Оё дар асри пешрафт зиндагӣ мекунем?

Дуктур Файсал Қосим

Яке аз пурбортарин китобҳое, ки андешманди мисрӣ Ҷалол Амин ба риштаи таҳрир дароварда китобест ба номи “Устураи пешрафт ва ақибмондагӣ”. Ҳангоме ки шумо китоби мазкурро мутолеа мекунед, ба як натиҷаи қаноаткунанда хоҳед расид, ки: на ҳар он чӣ пешрафташ мехонем, воқеан пешрафт будааст, балки бадтарин навъи ақибмондагӣ ба шумор меомадааст.

Шакке нест, ки башари имрӯз дар муқоиса бо башари қуруни гузашта, гомҳои баланде дар сатҳи илмӣ ва текнулужӣ бардошта, вале ҳамин инсон аз назари инсоният, на танҳо чизе бар инсонияташ афзуда нашуда, балки бисёр ба ақаб рафта, чӣ дар сатҳи иҷтимоӣ ва чӣ дар сатҳи инсонӣ ва чӣ дар сатҳи ахлоқӣ.

Чӣ фоида дорад, ки ҳавопаймоҳо ва худравҳо ва анвои телефонҳои ҳамроҳ бисозем, дар ҳоле ки мо натавонистаем инсонро ба лиҳози ахлоқӣ ва инсонӣ ва иҷтимоӣ пеш бибарем?!

Албатта, нависандаи шаҳири рус Лев Толстой даҳҳо сол пеш аз Ҷалол Амин бахусус ғарбро маҳкум кардааст он ҷо, ки гуфта: “Касоне, ки худро ба унвони миллатҳои пешрафта ва мутамаддин ироа мекунанд, дар воқеъ саффоктарин ва хунрезтарини мардумон ва бадахлоқтарини онҳо ба шумор мераванд”.

Ҳол, биёед воқеияти худамонро, ки онро болотарин дараҷа аз тамаддуни башарӣ мешуморем, таҳлил бикунем. Оё воқеан чунин аст?! Оё мо мутамаддин ва пешрафта ҳастем?! Дар гоми аввал, биёед, нигоҳе биандозем ба манзилҳои ба истилоҳ мудернамон! Имрӯз орзуи ҳамагон ин шуда, ки соҳиби манзиле ончунонӣ ё вилое бузург ҳамроҳ бо боғҳои васеъ бошад ва балки орзуи соҳиби коху қаср шудан мекунад. Ва бисёре аз мо солҳое тӯлонӣ дар кишварҳои бегона кор мекунад ва заҳмат мекашад, то манзиле бузург бино ниҳад; манзиле, ки чӣ басо аслан ба кишвараш барнагардад, то дар он зиндагӣ кунад. Ва ҳатто агар бозгашт ва дар он зиндагӣ кард, мебинем хонае, ки барои худ сохтааст, бисёр бузургтар аз он чизе аст, ки як “муҳоҷир” ба он ниёз дорад. Дидаем, як мард ва ҳамсараш дар вилое зиндагӣ мекунанд, ки муташаккил аз даҳ утоқ ва чанд ҳаммом ва солуни пазироӣ аст, бе он ки фарзанде дошта бошанд ва ё ҳаддиақал як ё ду фарзанд бештар надоранд; вазъе, ки гиребонгири бештари хонаводаҳои ба истилоҳ “мудерн”-и имрӯз аст. Чӣ бузург аст вилоҳоямон ва чӣ кучак аст хонаводаҳоямон!

Тардиде нест, ки шумори касоне, ки дар замони мо дорои мадорики донишгоҳӣ ҳастанд, қобили муқоиса бо замонҳои гузашта нест. Ва ин адад ба сурати мустамир дар ҳоли боло рафтан аст. Вале ин мадорики олӣ чӣ арзише доранд агар соҳибонаш дорои тафаккури солим ва ё эҳсос ва фитрати инсонӣ набошанд?! Шакке надорам, ки шумо худатон бархӯрд кардаед бо бисёре аз таҳсилкардаҳо, ки инсонгуна ва солим фикр намекунанд.

Мункири ин нестем, ки пизишкӣ ба шакли чашмгире дар асри мо пешрафт карда. Вале чӣ бисёр аст амроз ва бемориҳое, ки пизишкӣ барои дармони онҳо роҳи ҳалле пайдо накарда. Ва ҳар чӣ пизишкӣ пешрафт мекунад, бар шумори ин беморҳо афзуда мегардад.

Дар робита бо коҳиш ва пасрафти равобити инсонӣ аммо, ҳар чӣ бигӯем кам аст! Дуруст аст, ки инсон то моҳ расида ва талош мекунад ба сайёраҳои дигаре ҳам бирасад ва шояд битавонад бо сокинони сайёрот иртибот барқарор кунад агар мавҷуд бошанд. Вале ҳамин инсон, ки саъй мекунад ба сайёроти дигар бирасад, ҳамсояи худро дар опортумоне, ки зиндагӣ мекунад ва ё дар манзиле муҷовир намешиносад ва ҳаргиз кӯшиш ҳам намекунад, то ҳамчун инсон бо ӯ равобит барқарор намояд.

Шакке нест, ки ҳуқуқи (маоши) мо дар ин аср бисёр болост ва дороиҳое, ки инсони “мудерн” соҳиб аст, аз назари каммият бисёр зиёд аст, вале оё ин пулу амволу сарват барои мо оромиши хотир ва оромиши зеҳн ба армуғон овардааст?! Мо ҳамеша дар ҳолати тарсу ҳаросем ва аз оянда нигарон, бо ин ки милюнҳо ва ё шояд милёрдҳо пул дорем.

Дуруст аст, ки мо дар ин аср бисёр боҳушем, ва лекин ҳар чӣ ҳушамон бештар мешавад, отифа ва эҳсосоти инсонӣ дар мо кам мегардад, ба гунае ки дигар ба як рубот наздиктар шудаем то як инсони ҳақиқӣ. Ва ин ҳам дуруст аст, ки огоҳӣ ва манобеи он ба шакли чашмгире афзоиш ёфта, вале ҳикмат дар асри мо камёб гардида. Ва тафовут бисёр аст байни огоҳӣ ва ҳикмат! Ин аср, ки ба лиҳози ахлоқӣ ва арзишҳои инсонӣ вайрон шудааст, ишқ ва отифаро ба чизе бисёр беарзиш табдил дода. Дар ҳоле ки дарсади равобити ҷинсии ғайришаръӣ миёни башар бисёр афзоиш ёфтааст, дарсади равобити ошиқона ва бар мабнои инсонӣ, кадом аст?!

Оё шабакаҳои иҷтимоӣ воқеан дар ба ҳам наздик кардани инсонҳо кӯмак кардааст?! Ё он ки ин абзор дурҳоро ба ҳам наздик ва наздикҳоро аз ҳам дур сохта?! Муҳим ин нест, ту милюнҳо дӯстони маҷозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорӣ, балки муҳим он аст, ки дӯстоне воқеӣ ва ҳақиқӣ дошта бошӣ. Мо чӣ миқдор дӯстоне маҷозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорем ва чӣ адад дӯстони воқеӣ ва ҳақиқӣ?!

Башар дар асри мо, чӣ андоза машруботи алкулӣ масраф мекунад ва чӣ миқдор об?! Имрӯза бисёреҳо аз машрубот ва нӯшиданиҳои маснуӣ беш аз он чӣ оби воқеӣ менӯшанд масраф мекунанд. Ва сабаб дар ин аст, ки табиати ин асри вайроншуда ҳамаро воруна карда ва мардумонро водор ба фирор аз воқеият ба гумон ва аз ҳақиқат ба олами хиёл намуда.

Дуруст аст, ки шумори сокинони рӯйи замин то ба ҳафт милёрд расида, вале эътибор ба адад нест, балки ба миқдори инсоният дар назди башар аст. Мо чӣ адад мавҷуди дупо дорем ва чӣ адад инсон? Ё, аз инсоният чӣ андоза дар ин олам ёфт мешавад; оламе, ки инсон дар баробари инсоне дигар ва ҳамнавъи худ беш аз худи ҳайвоноти ваҳшӣ ваҳшитар гардида?!

Чӣ қадр хандаам меояд вақте мебинам баъзеҳо дар дастони худ соате гаронқимат бастаанд, ҳол он ки аслан вақте надоранд. Зиндагии “медурн” моро ба руботҳое мутаҳаррик табдил дода, ки ба ҷуз масраф ва тавлид чизе намефаҳмад, ва зиндагонии инсонӣ маҳв ва нобуд гардида.

Ин ҳақоиқ, ки баён шуд, бароямон собит мекунад, ки бидуни кучактарин шак, на ҳар он чӣ мо “дастоварди асри медурн” мепиндорем, воқеан дастовард ва пешрафт будааст, балки бадтарин шакли ақибмондагии инсонӣ ба шумор меояд.

Alquds

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: