Шарҳи Маснавӣ (156)

Ҷамъ шудани нахҷирон гирди харгӯш ва сано гуфтан ӯро

* * *

Ҷамъ гаштанд он замон ҷумлай вуҳуш,

Шоду хандон, аз тараб дар завқу ҷӯш.

Пас аз шунидани чунин муждае, ҳамаи нахҷирон ва вуҳуш дар якҷо ҷамъ шуданд ва аз шиддати хушҳолӣ ҷӯшу хурӯш мекарданд.

Ҳалқа карданд, ӯ чу шамъе дар миён,

Саҷда кардандаш ҳама саҳроиён.

Нахҷирон пиромуни харгӯш ҷамъ шуданд ва даврашро гирифтанд ва ҳамаи ҳайвоноти саҳро ӯро ҳамчун шамъ дар миён гирифтанд ва саҷда ва таъзимаш карданд.

Ту фариштай осмонӣ ё парӣ?

Не, ту Азроили шерони нарӣ.

Нахҷирон мегуфтанд: эй харгӯш! Оё ту фариштаи осмонӣ ҳастӣ ё ҷузъи хубрӯёни ҷиннӣ ҳастӣ? На, ту Азроили шерони нари зӯрманд ҳастӣ. Яъне ҷони ононро меситонӣ ва мақҳурашон мекунӣ.

Парӣ: навъе аз занони ҷинн, ки хушрӯ бошанд.

Ҳар чӣ ҳастӣ, ҷони мо қурбони туст,

Даст бурдӣ, дасту бозуят дуруст.

Ҳар чӣ ҳастӣ, ҳамин қадр ҳаст, ки ҷони мо фидои ту бод! Туӣ, ки тавонистӣ шерро мақҳур созӣ, даст марезод!

Даст бурдӣ: Чира шудӣ, пирӯз шудӣ.

Ронд Ҳақ ин обро дар ҷӯйи ту,

Офарин бар дасту бар бозуи ту.

Ҳазрати Ҳақ ин обро дар ҷӯйи ту равон кард. Яъне ту василаи иҷрои машиати илоҳӣ шудӣ ва иродаи Ҳақ аз маҷрои феъли ту ба иҷро даромад. Зиҳӣ бар дасту бозуи ту, ки ба ин кор ва бар ин муҳим тавоно омадӣ!

Нукта: “Об дар ҷӯйи касе рондан” ин маъноро ифода мекунад: касеро ба кому мурод расондан ва тавфиқаш додан.

Бозгӯ, то чун сиголидӣ ба макр?

Он авонро чун бимолидӣ ба макр?

Барои мо ошкоро бигӯ, ки чӣ макру ҳилате бар зидди он шер андешидӣ? Ва он ситамгарро чӣ гуна мақҳур кардӣ?

Сиголидан: Андешидан, тадбир кардан.

Бозгӯ, то қисса дармонҳо шавад,

Бозгӯ, то марҳами ҷонҳо шавад.

Ҳилаеро, ки дар бораи он шери ситамкор ба кор гирифтӣ, барои мо нақл кун, то дармони ҷони мо шавад ва марҳами ҷони хастаи мо гардад.

Бозгӯ, к-аз зулми он истамнамо

Садҳазорон захм дорад ҷони мо.

Ба мо ошкоро бигӯ, зеро аз ситами он шери ситамкор захмҳои фаровоне бар ҷонамон нишастааст.

Истамнамо: Ситамкор.

Гуфт: Таъйиди Худо буд, эй меҳон!

В-арна харгӯше кӣ бошад дар ҷаҳон?

Харгӯш гуфт: Эй бузургон! Ин пирӯзӣ ва амсоли ин гуна пирӯзиҳо ҳама ба воситаи иноятҳои Ҳақ аст. Вагарна харгӯши хурдакандоме ҳамчун ман дар ин ҷаҳони паҳновар кист ва чӣ кора аст?

Меҳон: Ҷамъи “меҳ” ба маънои бузург, пешво, раис.

Нукта: Ин дарсест ба одамиён, ки тавфиқоти худро ба ҳисоби саъю талоши шахсии худ нагузоранд. Чӣ бисёранд касоне, ки беш аз ҳадд саъю талош кардаанд, вале ҷуз нокомӣ чизе надаравидаанд.

Қувватам бахшиду дилро нур дод,

Нури дил мар дасту поро зӯр дод.

Ҳақ Таъоло аз рӯйи бузургворӣ ва каромат, ба ман он қудрате бахшид ва диламро чунон басирате бахшид, ки дасту поям ба он басират ва нури қалбӣ нерӯманд шуд.

Аз бари Ҳақ мерасад тафзилҳо,

Боз ҳам аз Ҳақ расад табдилҳо.

Ҳар фазилате, ки барои инсон ҳосил мешавад, аз ҷониби Ҳақ Таъолост. Ва ҳар гуна дигаргунӣ ва табдиле низ аз ҷониби Ҳақ Таъоло мерасад.

Ҳақ ба давру навбат ин таъйидро

Менамояд аҳли занну дидро.

Ҳақ Таъооло ин таъйид ва тавфиқро аз рӯйи навбат ба асҳоби гумон ва низ ба асҳоби яқин нишон медиҳад.

Аҳли занн: Онон, ки ба гумонҳои беасос муташаббис мешаванд, киноя аз асҳоби қилу қол.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: