Шарҳи Маснавӣ (157)

Ҳин, ба мулки навбатӣ шодӣ макун,

Эй ту бастай навбат, озодӣ макун.

Эй асир дар мулки навбатӣ ва муваққатии дунё! Ба доштани ин гуна мулкҳо шодмонӣ макун, чун ҳеч мулке мондагор нест. Ва эй касе, ки асир ва муқайяд ба тавфиқоти навбатӣ ва давраӣ ҳастӣ! Беҳуда дам аз озодӣ мазан, яъне магӯ, ки ман зи ҳарчӣ ранги таъаллуқ пазирад озодам, зеро касе ки ба таъайюнот дил мебандад, қатъан озод натавонад буд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.443)

Он кӣ мулкаш бартар аз навбат тананд,

Бартар аз ҳафт анҷумаш навбат зананд.

Вале он кас, ки мулкашро болотар ва олитар аз навбатҳои муваққатӣ тартиб диҳанд, навбатии ӯро аз ҳафт фалак низ болотар зананд. Яъне соҳибдилон ва авлиёуллоҳ соҳиби мулке маънавианд ва чунин мулке ҳаргиз завол напазирад ва аз ҳайси баландӣ ва рифъат, аз афлок низ бартар ва болотар омадааст.

Танидан: Дар инҷо ба маънои тартиб додан. Анҷум: Ситорагон, ҷамъи наҷм. Навбат задан (=табл ва нақора задан) дар инҷо ба маънои тартиб додан аст. Ба ҳар ҳол, манзури байт ин аст, ки шаъни аҳлуллоҳ аз ҳафт фалак, ки мазҳари улувв ва рифъат аст, рафеътар аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.443)

Бартар аз навбат мулуки боқианд,

Даври доим руҳҳо бо соқианд.

Онон, ки аз гардунаи навбатҳои муваққатии ҷаҳон бартар ва болотар ҳастанд, онон ҳамоно шоҳони ҷовидонанд. Ҷони онон ҳамвора ҳамнишин ва боданӯши соқии азал ва абад аст.

Нукта: Дар инҷо соқӣ киноя аз Худованд аст, ва мурод аз мулук арвоҳи поки авлиёуллоҳ аст. Исноди сиқоят ва шаробсолорӣ ба Худованд, ба воситаи ояти 21 сураи Инсон (Даҳр) аст:

وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا

Ва Парвардигорашон ба онон бодае пок ва поккунанда бинӯшонад…

Тарки ин шурб ар бигӯйӣ як-ду рӯз,

Дар кунӣ андар шароби хулд пӯз.

Агар яке ду рӯз аз нӯшидани бодаи дунявӣ даст бардорӣ, лаб бар шароби ҷовидонаи ҳақиқат ва бодаи куброи маърифат хоҳӣ зад.

Пӯз: Гирдогирди даҳон, лаб.

* * *

Тафсири “Раҷаъно минал-ҷиҳодил-асғари илал-ҷиҳодил-акбар” (1)

* * *

Мавлоно дар ин фасли ҷадид ба баҳс пиромуни мубориза бо нафси аммора мепардозад. Бадеҳӣ аст, ки мубориза бо нафс басе саъб ва душвортар аст, зеро талоше аст дар ҷиҳати хилофи хостаҳо ва шаҳавот. Ва аз он ҷо, ки зиндагии башар ба он хостаҳо баста аст, корро бисёр сахт мекунад, то бад-он ҷо, ки бархе ақида доранд, ки ин коре номуяссар аст ва ба бор наменишинад. Аммо Мавлоно аз он даста касоне аст, ки мубориза бо нафсро муфид ва натиҷабахш медонад ва дар айни ҳол сахтии онро инкор намекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.444)

Эй шаҳон, куштем мо хасми бурун,

Монд хасме з-ӯ батар дар андарун.

Эй шоҳони тариқат! Мо душмани беруниро куштем, вале аз он бадтар душмане аст, ки дар дарунамон мондааст.

Нукта: Ин байт мустафод аст аз мазмуни ҳадисе, ки Байҳақӣ бо исноде заъиф аз Ҷобир аз Расули Акрам (с) ривоят карда:

عن جابر قال: قدم على رسول الله صلى الله عليه وسلم قوم غزاة فقال عليه السلام: قدمتم خير مقدم من الجهاد الأصغر إلى الجهاد الأكبر. قيل: وما الجهاد الأكبر؟ قال: مجاهدة العبد هواه

Мардумоне ғозӣ (аз майдони набард) маҳзари Паёмбари Акрам (с) расиданд. Ҳазраташ фармуд: Хуш омадед аз пайкори кучактар ба набарди бузургтар! Пурсиданд: Набарди бузургтар кадом аст? Фармуд: Муборизаи банда бо нафси аммораи худ аст.” (Байҳақӣ, Аззуҳдул-кабир, 1/388, Ашшомила)

Куштани ин кори ақлу ҳуш нест,

Шери ботин сухраи харгӯш нест.

Куштани нафси аммора кори ақлу ҳуши ҷузъӣ нест, зеро шери ботин, яъне нафси аммора, мағлуби харгӯши ақлу ҳуши ҷузъӣ намешавад. (Балки фақат бо таҳзиб ва такмили нафс ва сулуки дуруст метавон аз газанди нафс раҳо шуд.)

Дӯзах аст ин нафсу дӯзах аждаҳост,

К-ӯ ба дарёҳо нагардад камму кост.

Ин нафси аммора ба манзилаи дӯзах аст. Ва дӯзах ба сони аждаҳост, ки ҳар чизро ба коми хеш андар мекашад. Зеро ки лаҳиби он бо ҳеч обе костӣ намегирад.

Нукта: Сӯфия ва урафо маншаи авсофи нописанди одамиро “нафси аммора” гӯянд. Чунин бардоште мустанад ба Қуръони Карим аст. Дӯзах дар назди Мавлоно таҷассуми аҳвол ва ахлоқи нописанд аст. Ва чун оташи нафс маҳсус нест, пас онро бо обҳои маъмулӣ натавон таскин дод. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.444)

Ҳафт дарёро дарошомад, ҳанӯз

Кам нагардад сӯзиши он халқсӯз.

Дӯзахи мардумсӯзи нафси аммора агар ҳафт дарёро ба коми худ даркашад, боз ҳам сӯзу аташи он костӣ нагирад.

Нукта: Ҳафт дарёе, ки қудамо мӯътақид буданд, бад-ин номҳост: дарёи Чин, дарёи Мағриб, дарёи Рум, дарёи Сиёҳ, дарёи Сурх, дарёчаи Хазар ва халиҷи Форс. Бад-ин номҳо низ омадааст: дарёи Ахзар, дарёи Уммон, дарёи Қулзум, дарёи Барбар, дарёи Уқёнус (уқёнуси Атлас), дарёи Қустантиния (баҳрур-Рум), дарёи Асвад. Ҳафт дар ин гуна маворид нишондиҳандаи касрат аст, на ададе хосс. Баъзе аз шореҳон манзур аз ҳафт дарёро ҳафт сифати разилаи нафс донанд. Муҳаммадризо Лоҳурӣ гӯяд: “Арбоби ҳақоиқ гӯянд, ки нафс бар сурати дӯзах аст, ва он ҳафт сифат бад-ин номҳост: кибр, ҳирс, шаҳват, ҳасад, ғазаб, бухл ва ҳиқд”. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.445)

Сангҳову кофирони сангдил

Андар оянд андар ӯ зору хаҷил.

Сангҳо ва кофирони сахтдил зору шарманда ба он дӯзах дароянд.

Нукта: Ишорат аст ба қисмате аз ояти 24 сураи Бақара:

فَاتَّقُواْ النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ أُعِدَّتْ لِلْكَافِرِينَ

Битарсед аз оташе, ки ҳезумаш мардумонанд ва сангҳо, ки барои кофирон фароҳам омадааст.” Бархе аз муфассирон сангро киноя аз асном ва бутони бутпарастон донанд. Ва бархе гуфтаанд, ки зикри санг дар ин оят баёнкунандаи маҳиб будани оташи дӯзах аст, зеро санг намесӯзад магар дар оташе маҳиб ва пурилтиҳоб. (Маҷмаул-баён, 1/63-64)

Ҳам нагардад сокин аз чандин ғизо,

То зи Ҳақ ояд мар ӯро ин нидо:

Сер гаштӣ сер? Гӯяд: На ҳанӯз!

Ин-т оташ, ин-т тобиш, ин-т сӯз!

Дӯзах ҳатто аз ин ҳама ғизо ҳам сер намешавад ва ором намегирад, то ин ки нидое аз боргоҳи Ҳақ ба ӯ расад, ки: Эй дӯзах! Оё сер шудӣ? Дӯзах гӯяд: На ҳанӯз сер нашудаам. Ин аст оташи ту, ин аст тобиши ту, ин аст сӯзандагии ту!

Оламеро луқма карду даркашид,

Меъдааш наъразанон: Ҳал мин мазид?

Он дӯзахи ҷаҳонхор оламеро як луқма кард ва ба коми хеш фурӯ кашид ва меъдааш ҳамчунон фарёд мезанад: Оё бештар аз ин нест?!

Нукта: Ишорат аст ба ояти 30 сураи Қоф, ки:

يَوْمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ امْتَلَأْتِ وَتَقُولُ هَلْ مِن مَّزِيدٍ

Рӯзе, ки ба дӯзах гӯем: Оё сер шудӣ? Дӯзах гӯяд: Оё бештар аз ин ҳаст?!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: