الله تعالى في خلقه، لم يطلع على ذلك ملك مقرّب ولا نبي مرسل، والتعمّق والنظر في ذلك ذريعة الخِذلان وسُلّم الحرمان، ودرجة الطغيان، فالحذر كل الحذر من ذلك نظرا وفكرا ووسوسة، فإن الله تعالى طوى علم القدر عن أنامه، ونهاهم عن مرامه، كما قال الله تعالى في كتابه: «لا يسأل عما يفعل وهم يسألون» فمن سأل: لم فعل؟ فقد ردّ حكم الكتاب، ومن ردّ حكم الكتاب كان من الكافرين. فهذا جملة ما يحتاج إليه من هو منوّر قلبه من أولياء الله تعالى وهي درجة الراسخين في العلم، لأنّ العلم علمان: علم في الخلق موجود، وعلم في الخلق مفقود، فإنكار العلم الموجود كفر، وادّعاء العلم المفقود كفر، ولا يثبت الإيمان إلا بقبول العلم الموجود، وترك طلب العلم المفقود

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (р) гӯяд:) Худованди Мутаъол аз азал медонист, ки теъдоди касоне, ки вориди биҳишт мешаванд ва шумори касоне, ки вориди дӯзах хоҳанд шуд, чӣ қадр аст, на чизе бар он адад афзуда мешавад ва на чизе аз он коста.

Ва ҳамчунин инро низ медонист, ки онон чӣ аъмоле анҷом хоҳанд дод. Ва ҳар кас барои ҳар коре, ки сохта шуда бошад, он кор барояш осон мешавад.

Мадори аъмол бар хотимаи он аст. Саъид (хушбахт) касе аст, ки ба қазои илоҳӣ хушбахт бошад, ва шақӣ (бадбахт) касе аст, ки ба қазои илоҳӣ бадбахт бошад.

Асли тақдир рози Худованди Мутаъол аст дар миёни махлуқоташ, ҳеч фариштаи муқарраб ва паёмбари мурсале аз он иттилоъ надорад. Таъаммуқ ва кунҷковӣ дар тақдир василаи хорӣ ва нардбони маҳрумият ва саркашӣ аст. Пас, мабодо касе дар бораи тақдир биандешад ё фикр кунад ё васваса шавад! Зеро Худованди Мутаъол илми қазо ва қадарро аз махлуқоташ пинҳон дошта ва ононро аз таваҷҷӯҳ ба он наҳй фармудааст; чунон ки дар Қуръони Карим мефармояд: “Дар он чӣ (Худо) анҷом медиҳад чуну чаро роҳ надорад, (вале) онон (инсонҳо) суол хоҳанд шуд.” (Сураи Анбиё, ояти 23) Пас, ҳар кас бипурсад: Чаро Худованд чунин карда? Қатъан ҳукми тақдирро рад кардааст ва касе, ки ҳукми тақдирро рад кунад, дар зумраи кофирон ба шумор ояд.

Ин хулосаи он чизе аст, ки ҳар кас — аз авлиё ва дӯстони Худованди Мутаъол — қалбаш ба нури имон мунаввар шудааст ба он мӯҳтоҷ аст. Ва ин дараҷаи росихон (устуворон) дар илм аст. Зеро илм ду навъ аст: яке илме, ки дар байни мардум мавҷуд аст, ва дигар, илме, ки дар байни эшон мафқуд аст (яъне мавҷуд нест). Инкори илми мавҷуд куфр аст ва иддаъои илми мафқуд низ куфр аст. Ва имон муҳкам намешавад, магар бо яқин ба илми мавҷуд ва тарки талаби илми мафқуд…

* * *

Шарҳ:

Дар қисматҳои пешин, роҷеъ ба “Илми азалии Худо” ва низ масъалаи “Қазо ва қадари илоҳӣ” ба тафсил баҳс кардем (Руҷӯъ шавад ба: қисмати 11 (Илми азалии Худо) ва низ қисматҳои 12, 13 ва 14 (Қазо ва қадари илоҳӣ) ва собит шуд, ки на эътиқод ба илми азалии Худованд мӯҷиби “маҷбур” донистани одамӣ дар афъол ва кирдорҳои ӯ хоҳад буд ва на эътиқод ба қазо ва қадари илоҳӣ сабаби салби ихтиёр аз инсон аст. Аммо бо вуҷуди ин, дар торихи ислом будаанд (ва ҳанӯз ҳастанд) касоне, ки бо бардоште нодуруст ва ғалат аз ин ду омӯзаи динӣ, мӯътақид ба “маҷбур” будани одамизод дар рафторҳояш шудаанд; эътиқоде, ки сабаби суқут ва инҳитоти инсон хоҳад гардид. Ба ҳар сурат, мо дар бораи ин ду мавзӯъ пештар баҳсе кофӣ ва вофӣ анҷом додем.

Дар инҷо танҳо ба тавзеҳи се масъалае, ки марбут ба ҳамин мавзӯъ буда ва дар гуфтори Имом Таҳовӣ (р) омадааст мепардозем. Ва ин се масъала иборатанд аз:

1. Оё саодат ва шақовати инсон аз пеш таъйин шудааст?

2. Оё касе аз рози қазо ва қадари илоҳӣ огоҳ нест?

3. Мурод аз илми мавҷуд ва илми мафқуд чист?

* * *

1. Оё саодат ва шақовати инсон аз пеш таъйин шудааст?

Имом Таҳовӣ (р), ки мегӯяд: “Саъид (хушбахт) касе аст, ки ба қазои илоҳӣ хушбахт бошад, ва шақӣ (бадбахт) касе аст, ки ба қазои илоҳӣ бадбахт бошад”, бо таваҷҷӯҳ ба зоҳири ин гуфтор, бисёреҳо фикр мекунанд, ки бар мабнои омӯзаҳои исломӣ, агар касе дар ин дунё хушбахт аст, аз азал дар пешонии ӯ навишта шуда буда, ки ту хушбахтӣ! Ва агар касе шақӣ ва бадбахт аст, аз азал чунин сарнавиште барои ӯ рақам хӯрда будааст. Дар ҳоле, ки матлаб аз ин қарор нест ва Имом Таҳовӣ (р) низ намехоҳад чунин бигӯяд. Ин як бардошти сатҳӣ ва бисёр ғалат аз ин гуфтор ва низ аз ривояте аст, ки мустанади ин гуфтор мебошад.

Ва он ривоят ин аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд:

 السعيد من سعد في بطن أمه والشقي من شقي في بطن أمه

Саодатманд касе аст, ки дар шиками модараш саодатманд шуд ва шақоватманд касе аст, ки дар шиками модараш шақоватманд шуд.” (Алҷомеус-сағир ва зиёдатуҳу, 1/600)

Мушкили бисёреҳо дар ин аст, ки оят ва ё ривоятеро бидуни дар назар гирифтани оёт ва ривоёти дигар маъно мекунанд. Ба унвони мисол, мо бояд ин ривоятро дар партави ривояти зерин маъно бикунем:

مَا مِنْ مَوْلُودٍ إِلَّا يُولَدُ عَلَى الْفِطْرَةِ فَأَبَوَاهُ يُهَوِّدَانِهِ وَيُنَصِّرَانِهِ وَيُمَجِّسَانِهِ

Ҳеч зодашудае нест, магар он ки бар фитрат (фитрати яктопарастӣ ва пок) зода мешавад, сипас падару модараш ӯро ё яҳудӣ мегардонанд ё насронӣ ва ё маҷусӣ.” (Саҳеҳи Муслим, 13/127, Ашшомила)

Агар ривояти аввал чунон маъно бишавад, ки саодат ва шақовати инсон аз пеш таъйин шуда ва ӯ дигар ҳеч кора аст, пас дар ин сурат ривояти дуввумро чӣ гуна метавон маъно кард? Оё аз ҷониби ҳазрати Паёмбар (с) гуфторе мутаноқиз сар зада? Ё ин, ки яке аз ин ду ривоят аз эътибор соқит ва дигаре дуруст аст?

Посух ин ки: на ин аст ва на он. Яъне, на ин аст, ки аз ҷониби ҳазрати Хатмимартибат (с) сухан ё гуфторе мутаноқиз содир шуда ва на он аст, ки яке аз ин ду ривоят аз эътибор соқит бошанд, чунин нест, балки ҳар ду саҳеҳ ва дурустанд.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба баҳсе, ки дар қисмати 11 (Илми азалии Худованд) карда будем, маънои ривояти аввал (“Саодатманд касе аст, ки дар шиками модараш саодатманд шуд ва шақоватманд касе аст, ки дар шиками модараш шақоватманд шуд.”) комилан равшан аст. Ва он ин ки: илми Худованд ба падидаҳо ва офаридаҳояш, мисли илми мо одамҳо ба падидаҳо нест, ки масалан ба чизе, ки фардо ё як соли дигар воқеъ хоҳад шуд, огоҳ нестем. Чунин нест. Балки падидаҳо ва офаридаҳо, бо тамоми осорашон, пеши ӯ ҳозиранд, ба дирӯзу имрӯзу фардо тақсим намешаванд.

Бинобар ин, як нафар инсон — ки аз модар пок ва бо фитрати солим зода мешавад – агар бо ихтиёри худаш роҳи шақоватро баргузинад ва шақӣ гардад ва бар ҳамин ҳолат бимирад, ин ҳодиса пеши Худованди Мутаъол аз азал маълум аст. Ӯ Таъоло медонад, ки ин одам шақӣ хоҳад мурд. Ва ба сухани дигар, шақӣ будани ӯ пеши Худо, аз ҳамон лаҳзае, ки дар шиками модараш буд, маълум будааст.

Ибни Баттаи Ҳанбалӣ тавзеҳи ҷолибе дар ин замина дорад, мегӯяд:

Илм ба ин ки ҳодисае дар оянда ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва хабар додан аз он ва навиштани он, мӯҷиб намегардад, ки мӯътақид шавем, ин ҳодиса дар ба вуқӯъ пайвастан дигар ниёз ба асбоб ва иллатҳо надорад; иллатҳое мисли фоъил (анҷомдиҳанда), қудрат ва иродаи ӯ, ки ҳодисаи мавриди назар аз тариқи ин сабабҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Инчунин эътиқоде ниҳояти ҷаҳолат ва нодонӣ аст. Зеро ин илм – ба иттифоқи назари уламо — ба худии худ мӯҷиби вуқӯи он ҳодиса нест, балки мутобиқ ба он аст бар ҳамон сурате, ки буда (ё хоҳад буд)… Пас, маълум шуд, ки илм ба ҳодиса ва хабар додан аз он ва ё навиштани он мӯҷиб намешавад гумон равад, ки ин ҳодиса дигар аз фоъили қодир ва боирода бениёз будааст. Худованди Мутаъол медонад ва хабар медиҳад аз он чӣ, ки дар оянда ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва ҳамчунин медонад, ки қиёмат барпо хоҳад шуд ва аз он хабар медиҳад. Вале бо ин ҳама, маълум аст, ки ин илм ва ин хабар мӯҷиби вуқӯи маълум (падида) — ки аз он хабар дода — бидуни иллатҳо ва сабабҳо нест; асбобе, ки Худованд худаш вуқӯи онро аз тариқи ин асбоб қарор додааст.

Ва чун ин воқеият бароят маълум шуд, пас ин сухани суолкунанда, ки: “Саъид (хушбахт) шақӣ (бадбахт) нашавад, ва шақӣ саъид нашавад” суханест дуруст, аммо ба ин маъно, ки: касе, ки Худованд муқаддар карда саъид бошад, саъид хоҳад шуд, вале ба воситаи амалҳое, ки анҷом медиҳад ва Худо ӯро ба сабаби анҷоми ҳамин амалҳо саъид мегардонад. Ва шақӣ шақӣ нашавад, магар ба сабаби амалҳое, ки муртакиб мешавад ва Худо ӯро ба сабаби иртикоби ҳамон аъмол шақӣ мегардонад, ки аз ҷумлаи ин аъмол аст ҳавола ба тақдир намудан ва тарки воҷибот.

Пас, Худованд ба илми азалӣ медонад, ки фалон инсон фалон амали некро анҷом хоҳад дод ва ба сабаби он, саодатманд хоҳад гардид, ва аммо фалон инсони дигар фалон амали бадеро муртакиб хоҳад шуд ва ба сабаби он шақоватманд хоҳад гардид…” (1)

Ва Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) низ дар ривояте ҳамин мазмунро таъкид кардааст:

عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ أَبِي عُمَيْرٍ قَالَ سَأَلْتُ أَبَا الْحَسَنِ مُوسَى بْن جَعْفَرٍ ع عَنْ مَعْنَى قَوْلِ رَسُولِ اللَّهِ ص: الشَّقِيُّ مَنْ شَقِيَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ وَالسَّعِيدُ مَنْ سَعِدَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ، فَقَالَ الشَّقِيُّ مَنْ عَلِمَ اللَّهُ وَهُوَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَنَّهُ سَيَعْمَلُ أَعْمَالَ الْأَشْقِيَاءِ وَالسَّعِيدُ مَنْ عَلِمَ اللَّهُ وَهُوَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَنَّهُ سَيَعْمَلُ أَعْمَالَ السُّعَدَاءِ

Муҳаммад ибни Абумайр гӯяд: Аз Абулҳасан ҳазрати Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) суол кардам аз маънои қавли Расули Худо (с), ки: “Саодатманд касе аст, ки дар шиками модараш саодатманд шуд ва шақоватманд касе аст, ки дар шиками модараш шақоватманд шуд”. Имом (а) фармуд: Шақоватманд касе аст, ки Худо дониста, ки ӯ – дар ҳоле ки ҳанӯз дар шиками модараш аст — дар оянда аъмоли бадбахтонро анҷом медиҳад, ва саодатманд касе аст, ки Худо дониста, ки ӯ – дар ҳоле ки ҳанӯз дар шиками модараш аст – дар оянда аъмоли некбахтонро анҷом медиҳад…”

* * *

2. Оё касе аз рози қазо ва қадари илоҳӣ огоҳ нест?

Ин гуфтори Имом Таҳовӣ (р), ки: “Асли тақдир рози Худованди Мутаъол аст дар миёни махлуқоташ, ҳеч фариштаи муқарраб ва паёмбари мурсале аз он иттилоъ надорад” – ҳеч асле дар манобеи ривоии мӯътабар надорад. Яъне, мо ҳеч ривояте аз ҳазрати Паёмбар (с) надорем, ки фармуда бошанд, қазо ва қадар рози илоҳист ва аҳаде – ҳатто фариштаи муқарраб ва паёмбаре мурсал – аз он огоҳ нест. Бале, танҳо санаде, ки барои ин гуфтор нақл шуда, гуфторе аст мансуб ба ҳазрати Алӣ (а), ки:

القدر سر الله فلا نكشفه

Қадар рози Худованд аст, пас мо онро бармало намесозем.” Ин сухан низ дар манобеи мӯътабар вуҷуд надорад, балки фақат дар китобҳои адабӣ ва тароҷум дида мешавад. Ва ҳатто агар бар фарз бипазирем, ки ҳазрати Алӣ (а) чунин гуфта, худи ин сухан нишон медиҳад, ки ҳазрат аз ин роз ва сирр огоҳ буда, вале фармуда, ки мо онро барои касе бармало намесозем. Бо ин ҳол, пас чӣ гуна метавон гуфт, ки ҳатто фариштаи муқарраб ва паёмбари мурсал аз ин сирр огоҳ набудааст?

Ва аз тарафе, мо ривоёт ва ахборе дорем мабнӣ бар ин ки саҳоба дар мавориде бо ҳамдигар дар бораи масъалаи қазо ва қадар баҳс кардаанд. (Руҷӯъ шавад ба қисмати 13)

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бисёре аз уламо ва донишмандони исломӣ дар китобҳои худ ба шарҳу тавзеҳи қазо ва қадари илоҳӣ пардохтаанд, аз ҷумла Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) дар “Эҳёи улуми дин” ба тафсил роҷеъ ба ин масъала баҳс кардааст.

Бале, агар дар мавориде ҳазрати Паёмбар (с) ва ё яке аз саҳоба аз вуруд ба ин масъала манъ кардаанд, на ба ин хотир аст, ки сиррест аз асрори илоҳӣ ва касеро тавони фаҳми он набошад, балки бад-ин ҷиҳат аст, ки мухотаб зарфияти фаҳм ва дарки онро надошта, аз боби:

خاطبوا الناس على قدر عقولهم

Бо мардумон ба андозаи зарфияти фаҳми онон сухан кунед”.

Зеро агар масъала аз масоиле бошад, ки дарку фаҳмаш бисёр душвор аст (мисли масъалаи қазо ва қадари илоҳӣ) ва шумо бихоҳед онро барои касе бифаҳмонед, ки аслан зарфияти онро надорад, чӣ басо ӯ дар натиҷаи адами фаҳм ва ё суифаҳм, кораш ба ҷойе бирасад, ки Худоро зери суол бибарад. Бухорӣ дар саҳеҳи худ аз Алӣ (а) ривоят кардааст:

حَدِّثُوا النَّاسَ بِمَا يَعْرِفُونَ أَتُحِبُّونَ أَنْ يُكَذَّبَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ

Ба мардумон он чиро бигӯед, ки бифаҳманд. Оё дӯст доред Худо ва Паёмбараш такзиб шаванд?” (Саҳеҳи Бухорӣ, 1/217, Ашшомила)

Муслим низ дар саҳеҳи хеш аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят карда, ки гӯяд:

مَا أَنْتَ بِمُحَدِّثٍ قَوْمًا حَدِيثًا لَا تَبْلُغُهُ عُقُولُهُمْ إِلَّا كَانَ لِبَعْضِهِمْ فِتْنَةً

Ту ба мардумон суханеро, ки ақлашон ба он намерасад бозгӯ макун, ки сабаби фитна гардад.” (Саҳеҳи Муслим, 1/21, Ашшомила)

* * *

3. Мурод аз илми мавҷуд ва илми мафқуд чист?

Ин сухан аз Имом Таҳовӣ (р), ки: “Илм ду навъ аст: яке илме, ки дар байни мардум мавҷуд аст, ва дигар, илме, ки дар байни эшон мафқуд аст (яъне мавҷуд нест). Инкори илми мавҷуд куфр аст ва иддаъои илми мафқуд низ куфр аст. Ва имон муҳкам намешавад, магар бо яқин ба илми мавҷуд ва тарки талаби илми мафқуд” – гуфторе дуруст ва комилан мантиқист, агарчӣ мисдоқаш масъалаи қазо ва қадари илоҳӣ нест.

Тавзеҳ ин ки: Илм ва огоҳӣ ба порае аз ҳақоиқ, барои мо инсонҳо имконпазир аст, мисли илми мо ба ин ки “Кураи замин атрофи хуршед мечархад” ё илм ба ин ки “Худо ҳаст” ва ё “Ду зарб бар ду чаҳор аст” ва ғайра… Вале огоҳӣ нисбат ба порае аз ҳақоиқ, ба ҷиҳати қусур дар нерӯи идрокии мо – имконпазир нест, мисли огоҳӣ ва иҳота ба моҳияти фариштаҳо, ё лавҳи маҳфуз, ё ҳақиқати биҳишт ва дӯзах ва ё ҳақиқати зоти илоҳӣ ва ғайра… Ва агар мо мусалмонон ба ин ҳақоиқ имон ва бовармандем, на ба ин хотир аст, ки тавонистаем ба кунҳи ин ҳақоиқ пай бурда бошем, балки ба далели он аст, ки Қуръони Карим ва Паёмбари содиқ (с) аз вуҷуди онҳо моро хабар дода. Ва чун медонем, на Қуръон – алаёзу биллоҳ! – ҳарфи дурӯғе мегӯяд ва на ҳазрати Паёмбар (с), аз ин рӯ дар вуҷуд ва ҳаққонияти ин масоил тардид ва шакке надорем.

Ҳол, дар робита бо масоили дастаи дуввум агар наметавонем пай ба кунҳ ва ҳақиқати онҳо бибарем, ин далел намешавад, ки вуҷуди онҳоро инкор ва такзибашон намоем. Имом Таҳовӣ (р), ки мегӯяд: “Ва имон муҳкам намешавад, магар бо яқин ба илми мавҷуд ва тарки талаби илми мафқуд”, манзураш ин аст, ки имони мо замоне муҳкам мешавад, ки дар масоиле, ки илм ба онҳо бароямон имконпазир аст, бояд яқин пайдо намоем, ва аммо дар масоиле, ки илм ба ҳақоиқи онҳо бароямон имконпазир нест (мисли пай бурдан ба моҳияти фариштаҳо ва лавҳи маҳфуз ва чигунагии биҳишт ва дӯзах ва ғайра…) кунҷковӣ ва ҷустуҷӯро раҳо созем.

Ин буд тамоми сухан дар ин мавзӯъ. Дар қисмати баъдӣ ба шарҳу баррасии боқии гуфтори Имом Таҳовӣ (р) хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1)

وَالْعلم بِأَن الشَّيْء سَيكون وَالْخَبَر عَنهُ بذلك وَكِتَابَة ذَلِك لَا يُوجب اسْتغْنَاء ذَلِك عَمَّا بِهِ يكون من الْأَسْبَاب الَّتِي لَا يتم إِلَّا بهَا كالفاعل وَقدرته ومشيئته فَإِن اعْتِقَاد هَذَا غَايَة فِي الْجَهْل إِذْ هَذَا الْعلم لَيْسَ مُوجبا بِنَفسِهِ لوُجُود الْمَعْلُوم بِاتِّفَاق الْعلمَاء بل هُوَ مُطَابق لَهُ على مَا هُوَ عَلَيْهِ… فَتبين أَن الْعلم وَالْخَبَر وَالْكتاب لَا يُوجب الِاكْتِفَاء بذلك عَن الْفَاعِل الْقَادِر المريد مِمَّا يدل على ذَلِك أَن الله سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى يعلم ويخبر بِمَا سَيكون من مفعولات الرب كَمَا يعلم أَنه سيقيم الْقِيَامَة ويخبر بذلك وَمَعَ ذَلِك فمعلوم أَن هَذَا الْعلم وَالْخَبَر لَا يُوجب وُقُوع الْمَعْلُوم الْمخبر بِهِ بِدُونِ الْأَسْبَاب الَّتِي جعلهَا الله أسبابا لَهُ. إِذا تبين ذَلِك فَقَوْل السَّائِل السعيد لَا يشقى والشقي لَا يسْعد كَلَام صَحِيح أَي من قدر الله أَن يكون سعيدا يكون سعيدا لَكِن بِالْأَعْمَالِ الَّتِي جعله سعد بهَا والشقي لَا يكون شقيا إِلَّا بِالْأَعْمَالِ الَّتِي جعله يشقى بهَا الَّتِي من جُمْلَتهَا الاتكال على الْقدر وَترك الْأَعْمَال الْوَاجِبَة وَالله سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى علم وَقدر أَن هَذَا يعْمل كَذَا فيسعد بِهِ وَهَذَا يعْمل كَذَا فيشقى بِهِ

(Ал-ибона ъаниш шариъатил фирқатин ноҷия, 1/180, Ашшомила)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: