Худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино (1)

Асмо Исҳоқинасаб

Бахши аввал

Чакидаи мақола

Масъалаи “худогоҳӣ” яке аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки фалосифа дар тӯли торих бо рӯйкардҳои мухталифе ба он пардохтаанд. Ибни Сино аз ҷумлаи аввалин файласуфоне аст, ки бо рӯйкарде фалсафӣ ва на сирфан ахлоқӣ-динӣ, ин баҳсро матраҳ мекунад. Ӯ дар “Инсони муъаллақ дар фазо” – ки дар лобалои ин мақола чистии ин масъала баён хоҳад шуд — дар ин мавзӯъ баҳс кардааст. Бисёре аз Синопажӯҳон бо муқоисаи “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино ва Cogito (Фикр мекунам, пас ҳастам)-и Декорт, саъй кардаанд, то байни ин ду навъе қаробат нишон диҳанд ва ҳатто бархе бо таҳқиқ дар пешинаи торихии Cogito-и Декорт, бар таъсири ғайримустақими “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино бар Cogito-и Декорт таъкид доранд.

Мо дар ин мақола нишон медиҳем, ки “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино иртиботе амиқ бо муҳимтарин мабнои ҳастишинохтии фалсафаи вай (яъне тамоюзи вуҷуд ва моҳият) дорад ва аз ин манзар, Ибни Сино тавонистааст соҳате аз “худ”-ро фарорӯйи мо қарор диҳад, ки то пеш аз вай ба он таваҷҷӯҳе нашуда буд; соҳате, ки Ибни Сино аз он ба “инният” ёд мекунад ва онро дар муқобили моҳият қарор медиҳад ва мо онро “соҳати вуҷудӣ” меномем. Аз он ҷо, ки дар фалсафаи Декорт мо бо чунин тамоюзе байни соҳати вуҷуд ва моҳият дар зоти худогоҳ мувоҷеҳ намешавем, аз ин рӯ метавон гуфт, Ибни Сино дар таҳлили худогоҳӣ, аз Декорт фаротар рафтааст.

Калидвожаҳо:

Ибни Сино, Худогоҳӣ, Тамоюзи вуҷуд ва моҳият, Инният, Декорт

Муқаддима ва баёни масъала

Масъалаи худогоҳӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки зеҳни фалосифаро ба худ машғул доштааст. Шояд дар торихи фалсафа ҳеч баҳсеро натавон ёфт, ки то ин ҳадд мавриди таваҷҷӯҳи фалосифа аз мактабҳо ва машрабҳои мухталифи фикрӣ қарор гирифта бошад. Бе шак, нуқтаи оғози ин баҳс дар ҷараёни тафаккури фалсафӣ, ин нидои Суқрот аст, ки “Худатро бишнос!” Ин нидои суқротӣ дар тӯли торихи фалсафа аз ҷанбаҳои мухталиф мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.

Бархе аз мутафаккирон аз манзари ахлоқӣ ва тарбиятӣ ин нидои суқротиро мавриди назар қарор дода ва бар ин асос “худогоҳӣ”-ро мабнои ҳар гуна камол ва саодати башарӣ қарор додаанд. Дар ин рӯйкард, ки бештар аз вожаи “худшиносӣ” ё “маърифати нафс” ба ҷойи “худогоҳӣ” истифода мешавад, бар мубтанӣ будани саодати башар бар худшиносӣ ва маърифати нафс таъкид шуда ва аз ин манзар то ҳудуди зиёде ба рӯйкарди динӣ ва ирфонӣ ба худшиносӣ (ё ҳамон “сайри анфусӣ” дар муқобили “сайри офоқӣ”) наздик мешавад.

Дар давраи ҷадид Декорт бо “Ман меандешам, пас ҳастам” ва мубтанӣ будани тамоми маорифи башарӣ бар огоҳӣ ва дарки бевосита аз худ, фасли ҷадидеро дар таъаммулоти фалсафӣ дар ҳавзаи худогоҳӣ гушуд. Cogito (Фикр мекунам, пас ҳастам)-и Декорт худогоҳӣ ба маънои “дарки бевосита аз худ”-ро ба унвони санги бинои фалсафаи мудерн ва нуқтаи иттикои тафаккури фалсафӣ тасбит кард. Аммо бисёре аз пажӯҳишгарони муосир, ки дар қисмати баъдӣ ба назароти бархе аз онҳо ишора хоҳад шуд, бар ин боваранд, ки Декорт дар баҳси худогоҳӣ вомдори Ибни Сино ва бахусус “Инсони муъаллақ дар фазо”-и вай аст ва аз ин манзар саъй мекунанд, то Cogito-и Декортро бо “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино муқоиса кунанд.

Аз назари нигоранда, баҳси худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино, дар иртиботи амиқ бо мабонии метофизикии вай матраҳ мешавад. Ва ин нуктае аст, ки аксари Синопажӯҳоне, ки ин баҳсро дар фалсафаи вай дунбол кардаанд, аз он ғофиланд. Фаҳми ин нукта аз он ҷиҳат аҳаммият дорад, ки касоне, ки Декортро дар баҳси худогоҳӣ вомдори Ибни Сино медонанд, тамоми аҳаммияти Ибни Сино дар ин баҳсро ин медонанд, ки андешаҳои Ибни Сино ва хусусан “Инсони муъаллақ дар фазо”-и вай, дар фалсафаи Декорт таъсири бисёр доштааст. Аммо эшон аз ин нукта ғофиланд, ки бо таваҷҷӯҳ ба мабонии метофизикии Ибни Сино ва иртиботи баҳси худогоҳӣ бо ин мабонӣ, алорағми бархе шабоҳатҳои зоҳирӣ бо рӯйкарди декортӣ, ин мавзӯъ дар нигоҳи ду файласуф, ҳам дар хостгоҳ ва ҳам дар натиҷа, ихтилофоти асосӣ дорад.

Мо зимни пазириши назари бархе муҳаққиқон мабнӣ бар ин ки “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино бар андешаи Декорт таъсир доштааст, бар ин ақидаем, ки бо таҳлили амиқи “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино ва иртиботи он бо мабонии метофизикии вай, ба ин натиҷа мерасем, ки нигоҳи Ибни Сино ба баҳси “худогоҳӣ” нигоҳе бунёдитар аст ва натоиҷи ин баҳс низ дар фалсафаи вай то ҳудуди зиёде бо фалсафаи Декорт мутафовит аст.

Аз ин рӯ, суоли аслии мо дар ин мақола ин аст, ки чӣ робитае байни баҳси “худогоҳӣ” дар фалсафаи Ибни Сино ва бахусус он чӣ ӯ дар “Инсони муъаллақ дар фазо” матраҳ мекунад, бо мабонии метофизикӣ дар фалсафаи вай вуҷуд дорад? Сипас дар партави ин баҳс, ба нақди назарияи касоне хоҳем пардохт, ки ба муқоисаи “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино ва Cogito-и Декорт пардохта ва аз умқи нигоҳи Ибни Сино дар баҳси “худогоҳӣ” ғофиланд.

Худогоҳӣ, бунёдитарин навъи маърифат дар фалсафваи Ибни Сино

Усулан, фалсафаи Ибни Сино фалсафае аст, ки мубтанӣ бар “шинохти мафҳумӣ” ё “шинохти бовосита” аз ашё аст. Танҳо ҷойе, ки Ибни Сино ба наҳве ба идроки бевосита ва ҳузурӣ қоил аст, ҳамон “илми нафс ба худ” аст. Дар фалсафаи Ибни Сино худогоҳӣ бар ҳар гуна маърифати дигар тақаддум дорад. Вай дар китоби “Таълиқот” дар ин бора чунин мегӯяд:

كلّ ما اصفه وأقول إني أدركته فيجب أن يسبقه إدراكي لذاتي

Идроки ман нисбат ба зоти худам, муқаддам бар ҳар он чизе аст, ки онро васф мекунам ва мегӯям, ки онро идрок кардаам”. (Ибни Сино, Таълиқот, с.147). Вай дар ҷойи дигаре дар боби “тақаддуми худогоҳӣ бар ҳар маърифати дигар” ба ин нукта ишора мекунад, ки дар ҳар маърифате, илм ба худ бояд лиҳоз шавад, зеро барои ин ки А ба Б огоҳӣ дошта бошад, бояд А бидонад, ки ин худи ӯст, ки ба Б огоӣ дорад.

Бинобар ин, худогоҳӣ шарти лозими ҳар навъ маърифате аст. Аз назари Ибни Сино, ин дарк аз худ боисте бевосита бошад ва ҳеч қувваи дигаре наметавонад восита байни инсон ва дарки ӯ аз худ бошад. Идроки мо ба зотамон дарке нест, ки аз роҳи васоили огоҳӣ ба даст омада бошад, зеро ҳеч воситае наметавонад байни “ман” ва “худам” қарор гирад, аз ин рӯ аз назари Ибни Сино “Идроки мо ба зотамон, ҳамон нафси вуҷуди хосси мост”:

شعورنا بذاتنا هو نفس وجودنا

(Ҳамон, с161).

Аз назари Ибни Сино, вижагии худогоҳӣ ва тамоюзи он бо соири анвои огоҳӣ, дар ин аст, ки дар ин навъ аз идрок боисте байни мудрик (дарккунанда) ва мудрак (даркшаванда) навъе аз “ҳу ҳувият” барқарор бошад. (Ҳамон, с.147) Ба иборати дигар, дар ин навъ аз огоҳӣ, “худ” дар айни ин ки фоили шиносоӣ аст, айнан мавзӯи шиносоӣ низ воқеъ мешавад.

Аз ин рӯ, дар ин навъ аз огоҳӣ, ақл, оқил ва маъқул яке мешавад ва ин танҳо ҷойе аст, ки Ибни Сино “иттиҳоди ақл, оқил ва маъқул”-ро мепазирад. Вай дар китоби “Мубоҳасот” дар посух ба ин суол, ки нафс чӣ гуна дар они воҳид ҳам оқил ва ҳам маъқул ва ҳам ақл аст, аз таҷарруд ва басотати он истифода мекунад. (Ибни Сино, Мубоҳасот, с.308). Ба ақидаи Ибни Сино, милоки худогоҳӣ ҳамон таҷарруд ва басотат аст ва мавҷуде, ки зотан муҷаррад набошад, аз худогоҳӣ бархӯрдор нест. (Ва ба баёне возеҳтар, аз назари Ибни Сино, он чӣ мо инсонҳо ба худ огоҳ ҳастем ва ба “ман” таъбир мекунем, маҳол аст, ки ин “ман” бадани моддӣ ва мураккаби мо бошад, балки мавҷуде аст ғайримоддӣ (яъне муҷаррад) ва басит (яъне ғайримураккаб), ки ба истилоҳ аз он ба “руҳ” таъбир мешавад.)

Албатта, Ибни Сино дар ҷойи дигар, дар табйини бештари милоки худогоҳӣ, бо баёни тамоюз байни “шуъур ба зот” ва “шуъур ба ин шуъур” (Ибни Сино, Таълиқот, с.147), талвеҳан ба ду навъ худогоҳӣ ишора мекунад, ки метавон онро “худогоҳии дараҷаи аввал” ва “худогоҳии дараҷаи дуввум” номид. Аз назари Ибни Сино, “худогоҳии дараҷаи дуввум” танҳо мухтасси ақл аст:

فإنّ ما أن نشعر بأنا قد شعرنا بذواتنا فهو من فعل العقل. الشعور بالذات يكون للنفس بالفعل فإنها تكون دائمة الشعور بذاتها، وأما الشعور بالشعور فإنه يكون بالقوة. فلو كان الشعور بالشعور بالفعل، لكان دائما ولميحتج إلى اعتبار العقل

(Ҳамон, с.161) ва мавҷуде, ки фоқиди таҷарруди ақлонӣ аст, аз чунин дараҷае аз худогоҳӣ бебаҳра аст.

Аз назари Ибни Сино, чунин навъе аз худогоҳӣ барои инсон ҳамешагӣ нест, балки ин навъ аз худогоҳӣ дар инсон билқувва аст. Яъне дар вақте ҳозир аст ва дар вақти дигар ҳозир нест. (Ҳамон, с.82) Ва ба ҳамин далел инсонҳо дар бархе авқот аз огоҳӣ ба ин огоҳӣ ғофил буда ва ниёз ба танаббуҳ ва ёдоварӣ доранд. (Ҳамон, с.147).

Вай сипас бо истифода аз ҳамин тамоюз, барои ҳайвонот низ навъе худогоҳӣ, яъне ҳамон “худогоҳии дараҷаи аввал”-ро исбот мекунад ва ин навъ аз идрокро дар ҳайвонот кори қувваи ваҳм медонад. (Ҳамон, с.82). Ба ақидаи вай, ҳайвонот дорои навъе худогоҳӣ ҳастанд ва тамоюзи онҳо бо инсон дар ин аст, ки худогоҳии онҳо ҷанбаи инъикосӣ надошта ва ба ин худогоҳӣ, огоҳии дараҷаи дуввум надоранд.

Ибни Сино дар китоби “Мубоҳасот” дар табйини бештари ин назарияи худ чунин мегӯяд: “Бар хилофи ҳайвонот, инсон ба худ ба унвони мавҷуде воҳид огоҳ аст ва дар айни ҳол ба худ ба унвони фоили ин огоҳӣ ва мавзӯи ин огоҳӣ низ воқиф аст, дар ҳоле ки ҳайвонот сирфан навъе огоҳии мубҳам доранд, ки дар он тамоюз байни фоил ва мутаъаллақи огоҳӣ ва сипас огоҳӣ ба фоили ин огоҳӣ вуҷуд надорад.” (Ибни Сино, Мубоҳасот, с.176-225). Худогоҳӣ дар ҳайвонот кори қувваи ваҳм аст (Ҳамон, с.179 ва 221) ва аз он ҷо, ки ваҳм амре моддӣ аст, бинобар ин худогоҳии ҳайвонот нисбат ба инсон дар мартибаи пойинтаре қарор дорад:

اعلم ان نفس الانسان تشعر بذاته بوهمه في آلة وهمه، كما تشعر بأشياء أخرى بحسّه ووهمه في آلتهما

Аз диди Ибни Сино, худогоҳӣ вижагии зотии нафс аст, то ҷойе, ки наметавон нафсро бидуни худогоҳӣ тасаввур кард. Вай дар китоби “Мубоҳасот” дар посухи шахсе ба номи Кирмонӣ, ки аз ӯ пурсида буд, ки оё нафс дар ҳолати хоб низ худогоҳӣ дорад?, бар ин нукта таъкид мекунад, ки нафс дар ҳама ҳолот ба худ огоҳ аст ва усулан ин худогоҳӣ зотии нафс аст, аммо мумкин аст нафс натавонад ин худогоҳиро ёдоварӣ кунад (Ибни Сино, Мубоҳасот, с.61), чаро, ки усулан худогоҳӣ як чиз аст ва ба хотир овардан чизи дигаре. (Ҳамон, с.61).

Бар ин асос, вай огоҳии нафс ба худро навъе “огоҳии мутлақ” дониста (Ибни Сино, Таълиқот, с.160) ва дар тавсифи огоҳии мутлақи нафс ба худ чунин мегӯяд:

وشعورنا شعور على الاطلاق، أعني لا شرط فيه بوجه، وأنها دائمة الشعور لا في وقت دون وقت

Огоҳие, ки бидуни ҳеч қайду шарте барои нафс ҳосил аст, ин огоҳӣ навъе огоҳии пойдор ва собит аст, ки ба замони хоссе маҳдуд нест”. (Ҳамон)

Аз он чӣ гуфта шуд равшан мешавад, ки:

Аввалан: дар фалсафаи Ибни Сино, худогоҳӣ муқаддам бар ҳар маърифати дигаре аст. Яъне то зоти мудрик (идроккунанда) ба худ маърифат надошта бошад, наметавонад маърифат ба ғайр пайдо кунад. Ба иборати дигар, дар фалсафаи Ибни Сино худогоҳӣ муқаддам бар дигарогоҳӣ аст.

Сониян: аз диди Ибни Сино, худогоҳӣ навъе огоҳии мутлақ аст; ба ин маъно, ки худогоҳӣ маҳдуд ба замон ё макони хоссе нест. Аз диди Ибни Сино, инсон ҳатто дар хоб низ ба худ огоҳ аст.

Солисан: аз диди Ибни Сино, бояд байни ду навъ худогоҳӣ яъне “худогоҳии дараҷаи аввал” ва “худогоҳии дараҷаи дуввум” тамоюз қоил шуд. Худогоҳии ҳайвонот навъе “худогоҳии дараҷаи аввал” аст, дар ҳоле ки худогоҳии инсон аз навъи “худогоҳии дараҷаи дуввум” аст. Яъне инсон дар айни худогоҳӣ, ба худ дар ду мақом — фоил ва мутаъаллақи огоҳӣ — огоҳ аст ва чунин навъ аз худогоҳӣ танҳо мухтасси амри муҷаррад ё ҳамон ақл аст ва чун нафси инсонӣ низ зотан муҷаррад аст, пас воҷиди чунин навъе аз худогоҳӣ аст.

“Инсони муъаллақ дар фазо” даричаи вуруд ба баҳси худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино

Ибни Сино мӯътақид аст, ки нафси инсонӣ ҳамвора дарки бевосита аз худ дорад; дарке, ки дар он ҳеч як аз олот ва васоили моддӣ нақше надошта ва зоти нафс бевосита ба худ воқиф аст. Вай барои нишон додани ин амр, мавқеияти шуҳудиро фарорӯйи мо қарор медиҳад; мавқеияте, ки дар он, нафси инсонӣ ба гунае лиҳоз мешавад, ки тамоми қувваҳои идрокии моддии ӯ дар ҳолати таълиқ қарор мегиранд. Ибни Сино аз ин ҳолат — ки ба “Инсони муъаллақ дар фазо” машҳур аст — дар осори мутафовити худ ёд кардааст. Дар осори мухталифи Ибни Сино метавон нусхаҳои мутафовите аз “Инсони муъаллақ дар фазо”-ро ёфт, ки ҳарчанд тафовутҳое ҷузъӣ бо якдигар доранд, аммо куллияти онҳо яке аст.

Шояд битавон гуфт, аввалин бориқаҳои “Инсони муъаллақ дар фазо” дар рисолаи “Узҳувия” дида мешавад. Ибни Сино дар ин рисола, ки дар асл дар боби маъод аст, дар мавриди ҳақиқати зоти инсон чунин мегӯяд:

Агар инсон таъаммул кунад дар он чӣ, ки ба воситаи он “ӯ” номида мешавад ва ба худ “ман” мегӯяд, чунин гумон мекунад, ки он амр (ҳамон чизе, ки аз он ба “ман” ёд мекунад) ҳамон бадан ва ҷисми ӯст. Аммо агар фикр кунад, хоҳад донист, ки агар даст, по, паҳлӯҳо ва соири аъзои зоҳирии баданаш набошанд, он маъное, ки ба он ишора мешавад, аз байн нахоҳад рафт. Пас хоҳад донист, ки ин аҷзои баданӣ дохил дар он маъно нестанд”. (Ибни Сино, Рисолаи Узҳувия, с127)

Дар инҷо Ибни Сино ба ин нуктаи зариф ишора мекунад, ки ҳақиқати инсон — ки ҳар кас аз он ба “ман” ёд мекунад — чизе ғайр аз ин аъзои моддӣ ва бадан аст. Ҳарчанд дар ин баён баҳсе аз “Инсони муъаллақ дар фазо” нест, аммо хамирмояи аслии баҳси “Инсони муъаллақ” ва он чӣ, ки бунмояи аслии баҳси худогоҳиро дар осори Ибни Сино ташкил медиҳад, дар он дида мешавад.

Ибни Сино баъдҳо дар “Китобун-нафс”-и Шифо нусхаи комиле аз “Инсони муъаллақ дар фазо”-ро фарорӯйи мо қарор медиҳад:

يجب أن يتوهم الواحد منا كأنه خلق دفعة وخلق كاملا، لكنه حجب بصره عن مشاهدة الخارجات، وخلق يهوى فى هواء أو خلاء هويّا لا يصدمه فيه قوام الهواء صدما مّا يحوج إلى أن يحسّس، وفرّق بين أعضائه فلم تتلاق ولم تتماس، ثم يتأمل أنه هل يثبت وجود ذاته ولا يشك فى إثباته لذاته موجودا ولا يثبت مع ذلك طرفا من أعضائه ولا باطنا من أحشائه ولا قلبا ولا دماغا ولا شيئا من الأشياء من خارج ... بل كان يثبت ذاته ولا يثبت لها طولا ولا عرضا ولا عمقا، ولو أنه أمكنه فى تلك الحالة أن يتخيل يدا أو عضوا آخر لم يتخيله جزءا من ذاته ولا شرطا فى ذاته

Боисте ҳар як аз мо тасаввур кунад, ки гӯӣ якдафъа ва ба сурати комил халқ шудааст, аммо дидагони вай аз мушоҳидаи умури хориҷӣ маҳҷуб аст ва ба таври муъаллақ дар халаъ ё ҳаво халқ шудааст, ба гунае ки ҳавои атрофи вай барои ҳавосси ӯ таҳрике эҷод намекунад, то эҳсос шавад, ва байни аъзои ӯ ҷудоӣ аст, ба гунае ки ҳеч як аз аъзоъ якдигарро ламс накарда ва бо якдигар талоқӣ надоранд.

Сипас таъаммул кунад дар ин ки оё ӯ вуҷуди зоти худро тасдиқ мекунад ва ҳеч шакке дар тасдиқи ин амр надорад, ки ӯ барои зоти худ мавҷуд аст, дар ҳоле ки ҳеч як аз аъзои бадан ва ҳамин тавр аъзои дохилӣ ва қалб ва димоғро тасдиқ намекунад, балки тасдиқ мекунад зоташро дар ҳоле ки барои он ҳеч тӯлу арзу умқеро тасдиқ намекунад… Ва агар барои ӯ имкон дошта бошад, ки дар он ҳолат барои худ даст ё узве дигарро тахайюл кунад, онро на ба унвони ҷузъе аз зоти худ ва на шарте дар таҳаққуқи зоти худ тахайюл хоҳад кард…” (Ибни Сино, Китобун-нафси Шиво, с.26 ва 27).

Вай дар китоби “Ишорот” низ бо баёне мухтасар ҳамин матлабро ба гунае дигар баён мекунад (Ибни Сино, Ишорот, ҷ.2, с.292). Дар бораи “Инсони муъаллақ дар фазо”-и Ибни Сино ва мавқеияти шуҳудӣ, ки вай тавсиф мекунад, нукоти чанде шоёни зикр аст, ки зайлан ба бархе аз онҳо пардохта мешавад.

Ҳадафи Ибни Сино дар “Инсони муъаллақ дар фазо” сирфан ироаи як мавқеияти фарзӣ нест, балки вай аз мо мехоҳад, то бо таълиқи марҳила ба марҳила, ба зот ва ҳақиқати худ ноил шавем. Аз ин ҷиҳат метавон равиши Ибни Синоро бо таълиқи чандмарҳилаӣ дар падидоршиносии Ҳессерл (Husserl) муқоиса кард. Бо ин тафовут, ки дар равиши падидоршиносии Ҳуссерл ҳадаф аз таълиқи семарҳилаӣ, расидан ба зоти падидорҳост, дар ҳоле ки дар равиши таълиқи чандмарҳилаии Ибни Сино ҳадаф расидан ба “худ” ё амиқтарин лояҳои ҳақиқати худ аст. Ин мароҳили чандгонаи таълиқ дар фалсафаи Ибни Сино иборатанд аз:

1. Таълиқи бадан ва аъзои моддии он. Дар ин марҳила вай аз ҳар як аз мо мехоҳад то бо таълиқи бадан ва аъзои он (на бо радд ё инкори он) ва парҳез аз ҳар гуна ҳукм дар мавриди он, ба ин ҳақиқат таваҷҷӯҳ кунем, ки он чӣ, ки аз он бо номи “ман” ёд мекунем, на бадан аст ва на аъзои моддии он, балки ҳақиқате аст ғайримоддӣ, ки бо таълиқи ҳар як аз аъзои моддӣ, чӣ зоҳирӣ ва чӣ ботинӣ, камокон нисбат ба худ огоҳ аст. Ба иборати дигар, натиҷаи ин таълиқ интиқол аз олами табиӣ ва моддӣ ба олами огоҳӣ аст;

2. Натиҷаи таълиқи аввал, мувоҷеҳаи мустақим ва бевоситаи инсон бо худ аст. Дар ин ҳолат инсон худро ба гунае меёбад, ки ҳақиқати вуҷудии ӯ ғайр аз бадан ва аъзои бадан аст. Бо ин таълиқ, инсон вориди ҳавзаи огоҳӣ мешавад. Марҳилаи дуввуми таълиқ, таълиқи ҳамаи анвои огоҳиҳои ҷузъӣ ё ба таъбири дигар, таълиқи тамоми мутаъаллақоти огоҳӣ ва расидан ба фоили огоҳӣ аст. Дар ин марҳила бо як огоҳии худогоҳ мувоҷеҳ мешавем. Ин ҳамон марҳилаи “аз худогоҳӣ” аст, ки пеш аз ин аз он бо номи “худогоҳии дараҷаи дуввум” ёд кардем ва ҳамон гуна ки ишора шуд, ин мартиба аз худогоҳӣ танҳо махсуси мавҷудоти муҷаррад аст;

3. Дар марҳилаи баъди вай, бо таъаммули амиқтар ба таълиқи моҳият ва умури моҳувӣ мепардозад, то бо таълиқи моҳият дар ниҳоят ба он чизе бирасем, ки Бӯалӣ аз он ба “инният” ё вуҷуди хосси “худ” ишора мекунад. Дақиқан ҳамин марҳила дар андешаи Ибни Синост, ки муҳимтарин ваҷҳи тамоюзи рӯйкарди вай ба худогоҳӣ бо рӯйкарди декортӣ аст, ки дар бахши баъдии мақола бештар ба он хоҳем пардохт. Дар инҷо Ибни Сино баҳси худогоҳиро дар ду соҳат матраҳ мекунад: соҳати моҳувӣ ва соҳати вуҷудӣ. Ва дақиқан аз ҳамин манзар аст, ки баҳси худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино бо яке аз муҳимтарин мабонии фалсафаи вай яъне тамоюз метофизикӣ байни вуҷуд ва моҳият пайванд меёбад, ки дар фасли оянда ба он хоҳем пардохт.

Идома дорад

Фаслномаи Хирад, Асмо Исҳоқинасаб

Бахши дуввум

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: