Худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино (2)

Асмо Исҳоқинасаб

Бахши дуввум

Нисбати “худогоҳӣ” бо мабонии метофизикӣ дар фалсафаи Ибни Сино

Метофизики Ибни Сино мубтанӣ бар бархе усули асосӣ ва бунёдин аст, ки ҳамин усул ва мабодӣ ҳастишиносии вайро аз фалосифаи пешин ҷудо карда ва ба он ҳувияти хоссе мебахшад. Бе шак, яке аз бунёдитарин усул, ки бисёре аз усули дигари фалсафаи вай мубтанӣ бар он аст, тамоюзи метофизикӣ байни “вуҷуд” ва “моҳият” аст.

Ҳарчанд дар ин ки оё ин асл аз навофариниҳои Ибни Синост ва ё бояд решаҳои онро дар андешаи фалосифаи пешин ҷустуҷӯ кард, байни соҳибназарон ихтилоф аст, аммо дар истифодаи Ибни Сино аз ин асл ба унвони яке аз мабонии аслии ҳастишиносӣ тардиде нест. Барои ин ки равшан шавад манзури Ибни Сино аз тамоюзи метофизикӣ байни “вуҷуд” ва “моҳият” чист, лозим аст ба ихтисор дар ин бора тавзеҳе дода шавад.

Дар мувоҷеҳа бо шайъи хориҷӣ ду мафҳум аз он баргирифта мешавад: мафҳуми чистӣ ва мафҳуми ҳастӣ. Дар ин ки байни ин ду тамоюзи мафҳумӣ вуҷуд дорад, аксари фалосифа иттифоқи назар доранд ва танҳо бархе аз мутакаллимин ихтилофи мафҳумии “вуҷуд” ва “моҳият”-ро рад карда ва гуфтаанд, ки вуҷуд дар мавриди ҳар моҳияте ба маънои ҳамон моҳият аст. Аз ин тамоюзи мафҳумӣ байни “вуҷуд” ва “моҳият” дар мутуни фалсафӣ, ба тамоюзи мантиқии “вуҷуд” ва “моҳият” низ ёд мешавад, ки фалосифаи пешин аз ҷумла Арасту ба он бовар доштанд.

Аммо навъи дигаре аз тамоюз байни “вуҷуд” ва “моҳият” мутасаввар аст, ки маъмулан аз он ба тамоюзи воқеӣ ё метофизикӣ байни вуҷуд ва моҳият таъбир мешавад. Бар асоси ин наҳва аз тамоюз, моҳият ва вуҷуд на танҳо дар мақоми зеҳн ва ба лиҳози мафҳум, аз якдигар мутамойизанд, балки дар мақоми воқеъ низ ишора ба ду ҷанба ё ҳайсияти мутафовит аз шайъи айнӣ доранд. Бархеҳо решаи ин тамоюзро то худи Арасту пеш мебаранд ва бархе дигар решаи онро дар андешаҳои Флутин ва навафлотуниён ва бархеҳо низ дар тамоюз байни шайъият ва мавҷудият дар андешаҳои мутакаллимони исломӣ ҷустуҷӯ мекунанд.

Решаи ин баҳс дар ҳар ҷо бошад, ин амр мусаллам аст, ки аввалин бор фалосифаи исломӣ ва ба таври хосс Ибни Сино ин навъ аз тамоюзро ба унвони яке аз мабонии мусаллами фалсафӣ вориди фалсафаи худ намуд ва кулли фалсафаи худро бар он бино ниҳод. Изутсу (Izutsu), файласуфи жопунӣ, бар ин бовар аст, ки тамоюзи метофизикии вуҷуд ва моҳият аввалин бор ба дасти фалосифаи исломӣ кашф шуд. (Изутсу, Бунёди ҳикмати Сабзаворӣ, с.52)

Бертулочи (Bertolacci), яке аз Синопажӯҳони муосир, бо таъкид бар аҳаммияти тамоюзи воқеӣ байни вуҷуд ва моҳият дар фалсафаи исломӣ, аз Ибни Сино ба унвони аввалин касе ёд мекунад, ки аз ин тамоюз ба унвони яке аз мабонии фалсафии худ истифода карда ва аз ин раҳгузар фалсафаи арастуиро мутаҳаввил месозад (Bertolacci, Amos, Islamic Philosophy, Science, Culture and Religion, Boston: Brill Publication: 257-288)

Вишновский (Wisnovsky) низ ба унвони яке дигар аз Синопажӯҳони муосир, дар фасле аз китоби худ таҳти унвони “Метофизики Ибни Сино” бар ин нукта таъкид мекунад, ки тамоюзи воқеӣ ё метофизикӣ байни вуҷуд ва моҳият, дар ҳақиқат сангбинои метофизики синавӣ аст, ҳарчанд ки вай талош мекунад, то решаҳои ин тамоюзро дар андешаи муфассирони навафлотунии осори Арасту ҷустуҷӯ кунад. (Wisnovsky, Robert, Avicenna’s Metaphysics in Context, New York: Cornell University Press: 161-173)

Барои табйини ин маъно аз тамоюз ва тафовути он бо тамоюзи мафҳумӣ байни вуҷуд ва моҳият, бояд гуфт: Дар фалсафаи Арасту, дар мақоми воқеъ ва хориҷ аз олами зеҳн, вуҷуд ҳамон ҷавҳар аст ва араз низ аз тавобеи ҷавҳар аст. Арасту дар ҷойе аз китоби “Метофизик” дар боби аҳаммияти пурсиш аз мавҷуд чунин мегӯяд: “Дар воқеъ он чӣ аз дербоз ва акнун ва ҳамеша ҷустуҷӯ шуда (ва хоҳад шуд) ва ҳамеша мояи ҳайрат аст, ин аст, ки мавҷуд (on) чист?” Ва сипас билофосила идома медиҳад, ки: “Ин ба он маъност, ки ҷавҳар чист?” (Aristotle, Complete Works, 2 Vols, The Revised Oxford Translation, Ed. Jonathan Barnes, Princeton University Press, v2, 1028b4) Аз ин рӯ дар фалсафаи вай, дар мақоми воқеъ, байни мавҷудият ва ҷавҳарият навъе баробарӣ барқарор аст. Вай дар ҷойи дигар дар таъйиди ин маъно чунин мегӯяд: “Дар байни маъонии мухталифи ҳастӣ, нахустини онҳо ҳамон он чӣ ҳаст, яъне ҷавҳар, аст”. (Ibid, 1028a13)

Этен Жилсун (Étienne Gilson) дар китоби “Ҳастӣ дар андешаи файласуфон” дар тафсири ин ҳарфи Арасту чунин мегӯяд: “Ба дигар сухан, (дар фалсафаи Арасту) ҳасти шайъ ҳамон чисти шайъ аст ва на ин воқеият, ки вуҷуд дорад. Балки он чизе, ки шайъ он аст ва сабаб мешавад, ки шайъ ҷавҳар бошад”. (Жилсун, Ҳастӣ дар андешаи файласуфон, с.109). Вай дар идома чунин мегӯяд: “Хулоса он ки: (дар фалсафаи Арасту) чистии шайъ ҳамон ҳастии он аст”. (Ҳамон манбаъ, с.110)

Дар ҳақиқат Арасту бо нигоҳе моҳувӣ ба ашёъ, мавҷудотро ба ҷавҳар ва араз тақсим мекунад ва бар ин асос, тамоми таҳлилҳое, ки аз ашёи хориҷӣ ироа медиҳад, ҳамагӣ таҳлилҳои моҳувӣ ҳастанд. Ба ҳамин далел, дар фалсафаи арастуӣ моҳият меҳвари мабоҳиси фалсафӣ аст ва аз ҳамин ҷост, ки баҳси мақулот дар фалсафаи арастуӣ сутуни аслии таҳлили вай аз воқеият аст.

Аз диди Арасту, ҷаҳон ҳам азалӣ аст ва ҳам зарурӣ. Ба ҳамин далел, Худои арастуӣ дар ҳадди “муҳаррики номутаҳаррик” боқӣ мемонад. Жон Вол (Jean Wahl) дар боби Худои арастуӣ чунин мегӯяд: “Он Худо ғоятест мутаъолӣ, ки олам ба сӯйи ӯ гаройиш ва шавқ дорад ва оламро бо хайри аъло ва феъли аълои худ ба ҷунбиш дармеоварад”. (Жон Вол, Баҳс дар мобаъдуттабиа, с.777)

Аз назари Ибни Сино, аз онҷо, ки маншаи гирифтани ин ду мафҳум, дар худи шайъи хориҷӣ аст, аз ин рӯ боисте решаи ин тамоюзро дар худи воқеияти айнӣ ҷустуҷӯ кард. Дар ҳақиқат, аз диди ӯ, ҳарчанд шайъи хориҷӣ як ҳақиқати воҳид аст, аммо ин ҳақиқати воҳид дорои ду ҷанба ё ҳайсият аст, ки аз як ҳайс маншаи гирифтани мафҳуми “вуҷуд” ва аз ҳайси дигар маншаи гирифтани мафҳуми “моҳият” аз он қарор мегирад. Ва аз он ҷо, ки ин ҳайсиятҳо нозир ба шайъи воҳиди айнӣ ҳастанд, ки танҳо бо таҳлили ақлӣ метавон ба онҳо расид.

Бӯалӣ дар китоби “Ишорот” бо атфи таваҷҷӯҳ ба ин ҷанба аз воқеияти айнӣ чунин мегӯяд: “Шайъ гоҳе маълул аст ба эътибори моҳият ва ҳақиқаташ, ва гоҳе маълул аст ба эътибори вуҷудаш”. (Ибни Сино, Ишорот, ҷ.3, с.11). Вай дар ҷойи дигаре, бо тамоюз байни муқаввимоти шайъ (яъне, он чӣ як шайъ ба он чизҳо шайъ аст) ё ҳамон моҳияти шайъ ва лавозими берунии ашёъ, вуҷудро на аз муқаввимоти ашё, балки аз ҷумлаи лавозими берунӣ медонад. (Ибни Сино, Мантиҷул-машриқийин, с.18)

Аз назари Ибни Сино, ин ду ҳайс лояҳое аз воқеият ҳастанд, ки ақл дар таҳлили худ ба онҳо мерасад. Аз ин рӯ, дар фалсафаи вай, аз ду даста аз мафоҳим барои таҳлили воқеият истифода мешавад, ки ин ду даста иборатанд аз: мафоҳими моҳувӣ ва маъқулоти сония. Мафоҳими моҳувӣ нозир ба ҳайси моҳувии ашёъ ва маъқулоти сония нозир ба ҳайси вуҷуди ашёъ ҳастанд. Аз ин рӯ, мо дар фалсафаи Ибни Сино бо ду сатҳ аз таҳлили воқеият мувоҷеҳ мешавем: яке, сатҳи таҳлили моҳувӣ, ки дар ин сатҳ Ибни Сино аз бисёре аз дастовардҳои фалсафаи арастуӣ аз ҷумла назарияи мақулоти вай истифода мекунад, ва дигаре сатҳи таҳлили вуҷудӣ, ки дар ин сатҳ бо атфи таваҷҷӯҳ ба вуҷуди ашёъ, бар ин нукта таъкид мекунад, ки зот – аз он назар, ки зот аст — далели вуҷуди худашро дарбар надорад ва бинобар ин барои мавҷуд шудан эҳтиёҷ ба иллати берунӣ дорад.

Дар ҳақиқат таҳлили вуҷудии ашёъ, дар ниҳоят Ибни Синоро ба иллати эҷоди ашёъ мерасонад ва аз ҳайси вуҷудӣ ашёъро ниёзманд ба иллате берунӣ медонад. (Ибни Сино, Ишорот, ҷ.3, с.11) Дар натиҷаи ҳамин таҳлили вуҷудии ашёъ аст, ки Ибни Сино мавҷудро ба “воҷиб” ва “мумкин” тақсим мекунад; тақсиме, ки ба ҳеч ваҷҳ дар фалсафаи арастуӣ дида намешавад. Аз назари вай, “имкон” лозимаи моҳият аст ва ҳар он чӣ, ки моҳияте ба ғайр аз вуҷуд дорад, вуҷуд аз лавозими берунии он буда ва барои мавҷудият эҳтиёҷ ба иллати берунӣ дорад.

Бар ин асос, дар мавриди Ҳақ Таъоло наметавон моҳияте ба ғайр аз вуҷуди ӯ дар назар гирифт ва танҳо метавон гуфт, ки моҳияти Ҳақ ҳамон “иннияти” ӯст. Ва Ҳақ Таъоло моҳияте ба ғайр аз “иннияташ” надорад. (Ибни Сино, Илоҳиёти Шифо, с.344)

Бинобар ин, дар ҷойе, ки Арасту дар посух ба ин суол, ки мавҷуд чист?, мегӯяд, ин ба он маъност, ки ҷавҳар чист ва мавҷудиятро баробар бо ҷавҳарият медонад ва Худоро низ дохил дар мақулаи ҷавҳар қарор медиҳад, Ибни Сино аммо бо нақди айнияти ҷавҳарият ва мавҷудият, итлоқи ҷавҳар бар Худоро ҷоиз намедонад. (Ибни Сино, Ишорот, ҷ.3, с.64)

Албатта, тамоюзи метофизикии “вуҷуд” ва “моҳият” дар фалсафаи Ибни Сино лавозим ва натоиҷи дигареро низ ба дунбол дорад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба тафсири вай аз иллият, баҳси ҷаъл, баҳси ҳаракат ва ғайра ишора кард. Ба таври хулоса метавон гуфт, ин баҳс дар фалсафаи Ибни Сино ба қадре мабноӣ аст, ки дар бисёре аз мабоҳис худро намоён месозад.

Инният; ҳалқаи иртиботи мабонии метофизикӣ ва “худогоҳӣ” дар фалсафаи Ибни Сино

Ибни Сино дар ҳавзаи худогоҳӣ тамоюзи метофизикӣ байни вуҷуд ва моҳиятро лиҳоз карда ва онро бо тамоюз байни моҳият ва иннияти “худ” нишон медиҳад. Ба иборати дигар, Ибни Сино пас аз таълиқи аввал, яъне таълиқи бадан ва аъзои баданӣ ва вуруд ба соҳати огоҳӣ ва таълиқи мутаъаллақоти огоҳӣ ва расидан ба худогоҳӣ дар як таълиқи севвум, ки мо онро “таълиқи метофизикӣ” меномем, бо таълиқи моҳияти “худ” ба чизе мерасад, ки аз он ба инният ё вуҷуди хосси “худ” таъбир мекунад. Ба манзури табйини беҳтари баҳси худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино ва нисбати он бо мабонии фалсафии вай, боисте каме дар бораи маънои инният ва нисбати он бо моҳият ва истифодае, ки Ибни Сино аз он дар баҳси худогоҳӣ дорад, таъаммул дошта бошем.

Истеъмоли вожаи “инният” торихчаи нисбатан тӯлонӣ дар осори фалосифа ва мутафаккирони исломӣ дорад. Аввалин мавориди сабтшудаи истеъмоли он дар мабоҳиси каломӣ-фалсафӣ дар мунозироти ба ёдгормонда аз Имом Содиқ дида мешавад. Пас аз он, ин вожаро Ибни Ноъимаи Ҳимсӣ ба унвони истилоҳе фалсафӣ дар тарҷумаи бахше аз осори Флутин, яъне ҳамон “Усулуҷиё”, ки дар он замон ба иштибоҳ ба Арасту нисбат дода шуда буд, ба кор бурд.

Фридрик Дитриш (Friedrich Dietrich), ки китоби “Усулуҷиё”-ро аз арабӣ ба олмонӣ тарҷума кардааст, вожаи “инният”-ро ба маънои зот мегирад (Alavishah, Ahmed, Avicenna’s Philosophy of Mind, Under the Supervision of Michael Cooperson, Los Angeles: University of California. 37). Аммо набояд фаромӯш кард, ки манзур аз ин зот яъне “чизе, ки ҳақиқати шайъ ба он аст” мебошад. Далолатҳои ошкоре дар худи ин асар вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, манзур аз инният дар он, чизе ғайр аз моҳият ва дар муқобили он аст.

Кендӣ, ки тарҷумаи “Усулуҷиё” ба арабӣ таҳти назорати вай анҷом шуда буд, аввалин касе аст, ки сареҳан вожаи “инният”-ро ба маънои вуҷуд ба кор мебарад. Дар рисолаи “Фалсафаи уло” вай чунин мегӯяд: “Иллати вуҷуди ҳар шайъ ва саботи он ҳақ аст, зеро ҳар он чӣ, ки инният (вуҷуд) дорад, ҳақиқате низ дорад”. (с.26) Форобӣ дар китоби “Ҳуруф”-и худ дар бораи истеъмоли лафзи “инният” чунин мегӯяд:

ربما سمّي وجود الشيء إنّيّته، ويسمّى ذات الشيء إنّيّته، وكذلك أيضا جوهر الشيء يسمّى إنّيّته

Чӣ басо вуҷуди шайъ иннияти он номида шуда ва зоти шайъ иннияти он номида мешавад, ва ҳамчунин ҷавҳари шайъ иннияти он номида мешавад”. (Форобӣ, Алалфозул-мустаъмала фил-мантиқ)

Аз он чӣ гуфта шуд, ба назар мерасад, вожаи “инният” пеш аз Ибни Сино ба маъонии мутаъаддиде истеъмол шуда, ки аз он ҷумла метавон ба зот, вуҷуд ва ҷавҳари як шайъ ишора кард. Ҳарчанд дар мавриди пешинаи вожаи “инният” ва сайри таҳаввули истеъмоли он дар ҷаҳони ислом, таҳқиқоти бештаре лозим аст, аммо он чӣ мусаллам аст ин аст, ки Ибни Сино вожаи “инният”-ро ба маънои “вуҷуди хосси шайъ” ва дар муқобили “моҳият” ба кор мебарад. Ин мавзӯест, ки дар идома бо руҷӯъ ба осори худи Ибни Сино онро исбот хоҳем кард. Аз ин рӯ ҳатто агар дар пешинаи вожаи “инният” ва сайри таҳаввули он ҷойи шакку шубҳае вуҷуд дошта бошад, дар баҳси ҳозир халале эҷод нахоҳад кард.

Ибни Сино дар мантиқи “Шифо” дар мадхал (Исоғуҷӣ) дар тақсими анвои алфози куллӣ ва наҳваи далолати онҳо чунин мегӯяд: “Лафзи муфради куллӣ ё зотӣ аст ва ё аразӣ ва зотии шайъ ё далолат бар моҳияти шайъ дорад ва ё далолат бар моҳияти шайъ надорад”. (Ибни Сино, Мантиқи Шифо, мадхал, с.41). Аммо он лафзи зотӣ, ки далолат бар моҳияти шайъе, ки барои он ба унвони зотӣ эътибор шуда надошта бошад, далолат бар “инният” дорад. Пас ҳар зотие, ки ба ҳеч ваҷҳ далолат бар моҳияти шайъ надошта бошад, пас он амри зотӣ долл бар “инният” аст. (Ҳамон, с.42)

Вай дар идома, ба ин нукта ишора мекунад, ки манзури мо аз долл бар “инният” он лафзе аст, ки сирфан бар “инният” далолат дорад ва на бар моҳияти шайъ, ки ҳамон маънои муқаввими муштарак ё мухтасс аст, балки маънои муқаввиме аст, ки долл бар ашёи мутафовит набуда, балки мухтасс (ба як шайъи воҳид) аст. (Ҳамон, с.45) Вай барои ин навъи лафз, яъне лафзе, ки долл бар “инният” аст, мисоли лафзи хуршедро меоварад, албатта агар манзури мо аз хуршед ҳамон амри хоссе бошад, ки ба он ишора дорем. (Ҳамон, с.41)

Аз он чӣ гуфта шуд, мушаххас мешавад, ки Ибни Сино “инният”-ро дар муқобили моҳият қарор медиҳад; ба ин маъно, ки “инният” далолат бар вуҷуди хосси шайъ дорад, дар ҳоле ки моҳият маънои муқаввими муштарак байни гурӯҳе аз ашёъ аст.

Далели дигаре, ки муайиди ин муддаъост ин аст, ки вай дар мавриди воҷибулвуҷуд, моҳияти Ҳақро айни “инният”-и он медонад. Ва аз ин баён дақиқан равшан аст, ки манзури вай аз “инният” вуҷуди хосси шайъ аст.

Ибни Сино дар ҷойи дигар дар китоби Бурҳони Шифо мегӯяд: “Ҳадди шайъ дорои ду ҷиҳат аст; ҷиҳати моҳият ва ҷиҳати инният”, ва сипас тамомияти ҳадди шайъ аз ҷиҳати моҳияти онро вобаста ба муқаввимоти моҳувии дохилии он ва тамомияти ҳадди шайъ аз ҷиҳати иннияти онро вобаста ба илали хориҷии он медонад. (Ибни Сино, Бурҳони Шифо, с.301)

Пас аз баёни ин муқаддамот бо бозгашт ба баҳси “худогоҳӣ”, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Ибни Сино бо таваҷҷӯҳ ба мабонии метофизикӣ, зимни тамоюзи ду ҷанбаи вуҷудӣ ва моҳувӣ дар зоти мудрик, ба ин ҳақиқат ишора мекунад, ки дар амиқтарин лояи худогоҳӣ, он чӣ, ки мутаъаллақи идроки бевосита воқеъ мешавад, вуҷуди хосси шайъ ё ҳамон иннияти он аст. Вай дар баҳси худогоҳӣ зимни таълиқи бадан ва аҷзоъ ва аъзои баданӣ, моро мутаваҷҷеҳи ин амр мекунад, ки он чӣ дар идроки зот муқаддам бар идроки бадан ва қувваҳои баданӣ аст, идроки “инният” аст: “Огоҳии ман аз иннияти худам, муқаддам бар огоҳии ман аз вуҷуди қалб, мағз ва дигар аъзои ман аст”. (Ибни Сино, Мубоҳасот, с.59)

Вай дар китоби “Ишорот” бар ин нукта таъкид мекунад, ки он чӣ, ки бевосита мутаъаллақи идроки ман воқеъ мешавад, инният аст:

Агар фарз кунӣ зоти худро он гуна ки халқ шудааст барои аввалин бор бо ақл ва бадане солим дар ҳоле ки дар вазъе қарор дорад, ки аҷзои баданашро намебинад ва ҳеч як аз ин аъзоъ бо якдигар тамос надоранд, балки ин зот муъаллақ аст дар фазо дар лаҳзае, дархоҳӣ ёфт, ки ӯ чизеро дарк намекунад, магар субути иннияти худро”. (Ибни Сино, Ишорот, ҷ.2, с.292)

Ибни Сино дар ин фароз аз китоби “Ишорот” дақиқан бар ин нукта таъкид мекунад, ки он чӣ дар идроки зот мутаъаллақи идрок воқеъ мешавад, дар ниҳоят инният ё вуҷуди хосси мавҷуди мудрик аст. Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ, ки пеш аз ин гуфта шуд, ки дар фалсафаи Ибни Сино инният дар муқобили моҳият қарор мегирад, Ибни Сино дар баҳси худогоҳӣ моро вориди соҳате аз худогоҳӣ мекунад, ки ин соҳат ҳамон соҳати “вуҷудогоҳӣ” аст.

Бо таъкид бар тамоюзи инният ва моҳият ва сипас зикри ин нукта, ки дар охирин марҳилаи таълиқ, он чӣ ниҳоятан мутаъаллақи идроки бевоситаи мо воқеъ мешавад, ҳамон вуҷуди хосс ё инният аст, мо бори дигар дар баҳси худогоҳӣ бо тамоюзи метофизикии вуҷуд ва моҳият, ки яке аз бунёдитарин усули метофизики синавӣ аст мувоҷеҳ мешавем. Дар ин ҷост, ки метофизики Ибни Сино бо баҳси худогоҳии вай пайванди амиқ меёбад.

Дар ҳақиқат метавон гуфт, бо тамоюз байни ду ҷанба дар зоти мудрик яъне ҷанбаи вуҷудӣ ва ҷанбаи моҳувӣ аз як тараф баҳси худогоҳӣ иртиботи амиқе бо мабонии метофизикии фалсафаи Ибни Сино пайдо мекунад ва аз тарафи дигар роҳ барои таҳлилҳои ҷадиде аз худогоҳӣ боз мешавад; таҳлилҳое, ки мустақиман мутаваҷҷеҳи ҷанбаи вуҷуди зоти мудрик аст.

Ба унвони як намуна аз ин таҳлилҳо метавон ба ин нукта ишора кард, ки Ибни Сино бо тамоюзи ҷанбаи вуҷудӣ аз ҷанбаи моҳувӣ, шайъи мумкинро аз ҷанбаи вуҷудии худ вобаста ба илали вуҷудбахши берунӣ ва дар раъси онҳо воҷибулвуҷуд медонад. Ҳол, бо атфи таваҷҷӯҳ ба ҷанбаи вуҷудӣ ё ҳамон иннияти зоти мудрик, ба ин нукта мерасем, ки зоти мудрик алорағми дарки бевосита аз иннияти худ, ҳамвора дар ҳамин идрок вобаста ба иллати берунӣ аст. Зеро он чӣ, ки мутаъаллақи идроки бевоситаи зот воқеъ мешавад, инният аст ва ин инният ҳамон вуҷуди хосси мудрики вобаста ба илали берунӣ аст. Аз ин рӯ зоти мудрик дар идроки бевосита аз худ низ ниёзманди илали берунӣ аст.

Албатта на ба ин маъно, ки илали берунӣ, восита дар идроки зот ҳастанд, балки манзур ин аст, ки инният ё ҳамон вуҷуди мудрик, ки ҳам мудрик аст ва ҳам мудрак, дар ҳамин вуҷуд ё иннияти худ вобаста ба иллати вуҷудбахши берунӣ аст. Дар ин ҷо бори дигар зикри ин фароз аз иборати Ибни Сино лозим аст, ки: “Ҳадди шайъ дорои ду ҷиҳат аст: ҷиҳати моҳият ва ҷиҳати инният, ва тамомияти ҳадди шайъ аз ҷиҳати моҳият вобаста ба муқаввимоти моҳувии дохилӣ ва тамомияти ҳадди шайъ аз ҷиҳати инният, вобаста ба илали хориҷӣ аст”.

* * *

Дар ниҳоят бо атфи таваҷҷӯҳ ба ин ду ҷанба аз зоти мудрик дар фалсафаи Ибни Сино, ба арзёбии назари Синопажӯҳони муосир дар боби қаробати инсони муъаллақ дар фазои Ибни Сино ва Cogito-и Декорт мепардозем.

Ҳамон гуна ки пеш аз ин ишора шуд, бархе аз муҳаққиқони муосир бар ин боваранд, ки Декорт дар фалсафаи худ таҳти таъсири “Инсони муъаллақ дар фазои Ибни Сино” аст. Яке аз Синопажӯҳони муосир дар боби робита байни “Инсони муъаллақ дар фазои Ибни Сино” ва Cogito-и Декорт чунин мегӯяд:

“Агарчи исботи робитаи торихӣ байни “Инсони муъаллақ дар фазои Ибни Сино” ва Cogito-и Декорт мушкил аст, аммо бо ин вуҷуд исботи он ғайримумкин нест. Ба ҳар ҳол, шабоҳат байни ин ду, амрест, ки мавриди таваҷҷӯҳи бисёре аз муҳаққиқин қарор гирифтааст”. (Kaukua, Avicenna on Subjectivity a Philosophical Study, University of Jyvaskyla: 71). Дар байни муҳаққиқони эронӣ низ бархе бар ин мавзӯъ сиҳҳа гузошта ва дар мақолоти худ саъй дар исботи робита байни ин ду доштаанд.

Ҳарчанд мо мепазирем, ки бешак байни “Инсони муъаллақ дар фазои Ибни Сино” ва к Cogito-и Декорт шабоҳатҳои бисёре вуҷуд дорад, аммо ироаи тафсири декортӣ аз Ибни Сино ва таъкиди беш аз ҳадд бар рӯйи шабоҳатҳо бидуни таваҷҷӯҳ ба усул ва мабонии мутафовити ин ду файласуф, ба дур аз равияи таҳқиқи илмӣ аст. Зеро бино бар он чӣ гуфта шуд, баҳси худогоҳӣ ва он чӣ Ибни Сино дар “Инсони муъаллақ дар фазо” фарорӯйи мо қарор медиҳад, дар иртиботи танготанг бо мабонии метофизикии вай қарор дорад ва аз ин манзар вай дар баҳси худогоҳӣ моро ба соҳате аз “худ” раҳнамун мешавад, ки ин соҳат ҳамон соҳати вуҷуд ё инният аст; дар ҳоле ки Декорт дар баҳси худогоҳӣ ба далели адами таваҷҷӯҳ ба ин мабнои метофизикӣ натавонистааст байн ду соҳати вуҷуд ва моҳият дар зоти мудрик тамоюз қоил шуда ва аз ин рӯ натавонистааст ба соҳати вуҷуд ё иннияти нафс по гузорад.

Аз тарафи дигар, ҳамон гуна ки ишора шуд, инният ё вуҷуд аз диди Ибни Сино ҳайсияти изофаи мавҷудот ба фоили берунӣ аст, аз ин рӯ дар фалсафаи Ибни Сино зот ё ҳамон ҷавҳари худандеш дар вуҷуди худ ва дар ин андеша ба худ, ниёзманди иллати берунӣ аст ва аз нигоҳи вуҷудӣ наметавон сарфи назар аз он иллати берунӣ, ба он ҳеч ҳувияти мустақил ва ҳеч феъли мустақиллеро нисбат дод. Аз ин назар, дар фалсафаи Ибни Сино “худогоҳӣ” ва “Худоогоҳӣ” ду рӯйи як ҳақиқати воҳиданд, дар ҳоле ки дар фалсафаи Декорт Худоогоҳӣ фаръ бар худогоҳӣ аст. Ба ҳамин далел аст, ки фалсафаи Декорт дар ниҳоят ба навъе умонизм меанҷомад, дар ҳоле ки фалсафаи Ибни Сино ба ҳеч ваҷҳ рангу бӯйи умонистӣ ба худ намегирад.

Поёни мақола

Фаслномаи Хирад, Асмо Исҳоқинасаб

Бахши аввал



Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , ,

1 reply

  1. худогохи ва худшиноси калимахое мазмуни як надоронд

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: