Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (40) – Лавҳи маҳфуз ва Қалам

Матни китоб:

ونؤمن باللوح والقلم وبجميع ما فيه قد رقم. فلو اجتمع الخلق كلهم على شيء كتبه الله تعالى فيه أنه كائن ليجعلوه غير كائن لم يقدروا عليه، ولو اجتمعوا كلهم على شيء لم يكتبه الله تعالى فيه ليجعلوه كائنا لم يقدروا عليه، جف القلم بما هو كائن إلى يوم القيامة، وما أخطأ العبد لم يكن ليصيبه وما أصابه لم يكن ليخطئه. وعلى العبد أن يعلم أن الله قد سبق علمه في كل كائن من خلقه فقدّر ذلك تقديرا مُحكما مُبرما، ليس فيه ناقض ولا معقّب ولا مزيل ولا مغيّر ولا ناقص ولا زائد من خلقه في سماواته وأرضه، وذلك من عقد الإيمان وأصول المعرفة، والاعتراف بتوحيد الله تعالى وربوبيته، كما قال تعالى في كتابه: «وخلق كل شيء فقدّره تقديرا»، وقال تعالى: «وكان أمر الله قدرا مقدورا»، فويل لمن صار لله تعالى في القدر خصيما، وأحضر للنظر فيه قلبا سقيما، لقد التمس بوهمه في محض الغيب سرا كتيما، وعاد بما قال فيه أفّاكا أثيما

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (р) гӯяд:) Мо ба “Лавҳи маҳфуз” ва ба ҳамаи он чӣ, ки дар он навишта шуда ва ба “Қалам” имон дорем. Агар ҳамаи махлуқот ҷамъ шаванд ва бихоҳанд чизеро, ки дар “Лавҳи маҳфуз” навишта шуда ва вуҷуд дорад аз байн бибаранд, ҳаргиз нахоҳанд тавонист. Ва агар гирди ҳам оянд ва бихоҳанд чизеро, ки дар “Лавҳи маҳфуз” сабт нашуда ва вуҷуд надорад, падид биёваранд, ҳаргиз нахоҳанд тавонист. Қалам бардошта шуд ва ҳар он чӣ, ки то қиёмат лозим буд навишта шуд. Пас, он ҷо, ки банда ба хато рафт, наметавонист ба хато наравад, ва он ҷо, ки ба хато нарафт, наметавонист хато бикунад.

Банда бояд бидонад, ки илми Худованди Мутаъол бар ҳар мавҷуде аз махлуқоташ пешӣ гирифтааст ва аз ин рӯ тақдир ва сарнавишти ҳар чизеро муҳкам ва мураттаб барномарезӣ кардааст, ба гунае ки ҳеч шикананда ва дунболкунанда ва аз байн баранда ва тағйирдиҳанда ва камкунанда ва зиёдкунандае дар миёни тамоми махлуқоташ дар осмонҳо ва замин вуҷуд надорад (ки битавонад дар тақдир ва барномаи қазо ва қадари ӯ заррае тасарруф кунад.)

Ин амр аз гиреҳҳои муҳками имон ва пояҳои шинохт ва эътироф ба тавҳид ва ягонагӣ ва рубубияти зоти якто ва ягонаи Ӯ Таъолост; чунон ки Худованди Мутаъол дар китобаш мефармояд: “Ва ҳар чизеро офарида ва бад-он гуна ки дар хӯри он буда андозагирӣ кардааст.” (Сураи Фурқон, ояти 2) Ва низ зоти мутаъолаш мефармояд: “Ва фармони Худо ҳамвора ба андозаи муқаррар (ва мутаносиб бо тавоноӣ) аст.” (Сураи Аҳзоб, ояти 38)

Вой бар ҳоли касе, ки дар амри қазо ва қадар бо Худованд ба хусумат бипардозад ва бо қалби бемораш дар амри қазо ва қадар ба кунҷковӣ шурӯъ кунад! Яқинан ӯ ба гумони худаш хостааст дар бораи сирри пинҳони илми ғайб ҷустуҷӯ кунад, (ӯ бидонад, ки саранҷом) ҷуз бо кӯлаборе аз дурӯғ ва тӯҳмат ва гуноҳ боз нахоҳад гашт…

* * *

Шарҳ:

Имом Таҳовӣ (р) дар ин бахш аз гуфтори худ низ дар мавзӯи “Қазо ва қадари илоҳӣ” баҳс ба амал овардааст. Ва аз он ҷо, ки мо дар бахшҳои 12, 13 ва 14 ба тафсил дар ин мавзӯъ баҳс кардаем, дигар ниёзе ба такрори он нест ва хонанда метавонад ба он қисматҳо руҷӯъ кунад. Нуктае, ки қобили ёдоварист ва борҳо гӯшзад кардаем ин аст, ки эътиқод ба “Қазо ва қадари илоҳӣ” ба ҳеч ваҷҳ ба маънои “маҷбур” донистани инсон дар афъол ва кирдорҳояш намебошад.

Дар ин ҷо фақат ба баён ва тавзеҳи масоили зерин мепардозем:

1. Лавҳи маҳфуз чист?

2. Қалам чист?

* * *

Тибқи оятҳо ва ривоятҳои исломӣ, тамоми падида‏ҳои ҳастӣ — аз кучаку бузург — дар ду китоб навишта ме‏шавад, ки ҳар кадом аз онҳо вижагии хосси худро доранд ва ибортанд аз:

1. “Лавҳи маҳфуз”, ки гоҳе аз он ба “Уммул-китоб”, “Китоби мастур”, “Китоби мубин”, “Китоби макнун” ва “Китоби ҳафиз” таъбир шудааст. Он чӣ дар ин китоб сабт шуда қобили тағйир нест ва дигаргунӣ дар он роҳ надорад;

2. “Лавҳи маҳву исбот”, ки маҳалли сабти‏ ҳаводис ва иттифоқоте аст, ки қобили тағйир ва табдиланд.

Дар ояти зерин аз ҳар ду китоб ёд шудааст:

 یَمْحُو اللّهُ ما یَشاءُ وَیُثْبِتُ وَعِنْدَهُ أُمُّ الْکِتابِ

Худованд ҳар чиро бихоҳад маҳв ва ҳар чиро бихоҳад исбот мекунад. Ва уммул-китоб (Лавҳи маҳфуз) назди ӯст.” (Сураи Раъд, ояти 39)

Ҳол, дар бораи ҳар як аз ин ду китоб каме ба тафсил баҳс мекунем:

Лавҳи маҳфуз

“Лавҳ” дар луғат ‏ба маънои сафҳае аст, ки дар он менависанд, мисли коғаз, пӯст, санг ва ё ҳар чизи дигаре, ки қобили навишта шудан бошад. Ва “Лавҳи маҳфуз” китобе аст, ки тамоми падида‏ҳои олам бо қалами тақдир дар он сабт‏ шуда ва аз ҳар гуна тағйире маҳфуз аст.

Бидуни шак, таъбири “лавҳ” ва “қалам” барои тақриби зеҳн ва аз боби ташбеҳ аст ва набояд онро бо қаламу коғазу китоби маъмулӣ муқоиса кард, агарчӣ ба бузургии олам бошад, балки он як ҳақиқати волое монанди “Арш” ва “Курсӣ” аст, ки вуҷуд дорад ва илм ба вуҷуди он танҳо аз тариқи шаръ ва нақл ҳосил мешавад ва ақлро дар он роҳе нест.

Пас, “Лавҳи маҳфуз” ганҷинаи илми Худост ва ҳеч вақт дар он тағйир ва табдиле рух намедиҳад ва муҳтавои он ҳамвора собит ва устувор аст.

Тибқи оёт ва ривоёте, ки дар бораи “Лавҳи маҳфуз” омада, ин китоб вижагиҳое дорад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

1. Ин китоб ҷойгоҳи илми куллии Худованд аст, ки шомили илм ба тамомии мавҷудот, аз кучаку бузург мешавад ва ҳам падида‏ҳое дар он сабт аст, ки мавҷуд шудаанд ва ҳам падидаҳое, ки ҳанӯз вуҷуди айнӣ ва хориҷӣ пайдо накардаанд:

 وَمَا يَعْزُبُ عَن رَّبِّكَ مِن مِّثْقَالِ ذَرَّةٍ فِي الأَرْضِ وَلاَ فِي السَّمَاء وَلاَ أَصْغَرَ مِن ذَلِكَ وَلا أَكْبَرَ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Ва ҳамвазни заррае на дар замин ва на дар осмон аз Парвардигори ту пинҳон нест ва на кучактар ва на бузургтар аз он чизе нест магар ин ки дар китобе равшан (Лавҳи маҳфуз) дарҷ шудааст.” (Сураи Юнус, ояти 61)

وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا كُلٌّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Ва ҳеч ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рӯзиаш бар ӯҳдаи Худост ва Ӯ қароргоҳ ва маҳалли мурданашро медонад; ҳамаи инҳо дар китобе равшан (Лавҳи маҳфуз) сабт аст.” (Сураи Ҳуд, ояти 6)

2. Ин китоб маҳалли илми ҷузъии Парвардигор аст, илми Ӯ ба аҳволи ашхос ва ҷомеаҳо, бурузу зуҳури ҳаводис ва иттифоқоти ҷузъӣ дар ин китоб сабт‏ шуда ва шумориши тамоми мавҷудот дар он қарор дорад ва гоҳе аз он ба унвони “Китоби мастур” ва гоҳе ба “Китоби ҳафиз” ёд шудааст:

وَإِن مَّن قَرْيَةٍ إِلاَّ نَحْنُ مُهْلِكُوهَا قَبْلَ يَوْمِ الْقِيَامَةِ أَوْ مُعَذِّبُوهَا عَذَابًا شَدِيدًا كَانَ ذَلِك فِي الْكِتَابِ مَسْطُورًا

Ва ҳеч шаҳре нест, магар ин ки мо онро (дар сурати нофармонӣ) пеш аз рӯзи растохез ба ҳалокат мерасонем ё онро сахт азоб мекунем; ин (уқубат) дар китоб (Лавҳи маҳфуз) ба қалам рафтааст.” (Сураи Исро, ояти 58)

 قَدْ عَلِمْنَا مَا تَنقُصُ الْأَرْضُ مِنْهُمْ وَعِندَنَا كِتَابٌ حَفِيظٌ

Қатъан донистаем, ки замин (чӣ миқдор) аз ҷасадҳояшон фурӯ мекоҳад ва пеши мо китоби забткунандае (Китоби ҳафиз) аст.” (Сураи Қоф, ояти 4)

إِنَّا نَحْنُ نُحْيِي الْمَوْتَى وَنَكْتُبُ مَا قَدَّمُوا وَآثَارَهُمْ وَكُلَّ شَيْءٍ أحْصَيْنَاهُ فِي إِمَامٍ مُبِينٍ

Оре, моем, ки мурдагонро зинда месозем ва он чиро аз пеш фиристодаем бо осор (ва аъмол)-ашон дарҷ мекунем ва ҳар чизеро дар корномаи равшан (Лавҳи маҳфуз) баршумурдаем.” (Сураи Ёсин, ояти 12)

وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلاَّ يَعْلَمُهَا وَلاَ حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الأَرْضِ وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Калидҳои ғайб танҳо назди Ӯст ва ҷуз Ӯ касе онҳоро намедонад. Ӯ он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад. Ҳеч барге (аз дарахте) намеафтад, магар ин ки аз он огоҳ аст. Ва на ҳеч донае дар торикиҳои замин ва на ҳеч тару хушке вуҷуд дорад, ҷуз ин ки дар китобе ошкор (Лавҳи маҳфуз) сабт аст.” (Сураи Анъом, ояти 59)

وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعْلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمْ وَمَا يُعْلِنُونَ. وَمَا مِنْ غَائِبَةٍ فِي السَّمَاء وَالْأَرْضِ إِلَّا فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Ҳамоно Парвардигорат он чиро, ки дар дилҳояшон аст ва он чиро, ки ошкор мекунанд медонад. Ва ҳеч нуҳуфтае дар осмон ва замин нест, магар ин ки дар китоби мубин (Лавҳи маҳфуз) қарор дорад.” (Сураи Намл, оятҳои 74-75)

3. “Лавҳи маҳфуз” ҷойгоҳи ҳақиқати Қуръони Карим аст ва Қуръон пеш аз нузул бар қалби Паёмбар (а) дар онҷо қарор доштааст. Тавзеҳ он ки: Қуръони Карим як ҳақиқати танзилӣ дорад, ки ҳамон алфоз аст, ки ба забони Паёмбар (с) ҷорӣ ва дар тӯли 23 сол нозил шудааст. Ва як ҳақиқати ‏басит дорад, ки варои алфоз аст ва ҳамон аст, ки дар шаби Қадр якҷо бар қалби Паёмбар (с) нозил шуда. Ин ҳақиқати басит дар “Лавҳи маҳфуз” қарор дорад ва дар ин марҳила аз он ба “Китоби макнун” ҳам таъбир шудааст:

 بَلْ هُوَ قُرْآنٌ مَّجِيدٌ. فِي لَوْحٍ مَّحْفُوظٍ

Балки он Қуръони боарзише аст, ки дар Лавҳи маҳфуз қарор дорад.” (Сураи Буруҷ, ояти 21-22)

إِنَّهُ لَقُرْآنٌ كَرِيمٌ. فِي كِتَابٍ مَّكْنُونٍ

Он, Қуръони Кариме аст, ки дар Китоби макнун ҷой дорад”. (Сураи Воқеа, оятҳои 77-78)

4. Бар асоси баъзе ривоёти набавӣ низ “Лавҳи маҳфуз” китобе аст, ки маҷмӯи падидаҳои олам дар он сабт шуда:

 كَانَ اللَّهُ قَبْلَ كُلِّ شَيْءٍ، وَكَانَ عَرْشُهُ عَلَى الْمَاءِ، وَكَتَبَ فِي اللَّوْحِ الْمَحْفُوظِ ذِكْرَ كُلِّ شَيْءٍ

Худованд пеш аз ҳар чизе вуҷуд дошт ва Арши ӯ бар об буд ва дар “Лавҳи маҳфуз” зикри ҳама чиз вуҷуд дорад.” (Тафсири Ибни Касир, 4/306, Ашшомила)

Бухорӣ низ ривояте ба ҳамин мазмун оварда, ки:

كَانَ اللَّهُ وَلَمْ يَكُنْ شَيْءٌ غَيْرُهُ وَكَانَ عَرْشُهُ عَلَى الْمَاءِ وَكَتَبَ فِي الذِّكْرِ كُلَّ شَيْءٍ وَخَلَقَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ

Худованд буд ва чизе ғайри ӯ набуд ва Арши ӯ бар об буд ва дар Зикр (Лавҳи маҳфуз) ҳама чизро навишт ва осмонҳо ва заминро биёфарид.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 8/238, Ашшомила)

Чунонки дар боло ёдовар шудем, ин таъбирҳо барои тақриби зеҳн ва аз боби ташбеҳ аст ва набояд “Лавҳи маҳфуз”-ро масалан бо коғазу китоби маъмулӣ ҳамл кард ва ё таъобире чун “Ва Арши ӯ бар об буд” бар зоҳири онҳо ҳамл гардад. Барои иттилои бештар ба китобҳои тафсирӣ бахусус Тафсири Имом Фахри Розӣ руҷӯъ шавад.

* * *

Лавҳи маҳву исбот

Дар муқобили Лавҳи маҳфуз “Лавҳи маҳву исбот” қарор дорад ва муҳтавои ин лавҳ қобили тағйир ва дигаргунӣ ва пок кардан ва навиштани муҷаддад аст. Он чӣ дар ин лавҳ навишта шуда ҷанбаи “таълиқӣ” ва “шартӣ” дорад; ба ин шакл, ки “Агар чунин шавад, чунон хоҳад шуд. Ва агар нашавад, нахоҳад шуд…” Баъзе аз донишмандони исломӣ чунин мисол мезананд, ки масалан барои Зайд 50 сол умр навишта шуда, вале ба ин сурат, ки “Агар силаи раҳм кунад, 60 ‏сол хоҳад буд (масалан) ва агар қатъи раҳм кунад, 40 сол хоҳад буд. Пас, агар ӯ силаи раҳм кард, дар он китоб 50 сол маҳв ва 60 ‏сол сабт ‏хоҳад шуд.”

Бояд донист, ки Худованд ду навъ қазо ва ё тақдир дорад: яке қазои ғайримуъаллақ (ҳатмӣ) ва дигар қазои муъаллақ. Дар мисоли боло марги Зайд қазои ҳатмӣ ва тағйирнопазир аст, вале замони марги ӯ қазои муъаллақ ва қобили тағйир аст. Ва гоҳе аз он ба “аҷали мусаммо” ва “аҷали муъаллақ” таъбир мешавад.

Дар оятҳое, ки марбут ба “Лавҳи маҳву исбот” аст ва дар оғози ин гуфтор овардем, иборати “یَمْحُو اللّهُ ما یَشاءُ وَیُثْبِتُ وَعِنْدَهُ أُمُّ الْکِتابِ” (Худованд ҳар чиро бихоҳад маҳв ва ҳар чиро бихоҳад исбот мекунад), ба равшанӣ далолат дорад, ки қазои илоҳӣ қобили тағйир аст ва чунин нест, ки қазои илоҳӣ қудрати ӯро маҳдуд кунад ва ӯ натавонад коре бар хилофи қазои худ анҷом диҳад.

Ин матлаб ақида‏и яҳудро нафй мекунад, ки мегуфтанд Худованд ҷаҳонро бар асоси як силсила қавонини куллӣ офарид ва дигар наметавонад дар он тағйир бидиҳад ва ҳамин қавонин дасти Худоро бастааст.

Дар Қуръони Карим ба ин ақида‏и ботили яҳуд посух дода шуда ва дар чандин оят ба густурдагӣ ва номаҳдуд будани қудрати Худо таъкид шудааст. Тибқи ин оятҳо, дастони Худо боз аст ва ҳар чиро, ки бихоҳад мекунад ва ҳар рӯз кори ҷадиде аз ӯ сар мезанад:

وَقَالَتِ الْيَهُودُ يَدُ اللّهِ مَغْلُولَةٌ غُلَّتْ أَيْدِيهِمْ وَلُعِنُواْ بِمَا قَالُواْ بَلْ يَدَاهُ مَبْسُوطَتَانِ يُنفِقُ كَيْفَ يَشَاءُ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرًا مِّنْهُم مَّا أُنزِلَ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ طُغْيَانًا وَكُفْرًا وَأَلْقَيْنَا بَيْنَهُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاء إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ كُلَّمَا أَوْقَدُواْ نَارًا لِّلْحَرْبِ أَطْفَأَهَا اللّهُ وَيَسْعَوْنَ فِي الأَرْضِ فَسَادًا وَاللّهُ لاَ يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ

Ва яҳуд гуфтанд: Дасти Худо (бо занҷир) бастааст. Дастҳояшон баста бод! Ва ба хотири ин сухан, аз раҳмат (-и илоҳӣ) дур шаванд! Балки ҳар ду даст (-и қудрати) Ӯ гушудааст; ҳар гуна бихоҳад, мебахшад. Вале ин оятҳо, ки аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шуда, бар туғён ва куфри бисёре аз онҳо меафзояд. Ва мо дар миёни онҳо то рӯзи қиёмат адоват ва душманӣ афкандем. Ҳар замон оташи ҷанге афрӯхтанд, Худованд онро хомӯш сохт. Ва барои фасод дар замин талош мекунанд. Ва Худованд муфсидонро дӯст надорад.” (Сураи Моида, ояти 64)

إِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ

Худо ҳар чиро ирода кунад, анҷом медиҳад.” (Сураи Ҳаҷҷ, ояти 14)

 يَسْأَلُهُ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ

Ҳар он кас, ки дар осмонҳо ва замин аст аз ӯ дархости кӯмак мекунад. Ӯ ҳар рӯзе дар коре аст”. (Сураи Раҳмон, ояти 29)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин оятҳо ва оятҳои мушобеҳи дигар, Худованд ҳамвора дар ҳоли анҷоми кори ҷадиде аст ва бар хилофи ақида‏и яҳуд ва баъзе аз фалосифа, ки Худоро монанди як ҳокими маъзул медонанд, ки асири қавонини худсохта аст, Худо ҳар лаҳзае ме‏тавонад қазо ва тақдири навишташударо тағйир бидиҳад ва “Лавҳи маҳву исбот” ҷойгоҳи ин тағйирҳост.

Ин ҳақиқат дар Қуръони Карим ба суратҳои дигаре ҳам баён шудааст ва дар оятҳое аз Қуръон аз тағйири сарнавишти бархе аз ашхос ва ҷомеаҳо хабар дода ва хотирнишон кардааст, ки гоҳе қазои илоҳӣ бар чизе таъаллуқ гирифта, вале дар асари авомили хоссе он қазо тағйир дода шудааст. Аз ҷумлаи ин маворид ҷараёни ҳазрати Юнус (а) аст, ки ҳам дар бораи шахси ӯ ва ҳам дар бораи қавми ӯ аз чунин тағйире хабар дода шудааст:

فَلَوْلَا أَنَّهُ كَانَ مِنْ الْمُسَبِّحِينَ. لَلَبِثَ فِي بَطْنِهِ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ

Ва агар ӯ (Юнус) аз тасбеҳгӯён набуд, дар шиками он моҳӣ то рӯзе, ки мардум барангехта шаванд мемонд”. (Сураи Соффот, оятҳои 143-144)

Ва дар бораи қавми ӯ мефармояд:

فَلَوْلاَ كَانَتْ قَرْيَةٌ آمَنَتْ فَنَفَعَهَا إِيمَانُهَا إِلاَّ قَوْمَ يُونُسَ لَمَّآ آمَنُواْ كَشَفْنَا عَنْهُمْ عَذَابَ الخِزْيِ فِي الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَمَتَّعْنَاهُمْ إِلَى حِينٍ

Пас чаро мардуми ободӣ имон наёваранд, то имонашон ба онон суде бидиҳад?! Магар қавми Юнус, ки чун имон оварданд, азоби хорӣ дар зиндагии дунёро аз онон бардоштем ва онҳоро то замоне муайян бархӯрдор кардем”. (Сураи Юнус, ояти 98)

Дар ояти нахуст изҳор медорад, ки қарор буд Юнус (а) то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ бимонад, вале ӯ дар шиками моҳӣ ба тасбеҳи Худо пардохт ва Худо ин қазоро тағйир дод ва ӯро аз шиками моҳӣ берун овард. Ва аз ояти баъдӣ фаҳмида мешавад, ки қарор буд бар қавми Юнус (а) бало нозил шавад, вале ин қавм вақте осори балоро диданд, имон оварданд ва он бало аз онон бардошта шуд ва то муддатҳо дар рафоҳ ва осоиш буданд.

Илова бар чунин оятҳое, ки дар бораи шахс ё қавми хоссе нозил шуда, дар чандин оят аз Қуръон ба таври куллӣ тағйири қазои илоҳӣ ва сарнавишти мардум ба васила‏и корҳои хуб ё бади онҳо мавриди таъкид воқеъ шудааст:

 لَهُ مُعَقِّبَاتٌ مِّن بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ يَحْفَظُونَهُ مِنْ أَمْرِ اللّهِ إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ وَإِذَا أَرَادَ اللّهُ بِقَوْمٍ سُوءًا فَلاَ مَرَدَّ لَهُ وَمَا لَهُم مِّن دُونِهِ مِن وَالٍ

Барои инсон маъмуроне аст, ки пай дар пай аз пеши рӯ ва аз пушти сараш ӯро аз фармони Худо (ҳаводиси ғайри ҳатмӣ) ҳифз мекунанд. (Аммо) Худованд сарнавишти ҳеч қавм (ва миллате)-ро тағйир намедиҳад, магар он ки онон ончиро дар худашон аст тағйир диҳанд. Ва ҳангоме ки Худо иродаи суе ба қавме (ба хотири аъмолашон) кунад, ҳеч чиз монеи он нахоҳад шуд ва ҷуз Худо сарпарасте нахоҳанд дошт”. (Сураи Раъд, ояти 11)

وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَى آمَنُواْ وَاتَّقَواْ لَفَتَحْنَا عَلَيْهِم بَرَكَاتٍ مِّنَ السَّمَاءِ وَالأَرْضِ وَلَكِن كَذَّبُواْ فَأَخَذْنَاهُم بِمَا كَانُواْ يَكْسِبُونَ

Ва агар мардуми ободиҳо имон меоварданд ва парҳезгорӣ мекарданд, баракатҳое аз осмон ва замин барои онон мегушудем, вале такзиб карданд, пас ононро ба сабаби он чӣ анҷом доданд муохиза намудем”. (Сураи Аъроф, ояти 96)

Ҳамчунин дар ривоёти бисёре, аз таъсири аъмоли хуб ё бад (монанди ҳусни хулқ ва силаи раҳм ва садақа додан ва ё гуноҳони вижа) дар сарнавишти инсон ва фарохӣ ва тангии рӯзӣ ва баландӣ ва кӯтоҳии умр матолиби равшанкунандае омадааст. Ҷойгоҳи ин тағйирот, ки дар қазои илоҳӣ сурат мегирад, ҳамон “Лавҳи маҳву исбот” аст ва он китобе аст, ки ҳаводиси рӯзмарра ва иттифоқоте, ки барои башар рух медиҳад дар он сабт ‏шуда ва шояд дар оятҳое, ки дар зер мехонем, манзур аз китоб ҳамон “Лавҳи маҳву исбот” бошад:

 وَاللَّهُ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ جَعَلَكُمْ أَزْوَاجًا وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنثَى وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِ وَمَا يُعَمَّرُ مِن مُّعَمَّرٍ وَلَا يُنقَصُ مِنْ عُمُرِهِ إِلَّا فِي كِتَابٍ إِنَّ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ

Худованд шуморо аз хоке офарид, сипас аз нутфае, сипас шуморо ба сурати завҷҳое қарор дод. Ҳеҷ ҷинси модае бордор намешавад ва вазъи ҳамл намекунад магар ба илми Ӯ, ва ҳеч кас умри тӯлонӣ намекунад, ё аз умраш коста намешавад магар ин ки дар китоб (илми худовандӣ) сабт аст. Инҳо ҳама барои Худованд осон аст”. (Сураи Фотир, ояти 11)

Ҳамон гуна ки дар бораи “Лавҳи маҳфуз” гуфтем, мо аз кайфияти “Лавҳи маҳву исбот” низ бехабарем, вале медонем, ки он аз ҷинси коғазу китоби маъмулӣ нест, балки ҳақиқате монанди Арш ва Курсӣ аст ва дар малакути олам ҷой дорад.

Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки “Лавҳи маҳфуз” ҷойгоҳ ва мазҳари илми Худо ва “Лавҳи маҳву исбот” мазҳари қудрати Худованд аст ва вуҷуди “Лавҳи маҳву исбот” ин ҳақиқатро собит мекунад, ки ҳеч чизе ҳатто муқаддарот ва қазо ва қадр ва қавонини ҳоким бар табиат, наметавонад қудрати Худоро маҳдуд кунад ва ӯ ҳамвора ва ҳар лаҳза тавоноии анҷоми ҳар кореро дорад. Ва ин дуруст муқобили нуқтаи назари бархе аз фалосифа ва яҳуд аст, ҳамон ‏гуна ки пеш аз ин тавзеҳ додем.

* * *

Қалам

“Қалам” низ истилоҳест баргирифта аз Қуръон ва ба маънои василаест, ки ба он муқаддароти ҷаҳон сабт мешавад. Ёдоварии ду нукта инҷо зарурат дорад:

1. Нуктаи аввал ин ки: чунон ки дар баҳси “Лавҳи маҳфуз” ёдовар шудем, ин таъбирҳо барои тақриби зеҳн ва аз боби ташбеҳ аст ва набояд “Қалам”-ро ба қаламу давоти маъмулӣ ҳамл кард;

2. Дар мутуни динӣ як силсила ривоёте ҳаст — ки ба “Ривоёти Қалам” маъруфанд – ки мегӯянд, қалами тақдири илоҳӣ он чиро, ки то қиёмат падид меояд рақам зада ва навиштаи он низ хушк шудааст, аз ҷумла ривояте аз Ибни Аббос (р), ки мегӯяд:

إذا سَأَلتَ فَسَلِ اللّهَ وَإذا استَعَنتَ فَاستَعِن بِاللّهِ، فَقَد جَفَّ القَلَمُ بِما هُوَ كائِنٌ إلى يَومِ القِيامَةِ فَلَو جَهَدَ الخَلائِقُ أن يَنفَعُوكَ بِشَيءٍ لَم يَكتُبهُ اللّهُ لَكَ لَم يَقدِرُوا عَلى ذلِكَ، وَلَو جَهَدَ الخَلائِقُ أن يَضرُّوكَ بِشَيءٍ لَم يَكتُبهُ اللّهُ عَلَيكَ لَم يَقدِرُوا عَلى ذلِكَ

Ҳар гоҳ дархост кардӣ, аз Худованд дархост кун, ва ҳар гоҳ кӯмак хостӣ, аз Худо кӯмак бихоҳ. Қалами тақдир ба он чӣ то қиёмат иттифоқ меафтад, рақам хӯрдааст. Агар ҳамаи халоиқ бикӯшанд, то суде бирасонанд, ки Худованд бароят тақдир накарда, нахоҳанд тавонист. Ва агар халоиқ талош кунанд, ки ба ту зараре бизананд, ки Худованд бароят нанавишта, нахоҳанд тавонист”. (Алмуъҷамул-кабир, 11/223, Ашшомила)

Равшан аст, ки ин ривоятҳо нозир ба он чӣ дар “Лавҳи маҳфуз” (на “Лавҳи маҳву исбот”) сабт шудааст мебошад. Ва ба сухани дигар, нозир ба илми азалии Худованди Мутаъол аст, ки ҳамаи ҳаводисе, ки барои инсон ва ҷаҳон пеш хоҳад омад, барои Худованд маълум аст ва ӯ медонад. Ва чунон ки пештар (дар баҳси “Илми азалии Худованд”) гуфта будем, илми Худо иллати “маълум” (донисташуда) нест, балки тобеи маълум аст. Аз ин рӯ, ба ҳеч ваҷҳ наметавон аз ин ривоёт “маҷбур” ва “дастбаста” будани инсон дар сарнавишти хешро истинбот кард.

Мавлоно дар Маснавӣ ин ҳақиқатро зебо баён карда:

Ҳамчунин таъвили “қад ҷаффал-қалам”

Баҳри таҳриз аст бар шуғли аҳамм.

Пас қалам бинвишт, ки ҳар корро

Лоиқи он ҳаст таъсиру ҷазо.

Каж равӣ, “ҷаффал-қалам” каж оядат,

Ростӣ орӣ, саодат зоядат.

Зулм орӣ, мудбирӣ “ҷаффал-қалам”,

Адл орӣ, барх(в)арӣ “ҷаффал-қалам”.

Чун бидуздад, даст шуд “ҷаффал-қалам”,

Хӯрд бода, маст шуд “ҷаффал-қалам”.

Ту раво дорӣ? Раво бошад, ки Ҳақ

Ҳамчу маъзул ояд аз ҳукми сабақ?

Ки зи дасти ман бурун рафтаст кор,

Пеши ман чандин маё, чандин мазор.

Балки маънӣ он бувад “ҷаффал-қалам”:

Нест яксон пеши ман адлу ситам.

Фарқ бинҳодам миёни хайру шар,

Фарқ бинҳодам зи бад ҳам аз батар.

Заррае гар дар ту афзуний адаб

Бошад аз ёрат, бидонад фазли Раб.

Қадри он зарра туро афзун диҳад,

Зарра чун кӯҳе қадам берун ниҳад.

Подшоҳе, ки ба пеши тахти ӯ

Фарқ набвад аз амину зулмҷӯ.

Он ки меларзад зи бими радди ӯ

В-он ки таъна мезанад дар ҷадди ӯ,

Фарқ набвад, ҳар ду як бошад бараш,

Шоҳ набвад, хоки тира бар сараш.

Заррае гар ҷаҳди ту афзун бувад,

Дар тарозуи Худо мавзун бувад.

Пеши ин шоҳон, ҳамора ҷон канӣ,

Бехабар эшон зи ғадру равшанӣ.

Гуфти ғаммозе, ки бад гӯяд туро,

Зойеъ орад хидмататро солҳо.

Пеши шоҳе, ки самеъ асту басир,

Гуфти ғаммозон набошад ҷойгир.

Ҷумла ғаммозон аз ӯ ойис шаванд,

Сӯйи мо оянду афзоянд панд.

Бас ҷафо гӯянд шаҳро пеши мо,

Ки бирав “ҷаффал-қалам” кам кун вафо.

Маънии “ҷаффал-қалам” кай он бувад?

Ки ҷафоҳо бо вафо яксон бувад?

Бал ҷафоро, ҳам ҷафо “ҷаффал-қалам”

В-он вафоро, ҳам вафо “ҷаффал-қалам”.

Авф бошад, лек ку фарри умед,

Ки бувад банда зи тақво рӯсапед?

Дуздро гар афв бошад, ҷон барад,

Кай вазиру хозини махзан шавад?

Эй аминуддини раббонӣ, биё,

К-аз амонат руст ҳар тоҷу ливо.

Пури султон гар бар ӯ хоин шавад,

Он сараш аз тан бад-он боин шавад

В-ар ғуломи ҳиндуе орад вафо,

Давлат ӯро мезанад: “тола бақо”.

Чӣ ғулом? Ар бар даре саг бовафост,

Дар дили солор, ӯро сад ризост.

З-ин чу сагро бӯса бар пӯзаш диҳад,

Гар бувад шере, чӣ пирӯзаш диҳад?

Ҷуз магар дузде, ки хидматҳо кунад,

Сидқи ӯ бехи ҷафоро барканад.

Чун Фузайли раҳзане, к-ӯ рост бохт,

З-он ки даҳмарда ба сӯйи тавба тохт,

В-он чунон, ки соҳирон Фиръавнро

Рӯсияҳ карданд аз сабру вафо.

Дасту по доданд дар ҷурми қавад,

Он ба садсола ибодат кай шавад?

Ту, ки панҷаҳ сол хидмат кардаӣ,

Кай чунин сидқе ба даст овардаӣ?

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: