Исои Инҷил ва Исои Қуръон

Шахсияти ҳазрати Исо (а) дар Қуръон

Қуръони Карим ҳазрати Исо (а)-ро ин гуна муаррифӣ мекунад: ӯ аз паёмбарони улулазм (соҳиби шариат) аст, ки Худованд вайро бар бисёре аз паёмбарони дигар бартарӣ бахшида ва нишонаҳое равшан ва мӯъҷизаҳои бисёреро тавассути ӯ намоён намудааст. (Сураи Бақара, ояти 253)

Ӯ “Руҳуллоҳ” , “Калиматуллоҳ” (Сураи Нисо, ояти 171) ва таъйидшуда ба “Руҳулқудс” аст. (Сураи Бақара, ояти 78)

Ҳазрати Исо (а) дорои хилқате истисноӣ ва мӯъҷизаосост ва монанди ҳазрати Одам (а) бо иродаи хосси Худованд, бидуни падар, мутаваллид шудааст. (Сураи Оли Имрон, ояти 59)

Вай қабл аз ҳар чиз худро “абд” (банда)-и Худое медонад, ки ӯро паёмбар ва вуҷудашро “муборак” қарор дода (Сураи Марям, оятҳои 30-31) ва барои ӯ “Инҷил”-ро оварда, ки мояи нур ва ҳидоят аст. (Сураи Моида, ояти 46)

Саранҷом, ҳангоме ки тавтиаҳо барои қатли ҳазрати Исо (а) шиддат гирифт, Худованд ӯро аз шарри душманонаш наҷот дод ва ба сӯйи худ боло бурд (Сураи Нисо, оятҳои 157-158) ва бад-ин тартиб уруҷи Масеҳ оғоз шуд. Ҳузури муҷаддади ӯ дар миёни мардум, гувоҳи наздикии қиёмат хоҳад буд.

Шахсияти ҳазрати Исо (а) дар масеҳият

Дар масеҳият, бардоштҳои мутафовите аз шахсияти ҳазрати Исо (а) шудааст. Бино ба навиштаи нависандагони Инҷилҳои ҷаҳоргона ва навиштаҳои Пулус (Paul) ва эътиқодномаҳое, ки арбоби калисо тасвиб кардаанд, шаклҳои мухталифе — аз бандагӣ то худоӣ — барои он ҳазрат (а) тарсим мешавад.

Дар маҷмӯъ, талаққии масеҳият аз ҳазрати Исо (а) бад-ин қарор аст:

1. Исо ба қудрати Худо (Руҳулқудс) дар шиками бонуи муқаддасе ба номи Марям қарор гирифт ва аз вай зода шуд: “Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Руҳулқудс ҳомиладор аст.” (Инҷили Матто, 1:18)

2. Исо “бандаи Худо” аст: “Исо ба вай ҷавоб дод: “Аввалини аҳком ин аст: “Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст.” (Инҷили Марқус, 12:29), “Шумо (эй сомариён!) он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем…” (Инҷили Юҳанно, 4:22), “Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, бандаи худ Исоро ҷалолат бахшид…” (Аъмол, 3:13)

3. Ӯ “Масеҳ” аст; ҳамон мунҷие, ки паёмбарони Банӣ Исроил ваъда дода буданд, ки барои наҷоти қавми яҳуд меояд.

4. Исо он “шабони некӯ” аст, ки вазифааш иршоди халқ аст. Ӯ “роҳ”, “ҳақиқат” ва “зиндагӣ” аст; роҳест ба сӯйи Худо, ки ҳақиқатро ба армуғон оварда ва мардумро ба зиндагии ҳақиқӣ раҳнамун мешавад. Яъне ӯ паёмбари Худост.

5. Ӯ “сурати Худои нодида” ва ҷилваи башарии Худост. Аз тариқи ӯ, бо бархе аз сифот ва камолоти Худо ошно мешавем.

6. Исо (а) “писари Худо” аст. Ва чун замон ба камол расид, Худо писари худро фиристод, ки аз зан зоида шавад. Аз назари мутакаллимони масеҳӣ, “писари Худо” бад-ин маъност, ки Исо чизе ҷуз иродаи Худоро таҳаққуқ намебахшад. Ва ҳадаф изҳори ташобуҳ ва ҳамгунӣ дар зот ва сифот ва ҷавҳар аст. Ва Масеҳ нури Худо ва тасвири ҷавҳари Худост. Ӯ дар бораи худаш гуфтааст: “Ҳар кас маро бибинад, Худоро дидааст”, “Ман ва падар яке ҳастем.”

7. Ӯ калимаи Худост. Масеҳиён (бахусус бо истинод ба Инҷили Юҳанно) имон доранд, ки Исо инсонест, ки калимаи Худо дар ӯ зист мекунад. Паёме азалӣ, ки Худои Ҳаким ҳар чизро ба василаи он офарид. Бо таҷассум ёфтан дар Исои инсон, дар миёни башар хаймаи хешро барафрошт. Паёми азалӣ бо қарор гирифтан дар Исои инсон, ба шакли инсоне зист мекард, ки монанди ҳамаи мардум барои таҳсили луқмае мекӯшид, мехӯрд ва менӯшид, дӯстон ва хешовандоне дошт, ранҷ кашид ва мурд. Танҳо тафовути Исо бо дигарон ин буд, ки муртакиби ҳеч гуноҳе нашуд.

8. Исо “Худованд” аст. Яъне мавлое, ки қудрат ва султа дорад. Ба эътиқоди масеҳиён, ҳангоме ки Худо Исоро аз миёни мурдагон барангехт, ин лақабро ба ӯ ато кард ва ишора ба миёнҷӣ будани ӯ байни Худо ва башар ва нишастани ӯ бар тарафи рости Худованд барои доварӣ дар “рӯзи вопасин” дорад.

Шахсияте, ки масеҳият ба ҳазрати Исо (а) медиҳад, “улуҳият” аст. Дар Инҷили Юҳанно ва рисолаҳои Пулус ва эътиқодномаҳо, Исо “Худо” номида мешавад: “Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд… Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт…” (Инҷили Юҳанно, 1:1)

Дар “Эътиқодномаи Ниқеҳ” (Nicene Creed = Никейский Символ веры) пас аз он ки ибтидо Исо Худованд номида мешавад, ба унвони “Худои ҳақиқӣ” муаррифи мегардад: “Ягона мавлуд, ки аз зоти Падар аст, Худо аз Худо, Нур аз Нур, Худои ҳақиқӣ аз Худои ҳақиқӣ, ки мавлуд аст, на махлуқ, аз як зот бо падар…

Дар эътиқодномаи Отоносюс (Athanase d’Alexandrie = Афанасий Великий) омадааст: “Аммо улуҳияти Падар ва Писар ва Руҳулқудс воҳид аст. Онҳо дорои ҷалоли яксон ва шукӯҳ ва азамати ҷовидон ҳастанд. Ҳар он чи Падар бошад, Писар низ ҳамон аст ва Руҳулқудс низ бад-ин шакл аст: Падар номахлуқ аст, Писар номахлуқ аст, Руҳулқудс низ номахлуқ аст. Падар номутаноҳӣ аст, Писар номутаноҳӣ аст, Руҳулқудс низ номутаноҳӣ аст. Падар абадӣ аст, Писар абадӣ аст, Руҳулқудс низ абадӣ аст…

Мулоҳизоте бар талаққии масеҳиён аз шахсияти ҳазрати Исо (а)

Талаққии масеҳиён аз ҳазрати Исо (а) ба унвони мавлуди муқаддас, масеҳ (муборак), бандаи Худо ва паёмбаре бузург ва соҳиби мӯъҷизоти фаровон, мавриди таъйиди Қуръони Карим қарор гирифта ва аз назари ақл низ ишколе бар он нест. Аммо бардошти онон аз шахсияти он ҳазрат бо унвонҳое ғулувомез, дуруст нест. Шояд таваллуди хориқулода ва ё мӯъҷизоти ҳайратовари он ҳазрат – мисли зинда кардани мурдагон ва шифои беморони лоилоҷ ва ғайра — боис шуда бошад, ки масеҳиёни аввалия он ҳазратро “писари Худо” биноманд, аммо ба назар мерасад ин як унвони ташрифӣ бошад, ки далолат бар умқи муҳаббат мекунад, вале кам-кам ин унвон ба шакли воқеӣ матраҳ шуд ва эълом гардид, ки мақсуд ҳамзот ва ҳамҷавҳар будани Масеҳ бо Худост ва шахсияти Исо аз бандагӣ ба фарзандӣ иртиқо ёфтааст ва ин на танҳо мухтасси ӯ, балки шомили тамоми мӯъминон ба он ҳазрат низ мешавад ва натиҷааш раҳоӣ аз шариат аст: “Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед.” (Ба Ғалотиён, 3:26)

Мулоҳизае, ки бар ин талаққии масеҳиён аз шахсияти Исо (а) бояд бишавад ин аст, ки агар манзур писар будани воқеии ҳазрати Масеҳ ё умуми масеҳиён бошад, сар аз ширк дармеоварад; зеро ҳамзот ва ҳамҷавҳар будани касе бо Худо, ба маънои вуҷуди ду Худо ва бештар мешавад, ва ин мухолифи тавҳид аст. Ва агар мақсуд аз писар будан, унвони муқобил бо “абд” ва “банда будан” аст, бо ҷойгоҳи воқеии инсон дар баробари Худо созгор нест; зеро робитаи инсон бо Худо робитаи “абд бо мавло” ва “мамлук бо молик” аст. Ва агар касе бихоҳад робитаи Худо бо як инсон (ҳарчанд як паёмбари бузург бошад)-ро ба шакли робитаи “падару фарзанд” тасвир кунад, ҳатто агар ин тасвир маҷозӣ ва ташрифӣ бошад, комилан ба хато рафтааст.

Аммо ишколи асосӣ, бар талаққии масеҳиён аз шахсияти ҳазрати Исо (а) ба унвони “Худо” аст, ки ширки сареҳ ва дугонапарастӣ аст ва ба куллӣ дур аз таълимоти як дини илоҳӣ ё ақли салим аст.

Аз ихтилофоте, ки дар миёни фирқаҳои мухталифи масеҳӣ вуҷуд дорад ин гуна бардошт мешавад, ки масеҳиён талаққии возеҳ ва равшане аз шахсияти ҳазрати Исо (а) надоранд ва худ низ наметавонанд ба таври қотеъ дар мавриди вай изҳори назар кунанд.

Оё Исо Худост ё писари Худо ё бандаи Худо? Ҳар фирқа назарияеро тақвият ва назарҳои дигарро рад карда ва ҳар гуруҳ гуруҳи дигарро ба инҳироф ва бидъатгузорӣ муттаҳам намудааст. Ҳар кадом барои табйини шахсияти Масеҳ матолиберо изҳор ва назарияҳои дигарро тақбеҳ намудаанд. Дар шӯроҳои мухталиф муноқишотро матраҳ карда ва дар садади чораҷӯӣ баромадаанд ва дар ниҳоят, дар соли 451 милодӣ, калисо тавонист дар Шӯрои Халкидун (Council of Chalcedon = Халкидонский собор) мавозеи воҳиде дар қиболи шахсияти Масеҳ иттихоз кунад; мавзеъе, ки авзоъро печидатар сохт:

Як Исои Масеҳ вуҷуд дорад, ки дорои ду зот аст, яъне дорои зоти инсонӣ ва зоти илоҳӣ аст. Ӯ воқеан инсон ва воқеан Худост ва дорои бадан ва руҳ аст. Ӯ аз назари илоҳӣ, бо Худои падар ҳамзот аст, ва аз назари инсонӣ, бо инсон ҳамзот аст, вале ҳеч гуноҳе надорад. Аз назари улуҳият, қабл аз оғози замонҳо аз Худо мавлуд гардид, ва аз назари инсонӣ, аз Марями бокира мутаваллид шуд. Тамоюз байни ду зот бар асари иттиҳод бо якдигар, аз байн нарафта, балки хусусиёти онҳо ҳифз, ва дар як шахс идғом гардидааст. Исо ду шахс нест, балки як шахс ва писари Худост.” (Wikipedia)

Ин эътиқоднома барои шиносоии Масеҳ натавонист кӯмаке ба масеҳиён бикунад; зеро муҷаддадан вайро ҳам Худо дониста ва ҳам писари Худо ва ҳам як инсони маъмулӣ, вале бегуноҳ. Ба илова, таноқузоте, ки дар матни ин эътиқоднома вуҷуд дорад, ҷуз ибҳом ва таҳайюр чизе ба армуғон намеоварад. Донишмандони масеҳӣ худ ба асроромез будани талаққии фавқ эътироф намуда, ҳалли онро аз тариқи мукошифа имконпазир медонанд. Албатта ин мавзӯе аст бисёр асроромез. Чӣ тавр мумкин аст Масеҳ ду зот дошта, вале як шахс бошад? Ҳарчанд дарки ин мавзӯъ мушкил аст, вале китоби муқаддас моро ба фаҳми он ташвиқ мекунад. (Ба Қӯлассиён, 2:2-3) Бино бар ин навиштаҳо, Исо эълом медорад, ки барои дарки воқеии ӯ эҳтиёҷ ба мукошифае илоҳӣ вуҷуд дорад. (Инҷили Матто, 11:27). Албатта, дар масеҳият умури зиёде ба чашм мехӯрад, ки масеҳиён ба номаъқул будани онҳо эътироф доранд, вале бо ин ҳол, даст аз имони худ намекашанд ва ҳатто ба ин имон ифтихор ҳам мекунанд!

Ахлоқи ҳазрати Исо (а) дар Қуръон ва Инҷил

Дар Қуръон ҳазрати Исо (а) як паёмбари улулазм муаррифӣ шудааст. Паёмбарони улулазм дорои арзишҳои руҳонӣ ва ахлоқӣ ва илмии болое ҳастанд ва дар сифоте чун тақво ва таваҷҷӯҳ ба Худованд ва сабр ва афв ва бахшоиш саромади дигарон ҳастанд. Қуръон суханони ҳазрати Исо (а) дар гаҳвораро чунин нақл мефармояд:

قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَجَعَلَنِي نَبِيًّا. وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنْتُ وَأَوْصَانِي بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا. وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا

Гуфт: Манам бандаи Худо, ба ман китоб дода ва маро паёмбар қарор додааст. Ва ҳар ҷо, ки бошам, маро бобаракат сохта ва то зиндаам, ба намоз ва закот суфориш кардааст. Ва маро нисбат ба модарам некӯкор карда ва зӯргӯ ва нофармон нагардонидааст.” (Сураи Марям, оятҳои 30-32)

Дар Қуръон як вижагии истисноӣ барои ҳазрати Исо (а) зикр шуда ва ӯ ба мақоме пурифтихор ноил гардидааст, ба гунае ки аҳаде аз паёмбарон ин гуна сутуда нашудаанд:

وَجِيهًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ

Обрӯманд дар дунё ва охират…

 إِذْ قَالَتِ الْمَلَائِكَةُ يَا مَرْيَمُ إِنَّ اللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٍ مِنْهُ اسْمُهُ الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ وَجِيهًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَمِنَ الْمُقَرَّبِينَ

(Ёд кун) ҳангомеро, ки фариштагон гуфтанд: Эй Марям! Худованд туро ба калимае аз ҷониби худ, ки номаш Масеҳ Исо ибни Марям аст мужда медиҳад, дар ҳоле ки ӯ дар дунё ва охират обрӯманд ва аз муқаррабони даргоҳи Худост.” (Сураи Оли Имрон, ояти 45)

Дар як ҷой аз Инҷили Матто аз забони ҳазрати Исо (а) гуфта шудааст:

Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: “Чашм бар ивази чашм, дандон бар ивази дандон”. Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед. Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ бидиҳед. Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки як фарсах роҳ равед, ду фарсах бо ӯ роҳ равед. Вақте ки касе аз шумо чизе талаб мекунад, онро ба ӯ бидиҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шаванд, не нагӯед.” (Инҷили Матто, 5:38-42)

Ҳарчанд дар тӯли торихи масеҳият ин тавсияҳои ахлоқӣ ба абзоре барои хомӯш кардани инқилобҳо ва эътирозот табдил шуда ва бардошти ғалат аз чунин дастурҳое боис шуда, ки чеҳрае зулмпазир аз ҳазрати Исо (а) намоёнда шавад, ва лекин ба назар мерасад, ки ин тавсияҳо марбут ба ҷомеаи мӯъминон аст, ки бо якдигар бародарона зиндагӣ кунанд ва барои ҳифзи бародарӣ, гоҳе лозим аст, ки инсон аз ҳаққи худ низ бигузарад ва ба ҷойи интиқом гирифтан ӯро бо мулотифат ва некӣ ҳидоят намояд.

Оре, ҳазрати Исо (а) шахсияте зулмпазир набуда. Ӯ ҳатто аз назари китоби муқаддас, шахсияте инқилобӣ аст, ки барои наҷоти маҳрумон аз султаи ситамкорон зуҳур карда. Ҳар кас, ки дар зумраи ёрони ӯст бояд омодаи ҷиҳод ва шаҳодат бошад. Ӯ ба ҷойи оромиш дар гумроҳӣ, қиём ва шамшерро баргузидааст:

Фикр накунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам. Ман барои сулҳ не, балки барои овардани шамшери зиддият омадаам. Ман омадаам, ки писарро ба падар, духтарро ба модар, келинро ба хушдоманаш зид гузорам. Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд.” (Инҷили Матто, 10:34-36)

Ҳазрати Исо (а) борҳо ва борҳо бо ҷумалоти пай дар пайи худ руҳонияти яҳудро ба фасод ва ҳаромхорӣ ва заъфи ахлоқӣ муттаҳам мекунад. Аз нигоҳи вай, мушкили асосии руҳонияти яҳуд, илова бар камтаваҷҷӯҳӣ ба аҳкоми шариат, наомехтани шариат бо руҳи онон аст, ки ҳамоно фазоили ахлоқӣ аст. Ин нукта сабаб шуда буд, ки шариатзадагӣ ва тақаддусмаобӣ шеваи роиҷ дар созмони руҳонияти яҳуд бошад. Ва шояд ба ҳамин далел аст, ки таъолими ҳазрати Исо (а), рангу бӯи ахлоқӣ ва маънавии бештаре дорад.

Достони ба салиб кашида шудан дар Қуръон ва Инҷил

Ҳар чаҳор Инҷил чигунагии дастгирӣ, муҳокима ва ба салиб кашида шудани ҳазрати Исоро бо тафовутҳое ҷузъӣ нақл кардаанд. Хулосаи достон аз Инҷили Марқус бад-ин қарор аст:

То иди фисҳ ва фатир ду рӯз монда буд. Сардорони руҳонӣ ва шариатдонони яҳуд роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Онҳо мегуфтанд: “Дар рӯзҳои ид ин корро кардан мумкин нест. Шояд одамон шӯриш мебардоранд”…

Он гоҳ яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо, ки номаш Яҳудои Исқарют буд, ба назди сардорони руҳонӣ рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. Онҳо аз шунидани ин хеле хушҳол шуда, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас, Яҳудо фурсати муносиб меҷуст, то ки Исоро ба дасти онҳо бисупорад…

Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш расида омад ва ҳамроҳаш як тӯда одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони руҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм буданд. Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: “Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред”.

Яҳудо дарҳол ба Исо наздик шуду “Устод!” гуфта, Ӯро бӯсид. Пас онҳо Исоро дастгир карданд…

Исоро ба хонаи сарвари руҳониён бурданд. Ҳамаи сардорони руҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм дар он ҷо ҷамъ шуданд… Сардорони руҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯро кӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба даст оварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеч далеле пайдо накарданд. Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад…

Он вақт сарвари руҳониён дар ҳузури ҳама бархоста, аз Исо пурсид: “Ин чӣ айбномаҳое, ки бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеч ҷавобе намедиҳӣ?” Аммо Исо хомӯш истода, ҳеч ҷавобе надод. Сарвари руҳониён боз пурсид: “Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?”

Исо гуфт: “Ҳастам ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд”.

Он гоҳ сарвари руҳониён либосашро дарронда гуфт: “Дигар ба мо ҳеч шоҳиде лозим ҳам нест! Худатон шунидед, ки Ӯ суханони кофирона гуфт. Ба чӣ қарор меоед?” Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд…

Саҳарии барвақт сардорони руҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд…

Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.

Сарбозон Исоро ба ҳавлии дарбор бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд…

Дар роҳ онҳо бо як роҳгузари қуриние вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шамъун ном дошт ва падари Искандару Руфис буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне “Ҷойи косахонаи сар” ном дошт. Сарбозон ба Ӯ майи бо мӯр омехтаро доданд, вале Ӯ онро қабул накард. Он гоҳ Исоро ба рӯи салиб мехкӯб карданд… Соати нӯҳи саҳар буд, ки Ӯро рӯи салиб мехкӯб карданд…

Нисфирӯзӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт ва он то соати се давом кард. Дар соати се Исо бо садои баланд фарёд зад: “Элуҳӣ! Элуҳӣ! Лима сабақтанӣ?”, яъне “Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?”.. Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод.

Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салумит ва Марям, ки модари Яъқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд…

Шом шуд ва мардум ба рӯзи истироҳат тайёрӣ медиданд. Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, ки аъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба назди Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст?!

Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.

Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, Марями Маҷдалия, Марям, ки модари Яъқуб буд ва Салумит рафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр раҳсипор шуданд.

Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: “Кӣ санги калонро аз даромади қабр барои мо мебардорад?” Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.

Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.

Вале ҷавон ба онҳо гуфт: “Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай аз нав зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар он ҷо бибинад, чунон ки ба шумо гуфта буд”. (Инҷили Марқус, аз боби 14 то 16)

* * *

Ин гузориши Инҷили Марқусро се Инҷили дигар бо тафовутҳои ҷузъӣ нақл кардаанд. Бар асоси ин гузориш (ки масеҳиён ба он ақида доранд), ҳазрати Исо ба салиб кашида ва дафн шуд, вале пас аз се рӯз зинда шуд ва ба осмон рафт ва назди Худованд ҷой гирифт.

Қуръони Карим низ ба осмон бурда шудани ҳазрати Исо (а)-ро гузориш кардааст, ки бар асоси он ҳазрати Масеҳ (а) акнун зинда аст ва дар назди Худо ҷой дорад, аммо Қуръон мегӯяд, ки ҳазрати Исо (а) маслуб нашуд ва ӯро накуштанд, балки ин амр бар душманони ӯ муштабаҳ шуд ва ҳазрат (а) мустақиман ба осмон бурда шуд:

وَقَوْلِهِمْ إِنَّا قَتَلْنَا الْمَسِيحَ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ رَسُولَ اللَّهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَكِنْ شُبِّهَ لَهُمْ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِيهِ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينًا. بَلْ رَفَعَهُ اللَّهُ إِلَيْهِ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا

Ва гуфтаи эшон (Банӣ Исроил), ки мо Масеҳ Исо ибни Марям паёмбари Худоро куштем ва ҳол он ки онон ӯро накуштанд ва маслубаш накарданд, лекин амр бар онон муштабаҳ шуд ва касоне, ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, қатъан дар мавриди он дучори шак шудаанд ва ҳеч илме ба он надоранд, ҷуз он ки аз гумон пайравӣ мекунанд ва яқинан ӯро накуштанд. Балки Худо ӯро ба сӯйи худ боло бурд ва Худо тавоно ва ҳаким аст.” (Сураи Нисо, оятҳои 157-158)

Масъалаи ба салиб кашида шудани ҳазрати Масеҳ (а) аз масоили бисёр муҳим ва асосӣ дар масеҳият ба шумор меравад, ба гунае, ки метавон гуфт, ҳамон тавр ки асоси эътиқодоти мусалмононро “ақида ба тавҳид ва яктопарастӣ” ташкил медиҳад, асоси ақоиди масеҳиятро бояд дар омӯзаи “таслиб” ва “фидо” ва “растохез”-и ҳазрати Исо (а) ҷустуҷӯ кард.

Он чӣ аз таъаммул дар мавриди масъалаи маслуб шудан ё нашудани ҳазрати Масеҳ (а) ба даст меояд ин аст, ки ҳарчанд ин масъала ба зоҳир содда ба назар мерасад (чун воқеият ҳар чӣ бошад, ҳазрати Масеҳ (а) алъон зинда ва дар осмонҳо назди Худост) лекин таъкиди Қуръон бар “маслуб нашудани ҳазрати Исо” ба хотири ин аст, ки бархе аз ақоиди масеҳиятро — монанди улуҳияти ҳазрати Исо ва омӯзаи “гуноҳи зотӣ” ва “бозхариди гуноҳон” ба изои маслуб шудани он ҳазрат, ки ҳамагӣ аз ақида ба маслуб шудани он ҳазрат нашъат гирифтаанд — тахтиа кунад ва таваҷҷӯҳи масеҳиёнро ба ин нукта ҷалб намояд, ки “наҷот”-ро дар гарави аъмол бояд дид, на дар паноҳ бурдан ба салиб. Ва Исои Масеҳ паёмбаре ҳамчун соири паёмбарони бузурги Худо буд, на Худо ва на писари Худо. Ва “фидо” ва қурбонӣ шудан, ба хотири гуноҳони дигарон, наметавонад матлабе мантиқӣ бошад ва ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст ва растгорӣ низ аз роҳи имон ва амали солеҳ муяссар мешавад.



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: