Наводирул-вақойеъ (12)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (9)

Дар амсоли оятҳо ва ривоятҳое, ки оварда шуд, ин шарт зимнан вуҷуд дорад, ки:

ان كانوا صالحين مؤمنين

Агар (номбурдагон) солеҳ ва некӯкор ва мӯъмин бошанд, пас воҷиб аст, ки…” Яъне, эҳсони волидайн машрут аст ба парҳезгорӣ ва ин ки толиби салоҳи фарзанд бошанд ва зарару зиёни ӯро дар дунё ва охират нахоҳанд. Ва ҳамчунин, адои ҳуқуқи занон машрут аст ба иффат ва фармонбардорӣ. Адои ҳаққи ҳамсоя ва хешон машрут аст ба адами зарар. Адои ҳаққи хидматгузорон машрут аст ба тоат ва фармонбардорӣ. Ва адои ҳаққи фарзанд машрут аст ба солеҳ будан ва фармонбардор будани вай.

Вагарна (агар бар итлоқ ҳамл шаванд, яъне чӣ солеҳ бошанд ва чӣ на… дар ин сурат) таклифи ба молоютоқ (беш аз тавон) хоҳад буд. Мисли амр ба эҳсон бо вуҷуди шарорати волидайн, ва ё амр ба некӯӣ дар ҳаққи зан бо адами ризои волидайн, ки дар инҷо хушнудии ҳар кадом сабаби адами хушнудии он дигар аст. Ва ин дар тавони банда наёяд, ки:

لاَ يُكَلِّفُ اللّهُ نَفْسًا إِلاَّ وُسْعَهَا

(Худованд ҳеч касро ҷуз ба қадри тавоноияш таклиф намекунад… (Сураи Бақара, ояти 286)) Балки агар биноро бар ин гузорем, дар ин сурат ҳукми нусус ба ҳамдигар муъориз меафтад ва аз боби:

القولان اذا تعارضا تساقطا

(Ду қавл агар бо ҳам дар таъоруз афтанд, ҳар ду аз эътибор соқит мешаванд), дигар ҳеҷ ҳаққе собит намешавад; на волидайнро ва на фарзандро ва занро. Зеро дар ин сурат, пайравӣ аз падару модар, фарзанд, ҳамсар, ҳамсояҳо, ятимон, мискинҳо ва ғайра (аз соҳибони ҳақ), дар ҳамаи ҳолатҳо, лозим мегардад. (Адои ҳаққи инон, дар воқеъ пайравӣ аз онон аст.)

Пас, дар ин сурат, амр ба пайравӣ аз модар, амр ба тарки пайравӣ аз зан гардад, ва амр ба пайравӣ аз зан, амр ба тарки пайравӣ аз модар, масалан. Аз ин рӯст, ки гуфтем, дар ин маворид ҳукми насс машрут ба шароит мебошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ гуфтем, ҳол равшан шуд, ки мавориди нусус ҳар волидайне набудааст, балки волидайне, ки парҳезгор ва мутадайин бошанд; волидайне, ки пеш аз никоҳ медонанд, барои чӣ никоҳ мекунанд ва ғараз аз издивоҷ чист. Медонанд, ки никоҳ барои он аст, ки то ба воситаи онҳо бандае (зода шавад ва) дар роҳи Худои Таъоло гом ниҳад ва бар шумори уммати ҳазрати Паёмбар (с) афзуда гардад. Медонанд, ки мақсуд аз никоҳ сирфи шаҳватронӣ ва баҳраварӣ нест, балки ба нияти ба дунё овардани фарзанде солеҳ, тибқи одоби исломӣ ва бо таҳорат бо ҳамдигар ҳамхоба шудаанд. Волидайне, ки дар ҳар касбу коре, ки ҳастанд, тибқи суннати исломӣ зиндагонӣ мекунанд ва аз ҳаромҳо ва шубҳадорҳо дурӣ меварзанд ва парҳез мекунанд.

Пас, шакке нест, ки фарзанде, ки аз инчунин волидайн ба дунё ояд, албатта солеҳ ва некӯкор хоҳад буд ва ӯ ҳаргиз бар хилофи ризои волидайн наравад ва волидайн низ бар ӯ даъвои оққ кардану ҷудо шудан накунанд.

Ҳол, бар фарз агар фарзанде нохалаф аз инчунин волидайни солеҳ ба бор ояд, ки эшонро биранҷонад – ки ин нодир бошад — ва ба додаи онҳо қонеъ набошад ва эшонро аз ин гузаргоҳ ташвиш дода, толиби зиёдатӣ бошад, ва ё ба фарзи эҳтиёҷ ва нотавонии эшон нафақаашон нарасонад ва хидмат накунад, инчунин фарзанде сазовори ҳамаи ҳушдорҳо ва таҳдидҳо бошад. Самарот ва натиҷаи ин уқуқ, ба дунё ва охирати ӯ сироят кунад. Ва ризои инчунин волидайн бо ризои Рабб ва хашмашон ба хашми Ӯ Таъоло баробар бошад.

Вале агар волидайн бар хилофи ин бошанд ва ҳадаф аз никоҳ ва офариниш надонанд, балки онро сирфи айшу шаҳватронӣ ангоранд, агар фарзанде оранд бадҷинс, ки эшонро биранҷонад, ҳеч гуноҳкору нофармон нашавад. Ва ҳолашон ҳоли нархареро монад, ки ба мода наздикӣ карда ва бачча овардааст. Ва ин бачча гоҳе гардани падар мехояд ва гоҳе гӯши модар, гоҳе лагад ба пешонии падар меандозад ва гоҳе ба синаи модар. Ҳеч кас гумон накунад, ки ин кӯрахар гунаҳкор аст ва ба волидайн нофармон ва зиёнкор, балки гӯянд: Боке нест:

Байт:

Аф-афи саге ба саге хӯрад,

Лагади харе ба харе расад.

(Бедил)

Ва ин волидайнро аз таҳаммули лагади ин “фарзанди азиз” чора набошад. Бале, вақте ки туро олати мардонагӣ биҷунбад ва чашм аз ғалабаи шаҳват сурх шавад ва харвор каф ба даҳон орӣ ва бо зан дарафтӣ, ва зан низ сухане барангезандаи шаҳват аз ту ё ғайр бишнавад ва девонавор ба ту овезад, дар ин миён агар фарзанде ояд, туро бо зан ба он фарзанд ҳеч ҳуқуқе собит набошад. Зеро ки ҳар кадом баҳраи матлуб аз айши худ бардошта бошанд ва ҳеч кадомро нарасад, ки гӯянд: “Мо туро парвардем ва ширу нонат расондем”. Зеро ки он чӣ додаанд, Ӯ Таъоло дода ва расонидааст. Нон дар танӯри хони ӯ сурх мекунад ва пистон дар деги пистони ӯ сафед мегардонад.

Бечора одамӣ дар таъмини рӯзии нафси худ оҷиз аст ва мӯҳтоҷи ҳазор нафси дигар. Ӯ кист, ки ба ғайр ризқе диҳад ё ӯҳдадори рӯзии дигаре шавад?!

Қитъа:

Гарчӣ рӯзӣ аз кафи хоҷаст, рӯзидеҳ Худост,

Бар сари рӯзихорон хуш нест аз ӯ миннат ниҳӣ.

Нест ӯ ҷуз косаву кафгир деги ризқро,

Беҳ, ки бошад косаву кафгир аз миннат тиҳӣ.

(Ҷомӣ)

Миннати модарон ғолибан барои фитом (аз шир гирифтани кӯдак) аст, ки “ман туро шир додам”. Ин ноқис надонад, ки агар тифл надошта бошад, шири ӯ бар ӯ офати ҷон аст ва ба вуҷудоварандаи саратони пистон, ки соате таҳаммулу сабр дар ҷамъи он ва ҳифзи он надорад, то ки бар замин ва девор бидӯшад ва роҳи халосӣ ёбад. Ва ӯро ҷойи шукргузорӣ бошад, ки нафас ба нафас фарзанд ӯро аз мурдан раҳоӣ мебахшад.

Ва миннати падар ба хотири нон (додан ба фарзанд) низ аз ҷаҳолати ӯст. Намебинад, ки бисёр тифлон аз бенонии падар ва беэҳтиётии модар, дар масҷидҳо ва роҳҳо лақит (баччае, ки канори роҳ бигузоранд) мешаванд, офаридгори ҳаким дигареро ба онҳо меҳрубон мегардонад, ки бармедоранд ва тарбият мекунанд:

Байт:

Гар рӯзии кас музди тараддуд будӣ,

Аз байзаи зоғ ҷумла анқо рустӣ.

Пас, дар ҳар ҳол рӯзидиҳандаи волидайн ва фарзандон ба муфоди ояти:

نَّحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُم

(Моем, ки ба онҳо ва шумо рӯзӣ мебахшем. (Сураи Исро, ояти 31)) Ӯст Субҳонаҳу ва Таъоло. Пас, ҳуқуқи волидайн бар зиммаи фарзандон, ҳуқуқе бошад аз сари ҷавонмардӣ ва аз қабили ҳаққи ҳамсояҳо ва масокин, аз боби:

هَلْ جَزَاء الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ

(Оё подоши эҳсон ҷуз эҳсон аст?! (Сураи Раҳмон, ояти 60)) Ғоят ин ки аз ҷиҳати наздикӣ ва бартар будан, аз соири соҳибони ҳуқуқ ба тақдим сазовортар шудаанд, ки агар фарзанд истеъдод дорад, аввалан ба адои ҳуқуқи онҳо бипардозад, сипас ба соҳибони ҳуқуқи дигар, то он ҷо, ки тавоноӣ бошад; наздиктар пас наздиктар.

Ва агар тавоноӣ надорад, ҳуқуқи дигарон соқит бошад, ба истиснои волидайн, ки агар нотавон ва мискин бошанд, барои таъмини нафақаи зарурии онҳо касб мекунад. Дар ин сурат, нусус ифодаи вуҷуб мекунад ба шарти салоҳи онҳо. Ва агар муфсид бошанд, онҳо ҳаққи худ соқит карда бошанд ва фарзанд бариуззимма бошад.

Масалан, падаре бадҷинс асбу шамшер надорад, ки роҳзанӣ кунад, ночор ба ҷиҳати бекорӣ дар хона менишинад ва намоз мехонад ва ба миқдори зарурӣ басанда мекунад, ки агар маркаб ва силоҳ мебуд, хонаро аз матои туҷҷор ва захираи корвон ороста мекард ва аз рамаи дигарон гӯспандони фарбеҳ ба ошпазхона мекашид. Писар бо нофармонии инчунин волидайн, оққу нофармон нашавад ва дар ин ҷо оққ шудан ва ҷудо шудане аз назари шаръ ва ақл собит намешавад, чунон ки донистӣ. Ва ҳамчунон ки ҳамсоя ва мискинҳо гиребони шахсро нагиранд, ки моро ба ту ҳақ собит аст, ҳамчунин волидайнро нарасад, ки бе ҷиҳат гиребони писар гиранд ва уқуқу ҳуқуқ дар миён ниҳанд.

Ва агар писар низ бадҷинс бошад ва гиребони ҳар кадомро гирад ва гӯяд: “Агар шумо ду шақӣ ба ҳамдигар ҳамхоба намешудед, мисли ман муфсиду бадҷинс мавҷуд намешуд”, дар ин сурат ҳеч ҷавобе надоранд. Зеро ки дар издивоҷ салоҳ ва дурусткории фарзандро аз Худо нахостаанд ва дар ҳамхобагӣ мисли чорпоён рафтор карда, ин ду шақӣ як шақоватпешаи дигарро ба бор оварда ва нанги миллати ислом ва имон шудаанд. Бинобар ин оққу ҷудоиҳое, ки дар миёни авоми халқ шӯҳрат дорад, ки фалон писар ба модар нофармон ва оққ аст ё модарозор ва падарбезорон аст, ҳеч эътибор надорад ва оққу ҷудоӣ маҳсуб намешавад. Ва агар гуноҳе собит шавад, барои ҳар се бошад ва якеро бар дигаре бартарие набошад ва ҳамагӣ — аз падару модару фарзанд – сазовори азобанд.

Идома дорад

* * *

Матни аслӣ:

Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо (9)

Пас, дар амсоли ин мавозеъ аз оёт ва аҳодис калом маҳмул ба ҳазфи изофат ва завоид бошад, яъне “Ин конал волидайну солиҳайни мӯъминайни… бар ин ки бояд абавайн муттақӣ ва мутаварреъ бошанд ва толиби садод ва салоҳи фарзанд ва нахоҳандаи зарари дунё ва охирати ӯро. Ва ҳамчун ҳуқуқи занон ба шарти иффат ва мутоваату адами нушуз ва ҳаққи ҳамсоя ва хеш ба шарти адами зарар ва ҳаққи хидаму ҷаворӣ ба шарти тоат ва инқиёд ва ҳаққи фарзанд ба шарти салоҳ ва фармонгузорӣ.

Пас, агар маонии нусус бар итлоқ хоста шавад, муҳимми таклиф ба молоютоқ бошад. Масалан, амр ба эҳсон бо вуҷуди шарорати абавайн ва амр ба некӯӣ дар ҳаққи зан бо адами ризои эшон. Ва ҳол он ки хушнудии ҳар кадом сабаби адами хушнудии он дигар мегардад ва ин дар вусъи банда наёяд, ки “Ло юкаллифуллоҳу нафсан илло вусъаҳо”. Балки агар бино бар зоҳири нусус ниҳода шавад, ҳукми нусус ба ҳамдигар муориз меафтад ва ба муфоди “Ал-қавлони изо таъоразо тасоқато”, ҳеч ҳақ собит намешавад на абавайнро ва на фарзандро ва занро, чӣ ҳасби фармони нусуси боҳира падару модар ва фарзанд ва зан ва ҳамсояю айтом ва масокину ғайруҳум ҳама лозимул-иттибоъ бошанд ба ҳама ҳол. Чӣ бирру эҳсон бе иттибоъ ва муҷомалат ва итоат сурат набандад, ки агар соиле ва фақире аз ту дираме хоҳад, додани ту айни итоат ва иттибоъ аст.

Пас, амр ба иттибои модар амр ба тарки иттибои зан афтад ва амри иттибоъ ба зан амр ба тарки иттибои модар, масалан. Пас, албатта, дар мисли ин мавоқеъ ҳукми насс машрут ба шароит бошад, чунон ки гуфтем. Пас, мавориди нусус (назар ба он чӣ тамҳид кардем), он абавайн бошанд, ки олим ва мутаварреъ ва мутадайин будаанд. Ва пеш аз никоҳ илм доранд дар амри никоҳ, ки никоҳ барои чӣ мекунанд ва ғараз аз тазаввуҷ чӣ, то бандае ба воситаи онҳо дар роҳи Худои Таъоло қоим гардад ва уммате дар зайли мутобеони он сарвар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зиёда шавад ва мақсуд аз никоҳ муҷарради истифои шаҳватронӣ ва истимтоъ набувад, балки истидъои валади солеҳ карда, ба одоб ва таҳорат ба ҳамдигар расида буванд. Ва ин абавайн ба ҳар пеша, ки бошанд, ба ваҷҳи маснун зиндагонӣ мекунанд ва аз ҳамаи маҳорим ва шубаҳот муҷтанибу мӯҳтаризанд. Фалошак фарзанд, ки аз чунин абавайн ояд, албатта автод ва абдол хоҳад буд ва ӯ ҳеч дам бар хилофи ризои абавайн наравад ва абавайн низ бар ӯ даъвии уқуқу ҳуқуқ наёранд.

Фаразан, аз тақозои даври сипеҳр фарзанде нохалаф аз чунин абавайн ояд, ки эшонро биранҷонад — ва ин нодир бувад — ва ба додаи онҳо қонеъ набошад ва эшонро аз ин мамарр ташвиш дода, толиби зиёдатӣ бошад ва ба фарзи эҳтиёҷу нотавонии эшон нафақа нарасонад ва хидмат накунад, муставҷиби ҳамаи ваъидот бошад. Самарот ва натиҷаи ин уқуқ ба дунёю охирати ӯ сироят кунад ва ризои инчунин абавайн бо ризои Рабб ва сахаташон ба сахати Ӯ муқорину мусовӣ бувад.

Ва агар абавайн бар хилофи ин бошанд ва ғарази никоҳ ва офариниш надонанд, балки муҷарради айшу халои авъияи манӣ матлуб доранд, агар фарзанде оранд, шарур, ки эшонро биранҷонад, ҳеч осиму осӣ нашавад. Ва нек монанд бувад ҳолашон бо нархаре, ки ба мода муқорабат кард ва бачча овард. Ва ин бачча гоҳе гардани падар мехояд ва гоҳе гӯши модар ва гоҳе лагад ба пешонаи падар меандозад ва (гоҳе) ба синаи модар. Ҳеч кас гумон накунад, ки ин курра гунаҳкор аст ва бо абавайн осӣ ва зиёнкор, балки гӯянд: “Боке нест”:

Байт:

Лагади харе ба харе расад,

Аф-афи саге ба саге хӯрад.

Ва ин абавайнро аз таҳаммули лагади ин “фарзанди азиз” чора набувад. Бале, вақте ки туро олоти раҷулият биҷунбад ва чашм аз ғалабаи иштиҳо сурх шавад (ва) харвор каф ба даҳон орӣ ва бо зан дарафтӣ ва зан низ сухане муҳаййиҷи шаҳват аз ту ё ғайр бишнавад ва девонавор ба ту овезад, дар ин миён агар фарзанде ояд, туро бо зан ба он валад ҳеч ҳуқуқе собит набувад, зеро ки ҳар кадом ҳиссаи матлуб аз айши худ бардошта бошанд ва ҳеч кадомро нарасад, ки гӯянд: “Мо туро парвардем ва ширу нонат расондем”.

Зеро ки он чӣ додаанд, Ӯ Таъоло дода ва расонидааст. Нон дар танӯри хони ӯ сурх мекунад ва пистон дар деги пистони ӯ сафед мегардонад. Бечора одамӣ дар истифои ризқи нафси худ оҷиз аст ва мӯҳтоҷи ҳазор нафси дигар. Ӯ кист, ки ба ғайр ризқе диҳад ё мутакаффили рӯзии дигаре шавад?!

Қитъа:

Гарчӣ рӯзӣ аз кафи хоҷаст, рӯзидеҳ худост,

Бар сари рӯзихӯрон хуш нест з-ӯ миннат ниҳӣ.

Нест ӯ ҷуз косаву кафгир деги ризқро,

Беҳ, ки бошад косаву кафгир аз миннат тиҳӣ.

Ва бештар миннати модарон барои фитом аст, ки “ман туро шир одам”. Ин ноқис надонад, ки агар тифл надорад, шири ӯ ба ӯ офати ҷон аст ва мӯриси саратони пистон, ки соате таҳаммулу сабр дар ҷамъи он ва ҳифзи он надорад, то ки бар замин ва девор бидӯшад ва махлас ёбад. Ва ӯро ҷои шукргузорӣ бувад, ки нафас ба нафас фарзанд ӯро аз фавту мавт раҳоӣ мебахшад. Ва миннати падар барои нон низ аз ҷаҳолати ӯст, набинад, ки бисёр тифлон аз бенонии падар ва ноҳифозии модар дар масҷидҳо ва роҳҳо лақит мешаванд, Халлоқи Ҳаким дигареро ба онҳо меҳрубон мегардонад, ки бармедоранд ва тарбият мекунанд:

Байт:

Гар рӯзии кас музди тараддуд будӣ,

Аз байзаи зоғ ҷумла анқо рустӣ.

Пас, ба ҳама ҳол рӯзидиҳандаи абавайн ва авлод ба муфоди “Наҳну нурзуқукум ва ийёҳум” Ӯст Субҳонаҳу ва Таъоло. Пас, ҳуқуқи абавайн дар зиммаи авлод ҳуқуқе бувад мурувватӣ ва одатӣ аз қабили ҳаққи ҳамсояю масокин ба муфоди “Ҳал ҷазоул-эҳсони иллал-эҳсон”. Ғоят он ки аз ҷиҳати ақрабият ва авлавият аз соири арбоби ҳуқуқ ба тақдим аҳаққ шудаанд, ки агар валад истеъдод дорад, аввалан ба қиёми ҳуқуқи онҳо пардозад, пас ба арбоби истеҳқоқи дигар, то куҷо, ки тавоноӣ бошад, “ал-ақрабу фал ақраб”. Ва агар мустаъид нест, ҳуқуқи дигарон соқит бошад, илло абавайн, ки агар музмин ва мискин бошанд, барои нафақаи зарурияи онҳо касб мекунад. Дар ин сурат, нусус ифодаи вуҷуб мекунад ба шарти салоҳи онҳо ва агар муфсид бошанд, онҳо ҳаққи худ соқит карда бошанд ва фарзанд бариуззимма бошад.

Масалан, падаре шарир асбу шамшер надорад, ки роҳ қатъ кунад, лоилоҷ аз ҷиҳати таътил дар хона менишинад ва намоз мекунад ва ба қадри кафофи ҷӯъ сабр меорад, ки агар саворию силоҳ будӣ, хонаро аз матои туҷҷор ва захираи корвон ороста кардӣ ва аз рамаи дигарон гӯспандони фарбеҳ ба матбах кашидӣ. Пас, писар ба исёни инчунин абавайн оққу осӣ нашавад ва дар ин ҷо иқоқею шиқоқе индашшаръ ва индалақл собит намешавад, чунон ки донистӣ. Ва чунон ки ҳамсоя ва масокин гиребони шахсро нагиранд, ки моро ба ту ҳақ собит аст, ҳамчунин абавайнро нарасад, ки бе мӯҷибе гиребонгири писар шаванд ва уқуқу ҳуқуқ дар миён ниҳанд. Мабод, ки писар низ шарир бувад ва гиребони ҳар кадомро гирад ва гӯяд: “Агар шумо ду шақӣ ба ҳамдигар намерасидед, мисли ман муфсиду шарир мавҷуд намешуд”, ҳеч ҷавоб наёранд гуфт, зеро ки дар тазаввуҷ салоҳу садоди фарзандро аз Худо нахостаанд ва дар муҷомаат муомалаи сутур намуда, балки ду шақӣ як шақоватпешаи дигарро зиёд кардаанд ва нанги миллати ислом ва имон шуда ва оққу шиқоқ, ки дар миёни авоми халқ шӯҳрат дорад, ки фалон ба модар осию оққ аст ё модарозор ва падарбезоронро ба ҳеч эътидод ва эътибор натавон кард. Ва агар базаҳ ва исме собит шавад, дар зоҳир ба ҳар се шомил аст ва якеро бар дигаре фазл не ва ҳама аз абавайну валад муставҷиби вабол ва наколанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: