Нақде бар мақолаи “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Иқбол” — 1

Ба қалами: Маҳмудхон Бурҳонов

Бахши аввал

Чанде паш мақолае аз ҷаноби Ҳафиз Холиқзода таҳти унвони “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Муҳаммад Иқбол” мунташир шуд, ки муаллиф дар он кӯшидааст, то андешаҳои Иқболро барои ҷомеаи Тоҷикистон хатарнок ва мухарриб ҷилва диҳад ва ба таъбири худи муаллиф, ҳадаф аз навиштани мақола “шикастани бути Иқбол“ мебошад.

Мақолаи ҷаноби Ҳафиз Холиқзода бе шак ниёз ба нақде асосӣ дорад. Ин навиштор ба нақд ва баррасии дидгоҳҳо ва бардоштҳои ҷаноби Холиқзода дар он мақола мепардозад. Мо дар ду бахш (ки инак, бахши аввал пеши рӯи хонанда аст) ба баррасии онҳо мепардозем. Бахши аввал, дар воқеъ ҷанбаи муқаддимотӣ дорад ва нақдҳои асосӣ дар бахши дуввум матраҳ хоҳанд шуд. Пас, дар ин бахш меҳварҳои баҳси мо масоили зерин ҳастанд:

1. Пешфарзҳои муаллиф;

2. Меҳвари фалсафаи Иқбол;

3. Иқбол ва Ниче.

* * *

Пешфарзҳои муаллиф

Аз аввал муаллиф бо чанд пешфарз вориди баҳс шуда. Яке ин ки ӯ байни дин ва фалсафа навъе тазодд ва таорузи зотӣ қоил аст. Аз назари муаллиф, касе, ки ба дине пойбанд аст, ҳаргиз наметавонад озодандеш ва файласуф бошад.

Пешфарзи дигари муаллиф ин аст, ки омӯзаҳо ва арзишҳои ирфонӣ — ҳамчун ваҳдати вуҷуд, ишроқу ишқ, тарғиб ба зуҳду парҳезгорӣ, сарзаниши дунёталабӣ ва монанди онро — сабаби ақибмондагии ҷомеа медонад.

Ин ду пешфарз бар тамоми фазои мақолаи эшон соя афканда ва сабаби навъе мавзеъгирии манфӣ ва нигоҳи хасмона ба осор ва арзишҳои Иқбол гаштааст.

Бинобар ин, лозим аст пеш аз ҳама ин ду пешфарзи муаллиф мавриди таҳлилу баррасии дақиқ қарор бигирад; чун ин пешфарзҳо ба манзилаи “зербинои тафаккури муаллиф” мемонад.

* * *

Дин ва фалсафа

Яке аз масоили муҳим дар ҳавзаи фалсафаи дин, робитаи фалсафа ва дин аст ва ин ки оё фалсафа ва дин бо ҳам дар таорузанд ва ё бо ҳам созгоранд? Ва дар сурати таорузи ҳақиқӣ миёни он ду, тақаддум бо кадом аст? Оё динро бояд канор гузошт ва ба ақл тамассук ҷуст ва ё баръакс бояд амал кард? Ва оё имкони таъсир ва таассури мутақобил миёни онҳо вуҷуд дорад? Саранҷом ин ки фалосифа дар тӯли таърих чӣ дидгоҳҳое дар ин замина доштаанд?

Дар ин ҷо нахуст ба таърифи вожаи дин ва фалсафа мепардозем ва сипас дар бораи бархе аз масоили ёдшуда ба ихтисор баҳс мекунем.

* * *

Таърифи фалсафа

Барои фалсафа маонии мутафовит баршумурдаанд, ки дар инҷо ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

1. Вожаи фалсафа ба маънои омм, ки решаи юнонӣ дорад, ба маънои дӯстдории илм аст;

2. Дар истилоҳе дигар, ба маънои ҳамаи улуми ҳақиқӣ аст, ки шомили ҳикмати назарӣ (ҳикмати табиӣ, риёзӣ, мобаъдуттабиа) ва ҳикмати амалӣ (ахлоқ, тадбири манзил, сиёсати мудун) мешавад;

3. Фалсафа ба маънои хосс, фақат бар ҳикмати мобаъдуттабиӣ (метафизика) итлоқ мешавад. Метавон фалсафаро дар ин қисмат, ба маънои вуҷудшиносӣ ва ё воқеиятшиносӣ донист;

4. Фалсафа дар корбурде дигар, тафаккури ақлии низомманд аст, ки шомили ҳавзае аз улум, монанди маърифатшиносӣ, фалсафаҳои музоф (мисли фалсафаи илм, фалсафаи таърих ва ғайра…), метафизика ва фалсафаи зеҳн аст. (Фаноии Ишкеварӣ, 1389, с.15)

* * *

Таърифи дин

Дин дар луғат ба маънои итоат ва пайравӣ аз фармон омада. (Ибни Форис, 1411 ҳ.қ, с.319 ва 320). Дар истилоҳ аммо, таорифи гуногуне аз дин ироа шудааст, ки ба таври хулоса метавон гуфт: “Дин маҷмӯае аз таълимоте аст, ки аз ҷониби Худо барои ҳидояти инсонҳо тавассути фарде аз миёни худи онҳо, ки паёмбар номида мешавад, ба онон иблоғ шудааст”.

Тазаккур: Аз он ҷо ки ҷаноби Ҳафиз Холиқзода дар ин мақола ақоид ва орои Иқболро нақд карда ва Иқбол ҳам дорои ақидаи исломӣ мебошад, бинобар ин манзури мо аз дин дар ин мақола, мушаххасан дини ислом мебошад.

* * *

Хостгоҳи аслии масъалаи таоруз байни дин ва фалсафа фарҳанги масеҳӣ дар ҷаҳони ғарб мебошад; зеро бархе аз маориф ва таолими масеҳияти мавҷуд (масеҳияти таҳрифшуда) — ҳамчун таслил, гуноҳи аввалӣ ва ғайра — воқеъан бо ақлу мантиқ дар таоруз будааст. Бинобар ин, дар байни файласуфон ва мутакаллимони масеҳӣ худ ба худ ин масъала матраҳ шудааст, ки асосан байни дин ва фалсафа ва ё имону ақл чӣ робитае барқарор аст?

Метавон дидгоҳҳои матраҳшуда дар ҷаҳони ғарбро дар хусуси дин ва ақл, ба ду дидгоҳи умда тақсим кард:

1. Созгорӣ байни дин ва ақл: Тарафдорони умдаи ин дидгоҳ Тумос Оквинос, Ҷон Лок, Эмонуел Конт, Колифорд ва Речорд Суен Бран мебошанд, ки мӯътақиданд, эътиқоди динӣ бо ақл созгор аст, ки ба он истилоҳан ақлгароӣ мегӯянд;

2. Носозгорӣ байни дин ва ақл: Тарафдорони умдаи ин дидгоҳ Киер Кегорд, Витгенештойн ва Норман Молкум ҳастанд, ки мӯътақиданд, эътиқоди динӣ бо ақл носозгор аст, ки ба он истилоҳан имонгароӣ гуфта мешавад.

Дар поён, назари ду нафар аз файласуфони барҷастаи ғарбиро меоварем, ки қоил ба созгорӣ байни ақлу дин ҳастанд:

* * *

Дидгоҳи Тумос Оквинос

Тумос Оквинос, ки яке аз бузургтарин мутакаллимон ва файласуфони масеҳӣ аст, бар ин бовар аст, ки ақл бо дину имон ҳамоҳангии тақрибан комиле дорад. Оквинос оро ва афкори файласуфони бузург ҳамчун Афлотун ва Арастуро бо масеҳият ҳамоҳанг дониста ва мӯътақид буд, ки ҳадафи ниҳоии дин ва фалсафа як чиз аст, ва он шинохти ҳақиқат мебошад.

Оквинос мӯътақид буд, ки барои растгории инсон илова бар илму фалсафа, ки зоидаи ақли инсонӣ мебошанд, вуҷуди илми дигаре, ки илҳомшуда аз ҷониби Худост зарурат дорад. Вай мегӯяд, растгории инсон ба тақарруб ба Худост, ки ба шинохти ӯ бастагӣ дорад ва шинохти Худо на танҳо аз тариқи ваҳй, балки аз роҳи ақл низ ҳосил мешавад.

Тумос ин пурсишро матраҳ мекунад, ки агар Худо инсонро ба ҳоли худ вомегузошт, чӣ теъдоде аз инсонҳо ба касби маърифати Худо ноил меомаданд? Ӯ дар посух чунин мегӯяд: “Ҳақоиқе дар бораи Худо он чунон ки ақл қодир ба шинохти он бошад, танҳо дар афроди каме қобили тасаввур аст, аз ин ҷо зарурати ваҳй натиҷа гирифта мешавад. Зеро инсонҳо аз тариқи имон зудтар ба ҳақоиқи наҷотбахше дар бораи Худо мерасанд. Пас, имон яқинитар аз ақл аст, махсусан дар мавзӯоти илоҳӣ”. Оквинос дар мавриди тақаддум ва тааххури таълимоти дин ва фалсафа, бар он аст, ки таолими муқаддаси динӣ муқаддам бар улуми дигар аст. Бинобар ин, омӯзаҳои муқаддас бар улуми фалсафӣ мубтанӣ нестанд, ба ин маъно, ки усули худро аз фалсафа намегиранд. (Жилсон 1375, с.50)

* * *

Дидгоҳи Эмонуел Конт

Яке дигар аз файласуфони ақлгаро Конт аст. Ӯ аввал ақлро ба назарӣ ва амалӣ (1) тақсим мекунад ва сипас барои ақли назарӣ як даста мақулот ва мафоҳиме қоил мешавад ва мегӯяд, ки ин мақулот ва мафоҳими ақлӣ фақат дар ҳавзаи таҷрибӣ короӣ дорад. Баъд натиҷа мегирад, ки ақли назарӣ аз исбот ва инкори умури мовароӣ ба куллӣ нотавон аст. Аммо дар ҳавзаи ақли амалӣ бар ин назар аст, ки ақли амалӣ метавонад вуҷуди Худо, нафс ва ҷовидонагиро исбот кунад. Конт дар китоби “Дин дар маҳдудаи ақли танҳо“ мегӯяд: “Ҳамоҳангии комил миёни ақли амалӣ ва дин вуҷуд дорад”. Ӯ танҳо илоҳиётеро, ки бар ахлоқ мубтанӣ бошад мепазирад ва барои ахлоқ истиқлоли зотӣ қоил аст ва бар он аст, ки танҳо аз тариқи ахлоқ ва ақли амалӣ метавон ба Худо расид.

* * *

Ҳол, ин қабил масоил (ки оё байни дин ва ақл таоруз аст) ҳаргиз ба ин шакле, ки дар ҷаҳони масеҳият матраҳ гашта, дар ҷаҳони ислом тарҳ нашудааст. Бале, дар ҷаҳони ислом ҳам мухолифони зиёде бо фалсафа зуҳур карда ва ҳатто дар ин замина китобҳое навиштаанд, аммо интиқоди онҳо аз фалсафа, дар воқеъ ба бархе аз гузораҳои фалсафӣ аст (мисли интиқодоти Имом Ғаззолӣ), на он тавре ки дар ҷаҳони масеҳият матраҳ гаштааст. Яъне ҳаргиз ҳеч кадом аз уламои исломӣ ҳатто эҳтимоли онро надодаанд, ки байни дин ва ақл таоруз барқарор бошад.

Бинобар ин, агар дин он чунон ки ҳаст дар назар гирифта шавад ва паёмҳо ва омӯзаҳои он ба дурустӣ шинохта шавад, ҳаргиз чунин суоле пеш нахоҳад омад, ки оё байни дину имон ва ақлу фалсафа таоруз барқарор аст, ё таомул?

Бинобар ин, мо пеш аз ҳама бояд бибинем, омӯза ва овардаи аслии дин чист? Паёми аслии паёмбарон чӣ будааст? Дин омадааст ба мо чӣ бидиҳад?

Дин омадааст, то бигӯяд: Эй инсон! Он чӣ ту ҳис мекунӣ ва дар эҳсоси ту дармеояд, ҳамаи олами ҳастӣ нест, тамоми ин ҷаҳоне, ки ту мебинӣ — аз кучактарин зарра гирифта то бузургтарин каҳкашонҳо — ҳама фақат бахши кучаке аз олами ҳастист, ки ҷаҳони моддист, ва ин ҷаҳони моддӣ дар муқобили ҷаҳони ғайб, ки бар ин ҷаҳон иҳота дорад, мисли як ҳалқа дар саҳро мемонад. Ва эй инсон! Бидон, ки зиндагии ту дар ин ҷаҳон ба поён намерасад, бо фаро расидани марг ту аз бахши кучаке ба бахши бузургтаре аз олам по мениҳӣ, ҳамон тавре ки бо таввалуд аз раҳими модар ба ин дунё по ниҳодӣ.

Бинобар ин, паёмбарон бо овардани паёми худ, чизе аз ин олами маҳсус кам намекунанд, балки азамати он оламро ба мо нишон медиҳанд.

Фарқи асосии ҷаҳоне, ки дин ироа медиҳад, аз ҷаҳоне, ки илму фалсафа ироа медиҳад, дар он аст, ки дин воқеиятҳои ҷаҳонро маҳдуд ба унсурҳои моддӣ ва фонӣ намедонад. Дин башарро ба воқеиятҳои ғайримоддӣ ва собиту ҷовидона низ таваҷҷӯҳ медиҳад.

Дин намехоҳад таваҷҷӯҳ ба моварои табиатро ҷонишини таваҷҷӯҳ ба табиат кунад, балки мехоҳад башар дар айни таваҷҷӯҳ доштан ба табиат, аз ҷаҳони моварои табиат ва арзишҳои ҷовидона ғафлат наварзад.

Агар бихоҳем, рисолати пайғамбаронро дар як ҷумла хулоса намоем, бояд бигӯем, ки: пайғамбарон омадаанд, то фарорӯи инсон як уфуқи тозае боз кунанд; уфуқе, ки бо зоҳир шудани он, нигоҳи инсон ба ашё умқ пайдо мекунад ва зиндагӣ барояш маъно пайдо мекунад.

Бинобар ин, дин (ислом) ба ҳеҷ ваҷҳ рақиби фалсафа ва ё илм нест, ки байни онҳо таорузе пеш ояд. Нигоҳи дин ба инсон, ҷомеа, зиндагӣ, таърих ва куллан ҷаҳон, аз он зовияе нест, ки илм ва ё фалсафа менигаранд. Ҳамон тавре ки нигоҳи илмӣ ба як масъала, бо нигоҳи фалсафӣ ба ҳамон масъала фарқ мекунад, нигоҳи динӣ низ ба ҳамон масъала, ғайр аз нигоҳи илмиву фалсафист. Зовияи нигоҳи дин ба ҷаҳон фаросӯи нигоҳи илмӣ ва фалсафист.

Бинобар ин, фарқи як инсони диндор бо инсони бедин дар ин аст, ки инсони диндор илова бар он чӣ як файласуф ва ё як донишманд мебинад, ҷанбаи дигаре ҳам дар ашё мебинад. Он ҷанба, ҷанбаи малакут ва ё илоҳии ашё ва куллан ҷаҳон аст. Аз назари як инсони диндор, ҳама чиз — аз ҷумла худаш ва аъзову афкору аъмолаш — ҳама ва ҳама мутааллиқ ба соҳиб ва молики аслии ҳастист. Бинобар ин, як инсони диндор ҳама чизро амонате мебинад, ки дар ихтиёри ӯ қарор дода шуда ва бар ӯст, ки пеш аз ҳама бояд онро чунон ки ҳаст бишносад ва баъд, аз он посдорӣ намояд.

Дар боби шинохт, ҳам инсони диндор ва ҳам бедин ҳар ду аз васила ва абзори яксон кор мегиранд, ки он иборат аз: ҳисс, таҷриба, дил ва ақл аст. Фақат бо ин тафовут, ки инсони диндор, бо ин абзор ҷанбаҳои бештаре аз ҷаҳонро мебинад ва табиатан беш аз он чӣ як бедин аз ҷаҳон мешиносад, шинохт ҳосил мекунад.

Дар боби ба кор бастани ин дунё ва истифода аз имконоти зиндагӣ, фарқи инсони диндор бо бедин дар он аст, ки инсони бедин чун олами ҳастиро маҳдуд ба ҳамин дунёи маҳсус медонад, табиатан ба он дил мебандад ва ба даст овардани онро ҳадафи ниҳоии худ медонад. Ин тарзи нигоҳ ба дунё ва дилбастагӣ ба он, сабаб мешавад, ки байни инсонҳо таорузи манофеъ пеш ояд ва барои ба чанги худ даровардани он, дучори кашмакаш ва ҷангу ҷидол гашта, ниҳоятан он чиро, ки худ сохта буданд, ба дасти хеш вайронаш кунанд; чунончи торихи башар шоҳиди ҳазорон ҷанги вайронгар буда, ки ба ин иддао гувоҳӣ медиҳад.

Вале нигоҳи як инсони диндор ба ин дунё ва имконоти он, нигоҳи ориятӣ аст, ки пас аз чанд сабоҳе бояд онро вогузорад, зеро ҳамаи дунё ва мофиҳо аз назари ӯ амонати илоҳӣ аст, ки мебоист аз он амонатдорӣ намуд. Бинобар ин, инсони диндор ҳаргиз ба ин дунё дил намебандад ва ба даст овардани онро ҳадафи худ намедонад. Ин тарзи нигоҳ ба дунё иқтизо мекунад, ки шахси диндор дунёталаб набошад, дар айни ин ки ислоҳ ва ободонии дунёро ба унвони ҳусни амонатдорӣ вазифаи худ медонад. Вақте ҳастӣ ва ҳаёт дар ин дунёи гузаро маҳдуд набошад, ин дунё ва имконоти он ҳадафи ниҳоӣ қарор намегирад. Ва вақте ба даст овардани дунё ҳадаф набошад, касе ба он дил намебандад. Вақте ҳам дилбастагӣ ба дунё дар миён набошад, таорузи манофеъ ва ҷангу ҷидол барои он низ, худ ба худ аз миён бардошта мешавад.

Агар мо ҳадафи фалсафаро шинохти ҳақиқат бидонем, чӣ мактаб ва мадрасае ба андозаи дин, барои кашфи ҳақиқат метавонад ба фалсафа кӯмак кунад ва уфуқҳои тозае фарорӯи он барои шинохт бознамояд? Ва агар мо вазифаи файласуфро ислоҳи фикру фарҳанги ҷомеа бидонем, кадом омӯзае ба андозаи таълимоти динӣ, метавонад файласуфро дар ин рисолаташ кӯмак кунад?

Вақте мегӯем дин (ислом) бо фалсафа ҳамоҳанг ва созгор аст, манзур чист? Агар манзур ин бошад, ки дин бо ҳамаи маорифи башарӣ дар тӯли таърих, ки натиҷаи ақл мебошад, мувофиқ аст, сухани ботил ва мутаноқизе гуфтаем; зеро маорифи башарӣ холӣ аз хатоҳо ва орои ботил нест ва умури мутаноқиз, ҳам аз назари ақл ботил аст ва ҳам аз назари дин мардуд. Бинобар ин, мухолифати дин бо чанд қазияи фалсафӣ ба маънои мухолифат бо ақл нест. Яъне ислом равиши тааққулиро ба расмият мешиносад ва онро таъйид мекунад, ҳамон гуна ки бо равиши таҷрибии улуми табиӣ низ мувофиқ аст.

* * *

Меҳвари фалсафаи Иқбол

Меҳвари фалсафаи Иқбол бар “худӣ“ устувор аст. Тибқи назари Иқбол ва бархе аз фалосифаи дигар, “худӣ” дар воқеъ фардияте аст, ки дар ҳар мавҷуде вуҷуд дорад. Ва он иборат аст аз: маҷмӯи сифоти ҷисмонӣ ва маънавӣ, ки сабаби фарқи як фард аз афроди дигар мегардад. Ба иборати дигар, сифоте, ки табиати хосс ба фард медиҳад.

Тасвире, ки Иқбол аз “ман“-и одамӣ дорад, пояи аслии фалсафаи ӯст. Иқбол дидгоҳи худро дар мавриди “фард“ бори аввал дар маснавии “Асрори худӣ“ ироа дод ва сипас ҳамин андеша ба осори шеърии ӯ низ роҳ ёфт, то он ки саранҷом ин андешаро ба сурати илмӣ ва фалсафӣ дар китоби “Бозсозии андешаи динӣ“ (Эҳёи тафаккури динӣ дар ислом) матраҳ сохт. Албатта, ногуфта намонад, ки бахше аз зербинои назариёти Иқбол дар боби “фард“ реша дар андешаҳои Мавлоно дорад, аз ҳамин рӯст, ки маснавии “Асрори худӣ“ бо ин абёт аз ғазали маъруфи Мавлоно оғоз мешавад:

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

З-ин ҳамраҳони сустаносур дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.

Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо

Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст.

Бинобар ин, фардияти воқеӣ аз назари Иқбол, дар касе аст, ки марди амал бошад. Ӯ дар оғози китоби “Бозсозии андешаи динӣ“ яке аз арзишҳои волои Қуръонро дар таъкиде мебинад, ки ин китоби осмонӣ бар асли амал мегузорад. Иқбол дар пешгуфтори ин китоб, сухани худро бо ифтихор чунин оғоз мекунад: “Қуръон китобест, ки дар мавриди амал беш аз андеша таъкид мекунад”. Ин фардияти пӯё, ё ҳамон худии пӯлодин дар сохтори фикрии ӯ, махсусан дар ташаккули шахсияти инсони ормонии ӯ, таъсири басазое гузоштааст.

Иқбол бар хилофи бархе фалосифа (ҳамчун пайравони шохаи ангилисии Ҳегел) ва аҳли тасаввуф (ҳамчун пайравони ваҳдати вуҷуд), ки болотарин ҳадафи инсонро фано шудани ҳувияти фардӣ дар вуҷуди мутлақ медонанд, мӯътақид аст, ки инсон бояд дар ҳифзи фардияти арзишманди хеш бикӯшад ва бо нерӯи ибтикор ва халлоқияти худ, фардияти хешро нерӯманд созад. Ӯ дар китоби “Бозсозии андешаи динӣ” мегӯяд: “Поёни ҷустуҷӯи ман ба маънои раҳоӣ аз маҳдудиятҳои фардӣ нест, балки баръакс ба маънои ёфтани таърифи дақиқтаре аз он аст”.

Аз дидгоҳи Иқбол, фардиятро метавон ба рӯшанӣ дар ҳамаи мавҷудоти зинда ёфт, бинобар ин, дастёбӣ ба фардияти амиқтар, наметавонад танҳо ба инсон маҳдуд шавад. Зеро ба ақидаи вай “дастгоҳи мусиқии зиндагӣ“ оҳанге ҷуз худӣ наменавозад; навое, ки андак-андак авҷ мегирад ва дар башар ба такомул мерасад. Иқбол низ монанди Бергсон ва бисёре аз зистшиносон мӯътақид аст, ки ҳамаи мавҷудоти зинда дар талошанд, то ба фардияте комилтар ва печидатар даст ёбанд. Ба назари вай, аз он ҷо ки инсон дорои нерӯи халлоқият аст, бояд қудрати худро бо истифода аз озодӣ ва ирода густариш дода шукуфо созад. Ӯ дар ҳамин росто дар манзумаи “Боли Ҷабраил“ мегӯяд:

Ҳар мавҷуде мехоҳад ба ҷилва дарояд

Дар дили ҳар заррае завқи эътило ва азамат мавҷ мезанад

Бидуни чунин завқе зиндагӣ марг аст

Агар худӣ ба камол бирасад, одамӣ Худогуна мешавад

Нерӯи худӣ донаи хашхошеро ба кӯҳ бадал мекунад

Ва гар ба сустӣ бигарояд, кӯҳро ба донаи хашхош бадал мекунад

Фақат худӣ аст, ки дар ин ҷаҳон воқеият дорад

Боқӣ ҳама афсонаву афсун аст.

Иқбол касеро дорои ҳаёти воқеӣ медонад, ки битавонад бигӯяд, ман ҳастам ва ин иддиое аст, ки ҳар касе наметавонад ба забон оварад. Ба ақидаи вай, фардият маротибе дорад ва наметавон онро танҳо дар як мартаба аз фард фаҳм кард. Ӯ дар маснавии “Асрори худӣ“ борҳо ба ин мавзӯъ ишора мекунад ва мафҳуми ҳақиқии таҳаввул ва такомули нафсро дар талош барои ноил омадан ба фардияти комилтар ва ғанитар бозменамояд.

Қатра чун ҳарфи худӣ аз бар кунад,

Ҳастии бемояро гавҳар кунад…

Сабза чун тоби дамид аз хеш ёфт,

Ҳиммати ӯ синаи гулшан шикофт…

Чун замин бар ҳастии худ муҳкам аст,

Моҳ побанди тавофи пайҳам аст.

Ҳастии меҳр аз замин муҳкамтар аст,

Пас замин масҳури чашми Ховар аст.

Ба назари Иқбол, аз миёни мавҷудоти зинда инсон ба болотарин сатҳ фардият ёфта ва беш аз тамомии махлуқот аз ҳақиқати худ хабар дорад. Ӯ мегӯяд, табиати худии одамӣ чунон аст, ки ҳам дар баробари дигар “ман“-ҳо масъул аст ва ҳам ин ки дар худ мутамаркиз ва дорои фардияти хосс мебошад ва ҳамаи “ман“-ҳои ғайр аз худро тард мекунад.

Ин назарест, ки бо ақидаи пайравони “ваҳдати вуҷуд“ дар боби робита миёни худ ва олам тафовут дорад.

Иқбол решаи ҳамаи ноустуворӣ, худнобоварӣ ва тазалзули фардият дар олами исломро дар афкори сӯфиёнаи мунҳатт, ки гӯшагирӣ ва инзиворо таълим медиҳанд дониста ва онро бархоста аз раҳбоният ва тарки дунё ва таълимоти бебунёди тафаккуроти дур аз ислом мебинад. Ба ҳамин иллат аст, ки дар понздаҳ ҳазор байт шеъри ҳакимонааш, бо андешаи худинкорӣ ва раҳбонияти динӣ меситезад, ки хулосаи он дар китоби “Бозсозии андешаи динӣ” машҳуд аст. Дар ҳамин китоб аст, ки мегӯяд: “Қуръон бо баёни содда ва муассири худ, фардият ва бемонандии инсонро мавриди таъкид қарор медиҳад ва дар мавриди сарнавишти ӯ ба унвони унсури созандаи зиндагӣ, назари сареҳ ва қатъӣ дорад”.

Ӯ комилан ба ин ҳақиқат воқиф аст, ки ақидаи мубтанӣ бар нафйи хештан, андешае аст, ки аз берун вориди ислом шудааст. Ба эътиқоди ӯ, ин фикр асосан бо руҳи ислом табоюн дорад. Ба назари Иқбол, бунёди тафаккур дар Қуръон, бар таҷрибаи амалӣ аст, зеро бар асоси назари Қуръон, дар қаламрави маърифат, хоҳ илмӣ ё динӣ, андеша наметавонад ба таври куллӣ аз таҷрибаҳои айнӣ ҷудо бошад. Иқбол мӯътақид аст, ки парвариши фардияти фаъол ва амалгаро ҷуз аз тариқи тамос бо ҷомеаи фаъол ва пӯё мумкин нест. Нуфузи тадриҷии фарҳанги Юнон дар андешаи исломӣ ҷараёни биниши ҳақиқии Қуръонро тираву мукаддар сохт, аз ҳамин рӯ, бар Афлотун ишкол мегирад; зеро афкори ӯ мункири ҳаёти фаъол дар ҷаҳони воқеӣ буд.

Иқбол бо мутолеаи амиқ дар иллатҳои ақибмондагӣ ва инҳитоти ақвоми шарқ ва ба хусус мусалмонон дар ду қарни гузашта, бар он шуд, то бар ақидаи хеш дар мавриди “худӣ“ бо шиддати ҳар чӣ тамомтар пой бифишорад. Ӯ ба ин натиҷа расид, ки сабаби ин ноумедӣ ва аз ҳам гусастани риштаҳои ҳаёти миллӣ нуфузи андешаи вайронгари худинкорист. Ҳадафаш ин буд, ки то дар андешаи халқ ҷаҳише тоза ва ангезае пӯё падид оварад ва бо таблиғи назарияи “худӣ” ва исботи он ба унвони нерӯе бо имконоти беҳадди моддӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ҳидояташон кунад. Парвариши ин андеша дар ҷомеа метавонад ононро дар расидан ба хостаҳои худ мадад кунад.

Аз назари Иқбол, инсон амонатдори шахсияти мустақилле аст, ки худаш хост зери бори он биравад. Ӯ дар “Гулшани рози ҷадид” мегӯяд:

Чӣ гӯям аз “ман”-у аз тӯшу тобаш,

Кунад “Инно аразно” бе ниқобаш.

Ин “ман“, ки пайваста дар кори сохтан аст, манбаъ ва сарчашмаи бисёре аз нерӯҳо ва имконоти билқуввае аст, ки бидуни истифода мондааст. Пешрафт ва таъолии фардият вобаста аст ба ин, ки фард хештанро дар маърази анвои кашмакашҳо ва фаъолиятҳои зиндагӣ қарор диҳад. Агар шахс аз саҳнаи пайкори ҳаёт рӯй гардонад, ниҳоли фардияташ пажмурда ва хушк мешавад ва истеъдодҳояш ношинохта мемонад.

Иқбол ба шоирон низ тазаккур медиҳад, ки ҳатто лаҳзае аз пайкор бо андешаҳои ноумедкунанда ва мухаддир бознаистанд ва дар баробари мушкилоти зиндагӣ шеван ва шиква накунанд.

Мисли булбул завқи шеван то куҷо,

Дар чаманзорон нишеман то куҷо?

Эй ҳумо аз юмни домат арҷманд,

Ошёне соз бар кӯҳе баланд.

Ошёне барқу тундар дар баре,

Аз куноми ҷуррабозон бартаре.

То шавӣ дархӯрди пайкори ҳаёт,

Ҷисму ҷонат сӯзад аз нори ҳаёт.

Ба ин тартиб, дармеёбем, ки Иқбол дар осораш ба парвариши фардияте ҷасур ва бебок бисёр аҳаммият медиҳад ва ин мавзӯъ барои ӯ болотарин ҳадафи иҷтимоӣ ва тарбиятӣ ба шумор меравад.

* * *

Иқбол ва Ниче

Байни дидгоҳҳои Иқбол ва Ниче тафовутҳои зиёд ва умдае вуҷуд дорад:

1. Нахуст ин ки Ниче “ман“-ро нафй мекунад, дар ҳоле ки фалсафаи Иқбол асосан бар “ман“ ва ё “худӣ” устувор аст. Ӯ бар хилофи Ниче, “ман“-ро ваҳму гумон намедонад.

Агар гӯйӣ, ки “ман” ваҳму гумон аст,

Намудаш чун намуди ину он аст,

Бигӯ бо ман, ки дорои гумон кист?

Яке дар худ нигар, он бенишон кист?

2. Тафовути дигар ин ки Ниче метофизикаро нафй мекунад, дар ҳоле ки Иқбол ба Худо, ҷовидонагӣ, олами дигар ва ҷаҳони маъно мӯътақид аст. Ниче бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин дунёро “даври ҷовидон“ медонад, як файласуфи ҷабргаро маҳсуб мешавад, ҳол он ки Иқбол ба озодӣ ва ихтиёри инсон таъкид мекунад. Ӯ шарти “хуб будан“-ро дар озодӣ медонад. Иқбол миллатеро лоиқи сарварӣ медонад, ки сарнавишти хешро худ рақам мезананд.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Иқбол инсонро дар таъйини сарнавишти хеш комилан мухтор медонад. Ба ақидаи ӯ, хайр ношӣ аз ҷабр нест, балки таслим шудан ба камоли ахлоқӣ аз рӯи ихтиёр аст. Хайр бархоста аз ҳамкории иродии “худ”-ҳои озод аст. Аз мавҷуде, ки ҳамаи аъмолаш аз пеш мушаххас ва муқаддар шуда, ҳаргиз хайр сар намезанад. Бинобар ин, аз назари Иқбол шарти асосӣ барои хайр доштан, ихтиёр аст.

Мафҳуми ин сухани Иқбол он аст, ки агар аз касе бар асоси ҷабр хайре сар занад, он хайр ҳеч арзише надорад ва наметавон онро шоистаи подош донист ва табиатан дар бораи гуноҳ низ чунин хоҳад буд, яъне гуноҳи аз пеш таъйиншуда набояд ҳеч уқубате дар пай дошта бошад.

Вале тибқи назарияи “даври ҷовидон“-и Ниче ҳеч чиз дар дунё нав намешавад, балки ҳама чиз дар як чархиши даврӣ такрор мешавад. Ин назария дар воқеъ эътиқод ба такрори таърих аст, ки пеш аз Ниче аз тарафи Ботисто Вику ва пештар аз ӯ аз тарафи Огустини Қиддис дар асри чаҳордаҳуми милодӣ то ҳадде матраҳ шуда буд.

Тибқи ин дидгоҳ, таърих сохторе собит дорад, ки мудом такрор мешавад ва чун чунин аст, ҳаргиз чизи тозае дар он ба вуҷуд намеояд. Ва ин яъне таърих чархае аст, ки даври ҷовидон дорад.

Ин дидгоҳ бо ихтиёр ва озодии инсон дар интихоби сарнавишт созгор нест ва бештар бо маслаки ҷабргароён ҳамхонӣ дорад.

Бинобар ин, аз назари Ниче ҷаҳон фоқиди боландагӣ буда ва рӯ ба такомул намеравад, ҳол он ки Иқбол мӯътақид ба такомул ёфтани ҷаҳон аст. Вақте ин ду назарро муқоиса бикунем, дар яке унсури ҷабрро меёбем ва дар дигарӣ унсури ихтиёрро. Зеро бо вуҷуди назарияи “даври ҷовидон“ наметавон дар “иродаи қудрат“ нишоне аз ихтиёр ёфт, чун ихтиёр бо ҷабр тазодд дорад.

3. Тафовути дигар байни Иқбол ва Ниче дар масъалаи ҳадафманд ё беҳадаф будани ҷаҳон мебошад. Ҳероклитус ҷумлае дорад, ки ба мабнои дидгоҳи Ниче табдил мешавад: “Зиндагӣ кӯдаке аст, ки бозӣ мекунад ва қатаъотро дар як бозӣ ҷобаҷо мекунад, подшоҳӣ азони кӯдак аст”. Ниче ин ташбеҳи Ҳероклитус аз кӯдакеро, ки дар соҳил бозӣ мекунад, қалъаҳои регин месозад ва маъсумона вайрон мекунад, ба намунае мабноӣ табдил мекунад. Ӯ мӯътақид аст, ки ин кӯдак ҳамон “нерӯи ҷаҳонсоз“ аст. (Ниче, Зоиши трожедӣ аз руҳи мусиқӣ, сафҳаи 62, тарҷумаи Маҷид Шариф, Теҳрон, нашри Ҷомӣ)

Ҳамон тавре ки медонем, Ҳероклитус оташро ба унвони асли ҷаҳон муаррифӣ мекунад, Ниче мегӯяд, ин оташ низ чизе ҷуз бозӣ нест: “Ба ҳамон гуна ки кӯдакон ва ҳунармандон бозӣ мекунанд, оташи ҳамеша зинда низ бозӣ мекунад. Ӯ месозад ва вайрон мекунад. Гоҳу бегоҳ бозиро аз нав оғоз менамояд. Як лаҳза бениёз ва бори дигар гирифтори ниёзи хеш мешавад, ҳамчун ҳунарманд, ки ниёз ба офариниш гирифтораш мекунад.” (Ниче, Зоиши трожедӣ аз руҳи мусиқӣ, сафҳаи 87)

Дар ҷойи дигар мегӯяд: “Оташ чизе нест ҷуз ҳамон бозии кӯдак, месозад ва вайрон мекунад ва боз дубора месозад, бе ҳеч ҳадаф, бе ҳеч гуноҳе, ҳеч далеле барои кори оташ вуҷуд надорад. Аммо агар аз Ҳероклитус бипурсем, ки чаро оташ ҳамеша оташ аст, танҳо метавон гуфт: Ин як бозӣ аст, онро бо ин эҳсосот ва бо ин риққати қалб доварӣ накунед ва муҳимтар аз ҳама аз он ахлоқ насозед!” (Ниче, Зоиши трожедӣ аз руҳи мусиқӣ, сафҳаи 89)

Ниче дар ин ҳадд иктифо накарда ва назарияи “бозӣ“-ро ба ҳавзаи тафаккур ҳам густариш медиҳад. Ӯ дар чандин ҷо андешиданро ба бозии “тос“ ташбеҳ мекунад: “Андешидан партоб кардани як тос аст, танҳо партоби як тос бар мабнои шонс, метавонад заруратро бипазирад.. Инсон намедонад чӣ гуна бозӣ кунад, ҳатто инсони волотар қодир нест тосро (тибқи натиҷаи дилбахоҳ) биандозад… На танҳо партоби тос корест ғайри уқалоӣ ва ғайри мантиқӣ, бемаънӣ ва фароинсонӣ аст, балки он талоши трожедик ва тафаккури трожедикро месозад”. (Deleuze. Gilles, 2006, Nietzsche and Philosophy. Continuum International Publishing Group.p.32) Бинобар ин, андешидан ба гунае ки дар қиёси мантиқӣ муқаддамот чида мешавад ва ба натиҷа мерасад, аз назари Ниче мардуд аст: дар ҳама чиз вуҷуди як чиз муҳол аст – ақлоният. (Ниче, Чунин гуфт Зартушт, тарҷумаи Дорюши Ошурӣ, Теҳрон, Нашри Огаҳ, сафҳаи 181)

4. Тафовути дигар байни Иқбол ва Ниче ҷойгоҳи маънавият ва меҳрубонӣ дар мактаби фикрии онҳо мебошад. Дар назарияи “иродаи қудрат“, Ниче меҳрубонӣ ва маънавиятро комилан нодида мегирад. Ӯ барои касби қудрат ҷангро тавсия ва сулҳро маҳкум мекунад. Дар “Чунин гуфт Зартушт“ мегӯяд: “Суфоришатон мекунам ба ҷойи кор кардан биҷангед, суфоришатон мекунам ба ҷойи сулҳ кардан биҷангед“ ва ба ин тартиб, ҷангро бар сулҳу меҳрубонӣ тарҷеҳ медиҳад.

Бинобар ин, назарияи “иродаи қудрат“-и Ниче аз лиҳози салоҳи башарият, як назарияи мухарриб ва номуваффақ мебошад. Ҳеч ҷойи инкор нест, ки дидгоҳҳои ӯ дар падид омадани нозисми олмонӣ ва фошизми итолиёӣ муассир будааст. Зеро онон низ дақиқан ҳамон назаротеро дар бораи қудрат ва пирӯзии қудратмандон изҳор медоштанд, ки дар осори Ниче омада буд.

Аз ин рӯст, ки Иқбол дидгоҳи Ничеро дар “иродаи қудрат“ комил намедонад ва саранҷоме барои он намебинад. Ба ақидаи Иқбол, ин назария дар марҳилаи нафй боқӣ монда ва аз ”чӣ бояд кард“ сухан нагуфта. Ва ба таъбири Иқбол, Ниче ба “ло” дармонд ва то “илло” нарафт. Ниче худ ба ин дармондагии фикрӣ изъон менамояд. Ӯ дар “Чунин гуфт Зартушт“ мегӯяд: “Бо мушкили бузурге муқобила мекунам, гӯё дар ҷангале, ки умре бар он гузаштааст, гум шудаам… Муроде металабам. Чӣ ширин аст гӯш ба фармон будан…“ Ва дар ҷойи дигар мегӯяд: “Чаро аз миёни зиндагон касеро намеёбам, ки битавонад бартар аз ман бибинад, маро дар фурӯдаст нигарад, сабаб чист? Оё чандон, ки бояд, ба ҷустуҷӯ напардохтаам? Иштиёқи азиме дар ёфтани чунин касе дорам.”

Посухи Иқбол ба Ниче ин аст, ки оре, ту чандон, ки бояд, ба ҷустуҷӯ напардохтӣ.

Мастии ӯ ҳар зуҷоҷеро шикаст,

Аз Худо бубриду ҳам аз худ гусаст.

Хост то бинад ба чашми зоҳирӣ,

Ихтилоти қоҳирӣ бо дилбарӣ.

Ниче мехост зебоиро бо қудрату ҷалол ва ҷаббориву қоҳириро бо ишқу шафқат даромезад, вале аз он ҷо, ки шеваи ваҳдатофаринеро намешинохт, ҷалол бар ҷамол ғолиб омад ва шафқат поймоли қоҳирӣ гашт ва чун “мурод ва далели роҳе надошт”, ба бероҳа афтод. Дар натиҷа аввал аз Худо бурида шуд ва баъд аз худ гусаста гашт. Ӯ таҷрибаеро, ки аз меъроҷи руҳонӣ ҳосил мешавад, дар такомули моддӣ ё ба таъбири Иқбол, дар обу гил меҷуст.

Хост то аз обу гил ояд бурун,

Хӯшае, к-аз кишти дил ояд барун.

Иқбол таассуф мехӯрад, ки Ничеро вақте бемор буд, ба дасти табибон доданд, зеро давои дарди ӯ дар дасти “муроди рӯшанзамире” буд, ки битавонад далели роҳаш бошад. Дастгоҳи ошуфтаи фикри ӯро орифе жарфнигар метавонист ба назм дароварад.

Ошиқе, дар оҳи худ гумгаштае,

Солике, дар роҳи худ гумгаштае.

Мастии ӯ ҳар зуҷоҷеро шикаст,

Аз Худо бубриду ҳам аз худ гусаст.

Хост то бинад ба чашми зоҳирӣ,

Ихтилоти қоҳирӣ бо дилбарӣ.

Хост то аз обу гил ояд бурун,

Хӯшае, к-аз кишти дил ояд бурун.

Он чи ӯ ҷӯяд мақоми кибриёст,

Ин мақом аз ақлу ҳикмат моварост.

Зиндагӣ шарҳи ишороти худист,

“Ло”-у “илло” аз мақомоти худист.

Ӯ ба “ло” дармонду то “илло” нарафт,

Аз мақоми “абдуҳу” бегона рафт.

Бо таҷаллӣ ҳамканору бехабар,

Дуртар чун мева аз бехи шаҷар.

Чашми ӯ ҷуз руъяти Одам нахост,

Наъра бебокона зад: “Одам куҷост?”

В-арна ӯ аз хокиён безор буд,

Мисли Мӯсо толиби дидор буд.

Кош будӣ дар замони Аҳмадӣ,

То расидӣ бар сурури сармадӣ.

Ақли ӯ бо хештан дар гуфтугӯст,

Ту раҳи худ рав, ки роҳи худ накӯст.

“Пеш на гоме, ки омад он мақом,

К-андар ӯ бе ҳарф мерӯяд калом”.

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Ақли назарӣ кораш шинохт ва дарки воқеиятҳо ва қазоват дар бораи онҳост, ва ба сухани дигар, кори ақли назарӣ дарки “ҳастҳо” аст: инсон ҳаст, дарахт ҳаст, Худо ҳаст, хуршед ҳаст… Ин чизҳо ба воситаи ақли назарӣ барои инсон мавриди шинохт қарор гирифтаанд, масалан: “ду зарб бар ду чаҳор аст” дуруст, вале “ду зарб ба ду панҷ аст” хатост. Ин дурустӣ ва нодурустиро инсон ба воситаи ақли назарии худ дарк мекунад. Ва аммо ақли амалӣ кораш дарки “боядҳо” ва “набоядҳо” аст, мисли ин ки “бояд рост гуфт”, “бояд содиқ буд”, “бояд бовафо буд” ва ғайра, ва ё “набояд дурӯғ гуфт”, “набояд риё кард”, “набояд хиёнат кард” ва ғайра. Инсон, ки қодир аст писандида будани “боядҳо” ва нописанд будани “набоядҳо”-ро фитратан дарк бикунад, ба воситаи нерӯи ақли амалии худ инҳоро дарк мекунад ва мешиносад.



Рубрики:Ислоҳи динӣ, Иқбол, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб, Худшиносӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: