Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (42) – Паёмбарон, китобҳои осмонӣ, фариштагон

Матни китоб:

ونقول: إنّ الله اتخذ إبراهيم خليلا، وكلّم الله موسى تكليما، ايمانا وتصديقا وتسليما، ونؤمن بالملائكة والنبيين، والكتب المنزلة على المرسلين، ونشهد أنهم كانوا على الحقّ المبين

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (р) гӯяд:) Мо аз рӯйи имон ва тасдиқ ва таслими комил бовар дорем, ки Худованди Мутаъол Иброҳимро дӯсти хосси худ гирифта ва бо Мӯсо сухан гуфтааст.

Ва ба фариштагон ва паёмбарон ва китобҳои нозилшуда бар расулон имон дорем ва гувоҳӣ медиҳем, ки онон бар ҳаққи ошкор буданд…

* * *

Шарҳ:

Дар ин қисмат аз гуфтор, Имом Таҳовӣ (р) ба як силсилаи дигар аз ақоиди исломӣ ишора кардааст, ки иборатанд аз: имон ба паёмбарони илоҳӣ ва китобҳои осмонӣ ва фариштагон.

Мо дар қисматҳои 15 ва 16 дар бораи паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ба тафсил баҳс кардем. Хонанда метавонад ба он қисматҳо руҷӯъ кунад.

Дар ин ҷо аммо, ба сурати кӯтоҳ дар бораи масоили зерин баҳс хоҳем намуд:

1. Паёмбарони илоҳӣ;

2. Китобҳои осмонӣ;

3. Фариштагон.

* * *

Паёмбарони илоҳӣ

1. Аз вожаҳое, ки дар мутуни исломӣ барои паёмбарони илоҳӣ ба кор меравад, яке вожаи “набӣ” аст, ки ҷамъи он “анбиё” мебошад. Вожаи “набӣ” бино бар як эҳтимол, аз решаи “набаъ” ба маънои “хабар” аст ва ба касе гуфта мешавад, ки дорои хабар аст ва дигаронро ахбор мекунад. (Лисонул-араб, Ибни Манзур, 14/9) Албатта, “набаъ” ба ҳар хабаре гуфта намешавад, балки хабареро набаъ мегӯянд, ки фоидаи азиме дошта ва ифодакунандаи қатъ ё гумони ғолиб бошад. (Муфрадот, Роғиб, 1/481)

Ва эҳтимоли дигар ин ки решаи “набӣ” “набв” ба маънои баландӣ бошад ва набӣ касе аст, ки аз шаъне воло ва мақоме баланд бархӯрдор аст. (Сиҳоҳ, Ҷавҳарӣ, 6/2500)

Эҳтимоли дигар ин аст, ки “набӣ” ба маънои “тариқ” бошад ва паёмбаронро аз он ҷиҳат набӣ хонанд, ки роҳҳои ҳидояти башар ба сӯйи Худованд мебошанд. (Лисонул-араб, Ибни Манзур, 14/30)

* * *

2. Вожаи дигаре, ки дар мутуни исломӣ барои ишора ба паёмбарони илоҳӣ ба кор рафтааст, вожаи “расул” ба маънои “фиристода” аст. (Муфрадот, Роғиб, 1/353) Албатта, ин вожа дар Қуръони Карим дар бораи ғайри паёмбарон ҳам ба кор рафтааст, монанди:

إِنَّ رُسُلَنَا يَكْتُبُونَ مَا تَمْكُرُونَ

(Сураи Юнус, ояти 21), ки манзур аз “русул” (расулон) фариштагони илоҳӣ аст.

* * *

3. Фарқи расул ва набӣ: Аз зоҳири бархе оятҳои Қуръони Карим бармеояд, ки миёни масодиқи ин ду мафҳум (расул ва набӣ) ихтилоф вуҷуд дорад, ҳамчун ояти:

وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رَّسُولٍ وَلَا نَبِيٍّ

(Сураи Ҳаҷ, ояти 52) Зеро агар расул ва набӣ бар масодиқи воҳиде далолат кунанд, зикри он ду лағв хоҳад буд, бинобар ин нисбат миёни набӣ ва расул тасовӣ нест. Аммо ин ки чӣ нисбате миёни ин ду барқарор аст, чаҳор қавл вуҷуд дорад, ки дар се қавл набӣ аъамм аз расул ба шумор омадааст, зеро:

а) Набӣ иборат аст аз инсони мухбире, ки аз ҷониби Худованд хабар овардааст, чӣ он ки маъмур ба таблиғ бошад ё набошад, вале расул маъмур ба таблиғ аст;

б) Набӣ касе аст, ки таблиғи аҳкоми илоҳиро ба ӯҳда дорад, вале китоби осмонӣ надорад, лекин расул дорандаи китоби осмонист;

в) Набӣ инсоне аст, ки аз тарафи Худованд барои таблиғи амру наҳйҳои илоҳӣ мабъус шудааст, чӣ дорандаи китоб ва ё шариати хосс бошад ва ё набошад, ва расул касе аст, ки дорандаи китоб ва шариати хосс бошад;

г) Манзур аз анбиё ва расулон ду гурӯҳи ҷудо аз паёмбарони илоҳӣ нестанд, балки ҳар як аз мафҳуми нубувват ва рисолат, ба як ҳайсият ва ҷиҳати хосс ва шаъни хосс ишора доранд. Пас, нубувват нозир аст ба ҷиҳати гирифтани ахбор ва аҳкоми илоҳӣ, ва рисолат нозир аст ба ҷиҳати иблоғи онҳо ба мардум. Ин шуъуни мухталиф аз баъзе аз оятҳои Қуръон қобили истифода аст. Дар ояти:

إِنَّا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ كَمَا أَوْحَيْنَا إِلَى نُوحٍ وَالنَّبِيِّينَ مِن بَعْدِهِ

Мо ҳамчунон ки ба Нуҳ ва анбиёи баъд аз ӯ ваҳй кардем, ба ту (низ) ваҳй кардем…” (Сураи Нисо, ояти 163) ба шаъни нубувват ва дар ояти:

وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ

Ва бар расул ҷуз иблоғи ошкор нест.” (Сураи Анкабут, ояти 18) ба шаъни рисолат ишора дорад.

Тибқи ин маъно, мақоми рисолат ва набувват дар як нафар қобили ҷамъ аст. Гувоҳи ин матлаб он аст, ки дар оятҳои нубуввати омма гоҳе вожаи “набийин” ба кор рафтааст мисли:

 كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللّهُ النَّبِيِّينَ

Мардум уммате ягона буданд, пас Худованд набийинро барангехт…” (Сураи Бақара, ояти 213) ва гоҳе вожаи “русул” (расулон) ба кор рафтааст:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ

Ба ростӣ (мо) расулони худро бо далоили ошкор фиристодем…” (Сураи Ҳадид, ояти 25)

* * *

4. Бартарии паёмбарон бар якдигар: Дар Қуръони Карим тасреҳ шудааст, ки бархе паёмбарон бар бархе дигар бартарӣ доранд:

وَلَقَدْ فَضَّلْنَا بَعْضَ النَّبِيِّينَ عَلَى بَعْضٍ

Ва дар ҳақиқат баъзе аз паёмбаронро бар баъзе бартарӣ бахшидем…” (Сураи Исро, ояти 54)

تِلْكَ الرُّسُلُ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَى بَعْضٍ مِّنْهُم مَّن كَلَّمَ اللّهُ وَرَفَعَ بَعْضَهُمْ دَرَجَاتٍ وَآتَيْنَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ الْبَيِّنَاتِ وَأَيَّدْنَاهُ بِرُوحِ الْقُدُسِ

Бархе аз он паёмбаронро бар бархе дигар бартарӣ бахшидем. Аз онон касе буд, ки Худо бо ӯ сухан гуфт ва дараҷоти баъзе аз ононро боло бурд ва ба Исо писари Марям далоили ошкор додем ва ӯро ба василаи Руҳулқудс таъйид кардем…” (Сураи Бақара, ояти 253)

* * *

5. Теъдоди паёмбарон: Қуръони Карим дар садади баёни номи ҳамаи паёмбарони илоҳӣ набудааст, чунонки фармуда:

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلًا مِّن قَبْلِكَ مِنْهُم مَّن قَصَصْنَا عَلَيْكَ وَمِنْهُم مَّن لَّمْ نَقْصُصْ عَلَيْكَ

Ва мусалламан пеш аз ту расулоне равона кардем, бархе аз ононро (моҷарояшонро) бар ту ҳикоят кардаем ва бархе аз эшонро бар ту ҳикоят накардаем…” (Сураи Ғофир, ояти 78)

Дар Қуръони Карим номи 26 паёмбари илоҳӣ омадааст, ки иборатанд аз: Одам, Нуҳ, Идрис, Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим, Лут, Исмоил, Ясаъ, Зулкифл, Илёс, Юнус, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф, Шуъайб, Мӯсо, Ҳорун, Довуд, Сулаймон, Айюб, Узайр, Закариё, Яҳё, Исо ва Муҳаммад (с).

Албатта, дар оятҳои дигаре аз паёмбароне на ба исм, балки бо васф ва киноя ёд шудааст, монанди паёмбароне аз Бани Исроил пас аз Мӯсо (а), ки номи якеро Шамъун ё Юшаъ ибни Нун ё Ишмуил (Исмоил) гуфтаанд. Ва паёмбаре, ки бар ободӣ гузар кард, ки вайрон шуда буд ва ӯро Узайр ё Армиё номидаанд.

Дар ривоёт аммо теъдоди анбиё мутафовит зикр шудааст. Вале дар ҳадиси машҳури Абӯзар (р) аз Расули Худо (с) ва ривоёти мутаъаддиди дигаре шумори анбиё 124 ҳазор нафар баён шудааст, ки 313 нафар аз онҳо расул будаанд.

Гурӯҳе аз анбиё ба улулазм тавсиф шудаанд. Дар бораи теъдод ва авсофи онон ақволи мухталифе матраҳ шудааст.

* * *

6. Вижагиҳо ва сифоти анбиё: Яке аз муҳимтарин вижагиҳои анбиё бархӯрдорӣ аз ваҳй аст. Паёмбарон аз тариқи ваҳйи илоҳӣ, бар ҳақоиқ ва маорифи динӣ воқиф мешаванд бидуни он ки дар ин дарёфт дучори хато ва ё тардид гарданд.

Яке дигар аз муҳимтарин сифоти анбиё, ки мӯҷиби имтиёз ва бартарии эшон бар инсонҳои оддӣ аст, “исмат” аст. Мутакаллимони исломӣ бар ин масъала, ки паёмбарон аз исмат бархӯрдоранд, иттифоқи назар доранд ҳарчанд дар таъйини ҳудуду суғури он ихтилофоте ҳаст.

Вижагии дигари паёмбарон, башар будани онон аст. Қуръони Карим бар ин вижагӣ таъкид дорад ва ғолибан ин матлабро дар ҷавоби баҳонагириҳои мункирон ва мухолифон матраҳ мекунад, ки мегуфтанд, чаро анбиё аз ҷинси башаранд ва фаришта нестанд?!

Мард будан аз вижагиҳои дигаре аст, ки Қуръон барои анбиё зикр мекунад.

* * *

7. Усули куллии даъвати анбиё: Паёмбарони илоҳӣ бо вуҷуди ин ки ҳар як мутаносиб бо шароити маконӣ ва замонии асри худ вазоифе бар ӯҳда доштанд, лекин аз усули собите пайравӣ мекарданд ва усули муштараке дар даъвати эшон ҳоким буд. Ин усули куллӣ ва муштарак аз як сӯ моро ба хутути асосии адёни илоҳӣ ошно месозад ва аз сӯйи дигар ҳаққонияти даъвати ононро ошкор мекунад. Дар оятҳое аз Қуръони Карим ба ин матлаб ишора шудааст, монанди ояти:

لاَ نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ

Миёни ҳеч як аз паёмбарон фарқ намегузорем ва дар баробари ӯ таслим ҳастем.” (Сураи Бақара, ояти 136) ва ё:

لاَ نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّن رُّسُلِهِ

Миёни ҳеч як аз фиристодагонаш фарқ намегузорем…” (Сураи Бақара, ояти 285), ки таъкид мекунад, мӯъминони воқеӣ касоне ҳастанд, ки миёни паёмбарони илоҳӣ тафовуте намегузоранд ва ба таълимоти ҳамаи онон имон доранд.

Ва ин гувоҳи равшане аст бар ягонагии усули куллии таълимоти анбиё ва ба ҳамин далел касе, ки нубуввати як паёмбарро инкор кунад, мисли он аст, ки нубуввати ҳамаи анбиёро напазируфтааст.

Чанд маврид аз ин усули куллӣ иборатанд аз:

а) Асли тавҳид ва нафйи ширк яке аз муҳимтарин усули даъвати анбиё аст ва ба шаҳодати оятҳои мухталифи Қуръони Карим, ҳар як аз онҳо, ки мабъус ба нубувват мешаванд, нахустин гуфторашон тавҳид буд ва ба хотири таҳаққуқи ин асли муҳим аст, ки оятҳои Қуръон мукарраран баён мекунад, ки мубориза бо тоғутҳо ва тахсиси парастиш ба Худованд, дар сарлавҳаи таълимоти ҳамаи анбиё буд, чаро ки то инсон бандаи тоғут аст, дар асорат аст ва он гоҳ озод мешавад, ки танҳо бандаи Худованд бошад.

б) Эътиқод ба маъод яке дигар аз усули даъвати анбиё аст. Ояти 130 сураи Анъом нишон медиҳад, ки тамоми паёмбароне, ки мабъус шудаанд, мардумро аз рӯзи растохез, муҷозотҳо ва кайфарҳои он барҳазар доштаанд ва ҳама дар ин асли асосӣ муштарак буданд.

в) Даъват ба тақво низ аз усули куллии даъвати анбиё аст; чаро ки ҳадафи ниҳоии офариниши башар ва назми зиндагии фардӣ ва иҷтимоии ӯ бидуни ин амр мумкин нест. Дар Қуръони Карим ба сурати мукаррар аз забони анбиё, мардум ба риояти тақво даъват шудаанд.

г) Даъват ба адолати иҷтимоӣ яке дигар аз ин усули асосӣ аст; чаро ки бидуни барпоии адолати иҷтимоӣ ҳаргиз ҷомеаи башарӣ ба аҳдофи ниҳоии худ яъне такомули маънавӣ нахоҳад расид.

д) Шикастани суннатҳои ғалат, ки сабаби инҳироф ва ақибмондагии ҷомеаҳои башарӣ аст низ аз усули куллии даъвати анбиё будааст. Чун барномаи аслии ҳамаи анбиё таълими китоб ва ҳикмат аст ва ҷаҳлзудоӣ ва рафъи тақлид муқаддимаи зарурии ҳар гуна таълим ба шумор меравад. Аз ин рӯ паёмбарон бо тақлиди ботил ва ҷаҳл ва суннатҳои нодуруст мубориза кардаанд. Оятҳои мутаъаддиди Қуръон нишон медиҳад, ки мубориза бо тақлиди кӯр-кӯрона сираи қатъии ҳар паёмбар буда ва аз лавозими рисолати омма ба шумор меравад. Қуръони Карим аз паёмбарон нақл мекунад, ки ба қавми хеш мегуфтанд, сухани моро бисанҷед, агар беҳтар аз сухани пешиниёни шумо буд, он гоҳ бипазиред! Ва ин нишон медиҳад, ки даъват ба ақл ва бурҳон ва парҳез аз ваҳм ва гумон, суннати муштараки ҳамаи анбиё будааст.

* * *

Ва аммо ин ки чаро баъди беъсати ҳазрати Муҳаммад (с) боби нубувват баста шуда ва дигар паёмбаре нахоҳад омад, мо дар қисматҳои 17, 18, 19 ва 20 ба тафсил дар ин бора баҳс кардаем, хонанда метавонад ба он қисматҳо руҷӯъ кунад.

* * *

Китобҳои осмонӣ

Шакке нест, ки ҳамаи китобҳои осмонӣ каломи илоҳӣ ҳастанд ва аммо имрӯза ғайр аз Қуръони Карим бақияи кутуби осмонӣ – аз Таврот, Инҷил ва Забур — дучори таҳриф шудаанд.

Дар сураи Ҳиҷр, ояти 9 чунин омадааст:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ

Мо худ ин китобро фуруд овардем ва ҳам албатта худ нигаҳбони он ҳастем.”

Дар ин оят бо қотеияти тамом аз маҳфуз мондани Қуръон аз таҳриф, дигаргунӣ, тағйир ва нобудӣ сухан рафтааст.

Яке аз сабабҳои омадани паёмбарони нав дар замонҳои гузашта, таҳрифу табдилҳое буда, ки дар таълимот ва китобҳои муқаддаси паёмбарон рӯй медодааст. Бисёре аз паёмбарон эҳёкунандаи суннатҳои фаромӯшшуда ва ислоҳкунандаи таълимоти таҳрифёфтаи пешиниёни худ будаанд.

Ба сухани дигар, зуҳури паёпайи паёмбарон танҳо ба далели тағйири шароити зиндагӣ ва ниёзмандии башар ба паёми навин ва раҳнамои навин нест, балки илова бар он, дар натиҷаи нобудиҳо ва таҳрифу табдилҳои китоб ва таълимоти осмонӣ будааст.

Башари чанд ҳазор сол пеш, нисбат ба ҳифзи меросҳои илмӣ ва динӣ нотавон буд ва аз ӯ ҷуз ин интизоре наметавон дошт. Аммо замоне ки башар расид ба марҳилае аз такомул, ки тавонист меросҳои динии худро дастнахӯрда нигаҳдорӣ кунад, сабаби асосии таҷдиди паём ва зуҳури паёмбари нав аз байн рафт.

Ояти боло ба аз байн рафтани муҳимтарин сабаби таҷдиди нубувват ва рисолат аз торихи нузули Қуръон ба баъд ишора мекунад ва дар ҳақиқат таҳаққуқи яке аз аркони хатми нубувватро эълом медорад.

Чунон ки ҳама медонем, дар миёни китобҳои осмонии ҷаҳон танҳо китобе, ки дуруст ва ба тамому камол дастнахӯрда монда Қуръони Карим аст. Ба илова, миқдори зиёде аз суннати Расули Акрам (с) ба сурати қатъӣ ва ғайриқобили тардид дар даст аст, ки аз газанди рӯзгор масун мондааст.

* * *

Фариштагон

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللّهِ وَمَلآئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لاَ نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّن رُّسُلِهِ وَقَالُواْ سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ

Паёмбар ба он чӣ аз сӯйи парвардигораш бар ӯ нозил шуда имон овардааст ва ҳамаи мӯъминон (низ) ба Худо ва фариштагони ӯ ва китобҳо ва фиристодагонаш имон овардаанд”. (Сураи Бақара, ояти 285)

Он чӣ дар бораи малоика лозим аст бидонем, ба шарҳи зерин аст:

а) Малоика мавҷудоте шариф ва бокароматанд, ки ҳамвора дар тасбеҳ ва тақдиси Парвардигоранд. (Сураи Шӯро, ояти 5) Фариштагон аз ақл ва шуъур бархӯрдоранд ва бандагони гиромии Худованданд. (Сураи Анбиё, ояти 26) Вазифаи фариштагон — пас аз ибодат — висотат миёни парвардигор ва ҷаҳони ҳастӣ аст. Онон фармони Худованд дар бораи ҷаҳонро ҷорӣ мекунанд. (Сураи Анбиё, ояти 27)

б) Имон ба вуҷуди фариштагон аз усули дин аст ва дар радифи имон ба Худо ва паёмбарон ва кутуби осмонӣ ҷой дорад.

в) Исботи вуҷуди фариштагон танҳо аз роҳи нақл ва имон ба ғайб имконпазир аст ва ақлро дар он роҳе нест.

г) Мақом ва манзилати фариштагон мухталиф аст ва иродае мустақил аз Худованд надоранд ва ҳеч гоҳ гуноҳ намекунанд.

д) Қуръони Карим танҳо аз ду фаришта ном бурдааст: Ҷабраил ва Микоил.

е) Аз оятҳои Қуръони Карим метавон вижагиҳои умумии фариштагонро бозёфт. Бархе аз онҳо иборатанд аз: воситаи нузули ваҳй ба инсон, воситаи қабзи руҳи инсон, муроқиби аъмоли бандагон, ҳофизи инсон дар баробари ҳаводиси ногувор, ҳомилони Арши илоҳӣ ва шафеони гуноҳкорон.

Ҳамчунин, фариштагон метавонанд ба сурати одамиён дароянд ва мӯъминонро дар пешомадҳои сахт монанди ҷангҳо ёрӣ диҳанд. Гурӯҳе аз онон ба тадбири умури ҷаҳон машғуланд ва гурӯҳе низ маъмури азоби ақвоми саркашанд.

Дар ривоёти исломӣ низ вижагиҳое барои фариштагон омадааст: онон на мехӯранд ва на меошоманд ва на никоҳ мекунанд. Гурӯҳе аз онон пайваста дар саҷдаанд ва рукӯъ надоранд ва гурӯҳе дар рукӯъанд ва ёрои истодан надоранд ва гурӯҳе ҳамвора ба сафф истодаанд ва пароканда намешаванд ва бархе пайваста тасбеҳ мегӯянд ва хастагӣ надоранд ва хоб ба чашми онон роҳ намеёбад. Ба хато ва иштибоҳ намеафтанд ва дучори сустии бадан намешаванд ва гирифтори фаромӯшӣ намегарданд. Шумори онон бисёр аст ва ҳеч гунае аз офаридагон ба шумори онон нест. Фариштагон воситаҳои файзи илоҳианд ва мутеъ ва муҷрии амрҳои Худованд.

ё) Ҳазрати Ҷабраил (а) яке аз чаҳор фариштаи муқарраб аст ва робит миёни Худованд ва паёмбарон.

ж) Агар ояти 102 сураи Наҳл ва 97 сураи Бақараро канори ҳам ниҳем ва онҳоро бо якдигар татбиқ диҳем, дархоҳем ёфт, ки Ҷабраил (а) ҳамон Руҳулқудс аст. Аз номҳои дигари ӯст: Руҳуламин ва Расули Карим.

Ҷойгоҳи ин фариштаи муқарраби илоҳӣ дар ойини ислом бисёр волост ва ҳамон фариштае аст, ки Қуръони Каримро бар Паёмбари ислом (с) нозил кард ва тариқаи ибодатро ба ӯ омӯхт ва дар ғазваи Бадр бо ҳазор фариштаи дигар Паёмбар (с)-ро ёрӣ дод ва дар Меъроҷ ҳамсафар ва роҳнамояш буд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: