Кош ба дунболи ёфтани посухи ин “Чаро?”-ҳо мебудем!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Инсонҳоро ба лиҳози донистани масъалаи рамзу рози зиндагӣ ва ин ки чаро ҳастанд ва аз куҷоянд ва ба куҷо мераванд ва ба қавли Мавлоно:

Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд?

Ба куҷо меравам охир, нанамойи ватанам?

— дар як тақсимбандӣ метавон ба се даста тақсим кард:

1. Касоне, ки коре ба ин масоил надоранд ва тамоми ҳамму ғаммашон гузаронидани рӯзашон аст ва аслан барояшон муҳим нест, ки бидонанд «Аз куҷо омадаанд?», «Омаданашон баҳри чист?» ва «Ба куҷо хоҳанд рафт?» Муҳим барояшон ин аст, ки медонанд феълан ҳастанд ва бояд зиндагӣ кунанд.

Ба назарам, аксарияти мардумони рӯйи замин – аз Одам то ба Хотам – ҳамин вазъро дошта ва доранд. Чунин афроде метавонанд диндор бошанд ва метавонанд бедин ҳам бошанд. Агар диндор аст, шояд иллаташ ин бошад, ки бештари одамони замонаашро диндор мебинад ва он гоҳ диндориро бармегузинад. Ва агар бедин аст, дар ин сурат низ ҳолу вазъи одамони пиромунаш меъёри гузиниши ин роҳ барояш қарор гирифтааст.

2. Касоне, ки мисли тоифаи аввал бетафовут нестанд, балки мавзеи мушаххасе доранд; яке диндор аст ва чӣ басо дар диндорӣ хеле муҳкам ва устувор ҳам бошад. Яке дигар бедин аст ва шояд пеши худ далоиле ҳам дорад, ки роҳи бединиро баргузида.

Аммо ин даста (чӣ диндораш ва чӣ бединаш) низ роҳи худро аз рӯйи огоҳӣ ва басират ва дар натиҷаи кандуков ва ҷустуҷӯ ва таҳқиқ ихтиёр накарда, балки роҳашро ё ба ҷиҳати тақлид аз обову аҷдод баргузида ва ё тақлид аз суханон ва ҳарфҳои донишмандоне, ки қабулашон дорад.

Вижагии боризи ин даста (чӣ диндораш ва чӣ бединаш) он аст, ки аз ибтидо байни худ ва байни афроде, ки бо ӯ ихтилофи назар доранд деворе ба баландии девори Чин насб мекунад ва аслан ҳозир нест гӯш ба ҳарфҳои ӯ бидиҳад. Ва агар баҳсу гуфтугӯе ҳам бо як дигарандеш анҷом бидиҳад, ҳадафаш танҳо рӯйи курсӣ нишондани ҳарфи худ ва «шикастани» тарафи муқобил аст. Ин гурӯҳ ба лиҳози каммият пас аз гурӯҳи аввал меистад ва шуморашон зиёд аст.

3. Гурӯҳи севвум касоне ҳастанд, ки роҳашонро аз рӯйи огоҳӣ ва таҳқиқ ва кандуков ихтиёр кардаанд. Инон дар гузиниши роҳ, на аз касе тақлид намудаанд ва на ҳатто тибқи ҳарфи ин ё он донишманд амал кардаанд. Ва агар аз як донишманд чизеро баргирифтаанд, пас аз он будааст, ки сухани вайро дар тарозуи мантиқ ва ҳукми ақл санҷида сипас пазируфтаанд.

Дар ин гурӯҳ низ метавон ҳам диндоронро ёфт ва ҳам бединонро. Касе, ки роҳи имон ва динро ихтиёр карда, аз рӯйи басират ва таҳқиқ будааст. Ва касе ҳам, ки акси ин роҳро баргузида, ӯ низ таҳқиқ ва пажӯҳиш карда ва чунин набудааст, ки роҳи бединиро аз рӯйи инод ва ё душманӣ ихтиёр карда бошад.

Ин гурӯҳ (чӣ диндораш ва чӣ бединаш) дар тӯли торих ҳамеша ақаллият будаанд, аммо ақаллияти таъсиргузор, ба гунае ки роҳи гурӯҳи аввал ва гурӯҳи дуввумро дар воқеъ ҳаминон таъйин кардаанд.

* * *

Он чӣ арз шуд, дар воқеъ як муқаддима аст барои матлабе, ки ҳаминак мехоҳам баён бикунам ва рӯйи суханам бо касоне аз гурӯҳи севвум аст, ки ба гумони худашон роҳи бединиро аз рӯйи таҳқиқ ва пажӯҳиш баргузида ва дин, имон, Худо ва куллан бовар ба моварои табиатро навъе “хиёл” ва “хурофа” талаққӣ мекунанд.

Ба назари инҷониб, бештари ин афрод аз роҳе ворид шудаанд, ки ин гуна қазоватҳояшон натиҷаи мантиқии вуруд аз он роҳҳост. Яъне, ҳар озодаандеше — барои арзёбии дин ва Худо ва моварои табиат — агар аз ҳамин роҳ, ки инон ворид шудаанд, ворид бишавад, ба натиҷае ҷуз он чӣ инон расидаанд, намерасад. Огуст Кант, файласуф ва ҷомеашинос аз ҳамин роҳ ворид шуда. Зигмунд Фрейди равоншинос ҳам аз ҳамин роҳ ворид шуда ва ҳатто ба назарам Поскол (ки як динбовар аст) низ аз ҳамин роҳ ворид шуда, вале ба далоиле дигар роҳи диндориро баргузида. Шумо агар дар навиштаҳо ва истидлолҳои амсоли Огуст Кант ва Фрейд диққат кунед, нек дармеёбед, ки роҳи вурудашон барои арзёбии масоили динӣ ва моварои табиат, ҳамин роҳҳо будааст. Ин ки масалан Огуст Кант мегӯяд, мардум вақте аз иллатҳои падидаҳо огоҳ набуданд, аз ин рӯ ин иллатҳоро ба Худо ва ё руҳ ва фариштаҳо нисбат медоданд, далелаш он аст, ки Кант дар замони худаш вақте миёни диндорон гашта ва таҳқиқ кардааст, дар воқеъ дида, ки имони аксарияти Худобоварони замонаш мубтанӣ бар ҳамин буда. Ва ҳатто имони бисёре аз диндорони имрӯз низ ҳамин гуна аст.

Бале, амсоли Кант ва Фрейд вақте хостаанд дар бораи дин, Худо ва куллан масоили моварои табиат таҳқиқ кунанд, тасаввурашон аз Худо масалан, аз оғоз ҳамон будааст, ки пеши мардум ҳаст, пеши руҳоният ҳаст, дар мутуни динӣ дида мешавад. Дар бораи дин ҳам, ки хостанд таҳқиқ кунанд, тасаввурашон аз дин ҳамон будааст, ки мардумони диндор ба намоиш мегузоранд. Ва ин роҳ роҳи дурусте нест.

Агар инҳо на аз ин роҳҳо, балки аз роҳе дигар (ки ҳоло баён хоҳам кард) ворид мешуданд, қатъан ба ин натиҷаҳо, ки расидаанд, намерасиданд. Ин ки ман агар бихоҳам дар бораи офаридгор таҳқиқ бикунам, мабнои таҳқиқам Худое бошад, ки дар тасаввури одамони диндор аст, хуб ин нодуруст аст. Чӣ басо тасаввури ҷаҳониён – кулли ҷаҳониён – дар мақтае аз замон, воқеан нодуруст ва ғалат бошад. Ин далел намешавад, ки асли вуҷуди Худо зери суол биравад.

Албатта, дар миёни донишмандон, будаанд (ва ҳастанд) касоне, ки аз роҳе дуруст ворид шудаанд. Онҳо вақте хостаанд дар бораи вуҷуди Худо, ки ҳаст ё нест таҳқиқ кунанд, коре ба тасвири Худое, ки миёни диндорон мавҷуд аст надоштаанд. Ба унвони намуна, Олберт Эйнштейнро метавон аз ин даста донист. Ӯ дар айни ин ки мегӯяд: “Ман узве аз қавми яҳуд ҳастам ва бо зеҳният ва хулқиёти онҳо комилан ҷӯш хӯрдаам. Аммо ин қавм барои ман бартарии хоссе нисбат ба дигарон надорад. Ба ҳамин далел ҷанбаи баргузидае дар онҳо намебинам” ва ҳам дар айни ин ки мегӯяд: “Барои ман дини яҳуд, ҳамонанди адёни дигар мазҳари хурофоти ибтидоӣ аст”, вале иброз доштааст:

Вале фаромӯш нашавад, ки дар ин байн, иддаи қалиле аз афрод ва иҷтимоот ёфт мешаванд, ки як маънои воқеӣ аз вуҷуди Худоро дар моварои пиндорҳо дарёфтаанд, ки воқеан дорои хасоис ва мушаххасоти бисёр олӣ ва маъқул буда ва ба ҳеч ваҷҳ қобили қиёс бо ақидаи умум нест. Як ақида ва мазҳаби солис бидуни истисно дар байни ҳама вуҷуд дорад, гарчӣ бо шакли холис ва якдаст дар ҳеч кадом ёфт намешавад. Ман онро “эҳсоси мазҳабии офариниши вуҷуд” медонам. Бисёр мушкил аст, ки ин эҳсосро барои касе, ки комилан фоқиди он аст, тавзеҳ диҳам. Бахусус, ки дар инҷо дигар аз он Худое, ки ба ашколи мухталиф тазоҳур мекунад, баҳсе нест. Дар ин мазҳаб, фард кучакии омол ва ҳадафҳои башар ва азамат ва ҷалоле, ки дар моварои умур ва падидаҳо дар табиат ва афкор тазоҳур менамояд, ҳисс мекунад. Ӯ вуҷуди худро як навъ зиндон мепиндорад, чунонки мехоҳад аз қафаси тан парвоз кунад ва тамоми ҳастиро якбора ба унвони як ҳақиқати воҳид дарёбад. Ибтидои ин мазҳаб ва осори шурӯи он, ба авоили шурӯи тамаддуни башарӣ мерасад… Навобиғи рӯзгори гузашта, ба василаи ин навъ эҳсоси мазҳабӣ, ки на ба усули дин кор дорад ва на бо Худое, ки ба тасаввури одамиён дарояд, мушаххас шудаанд, ба тавре ки акнун ҳеч калисое вуҷуд надорад, ки усули омӯзиши он муттакӣ бар ин ақида бошад. Ба ин маънӣ, ки фақат дар байни “бидъатгузорони қурун” метавон ба таври сареҳ ашхосеро ёфт, ки мамлув аз олитарин эҳсосоти ин мазҳаб буда ва дар аҳволи мухталиф, мавриди эҳтироми муосирони хеш қарор гирифтаанд… Баъзе муқаддасон ва мардоне назири Демукритус, Фронсис Осисӣ ва Эспинузо — ки тақрибан ҳама шабеҳи якдигаранд — аз ин роҳ гузаштаанд…” (Дунёе, ки ман мебинам, Олберт Эйнштейн, с.56-59)

Бе тардид, мо аз ин намунаҳо дар торих зиёд дорем, ки вақте хостанд дар бораи Худо ва дин таҳқиқ кунанд, аз сифр шурӯъ карданд. Яъне онҳо нарафтанд аввал Худоро дар назди мардумон бибинанд ва фарзро бар ин гузоранд, ки агар қарор бошад Худое бошад, бояд ҳамон бошад, ки диндорон мӯътақиданд. Ҳаргиз! Балки аз сифр шурӯъ карданд ва сарфи назар аз тасвирҳое, ки диндорон аз Худо ба намоиш гузошта ва мегузоранд, худашон тафаккур карданд ва таъаммул намуданд ва таҳқиқ ба амал оварданд. Эйнштейн албатта ба дине хосс ҳаргиз пойбанд набуд ва то ҷойе, ки аз шарҳи ҳоли зиндагии вай пайдост, ба ҳамин ҳолат аз дунё рафт. Яъне, Худое, ки ба он мӯътақид шуд ва мазҳабе, ки ба он худро пойбанд донист, ба гуфтаи худаш, як мазҳаби солис аст, ки ҳеч як аз адёни мавҷуд ба тамом онро дар худ нагунҷонида, балки шояд дар миёни пайравони ҳар дине касоне ёфт бишаванд, ки ба ин мазҳаби солис пойбанд бошанд.

Ин навъ нигариш барои шурӯи таҳқиқ, бисёр зарурат дорад. Касоне, ки бо ин тарзи нигоҳ ба таҳқиқи масоили динӣ пардохтаанд, саранҷом дар поёни роҳ дини дуруст ва саҳеҳро низ ташхис дода ва ба он пойбанд ҳам шудаанд.

Ҳақиқат ин аст, ки дар миёни ҳамаи адёне, ки имрӯза мавҷуд аст ва мешиносем, танҳо ин ойини ислом аст, ки таъкид мекунад, Худое, ки шумо башар – ҳар ки ҳастед, чӣ мусалмон бошед ва чӣ масеҳӣ ё ғайри он — аз он таърифу тавсиф мекунед, воқеияти Худо нест. Ин ки ислом рӯйи “тасбеҳ” ва “танзеҳ” таъкиди фаровон мекунад, сирраш дар ҳамин аст. Дар Қуръони Карим ба ҳамон андоза, ки аз сифоти илоҳӣ сухан мегӯяд, аз танзеҳ ва пок донистани Худо аз сифоте, ки башар Худоро ба онҳо тавсиф мекунад низ таъкид менамояд. Вожаи “Субҳоналлоҳ!” яъне ин ки Худо аз ин сифот, ки мо башар ӯро ба онҳо тавсиф мекунем барӣ ва пок аст. “Субҳоналлоҳ!” яъне пок аст Худо аз ин авсоф! Ҳатто ҳазрати Паёмбар (с) фармудааст:

 لا احصى ثناء عليك كما اثنيت على نفسك

Ман натавонам санои туро он чунон ки ту бар зоти муқаддаси хеш сано намудаӣ, намоям!

Намунаи дигар, Эмонуел Конт, файласуфи барҷастаи олмонист. Ӯ низ вақте шурӯъ ба таҳқиқ дар бораи Худо ва дин кард, корашро аз инҷо шурӯъ кард, ки одамӣ ба воситаи ақли назарӣ ҳаргиз муваффақ ба ёфтани Худо ва моварои табиат нахоҳад шуд. (Феълан коре ба дурустӣ ва нодурустии ин ақидаи ӯ надорем.) Ақли назарӣ аз назари вай, танҳо дар қаламрави риёзиёт ва улуми таҷрибӣ короӣ доранд. Аммо ӯ аз як роҳи дигар ворид шуд.

Роҳаш ин буд. (Ҳоло ёфтаҳои ӯро ба забони худам тарҳ кунам.) Ӯ пеши худаш ин суолро матраҳ кард, ки чаро мани инсон эҳсоси масъулият мекунам?! Чаро ростӣ, дурустӣ, некӯкорӣ ва ин қабил арзишҳои ахлоқиро писандида ва аз зидди онҳо мутанаффирам?! На танҳо ман, балки ҳамаи инсонҳо. Чаро виҷдонам аз дарун ба ман дастур медиҳад, ки ту рост бигӯй ҳатто он ҷо, ки ба зарару зиёни ту бианҷомад? Оё ин нерӯ аз худи ман аст? Агар аз худам бошад, нафси инсонӣ ҳаргиз ба чизе, ки ба зарару зиёни ӯст, дастур намедиҳад… Пас, ин нерӯ аз ман нест, балки аз ҷойе дигар аст.

Бурҳони ӯ, ки ба “бурҳони ахлоқӣ” маъруф аст, бад-ин тартиб аст:

1. Ҳар як аз мо дар даруни худ нерӯеро эҳсос мекунем, ки ба мо мегӯяд: рост бигӯ, дурӯғ магӯ, дар ин авзоъ ва аҳвол ин корро бикун, он корро макун ва ғайра…

2. Ин нерӯи амркунанда худи мо нестем; чун ғолибан коре, ки он нерӯ фармон медиҳад, хушоянди мо нест. Ва агар он нерӯ худи ман бошам, лозимааш “иҷтимои нақизайн” бар рӯйи он кор аст; чаро, ки ҳам мабғузи ман аст ва ҳам маҳбуби ман.

3. Он нерӯи амркунанда наметавонад мавҷуди дигаре ғайр аз Худо бошад; чун мо мавҷуди дигареро намешиносем, ки битавонем ин корро ба ӯҳдаи ӯ бигузорем.

4. Пас, он нерӯи амркунанда Худост.

(Албатта, “бурҳони ақлӣ” ба як сурати дигаре ҳам баён шудааст, ки феълан воридаш намешавем.)

Ин ҳамон аст, ки Қуръони Карим мефармояд:

وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا. وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا… وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا. قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا

Савганд ба хуршед ва тобандагиаш. Савганд ба моҳ чун пайи он равад… (то ин ки мефармояд:) Савганд ба нафси одамӣ ва он кас, ки онро дуруст кард, сипас палидкорӣ ва парҳезгориашро ба нафс илҳом кард, ки ҳар кас нафсро пок гардонид қатъан растгор шуд. Ва ҳар ки олудааш сохт, қатъан дарбохт…” (Сураи Шамс)

* * *

Ба ҳар сурат, инсон агар бихоҳад дар бораи Худо, дин ва куллан масоили динӣ таҳқиқ кунад ва ба натиҷае бирасад, бояд аз роҳи дуруст вориди ин таҳқиқ шавад.

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: