Наводирул-вақойеъ (13)

Ба забони имрӯз:

Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (10 ва поёнӣ)

Агар нек бингарӣ, дар сурати салоҳи волидайн низ уқуқ (оққ шудан) собит намешавад. Чаро ки ҷанҷол ва низоъе, ки аҳёнан байни волидайн ва фарзандон меафтад, гоҳе ҳикмат дошта ва ба маслиҳати ҳоли онҳо буда ва ҳамл бар адл ва меҳрубонии Ӯ Таъоло мешавад ва як навъ ҳушдор ба волидайн аст. Зеро, ё ин аст, ки писар бадҷинс бошад ва волидайн солеҳ, ва ё баръакс, волидайн муфсид ва бадҷинс бошанд ва писар солеҳ. Дар ҳар ду сурат, тасаллути бадҷинс бар некӯкор агарчӣ дар зоҳир зулм менумояд, вале дар ботин маҳзи раъфат ва адл аст, зеро:

وَمَا اللَّهُ يُرِيدُ ظُلْمًا لِّلْعِبَادِ

(Худо бар бандагони худ ситам намехоҳад. (Сураи Ғофир, ояти 31))

(Шояд ин иддаъо дар зоҳир аҷибу ғариб намоён шавад, вале бо тавзеҳе, ки Аллома Аҳмади Дониш медиҳад, муродаш равшан хоҳад шуд.)

Тавзеҳ он ки: чун Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло додани фарзандро ба инсон дар зайли бахшидани неъматҳо ба ӯ оварда — он ҷо, ки мефармояд:

وَاللّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنْ أَزْوَاجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةً وَرَزَقَكُم مِّنَ الطَّيِّبَاتِ

(Ва Худо барои шумо аз худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо писарон ва наводагоне ниҳод ва аз чизҳои покиза ба шумо рӯзӣ бахшид… (Сураи Наҳл, ояти 72)) – аз ин рӯ, фарзанд назар ба муфоди ояти мазкур, аз ҷумлаи неъматҳое аст, ки бояд шукрашро баҷой овард. Ҳол, неъмат ниқмат мегардад агар куфрони неъмат бишавад ва он неъмат азоби ҷон мегардад, ба муфоди ояти:

ذَلِكَ بِأَنَّ اللّهَ لَمْ يَكُ مُغَيِّرًا نِّعْمَةً أَنْعَمَهَا عَلَى قَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمْ

(Ин (кайфар) бад-он сабаб аст, ки Худованд неъматеро, ки бар қавме арзонӣ дошта тағйир намедиҳад, магар он ки онон он чиро дар хеш доранд тағйир диҳанд… (Сураи Анфол, ояти 53))

Гоҳе пеш меояд, ки ҳатто волидайни солеҳ бино бар ғафлате, аз ҷодаи мустақими ҳақ мунҳариф мешаванд — масалан ба ҷойи Худо эътимод бар фарзанд мекунанд – дар ин сурат Ҳақ Таъоло ин фарзандро бар онҳо мегуморад ва агарчӣ солеҳ бошад ҳам сифати бад бар замираш ғолиб мегардонад, то ба мухолафати волидайн бархезад, то эшон аз ин хоби ғафлат бедор гашта, ба роҳи савоб (дурустӣ) оянд ва то эътимод ба ғайри Ӯ Таъоло наёранд.

Ва ҳамчунин, фарзанди бадҷинс низ, ки ба далели навҷавонӣ гоҳе офаринандаи худро фаромӯш мекунад ё дар ҷустуҷӯи мураббӣ ва роҳи дин ва растгорӣ камар намебандад ва дар корҳояш ба ҷойи Худо бар волидайн эътимод намуда ва эшонро ба рурубият бармегузинад, Ҳақ Субҳонаҳу ва Таъоло волидайнро бар ӯ мусаллат мекунад, то аз эътиқоди рубубияти онҳо пушаймон шавад ва огаҳ гардад ва бидонад, ки мураббии ҳақиқии ӯ Офаридгори Таъолост, на волидайн, ва ҳофиз ва сарпарасти воқеии ӯ Худованди Субҳонаҳу ва Таъолост, на волидайн. Ва замоне, ки волидайн ба салоҳ оянд ва ба Ҳақ тавба кунанд, ҳамон замон фарзанд (ва ғайри ӯ) мутеъ ва фармонбардор мешаванд. Ва ҳамчунин замоне, ки фарзанд ба роҳи ҳақ равад, ҳамон замон волидайн (ва ғайри эшон) мушфиқ ва мутараҳҳим мегарданд. Ва агар бо ислоҳи як тараф, салоҳи тарафи дигар ба зуҳур нарасад, бидонанд, ки он тараф ҳанӯз ба Ҳақ нагаройидааст ва дар мавриде аз мавориди бандагӣ муқассир аст.

Ва ҳамчунин, дар хусумати зану шавҳар ва ё ғулому хоҷа ва ё ҳамсояе бо ҳамсоя, дар ин ҳама, барои ҳар як аз онҳо ҳушдоре бошад, ки ба роҳи савоб (дурустӣ) оянд ва руҷӯъ ба мабдаи хеш намоянд.

Асосан, иллати вуҷуди одамӣ ба муфоди ояти:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

(Ва ҷинну инсро наёфаридем, ҷуз барои он ки маро бипарастанд. (Сураи Зориёт, ояти 56)) — маҳзи ибодат ва маърифати Кирдугор аст. Ва ибодат ва маърифати Ӯ Таъоло бастагӣ ба илм (огоҳӣ) дорад. Инсон аммо, баъд аз пайдоиш, ҳамин ки чашм боз мекунад, ҳама васоит ва асбоб мебинад ва гумон мекунад, ки ғараз аз зиндагӣ баҳраварӣ ва ба каф овардан ва хӯрдану хобидан аст, чун ки ҳанӯзаш илм ба ҳақиқати амр ба ӯ надодаанд; зеро ки илм бе саъю таваҷҷӯҳ надиҳандаш. Ва ба фарзи таваҷҷӯҳ, агар илм диҳанд, баъд аз панҷоҳ сол бошад ва он ҳам ба сурати мухтасар ва оғушта ба шакку тардид. Ва баъд аз он ки илмаш диҳанд, қуввати амалаш намонда бошад, зеро ки торҳои алоиқ ҳамаи аъзо ва аҷзои дарун ва берунии ӯро гирифта ва печида бошад чун магасе баста ба тори анкабут. Ва тан низ заъифу нотавон гашта бошад.

Хуб, дар ин муддат, ки вай аз Ҳақ ғоиб аст, падару модар бар ӯ мусаллат ва фарзанду зан мухолиф, султону қозӣ ноошно, ҳамсояву ғулом душман, бечора сабаби ин хусуматро надонад. Ва пеши ҳар кӣ равад, бинолад ва гӯяд: “Падарам золим аст, модарам ҷафокор ва фарзандам нофармон ва подшоҳ дар ғазаб ва қозӣ номеҳрубон ва ғулом дузд ва ҳамсоя бадҷинс ва зан нофармон.”

Дар ҳақиқат, ҳамаи ин ғавғо дар ҳаққи ӯ як инзор (ҳушдор) ва илҳом бошад, ки “Эй раҳгумкарда! Ба сӯйи мо ой ва дар иллати вуҷуди худ боре андеша кун, ки мо туро барои чӣ офаридаем?!” Ва агар рӯйи таваҷҷӯҳ ба сӯйи мо орӣ, ҳамаи халқ фармонбардори ту бошад.

Пас, агар мард ба ин ҳушдор ба худ наояд ва роҳи савоб наёбад то марг, ба ҳамин кашмакаш мубтало бошад ва ҷойи осудагӣ надорад, магар дар ҷаҳаннам “Ва хасирад-дунё вал-охира” шавад, ки “Золика ҳувал-хусронул-мубин” (Ин аст зиёни равшан).

Аммо ҳар киро тавфиқ даст диҳад, зудтар ба иллати вуҷуди хеш огоҳӣ ёфта, ба роҳи савоб (дурустӣ) ояд ва бидонад, ки ин ҳама нақшу ранг ва асбоб ва васоит маҳз барои бақои навъи инсон аст. Пас, ногузир аз ҳар чӣ ғайри Ҳақ аст, чашм пӯшида, руҷӯъ ба асли худ кунад ва омезиш ба ҳамнавъон ва зану фарзанд ва ғайра ба қадри зарурат намояд.

* * *

Ва азбаски садои иқоқ (оққ шудан) ва шиқоқ (ҷудо шудан)-и волидайн ҳайбате дар дилҳои авоми халқ дорад (ба далеле, ки собиқан баён кардем), аз ин рӯ ақида доранд, ки Фалонӣ ба сабаби иқоқи волидайн ба ин бало гирифтор шуд ва Фалонӣ ба сабаби вифоқ, ба ин давлат даст ёфт. Ё худ баъзе аз ҷоҳилон ба мубоҳот ва ифтихор мегӯянд: “Мо, ки дуои падару модар дорем, ба ҳамин далел ба ҷоҳу иқтидор расидем”. Ва надонанд, ки давлат ё мусибат аз қисмати раббонӣ ва тақдири осмонист ва ҳар кадоми он ҳазор ҳикмат ва маслиҳат аз хайру шарр нисбат бо соҳибаш дорад. Баъзеро давлат диҳанд ва ба шақоват нишонанд, ва баъзеро мусибат диҳанд ва ба саодат расонанд:

Нест шӯҳратталаб он кас, ки камоле дорад,

Ҳаргиз ангуштнамо бадр набинад чу ҳилол.

* * *

Чустуҷӯ аз баҳри рӯзӣ боиси шармандагист,

З-ин хиҷолат осиё ангушт дорад дар даҳон.

Ва дар сурати мусибат, расидан ба саодат наздиктар аст, ки шояд банда ба роҳи савоб ояд. Аммо дар сурати давлат, расидан ба саодат маҳол бошад. Марди сарватманд бояд дарвешсират бошад ва ихтиёри фақр намояд, зеро фақр дараҷаи камоли авлиё ва муқаррабин аст. Ва ин бе риёзати шоққа ба даст наёяд ва бо вуҷуди давлат ва қудрат, пойбандӣ ба риёзат ва ибодати ҳаққа бисёр баъид бошад, магар ки ҷазбаи Ҳақ ӯро бикашонад. Ва ҳамчунин риояти ҳуқуқи соҳибони ҳақ — ки риояти он чунон ки бояд, душвор аст – дар сурати давлатманд будан маҳол хоҳад буд. Ва низ дар сурати давлат, дурӣ аз гуноҳон ва молро ба маврид сарф кардан, басе душвортар бошад.

Аммо дар мусибат агар шукру сабр ҳамроҳ бошад, саодат нақд бошад, ва агар носабур бошад, мусибат ҳақиқӣ бошад.

Пас, агар давлати фарзанд аз дуои волидайн бошад ва ин фарзанд бадҷинсу муфсид, он дуо дар ҳаққи ӯ дуои бад бошад ва ин фарзанд оққи ҳақиқӣ бошад. Хосса агар ин фарзанд мол дар маъсият харҷ кунад ва савоби он бардавом бар руҳи пурфутуҳи волидайн нозил бошад, ки сабаби вуҷуди чунин шақӣ гаштаанд…

* * *

Дигар, бидон, ки ҳуқуқи волидайн агар ҳам дар нусус ворид наомада бошад, сарфи назар аз он, ҳам ба мароми ҷавонмардӣ ва ҳам ба ин далел, ки Эзид Субҳонаҳу онро дар замири ҳамаи афроди инсонӣ ниҳодааст, собит аст. Ва ҳар касе ба виҷдони худ дармеёбад, ки волидайн касоне ҳастанд, ки итоат аз фармони эшон лозим ва воҷиб бошад, зеро ки сабаби вуҷуду маърифат ва имону исломи фарзанд шудаанд ва боиси илм ва касби ӯ гашта, дар парваридани ӯ аламу ранҷҳо бардоштаанд.

Албатта, дар муқобалаи ин некӯии онҳо, муомилаи хубро лозим мешуморад ва бе ҳеч далеле дар адами ризои онҳо саъй намекунад ва чун мухолифат дар миён ояд, бидонанд, ки дар ин миён сабабе аз тарафайн афтода, бояд, ки тарафайн ба тадоруки он кӯшанд. Ва агар аз тарафи фарзанд аст, волидайн сабру таҳаммул намоянд ва насиҳат фармоянд, ба муқтазои сироти ҳаққа, ва агар аз тарафи волидайн аст, фарзанд низ то тавонад таҳаммул орад, вагарна тавассути касон эълом диҳад, агар амри ноҳақ бошад…

(Аллома Аҳмади Дониш дар идома матолиберо, ки пештар ёдовар шуда буд, боз гӯшзад мекунад, ки дигар ниёзе ба такрори онҳо намебинам. Албатта, дар матни аслӣ ҳама оварда хоҳанд шуд. С.И)

(Поёни фасли аввал)

* * *

Матни аслӣ:

Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо (10 ва поёнӣ)

Балки агар дар ҳақиқат бингарӣ, дар сурати салоҳи абавайн ҳам уқуқ ба субут намерасад, чӣ мухолафат ва низоъ, ки фимобайни абавайн ва авлод меафтад, он ҳам бино бар ҳикмат ва маслиҳати ҳоли онҳо бошад ва он маҳмул бувад бар адл ва меҳрубонии Ӯ Таъоло ва як навъ аз инзор бошад бо абавайн агар писар шарир бувад ва билъакс, агар абавайн муфсид бошанд. Чӣ тасаллути шарир бар борр дар зоҳир зулм намояд ва дар ботин маҳз раъфат бувад ва адл ба муфоди: “Ва маллоҳу юриду зулман лилибод”. Ва чун эътои валадро Ӯ Субҳонаҳу дар зайли имтинони неъмат оварда, он ҷо, ки мефармояд: “Валлоҳу ҷаъала лакум мин анфусикум азвоҷан ва ҷаъала лакум мин азвоҷикум банина ва ҳафадатан ва разақакум минат таййибот”, пас, фарзанд назар ба муфоди оя аз ҷумлаи ниъами воҷибушшукр бошад ва неъмат ниқмат мегардад дар ҷое, ки дар неъмат куфрон оранд, ва он неъмат вабол ва наколи ҷон гардад, ба муфоди ояи: “Золика бинналлоҳа лам яку муғаййиран ниъматан анъамаҳо ало қавмин ҳатто юғаййиру мо би анфусиҳим”.

Пас, вақте ки абавайн бо ҳама салоҳ бино бар ғафлате, аз ҷодаи мустақими ҳаққа мунҳариф шаванд, масалан эътимод бар фарзанд кунанд, Ҳақ Таъоло ин фарзандро бар онҳо гуморад. Ва агарчи солеҳ бувад ҳам, сифати шар бар замираш ғолиб гардонад, то ба мухолафати абавайн бархезад, то эшон мутанаббеҳ гашта, ба роҳи савоб оянд ва то эътимод ба ғайри Ӯ Таъоло наёранд. Ва ҳамчунин валади шарир низ аз ҷиҳати ҳадосати синн офаринандаи худ фаромӯш кунад, ё дар таҳқиқи мураббӣ ва дин ва роҳи фалоҳ тараддуд накунад ва эътимод бар абавайн варзад, балки эшонро хосс ба рурубият гузинад, Ҳақ Субҳонаҳу абавайнро бар ӯ мусаллат кунад, то аз эътиқоди рубубияти онҳо пушаймон шавад ва огаҳ гардад ва бидонад, ки мураббии ҳақиқии ӯ офаридгори Таъолост, на абавайн ва ҳофизу волии ӯ Ӯ Субҳонаҳу аст, на волидайн.

Пас, рӯзе, ки абавайн ба салоҳ оянд ва ба ҳақ инобат кунанд, ҳамон рӯз фарзанд ва ғайри ӯ мутеъ ва мунқод шаванд. Ва ҳамчунин рӯзе, ки фарзанд ба роҳи ҳақ равад, ҳамон рӯз абавайн ва ғайри эшон мушфиқу мутараҳҳим гарданд. Ва агар бо ислоҳи як тараф, дар зоҳир инқиёди тарафи дигар ба зуҳур нарасад, бидонанд, ки он тараф ҳанӯз ба ҳақ нагаройидааст ва дар моддае аз маводди бандагӣ муқассир аст. Ва ҳамчунин хусумати завҷа бо завҷа ва ғулом бо хоҷа ва ҳамсоя бо ҳамсоя ва билъакс, дар ҳаққи тарафи дигар инзор бувад, ки ба роҳи савоб оянд ва руҷӯъ ба мабдаи хеш намоянд.

Ва чун иллати вуҷуд ба муфоди: “Ва мо халақтул ҷинна вал инса илло лияъбудун” маҳзи ибодату маърифати Кирдугор аст ва ин мавқуф ба ободии ҷаҳон, на тамассук ба васоит ва васоил ва тӯли амал ва ғафлати зафт. Ва ибодату маърифати Ӯ Таъоло мавқуф ба илм аст ва тарҳу таҷриди инсон, (аммо инсон) баъд аз вуҷуд чашм фароз мекунад, ҳама васоит ва асбоб мебинад ва гумон мекунад, ки аз зиндагӣ ғараз асбоби танаъум ва ба каф овардан аст ва хӯрдану хобидан, чунки ҳанӯзаш илм ба ҳақиқати кор надодаанд, зеро ки илм бе саъю таваҷҷӯҳ надиҳандаш. Ва ба фарзи таваҷҷӯҳ агар илм диҳанд, баъд аз панҷоҳ сол бошад ва он ҳам алалиҷмол бувад ва оғушта ба шакку тардид бувад, ки камтареро на аксареро, ки агар алалфавр илм ба ҳақиқати кор диҳанд, ҳикмати тамаддуну таовун барҳам хӯрад ва ҷаҳон хароб шавад. Ва баъд аз он ки илмаш диҳанд, қуввати амалаш намонда бувад, зеро ки торҳои алоиқ ҳама аъзо ва аҷзои дарун ва берунии ӯро гирифта ва печида бошад, чун магасе баста ба тори анкабут. Ва тан низ заифу низор гашта ва ҳавосси зоҳир ва ботин ба нуқсону зиён расида. Дар ин муддат, ки вай аз Ҳақ ғоиб аст, падару модар ба ӯ мусаллат ва фарзанду зан мухолиф, султону қозӣ ноошно, ҳамсояву ғулом душман, бечора боиси ин хусуматро надонад ва пеши ҳар кӣ равад, аз абнои ҷинс бинолад ва гӯяд: “Падарам золим аст, модарам ҷафокор ва фарзандам осӣ ва подшоҳ дар ғазаб ва қозӣ номеҳрубон ва ғулом дузд ва ҳамсоя шарир ва зан ношиза!” Дар ҳақиқат ҳамаи ин ғавғо дар ҳаққи ӯ инзор ва илҳом бувад, ки “Эй раҳгумкарда, ба сӯи мо ой ва дар иллати вуҷуди худ боре андеша кун, ки мо туро барои чӣ офаридаем!”. Ва агар рӯи таваҷҷӯҳ ба сӯи мо орӣ, ҳамаи халқ мутеу мунқоди ту бошад. Пас, агар мард ба ин инзор ба ифоқа ва роҳи савоб наёяд то марг, ба ҳамин кашмакаш мубтало бошад ва ҷои осудагӣ надорад, илло дар ҷаҳаннам “Ва хасирад дунё вал охира” шавад “Золика ҳувал хусронул мубин”.

Ва ҳар киро қоиди тавфиқ раҳбарӣ кунад, зудтар ба муқтазои иллати вуҷуд илм ёфта, ба манҳаҷи савоб ояд ва бидонад, ки ин ҳама нақшу ранг ва вазъи асбоб ва васоит маҳз барои бақои навъи инсон аст ва дӯконороӣ барои маротиби изҳор, фалоҷарам аз ҳар чӣ ғайри Ҳақ аст, чашм пӯшида, руҷӯъ ба асли худ кунад ва мухолатат ба абнои ҷинсу зану фарзанд ва ғайра ба қадри зарур фармояд ва ғайри Ӯ Таъолоро дар умури маош ва маод бе дахл донад, то растггорӣ ёбад.

Ва азбаски садои иқоқу шиқоқи абавайн салобате дар дилҳои авоми халқ дорад, бад-он иллат, ки собиқан баён кардем то ин ҷо, ақида доранд, ки фалон ба сабаби иқоқи абавайн бад-ин некбат расид ва фалон ба воситаи нифоқ бад-ин давлат. Ё худ баъзе аз ҷуҳало аз арбоби мукнат ба мубоҳот ва ифтихор гӯянд: Мо худ дуои падару модар дорем, фалоҷарам ба ҷоҳу иқтидор расидем! Ва надонанд, ки давлату некбат аз қисмати раббонӣ ва тақдири осмонист ва ба ҳар кадоми он ҳазор ҳикмат ва маслаҳат аз хайру шар ба нисбат бо банда, ки баъзеро давлат диҳанд ва ба шақоват нишонанд ва баъзеро некбат диҳанд ва ба саодат расонанд:

Нест шӯҳратталаб он кас, ки камоле дорад,

Ҳаргиз ангуштнамо бадр набинад чу ҳилол.

* * *

Чустуҷӯ аз баҳри рӯзӣ боиси шармандагист,

З-ин хиҷолат осиё ангушт дорад дар даҳон.

Ва дар сурати некбат найл ба саодат қарибулвусул аст, ки шояд банда ба роҳи савоб ояд. Аммо дар давлат мумтанеъулвусул валҳусул, ки иломошоаллоҳ. Марди мутамаввил дарвешсират бувад ва ихтиёри фақр намояд ва фақр дараҷаи камоли авлиё ва муқаррабин аст. Ва ин бе риёзати шоққа ба даст наёяд. Ва бо вуҷуди давлат ва қудрат илтизоми риёзат ва ибодати ҳаққа ҳазор марҳала аз мартабаи имконӣ дуртар аст, магар ки ба саодати қавӣ ёварӣ кунад ва ҷазбаи Ҳақ ӯро бардорад. Ва боз мурооти ҳуқуқи арбоби истеҳқоқ, ки риояти он камоҳия наздик ба мумтанеъ аст ва маъад-давла боз аз маосӣ иҷтиноб намудан ва мол ба маврид ва мавқеъ ва масраф харҷ кардан, басе душвор бувад.

Аммо дар некбат агар шукру сабр қарин бувад, саодат нақд бошад ва агар носабур бувад, некбат ҳақиқӣ бувад.

Пас, агар давлати валад аз дуои абавайн бошад ва ин валад (шариру) муфсид бувад, он дуо дар ҳаққи ӯ дуои бад бошад ва ин фарзанд оққи ҳақиқӣ бошад; хосса агар ин валад мол дар маъсият харҷ мекунад ва савобу самари он давом бар руҳи пурфутуҳи абавайн нозил бошад, ки сабаби вуҷуди чунин шақӣ гаштаанд, чи ахлоқи бад дар табиати авлод ғолибан аз луқмаи ҳалоли волидайн таваллуд кунад.

Ва аммо некбати авлод низ махсус ба мухолафат ва исёни абавайн нест, балки аз касофати шарорати зотии фарзанд бошад, ки аз тахлити шубаҳот ва муҳаррамот дар луқма ва нуҳусати авқоти мусоҳабати абавайн ношӣ шуда бошад, ки бад-он восита баъд аз булуғ асари он дар мавлуд зоҳир шавад ва ба корҳои хасис руҷӯъ кунад ва дар хидмати халқ афтад, назми маданию манзилиро, ки агар аз аолист, хидмати вулот ва қузот кунад ва агар аз асофил масолеҳи гулханро мутааҳҳид гардад ва агар авсот саранҷом маҳомми туҷҷор ва асҳоби ҳирфаро мутасаддӣ гардад. Ва бошад, ки аз ғалабаи шарру қаҳр гардан ба хидмати абнои ҷинс наниҳад ва хунию дузду шабрав шавад ва халқро дар озор дорад. Пас, таваҷҷӯҳи нуфус кори ӯро ба идбор ва ифлос орад, ё ба шиканҷаи ҳоким ва асас гирифтор шавад, то дору манор ҳамоғӯш бошад, (ё дар саҳрое бедарак мақтул гардад). Набинӣ, ки таваҷҷӯҳи ҳамсояи солеҳ шавкати ҳамсояи шарирро бишканад ва дуои мазлум панҷаи золимро битобад, қатъи назар аз убуввату нубувват, чи дунёю охират дори мукофот аст. Ашрорро ба идбор дар дунё ҷазо диҳанд, шояд ки ба салоҳ ояд, вагарна дар охират ба мақарраш андозанд. Озорандаи мӯру мор бе сабабе мӯриси идбор аст, чӣ ҷои он ки абнои ҷинс:

Маёзор мору маёзор кас,

Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.

Пас, агар ту нек дарнигарӣ ва тааммуқ кунӣ, ин шарорат низ аз касофати ҳазрати абавайн дар ин валади шариф ба зуҳур расида. Дар ағлаб ба муфоди: “Алваладу сирру абиҳӣ” ҳоли падари бузургвор низ маълум мешавад, ки ин хоҷабаччагони мақбул аз куҷо омадаанд ва ин ахлоқи сутуда аз куҷо омӯхта! Ва савобу самараи ин фарзанди азиз низ ба дунё ва охират ба рӯзгори ин абавайн мулҳақ хоҳад буд.

Пас аз ин ҷо маълум шуд, ки некбат ва идбор аз шумии абавайн ба фарзанд оид мешавад, на аз мухолифати онҳо ва давлат ва иқтидор аз касбу тараддуд ба даст меояд, на аз ризои онҳо.

Агар гӯӣ: Бисёр касон касбу тараддуд мекунанд, ба давлат намерасанд ва ҷуз қути лоямут таҳсилашон намешавад, то ки дастмоя ба зиён медиҳанд ва муфлис берун меоянд. – Гӯем: Агар аз касб ҷуз қадри кафоф наёбад, аз он аст, ки ба ваҷҳи шаръ муомала мекунад ва ба суди андак қонеъ мешавад ва ин далели саодати ӯст. Ва агар фоида ва суд бисёр дорад, гӯем аз шубҳа ва рибо эҳтироз надорад ва ин далел ба шақовати ӯ бувад. Ва агар зиёнкор аст, гӯем, мусриф аст раъси мол ва рибҳ ба ғайри мавқеъ талаф мекунад, вагарна муҳоли оддист, ки кас касб кунад ва аз шубҳа ва рибо эҳтироз нанамояд ва аз исроф ва итлоф маҳзур бошад, дунё ҷамъ нашавад. Оре, агар назир орӣ, ки ин валад ба дуои абавайн мартабаи фақр ва таҷрид ёфт ва аз аҳли ҳидоят ва иршод гашт, мусаллам бошад ва касеро бар он шубҳа ва эътироз нарасад, ки волидайни борр бирри фарзанд истидъо намоянд ва салоҳу рашоди ӯро масъалат кунанд:

Гар сухан аз худ надорӣ, лаб бубанд аз гуфтугӯ,

То ба кай чун хома ронӣ ҳарфи мардум бар забон.

Дигар, бидон, ки ҳуқуқи абавайн агар ҳама ба нусус ворид нашавад, қатъи назар аз он, ҳам ба мазҳаби футувват ва мурувват ва ҳам бад-он илм, ки Эзид Субҳонаҳу дар замири ҳамаи ашхоси инсонӣ ниҳодааст, собит аст. Ва ҳар касе ба виҷдони худ дармеёбад, ки волидайн лозимулитоати валиттибоанд, зеро ки сабаби вуҷуду маърифат ва имону исломи ӯ шудаанд ва боиси нашёни илм ва касби ӯ гашта, дар парваридани ӯ аламу ранҷҳо бардошта.

Албатта, дар муқобалаи ин некӯии онҳо, муҷомаат ва мувосоро лозим шуморад ва бе боисе дар адами ризои онҳо саъй накунад. Ва чун мухолифат дар миён ояд, бидонанд, ки дар ин миён сабабе аз тарафайн афтода, бояд, ки тарафайн ба тадоруки он кӯшанд. Ва агар аз тарафи фарзанд аст, абавайн сабру таҳаммул намоянд ва насиҳат фармоянд ба муқтазои сироти ҳаққа. Ва агар аз тарафи абавайн аст, фарзанд низ то тавонад таҳаммул орад ва илло ба тавассути касон эълом диҳад, агар амри ноҳақ бошад.

Оре, ҳаққи эшон дар бораи валад ранги вуҷуд мегирад. Агар музмину мискин ва заиф бошанд ва аҳли салоҳ, ва илло ҳаққашон ҳаққе бувад мурувватӣ ва одатӣ ва он лозимуладо набувад. Ва агар валад мӯъсир бошад, чунон ки аз мавориди нусус донистӣ, иброи зимма аз ҳаққи мурувватӣ ва одатӣ мӯриси музду савоб мешавад, агар ба масраф ва мавқеъ адо кунанд ва агар ба мавқеъ ва масраф ба кор доранд, хусрону накол бор овард чунон ки шамшер ба ҳамсояи шарир ва нафақа ба модари қаҳба ва итоат бо падари хунӣ масалан, то мӯҷиби фасоди онҳо гардад ва дар он фасод вай шарик бошад ва баъд аз он ки ҳаққи мурувватӣ ба тариқи таъкид собит бошад, аз барои вуҷуби он чӣ лоиқ, ки даъвии иқоқу шиқоқ дар миён ниҳанд ва ин даъвӣ (даъво) бар ботил афтад, на бар ҳақ. Зеро ки он чӣ собит аст, дар субуту исботи он таҳсили ҳосил аст ва ҳар кӣ мукаллаф бувад ва тавонад дар адо ва ибро аз он саъй мекунад ва ҳоҷат ба гуфтану талқин кардан набошад. Масалан, агар касе бо ту муованате кунад, бе хости ту филфавр дар нафси ту қарор гирад, ки бо ӯ эҳсоне кунӣ дар муқобалаи он.

Пас, агар ин шахс гиребонгир шавад ва музд талабад бо он ки аз ғайри амри ту он кор кардааст, ҳаққи худ ба зиён диҳад ва кардаи худ нокарда кунад. Пас, агар дираме доданӣ бошӣ, надиҳӣ ва ба фулусе чанд ӯро аз худ биронӣ ва эҳсони лоиқ нанамоӣ. Инчунин аст ҳоли абавайн, ки бо валад даъвии ҳуқуқ доранд.

Пас, сабили абавайн он бошад, ки то фарзанд дар иёли эшон аст, ӯро тарбият мекунанд ва баъд аз рушд чун касбу илм омӯхтанд, занаш бидиҳанд. Он гоҳ абавайн ӯро яке аз бародари муслимин фарз кунанд ва салоҳу фасоди ҳоли ӯро ба Худованди ӯ муфавваз доранд. Ва агар ин фарзанд бар онҳо эҳсоне кунад, аз ӯст. Ва агар исёне кунад ҳам, бар ӯ. Ва фарзанд низ дар он чӣ мувофиқи шаръ ва ақл ва мурувват ва итоату инқиёд меёрад ва он чӣ мухолиф бошад ба “ҳову ҳала” мувосо кунад, на салбе, ки онҳо биранҷанд, на эҷобе, ки худ ба маҳлака афтад: “Вабтағо байна золика сабилан”.

Дигар, бидон, ки то шахс бо офаридгори худ мутеъ бувад ва аз ӯ хоиф бошад, ҳеҷ зану фарзанд ва ғайраҳум ба мухолифати ӯ барнахезанд ва ҳама мусаххару мутеъ ва мунқод бошанд.

Пас, нолидани абавайн аз валад ва валад аз аб, ё аз дигаре, эътироф бувад бо бадии хештан, ки чаро аз ибодат ва тоати Ӯ Таъоло сар боззаданд, то Ӯ Таъоло, дигареро бар онҳо мусаллат нанамудӣ ва ҳамаро бар эшон мусаххар намудӣ:

Қитъа:

Гар газандат расад зи халқ маранҷ,

Ки на роҳат расад зи халқ на ранҷ.

Аз Худо дон хилофи душману дӯст,

Ки дили ҳар ду дар тасарруфи Ӯст.

Ин миқдор калимоти баланд ва нукоти арҷманд басанда бувад касеро, ки худро корфармо бувад, то ба зану фарзанд дил набандад ва такя бар ғайри Ӯ Таъоло накунад ва чашми таваққӯъ аз аб ва валад бардӯзад ва Ӯ Субҳонаҳуро мураббӣ ва муъини худ шиносад, то Ӯ Таъоло, ҳам ӯро ба сабаби мӯътамадун алайҳ хору забун нагардонад: “Ҳозо мо алламанӣ алъалиму вал хабиру вал ҳамду ало золик”.

Моҳасал аз муфоди ин рисола он ки ҳуқуқи абавайн ранги вуҷуб мегирад, агар музмину мискин бошанд ва аҳли салоҳ. Ва илло ҳуқуқи эшон мурувватӣ ва одатӣ бошад ва уқуқи эшон дар сурати салоҳ вуқӯъ мегирад, на дар ҳайати фасод, ки агар ҳуқуқи эшонро мутлақ донанд, дар бисёр мавоқеъ мухолифи китоб ва суннатро илтизом кунанд ва иртикоби чандин манҳиётро мубоҳ шумуранд: “Ҳозо хулфун”.

(Поёни фасли аввал)

* * *

Қисматҳои дигари “Наводирул-вақойеъ”



Рубрики:Забон ва адабиёт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: